Баум Лаймен Фрэнк (1856–1919) Баум Лаймен Фрэнк рӯзноманигори америкоӣ, драманавис, нависандаи машҳури адабиёти кӯдакона аст. Аз синни кӯдакӣ Фрэнк китобхониро дӯст медошт. Падари Фрэнк соҳибкор буд. Вай ба Фрэнку додараш мошинаи хурди чопӣ туҳфа мекунад. Фрэнк ҳамроҳи додараш дар мошинаи чопӣ рӯзнома сохта, дар маҳаллаашон паҳн мекунанд. Фрэнк аз ҳамон замони наврасӣ ба чопи рӯзномаву маҷаллаҳо шавқ пайдо менамояд. Фрэнк афсонаҳо навишта, онҳоро дар рӯзномаву маҷаллаҳои худ ҷой мекунад. Баъди оиладор шудан Фрэнк ба фарзандони худ афсонаҳои шифоҳӣ мегуфт. Баъдан Баум Лаймен Фрэнк дар афсонависӣ машҳур шуд. Ӯ беш аз 70 китоб барои кӯдакон эҷод мекунад, ки аз ҳама машҳуртаринашон 14 ҳикоя дар бораи кишвари Оз аст. Асари Баум «Сеҳргар аз кишвари Оз» дар олам шуҳрати калон пайдо мекунад. Синамогарон аз рӯйи ин афсона филм ба навор гирифтаанд. Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60х84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 12,25. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3.
1
СЕҲРГАРИ КИШВАРИ оЗ (Роман) Тарҷумаи Баҳманёр Муродӣ Баум Лаймен Фрэнк ДУШАНБЕ — 2023
Баум, Лаймен Фрэнк. Б29 Сеҳргар аз кишвари Оз; рас. Б. Қаҳҳоров.— Душанбе: «Нашриёти муосир», 2023.— 196 с. ISBN 978-99985-888-8-2 Китоб дар бораи саргузашти духтарак бо номи Доротӣ ҳикоят мекунад. Дар ҷое, ки Доротӣ зиндагӣ мекард, рӯзе тӯфони сахт мешаваду кадом қуввае хонаи Доротиро ба дигар кишвар мекӯчонад. Доротӣ бо сагчааш Тоточа дар кишвари ношинос ҳайрон мемонад. Ӯро чӣ гуна воқеаҳо интизоранд? Оё ин духтарак душвориҳоро паси сар карда метавонад? Ба дӯстони наваш чӣ гуна ёрӣ мерасонад? Оё боз ба ватани худ бармегардад? Ба ин саволҳо аз саҳифаҳои китоби «Сеҳргари кишвари Оз» ҷавоб ёфта метавонед. ТБК 84.7ИМА-4+83.37+83.8 ISBN 978-99985-888-8-2 ТБК 84.7ИМА-4+83.37+83.8 Б-31 Тарҷумон — Баҳманёр Муродӣ Рассом — Бахтиёр Қаҳҳоров Муҳаррирон: Ҷӯра Ҳошимӣ, Комилзода Аҳмадшоҳ Мушовирон: Заҳина Назарова, Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович
3 ГИРДБОД Духтарчае буд номаш Доротӣ. Вай ҳамроҳи амаку янгааш дар як кулбаи хурди дашти калони Канзас зиндагӣ мекард. Амакаш Ҳенрӣ кишоварз буду янгааш Эм, машғули кору бори хона. Кулбаашон барои он майдаяк буд, ки барои хонасозӣ чӯбу тахтаро бо 1
4 ароба аз роҳи дур кашондан лозим меомад. Кулбача чор девор дошту сақфу фарш ва ҳамагӣ — як ҳуҷраяк. Дар ин ҳуҷра плитаи хӯрокпазии куҳнаву зангзада, ҷевону миз, чанд курсӣ ва ду кати хобро ҷо карда буданд. Дар як кунҷ кати калони амаки Ҳенриву ҳамсараш ва дар гӯшаи дигар кати мисли худаш хурдакаки Доротӣ меистод. Кулба болохона надошт, таҳхона ҳам, агар зерканди зери фаршро ба ҳисоб нагирем, ки аҳли оила дар он ҷо аз гирдбод паноҳ мебурданд. Дар Канзас чунон гирдбоду тӯфонҳои сахт мешуданд, ки аз сари роҳи худ рӯфта бурдани як кулбача барояшон ҳеҷ мушкил набуд. Дар миёнаҷойи фарши хона даричае буд ва дар таги он нардбонча, ки ба зерканд — паноҳгоҳ, мебурд. Ба берун баромадаву ҳар сӯ чашм давонда, Доротӣ дар атроф танҳо даштро медид. Дашти бепоён то худи хатти уфуқ тӯл мекашид: як дашти дилгиркунанда,— на ягон дарахт ба назар менамуду на ягон хона. Гармии офтоб ин тарафҳо ба ҳадде буд, ки ҳама ҷоро монанди танӯр метафсонд. Замини шудгор дар як лаҳза зери нурҳои сӯзон тафзадаву хокистарӣ мегашт. Алафҳо низ зуд мехушкиданд ва монанди атроф хокистарранг мешуданд. Як бор амаки Ҳенрӣ хоначаашонро рангубор ҳам карда буд, аммо аз таъсири нурҳои тафсон ранг дер напойид ва хестан гирифт. Баъд боронҳо онро пурра шустанд.
5 Кулбачаи онҳо миёни дашти калони сӯхта хокистариву дилгиркунанда шуд. Янгаи Эм замони нав ба ин тарафҳо омаданаш хушрӯяку зиндадил менамуд. Аммо офтоби сӯзону гирдбоду тӯфонҳои пуртавон кори худро карданд: базудӣ шарораҳо аз чашму сурхӣ аз лабу рухсорааш парид. Ранги рӯяш заъфарон шуд, куллан тағйир ёфт. Лоғар шуду лабхандро ҳам фаромӯш кард. Рӯзҳои аввали Доротии ятиммондаро ба хонаи амакаш овардан, хандаи духтарча янгаи Эмро чунон метарсонд, ки ӯ ҳар бор як қад парида, дилашро медошт. Ҳозир ҳам, агар Доротӣ бихандад, янгааш бо ҳайрат ба ӯ менигарист, гӯё намефаҳмид, ки чӣ метавонад дар ин зиндагии хокистарӣ хандаовар бошад… Гап сари амаки Ҳенрӣ равад, вай ҳеҷ гоҳ намехандид. Аз саҳар то шом бо тамоми қувват кор мекард ва барои хурсандӣ вақт ҳам надошт. Ӯ ҳам батамом хокистарӣ метофт,— аз ришу мӯйлаб то кафшҳои дурушташ. Вай бадқаҳру дағалу камгап буд. Доротиро дар ин муҳит танҳо сагчааш — Тоточа, саргарм медошт ва намегузошт, ки ба дилгирии атроф монда шавад. Сагча хокистарӣ набуд. Вай пашми маҳину абрешимии сиёҳу дилрабо, биничаи базеби сиёҳ ва чашмони шӯху шарорабор дошт. Тоточа метавонист аз субҳ то шом саргарми бозӣ шавад ва Доротӣ ин дӯсти содиқи худро ба ҷон баробар медонист.
6 Аммо имрӯз онҳо ҳавсалаи бозӣ надоштанд. Амаки Ҳенрӣ ба пешайвон баромада, дар зинапоя нишаста буду аз осмон чашм намеканд. Осмон аз ҳарвақта тира менамуд. Доротӣ ҳам Тоточа рӯйи дастонаш, дар
7 паҳлӯи вай меистод ва ба осмон менигарист. Янгаи Эм дар хона табақчаҳоро мешуст. Бод дар дуриҳои шимол паст-паст зӯза мекашид ва алафҳои баланд дар уфуқ мавҷ мезаданд. Баъди лаҳзае ҳамин гуна нолаи паст аз самти муқобил — аз ҷануб низ ба гӯш расид. Амаку додарзода ба сӯйи садо рӯй гардонданд ва диданд, ки он ҷо низ алафҳо мисли оби баҳр дар ҷунбишанд. Амаки Ҳенрӣ аз зинапоя бархест. — Гирдбод наздик меояд, Эм! — Дод зад вай ба тарафи занаш.— Ку, рафта бинам, молҳо дар чӣ ҳоланд,— гӯён ба сӯйи тавила давид. Янгаи Эм зарфҳои дасташро як тараф монда, пеши дар омад. Як назар басанда буд, бифаҳмад, ки ҳамин ҳозир бало мехезад. — Доротӣ,— фарёд кард ӯ.— Зуд, зуд ба паноҳгоҳ! Дар ҳамин лаҳза Тоточа аз дастони Доротӣ ҷаҳида худро ба зери кат гирифту духтарак шитобон аз пайи доштани сагчааш шуд. Янгаи Эм, ки сахт тарсида буд, дигар ба чизе эътибор надода, даричаи рӯйи фаршро кушоду аз нардбонча саросема ба зерканд фуромад. Доротӣ Тоточаро гирифту хост, ки аз пушти янгааш ба паноҳгоҳ равад. Аммо ҳанӯз фурсати қадаме пеш гузоштан наёфта буд, ки шамоли ҳавлноке вазиду кулбачаи чӯбинро чунон сахт ларзонд, ки духтарак даступо гум карда, аз тарс дар ҷояш нишаст.
