The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 07:47:54

26. The Wizard of Oz

26. The Wizard of Oz

97 Хӯса аз паси вай ба боргоҳ равон шуд ва он ҷо зани зебоеро нишаста дар тахт дид. Нозанин пероҳани сабзи шоҳӣ ба бар ва тоҷи дурахшони музайян бо сангҳои гаронбаҳо ба сар дошт. Аз пушти ӯ болҳои муҷаллову шаффофаш намудор шуда меистоданд, ки аз насими сабукаке меларзиданд. Хӯса боадабона таъзим кард, ягона коре, ки ин мавҷуди пуркоҳ аз уҳдааш мебаромад. Нозанин ба ӯ бо табассум нигарист: — Ман Ози бузург ва бадқаҳрам. Барои чӣ назди ман омадӣ? Хӯса, ки мунтазири дидани Каллаи нақлкардаи Доротӣ буд, сахт ба ҳайрат афтод, аммо сир бой надода, гӯё чизе нашуда бошад, гуфт: — Ман Хӯсаи хасӣ ҳастам. Мағзи сар надорам ва аз ту бисёр хоҳиш дорам, ки ба ман каме мағз бидиҳӣ, то аз дигар одамон беақлтар набошам. — Барои чӣ ман бояд хоҳиши туро иҷро бикунам? — пурсид Нозанин. — Зеро ту тавоноиву ботадбир ҳастӣ ва касе ҷуз ту ба ман кумак карда наметавонад. — Ман ҳеҷ гоҳ беҳуда ба касе ёрӣ намедиҳам,— гуфт Оз.— Ана, гӯш кун, ба ту чӣ мегӯям. Агар Ҷодугари золими Ғарбро бикушӣ, ман бароят чунон мағзи аълосифате медиҳам, ки донотарин сокини Кишвари Оз мешавӣ.


98 — Аммо ту аллакай ба Доротӣ гуфтӣ, ки Ҷодугари золимро бикушад,— эътироз кард Хӯса. — Бале. Бароям фарқ надорад кӣ ӯро мекушад. Аммо то вақте ки вай зинда аст, хоҳиши туро ҳам иҷро намекунам. Акнун бирав ва то замоне дар амал исбот накунӣ, ки сазовори мағз ҳастӣ, маро ором гузор. Хӯса ғамгин ба назди дӯстонаш баргашту суханони Озро ба онҳо расонд. Доротӣ вақте фаҳмид, ки Оз дар назди Хӯса ба сурати Калла неву чун Нозанине зоҳир шудааст, ангушти ҳайрат газид. Субҳи рӯзи дигар Навкар назди Ҳезумшикани оҳанӣ омаду гуфт: — Рафтем. Оз мунтазир аст. Ҳезумшикани оҳанӣ дунболи Навкар рафту вориди тахтгоҳ шуд. Вай намедонист, ки Оз бар кадом сурат пеши ӯ пайдо мешавад,— чун Калла ё Нозанин. Вале хеле умедвор буд, ки Нозанинро бинад. «Калла, ҳарчанд сухан гӯяд ҳам, дил надорад,— меандешид вай,— бинобар ин, ба ман раҳмаш намеояд. Аммо агар вай Нозанин бошад, ҳатман ӯро розӣ мекунонам, ки ба ман дил бидиҳад. Зеро занҳо бисёр дилсӯзанд». Аммо ҳангоме ки Ҳезумшикан ба боргоҳ даромад, он ҷо на Каллаи Сухангӯро диду на Нозанинро. Ин бор Ози бузургу бадқаҳр шакли Ҳайвони ваҳшиеро ба худ гирифта буд.


99 Ба назар чунин мерасид, ки тахти мармарӣ аз вазни гарони ҳайвони чун фил азимҷуссаву каллааш чун каркадан ва панҷчашма гӯё ҳозир мешиканад. Ин ҳайвони баднамуд панҷ дасти дароз дошту панҷ пойи борик. Баданашро пашми ғафс пӯшонида буд. Аз ин махлуқи баднамудтарро ҳатто тасаввур кардан намешуд. Хушбахтона, Ҳезумшикани оҳанӣ дил надошт, вагарна он дар қафаси синааш аз тарсу воҳима девонавор ҷастухез мезад. Вале чун оҳанӣ буд, каме рӯҳафтода шуда бошад ҳам, аммо заррае натарсид, — Ман Ози бузург ва тавоноям,— ғуррид ҳайвон.— Ту кистӣ ва чаро назди ман омадӣ? — Ман Ҳезумшикани оҳаниам. Дил надорам ва касеро дӯст дошта наметавонам. Лутфан ба ман дил бидеҳ, то ба дигарон монанд шавам. — Чаро хоҳиши туро бояд иҷро бикунам? — наъра кашид ҳайвон. — Чунки ғайр аз ту ҳеҷ каси дигар ба ман ёрӣ расонда наметавонад,— ҷавоб дод Ҳезумшикан. Ҷонвар бонги гӯшкаркунандае бароварду гуфт: — Агар бароят ин қадар дил лозим бошад, барои ба даст оварданаш талош бикун. — Чӣ хел? — Ба Доротӣ кумак кун, то Ҷодугари золими Ғарбро бикушад. Вақте вай мурд, назди ман биё, ба ту дили


100 аз ҳама калон ва аз ҳама пурмеҳртарини Кишвари Озро медиҳам. Ҳезумшикани оҳанӣ ҳам ба назди дӯстон ду даст дар бинӣ баргашт. Вай дар бораи махлуқи даҳшатноки рӯйи тахт нишаста нақл кард ва ҳама боз аз қобилиятҳои Оз ҳайрон монданд, ки чӣ гуна ба худ суратҳои гуногун мегирад. Шери тарсончак гуфт: — Агар пагоҳ пеши ман ба сурати ҳайвоне зоҳир бишавад, бо тамоми қувват наъра кашида, сахт метарсонамаш. Агар Нозанин шавад, вонамуд мекунам, ки ба вай ҳамла карданиям ва маҷбур месозам, то хоҳишамро иҷро намояд. Агар Каллаи Сухангӯ бошад, боз беҳтар. То замоне ки ба иҷро кардани хоҳишҳои ҳамаамон розӣ нашавад, ӯро гирд-гирди толор чун тӯб медавонам. Нигарон набошед, дӯстон, ҳамааш хуб мешавад. Саҳари дигар Навкари сабз Шерро ба боргоҳ овард. Вай аз дар даромада, ҳайрон шуд, чунки рӯйи тахт на Ҳайвону на Нозанин ва на Калла, балки як Курраи оташ истода буд. Хост наздиктар равад, аммо аз Курра чунон гармие мебаромад, ки Шер маҷбур шуд аз ҷой наҷунбад. Чанд лаҳза чашм наканда истод ва билохира Кураи оташ ба сухан даромад: — Ман Ози бузургу бадқаҳрам. Ту кистӣ ва барои чӣ пеши ман омадӣ? Шер ҷавоб дод:


101 — Ман Шери тарсуе ҳастам, ки аз ҳама чиз метарсад. Омадам аз ту каме ҷасорат бихоҳам, то дар ҳақиқат шоҳи ҳайвонот шуда тавонам. — Чаро ман бояд ба ту ҷасорат бидиҳам? — бо ғурур пурсид Кураи Оташ.


102 — Чунки ту миёни ҷодугарон аз ҳама тавонотарин ҳастӣ ва ҷуз ту касе ба ман ёрӣ дода наметавонад. Кураи оташ баландтар аланга зад ва сипас садояш шунида шуд: — Барои ман далел биёвар, ки Ҷодугари золими Ғарб мурдааст. Он гоҳ ба ту аз хостаат бештар ҷасорат медиҳам. Аммо то замоне ки вай зиндаву саломат аст, ҳамин хел тарсончаки бадбахт мемонӣ. Шер сахт асабонӣ шуд, аммо наметавонист ягон хел эътироз кунад. Танҳо хомӯшона ба Курраи оташ нигоҳ карда меистод. Чун дид, ки шӯълаи он яке баланд шуд, думро хода карда аз толор гурехт. Вай аз дубора ба дидори дӯстон расидан шод шуд, ба онҳо аз истиқболи Оз нақл кард. — Акнун чӣ кор мекунем? — ғамгинона пурсид Доротӣ. — Ба фикрам, танҳо як роҳ мондааст — ҷавоб дод Шер.— Ба Кишвари Мигунҳо рафтан, Ҷодугари золими Ғарбро ёфтан ва ӯро нобуд сохтан. — Агар ин аз дастамон наояд чӣ?—пурсид Доротӣ. — Он гоҳ ман бе ҷасорат мемонам,— гуфт Шер. — Ман бе мағз,— овоз дод Хӯса. — Ва ман бе дил,— илова кард Ҳезумшикан. — Аммо ман дигар ҳеҷ гоҳ амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эмро намебинам,— гирист Доротӣ. — Эҳтиёт кун! — тарсомез гуфт Хидматгор.— Ашк куртаи нави шоҳиятро расво мекунад.


103 Доротӣ оби дидагонашро пок кард. — Хайр, дигар чӣ илоҷ, маҷбурем вазифаи додаи Озро иҷро кунем, агарчи ман воқеан касеро куштан намехоҳам, ҳатто ба хотири дидани амаки Ҳенрию янгаи Эм ҳам. — Бо ту меравам,— гуфт Шер,— ҳарчанд аз дасти тарсончаке чу ман куштани Ҷодугари золим барнамеояд. — Ман ҳам меравам,— афзуд Хӯса,— агарчи аз ман ҳеҷ фоидае намерасад. Чунки беҳад нодонам. — Ман дил надорам, яъне асабонӣ намешавам,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ,— аммо ҳатман шуморо ҳамроҳӣ мекунам. Маслиҳат карданд, ки маътал нашуда, рӯзи дигар ба роҳ мебароянд. Ҳезумшикани оҳанӣ дами табарашро ба қайроқсанги сабзе молида, хуб тез кард ва ба буғумҳояшро нағзакак равған молид. Хӯса андомашро аз коҳи наву тоза пур кард ва Доротӣ чашмони ӯро аз нав кашид, то беҳтар бубинад. Хидматгор сабадчаи Доротиро лаболаб аз анвои хӯрданиҳои лазиз кард ва ба гарданбанди Тоточа зангӯлачаи сабзе ҳамоил сохт. Дӯстон барвақттар ба ҳуҷраҳои худ рафтанд ва ҳар кас, ки хуфта метавонист, дарҳол хобид. Субҳдам онҳо аз ҷеғи хурӯси сабз, ки дар ҳотаи паси қаср мезист ва қуд-қуди мокиёни сабз, ки тухми сабз мегузошт, бедор шуданд.


