The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 07:47:54

26. The Wizard of Oz

26. The Wizard of Oz

147 — Шояд чунин бошад,— оҳ кашид Хӯса.— аммо агар ман мағз наёбам, бадбахт хоҳам монд. Ҷодугари қаллоб бодиққат ба ӯ нигарист. — Хайр, чӣ илоҷ,— оҳ кашид вай,— ман, албатта, фолбину сеҳргари хуб нестам, аммо агар фардо саҳар ба наздам дароӣ, ман каллаатро пур аз мағз мекунам. Аммо чӣ гуна аз вай истифода бурданро ёд дода наметавонам, он тарафаш бояд худат кӯшиш кунӣ. — Ташаккур, ташаккур,— хушҳолона фарёд зад Хӯса.— Мағз бошад бас, ту ғам нахӯр, ман тарзи истифодаашро худам меомӯзам. — Дар масъалаи ҷасорати ман чӣ? — хавотиромез пурсид Шер. — Заррае шубҳае надорам, ки ҷасорати ту басу зиёдатист,— гуфт Оз.— Фақат аз худ дилпур буданат даркор. Ҳама махлуқи зинда ҳангоми хатар эҳсоси тарс мекунад. Ҷасорат маҳорати бар тарси худ ғолиб омадан аст. Аммо инро ҳам ту дорӣ. — Дуруст-у…,— гуфт Шер,— аммо ман беҳад дилшикаста мемонам, агар аз ту шуҷоати тарскуш нагирам. — Хуб, пагоҳ соҳиби чунин ҷасорат хоҳӣ шуд,— ҷавоб гуфт Оз. — Дили ман чӣ? — беҷуръатона пурсид Ҳезумшикани оҳанӣ. — Намедонам, намедонам,— гуфт Оз.— Ба фикрам, ту беҳуда чунин сахт дил мехоҳӣ. Намедонӣ, ки


148 аз дасти он аксари одамон дар азобанд. Бовар кун, ту хушбахтӣ, ки дил надорӣ. — Хестӣ, ки хобӣ. Шахсан ман тайёрам, ки ба ҳама мушкилиҳо тоб орам, фақат дилам бошад, шуд. — Хуб,— ҷавоб дод Оз.— Ту ҳам соҳиби дил мешавӣ. Пагоҳ саҳарӣ биё. Ман нақши сеҳргарро дурудароз бозидаам ва розиям боз камтари дигар идома диҳам. — Ман чӣ? — овоз баровард Доротӣ.— Чӣ хел ба хонаамон ба Канзас меравам? — Ин ҷо камтар ақлро кор фармудан лозим,— гуфт мӯсафедак.— Ду-се рӯз барои андешидан вақт деҳ ва ман кӯшиш мекунам, роҳи аз биёбон гузаронидани туро ёбам. Аммо то вақте меҳмонҳои ман ҳастед, аҳли дарбор дар хидмати шумоянд. Ҳама гуфтаатон дар як лаҳза иҷро мешаванд. Дар ивазаш хоҳиши хурдакаке дорам — ба касе ифшо насозед, ки ман сеҳргар не, фиребгарам. Дӯстон ваъда доданд, ки ин сирри даҳшатангезро овоза намекунанд ва баъд бо табъи болида ба ҳуҷраҳои худ баргаштанд. Ҳатто Доротӣ умед дошт, ки Фиребгари бузург — ӯ акнун Озро чунин ном мебурд,— илоҷи ба хона баргаштани ӯро меёбад. Духтарак тайёр буд, ки агар ин тавр шавад, ҳама чизро бубахшад.


149 ҲУНАРИ ҶОДУГАРИИ ФИРЕБГАРИ БУЗУРГ Саҳарӣ Хӯса ба дӯстон гуфт: — Маро табрик кунед. Ба пеши Оз барои гирифтани мағзи сар рафта истодаам. Билохира, бо дигар одамон баробар мешавам. — Ба ман ҳамин хел ҳам маъқул будӣ,— иқрор кард Доротӣ. — Ту духтараки меҳрубонӣ. Аммо фикрҳои олиҷаноби дар майнаи нави ман тавлидшударо бишунавӣ, он вақт чӣ мегуфта бошӣ? Хӯса бо дӯстонаш хурсандона хайрухуш карду аз бетоқатӣ рақскунон ба боргоҳ рафт. Тақ-тақ дарро зад ва Оз садо дод: — Даро. Хӯса дарун даромада, дид, ки мӯсафедак назди тиреза ғарқи андеша нишастааст. — Ман барои мағз омадам,— ёдовар шуд вай. — Ҳа-а, марҳамат, шин,— гуфт Оз.— Мебахшӣ, аммо ман бояд барои мағз пур кардан каллаатро канда гирам. — Марҳамат, марҳамат,— гуфт Хӯса,— ман зид нестам. Ба хотири мағз тайёрам чанд лаҳза бе сар ҳам зиндагӣ бикунам. 16


150 Оз сари Хӯсаро аз танаш ҷудо кард ва хаси онро берун рехт. Баъд ба ҳуҷраи дарун даромада, аз он ҷо бо кандуи сабӯс ва сӯзану сӯзанаки зиёде баргашт. Онҳоро хуб ба ҳам омехта, ба каллаи Хӯса рехт ва боз ками дигар коҳ илова кард, то майна дар ҷойи худ қарор гирад. Баъд сарро дубора ба ҷояш часпонд. — Шумо акнун на фақат бофаҳм, балки тезҳуш ҳам мешавед,— гуфт вай ба Хӯса,— чунки каллаи шумо аз чизҳои тез пур карда шуд. Хӯса аз самими дил ба Оз барои ҷомаи амал пӯшондан ба орзуи асосияш арзи сипос кард ва бо табъи болида, ифтихорманд аз худу аз майнаи нав, назди дӯстон баргашт. Доротӣ кунҷковона ба ӯ нигарист. Каллаи Хӯса аз мағзи зиёд дам карда буд — Худатро чӣ хел ҳис мекунӣ,— пурсид духтарча. — Ҳоло давраи авҷи баақлшавиям аст,— ҷавоб дод вай,— вақте андак ба мағзи нав одат кардам, дигар оқилтар аз манро дар Кишвари Оз ёфтан душвор мешавад. — Ин сӯзану сӯзанакҳо чӣ ҳастанд, ки аз каллаат сих-сих зада берун баромадаанд? — Инҳо далели тезии зеҳнаш,— фаҳмонд Шер. — Акнун ман пеши Оз барои дил меравам,— бо умед гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ. Вай ба тахтгоҳ омада, дарро зад.