8 Ана ҳамин вақт ҳолати аҷибе рух дод. Кулбача чанд бор даври худ тоб хӯрд-тоб хӯрду баъд чун пуфак оҳиста-оҳиста ба ҳаво баромадан гирифт. Зеро маҳз дар ҳамон ҷое, ки хоначаи онҳо меистод, ду бод — шимолӣ ва ҷанубӣ ба ҳам бархӯрданд ва аз печишу омезиши онҳо гирдбоди бадхашме ба вуҷуд омад. Маъмулан, худи маркази гирдбод хеле ором мешавад, аммо чун фишори сели ҳаво аз чор тараф ба деворҳои кулба лаҳза ба лаҳза меафзуд, вай баландтар ва баландтар мебаромад. Пас аз муддате кулбача дигар ҳамчун як пари сабук рӯ-рӯйи мавҷҳои бузурги ҳавоӣ мерафт. Пушти тиреза торик буду бод мисли ҳайвони ваҳшие зӯза мекашид. Дар умум, парвоз кардан гуворо менамуд. Албатта агар дар аввал чанд лаҳза тоб хӯрдану як бор сахт яклаба шуда рафтани кулбаро ба ҳисоб нагирем. Доротӣ ҳини парвоз танҳо ҷунбиши сабукеро ҳис мекард, гӯё дар гаҳвора буд. Аммо ин ҳолат ба Тоточа ҳеҷ маъқул нашуд. Ва дар ҳуҷраи паррон гирд-гирди соҳибаш аккасзанон давр мезад. Духтарча оромакак рӯйи фарш дузону нишаста буду фаҳмидан мехост, ки акнун давоми кор чӣ мешуда бошад. Як бор Тоточа даҳанялагӣ карда, ба даричаи кушодаи фарш афтид. Доротӣ аввал гумон кард, ки тамом, вай ба таври ҳамешагӣ гум шуд. Аммо баъди лаҳзае
9 дид, ки аз дарича як лабаки гӯши сиёҳи сагча намудор шуда истодааст. Фишори ҳаво нагузошта буд, ки сагча ба замин афтад. Доротӣ хазида назди дарича рафт ва Тоточаро аз гӯшаш кашида гирифт. Баъд даричаро пӯшид, то ин ҳолат дигар такрор нашавад. Бо гузашти чанд муддат духтарча тамоман ором шуд. Акнун фақат аз танҳоияш андак бим дошт. Ба болои ин, шамол чунон ғирев бардошта буд, ки метарсид кар нашавад. Дар аввал фикр кард, ки ҳозир кулбача ба замин меафтаду вай ва Тоточа пора-пора мешаванд, ҷо ба ҷо мемиранд. Аммо чунин нашуд. Сипас Доротӣ биму ҳаросашро як тараф партофту ба ояндаи хуб умед баст. Чаҳорпоя дар фарши равон то пеши катчаи худ хазида омад ва рӯйи он баромаду дароз кашид. Тоточа ҳам худро канори соҳибаш гирифт. Дигар ба алвонҷ хӯрдани кулба ва наъра задани шамол аҳамият надода, духтарча чашмонашро пӯшиду зуд хобакаш бурд.
10 ГУФТУГӮ БО ЖЕВУНҲО Доротӣ аз такони сахту ногаҳонии кулбача аз хоб як қад парида хест. Агар рӯйи бистари нармаш намебуд, дар ин ҳолат яқин афтида, осеб медид. Вай дарҳол худро ба даст гирифта, фикр кард, ки чӣ воқеа рӯй дода бошад. Тоточа биничаи хунукакашро ба рӯйи ӯ расонда, паст-паст менолид. Духтарча хесту рӯйи кат нишаст ва пай бурд, ки дигар парвоз намекунанд. Аз тиреза офтоб метобид. Доротӣ аз ҷой хеста, ҳамроҳи дӯсти содиқаш назди дар омаду онро боз кард ва бо дидани манзараи атроф чашмонаш калон-калон кушода шуданду аз ҳайрат фарёд зад. — Эҳа-а-а. Гирдбод кулбаяки ӯро,— (бояд гуфт, ки барои гирдбод ин кори хеле осон аст),— ба кишвари афсонавие фуроварда буд. Дар атроф чаманзорони сабз бо дарахтони пурмева доман паҳн карда буданд. Ҳама ҷо гулҳои зебо шукуфон. Сари буттаву дарахтон парандагон нағмасароӣ доштанд. Начандон дуртар дарёчаи мусаффое оҳанги аҷибро замзамакунон равон буд,— ба ҳар ҳол ба назари духтарчае, ки умраш дар дашти сӯхтаву бирён гузаштааст, чунин менамуд. Доротӣ рост истода, ғарқи тамошои ин манзараи муъҷизавӣ буд ва пай ҳам набурд, ки чӣ гуна чанд 2
11 одами басо аҷиб ба вай наздик омаданд. Ҳама тақрибан ҳамқади духтарча буданд, вале аз чеҳраашон маълум мешуд, ки калонсоланд. Онҳо се нафар марду як зан буданд ва либосҳои ғайриодӣ ба тан доштанд. Дар сарашон кулоҳҳои баланди нӯгтезу зангӯладор буд, ки ҳангоми роҳ рафтан садои хуше мебароварданд. Кулоҳи мардон кабуд, аз они зан сафед. Ва боз зан ридои сафед дошт, ки рӯйи китфонаш озод партофта шудаву бо ситорачаҳои дар офтоб чун алмос дурахшон ороиш ёфта буд. Мардҳо либоси осмонранг ва ба по низ мӯзаҳои ҷилодори кабуд пӯшида буданд. Доротӣ тахмин зад, ки тақрибан бо амаки Ҳенрӣ ҳамсоланд. Ду нафарашон риш доштанд. Зан солхӯрдатар менамуд, рӯяш пурожанг ва ба душворӣ роҳ мерафт. Онҳо ба кулбачае, ки дар остонааш Доротӣ рост истода буд, наздиктар шуда, байни ҳам ба пичир-пичир сар карданд, мисле ки аз пеш омадан метарсиданд. Билохира, пиразан чанд қадам пеш гузошту ба Доротӣ таъзим намуд ва бо овози форам гуфт: — Хуш омадӣ ба Кишвари Жевунҳо, эй сеҳргари некукор! Мо аз ту хеле сипосгузорем, ки Ҷодугари золими Шарқро куштиву Жевунҳоро аз ғуломӣ озод кардӣ. Ин суханҳоро шунида, Доротӣ ангушти ҳайрат газид. Чаро ин кампирак ӯро сеҳргари некукор номид ва вай чӣ гуна тавонистааст Ҷодугари золими Шарқро бикушад? Доротӣ хуб медонист, ки як духтарчаи
12 хурдакаке аз Канзас аст, гирдбод ӯро ба ин макони дурдаст партофтааст ва касеро ҳам накуштааст. Пиразан мунтазири ҷавоб буд, бинобар ин, духтарча бо тардид гуфт:
13 — Шумо хеле меҳрубонед, аммо ин ҷо ягон хато шудагист. Ман касеро накуштаам. — Шояд ту накушта бошӣ,— табассум намуд пиразан,—аммо ин корро кулбаяки ту кардааст. Ду понздаҳ – як сӣ. Ана, бинигар,— гуфта, вай бо дасташ як кунҷи кулбачаро нишон дод,— ҳу, пойҳояш тофта истодаанд. Доротӣ ба ҷойи ишоракардаи кампирак нигаристу аз тарс фарёд зад. Дар ҳақиқат, аз зери кулба як ҷуфт по бо кафшчаҳои нуқрагии нӯгашон ба боло тобхӯрда намудор буданд. — Вой,— хитоб кард Доротӣ, дастонашро аз ҳайрат ба ҳам зада.— Маълум, ки кулбаяк ба болояш афтида, ӯро пахш кардааст. Акнун ман бояд чӣ кор кунам? — Ҳеҷ кор не,— оромона ҷавоб дод кампирак. — Кулба киро пахш карда бошад? — гашта пурсид Доротӣ. — Гуфтам-ку, Ҷодугари золими Шарқро. Солҳои зиёд ӯ Жевунҳоро ҳамчун ғулом нигоҳ медошт ва маҷбур мекард, ки шабу рӯз барояш заҳмат кашанд. Аммо акнун онҳо ба озодӣ баромаданд ва аз ту беҳад миннатдоранд. — Жевунҳо киҳоянд? — кунҷкобӣ кард Доротӣ. — Мардуме, ки дар Шарқи ин кишвар зиндагӣ мекунанд, дар он ҷое, ки ҳамин Ҷодугари золим ҳукмронӣ дошт.