104 ДАР ҶУСТУҶӮИ ҶОДУГАРИ ЗОЛИМ Навкари ришсабз дӯстонро аз кӯчаҳои шаҳри Зумуррадгун гузаронда, то назди дарвоза овард ва ин ҷо онҳоро Нигаҳбон истиқбол гирифт. Ӯ бо калид айнакҳоро боз карду ба сандуқи сабз гузошт ва бо таъзим ба рӯйи мусофирон дарвозаҳои шаҳрро кушод. — Барои расидан ба мулки Ҷодугари золими Ғарб аз кадом роҳ бояд равем? — пурсид аз дарвозабон Доротӣ. — Ба он ҷо роҳ нест,— ҷавоб дод вай,— касе ҳам ба ихтиёри худ ба он тарафҳо рафтан намехоҳад. — Пас, чӣ гуна он ҷодугарро пайдо кунем? — ошуфта шуд Доротӣ. — Нигарон набошед. Вақте ба Кишвари Мигунҳо расидед, вай худаш шуморо меёбад ва ба ғуломӣ мегирад. — Хоб мебинад! — хитоб намуд Хӯса.— Мо тасмим гирифтаем, ки ӯро нобуд созем. — Ин гапи дигар,— ҷавоб дод Дарвозабон. Азбаски дар сари ҳеҷ кас ба ҷуз шумо чунин фикр пайдо нашуда буд, ман мутмаин будам, ки вай бо шумо низ монанди дигарон рафтор мекунад. Аммо эҳтиёт шавед, ӯ ҷодугари пир асту беҳад айёру золим. Ҳатман мекӯшад 1 2


105 нақшаҳоятонро барбод диҳад. Ба тарафи офтобшин равон шавед, дер ё зуд бо вай вомехӯред. Дӯстон ба дарвозабон раҳмат гуфтанду хайрухуш карда, ба самти мағриб раҳ пеш гирифтанд. Аз миёни чаманзори сабзе мерафтанд, ҳама ҷо гулҳои марвориду чанорак рӯйида буданд. Доротӣ ҳамон куртаи шоҳиеро ба тан дошт, ки Хидматгори қаср ба ӯ пӯшонида буд. Духтарчаро ҳайрон карда, дар роҳ ранги пероҳанаш аз сабз ба сафед табдил ёфт. Зангӯлачаи гардан ва тасмаи Тоточа низ ба худ ранги сафед гирифтанд. Базудӣ деворҳои шаҳри Зумуррадгун пушти сар нопадид шуданд. Роҳ рафтан лаҳза ба лаҳза душвор мешуд. Дар ин тарафҳо на хона буду на хоҷагӣ ва на майдонҳои кишт.Рӯзона мусофирон ҷое наёфтанд, ки аз офтоби сӯзон паноҳ баранд, дар атроф фақат санг буду кӯҳ. Чун шом фаро расид, Доротӣ, Шер ва Тоточа беҳолу бемадор рӯйи алафҳои сӯхта дароз кашиданд. Хӯса ҳамроҳи Ҳезумшикани оҳанӣ ба нигаҳбонӣ истод. Ҷодугари золими Ғарб якчашма буд, вале ҳамон як чашмаш мисли дурбин бисёр тезбин буду ҳама чизро аз дуриҳо ҳам медид. Он бегоҳ вай дар айвони қасри зарини худ нишаста, мулкашро наззора дошт ва яке чашмаш ба Доротиву дӯстонаш афтод, ки дар як канори кишвари ӯ шабашонро рӯз мекарданд. Аз дидани ин манзара кампири золим дар қаҳр шуд ва бо чурраки нуқрагии дар гарданаш овезон сахт ҳуштак кашид.


106 Худи ҳамон лаҳза тӯдаи гургони хокистарӣ ба қаср расиданд. Онҳо бисёр тезпо буданд, дандонҳои тез доштанд ва намуди ваҳшатангез.


107 — Ба тарафи Шарқ бидавед, онҷо мусофирони нохондаро меёбед. Онҳоро тика-тикаву пора-пора кунед,— амр дод пиразан. — Магар ту онҳоро ғулом кардан намехоҳӣ? — пурсид саргалаи гургон. — Не,— ҷавоб дод Ҷодугар,— яке хасӣ асту дигарӣ оҳанӣ, сеюмӣ духтарчаи хурдакаку чорумашон Шер. Аз онҳо ба ман ҳеҷ фоидае намерасад, бинобар ин, бидаредашон ва кор бо ҳамин тамом. — Ҳатман чунин мешавад,— ғуррид пешрави гургон ва барои иҷрои амр пеш давиду тӯда аз пасаш. Хушбахтона, Хӯса ва Ҳезумшикани оҳанӣ дар ин лаҳзаҳо нахобида буданд ва сари вақт мутаваҷҷеҳи наздик омадани душманон шуданд. — Ҳозир ҳисоби онҳоро меёбам,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ ба Хӯса,— дар пуштам пинҳон шав, худам онҳоро пешвоз мегирам. Ӯ табари дамтезашро ба даст гирифт ва ҳангоме ки саргала ба сӯяш ҷаҳид, бо як зарба сар аз танаш ҷудо кард. Ҳанӯз фурсати дубора табар бардоштан наёфта буд, ки гурги дигар ба вай дарафтод. Аммо он ҳам бесар шуд. Дар гала чил гург буд ва расо чил маротиба Ҳезумшикан табар зад ва бо ҳамин мубориза ба охир расид,— гургон ҳама беҷон рӯйи замин мехобиданд. Ҳезумшикан табарро аз даст монда, паҳлӯи Хӯса нишаст. Вай гуфт:


108 — Бад не, бад не, ошно. Қоил кардӣ. Онҳо мунтазир монданд, ки кай субҳ медамаду Доротӣ аз хоб бедор мешавад. Духтарак вақте аз хоб чашм кушод, дар атроф гургони ба хоку хун жӯлидаро дида, ба тарс афтод. Ҳезумшикани оҳанӣ ҳодисаи рухдодаро ба вай нақл кард ва Доротӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуд. Сипас вай субҳона хӯрд ва гурӯҳ роҳашонро давом доданд. Ҳамон саҳар Ҷодугари золим аз қаср баромада бо чашми ҳамабинаш ҳама ҷоро наззора дошт. Ба вай маълум шуд, ки гургҳои бовафояш якта ҳам намонда кушта шудаанду бегонаҳои нохонда бепарвоёна пеш омадан мегиранд. Ин ҳолро дида, деги ғазабаш ҷӯшид ва бо чурраки нуқрагиаш боз ду бори дигар ҳуштак кашид. Дарҳол селаи зоғҳои ваҳшӣ аз бисёрӣ осмонро тира гардонда, парида омаданд. Ҷодугари золим ба калони села муроҷиат кард: — Ба шарқ бипаред, чашмони бегонаҳоро кофта гиред, онҳоро нӯлзанон пора-пора кунед. Селаи азим аз пайи иҷрои амр ба ҳаво хест. Зоғҳоро дида, Доротӣ тарсид, аммо Хӯса гуфт: — Акнун навбати ман. Ба замин дароз кашеду аз чизе натарсед. Онҳо ҳамин хел карданд, Хӯса дастонашро ба ду тараф ёзонда, рост истод. Аввал зоғҳо ӯро дида ба


109 ҳарос афтоданд, чуноне ки ҳамаи парандаҳо аз дидани хӯсаҳо метарсанд. Аммо сардори онҳо қар-қар кард: — Ин хӯсаи пур аз коҳ аст. Ҳозир ман ба чашмонаш нӯл мезанам. Бо ин суханон калони зоғҳо ба тарафи Хӯса парид, аммо одамча аз сари вай дошту гарданашро чунон тоб дод, ки ҷонаш баромад. Зоғи дигар ҳам кӯшиш кард, ки минқор занад. Аммо ин хаёли хом буд. Хӯса гардани онро ҳам тофт. Бо амри Ҷодугари золим чил зоғ ба Шарқ парида буданд ва акнун ҳамаи онҳо пеши пойи Хӯса беҷон мехобиданд. Вай ба дӯстонаш иҷозати хестан дод ва онҳо боз ба роҳ афтоданд. Ҷодугари золим чун фаҳмид, ки зоғҳои бовафояш ҳам мурдаанд, аз ғазаб ба танаш ларза афтод. Боз чурракашро гирифта се маротибаи дигар ҳуштак кашид. Ҳамон лаҳза дар ҳаво ғуввоси баланде паҳн шуд ва ба қаср селаи занбӯрҳои сиёҳ парида омаданд. — Ба сӯйи аҷнабиҳо,— фарёд зад Ҷодугари золим,— ба онҳо неш занед, то мурданашон неш занед. Занбӯрҳо виз-визкунон ба ҳаво бархостанд ва аз паи иҷрои амр ба тарафи Шарқ парвоз карданд. Наздик шудани онҳоро аввал Ҳезумшикан дид, Хӯса дарҳол фикр кард, ки чӣ кор кардан лозим. — Ҳама коҳро аз даруни ман берун каш,— гуфт ӯ ба Ҳезумшикани оҳанӣ,— ва болои Доротӣ, Тоточа