151 — Даро,— фарёд кард Оз ва Ҳезумшикани оҳанӣ: — Ман барои грифтани дилам омадам,— гӯён ворид шуд. — Бисёр хуб,— посух дод одамак.— Аммо ба ман лозим мешавад, ки барои дилро дарун гузоштан қафаси синаатро шикоф кунам. Умедворам, аз ин амал дард намекашӣ. — Не, не,— вайро дилпур кард Ҳезумшикан.— Ман чизеро ҳис намекунам. Пас Оз бо асбоби махсус тарафи чапи қафаси синаи Ҳезумшиканро ба шакли чоркунҷа сӯрох кард. Сипас қуттичаро кушоду дили аз шоҳии сурх дӯхташудаеро берун баровард. Он бо аррамайдаҳо пур карда шуда буд. — Зебо аст? — пурсид ӯ. — Хеле! — самимӣ посух дод Ҳезумшикан.— Аммо оё ин дили раҳмгин аст? — Аз ин раҳмгинтараш намешавад,— гуфт Оз ва дилро ба синаи Ҳезумшикан гузошт, сӯрохро маҳкам кард.— Акнун ту соҳиби диле ҳастӣ, ки ҳар кас бо доштани он ифтихор карда метавонад. Бубахш, ки қафаси синаатро дарбеҳ кардам, аммо дигар ягон роҳ барои мондани дил набуд. — Ҳеҷ бадӣ надорад — хушҳолона гуфт Ҳезумшикан.— Ту хеле меҳрубонӣ ва ман ин хубиятро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.


152 — Намеарзад,— хоксорона ҷавоб дод Оз. Ҳезумшикан ба пеши дӯстон баргашт ва онҳо самимона табрикаш гуфтанд. Навбати Шери тарсончак фаро расид. Вай ҳам ба таги дари боргоҳ омада, тақ-тақ зад. — Даро,— ҷавоб дод Оз. — Барои ҷасорат омадам,— ворид шуда, хотиррасон кард Шер. — Бисёр хуб,— гуфт одамак,— ҳозир онро мегирӣ. Оз назди ҷевон рафта, ба нӯги по рост шуд ва аз рафи болоӣ шишаи сабзи мураббаъшаклеро гирифт. Сипас аз он як намуд моеъро ба табақи сабзи тиллоии кандакоришуда рехту ба пеши Шер гузошт. Вай шубҳаомез онро бӯйид. — Бинӯш.— фармуд Оз — Ин чист? — нобоварона пурсид Шер. — Ҷасорат. Аниқтараш, вақте онро менӯшӣ, ба ҷасорат табдил меёбад. Чунки ҷасорат дар ниҳоди кас мешавад. Бе дудилагӣ ва ба як нафас бинӯш. Шер дубора хоҳиш кардани Озро мунтазир наистода, моеи дар табақ бударо дам кашид. — Хуб, худатро чӣ хел ҳис мекунӣ? — фаҳмидан хост Оз. — Ман пур аз шуҷоату ҷасорат шудам — ҷавоб дод Шер ва ба сӯйи дӯстон шитобид, то шодиашро бо ҳам бинанд.


153 Оз, танҳо монда, айёрона табассум кард. Хушҳол буд, ки ба Хӯса, Шер ва Ҳезумшикан хостаҳояшонро дода, аз ҳолати ногувор ба хубӣ баромад. «Чӣ хел баъди ин ман фиребгар нашавам,— меандешид вай танҳо монда.— Охир, худашон касро ба кори номумкине маҷбур месозанд. Хайр, чӣ ҷойи гап, иҷрои хостаҳои Хӯса, Шер ва Ҳезумшикан хеле осон даст дод. Чунки онҳо маро ҳанӯз ҳам қудратманд гумон мекунанд. Вале барои Доротиро ба Канзас баргардондан фақат хаёлпардозӣ ё найранг кам аст. Чӣ гуна ҳал намудани ин масъаларо ҳеҷ ақлам намегирад».


154 ПУФАК Се рӯз Доротӣ аз Оз ҳеҷ пайке дарёфт накард. Гарчанде дӯстонаш шодиву хурсандӣ доштанд, духтарак ин рӯзҳо хеле ҳазину ғамгин буд. Хӯса мегуфт, дар сараш фикрҳои олиҷанобе чарх мезананд, аммо онҳоро гуфта наметавонад, зеро бовар дорад, ки ғайри худаш касе онҳоро намефаҳмад. Ҳезумшикани оҳанӣ нақл мекард, ки вақте дар қаср сайр дорад, дилаш дар қафаси сина тап-тап мезанад ва ӯ аллакай дарк кардааст, ки он ҳатто аз замони одам буданаш меҳрубонтару бамеҳртар шудааст. Шер мегуфт, ки дигар дар рӯйи замин аз касе сари мӯ наметарсад ва омода аст, ки бо майли том бо лашкари одамон ё даҳҳо Калидаси бадхашм биҷангад. Ҳамин тавр, ғайр аз Доротӣ, ки беш аз пеш хоҳиши ба Канзас баргаштан дошт, дигар ҳама ҳамсафарон хурсанд буданд. Рӯзи чорум, хушбахтона, Оз ба қабули духтарча розӣ шуд ва лаҳзае ки ба вай ба остонаи боргоҳ қадам гузошт, гуфт: — Марҳамат. Бинишин, духтарам. Ба фикрам, роҳи аз ин ҷо баромаданатро ёфтам. — Ва ба хона, ба Канзас баргаштанамро ҳам? — бо умед пурсид ӯ. 17


155 — Хайр, ҳанӯз дар масъалаи Канзас чизе ваъда дода наметавонам,— ғур-ғур кард Оз.— Чунки дар куҷо буданашро намедонам. Аммо аз ҳама муҳим убур аз Биёбони марг аст. Инро гузарӣ, он тарафаш, яъне то ба Канзас рафта расидан кори душворе нест. — Хайр, аз биёбон чӣ хел мегузарам? — Ҳозир ҳамаашро мефаҳмонам,— посух дод одамак.— Гап сари он ки ба ин кишвар ман бо пуфак омадам. Кулбачаи туро ҳам ба ин тарафҳо тундбод паронда овард. Аз ин маълум мешавад, ки бозгаштан ҳам танҳо бо роҳи ҳавоӣ мумкин аст. Ман қудрати хезондани тундбодро надорам, аммо хеле зиёд андешидам ва ба фикрам, пуфак сохта метавонам. — Чӣ тавр? — пурсид Доротӣ. — Пуфаки одӣ — фаҳмонд Оз.— Аз шоҳӣ омода шуда, бо гидрогени сабук пур карда мешавад. Дар қасри ман шоҳӣ беҳисоб, бинобар ин, дӯхтанаш кори душвор нест. Аммо аз ягон ҷо гирдоген ёфта намешавад, бе он пуфак намепарад. — Охир, агар пуфак напарад,— ҳайрон монд Доротӣ,— чӣ фоида аз он? — Дуруст,— розӣ шуд Оз.— Вале як роҳи дигар ҳаст,— онро бо ҳавои гарм пур мекунем. Албатта, гидроген беҳтар аст, чунки агар ҳаво хунук шавад, пуфак ба биёбон меафтад ва кори мо тамом.