14 — Шумо ҳам аз Кишвари Жевунҳоед? — боз савол дод Доротӣ. — Не, ман аз Шимолам, аммо бо мардуми ин ҷо дӯстӣ дорам. Вақте онҳо диданд, ки фармонравояшон ҳалок шуд, пайк фиристоданд ва ҳамон лаҳза омадам. Ман Ҷодугари Шимолам. — Ҷодугар? — хитоб намуд Доротӣ.— Ҷодугари ҳақиқӣ? — Бале, ҳақиқӣ,— гуфт зан.— Аммо ман ҷодугари хубам ва мардум маро дӯст медорад. Мутаассифона, Ҷодугари Шарқ барин нестам, ки бисёр корҳои бад аз дастам ояд. Вагарна хеле барвақттар Жевунҳоро озод мекардам. — Ман гумон доштам, ки ҳама ҷодугарон баданд,— қоил шуд Доротӣ. — Хато мекардӣ! Кишвари Оз ҳамагӣ чор ҷодугар дорад, ду нафари онҳо — Ҷодугари Шимол ва Ҷодугари Ҷануб некукоранд. Ту ба ман бовар бикун, чунки ман Ҷодугари Шимолам ва хато намекунам. Аммо Ҷодугарони Ғарбу Шарқ дар ҳақиқат золими гузароянд. Якеашонро ту куштӣ ва акнун дар тамоми Кишвари Оз танҳо як ҷодугари золим боқӣ мондааст. Ҳамоне ки дар Ғарб зиндагӣ мекунад. — Аммо янгаи Эм мегуфт, ки ҳама мардону занони ҷодугар кайҳо мурдаанд,— эътироз кард Доротӣ. — Янгаи Эм кист? — пурсид кампирак.
15 — Янгаи ман. Ӯ дар Канзас аст, дар он ҷое, ки ман зиндагӣ мекунам. Ҷодугари Шимол хаёлманд сарашро хам карда, лаҳзае ба замин нигарист ва баъд нигоҳашро ба Доротӣ дӯхту гуфт: — Ман намедонам, ки Канзас дар куҷост. Якум бор дар борааш мешунавам. Лекин, луфтан, бигӯ, ки он ҷо тараққикарда аст? — Ҳо, бале. — Ин хел бошад, фаҳмо. Дар кишварҳои пешрафта на ҷодугарон ҳастанду на сеҳргару фолбинон. Аммо ҳанӯз тараққиёт то ба мо омада нарасидааст, чунки аз тамоми ҷаҳон канда шудаем. Бинобар ин, то ҳозир ҳам на фақат занон, ҳатто мардони фолбину ҷодугар дорем. — Кистанд онҳо? — Аз ҳама бузургтаринашон Оз мебошад,— пичиррос зад кампирак.— Ӯ аз тамоми ҷодугарону фолбинони дунё зӯртар аст ва дар шаҳри Зумуррадгун зиндагӣ мекунад. Доротӣ боз чизе пурсидан мехост, аммо ин лаҳза Жевунҳое, ки дар пушти кампирак ором меистоданд, доду ғавғо бардоштанд. Онҳо бо даст ба ҳамон кунҷи хона, ки ҷодугари золим хобида буд, ишора кардан гирифтанд. — Чӣ шуд? — аз ҳамроҳони худ пурсид Ҷодугари Шимол, аммо вақте худаш ба он сӯ нигарист, хандааш
16 омад. Аз зери кулба танҳо кафшҳои нуқрагӣ менамуданду халос, пойҳо куҷое ғайб зада буданд. — Ҷодугари Шарқ чунон солхӯрда буд, ки — фаҳ - монд Ҷодугари Шимол,— дарҳол дар офтоб хушк шуда рафт. Даврони ӯ, воқеан, ба охир расид. Аммо кафшчаҳои нуқрагӣ акнун аз они туанд, метавонӣ онҳоро бипӯшӣ. Инро гуфта, вай хам шуд ва кафшчаҳоро гирифту чангашонро тоза намуда, ба Доротӣ дароз кард. — Ҷодугари Шарқ бо ин кафшчаҳо хеле мефахрид,— ба суҳбат ҳамроҳ шуд яке аз Жевунҳо,— мегӯянд, ки инҳо кафшчаҳои одӣ не, балки сеҳрноканд. Аммо муъҷизаашон дар чист, мо намедонем. — Ман бояд ҳарчи зудтар ба хона баргардам, чунки амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эм аллакай хавотир шудагистанд,— гуфт Доротӣ.— Шумо дар кадом тараф будани Канзасро ба ман нишон намедиҳед? Жевунҳо ва кампираки ҷодугар як ба рӯйи ҳамдигар нигаристанду баъд ба духтарча чашм дӯхта, сар ҷунбонданд. — Дар Шарқ, начандон дур аз ин ҷо,— хабар дод яке аз Жевунҳо — биёбони бузурге доман паҳн кардааст, ки онро касе гузашта наметавонад. — Дар Ҷануб низ ҳамчунин,— ба гап ҳамроҳ шуд Жевуни дуюм.— Ман он ҷо будам ва бо чашмони худ дидам. Дар Ҷануб кишвари Кводлингҳо ҷой гирифтааст.
17 — Ба ман нақл карда буданд, ки,— сухани онҳоро қувват дод Жевуни сеюм,— дар Ғарб низ биёбони калоне ҳаст. Он ҷо Мигунҳо зиндагӣ мекунанд ва ҷодугари золиме ҳокимашон аст. Вай ҳар нафареро, ки пояш ба он мулк мерасад, ба ғуломӣ мегирифтааст. — Ман дар Шимол зиндагӣ мекунам,— гуфт зан — мулки ман ҳам бо биёбони бекарон ҳамсарҳад аст. Дар маҷмӯъ, Кишвари Озро аз чор тараф биёбон ҳалқавор печонидааст. Метарсам, азизакам, ки маҷбур ҳамроҳи мо мемонӣ. Ин суханро шунида, Доротӣ ба гиря даромад, чунки худро миёни ин одамони бегонаву аҷиб сахт ноҳинҷор ҳис мекард. Ашки шашқатори духтарак Жевунҳои дилсӯзро ба риққат овард ва онҳо дарҳол рӯймолчаҳояшонро бароварда, ба гиряи ӯ ҳамроҳ шуданд. Пиразан кулоҳ аз сар гирифту нӯги тезашро ба бинии худ монд ва шумурд: «Як! Ду! Се!» Ҳамон лаҳза кулоҳ тоб хӯрду ба тахтачаи сиёҳе мубаддал гашт ва рӯйи он бо ҳарфҳои калон чунин навишта пайдо шуд: Бигзор Доротӣ ба шаҳри Зумуррадгун биравад. Пиразан аз рӯйи биниаш тахтаи сиёҳро гирифта, онро хонду пурсид: — Ту Доротӣ ном дорӣ, духтараки ширин? — Ҳа,— ҷавоб дод вай оби дидагонашро пок карда.
18 — Пас, ту бояд ба шаҳри Зумуррадгун биравӣ. Оз метавонад ба ту ёрӣ диҳад. — Ин шаҳри Зумуррадгун дар куҷост? — Дар худи маркази кишвар, он ҷо ҳамон Ози бузурге ҳукмрон аст, ки дар борааш ба ту чанд лаҳза пештар гуфтам. — Вай одами хуб аст? — бо шубҳа пурсид Доротӣ. — Ҷодугари хуб аст. Лекин чӣ гуна одам ва умуман одам будан ё набуданашро ман намедонам, чунки ҳеҷ гоҳ ӯро надидаам. — Чӣ хел ба шаҳри Зумуррадгун биравам? — боз савол дод Доротӣ. — Ба ту лозим меояд, ки пиёда биравӣ. Ин сафари дурудароз аст, гоҳе хушу гаҳе нохуш. Аммо ман тамоми сеҳру ҷодуи медонистагиамро ба кор мебарам, то ту аз фалокатҳо эмин бошӣ. — Шумо бо ман намеравед? — андак умедворона пурсид духтарча, ки акнун дар чеҳраи пиразан ягона дӯсти худро медид. — Не, ман ин корро карда наметавонам, аммо пеш аз рафтанат туро мебӯсам. Онеро, ки Ҷодугари Шимол бӯсидааст, касе ҷуръати ранҷонидан намекунад. Ӯ ба Доротӣ наздик шуда, аз ҷабинаш бӯсид. Баъдтар маълум шуд, ки дар ҷойи бӯса пайи сабуки сурхранг боқӣ мондааст.