110 ва Шерро пӯшон. Коҳ онҳоро аз занбӯрон муҳофизат хоҳад кард. Ҳезумшикан дарҳол чунин кард ва баъд қоматашро рост гирифта, мунтазири занбӯрҳои сиёҳ шуд. Онҳо вақте наздик омаданд, диданд, ки ғайри Ҳезумшикан каси дигар нест. Ба ӯ ҳуҷум карда, нешҳои худро ғазаболуд ба тани оҳании вай зада шикастанд. Ва чун занбӯрҳо бе неш зиста наметавонанд, базудӣ пеши пойи Ҳезумшикан мурдаи онҳо мисли тӯдаи хокистар шуд. Шер, Доротӣ ва Тотоса аз таги коҳ берун баромаданд ва духтарча ба Ҳезумшикан ёрӣ дод, то андоми Хӯсаро дубора бо коҳ пур кунад. Дӯстон сипас роҳашонро давом доданд. Бо чашм-дурбини худ тӯдаи занбӯрҳои мурдаро дида, Ҷодугари золим аз хашм дигар ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Чӣ кор карданашро надониста, пой мекӯфту дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонд. Дар охир понздаҳ мигунро ҷеғ зада, ба дасти онҳо найза қапонд ва ба Шарқ равон кард, то бегонаҳоро нобуд бикунанд. Мигунҳо ҷасур набуданд, аммо ба ҷуз иҷрои амри вай дигар чорае надоштанд. Вақте ба пеши мусофирон расиданд, Шер наъраи бадхашмонае кашиду ба сӯйи онҳо ҷаҳид. Мигунҳо чунон сахт тарсиданд, ки найзаҳояшонро партофта, дум хода карданд. Чун бо сари хам ба қаср баргаштанд, Ҷодугари бадхоҳ ҳар яки онҳоро химчакӯб карду боз сари


111 корашон баргардонд. Худаш ба фикр ғӯтавар шуд, ки чӣ бояд кунад? Ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки чаро нақшаҳояш барбод мераванд. Аммо вай ҷодугари маккор буд ва дар охир фаҳмид, ки чора чисту илоҷ кадом. Дар ҷевони ӯ кулоҳи тиллоии бо ёқуту зумуррад ороёфтае меистод, ки сеҳрнок буд. Ҳар касе вайро соҳиб мешуд, метавонист се маротиба Маймунҳои болдореро даъват бикунад, ки барои иҷрои ҳама гуна дастур омода буданд. Ҷодугари бадхоҳи Ғарб пеш аз ин ду маротиба аз кумаки онҳо истифода бурда буд. Бори аввал Маймунҳои болдор барои Мигунҳоро мутеъ кардану ба ғуломӣ гирифтан ба ӯ ёрӣ расонда буданд, дафъаи дувум барои аз мулкаш берун кардани лашкари Оз. Акнун хоҳиши охирин монда буд. Ҷодугари золим Кулоҳи тиллоиро аз даст додан намехост ва пеши худ тасмим гирифта буд, ба ёрии он вақте рӯй меорад, ки тамоман беилоҷ монад. Ҳангоме ки гургу зоғу занбӯрҳояш ҳалок шуданду хизматгоронаш аз наъраи Шери тарсончак рӯ ба гурез ниҳоданд, фаҳмид, ки тамом, бе кумаки Маймунҳои паррон ин мушкил ҳал намешавад. Ҷодугари золим Кулоҳро аз ҷевон гирифта ба сар ниҳод ва аввал рӯйи пойи чапаш истода гуфт: — Аҷӣ-буҷӣ-баро-чӣ! Баъд ба пойи рост истода афсун хонд: — Атӣ-патӣ-чатӣ-пиз!


112 Сипас ба ҳарду по рост истода чиррос зад: — Зиззӣ-миззӣ-виззӣ-чиз! Осмонро лаҳзае пардаи торикӣ пӯшонид ва садои ғавғою ғирев ва ҳуштаку ханда ба гӯш расид. Вақте ин абри сиёҳ ба замин фуромаду офтоб намудор шуд, Ҷодугари золим дид, ки дар ҳалқаи ҳазорон-ҳазор маймуни болдор мондааст. Сардори маймунҳо ба Ҷодугари золим наздик шуд. — Ту моро бори сеюм ва барои охирон дафъа даъват кардӣ. Аз мо чӣ мехоҳӣ? — Дар мулки ман меҳмонони нохонда пайдо шудаанд. Парвоз кунеду ҳамаи онҳоро нобуд созед,— фармуд Ҷодугар.— Фақат Шерро накушед, вайро ба қасри ман биёред. Мисли асп зинаш мезанам, бигзор кор кунад. — Самъан ва тоатан,— гуфт сардор ва маймунҳои паррон ғавғокунон ба ҳаво париданд. Онҳо кори худро хуб медонистанд. Чанд нафарашон ба Ҳезумшикани оҳанӣ дарафтоданду вайро бардошта ба ҳаво париданд ва ба болои шаху сахраҳо расида, ба поён партофтанд. Вай афтиду ба харсангҳо бархӯрда, абгор шуд, дигар на ҷунбида метавонист, на нолида. Қисми дигари Маймунҳо ба Хӯса часпиданд. Онҳо чолокона ҳама коҳро аз дарунаш кашида гирифтанду


113 кулоҳ, кафш ва либосашро гиреҳ баста, ба нӯги баландтарин дарахт ҳаво доданд. Маймунҳои боқимонда Шерро ончунон арғамчинпеч намуданд, ки дигар дасту пояшро ҷунбонда наметавонист. Сипас вайро бардошта, ба тарафи ғарб париданд ва ба қасри Ҷодугар расониданд. Он ҷо Шерро ба қафаси оҳании милаҳояш устувор ҷо карданд. Доротӣ Тоточа рӯйи дастон бо даҳшат ба ҳоли дӯстонаш менигаристу мефаҳмид, ки навбати ӯ ҳам базудӣ мерасад. Баъди лаҳзае сардори маймунҳо, ки рӯяш аз заҳрханди зишт каҷ шуда буд, наздик омаду акнун дастони пашминашро дароз карданӣ буд, ки дар ҷабини Доротӣ пайи бӯсаи Ҷодугари меҳрубони Шимолро дид. Диду дарҳол истод, ханда аз лабонаш ғайб зад ва ба рафиқонаш ишора намуд, ки ба духтарча нарасанд. — Мо наметавонем ба ӯ озоре расонем,— фаҳмонд ба маймунҳои дигар.— Вайро Қувваи некӣ ҳимоя мекунад ва Некӣ аз Бадӣ ҳамеша зӯртар аст. Мо фақат метавонем, ки ба қасри Ҷодугари Ғарб бубаремаш. Он тарафаш кори худи соҳира. Бо эҳтиёту меҳрубонӣ онҳо Доротиро ба ҳаво бардоштанд ва духтарча фурсати мижжа задан наёфта, Маймунҳо ӯро оҳистаяк ба пеши қаср фуроварданд. Сипас сардори Маймунҳои болдор ба Ҷодугари Ғарб бо чунин суханҳо муроҷиат кард:


114 — Мо ҳама кори аз дастамон меомадаро кардем. Ҳезумшикани оҳанӣ ва Хӯсаро нобуд кардем. Шер даступобаста дар қафас аст. Вале қудрат надорем ба духтарак ва сагчае, ки дар даст дорад, зарар расонем. Ҳукми ту бошад, дигар ба мо намегузарад. Маймунҳои болдорро дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳӣ дид. Ҷодугари золим ҳам пайи сурхи бӯсаро дар пешонаи Доротӣ дида, ба ташвиш афтод. Ин чунин маънӣ дошт, ки на фақат Маймунҳои болдор, балки худи ӯ низ бо Доротӣ коре карда наметавонад. Ба болои ин, вақте чашмонаш ба кафшчаҳои нуқрагӣ афтид, аз тарс ларзид. Зеро медонист, ки онҳо чӣ хосиятҳои фавқулодае доранд. Сараввал пиразан хост, ки аз баҳри ҳама чиз гузашта, ба ягон ҷо гурезад. Аммо ба Доротӣ бо гӯшаи чашм назар дӯхта, фаҳмид, ки духтараки содаяке аст ва ҳанӯз намедонад соҳиби чӣ силоҳи қудратмандест. Бинобар ин, ҷодугар заҳрханде заду аз фикр гузаронд: «Аздусар ӯро ғуломи худ мекунам, чунки вай ба гӯшаи хаёлаш ҳам наовардааст, ки кафшчаҳои пояш сеҳрноканд». Вай ба Доротӣ дағалона гуфт: — Канӣ, аз паси ман биё. Ва ба гӯшат ҳалқа кун: агар ба гапам гӯш надиҳӣ, бо ту ҳамон кореро мекунам, ки маймунҳо ба Хӯсаву Ҳезумшикан карданд. Доротӣ дунболи ӯ рафт. Онҳо аз ҳуҷраву толорҳои боҳашамату бешумори қаср гузашта, ба ошхона


115 расиданд. Ҷодугар ба духтарча амр дод, ки дегу тобаро шӯяд, фарш бирӯбад ва оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорад. Доротӣ ҷуръати эътироз накард. Вай пеши худ қарор дода буд, ки ҳама амри Ҷодугари золимро ба ҷо меорад. Хурсанд аз он буд, ки пиразан ҷонашро нагирифт. Ба вай кори бисёре фармуда, Ҷодугар аз дил гузаронд, ки дигар вақти банд задани Шер расидааст. Ба сараш фикри олиҷанобе омад: Шерро маҷбур месозад, ки аробаи ӯро бикашад. Аммо ҳангоме, ки дари қафасро кушод, Шер наъраи ваҳшатноке кашида, ба чунон хашме ба вай ҳамлавар шуд, ки ҷодугари пир базӯр фурсат ёфт аз қафас ҷаҳида барояду дарро аз пасаш қулф кунад. — Агар ту аробаи маро накашӣ,— таҳдид намуд пиразан аз пушти милаҳо,— ман туро аз гуруснагӣ мекушам. То гапи маро гӯш накунӣ, хӯрок намегирӣ. Бо амри ӯ ба Шер хӯрок намедоданд ва Ҷодугар ҳар рӯз ба пеши қафас омада мепурсид: — Аробаи маро мекашӣ? Ба ин савол ҷавоби Шер ҳам тағйир намеёфт: — Не, ҳаргиз. Ба қафас дарою бин, пора-пораат мекунам. Шер дар фикри худ барои он чунин устувор истода буд, ки ҳар бегоҳ, вақте хоби пиразани золим