156 — Мо? — хитоб намуд Доротӣ,— яъне, ту низ бо ман мепарӣ? — Албатта,— гуфт Оз,— фиребгарӣ ба ҷонам задааст. Агар аз қаср бароям, мардум дарҳол мефаҳманд, ки ман ягон хел сеҳргар ё донишманд нестам. Он гоҳ сахт ба қаҳр меоянд, ки ин қадар вақт ҳамаро ба бузбозӣ андохтаам. Барои ҳамин маҷбуран гӯшанишиниро интихоб кардаам ва ин хеле тоқатфарсост. Беҳтараш, бо ту ба Канзас бармегардам ва дубора ба сирк ба кор медароям. — Ман бо мамнуният ҳамроҳи ту меравам,— хушҳол гашт Доротӣ. — Миннатдорам — ҷавоб дод Оз.— Аммо агар дар дӯхтани пуфак ба ман кумак кардан хоҳӣ, метавонем, худи ҳозир аз паси кор шавем. Доротӣ риштаву сӯзан гирифт ва ба дӯхтани пораҳои шоҳӣ сар кард. Дар аввал Оз аз шоҳии рангаш сабзи равшан порае бурида дод, баъд аз шоҳии сабзранги ториктар ва дар охир аз шоҳии сабзи зумуррадӣ. Вай мехост, ки пуфак ҳама тобишҳои ранги сабзро дошта бошад. Баъд аз се рӯз кор ба анҷом расид. Пуфаки онҳо як халтаи калони қариб шашметра шуд. Оз дар охир аз тарафи дарун тунукак карда, ширеш молид, то шоҳӣ ҳаворо сар надиҳад ва аз пурра омода шудани пуфак хабар дод.


157 — Бояд акнун барои худамон нишастгоҳ бисозем,— гуфт Оз ва Навкари мӯйлабсабзро барои овардани сабади калони либосмонӣ фиристод. Сипас онро бо таноб ба пуфак баст. Вақте ҳама чиз тайёр шуд, Оз ба сокинони шаҳри Зумуррадгун эълон кард, ки ба аёдати бародараш меравад, ки дар паси абрҳо зиндагӣ мекунад. Ин хабар дар шаҳр зуд овоза шуд ва издиҳоми калоне гирд омад, то ин рӯйдоди аҷибро бо чашми сар бубинад. Бо амри Ҷодугар пуфакро дар майдони назди қаср гузоштанд. Ҳезумшикани оҳанӣ ҳезуми бисёре тайёр карда буд ва гулхани бузург афрӯхт. Ҳавои гарм рост ба дохили пуфак мерафт ва он дам шудан мегирифт. Дар охир пуфак чунон аз ҳаво пур шуд, ки мегуфтӣ худи ҳозир мекафад. Дигар барои парвоз ҳама чиз тайёр буд. Оз ба сабад даромада бо овози баланд ба ҷамъомадагон гуфт: — Ман ба меҳмонӣ меравам. Дар набудани ман Хӯса фармонравои шумост. Аз амри ӯ сар напечед. То ин вақт пуфак арғамчинеро, ки бо он ба замин баста шуда буд, таранг кашида меистод. Ҳавои гарм назар ба ҳавои хунук сабуктар аст ва он пуфакро ба боло мекашид. — Доротӣ, тезтар! — ҷеғ зад ӯро Оз,— Шитоб кун, пуфак ҳозир мепарад.


158 — Тоточаро аз ҳеҷ куҷо намеёбам,— навмедона фарёд кард духтарак. Вай сагчаи хурдакаки худро партофта рафтан намехост. Қасд кардагӣ барин, Тоточа аз паси гурбае давида, дар байни издиҳом гум шуда буд. Охири охир бо сад азоб Доротӣ сагчаашро ёфт ва зуд онро рӯйи даст гирифту сӯйи пуфак давид. То расидан ба сабад якчанд қадам монда буд. Оз даст дароз кард, то кумак кунад, ки духтарча ҳам барояд. Аммо ҳамин лаҳза арғамчин канда шуду пуфак ба ҳаво хест. Бе Доротӣ! — Баргардед! — фарёд зад духтарак.— Ман ҳам рафтан мехоҳам! — Наметавонам! — ҷавоб дод Оз.— Алвидоъ, Доротӣ! Алвидоъ мардум! — Алвидоъ! — мегуфтанд ҷамъомадагон бодиққат ба ҳар лаҳза баландтар баромадани пуфак нигариста. Дигар онҳо Озро, Ҷодугари шаҳри Зумуррадгунро надиданд. Шояд вай бомуваффақият то ба зодгоҳаш, то худи Омах рафта расид. Аммо сокинони шаҳр ҳамеша бо муҳаббат аз ӯ ёд мекарданд ва мегуфтанд: — Оз ҳамеша дӯсти мо буд. Ӯ барои мо шаҳри зебои Зумуррадгунро сохт ва замоне ки моро тарк кардан хост, Хӯсаи оқилро ба ҷояш ҳукмрон монд.


159 САФАР БА ҶАНУБ Доротӣ аз барбод рафтани орзуи бозгашт ба Канзас талх гирист. Вале баъдтар, вақте дубора ҳама чизро нағзакак фикр кард, ба ин хулоса расид, ки шояд бо пуфак ба сафари пурхатар набаромаданаш хуб шуд. Аммо ба ҳар сурат, ҷудоӣ аз Оз барои вай ва рафиқонаш таассуфовар буд. Ҳезумшикани Оҳанӣ ба назди ӯ даромада гуфт: — Агар аз фироқи шахсе, ки бароям ин хел дили зебо додааст, ғам нахӯрам, кӯрнамакӣ мешавад. Мехоҳам бигирям, вале охир касе бояд ашки маро пок кунад, то занг назанам. Ту ба ман ёрӣ намерасонӣ? — Албатта, бо камоли майл,— гуфт Доротӣ рӯймолчае ба даст гирифта. Ашки чашмони Ҳезумшикани оҳанӣ шашқатор шуд. Доротӣ бо меҳрубонӣ онро пок мекард. Хеле гириста, вай ба духтарча сипос гуфту аз рӯйи эҳтиёт даҳони шишачаи нуқрагиро кушода, ба худ равған молид. Акнун ба шаҳри Зумуррадгун Хӯса ҳукмрон буд ва гарчанде на сеҳргар буду на донишманд, сокинон аз ӯ ифтихор мекарданд. «Дар рӯйи замин дигар ин хел шаҳр нест, ки,— мегуфтанд онҳо,— ҳокимаш одами хасӣ бошад». 18