19 — Роҳе, ки ба шаҳри Зумуррадгун мебарад, бо хишти тилло пӯшонда шудааст,— гуфт Ҷодугар,— ту онро бе ҳеҷ мушкил хоҳӣ ёфт. Вақте Озро мебинӣ, натарс ва ҳодисаи рӯйдодаро пурра ба вай нақл кун. Сипас хоҳиш кун, ки ба ту ёрӣ диҳад. Ана, ҳамин қадар гап. Акнун хайр, то дидан, духтараки ширин. Се Жевун ба Доротӣ таъзим намуда, ба ӯ роҳи сафед орзу карданду ба роҳи худ рафтанд. Ҷодугар ба сӯйи духтарча бо меҳр сар ҷунбонд, баъд се бор рӯйи пошнаи кафши чапаш тоб хӯрду ғайб зад ва Тоточаро сахт ҳайратзада кард. Сагча чанде бо тамоми овозу бо камоли майл аккас зад, чунки дар ҳузури ҷодугар вай ҳатто ба даҳон кушодан ҷуръат накарда буд. Аммо Доротӣ заррае ҳам ҳайрон нашуд. Зеро медонист, ки ҷодугарон бояд ҳамин тавр аз назарҳо нопадид шаванд.
20 ЧӢ ГУНА ДОРОТӢ ХӮСАРО НАҶОТ ДОД? Доротӣ танҳо монда, ҳис кард, ки гурусна шудааст. Аз нони ҷевон як бурида гирифту ба рӯяш равған молида хӯрд. Тоточаро низ хӯронд. Баъд сатил гирифта ба сӯйи дарёча давид ва онро аз оби зулол пур кард. Тоточа байни дарахтон ин сӯ-он сӯ даводав дошту ба сӯйи парандаҳо ав-ав мекард. Доротӣ сагчаро ором кардан хоста, ба пеши вай рафт ва дид, ки як шохаи дарахти ноке аз пурборӣ хам шудаву қариб шикастааст. Фаҳмид, ки барои субҳонаи хубаш маҳз ҳамин мева намерасид ва чанд дона ноки пухтаву шодоб канд. Баъд ба хона баргашта бо Тоточа аз оби сарду зулол хӯрданд ва духтарак аз ҷой хест, то ба сафари шаҳри Зумуррадгун омода шавад. Доротӣ танҳо як куртаи дигар дошт ва он шуставу дарзмолшуда дар мехаке назди каташ овезон буд. Ин пироҳани сафеде буд бо катакҳои обиранг. Обшуста буд, аммо намуди зебо дошт. Духтарча боҳавсала дасту рӯ шусту куртаи тоза ва кулоҳчаи гулобии хушрӯякашро пӯшид. Сабади хурдакакеро гирифта, ба даруни он нон гузошт ва рӯяшро бо латтачаи тозаи сафеде пӯшонд. Баъд ба кафшҳои худ нигариста, дид, ки хеле куҳна шудаанд. 3
21 — Метарсам, ки инҳо ба сафари дурудароз дошт намедиҳанд,— гуфт вай ба Тоточа. Сагча ба соҳибаш нигариста дум ҷунбонд, яъне нишон додан хост, ки ӯро хуб фаҳмидааст. Ҳамин лаҳза Доротӣ дар рӯйи миз кафшчаҳои нуқрагии Ҷодугари золими Шарқро дид. Ва бе ҳеҷ фикр попӯшҳои фарсудаи худро кашиду кафшчаҳои нуқрагиро ба по кард. Андозаи худаш баромад, гӯё онҳоро маҳз барои ӯ омода карда буданд. Баъд сабадчаашро ба даст гирифт. — Хуб, Тоточа,— оҳ кашид ӯ.— Дигар илоҷ надорем. Ба шаҳри Зумуррадгун меравему аз Ози бузург хоҳиш мекунем, ки моро баргашта ба Канзас бифиристад. Духтарча дари кулбачаро қуфл карду калидро ба кисачаи куртааш монд ва ба роҳ баромад. Тоточа ҳам дав-давон аз аз паси ӯ равон шуд. Базудӣ ба чорроҳае расиданд ва Доротӣ даррав фаҳмид, ки кадоме аз роҳҳо ӯро ба шаҳри Зумуррадгун мебарад,— ҷодаи хиштитиллоӣ. Пошначаҳои нуқрагӣ ба сатҳи роҳ бархӯрда, ҷиринг-ҷиринг садо мебароварданд. Офтоб бедареғ шаъшаа мепошид, парандаҳо нағмасароӣ доштанд ва Доротӣ худро ҳеҷ бадбахт ҳис намекард. Дар ҳоле ки агар ба ҷойи вай дигар духтарчаи ҳамсолаш мебуд, аз ногаҳон ба мулки бегонаву дур афтида монданаш чунон саргарангу
22 дилфигор мешуд, ки чӣ кор карданашро намедонисту сари калобаашро намеёфт. Манзараҳои ду тараф сеҳрангезу чашмрабо буданд. Аз паси девораҳои озодаи канори роҳ, ки ранги дилкаши осмонӣ доштанд, гандумзору майдони ҷуворӣ ва караму зироатҳои дигар доман кушода буданд. Рӯз барин равшан буд, ки Жевунҳо кишоварзони асиланд, зеро киштзорҳояшон ҳосили бисёр хуб доштанд. Гоҳо аз ягон хона нафаре аз Жевунҳо мебаромаду духтарчаи аз роҳи хиштитиллоӣ равонро дида, бо эҳтиром ба вай таъзим мекард. Дар кишвар аллакай овоза шуда буд, ки ин духтарак Ҷодугари золими Шарқро нобуд намуда, Жевунҳоро аз ғуломӣ озод кардааст. Шакли манзилҳои онҳо низ ғайриодӣ буд,— ба ҷойи бом ҳар хона гунбази баланди обиранг дошт. Ба яқин, ин ранги дӯстдоштаи Жевунҳо маҳсуб мешуд. Қариби бегоҳ Доротӣ тамоман монда шуду ба фикри дамгирӣ афтид ва ба назди хонае рафт, ки аз дигар хонаҳо хеле калонтар буд. Дар боғчаи сабзи пеши он мардону занон мерақсиданд. Панҷ навозандаи хурдакак башавқ ғижжак менавохтанд ва рӯйи мизи калон пур аз хӯрданиҳо буд: меваҳои каснадида, чормағзҳо, шириниҳои гуногун,—хулоса, ба ҷуз тухми моҳиву шири мурғ ҳар он чизе, ки дил мекашид, он ҷо ёфт мешуд. Жевунҳо Доротиро дида, гарм истиқбол гирифтанд. Ба хӯроки шом даъват карданду гуфтанд, ки шаб
23 ҳамин ҷо монад. Он хонаи яке аз сарватмандтарин Жевунҳои кишвар будааст. Вай имшаб ҳама дӯстонашро ба муносибати озод шудан аз шарри Ҷодугари золим ба зиёфат даъват карда будааст. Доротиро паси миз шинонданд. Худи соҳибхона, ки Бок ном доштааст, хушҳолона ба хидмати ӯ камар баст. Баъди хӯрок духтарча ба курсичае нишаста, саргарми тамошои рақсу бозии меҳмонҳо шуд. Бок кафшчаҳои нуқрагии ӯро дида, пурсид: — Ту ҳам ҷодугарӣ? — Чаро ин хел фикр мекунед? — ҳайрон шуд Доротӣ. — Чунки ту Ҷодугари золимро куштӣ, дар поят ҳам кафшчаи нуқрагӣ дорӣ. Ғайр аз ин, куртаи сафед пӯшидаӣ ва сафед ранги ҷодугарҳост. — Куртаи ман сафед бошад ҳам, катакҳои осмонранг дорад,— эътироз намуд Доротӣ, чинҳои пироҳанашро дуруст карда. — Аз лутфи туст, ки пироҳанат чунин аст. Осмонӣ ранги Жевунҳост, сафед бошад, аз они ҷодугарҳо. Ин чунин маънӣ дорад, ки ту ҷодугари некукориву дӯсти мо. Доротӣ ба ин гап чӣ ҷавоб доданашро надонист. Дар ин кишвар ҳама бовар доштанд, ки ӯ ҷодугар аст. Вале худи духтарча хуб медонист: вай як духтараки одии одист, ки гирдбод ба мулки бегонааш андохтааст.