116 мебурд, Доротӣ барояш аз пешхон ғизо гирифта меовард. Баъди хӯрдан Шер рӯйи каҳбеда мехобид ва Доротӣ сарашро болои ёли мураттабу маҳини вай монда, канораш дароз мекашид. Ҳарду то дергоҳ суҳбат мекарданд, ҳамдигарро тасаллӣ дода, нақшаи фирор мекашиданд. Аммо аз қаср илоҷи берун шудан набуд. Рӯзу шаб онро Мигунҳо посбонӣ мекарданд: онҳо ғуломони содиқи Ҷодугари золим буданд ва аз нофармонии ӯ сахт метарсиданд. Рӯзи дароз Доротӣ дар ошхона заҳмат мекашид ва Ҷодугари золим бисёр вақт таҳдид мекард, ки ӯро бо чатре қадимае, ки доим ҳамроҳаш буд, мезанад. Аммо дар асл, вай пайи бӯсаи Ҷодугари Шимолро ба хотир оварда, аз задани духтарак метарсид. Вале Доротӣ инро намедонист ва аз ояндаи худу Тоточа сахт дар ҳарос буд. Боре пиразан сагчаро бо чатр зад ва дар ҷавоб сагча аз пояш газид. Аз ҷойи газида хун наомад: пиразан ончунон бадҷаҳл ва бадхоҳ буд, ки тамоми хуни баданаш чандин сол пеш хушк шуда буд. Доротӣ сиёҳтарин рӯзҳои умрашро мегузаронд. Ӯ мефаҳмид, ки акнун дигар ҳеҷ гоҳ ба хонаашон ба Канзас баргашта наметавонад. Баъзан вай соатҳои дароз дар гӯшае нишаста мегирист. Тоточа ҳам дар пеши пойҳояш ҳалқа мезад ва ҳар дам ба чашмони соҳибаш нигариста, нӯлаи дилхароше мекашиду ҳамдард буданашро нишон додан мехост. Барои Тоточа фарқ надошт,


117 ки дар куҷо зиндагӣ мекунад — дар Канзас ё кишвари Оз, ҳамин кофӣ буд, ки Доротӣ ҳамроҳаш бошад. Аммо медид, ки духтарак ранҷ мекашад ва маҳз аз ин сабаб ҷони сагча ҳам дар азоб буд. Ҷодугари золим сахт мехост кафшчаҳои нуқрагии Доротиро аз они худ кунад. Занбӯрҳо, гургҳову зоғҳо беҷон мехобиданд, Кулоҳи тиллоӣ ҳам қувваи сеҳрангези худро гум карда буд. Аммо агар кафшчаҳои нуқрагӣ ба дасти Ҷодугари Золим меомаданд, он ҳама аздастрафтаҳо ҷуброн мешуд. Вай доим пойида мегашт, ки кай Доротӣ кафшчаҳоро мекашад, то онҳоро дуздида тавонад. Аммо Доротӣ бо инҳо чунон мефахрид, ки танҳо вақти ҳаммом кардан ё хоб рафтанаш аз пой мекашид. Пиразан аз торикӣ метарсид. Бинобар ин ҳатто ба гӯшаи хаёл намеовард, ки ҳангоми хоб будани духтарча ба ҳуҷраи вай даромада, кафшчаҳоро бигирад. Аз об бештар аз торикӣ метарсид ва ҳине ки Доротӣ оббозӣ мекард, худро аз ӯ дур мегирифт. Пиразан нафақат дастурӯ намешуст, балки эҳтиёт мекард, то як қатра об ҳам ба ӯ нарасад. Ҷодугари Ғарб беҳад ҳиллагару маккор буд ва охир нақшаеро фикр карда баромад, ки ба воситаи он метавонист кафшчаи орзуҳояшро ба даст орад. Дар байни ошпазхона симеро кашида бо ҷоду онро ноаён сохт. Сипас боре Доротии бехабар аз ин ҳилла ба ошхона даромад ва ногаҳон ба сими ноаён бархӯрда,


118 дарозу тунук афтид. Духтарак осеб надид, аммо яке аз кафшчаҳои нуқрагӣ аз пояш баромад ва то Доротӣ ба худ омад, ки пиразан онро дарҳол ба пойи хароби худ пӯшид. Ҷодугари бадхоҳ аз ин барори кор бисёр хушҳол шуд. Акнун Доротӣ ҳатто агар аз сеҳри кафшчаҳо хабар ёбад ҳам, дигар як кафшча барои қасос гирифтан кифоят намекард. Духтарак бо дидани он чӣ иттифоқ афтод, дар қаҳр шуду ба сӯйи Ҷодугари золим фарёд зад: — Кафшчаи маро бидеҳ! — Ҳеҷ гоҳ! — хитоб кард вай.— Акнун ин аз они ман аст. — Ту пиразани нафратовар ҳастӣ,— гуфт Доротӣ.— Ба ин кафшча ҳақ надорӣ! — Дар хобат! — нешханд зад Ҷодугар.— Ин бо ман мемонад ва ягон рӯз ҳатман дуюмашро ҳам аз ту мегирам. Дар хотир дошта бош — ҳатман мегирам! Духтарча бо шунидани ин таҳдид ончунон асабонӣ шуд, ки сатили пурро бардошта, оби онро аз сар то пойи пиразан рехт. Ҷодугар фарёди ҷонхароше бароварду Доротиро дар ҳайрат мононда, дар пеши чашмони вай хурд шудан гирифт. — Бубин, ту чӣ коре кардӣ! — фарёд зад пиразан.— Акнун ман об мешавам!


119 — Бубахш, ман инро намехостам,— ошуфта гуфт Доротӣ ва ба Ҷодугари золим нигарист. Вай мисли як пора қанди қаҳваранг об шуда мерафт. — Магар ту намедонистӣ, ки марги ман дар об аст? — нолиш кард Ҷодугар. — Албатта, намедонистам,— гуфт Доротӣ,— Аз куҷо бояд медонистам? — Ин хел бошад, акнун бидон, ки баъди як лаҳзаи дигар аз ман заррае боқӣ намемонад ва қаср аз они ту мешавад. Ман ҳамеша доною маккор будам, аммо ҳеҷ вақт ба гӯшаи хаёлам ҳам наомада буд, ки рӯзе як духтараки хурдакак нобудам месозад. Акнун ҳоли маро тамошо кун ва лаззат бар аз ин кори кардаат… Бо ин суханҳо Ҷодугари золим об шуда, ба як моеъи қаҳваранг табдил ёфту рӯйи тахтаҳои тозаи фарш шорида рафт. Доротӣ чун дид, ки вай пурра гум шуд, аз сатили дигар об рехта, фаршро тоза пок кард ва боқимондаҳои тани ҷодугарро рӯфта, аз дар берун партофт. Сипас кафшчаи нуқрагиашро аз фарш бардошта, шусту бо латтачае хушк карда, дубора пӯшид. Ҳамин тавр ғайричашмдошт озодӣ ба даст оварда, ӯ ба сӯйи қафас давиду ба Шер хабар расонд, ки ҳокимияти Ҷодугари золим ба поён расид ва онҳо дигар ғулом нестанд.


120 РАҲОШАВӢ Шери Тарсончак, об шуда рафтани Ҷодугари золимро фаҳмида, аз шодӣ дигар дар пӯсташ намеғунҷид. Духтарак қафасро кушода вайро раҳо кард. Дӯстон ба қасри зарин омаданд ва Доротӣ Мигунҳоро ҷеғ зада хабар дод, ки онҳо низ дигар ғулом нестанд. Аз ин хабар Мигунҳо беҳад хурсанд шуданд, чунки солиёни зиёд миён хам карда, ба Ҷодугари Ғарб, ки бо онҳо муносибати бераҳмона дошт, кор мекарданд. Ин рӯз барои Мигунҳо ба иди умумимиллӣ табдил ёфт ва дар тамоми кишвар бо рақсу тарона онро ҷашн гирифтанд. — Ман аз хушбахтӣ меболидам,— оҳ кашид Шер,— агар дӯстони содиқамон Хӯса ва Ҳезумшикани оҳанӣ ҳамроҳамон мебуданд. — Шояд барои наҷоти онҳо ҳаракат кунем? — гуфт Доротӣ. — Аз карнайчӣ як пуф,— розӣ шуд Шер. Сипас Мигунҳоро даъват карда хоҳиш намуданд, ки дар ҷустуҷӯйи дӯстони гумшудаашон ёрӣ расонанд. Онҳо гуфтанд, ба хотири Доротӣ, ки барояшон озодӣ бахшидааст, ба ҳама кор омодаанд. Он гоҳ духтарак аз байнашон донотаринҳояшонро ҷудо карду ба ҷустуҷӯйи дӯстонаш фиристод. Қариб ду рӯз саргардон 13


121 шуда, Мигунҳо дар охир миёни кӯҳистон Ҳезумшикани шикаставу ҳама ҷояш каҷу килебшударо ёфтанд. Табар ҳам дар пешаш мехобид — дастааш шикаставу дамаш зангзада. Мигунҳо Ҳезумшиканро бо эҳтиёт бардошта, ба қаср оварданд. Доротӣ ҳоли дӯсти ба ҷон баробарашро дида, талх гирист. Шер ҳам хеле ғамгин шуд. Он гоҳ Доротӣ ба Мигунҳо рӯ овард: — Миёни шумо оҳангарҳо ҳам ҳастанд? — Албатта, хеле ҳунарманд ҳам ҳастанд. — Пас, ба қаср фиристонед,— гуфт духтарак ва чун онҳо бо асбобу анҷомашон ҳозир шуданд, пурсид: — Оё ҷойҳои пачақшудаи баданашро ҳам соз карда метавонед? Устоҳо бодиққат Ҳезумшикани оҳаниро аз назар гузарониданду дар охир гуфтанд, ки аз уҳдаи ин кор мебароянд ва Ҳезумшикан ба асли қадим бармегардад. Онҳо ба яке аз толорҳои қасри заррин даромаданду дарашро бастанд ва се рӯзу чор шаб кор карданд,— бо болғачаҳо мекӯфтанд, кафшер мекарданд, сайқал медоданд, дасту пойи каҷшударо рост менамуданд. Билохира Ҳезумшикани оҳанӣ шакли пешинаи худро гирифт ва ҳама узвҳояш ба таври лозим ба кор даромаданд. Чӣ ҷойи гап, албатта, дар баъзе ҷойҳои бадани оҳаниаш каме печу харош боқӣ монд, аммо Ҳезумшикан хоксор буду ба ин аҳамият надод.