160 Ва албатта, рост мегуфтанд. Субҳи рӯзи дигар дӯстон барои маслиҳат дар боргоҳ ҷамъ омаданд. Хӯса дар тахти мармарӣ нишаст ва дигарон бо эҳтиром дар канораш истоданд. — Корамон, аслан, бебарор набуд,— гуфт Фармонравои нав.— Қаср ва шаҳри Зумуррадгун акнун ба мо тааллуқ дорад ва ин ҷо худамон шоҳему табъамон вазир. Вақте ба хотир меорам, ки динаяк дар ҷуворизор сари тиргак истода будам ва зоғҳоро метарсондаму имрӯз ҳокими шаҳри зеботарини дунёям, аз бахти баландам меболам. — Ман ҳам аз сарнавиштам розиям,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ,— чунки чизи хостаам, яъне дили навро ба даст овардам. — Ман низ агар аз тақдирам нолам, кӯр мешавам,— чунки акнун дар шуҷоат аз ягон даранда кам нестам,— хоксорона гуфт Шер. — Агар Доротӣ розӣ мешуд, ки дар шаҳри Зумуррадгун монад,— давом дод суханашро Хӯса,— мо ин ҷо хушбахтона мезистем. — Аммо ман ин ҷо мондан намехоҳам,— эътироз кард Доротӣ.— Ба хона, ба Канзас баргаштан мехоҳам. Ба назди амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эм. — Ягон роҳ дорад? — пурсид Ҳезумшикани оҳанӣ.


161 Хӯса ба андеша рафт. Чунон дурудароз фикр кард, ки аз калааш сӯзану сӯзанакҳо сих зада баромаданд. Билохира гуфт: — Чӣ мешавад, ки Маймунҳои болдорро даъват кунему бигӯем, ки Доротиро аз биёбон гузаронанд? — Офарин! Ин чиз ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам наомадаст! — фарёд кард шодон духтарак,— худи ҳозир рафта Кулоҳи тиллоиро меорам. Ӯ базудӣ бо Кулоҳ ба тахтгоҳ баргашт ва суханони сеҳрнокро ба забон овард. Худи ҳамон лаҳза аз равзанаҳо яке паси дигар Маймунҳои болдор парида даромаданд ва ӯро ҳалқа гирифтанд. Сардори онҳо таъзим намуда гуфт: — Ту моро бори дуюм даъват кардӣ. Чӣ мехоҳӣ? — Мехоҳам, ки шумо маро ба Канзас баред,— хоҳиш кард Доротӣ. Аммо калони маймунҳо сар ҷунбонд: — Афсӯс, ки аз дастамон намеояд. Мо дар ин кишвар зиндагӣ мекунем ва марзҳояшро убур карда наметавонем. Ба Канзас то ҳол ягон Маймуни болдор нарафтаву ба фикрам, дар оянда ҳам намеравад. Он ҷойи маймунҳо нест. Мо ҳама хоҳишатро бо мамнуният ба ҷо меорем, аммо барои гузаштан аз биёбон ҳақ надорем. Хуш бимон!


162 Сардори маймунҳо инро гуфта, бори дигар таъзим намуду болҳояшро дуруст кард ва аз равзана ба берун парид. Аз паси вай ҳамҷинсонаш ҳам рафтанд. Доротӣ мехост, ки аз аз алам зор-зор бигиряд — Беҳуда хоҳиши дуюмамро истифода бурдам,— шикоят кард ӯ.— Маймунҳо ба ман кумак карда натавонистанд. — Хеле аламовар,— тасдиқ кард Ҳезумшикани раҳмдил. Хӯса боз ба фикр фурӯ рафт ва каллаи ӯ ин дафъа чунон дам кард, ки Доротӣ тарсид, ки мабодо накафад. — Бояд Навкари ришсабзро ҷеғ занем,— дар охир ба чунин қарор омад Хӯса — ва аз ӯ маслиҳат бипурсем. Навкарро даъват карданд. Вай беҷуръатона ба боргоҳ даромаду пеши дар рост истод. Худашро ноҳинҷор ҳис карда, вазнашро гоҳ ба як пой мепартофту гоҳ ба дигараш. Зеро то ин дам ягон бор ба тахтгоҳ надаромада буд. — Ин духтарак,— гуфт Хӯса ба Навкар,— Биёбони маргро гузаштан мехоҳад. Чӣ маслиҳат медиҳӣ? — Намедонам,— ҷавоб дод Навкар,— Ғайр аз Ози бузург дигар касе аз сокинони ин кишвар ягон вақт он биёбонро нагузаштааст. — Наход касе ба ман кумак карда натавонад? — ғамгинтар шуд Доротӣ. — Шояд Глинда тавонад,— ҷавоб дод Навкар.


163 — Глинда кист? — пурсид Хӯса — Ҷодугари Ҷануб. Ӯ пурқудраттарин сеҳргар ва ҳукмрони Кишвари Кводлингҳост. Ғайр аз ин қасри вай дар наздикии биёбон сохта шудааст. Аҷаб нест, ки илоҷи убури биёбонро низ бидонад. — Глинда ҷодугари меҳрубон аст? — гашта пурсид духтарак. — Кводлингҳо мегӯянд, ки бисёр меҳрубон аст,— гуфт Навкар.— Ман боз шунидаам, ки ӯ зани бениҳоят зебост ва сирри ҳамеша ҷавон монданро медонад. — Чӣ хел ба қасри вай рафтан мумкин? — кунҷковӣ кард Доротӣ. — Рост ба ҷануб бояд рафт,— ҷавоб дод Навкар,— аммо, мегӯянд, мусофиронро дар ин ҷода хатари зиёде интизор аст. Ҷангалҳо пур аз дарандаанд. Боз роҳ аз ҷойҳое мегузарад, ки махлуқҳои аҷоиб зиндагӣ мекунанд ва бегонаҳоро дар заминҳояшон дидан намехоҳанд. Маҳз ба ҳамин сабаб Кводлингҳо ҳам ягон маротиба ба шаҳри Зумуррадгун наомадаанд. Пас аз рафтани Навкар Хӯса гуфт: — Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки Доротӣ бояд ба ҷануб назди Глинда сафар кунаду аз вай ёрӣ пурсад. Роҳ ба он ҷо, ба гуфти Навкар пур аз хатар бошад ҳам, дигар чӣ илоҷ? Агар дар шаҳри Зумуррадгун монад, ҳеҷ гоҳ ба Канзас баргашта наметавонад.