24 Вақте тамошои рақс ба дили Доротӣ зад, Бок духтаракро ба хона даъват кард. Ба ӯ ҳуҷраеро ҷудо карданд, ки бистари хеле нарму бароҳат ва ҷойпӯшҳои осмонранг дошт. Доротӣ он ҷо то саҳар ба хоби ноз рафт. Тоточа ҳам рӯйи қолинчаи кабуди назди кат ҳалқа зада хобид. Субҳ Доротӣ нағзакак ношто кард. Вақте вай сари хон буд, кӯдаки хурди Жевунҳо — Жевунча бо Тоточа машғули бозӣ буд. Аз думаш мекашид ва аз ханда чунон рӯдакан мешуд, ки Доротӣ низ ба ӯ нигариста, хандаашро дошта наметавонист. Барои Жевунҳо Тоточа булъаҷаб чизе буд, чунки онҳо саг гуфтанӣ чизро бори аввал ба чашми сар медиданд. — Шаҳри Зумуррадгун аз ин ҷо хеле дур аст? — пурсид Доротӣ аз соҳибхонаи меҳмоннавоз. — Дақиқ намедонам,— ҷавоб дод Бок.— Ман ҳеҷ гоҳ ба он ҷо нарафтаам. Агар ба Оз ягон кори муҳимме надошта бошӣ, беҳтараш ту ҳам назди вай нарав. Танҳо ҳамин қадарашро медонам, ки роҳи шаҳри Зумуррадгун беҳад дурудароз аст ва якчанд рӯз рафтан лозим меояд. Роҳ аз миёни кишвари зебое мегузарад, аммо гоҳе ҷойҳои душворгузару хатарнок низ пеш меояд. Ин суханон Доротиро андак безобита карданд, аммо аз он ки танҳо Ози бузург метавонист ӯро баргашта ба Канзас фиристад, азми духтарак қатъӣ ва вай ба ҳар гуна душворӣ омода буд.
25 Бо дӯстони наваш хайрухуш карда, Доротӣ боз тавассути ҷодаи хиштитиллоӣ роҳашро давом дод. Рафту рафту рафт, хаста шуду рӯйи девораи канори роҳ нишаст, то нафас рост кунад. Он тарафи девора киштзори ҷуворӣ доман густарда буд. Духтарча ба атроф чашм дӯхта, каме дуртар Хӯсаеро дид, ки сари тиргак барои тарсондани парандаҳо шинонда буданд. Доротӣ сар то пойи Хӯсаи киштзорро аз назар гузаронд. Ба каллааш, ки халтаи коҳ буд, бо ранг чашму биниву даҳон кашида, ба рӯй монанд карда буданд. Дар сар кулоҳи нӯгтез, дар тан кастуму шими куҳнаи анбошта аз коҳ ва дар пой мисли ҳамаи Жевунҳо мӯзаҳои соқвасеъ дошт. Ҳам кулоҳ, ҳам либос ва ҳам мӯзааш осмонранг буд. Дар маҷмӯъ, ин одамчаро устокорона сохта буданд. Баногоҳ Доротиро дар ҳайрат мононда, Хӯса бо як чашми кашида ба вай чашмак зад. Духтарча дар аввал гумон кард, ки мумкин ба назараш намуда бошад, чунки дар Канзас хӯсаҳо ҳеҷ гоҳ чашмак намезананд. Аммо баъд Хӯса дӯстона ба тарафи Доротӣ сар ҷунбонд. Инро дида, вай аз девора ҷаҳида гузашту пеши Хӯса омад. Тоточа ак-акзанон гирд-гирди одами хасӣ давр мезад. — Рӯз ба хайр,— бо овози хирросӣ гуфт Хӯса — Ту гап ҳам мезанӣ? — ҳайронтар шуд Доротӣ. — Бале,— ҷавоб дод Хӯса.— Чӣ ҳол дорӣ? — Хубам. Ту чӣ?
26 — Мешавад,— гуфт Хӯса ва табассум кард: — Аслан, субҳу шом сари чӯбе рост истода, зоғҳоро тарсонидан он қадар кори шавқоваре нест. — Магар фуромада наметавонӣ?
27 — Не, тиргакро ба тахтапуштам халондаанд. Агар маро аз он раҳо кунӣ, як умр аз ту миннатдор хоҳам шуд. Доротӣ дудаста одами хасиро боло бардошту бе ҳеҷ заҳмат аз сари тиргак раҳо кард. Вай хеле сабук будааст. — Ташаккури зиёд,— миннатдорӣ кард Хӯса худро дар замин дида.— Чӣ қадар зебо! Гӯё дубора таваллуд шудам. Доротӣ ба чашмони худ бовар намекард. Одами хасӣ на танҳо гап задан, балки таъзим намудан ҳам медонисту роҳ гашта ҳам метавонист. — Ту кистӣ? — пурсид вай хамёза кашида.— Ва куҷо меравӣ? — Номи ман Доротӣ. Ба шаҳри Зумуррадгун, ба назди донишманду ҷодугари бузург Оз рафта истодаам, то маро дубора ба Канзас бифиристад. — Шаҳри Зумуррадгун дар куҷосту Оз кист? — Наход надонӣ,— ҳайрон шуд духтарча. — Не, ман умуман ҳеҷ чизро намедонам. Маро аз коҳ анбоштаанд, мағз ҳам надорам. — Дилам ба ту месӯзад! — хитоб кард духтарча. — Агар ман ҳамроҳат ба шаҳри Зумуррадгун равам, донишманди бузург Оз ба ман каме мағз медода бошад? — ногаҳон пурсид Хӯса.
28 — Намедонам,— ҷавоб гардонд Доротӣ,— аммо агар хохӣ, биё, ҳамроҳ меравем. Ҳатто агар Оз бароят мағз надиҳад ҳам, ҳолат аз ҳозира бадтар намешудагист-ку? — Гапат ҳақ,— розӣ шуд Хӯса ва илова намуд: — Дар ниҳоят, ман он қадар хафа ҳам нестам, ки аз коҳам. Баръакс, ин аз баъзе ҷиҳат хуб аст. Масалан, агар рафту касе поямро зер кунад, ё ба дастам сӯзан халад, ҳатто мижаам хам намехӯрад. Чунки дардро ҳис намекунам. Аммо инаш тамоман маъқул не, ки мардум маро беақл меҳисобанд. Охир, ба ҷойи мағз дар сари ман коҳ бошад, пас чӣ мефаҳмам ин дунёро? Ҷое, ки коҳ аст, ақл аз куҷо? — Туро хуб дарк мекунам,— ҷавоб дод Доротӣ,— агар бо ман ҳамроҳ биравӣ, хоҳишатро ба Оз мерасонам. — Раҳмат,— хурсанд шуд Хӯса. Доротӣ ба вай кумак кард, ки аз девораи канори роҳ гузарад ва онҳо боз ба сӯйи шаҳри Зумуррадгун ба роҳ афтоданд. Ба Тоточа дар аввал ҳамсафари навашон маъқул нашуд, ӯро чунон бо шубҳа бӯй мекашид, ки гӯё метарсид мабодо андаруни коҳ мушҳо хона насохта бошанд. Гоҳ-гоҳ истода дандонҳояшро гиз мекарду ба ҷониби вай меғуррид.