122 Вақте ки вай бо пойи худ ба назди Доротӣ омада, барои умри дубора ёфтан миннатдорӣ баён мекард, чунон ба эҳсосот дода шуд, ки ашки чашмонашро дошта натавонист ва Доротӣ бо пешдоман оби дидагони вайро пок кард, то ҷоғаш боз занг назанад. Шер ҳам гаштаю баргашта бо нӯги дум ашкҳояшро тоза мекард ва ин боис гардид, ки думи фаххакаш шип-шилта шавад. Сипас вай ба ҳавлӣ баромад, то дар офтоб думашро хушк кунад. — Агар Хӯсаамон ҳам ҳамроҳи мо мебуд,— оҳ кашид Ҳезумшикан пас аз гӯш кардани нақли Доротӣ,— аз хушбахтӣ сарам ба осмон мерасид. — Вайро ҳатман ёфтан даркор,— қарор дод Доротӣ. Ӯ боз Мигунҳоро даъват намуд ва ҳама якҷоя ба ҷустуҷӯ баромаданд. Якуним рӯз кофтанду кофтанд ва саранҷом дарахти баландеро диданд, ки Маймунҳо либоси Хӯсаро ба болои он партофта буданд. Дарахт хеле баланду танаи он чунон ҳамвор буд, ки ҳеҷ илоҷи ба он баромадан набуд. Вале Ҳезумшикан гуфт: — Дарахтро мебурам ва мо либоси Хӯсаро мегирем. Ҳангоме ки Мигунҳои оҳангар Ҳезумшиканро таъмир мекарданд, якеи дигар аз мигунҳо, ки заргар буд, аз тиллои холис даста сохта, онро ба ҷойи


123 дастаи шикаста ба табар пайваст карда буд. Ҳамчунин рафиқони заргар табарро аз занг тоза карда, сайқал дода буданд ва он чунон медурахшид, ки гӯё аз нуқра бошад.


124 Алқисса, Ҳезумшикани оҳанӣ табарро ба даст гирифт ва ба зудӣ дарахт ба пеши пойи дӯстон афтид. Либосҳои Хӯса ҳам аз шоха раҳо шуд ва рӯйи алафҳо ғалтид. Доротӣ сару тани Хӯсаро аз замин бардошт ва Мигунҳо бо эҳтиром ба қаср оварданд. Он ҷо либосро аз каҳи тару тоза пур карданд ва баъди лаҳзае Хӯса боз ба по истоду ба ҳамаи онҳое, ки дар наҷот доданаш саҳм гузоштанд, арзи сипос кард. Акнун вақте дӯстон боз ба ҳам омаданд, андак дам гирифтан мумкин буд. Онҳо дар қасри заррин, ки барои истироҳат ҳама шароит дошт, чанд рӯзро ба хушиву кайфу сафо гузаронида, шоду хушҳол шуданд. Аммо дар яке аз субҳгоҳон ба ёди Доротӣ янгаи Эм омад. — Бояд ба шаҳри Зумуррадгун баргашта аз Оз талаб намоем, ки ба ваъдааш вафо кунад,— гуфт духтарча ба дӯстон. — Бале,— розӣ шуд Ҳезумшикан,— ва ман билохира соҳиби дил мешавам. — Ман соҳиби мағзи сар — хушҳолона хитоб кард Хӯса. — Ман соҳиби ҷасорат,— андешаманд гуфт Шер. — Ва ман ба хона ба Канзас бармегардам,— хурсандона кафкӯбӣ кард Доротӣ.— Биёед, худи пагоҳ ба шаҳри Зумуррадгун меравем. Ҳама ба ин фикр розӣ шуданд. Рӯзи дигар Мигунҳоро даъват намуданду хайрухуш карданд. Онҳо


125 хеле ғамгин шуданд, ки наҷотбахшҳо аз кишварашон мераванд. Дар ин чанд рӯз Мигунҳо ба Ҳезумшикани оҳанӣ сахт дил баста буданд ва аз вай бисёр хоҳиш карданд, ки ҳамин ҷо бимонаду фармонравои кишвар шавад. Вақте маълум шуд, ки азми мусофирон қатъист, Мигунҳо барояшон туҳфаҳо оварданд. Онҳо ба Тоточа ва Шер — гарданбандҳои тиллоӣ, ба Доротӣ бозубанди музайян бо алмос, ба Хӯса — асое бо дастгираи заррин, то бемалол роҳ равад, ба Ҳезумшикани оҳанӣ равғандони нуқрагии бо сангҳои гаронбаҳо ва тилло ороёфта ҳадя карданд. Ҳар кадоме аз мусофирон дар навбати худ аз Мигунҳо самимона миннатдорӣ намуданд ва онҳо бо ҳам то хаста шудан дастфишорӣ карданд. Доротӣ ҷевони Ҷодугари Золимро кушода хост, ки ба сабадчааш тӯшаи роҳ бигирад ва онҷо Кулоҳи тиллоиро дид. Онро пӯшид ва ба назараш чунин намуд, ки комилан муносиби ӯст. Духтарак аз сеҳрнок будани Кулоҳи тиллоӣ хабар надошт, аммо чун сахт писандаш афтод, сарандози худро ба сабадча монду онро пӯшид. Ҳамаи омодагиҳо ба сафар анҷом ёфтанд ва гурӯҳ ба самти шаҳри Зумуррадгун раҳсипор шуд. Мигунҳо ҳама ба як овоз барояшон роҳи сафед хостанд.


126 МАЙМУНҲОИ БОЛДОР Агар дар хотир дошта бошед, миёни қасри заррини Ҷодугари золими Ғарб ва шаҳри Зумуррадгун на танҳо роҳ, балки ҳатто пайраҳаи борике вуҷуд надошт. Вақте ки пиразан он чор ғарибаро дид, ба зиддашон Маймунҳои болдорро фиристод ва онҳо Шер, Доротӣ ва Тоточаро ба ҳаво бардошта, то қаср расонданд. Гарчанде онҳо аз марғзори пур аз чинораку гули марворид мерафтанд, роҳи баргашт боз мушкилтар буд. Онҳо, албатта, медонистанд, ки бояд рост ба самти шарқ бираванд, ба он тарафе, ки офтоб тулӯъ мекунад. Чунин ҳам карданд, аммо ҳангоме ки нимрӯзӣ офтоб рост болои сарашон қарор гирифт, дигар сарфаҳм нарафтанд, ки шарқ кадом тараф асту ғарб куҷост ва базудӣ раҳгум заданд. Аммо наистоданд ва то замоне ки атроф торик шуду моҳ баромад, дарун-даруни марғзор ба пеш ҳаракат карданд. Сипас ҳамсафарон тасмим гирифтанд, ки миёни гулҳои бунафшранги хушбӯй дам бигиранд. Ҳама ба ҷуз Хӯсаву Ҳезумшикани оҳанӣ, то саҳар ба хоби ширин рафтанд. Субҳи рӯзи дигар ҳаво абрӣ буд. Аммо дӯстон дилпурона роҳашонро давом доданд ва заррае ҳам шубҳа надоштанд, ки тамоман ба дигар тараф мераванд. 14


127 — Агар тезтар қадам бардорем,— мегуфт Доротӣ,— дер ё зуд ҳатман ба ҷое мерасем. Аммо як рӯз ҷояшро ба рӯзи дигар медоду марғзорони пур аз гулҳои бунафш ҳеҷ тамомшавӣ надоштанд. Хӯса кам-кам ба шиква лаб кушод. — Мо аниқ раҳгум задаем,— ғур-ғур мекард вай.— Агар ба шаҳри Зумуррадгун нарасем, ман мағзи ваъдакардаи Озро ҳеҷ гоҳ намебинам. — Ман дилро, — ба гап ҳамроҳ мешуд Ҳезумшикани оҳанӣ.— Сабрам сар омадааст, тезтар ба шаҳри Зумуррадгун баргаштан мехоҳам. Сафари мо беҳад кашол ёфта истодааст. — Гап сари он ки ҷуръати ман барои рафтан ба самти номаълум намерасад,— иқрор мекард Шери Тарсончак.— Ин чиз маро сахт ба тарс меорад. Доротӣ тамоман рӯҳафтода шуд. Рӯйи сабзаҳо нишасту нигоҳи ғамангезе ба дӯстонаш дӯхт. Онҳо ҳам нишастанду ба рӯйи якдигар нигаристанд. Тоточа ногаҳон ҳис кард, чунон хаста шудааст, ки ҳатто наметавонад аз паси шапалаки аз таги биниаш парида гузашта битозад. Вай, забонаш кашолу нафасгириаш вазнин, ғамгинона ба Доротӣ менигарист, гӯё пурсидан мехост, ки акнун чӣ кор бояд кунанд. — Чӣ мешавад, агар мо мушҳои саҳроиро ҷеғ занем,— гуфт духтарак.— Онҳо шояд донанд, ки чӣ хел аз ин ҷо ба шаҳри Зуммурадгун рафтан мумкин.