164 — Маълум, ки пас аз андешиданҳои зиёд ба ин хулосаи оқилона расидаӣ,— тахмин кард Ҳезумшикан. — Албатта,— тасдиқ кард Хӯса. — Ман ҳамроҳи Доротӣ меравам,— гуфт Шер.— Аллакай зиндагӣ дар шаҳр кам-кам ба дилам задааст ва мехоҳам, ба ҷангал, ба оғӯши табиат баргардам. Ман охир, ҳайвони ҷангалиам. Ғайр аз ин бояд касе ӯро дар роҳ муҳофизат кунад-ку. — Дуруст,— изҳори мувофиқат кард Ҳезумшикани оҳанӣ,— Табари ман ҳам сахт лозим шуда монданаш мумкин. Ман низ меравам. — Кай ба роҳ мебароем? — пурсид Хӯса. — Ту ҳам бо мо меравӣ? — ҳайрон шуданд ҳама. — Набошад чӣ! Агар Доротӣ намебуд, ман ҳам мағзи сар надоштам. Ӯ маро аз тиргаки майдони ҷуворӣ озод кард ва ҳамроҳаш ба шаҳри Зумуррадгун овард. Аз вай як умр қарздорам, бинобар ин, то замоне ки ба Канзас барнагардад, ҳар куҷо равад, бо ӯ меравам, — Ташаккур! — ҳаяҷонзада хитоб кард Доротӣ.— Шумо беҳад меҳрубонед! Аммо ман ҳарчи тезтар ба роҳ баромадан мехоҳам. — Пагоҳ мебароем,— қарор дод Хӯса,— биёед, зудтар омода шавем. Сафари тӯлоние дар пеш аст.


165 ДАРАХТОНИ ҶАНГАНДА Субҳи рӯзи дигар Доротӣ хидматгордухтари сабзро бӯсидаву бо навкари ришсабз, ки то дарвозаҳои шаҳр гуселашон кард, дастфишорӣ намуда, хайрухуш кард. Вақте ки нигаҳбони дарвозаҳои шаҳр дӯстонро диду пай бурд, ки онҳо боз ба сафар баромаданияд, дар ҳайрат афтод. Чунки ҳеҷ фаҳмида наметавонист — чӣ лозим дидаву дониста ҳар лаҳза сари худро ба бало андохтан. Вале бо калид қулфчаҳои айнакҳоро кушоду онҳоро боз ба қуттиҳо андохт ва ба дӯстон роҳи сафеду барори кор орзу кард. — Акнун ҳокими мо ту,— муроҷиат кард вай ба Хӯса бо эҳтиром,— бинобар ин тезтар баргард. — Дар зудтарин фурсат меоям,— ваъда дод Хӯса,— аммо бояд аввал ба Доротӣ барои баргаштанаш ба Канзас кумак бикунам. Ҳангоми хайрухуш Доротӣ ба нигаҳбони ҳалим гуфт: — Маро дар шаҳри зебои шумо бисёр хуш қабул карданд ва ҳама бо ман меҳрубон буданд. Намедонам чӣ хел ба шумо изҳори миннатдорӣ кунам. — Намеарзад, азизам,— гуфт Посбон,— агар ҳамешагӣ назди мо мемондӣ, бисёр хушҳол мешудем. Аммо азбаски ба Канзас рафтан мехоҳӣ, орзу дорам, 19


166 зудтар ба он ҷо бирасӣ.— Бо ин суханҳо вай дарвозаро боз намуд ва дӯстон худро паси деворҳои шаҳр диданд. Ҳамсафарон ба самти ҷануб роҳ пеш гирифтанд ва офтоб рост ба рӯяшон нур мепошид. Онҳо


167 табъи болида доштанд, хандону хушҳол буданду ҳар лаҳза механдиданд. Доротӣ орзуи ба хона расидан дошту Хӯса ва Ҳезумшикан барои амалӣ гаштани ин орзуи духтарак ба ҳама кор тайёр буданд. Шер аз ҳавои тоза лаззат мебурду шодона дум меҷунбонд. Тоточа хушҳолона аккасзанон ин сӯву он сӯ аз паси шапаракҳо медавид. — Ҳаёти шаҳриёна барои ман набудааст,— раҳораҳ фикр мекард Шер.— Аз бозе ки ҷангалро тарк кардам, хеле лоғар шудам. Аммо мехоҳам зудтар ба ҳайвонҳои дигар нишон бидиҳам, ки чӣ хел ҷасур шудаам. Дӯстон пас нигаристанд, то бо нигоҳ ба шаҳри Зумуррадгун видоъ бигӯянд. Аз ин ҷо танҳо бом ва деворҳои сабзи хонаҳо, инчунин гунбази кушки Оз намудор буд. — Хулосаи гап, Оз ҷодугари он қадар бад набудааст,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ, ки аз ҳис кардани задани дили наваш дар қафаси сина лаззат мебурд. — Вай тавонист ба ман мағз бидиҳад, боз мағзи бисёр хуб,— тасдиқ кард Хӯса. — Агар Оз ҳиссае аз ҷасорати ба ман додаашро худаш мегирифт, ҷасуру шуҷоъ мешуд,— илова кард Шер. Доротӣ хомӯш буд. Оз ваъдаи ба ӯ додаашро иҷро накард, аммо азбаски хеле кӯшида буд, ки кумак


168 расонад, духтарча аз вай гилае надошт. Шояд ӯ, дар ҳақиқат, одами бад набуд, гарчанде маълум шуд, ки ҷодугари хуб ҳам нест. Рӯзи аввал роҳи мусофирон аз чаманистони сарсабз мегузашт. Ин гуна майдонҳои гулпӯш шаҳри Зумуррадгунро аз ҳама тараф давра гирифта буданд. Шаб фаро расиду дӯстон зери осмони кушоди пурситора роҳат ба хоб рафтанд. Субҳ боз ба роҳ афтоданд ва рафтанду рафтанду ба ҷангали анбӯҳе расиданд. Давр зада гузаштани он имкон надошт, то он ҷое, ки чашм медид, ба чапу рост тӯл кашида буд. Аммо мусофирон аз роҳашон баргаштан намехостанд ва барои якдигарро гум накардан роҳи осонтари ба ҷангал даромаданро ҷустуҷӯ карданд. Хӯса, ки пеш-пеш мерафт, дарахти калони сершоху баргеро дид, ки аз зери он гузаштан осонтар менамуд. Аммо, чун ба дарахт наздик омад, шохаҳо паст шуда ӯро печонда гирифтанд ва ҳанӯз ба худ наомада буд, ки қувваи номаълуме бардошта ба ақиб, сӯйи дӯстон ҳавояш дод. Хӯса лат нахӯрд, аммо сахт дар ҳайрат монд. — Ана, он ҷо ҳам байни дарахтон каме равшанӣ менамояд! — гуфт Шер. — Боз як бори дигар таваккал мекунам,— гуфт Хӯса.—Охир, афтодан бароям дардовар нест.— Вай