29 — Аз Тоточа натарс,— огоҳ кард Доротӣ,— вай намегазад. — Наметарсам,— ҷавоб дод Хӯса.— Газад ҳам, ҳе гап не, дардро ҳис намекунам гуфтам-ку. Беҳтараш, сабадчаатро те, ман барам. Ин бароям душвор нест, чунки ҳеҷ гоҳ хаста намешавам. — Мехоҳӣ, ки ба ту як сирамро кушоям? — андаке пас ба гӯши Доротӣ пастакак гуфт ӯ.— Медонӣ, ман аз ҳама сахттар аз чӣ метарсам? — Аз чӣ? — пурсид духтарча — аз муш? — Не,— аз гӯгирдчӯби даргирон…
30 РОҲ АЗ МИЁНИ ҶАНГАЛ Андаки дигар рафтанду роҳ дигар шуд. Акнун вай ба мисли пешина росту ҳамвор не, вайрону валангор буд ва қадам задан ҳар лаҳза душвортар мешуд. Хӯса чуқуричаҳоро надида, зуд-зуд пешпо мехӯрд. Гоҳ-гоҳ аз пеш чоҳчаҳо мебаромаданд. Тоточа аз болои онҳо меҷаҳиду Доротӣ боэҳтиёт аз канорашон мегузашт. Аммо азбаски дар сари Хӯса ба ҷойи мағз коҳ буд, вай ба чизе аҳамият надода, рост мерафт ва дам ба дам мувозинаташро гум карда, дарозу тунук меафтид. Вале ягон ҷояш лат намехӯрд. Доротӣ ёрӣ медод, то дубора ба по хезад ва ӯ пештар аз ҳамроҳон ба ҳоли худаш механдид. Кишоварзӣ дар ин ҷойҳо мисли маконҳое, ки дар аввал медиданд, пешрафта набуд. Хонаҳо аз ҳам дур-дур ҷойгир шуда буданд, дарахтони мевадор низ кам ба чашм мерасиданд. Раҳакиҳо ҳар қадар пеш мерафтанд, атроф ҳамон андоза дилгиртар мегашт. Нисфирӯзӣ барои дам гирифтан лаби рӯдаке нишастанд. Доротӣ аз сабадча нон бароварду аввал ба Хӯса дароз кард, аммо вай рад кард. — Ман чӣ будани гуруснагиро намедонам,— гуфт ӯ,— ва ин хеле хуб аст. Даҳони маро танҳо бо ранг 4
31 кашидаанд. Агар сӯрох мекарданд, коҳ аз он ҷо мерехту шакли каллаам вайрон мешуд. Доротӣ таги гапро фаҳмида, сар ҷунбонд ва дулунҷа ба нонхӯрӣ даромад. Вақте хӯрданро тамом кард, Хӯса хоҳиш намуд, ки дар бораи худашу кишвараш қисса кунад. Духтарча ба дӯсти наваш аз даштҳои хокистарии Канзас гуфт ва нақл кард, ки чӣ гуна гирдбод ӯро ба ин кишвари дур афканд. Хӯса бодиққат ба суханони Доротӣ гӯш доду дар охир пурсид: — Ҳеҷ ақлам намегирад, ки чаро ҷазман мехоҳӣ ин кишвари зебову аҷибро партофта, боз ба ҳамон ҷойи дилгиру сӯхта, ба ҳамон Канзаси мегуфтагият баргардӣ. — Ту ин чизро намефаҳмӣ, чунки мағз надорӣ,— ҷавоб дод духтарча.— Мо, одамон аз дилу ҷон дар Ватани худ зистанро дӯст медорем, ҳарчанд кишварҳои зеботару ободтаре ҳам бошанд. Ҳеҷ ҷой аз хонаи худи инсон беҳтар нест. Хӯса оҳ кашид. — Албатта, аз куҷо мефаҳмам? Агар сарҳои шумо ба мисли каллаи ман пур аз коҳ мебуданд, ҳамаатон ба кишварҳои зебо кӯч мебастеду Канзас холӣ мемонд. Бахт ба рӯйи Канзасатон хандидааст, ки он ҷо одамони баақл зиндагӣ мекунанд.
32 — Пеш аз он ки ба роҳ бароем, ту ҳам дар бораи худат ягон чӣ нақл кун,— гуфт Доротӣ. Хӯса ба сӯйи ӯ нигоҳи маломат дӯхт. — Худат медонӣ, ки чизи мегуфтагӣ надорам, маро танҳо парерӯз сохтанд. То ду рӯз пеш чӣ гап буд, намедонам. Хушбахтона, аввалин коре, ки хоҷаи заминдори ман кард, ин буд, ки гӯшҳоямро кашид ва дигар ҳама садои атрофро мешунавам. Як Жевуни дигар ҳам он лаҳза дар пеши хоҷа буд ва аз ӯ пурсид: — Гӯшҳо чӣ хел? — Ба фикрам камтар каҷ шуданд,— ҷавоб дод ҳамроҳаш. — Ҳеҷ гап не,— гуфт хоҷа,— инҳо гӯшанд, ягон чизи дигар не-ку. Вай комилан ҳақ буд. — Акнун чашмонашро мекашам,— гуфт баъди лаҳзае хоҷа ва аввал чашми ростамро тасвир намуд. Вақте корро тамом кард, ман бо кунҷковӣ зуд ба тамошои ӯву атроф даромадам. — Бад не! — дӯсташ, ки бодиққат ба кори вай менигарист, таъриф кард,— Ранги нилӣ барои чашмҳо хеле мувофиқ аст. — Акнун чашми дуюмро андак калонтар мекунам,— хаёломез гуфт хоҷа. Чун кашиданро ба охир расонд, ҳис кардам, ки аз пештара беҳтар мебинам.
33 Баъдан ӯ даҳону биниамро кашид, аммо он лаҳза ба гап надаромадам, зеро барои чӣ лозим будани даҳонро намедонистам. Танҳо бо шавқ менигаристам, ки чӣ гуна онҳо бадан ва дасту пойи маро месохтанд. Ҳангоме ки каллаамро ба танам часпонданд, хеле аз худам ифтихор кардам. Зеро ба назарам, аз хоҷаву дӯсташ ҳеҷ камӣ надоштам. — Ин ҷавон даррав ҳама зоғҳоро мегурезонад. Сахт ба одам монанд шуд,— гуфт хоҷаам. — Одамчаи тапа-тайёр,— тасдиқ намуд дӯсташ ва ман ҳам гумон кардам, ки рост мегӯянд. Хоҷа маро аз бозувонам гирифта, ба ҷуворизор оварду сари тиргак шинонд. Сипас ҳарду рафтанду худам танҳо мондам. Ба ман нафорид, ки маро ду даст бар ҳавою рӯ ба раҳми Худо партофта рафтанд. Хостам дунболашон гирам, аммо ҳарчанд кӯшидам, пойҳоям ҳеҷ ба замин нарасиданд. Дигар маҷбур будам, ки ҳамин хел сари тиргак бимонам. Танҳо монда, хеле зиқ мешудам. Охир, ба дарёи хотирот низ ғӯтавар шуда наметавонистам, чунки ҳеҷ чизе набуд, ки ба ёд биёрам. Пештар аз болои киштзор парандаҳо мепариданд, аммо маро диданду тарсиданд, ки одам омадааст ва куҷое ғайб заданд. Ин ба ман андак эътимод бахшид. Худамро шахси даркорӣ фикр кардам. Аммо дере нагузашта ба наздам зоғи пире парида омад. Ба ман
34 як дам бодиққат нигариста, баъд сари китфам нишасту гуфт: — Наход заминдор хаёл карда бошад, ки бо ин намуди кашолапо моро фиреб дода метавонад? Ҳар зоғи одӣ даррав мефаҳмад, ки ин одам не, як хӯсаи хасӣ аст. Чунин гуфта зоғ хотирҷамъ аз китфам париду ба нӯл задани ҷуворимакка даромад. Дигар парандаҳо низ чун диданд, ки ман ба зоғ зараре намерасонам, гашта омаданд ба ҷуворихӯрӣ. Аввал сахт зиқ шудам, чунки худамро як хӯсаи ноуҳдабаро фикр кардам. Аммо ҳамон зоғ маро тасаллӣ дод: — Агар дар каллаи ту ба ҷойи хас мағз мебуд, аз ин одамон ҳеҷ камие надоштӣ. Шояд ҳатто аз онҳо беҳтар мебудӣ. Мағзи сар дар ҳаёт на фақат ба инсонҳо, балки ба зоғон ҳам хидмати бузург мекунад. Вақте зоғҳо парида рафтанд, ман бисёр андешидаму дар охир ба сарам ин фикр расид, ки бояд ҳатман аз пайи ёфтани мағз шавам. Хушбахтона, аз паҳлӯям ту гузаштиву маро аз тиргак раҳо кардӣ. Аз рӯйи гапҳоят, ман ҳам ҳатман бояд ба шаҳри Зумуррадгун биравам. Яке Ози бузург бароям мағз медиҳад. — Умедворам, ки медиҳад,— гуфт Доротӣ,— ба ту беҳад зарур бошад, чаро Оз рад кунад? — Зарур ҳам гап,— хитоб кард Хӯса,— гарангу бемағз буданатро донистан хеле аламовар аст.
35 Онҳо суҳбаткунон роҳашонро давом доданд. Рафтанду рафтанд ва киштзорҳои чиғбаста ақиб монданд. Акнун заминҳои ду тараф нокишта буданд. Қариби бегоҳ мусофирон ба чунон ҷангали анбӯҳе расиданд, ки он ҷо шохаҳои дарахтони ду тарафи ҷодаи хиштитиллоӣ ба ҳам расидаву ба ҳам печида буданд. Равшанӣ ҳам қариб ки аз ин ҷангалистон намегузашт ва пеш рафтан душвор буд, аммо Доротӣ ва Хӯса пас нагаштанд. — Агар ин роҳ моро ба ҷангал расонд, пас, дер ё зуд боз аз он мебарорад,— андешамандона гуфт Хӯса.— Азбаски дар поёни роҳ шаҳри Зумуррадгун аст, маҷбурем то охир биравем. — Ин чиз рӯз барин равшан,— гуфт Доротӣ,— барои фаҳмиданаш ҳам ақли зиёд лозим нест. — Албатта,— розӣ шуд Хӯса.— Ҳеҷ вақт ба сари ман фикре наомадааст, ки барои он ақлро кор фармудан лозим бошад. Баъди тақрибан як соат ҳама ҷо дар торикӣ фурӯ рафт, аммо раҳакиҳоро ҳеҷ чиз садди роҳ шуда наметавонист. Доротӣ дигар қариб ҳеҷ чизро намедид. Ҳоли Тоточа беҳтар буд, чунки бештари сагҳо дар торикӣ хуб мебинанд. Хӯса ба Доротӣ хабар дод, ки шаб ҳам ба чашмаш мисли рӯз аст. Вай акнун аз дасти духтарча гирифта пеш-пеш мерафт.