128 — Албатта,— хитоб намуд Хӯса.— Чаро ин фикр барвақттар ба сарамон наомад? Духтарак бо ҳуштакчаи ҳадякардаи Маликаи мушон, ки дар гаданаш овезон буд, ҳуштак кашид. Ба зудӣ хишир-хишири садҳо панҷачаҳои майдаяк шунида шуду лаҳзае пас Доротиро мушҳои хурдакаки хокистарранг ҳалқа гирифтанд. Дар байнашон Малика низ буд. Вай бо овози борики чирросӣ пурсид: — Ба шумо чӣ кумаке карда метавонам, дӯстонам? — Мо раҳгум задем,— гуфт Доротӣ,— Шумо намедонед, ки шаҳри Зумуррадгун дар кадом тараф аст? — Медонам, албатта,— пичиррос зад Муш,— аммо аз ин ҷо хеле дур аст, чунки шумо ҳамаи ин муддат тамоман ба тарафи муқобил омадаед.— Ин лаҳза муш дар сари Доротӣ Кулоҳи тиллоиро дид.— Барои чӣ аз Кулоҳи тиллоӣ истифода бурда, Маймунҳои болдорро даъват намекунед? Онҳо шуморо дар як соат ё андак бештар ба Шаҳри зумуррадгун бурда мерасонанд. — Ман намедонистам, ки ин Кулоҳ сеҳрнок аст,— иқрор кард Доротӣ,— Аз он чӣ хел истифода бояд кард? — Афсун дар астари он навишта шудааст,— фаҳмонд Малика,— аммо агар шумо маймунҳоро ҷеғ заданӣ бошед, гурехтани мо беҳтар. Онҳо хеле махлуқони зиёнкору шуманд, дӯст медоранд, ки чӣ қадаре тавонанд, масхараамон кунанд.


129 — Моро чӣ, намеранҷонанд? — хавотиромез пурсид Доротӣ. — Не, не. Онҳо ба нафаре, ки Кулоҳи тиллоӣ дорад, бечунучаро итоат мекунанд. То дидор! — гуфта Маликаи мушон гурехта рафту тобеонаш ҳам аз пасаш тохтанд. Доротӣ дохили Кулоҳи тиллоиро аз назар гузаронда дид, ки дар астар чанд калима гулдӯзӣ шудааст. Фаҳмид, ки суханони сеҳрнок ҳаминҳоянд. Бодиққат онҳоро хонду кулоҳро боз ба сар пӯшид. — Аҷӣ-буҷӣ-баро-чӣ! — рӯйи пойи чап истода ба забон овард духтарак. — Чӣ гуфтӣ? — пурсид Хӯса, ки намедонист Доротӣ ба чӣ кор машғул аст. — Атӣ-патӣ-чатӣ-пиз! — ба пойи рост истода, идома дод духтарак. — Эйт, пат, чат! — чун амрикоиҳои ҳақиқӣ тақлид кард ба вай Ҳезумшикани оҳанӣ. — Зиззӣ-миззӣ-виззӣ-чиз! — фарёд зад Доротӣ ба ҳарду по рост истода. Афсун пурра хонда шуд ва базудӣ садои болзанӣ ва хандаву ғавғоро шуниданд. Ба назди онҳо селаи калони Маймунҳо фуромаданд. Сардори онҳо ба Доротӣ таъзим карда пурсид: — Чӣ амр дорӣ?


130 — Мо ба шаҳри Зумуррадгун рафтанием,— гуфт духтарак, аммо роҳро гум кардем. — Мо шуморо то он ҷо мерасонем,— гуфт Калони маймунҳо. Ва гапашро ба поён нарасонида, ду Маймуни болдор аз дастони Доротӣ дошта ба ҳаво париданд. Дигар маймунҳо Ҳезумшикани оҳанӣ, Хӯса ва Шери тарсончакро гирифта парвоз карданд. Маймунчаи майдаяке Тоточаро мебурд. Сагча ҳарчанд бисёр кӯшиш кард, ки маймунчаро бигазад, аммо коре карда натавонист. Хӯсаву Ҳезумшикани оҳанӣ аввал тарсиданд, чун ба хотир оварданд, ки Маймунҳои паррон дафъаи гузашта ба онҳо чӣ бераҳмиеро раво дида буданд. Аммо чун фаҳмиданд, ки ин даъфа кор ранги дигар гирифтааст, шод шуданд. Акнун аз баландӣ бо завқ марғзору ҷангалистонҳоро тамошо мекарданд. Доротиро ду маймуни аз ҳама калон, ки якеашон худи Сардор буд, мебурданд. Онҳо дастонашонро ба мисли курсича карда, бисёр кӯшиш доштанд, ки парвози Доротӣ бароҳат бошад. — Чаро шумо ба соҳиби Кулоҳи тиллоӣ итоат мекунед? — пурсид духтарак. — Ин таърихи тӯлонӣ дорад,— зери лаб хандид Сардор,— аммо бароят аҷиб бошад, азбаски роҳамон дароз аст, нақл мекунам. — Албатта, аҷиб аст,— гуфт духтарак.


131 — Замоне,— оғоз кард маймун,— мо ҳам халқи озод будем. Дар ҷангали калон мезистем, аз дарахт ба дарахте парида, меваҷоту чормағз мехӯрдем ва ягон хел хоҷа надоштем. Шояд гоҳе аз ҳад бисёр нағма мекардем. Маймунҳо аз думи ҳайвонҳои бепар кашидану аз паси парандаҳо давидан ва ба сари одамон чормағз партофтанро дӯст медоштанд. Мо шоду бепарво ва ба хости дили худ мезистем. Ин ҳама дар гузаштаҳои дур, то замоне буд, ки Оз аз осмонҳо фуруд омад ва дар ин кишвар ҳукмрон шуд. Дар шимоли дур шоҳдухтари нозанине мезист, ки сеҳргар буд. Вай тамоми ҳунари ҷодугарии худро барои кумак ба инсонҳо ба кор мебурд ва ҳеҷ гоҳ мардуми ростқавлу боадолатро намеранҷонд. Ӯро Радунга ном мебурданд ва дар қасри бошукӯҳи аз лаълпораҳои бузург сохташуда зиндагӣ мекард. Шоҳдухтарро ҳама дӯст медоштанд, аммо мутаассифона, он нозанин наметавонист нафари табъи дилашро пайдо кунад. Охир, ӯ дар ҳусну дониш аз тамоми мардон бартарӣ дошт. Билохира, бо навҷавоне вохӯрд, ки барнову зебову неруманд ва ба солаш нигоҳ накарда, бисёр баақл буд. Радунга қарор дод, ки чун ҷавони навхат ба камол бирасад, ба ӯ ба шавҳар мебарояд. Шоҳдухтар дӯстдоштаашро дар қаср ҷо кард ва ҳама ҳунари сеҳргарияшро ба кор бурд, то вай боз ҳам зеботару баақлтару ҷасуртар шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд


132 ва базудӣ овозаи ҷамолу камоли Келала — ҷавон чунин ном дошт — дар тамоми кишвар паҳн шуд. Оташи ишқ дар вуҷуди Радунга беш аз пеш аланга зад ва шоҳзода ба хулосае омад, ки замони тӯй фаро расидааст. Он замонҳо бобои ман Шоҳи Маймунҳои болдор буд ва онҳо дар ҷангале начандон дур аз қасри Радунга мезистанд. Бояд гуфт, ки вай ҳамеша шӯхии хубро аз хӯроки хуб беҳтар мешуморид. Чанд рӯз пеш аз тӯйи шоҳдухтар ҳини бо селаи худ аз болои дарё парвозкунон гузаштан яке чашмаш ба Келала меафтад. Ҷавон дар тан либосҳои фохире аз шоҳии гулобӣ ва бахмали бунафш дар соҳил сайругашт мекардааст. Ана, ҳамин ҷо бобои ман андак шӯхӣ кардан мехоҳад. Ба амри вай маймунҳо Келаларо ба ҳаво бардошта, аз баландӣ ба дарё мепартоянд. — Оббозӣ кун, ошно,— ҷеғ мекашад бобоям,— ку бинем, либосат дар об расво мешавад ё не. Келала суханҳои бобоямро шунида, механдаду дар об ғӯта мезанад ва баъд беизтиробу ором ба самти соҳил шино мекунад. Ҳамин лаҳза, фалокат аз таги по мехезад гуфтагӣ барин, Радунга ба лаби дарё меояд ва ҳоли ошиқашро дида, сахт асабонӣ мешавад. Шоҳдухтар аз ғазаб чӣ кор карданашро намедонад. Вай дарҳол мефаҳмад ин нағмаи кист. Сипас ба Маймунҳои паррон амр медиҳад, ки зуд ба қаср ҳозир шаванд. Аввал мехоҳад ба хидматгоронаш бигӯяд, ки


133 болҳои онҳоро баста, айнан ҳамон гуна, ки ба Келалаи азизаш рафтор карданд, ба дарё андозад. Аммо бобои ман тавалло мекунад, ки ин корро ба онҳо раво набинад, чунки маймунҳо бо пари болҳои баста дарҳол ғарқ мешаванд. Келала низ аз шоҳдухтар мехоҳад, ки аз гуноҳи маймунҳо гузарад ва Радунга аз аспи ғазаб мефарояд. Аммо шарт ба миён мегузорад: Маймунҳо бояд се ҳоҳиши ҳар касеро, ки соҳиби Кулоҳи тиллоӣ мешавад, иҷро бикунанд. Кулоҳи тиллоӣ ҳадяи тӯёнаи ӯ ба Келала буд ва мегуфтанд, ки он арзиши ними кишварашро дошт. Албатта, бобои ман ва ҳамроҳонаш дарҳол ба чунин шарт розӣ мешаванд. Аз ҳамон рӯз инҷониб мо бечунучаро се хоҳиши онеро, ки Кулоҳи тиллоиро ба даст меорад, иҷро мекунем. — Баъд чӣ шуд? — пурсид Доротӣ, ки аз ин қисса хеле ба шавқ омада буд. — Дар аввал соҳиби кулоҳи тиллоӣ Келала буд,— гуфт Сардори маймунҳо.— Ӯ ҳукмравои нахустини мо шуд. Ба он сабаб, ки арӯсаш аз рангу намуди мо безорӣ меҷуст, як рӯз ҳамаи маймунҳои болдорро дар ҷангал ҷамъ карду фармон дод, ки дигар ба чашми зани вай нанамоем. Мо хурсандона итоат кардем, чунки аз шоҳдухтар хеле сахт метарсидем. Дигар ба иҷрои ягон дастуру фармон зарурат нашуд. Аммо баъдтар кулоҳи тиллоӣ ба дасти Ҷодугари золими Ғарб афтод. Ӯ аввал фармуд, ки Мигунҳоро ба