169 ба тарафи ишоранамудаи Шер рафт, аммо боз шохаҳо ӯро печонида ба ақиб партофтанд. — Ана ҷангалу мана ҷангал! — хитоб кард Доротӣ.— Акнун чӣ кор мекунем? — Ба гумонам, дарахтон зиди мо ҷанг эълон кардаанд,— фаҳмид Шер,— онҳо моро зӯран пас гардонданианд. — Маҷбурам дасту панҷа нарм кунам,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ ва табар сари китф қотеъона ба тарафи дарахте рафт, ки бо Хӯса бадрафторӣ карда буд. Шохаи калоне ба сӯяш хам гашт, аммо Ҳезумшикан онро бо табар чунон сахт зад, ки дуним шуд. Дарахт, гӯё аз дард бошад, як такон хӯрд, аммо дигар монеи даромадани Ҳезумшикан ба ҷангал нашуд. — Аз паси ман! — фарёд кард ӯ ба дӯстон.— Зудтар! Ҳамсафарон ба сӯйи дарахт давида, бе мамониат аз зери шохаҳояш гузаштанд. Фақат Тоточа ба чанги шохчаи хурде афтод ва чунон такондаш, ки сагча ба нолиш даромад. Ҳезумшикан ба ёрӣ шитофта, шохчаро буриду Тоточа наҷот ёфт. Дигар дарахтони ҷангал оромиро пеша гирифтанд ва садди роҳ нашуданд. Дӯстон фаҳмиданд, ки танҳо дарахтони канорӣ чунин рафтори ғайриодӣ доранд,


170 ба мисли пулис, ки одамонро ба ҷойи мамнуъ роҳ намедиҳанд. Ҳамсафарон ҷангалро бидуни ҳеҷ ҳодиса пушти сар карданд. Аммо дар охир онҳоро ҳайратзада карда, аз пешорӯяшон девори баланде баромад, ки зоҳиран аз фағфури сафеди чинӣ буд. Девор аз қадбаландтарини ҳамсафарон ҳам хеле баландтар ва сатҳи он чун табақи чинӣ ҳамвор буд. — Акнун чӣ кор мекунем? — пурсид Доротӣ. — Ман нардбон месозам,— гуфт Ҳезумшикани Оҳанӣ,— бояд аз болои девор гузарем.


171 ДАР КИШВАРИ ФАҒФУРӢ Вақте, ки Ҳезумшикан нардбон месохт, Доротӣ дароз кашиду хобаш бурд, чунки роҳи тӯлонӣ хастааш карда буд. Шер ҳам ҳалқа зада пинак мерафт ва Тоточа дар паҳлӯи онҳо ҷо гирифта буд. Хӯса, кори Ҳезумшикани оҳаниро наззора карда истода, андешаманд гуфт: — Ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки якум, чаро ин деворро ин ҷо бардоштаанд ва дуюм, он аз чӣ сохта шудааст? — Мағзи саратро ором гузору хавотир нашав,— дар ҷавоб гуфт Ҳезумшикан.— Нардбонро сохта тамом кунам, ба он тараф мегузарем ва ҳамааш маълум мешавад. Базудӣ нардбон омода шуд. Намудаш он қадар хуб набуд, аммо Ҳезумшикан бовар дошт, ки мустаҳкам асту вазни ҳар кадоми онҳоро мебардорад. Хӯса Доротӣ, Шер ва Тоточаро бедор карда фаҳмонд, ки нардбон дар ихтиёрашон. Аввал Хӯса боло шуд, вале вай чунон бедаступо буд, ки Доротӣ маҷбур аз пасаш ба нардбон баромада, ӯро дошта истод, то наафтад. Вақте Хӯса ба ҳадде боло рафт, ки бубинад он тарафи девор чӣ гуна аст, хитоб кард: — Ӯҳ-ҳу! — Баро, баро! — аз поён дод зад Доротӣ. 20


172 Хӯса болотар баромад ва ба сари девор расида, болои он нишаст. Ин вақт каллаи Доротӣ ҳам аз девор баланд шуд ва ӯ низ чун Хӯса фарёд зад: — Ӯҳ-ҳу! Тоточаа ҳам ба он тараф нигариста аккас задан гирифт, вале Доротӣ фармуд, ки ором шавад. Баъд Шер ва Ҳезумшикани оҳанӣ ҳам ба болои девор баромада чунин нидо карданд: — Ина бину… Билохира, ҳама канори ҳам болои девор нишастанд ва ба манзараи шигифтангезе, ки пеши чашмашон кушода шуда буд, хира шуданд. Пешорӯйи онҳо водии ҳамвору сафеде, намудор буд, ки худи рӯйи табақи калони чинӣ барин буд. Ин ҷову он ҷо хонаҳои аз фағфури холис ва бо рангҳои гуногнун орододашуда истода буданд. Хонаҳо хурдакак буданд, калонтаринаш то миёни Доротӣ мерасид. Назди хонаҳо анборчаҳои фағфурӣ буданду гирдашон аз фағфур шиғ дошт. Рамаи гӯсфандону говҳои фағфурӣ оромона дар марғзори фағфурӣ мечариданд. Аспҳо, мурғҳо ва хукҳо низ аз фағфур буданд. Аммо аҷоибтарин мавҷудоти ин кишвари ғариб боз ҳам одамонаш буданд. Дӯстон чӯпонҳову говдӯшҳо, шоҳдухтаракҳои либоси зебову фохир ба танро диданд. Подабонҳоеро диданд, ки шалворҳои рах-рахи то зону пӯшидаанд, рахҳо гуногунранг — гулобӣ, нилобӣ ва зард буду кафшчаҳояшон бандакҳои тиллогун дошт.


173 Шоҳонро диданд бо камзӯлҳои атласӣ ва ридои аз пӯсти қоқум ва тоҷҳои тиллоии бо сангҳои қимматбаҳо ородода. Масхарабозони рӯйсурхакро диданд, ки ба сар кулоҳҳои дарози нӯгтез доштанд. Одамону либосҳояшон ҳам, ба назар чунин мерасид, ки аз фағфур буданд. Сокинони Кишвари фағфурӣ майдаяк буданд — қадашон то зонуи Доротӣ мерасид. Аввал касе ба мусофирон эътибор надод. Танҳо як сагчаи майдаяки бунафшранги каллакалонак ба девор наздик шуда, бо овози борик аккос зад ва гурехт. — Аз девор чӣ хел мефуромада бошем? — ҳайрон пурсид Доротӣ. Нардбони сохтаи Ҳезумшикани оҳанӣ чунон вазнин буд, ки онро боло кашида натавонистанд. Сипас аввал Хӯса ба поён ҷаҳид, баъд дигарон худро ба рӯйи ӯ партофтанд, то ин ки ба рӯйи сатҳи сафеду сахт афтода лат нахӯранд. Албатта, ҳар кадом кӯшиданд, ки ба болои каллаи Хӯса, ки пур аз сӯзану сӯзанак буд, наафтанд. Вақте ҳама саломат ба замин фуромаданд, Хӯсаи танаш пачақшударо мисли болиш бардошта таконданду ба шакли пешина оварданд. — Аз ин кишвари муъҷизавӣ убур карданамон лозим,— гуфт Доротӣ,— аз роҳамон пас намегардем. Онҳо аз миёни Кишвари фағфурӣ мегузаштанд ва аввалин касе, ки аз пешашон баромад, говҷӯши фағфурӣ буд, ки гови фағфуриеро медӯшид. Вақте онҳо наздик омаданд, гов ногаҳон бо пояш шатта заду