36 — Агар хонае ба чашмат афтад, хабар деҳ,— хоҳиш кард Доротӣ.— Аз рафтан дар торикӣ дида, чизи бадтаре нест. Кош кулбае пайдо мешуд, ки шабамонро мегузарондем. Дере нагузашта Хӯса истоду гуфт:. — Аз тарафи рост хонае менамояд. Кулбае аз ғӯлачӯб, бомаш навдапӯш. Шояд бидароем? — Биё, биравем,— хурсанд шуд духтарак,— ман сахт монда шудам. Хӯса ӯро ба пеши кулба овард, ки аз паси дарахтҳо базӯр менамуд. Вақте даромаданд, дар як кунҷ кате аз баргҳои хушкро диданд. Доротӣ рӯйи он дароз кашиду хобаш бурд. Тоточа ҳам паҳлӯи соҳибаш ғелид. Хӯса, ки чӣ будани хастагиро намедонист, ба кунҷи дигар гузашту сабурона дамидани субҳро интизор шуд.
37 ОЗОД КАРДАНИ ҲЕЗУМШИКАНИ ОҲАНӢ Вақте Доротӣ аз хоб хест, офтоб нурафшон буду Тоточа шодон дар ҷангалистон аз паси парандагон метохт. Хӯса ҳанӯз дар кунҷе рост меистод. — Рафта аз ягон ҷо об ёфтан даркор,— гуфт Доротӣ. — Инаш боз барои чӣ? — Якум, барои дасту рӯй шустан, дуюм, барои хӯрдан, чунки нони хушк дар гулӯ дармемонад. — Ба одамҳо зистан чӣ қадар мушкил будааст,— андешамандона гуфт Хӯса.— Хобидан лозим, хӯрдану нӯшидан лозим! Аммо ҳар чӣ ҳам бошад, инсонҳо мағз доранду метавонанд фикр кунанд. Онҳо аз кулба баромада, ба ҷустуҷӯйи об баромаданд ва ба зудӣ ҷӯйчаи мусаффоеро диданд. Доротӣ шустушӯ кард, об нӯшиду субҳона хӯрд. Дар сабадча нон кам мондаву Доротӣ хурсанд буд, ки Хӯса бе хӯрок ҳам метавонистааст. Охир, нонаш базӯр ба як рӯзи дигар мерасид. Вақте ки баъди хӯрдани субҳона ба роҳ баромаданӣ шуданд, Доротӣ аз тарс як қад парид: аз куҷое ҳамин наздикиҳо садои нолиши паст баромад. 5
38 — Ин чӣ бошад? — бо ҳарос пурсид аз Хӯса. — Умуман нафаҳмидам,— ҷавоб дод ӯ,— аммо, агар хоҳӣ, рафта мебинам. Нола такрор ёфт. Онҳо ба тарафе рафтанд, ки овоз мебаромад. Аммо ҳанӯз чанд қадам намонда, Доротӣ дид, ки байни дарахтон чизе медурахшад. Духтарча аввал каме ақиб гурехт ва сипас нохост дар ҷояш истода, аз тарс фарёд зад: — Оҳ-ҳо, ин чӣ? Яке аз дарахтони баланд нимбурида буду дар наздаш бо табари бардошта одами оҳание меистод. Ӯ даст ҳам дошту пой ҳам, аммо тамоман беҳаракат буд, гӯё ҷунбида наметавонист. Доротӣ ва Хӯса ҳайрон ба Ҳезумшикани аҷиб нигаристанд. Тоточа баланд аккас зада пойи оҳании вайро газидан хост, аммо қариб дандонҳои худро шикаста буд. — Ту менолидӣ?—пурсид Доротӣ аз Ҳезумшикани оҳанӣ. — Ҳа,— ҷавоб дод ӯ.— Як сол боз ин ҷо истодааму ёрӣ металабам, аммо ҳеҷ кас на мешунавад ва на ба кумакам мерасад. — Ман ба ту чӣ ёрӣ дода метавонам? — пурсид духтарак дилаш ба он бечора сахт сӯхта. — Шишачаро гирифта, нағзакак ба буғумҳоям равған мол. Онҳо чунон занг задаанд, ки на дастамро
39 ҷунбонда метавонаму на поямро. Агар маро ба таври лозим равған кунанд, боз асли қадим мешавам. Шишачаи равған дар кулба, дар рӯйи раф истодааст. Доротӣ давида ба кулба рафт ва ба зудӣ равғандон дар даст баргашт.
40 — Ба куҷоят бимолам? — уҳдабароёна пурсид ӯ. — Аввал ба гарданам,— гуфт ҳезумшикан. Доротӣ хоҳиши вайро иҷро кард. Гардан чунон сахт занг зада буд, ки то замоне Хӯса каллаи оҳаниро хеле ба ҳар тараф тоб надод, соҳибаш онро ҷунбонида натавонист. — Акнун ба дастонам,— хоҳиш кард Ҳезумшикани оҳанӣ. Доротӣ ба буғумҳо — часпакҳои дастони вай нағзакак карда, равған молид. Хӯса боз ҳам ба ӯ ёрӣ медод, то даме, ки занг тоза шуду дастҳо ба кор даромаданд, онҳоро гоҳ ба боло мебардошту гоҳ поён мефуровард. Ҳезумшикани оҳанӣ оҳи сабук кашида, табарро поён фуровард. — Чӣ хушбахтие! — хитоб кард ӯ.— Як сол боз табар дар даст ҳамин ҷо истодаам. Хайрият, охири охир онро гузошта тавонистам. Акнун, агар ба буғумҳои пойҳоям ҳам равған бимолед, нуран ало нур мешавад. Доротӣ ва Хӯса ин хоҳишашро низ иҷро карданд ва Ҳезумшикан аз нав қобилияти роҳгардиашро барқарор сохт. Вай бори дигар аз онҳо барои дуруст шуданаш сипосгузорӣ кард. Сипас як дами дигар ба узвҳои худ нигариста, бори сеюм ташаккур гуфт. Ӯ Ҳезумшикани оҳании бисёр хушмуомила буд.
41 — Агар шумо намебудед,— гуфт ӯ,— ман ин ҷо пурра занг задаву саранҷом гард-гард мешудам. Шумо маро наҷот додед. Акнун бигӯед, ки кадом шамол шуморо ба ин тарафҳо паронд? — Мо ба шаҳри Зумуррадгун меравем, ба пеши Ози бузург,— хабар дод Доротӣ.— Шабамонро дар кулбаи ту рӯз кардем. — Дидани Оз барои чӣ лозим шуд? — пурсид Ҳезумшикани оҳанӣ. — Мехоҳам, ки ба ман барои ба Канзас баргаштанам ёрӣ бидиҳад, Хӯса аз ӯ каме мағз гирифтанӣ аст. Ҳезумшикани оҳанӣ лаҳзае ба андеша фурӯ рафту баъд пурсид: — Ба фикри шумо, ӯ ба ман дил дода метавониста бошад? — Чаро не,— ҷавоб дод Доротӣ,— наход барои вай ин кор аз мағз додан ба Хӯса дида, душвортар бошад. — Шояд,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ,— пас, агар зид набошед, ба шумо ҳамроҳ мешавам. Бо ҳам ба шаҳри Зумуррадгун меравем ва ман ҳам аз Оз хоҳиш мекунам, ки ёриам расонад. — Нури дида, тоҷи сар,— гуфт Хӯса ва Доротӣ илова намуд, ки аз ёфтани дӯсти нав беҳад шод аст. Ҳезумшикани оҳанӣ табарашро сари китф гирифт ва онҳо якҷоя аз ҷой бархестанд.