134 ӯ ғулом бисозем, баъд хост лашкари Озро аз Кишвари Ғарб биронем. Акнун ба фармони туем ва се хоҳишатро иҷро мекунем. Вақте Сардори маймунҳо суханашро ба охир расонд, Доротӣ ба поён нигаристу деворҳои сабзу пурҷилои шаҳри Зумуррадгунро дид. Вай ангушти ҳайрат газид, ки чӣ қадар зуд ба кӯйи мақсуд расиданд ва дар баробари ин хушҳол шуд, ки ниҳоят сафарашон анҷом ёфт. Маймунҳои болдор бо саворони худ боэҳтиёт дар назди дарвозаи шаҳр ба замин фуромаданд. Сардори онҳо ба Доротӣ таъзим кард ва маймунҳо боз ба ҳаво бархестанд. — Хуб паридем-а,— гуфт Доротӣ. — Бале, аз ҳама муҳим зуд расидем,— гуфт Шер.— Хайрият ту кулоҳи тиллоиро ҳамроҳ гирифта будаӣ.


135 БУЗУРГ ВА БАДҚАҲР Ҳар чор ҳамсафар ба таги дарвозаи шаҳр омада зангӯлачаро заданд. Баъд аз чанд бор занг задан дарвоза кушода шуду онҳо боз ҳамон нигаҳбонро диданд. — Чӣ хел? Шумо баргаштед? — ҳайратзада хитоб намуд ӯ. — Магар намебинӣ? — пурсид Хӯса. — Ман гумон кардам, ки шумо ба назди Ҷодугари золими Ғарб рафтед. — Ҳа, мо назди ӯ будем,— тасдиқ кард Хӯса. — Ва вай ба шумо иҷозати баргаштан дод? — ҳайронтар шуд дарвозабон. — Ҳеҷ кори дигар аз дасташ наомад, чунки об шуда рафт,— фаҳмонд Хӯса. — Об шуд? Ин хабари хуш аст! — шод шуд Нигаҳбон.— Кӣ ӯро нобуд кард? — Доротӣ — ботантана гуфт Шер. — Эҳ-ҳа! — ба ваҷд омад дарвозабони шаҳр ва ба духтарак таъзим кард. Сипас мусофиронро боз ба ҳамон толори на он қадар калони тоқдор даровард ва боз маҷбур сохт айнакҳои сабзро ба чашм гузоранд. Сипас дастакҳояшонро бо калид маҳкам кард. Баъди ин дӯстон аз кӯчаҳои шаҳр гузашта, ба сӯйи қаср равон 15


136 шуданд. Сокинони шаҳр чун шуниданд, ки мусофирон Ҷодугари бадхоҳи Ғарбро нобуд кардаанд, гирди онҳоро печонида, то пеши қаср гусел карданд.


137 Навкари ришсабз чун пештара назди дарҳои кӯшк ба посбонӣ истода буд, аммо ин дафъа ӯ ба ғолибон дарҳол иҷозати вуруд дод. Баъд онҳоро хидматгори сабз истиқбол гирифта, ҳар кадомро ба ҳуҷраҳои худашон бурд, ки то хабар ёфтани Оз кӯфти роҳ бароранд. Навкар дарҳол ба Оз паём расонд, ки Доротиву дӯстонаш Ҷодугари золими Ғарбро нобуд сохта, бо сари баланд баргаштаанд. Аммо Оз ба ин хабар ҳеҷ вокунише нишон надод. Ҳама фикр мекарданд, ки сеҳргари бузург ин зафарро шунида, дарҳол бо мусофирон вохӯрдан мехоҳад, аммо чунин нашуд. Аҷибаш он ки вай рӯзи дигар ҳам хомӯшӣ ихтиёр кард. Рӯзи сеюму чоруми баргаштанашон ҳам ҳамин тавр гузашт, Оз аз худ дарак надод. Аз ин гуна муносибат дӯстон дар қаҳр шуданд. Охир, ба ҳама душвориву хатарҳо нигоҳ накарда, онҳо хостаи Озро иҷро намуда буданд. Саранҷом косаи сабри Хӯса лабрез шуд ва ба хидматгори сабз гуфт ба ҷодугар расонад, ки агар ҳамин лаҳза онҳоро қабул накунад, Маймунҳои болдорро ҷеғ зада, сабаби чунин ваъдахилофиро мефаҳманд. Вақте ҷодугар ин суханро шунид, зоҳиран сахт тарсид. Ва дастур дод ба мусофирон расонанд, ки пагоҳ расо соати нуҳу чор дақиқа онҳоро дар боргоҳ ба ҳузур мепазирад. Вай то ҳол бо маймунҳои болдор дар кишвари Мигунҳо вохӯданашро фаромӯш накарда буд ва ҳеҷ хоҳиши дигарбора дидани онҳоро надошт.


138 Чаҳор рафиқ тамоми шаб бедорхобӣ кашиданд. Ҳар кадом дар ин фикр буд, ки Оз хоҳишашонро иҷро мекарда бошад ё не. Доротиро лаҳзае ғанаб бурд ва хоб дид, ки боз дар Канзас асту янгааш Эм аз омаданаш хушҳолӣ мекунад. Расо соати нӯҳ навкари ришсабз ба наздашон хозир шуд ва то чор дақиқаи дигар онҳо ҳама якҷоя ба тахтгоҳ ворид шуданд. Ҳар яке аз онҳо мунтазир буд, ки Оз дар ҳамон шакли пештар дидааш зоҳир мешавад. Аммо дар толор ҳатто пашша пар намезад. Онҳо дар пеши дар ба якдигар ҷафс шуда меистоданд, чунки хомӯшии тазйиқовари боргоҳи холӣ барояшон ҳавлангезтар аз ҳар гуна шакли Ҷодугари бузургу бадхашм буд. Ногаҳон садоеро шуниданд, ки аз кадом як гӯшае аз зери гунбад мебаромад. — Ман Ози бузургу бадқаҳрам. Чаро ба назди ман омадед? Дӯстон боз толорро аз назар гузаронданд ва Доротӣ касеро надида, пурсид: — Ту дар куҷоӣ? — Дар ҳама ҷо,— ҷавоб дод садо,— аммо аз чашми аҷалрасидаҳои сода ноаёнам. Айни замон ман дар тахтам нишаставу омодаам бо шумо суҳбат кунам.


139 Ҳақиқатан, садо акнун аз зери тахт меомад. Дӯстон наздиктар омада, дар як саф рост истоданд ва Доротӣ сари мақсад расид: — Мо омадем, то ваъдаҳоятро ба ёдат биёрем, Ози бузург. — Кадом ваъдаҳо? — Ту қавл дода будӣ, ки баъди нобуд шудани Ҷодугари золими Ғарб маро ба Канзас мефиристӣ. — Ба ман мағз ваъда додӣ,— гуфт Хуса. — Ба ман дил,— овоз баровард Ҳезумшикани оҳанӣ. — Ва ба ман ҷасорат,— илова намуд Шери тарсончак. — Оё Ҷодугари золими Ғарб дар ҳақиқат мурд? — пурсид Оз ва ба Доротӣ чунин намуд, ки овози ӯ каме ларзид. — Бале,— ҷавоб дод духтарак.— Ман аз сараш об рехтам ва вай завб шуд. — Наход? — бо ҳайрат пурсид садо.— Хабари хуши ғайричашмдошт. Хуб, пагоҳ ба наздам дароед. Ман бояд хуб биандешам. — Барои фикр кардан вақти кофӣ доштӣ,— қаҳролуд этироз намуд Ҳезумшикани оҳанӣ. — Мо дигар интизор намешавем,— ғур-ғур кард Хӯса.


140 — Ваъда додӣ, вафо кун, қавл додӣ иҷро кун,— хитоб намуд Доротӣ. Шер донишмандро тарсонданӣ шуда, наърае сахте кашид. Ғурриши ӯ дар боргоҳ чунон бадвоҳима акси садо дод, ки Тоточа ҳаросон худро дур гирифтан хосту ба поровони* дар кунҷи толор истода бархӯрд ва он ба рӯйи фарш тараққос зада афтид. Ин ҷо онҳоро туҳфаи шигифтангези тақдир интизор буд. Ҷое, ки поровон меистод, одамаки хурдакаку солхӯрдаи сараш кал ва рӯяш пурожангеро диданд. Ҳезумшикани оҳанӣ табарашро бардошта, ба сӯйи вай давиду фарёд зад: — Ту кистӣ? — Ман Ози бузургу бадқаҳрам,— гуфт одамак бо овози ларзон.— Илтимос, маро назанед. Ҳар кореро, ки гӯед, иҷро мекунам. Дӯстон ҳайрон ба ҳам нигаристанд. — Ман хаёл кардам, ки Оз ин каллаи гӯёст,— ноумедона гуфт Доротӣ. — Ман хаёл мекардам, Нозанин аст,— ғур-ғур кард Хӯса. — Ман ӯро ҳайвони даҳшатнок мепиндоштам,— даҳон кушод Ҳезумшикан. — Ман кураи оташ,— ғуррид Шер. * Чизи девормонанде, ки аз тахта ва порча сохта мешавад


141 — Шумо хато кардед,— шармида гуфт одамак.— Ман танҳо чунин вонамуд мекардам. — Найранг мекардӣ? –хитоб кард Доротӣ.— Пас, ту донишманди бузург ва ҷодугар нестӣ? — Пасттар, духтаракам, агар моро шунаванд, тамом, мурдам. Ман танҳо вонамуд мекардам, ки донишманду ҷодугари бузургам. — Дар асл ин хел нест? — Не, азизам. Ман одитарин инсон. — Ту инсони одӣ не,— ранҷидахотир гуфт Хӯса,— балки фиребгари ғайриоддие ҳастӣ. — Худи худаш,— тасдиқ кард одамак дастонашро ба ҳам молида-молида ва чунин намуд, ки аз шунидан ин сухан сахт ба завқ омадааст,— Ман фиребгари ғайриоддиям. — Охир, ин даҳшат аст,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ.— Пас ман ҳеҷ гоҳ соҳиби дил намешавам? — Ман бе ҷасорат мемонам? — ғамгин шуд Шер. — Ва ман бе мағз,— афзуд Хӯса ашки чашмонашро бо остин пок карда. — Дӯстони азиз,— ба онҳо рӯ овард Оз,— Хоҳиш дорам, дар бораи чизҳои майда-чуйда наандешида, беҳтараш фикри маро кунед: Дар сурати фош шудани ин сир медонед, ки чӣ сарнавишти фоҷиаангезе маро интизор аст.