174 курсича, сатилча ва говҷӯш рӯйи фарши фағфурӣ афтоданд. Доротӣ бо тарс дид, ки пойи гов шикаст, сатил майда-майда шуд ва оринҷи чапи говҷӯши бечораяк торс кафид. — Нигоҳ кунед, ки шумо чӣ кор кардед! — бо қаҳр гуфт ба онҳо духтарак.— Говам пояшро шикаст ва ман бояд бечораякро ба устохона барам, то ӯро дуруст кунанд. Чаро шумо дар ин ҷойҳо гаштугузор намуда, говҳоро метарсонед? — Бубахш,— шарм дошт Доротӣ,— аз мо наранҷ, хоҳиш мекунам. Аммо духтараки фағфурӣ чунон ранҷидахотир буд, ки ҳатто ба узрхоҳии онҳо аҳамият надод. Вай норозиёна пойи говро аз фарш бардошта, ҳайвонро, ки акнун бо се пой калавида-калавида роҳ мерафт, пеш-пеш карда бурд. Духтарак оринҷи латхӯрдаашро ба паҳлӯяш зер карда, роҳравон ҳар дам ба ақиб баргашта ба онҳо қаҳролуд менигарист. Ин ҳодиса Доротиро хеле ғамгин сохту Ҳезумшикан ҳам озурдахотир шуд. — Мо бояд ин ҷо хеле эҳтиёткор бошем,— гуфт вай,— вагарна ин ҳама мардуми ситорагарми фағфуриро шикастанамон мумкин. Каме баъдтар онҳо шоҳдухтари хушлибосеро вохӯрданд. Вай мусофиронро дида, аввал дар ҷояш шах шуду баъд гурехта халос шудан хост. Доротӣ ӯро


175 хубтар тамошо кардан мехост ва барои ҳамин аз пасаш тохт, аммо ин мавҷуди фағфурӣ бо тамоми қувват дод зад: — Лозим нест! Лозим нест! Овози ӯ чунон тарсолуд буд, ки Доротӣ бозистод ва пурсид: — Барои чӣ аз ман ин қадар тарсидӣ? Шоҳдухтар ками дигар пеш давиду дуртар рафт ва нафас рост карда гуфт: — Чунки ҳангоми давидан ғеҷида афтидан ва шикастанам мумкин аст. — Магар туро тармим карда намешавад? — Мешавад, албатта, аммо баъди тармим ман дигар чунин зебояк буда наметавонам,— фаҳмонд шоҳдухтар. — Инаш дуруст,— розӣ шуд Доротӣ. — Ана, ҷаноби Ҷокер, яке аз масхарабозони мо омада истодааст,— гуфт шоҳдухтар.— Дунёро об барад ҳам, парво надорад, фақат ба вай ба сар рост истодан бошад, шуд. Чунон бисёр афтодаву шикакстааст, ки шояд ҳоло аз ҳазорон пораҳои пайвандшуда иборат бошад. Ӯро хушрӯяк гуфта намешавад, боз худатон бинеду хулоса бароред. Дар ҳақиқат, ба онҳо масхарабози майдаяки шӯхе бо либоси ҳарранга наздик мешуд ва Доротӣ дид, ки ҳама ҷойи танаш коч хӯрдаву пури мӯяк. Ин нишони он буд, ки вайро борҳо пайванду ширеш кардаанд.


176 Масхарабоз гунаҳояшро дам кардаву дастонашро ба ҷайб андохта, ба тарафи Доротӣ сар ҷунбонду шӯхиомез суруд хонд: Чаро нигоҳ мекунӣ, Чунин ба ман, духтарак? Магар ту кирмак хӯрдӣ, Баногаҳон камтарак? — Ором шавед! — қатъӣ фармуд шоҳдухтар.— Магар шумо намебинед, ки инҳо меҳмонанд ва бо онҳо бояд бо эҳтиром муносибат кунед. — Ба нишони эҳтиром намоишамонро сар мекунем! — хитоб кард масхарабоз ва ҳамон лаҳза ба сар рост шуд. — Аз ҷаноби Ҷокер наранҷед,— ба ҳамсафарон рӯй овард шоҳдухтар,— пас аз он ҳама афтидану шикастанҳо сараш дигар нағз кор намекунад. Гоҳе рафтораш аблаҳонро мемонад. — Ман аз ӯ намеранҷам,— ҷавоб дод Доротӣ,— вале ту чунон хушрӯякиву ба ман маъқул, ки бо камоли майл мехоҳам ҳамроҳ ба Канзас бараму дар хонаи амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эм рӯйи рафи болои оташдон гузорамат. Розӣ намешавӣ? Туро дар сабадчаам ҷой медиҳам. — Ин маро бисёр нороҳат месозад — иқрор кард шоҳдухтар,— дар кишвари худ мо хушу хурсанд


177 зиндагӣ дорем ва ҳар қадаре диламон хоҳад, сайру суҳбат мекунем. Аммо ҳар гоҳе моро аз ин ҷо бибаранд, санг мешавему чун лухтак беҳаракат. Албатта, моро вақте ба рӯйи рафҳову мизҳои меҳмонхонаҳо мечинанд, чизе дигар аз мо талаб ҳам надоранд. Аммо назар ба кишварҳои шумо ин ҷо зистан хеле хуштару беҳтар аст. — Ман ҳеҷ гоҳ туро бадбахт дидан намехоҳам,— гуфт Доротӣ,— хайр, хуш бимон! Дӯстон дигар аз миёни Кишвари фағфурӣ боэҳтиёт қадам мезаданд. Одамакҳо ва ҳайвончаҳои хурдакак кӯшиш мекарданд, ки зери пойи онҳо намонанд. Тахминан баъди як соат мусофирон хубу хуш ин кишварро гузашта, ба назди боз як девори фағфурӣ расиданд. Вай он қадар баланд набуд. Дӯстон ба пушти Шер савор шуданд ва вай аввал ба ҷояш нишасту сипас ҷаҳид. Ба девор расид, аммо ҳини ҷаҳидан думаш ба калисои фағфурӣ расид ва он афтода шикасту пора-пора шуд. — Кори хуб нашуд,— гуфт Доротӣ,— Лекин, хайрият, ки мо ба ин одамон ғайр аз пойи шикастаи гову калисои порашуда зарари дигар нарасондем. Ин ҷо ҳама чиз нозуку зудшикан аст. — Ҳақ асту рост,— гуфт Хӯса,— чӣ хушбахтист, ки ман аз хас сохта шудааму маро шикастан номумкин. Маълум мешавад, ки Хӯсаи хасӣ будан он қадар ҳам тақдири сиёҳ набудааст.