42 Пеш аз он ки ба роҳ бароянд, Ҳезумшикан аз Доротӣ хоҳиш кард, ки шишаи равғанро ба сабадчааш гузорад. — Мабодо зери борон монам,— фаҳмонд ӯ,— боз занг заданам мумкин, бинобар ин, равған лозим мешавад. Бахташон омад кард, ки Ҳезумшикан ба онҳо ҳамроҳ шуд. Чунки баъди чанде пеш рафтан ба ҷойҳое расиданд, ки дарахтон бисёр ба ҳам зич рӯйидаву роҳро пурра маҳкам карда буданд. Акнун Ҳезумшикани оҳанӣ бо табари худ ба пеш гузашта, даррав барояшон гузаргоҳ мекушод. Як вақт Доротӣ чунон ба фикру хаёл фурӯ рафт, ки дар роҳи ноҳамвор пешпо хӯрдану ғел-ғелон ба хандақи канори роҳ парида рафтани Хӯсаро надид. Хӯса фарёд зад, то духтарак аз олами андешаҳо берун ояду ба ӯ таваҷҷуҳ кунад. — Чаро чоҳчаро давр зада нагузаштӣ? — бо ҳайрат пурсид Ҳезумшикани оҳанӣ. — Чунки ақлам намегирад, дуруст фикр карда наметавонам,— бо табассум фаҳмонд Хӯса.— Ин калла не, давоми гардан. Дар он мағз не, коҳ аст. Барои ҳамин ба шаҳри Зумуррадгун, ба назди Ози бузург меравам. — Туро мефаҳмам,— гуфт Ҳезумшикан,— аммо ба ҳар ҳол, майнаи сар аз ҳама чизи асосӣ нест. — Ту чӣ, мағз дорӣ? — пурсид Хӯса.
43 — Не, каллаи ман ҳам холӣ,— қоил шуд Ҳезумшикан,— аммо замоне ҳам мағз доштаму ҳам дил. Агар интихоб кардан пеш ояд, ман шахсан дил доштанро афзалтар мешуморам. — Чаро? — ҳайрон шуд Хӯса. — Ҳозир ба шумо дар бораи зиндагиям нақл мекунам ва худатон ҳамаашро мефаҳмед. Аз байни ҷангал мегузаштанд ва Ҳезумшикани оҳанӣ саргузашти худро ба ҳамроҳон қисса кард: — Падарам ҳам ҳезумшикан буд. Вай дарахт мебурид, ҳезум мефурӯхт ва аз пушти ҳамин кор рӯзии моро муҳайё менамуд. Вақте ба воя расидам, ман ҳам ҳезумшикан шудам. Баъдтар падарам аз дунё чашм пӯшид ва ба ман лозим омад, ки дастёри модар шавам. Дертар ӯ ҳам вафот кард. Хеле танҳоӣ кашидам ва қарор додам, ки зан мегирам. Ба як духтари нозанин ошиқ шудам. Вай муҳаббати маро пазируфт ва розӣ шуд ба ман ба шавҳар барояд, аммо шарт монд, ки аввал пул ёфта, хонаи нави калон бисозам. Ман қабул кардам ва бештар кор мекардам. Аммо аз пеш мушкили дигар баромад. Вай ҳамроҳи холаи солхӯрдааш мезист ва он кампир ба тӯйи мо розӣ набуд. Хеле танбал буд ва хуб мефаҳмид, ки агар ҷиянаш ба назди ман ояд, ҳама кори хона ба гардани худаш меафтад. Бинобар ин ба назди Ҷодугари золими Шарқ рафта, ваъда дод, ки агар тӯйи моро вайрон кунад, ба ӯ ду гӯсфанду гов
44 медиҳад. Ҷодугар табари маро сеҳр кард. Як бор, вақте ки дар ҷангал ҳезум мешикастам, нохост он аз дастам баромаду пойи чапамро бурид. Аввал аз ин зиёд ғам хӯрдам. Медонистам, ки ҳезумшиканҳо якпоя буда наметавонанд. Баъд ба пеши оҳангари шиносам рафтам ва ӯ барои ман пойи нави оҳанӣ сохт. Пойи оҳанӣ аз пойи аслӣ ҳеҷ фарқ надошт ва ман ба он тез одат кардам. Ҷодугари золими Шарқ инро шунида, сахт ба ғазаб омад: чунки вай ба кампирак қавл дода буд, ки ҷияни нозанинаш ҳеҷ гоҳ зани ман намешавад. Баъди ин вақте ки боз ба ҷангал рафта, дарахт буриданӣ шудам, табар аз дастам париду ин дафъа пойи ростамро бурид. Ман боз ба назди оҳангар рафтам ва ӯ бароям пойи дуюми оҳанӣ сохт. Ҳамин тавр, ин табари ҷодушуда аввал дасти рост, баъд дасти чапамро ҳам аз бех бурид. Аммо ман наҳаросидам ва оҳангар ҳам ҳар бор мушкили маро ҳал мекард. Он гоҳ табар сарамро бурид ва андешидам, ки тамом. Вале ин ҷо ҳам ба мадад ҳамон дӯсти хунармандам расид. Ӯ бароям каллаи оҳанӣ сохт. Баъди ин ҳама ман ба хулосае омадам, ки ба Ҷодугари золим ғолиб омадаам ва бо қувваи сечанд ба кор часпидам. Аммо дар тасаввурам ҳам намеғунҷид, ки бо чӣ душмани маккоре сарукор дорам. Ҷодугари золим ором нагирифт. Боз табарро сеҳр намуд ва он маро ин бор дуним кард. Ин дафъа ҳам дӯсти оҳангарам кумак
45 кард. Бароям бадани оҳанӣ сохта, ба он бо часпакҳо сару дасту пойи оҳаниамро маҳкам кард. Боз роҳ рафтаву кор кардан имконпазир шуд. Аммо ҳайҳот! Ман диламро гум кардам ва ҳама меҳру муҳаббатам ба он нозанин аз байн рафт. Бароям дигар ҳеҷ аҳамият надошт, ки он духтарак ҳамсарам мешавад ё не. Ба хаёлам, вай ҳоло ҳам бо холааш зиндагӣ мекунад ва интизор аст, ки кай мераваму дасташро мегирам. Аввалҳо бадани оҳаниам ончунон дар офтоб медурахшид, ки тамошояш ҳамаро мафтун месохт. Ман бо андоми пурҷилои худ мефахридам ва дигар аз табари ҷодушуда наметарсидам,— охир, вай дигар зарар расонида наметавонист. Аммо акнун хатари наве пешорӯ буд: имкон дошт буғумҳо занг зананд. Равған харидаму онро вақтдармиён ба дасту пову гарданам мемолидам. Аммо боре ин кор фаромӯш шуду зери борони сел мондам. Хеле дер фаҳмидам, бо худ равған надоштам, буғумҳоям занг заданду дигар аз ҷой ҷунбида натавонистам. Мондам дар ҷангал, то он замоне ки шумо ба мадади ман расидед. Тақдир, албатта, ба ман зарбаи сахт зад: дар ҷангал истода, ман бисёр андеша мекардам ва охир ба хулосае омадам, ки бадтарин чиз дар дунё бе дил мондан будааст. Замони ошиқиҳоям хушбахттар аз ман дар ҷаҳон касе набуд. Аммо оне ки дил надорад, дӯст дошта ҳам наметавонистааст. Аз ин хотир, аз Оз дил талаб мекунам
46 ва агар диҳад, ба хона бармегардаму он духтаракро ба занӣ мегирам. Доротӣ ва Хӯса бодиққат нақли Ҳезумшикани оҳаниро гӯш карданду дилашон ба ҳоли ӯ сӯхт. — Ба ҳар ҳол,— гуфт Хӯса,— шахсан ман мағзи сарро интихоб мекунам. Мавҷуди бемағз бо дил ҳам чӣ кор карданашро намедонад. — Не, дил доштан хеле беҳтар,— сари фикри худ устувор меистод Ҳезумшикани оҳанӣ.— Мағзи сар одамро хушбахт карда наметавонад, дар дунё аз бахт дида, чизи беҳтаре нест. Доротӣ хомӯш истоду ба суҳбати онҳо ҳамроҳ нашуд, чун ба хулосае омада наметавонист, ки ҳақ ба ҷониби кадоме аз аз дӯстони наваш аст. Ҳоло, ба назари вай, ҳарчи зудтар ба хона, ба назди амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эм баргаштан аз ҳама чизи дунё муҳимтар менамуд. Дар баробари ин тамом шудани нон ӯро беш аз ҳар чизи дигар ба ташвиш меовард. Боз як таҳтӯл ва сабадча холӣ мешавад. Дуруст аст, ки ҳам Хӯса ва ҳам Ҳезумшикани оҳанӣ ба хӯрок эҳтиёҷ надоранд. Аммо Доротӣ на аз оҳан сохта шудаасту на аз коҳ ва бе хӯроки субҳу пешину шом зинда мондан наметавонад.