142 — Наход касе ин ҷо чунин дурӯғгӯй буданатро надонад? — пурсид Доротӣ. — Ҳеҷ кас, ғайр аз ҳар чори шумо. Ва боз худам,— илова кард Оз.— Ман ҳамаро солҳои дароз мефиребидам ва гумон доштам, ки касе розамро ифшо карда наметавонад. Беҳуда шуморо аз аввал ба боргоҳ иҷозати вуруд додам. Ман ҳатто хидматгузоронамро ба ин ҷо роҳ намедиҳам ва онҳо қатъиян бовар доранд, ки бадқаҳртару даҳшатноктар аз ман касе нест. — Ман як чизро фаҳмида наметавонам,— ҳайратзада пурсид Доротӣ,— Ту чӣ гуна дар пеши ман шакли каллаи гӯёро гирифтӣ? — Ин яке аз найрангҳои ман аст.— гуфт Оз.— Бо ман биёед ва худатон ҳозир ҳамаашро мебинед. Вай ба сӯйи даричае, ки дар интиҳои тахтгоҳ буд, рафт ва дигарон ҳам дунболаш аз он ворид шуданд. Оз гӯшаеро нишон дод, ки он ҷо каллаи калони аз якчанд лоя коғаз сохташуда мехобид. — Ман онро бо ресмон ба сақф меовезам,— иқрор кард Оз,— худам паси поровон ресмонҳоро кашида меистам, то чашмон давр зананду даҳон кушода шавад… — Овоз чӣ? — пурсид Доротӣ — Ман тақлидгари овозам,— фаҳмонд одамак.— Метавонам садои худро аз ҳар ҷое, ки хоҳам, барорам. Бинобар ин ба шумо чунин намуд, ки овоз аз Калла мебарояд. Ва боз, ана, чизҳои дигаре, ки аз


143 онҳо барои шуморо фирефтан истифода намудам.— Инро гуфту Оз ба Хӯса пероҳан ва ниқоберо нишон дод, ки онҳоро пӯшида, нақши Нозанинро иҷро карда буд. Ҳезумшикани оҳанӣ дид, ки Даранда чизе ҷуз пӯсти бисёри ба ҳам дӯхташуда нест. Кураи оташро ҳам ҷодугари қаллоб ба шифт овезон мекардааст. Дар асл вай аз пахта сохта шуда, ҳангоме ки рӯйи он равған мерехтаанд, шуълааш чашмро мегирифтааст. — Бояд аз ин ҳама дурӯғгӯият шарм дорӣ,— қаҳролуд гуфт Хӯса. — Бароям хеле ва хеле шармовар аст,— ӯро бовар кунондан хост одамак.— Аммо илоҷи дигаре надоштам. Бинишинед, ин ҷо курсӣ зиёд аст ва ман бароятон қиссаи худро нақл мекунам. Ҳама нишастанд ва донишманди фиребгар ба сухан даромад: — Ман дар Омах таваллуд шудаам… — Эҳа, вай аз Канзас он қадар дур нест-ку! — хитоб кард Доротӣ. — Дуруст, аммо аз ин ҷо дур,— ҷавоб дод Оз бо таассуф сар ҷунбонда.— Вақте ба воя расидам, муқаллиди овоз шудам. Бояд бигӯям, ки устоди моҳире ин ҳунарро ба ман омӯхт. Ба ҳама гуна ҳайвон ё паранда тақлид карда метавонам.— Дар ин ҷойи нақлаш вай чунон моҳирона мияв-мияв кард, ки Тоточа гӯшҳояшро сих карда, ба ҳар сӯ чашм давонду ба ҷустуҷӯйи гурба


144 афтод. Оз табассум дар лаб суханашроро давом дод: — Баъди чанд муддат ин кор ба дилам зад ва ман сиркбозҳавонавард шудам. — Ии чӣ коре аст? — пурсид Доротӣ. — Сиркбоз-ҳавонавард шахсест, ки рӯзҳои ид ё бозор бо пуфак ба ҳаво мебарояд, то таваҷҷуҳи тӯдаи даҳанялаҳоро ҷалб карда, маҷбур кунад билети сирк бихаранд. — Ҳа! — фаҳмид Доротӣ.— Медонам. — Боре рӯйи пуфак нишаставу боло мерафтам, ки ресмонҳо канда шуданд ва ман дигар фуромада натавонистам. Пуфак аз абрҳо ҳам баландтар баромад, баъдтар ҷараёни тези ҳаво онро дошта, ба дуриҳои дур бурд. Саёҳатам як рӯзу як шаб тӯл кашид. Вақте рӯзи дуюм бедор шудам, дидам ки дар болои як мамлакати зебову ношинос паврвоз мекунам. Баъд пуфак оҳиста-оҳиста ба замин паст шудан гирифт, ахиран фуруд омад. Ман заррае лат нахӯрдам, аммо дар атрофи ман издиҳоми одамони аҷоиб ғун шуданд. Ба гумонашон, чун ман аз осмон фуруд омадам, пас сеҳргару донишманди бузурге ҳастам. Табиист, ки ман ихлосашонро аз худам нагардондам, чунки онҳо сахт ба ҳарос афтидаву омода буданд бе ҳеҷ чуну чаро аз ман итоат кунанд. Барои дилхушии худ ва барои ин одамҳои ситорагармро ба коре андармон сохтан фармудам, ки шаҳр


145 бисозанд. Онҳо бо рағбати том ва баҳсмабаҳс кор мекарданд. Азбаски ин кишвар сарсабзу зебо буд, қарор додам, ки онро Зумуррадгун ном ниҳам. Ва барои он ки номи шаҳр хуб дар хотирҳо монад, ба сокинон фармудам, то айнаки сабз ба чашм бикунанд: ҳамин тавр онҳо ҳама чизро ба ранги сабз медиданд. — Магар ин ҷо ҳама чиз сабз нест? — ҳайрон шуд Доротӣ. — Не, ба мисли ҳамаи дигар шаҳрҳост,— ҷавоб дод Оз.— Аммо айнаки сабз гузоред, он гоҳ албатта, ҳама чиз сабз менамояд. Шаҳри Зумуррадгунро чандин сол пеш сохта будем. Ман ба ин ҷо ҷавон омада будам, акнун пир шудаам. Аммо табааи ман ким-кайҳо боз ба чашм айнаки сабз мегиранд ва бовар доранд, ки шаҳр зумуррадӣ аст. Шаҳр, зимнан, дар ҳақиқат зебост, сангҳои зиёди қимматбаҳо ҳам дорад, металлҳои хушгавҳару ороишоти гуногун низ. Ман ба раиятам ҳамеша муносибати хуб доштаму онҳо низ маро дӯст медоранд. Аммо аз бозе ки ин қаср сохта шуд, ҳеҷ гоҳ аз он берун намебароям ва касеро ҳам қабул намекунам. Беш аз ҳама ман аз пиразанони соҳира метарсидам, чунки баръакси ман, аз уҳдаи ҷодугарӣ мебаромаданд. Онҳо чор нафар буданд ва ҳар кадом мулки худро дошт. Яке маликаи Кишвари Шарқ, дигаре аз Ғарб ва сеюмӣ аз Ҷануб буду чорумӣ дар Шимол ҳукм


146 меронд. Хушбахтона, дар Ҷануб ва Шимол Ҷодугарони меҳрубон сокин шуда буданд ва ман медонистам, ки аз онҳо ба ман бадие намерасад. Аммо Ҷодугарони Ғарбу Шарқ беҳад золиму маккор буданд. Агар онҳо маро сеҳргари пурқудрат намеҳисобиданд, кори ман кайҳо тамом мешуд. Ин ҳама солҳои дароз бо тарсу ҳарос мезистам. Акнун худатон тасаввур кунед, ки вақте фаҳмидам кулбачаи Доротӣ Ҷодугари золими Шарқро пахш кардааст, чӣ қадар хурсанд шудам. Ҳине Доротӣ ба наздам омад, тайёр будам чил ман шолӣ — ваъдаи хушку холӣ бидиҳам, то вай ҷодугари дигарро низ нобуд кунад. Ҳоло ки чунин шуд, ман шармандавор бояд иқрор бикунам, ки аз уҳдаи иҷрои ваъдаҳои додаам намебароям. — Ба фикрам, ту шахси беҳад бад ҳастӣ,— гуфт Доротӣ. — Не, азизам. Ман беҳад инсони хубам, лекин яқин ки ҷодугари бисёр бад. Инаш рӯз барин равшан. — Аз ин мебарояд, ки ту ба ман мағз намедиҳӣ? — пурсид Хӯса. — Чӣ лозим вай ба ту? Ҳар рӯз як чизи нав меомӯзӣ. Бубин, тифли навзод ҳам мағз дорад, аммо магар ӯ баақл аст? Асос — таҷрибаи зиндагист, маҳз он ба инсон дониши ҳақиқӣ мебахшад, аз ин рӯ, ҳар қадаре мо зиёдтар умр бинем, ҳамон қадр оқилтар мешавем.


Click to View FlipBook Version