178 ШЕР ШОҲИ ҲАЙВОНОТ МЕШАВАД Аз девори фағфурӣ фуромада, мусофирон худро дар ботлоқзоре диданд. Ҳама ҷо алафи баланд рӯйида буд. Алафҳо чунон зич руста буданд, ки байни чуқуриҳову ҷариҳо ёфтани роҳро беҳад душвор мекард. Аммо онҳо бисёр боэҳтиёт қадам мезаданд ва билохир ба замини сахту хушк расиданд. Вале хурсандиашон дер давом накард, чунки аз мавзеи сокиту аз миёни хорбуттаҳо бо азобе гузашта, боз ба ҷангалзоре расиданд, ки назар ба бешаҳои пешин анбӯҳтар буд. — Чӣ қадар зебо! — Шер ба атроф назар дӯхта гуфт,— дар умрам аз ин макони зеботареро надидаам! — Барои ман ҷойи тираву дилгир аст,— ғур-ғур кард Хӯса — Не, ин хел нест,— эътироз кард Шер,— Ман розиям, ки умри боқимондаамро ин ҷо гузаронам. Бубин, ин баргҳои рехта чӣ хел нарманд, чӣ гуна ушнаи сабз дар дарахтон овезон аст. Дарандаҳои асил ҳамеша дар орзуи чунин ҷангаланд. — Аҷаб не, ин ҷо пур аз ҳайвонҳои ваҳшӣ бошад,— гуфт Доротӣ. — Бояд чунин бошад,— баҳс накард Шер,— вале ҳоло онҳоро надида истодаам. 21


179 Онҳо аз миёни ҷангал роҳашонро давом доданд ва рафтанду рафтанд, то замоне ки торикӣ фуромаду имкони қадам задан намонд. Шер, Доротӣ ва Тоточа ба хоб рафтанд, Хӯса ва Ҳезумшикани оҳанӣ чун ҳамеша онҳоро посбон буданд. Субҳ дӯстон боз ба роҳ афтиданд. Аммо ҳанӯз дур нарафта, ғиреви бадҳайбатеро шуниданд, ки ғурриши якбораи даҳҳо ҳайвон барин буд. Тоточа оҳиста нолид, аммо ғайри вай дигар касе натарсид. Онҳо аз пайраҳаи поймолшуда ба майсазоре баромаданд ва ҳайвоноти зиёди гуногунро сарчамъ диданд. Он ҷо паланг, фил, хирс, гург, рӯбоҳ ва дигар бошандагони ҷангал гирд омада буданд. Доротӣ дар аввал аз тарс худро гум кард, аммо Шер ба ӯ фаҳмонд, ки ҳайвонот ин ҷо бо сабабе гирдиҳамоӣ кардаанд ва аз садоҳояшон маълум ки нохушие руй додааст. Гапашро ба поён нарасонида буд, ки хайвонхо вайро диданд ва дар майдон хомӯшии эҳтиромомез ҳукмфармо шуд. Сипас яке аз калонтарин палангҳо ба Шер наздик омада, таъзим карду гуфт: — Хуш омадӣ, шоҳи хайвонот! Дар вақташ расидӣ, то душманро мағлуб созиву оромиро дар ҷангал баркарор бикунӣ. — Чӣ воқеа руй додааст? — пурсид Шер. — Ба ҳамаи мо душмани бадҳайбате таҳдид дорад, ки чанде пеш ин ҷо сокин шуд,— нақлро оғоз кард


180 Паланг.— Ин махлуқи баднамуд тортанакест ба бузургӣ чун фил, пойҳояш ғафс ва мустаҳкам чун танаи дарахтон. Ҳашт по дорад. Вай дар ҷангал ин сӯву он сӯ мехазад, қурбонии худро зери чашм мекунад ва онро дошта, пашша барин мехӯрад. То замоне ки ин ҷонвар дар ҷангали мо мезияд, ба ҳамаи мо марг таҳдид мекунад. Ва инак ҷамъ омадем, то роҳи раҳоӣ аз ин балоро дарёбем. Шер лаҳзае ба андеша рафт. — Дар ин ҷангал дигар шерон ҳам ҳастанд? — савол дод баъди лаҳзае. — Не, пеш буданд, аммо тортанак ҳамаашонро якта намонда хӯрд. Рост, ки онҳо чун ту бузургу ҷасур набуданд. — Агар ман душманро нобуд кунам, шумо маро шоҳи ҳайвонот эътироф мекунед? — боз пурсид Шер. — Ҳатман! — ҷавоб дод Паланг ва ҳама ҳайвонҳои ҷамъомада ба як овоз мисли акси садо, сухани вайро такрор карданд: — Ҳатман! — Дар куҷост тортанаки бадвоҳимаи шумо? — пурсид Шер. — Ҳо, ана, он ҷо, дар он булутзор,— гуфт паланг, бо пойи пешаш ба ҳамон тараф ишора карда.


181 — Дӯстони маро муҳофизат кунед,— амр кард Шер,— ман мераваму бо он махлуқ ҳисобатонро баробар мекунам.


182 Вай бо ҳамроҳон хайрухуш карда, мағрурона ба сӯйи душман рафт. Ҳангоме ки Шер саранҷом тортанакро ёфт, вай дар хоб буд. Чунон бадафт буд, ки Шер аз дидани ӯ биниашро ғунча кард. Паланг рост гуфта буд: пойҳои тортанак дарозу ғафс ва баданашро пашми сиёҳу дурушт пӯшонида буд. Даҳонаш пур аз дандонҳои тезу дароз, аммо каллаи калон ба бадани бузургаш бо гардани чун миёни мӯрча борик пайваст шуда буд. Шер дарҳол фаҳмид, ки ҳамин аст ҷойи нозуки вай. Боз дарк кард, ки интизори бедор шудани душман наистода, беҳтар аст, ки дар хоб буданаш ҳуҷум намояд. Бинобар ин, дурудароз наандешида, ба пушти тортанак ҷаҳид ва бо як зарбаи чанголи пурқувваташ каллаи вайро аз танаш ҷудо кард. Пойҳои тортанак лаҳзае патаррос зада ҷунбиданду сипас тани вай хунук шуд ва Шер фаҳмид, ки ғолиб омадааст. Вай ба пеши ҳайвоноти ҷангал, ки нафас дарун кашида, омаданашро интизор буданд, баргашт ва мағрурона хабар дод: — Дар ин ҷангал дигар касе нест, ки аз вай битарсед. Баъди ин ҳайвонҳо Шерро шоҳи худ эълон карданд. Вай ваъда дод, ки ба Доротӣ барои ба Канзас баргаштанаш кумак мекунаду дубора меояд.


183 ДАР КИШВАРИ КВОДЛИНГҲО Чор ҳамсафар сиҳату солим аз ҷангал берун шуданд. Аммо вақте беша пушти сар шуд, аз пеши рӯ кӯҳи баланде бо доманаи пуршебу фарозу санглох намоён шуд. — Ҳеҷ илоҷ надорем,— гуфт Хӯса,— маҷбурем бо дасту по часпида ба кӯҳ бароем, гарчанде осон нест. Чунин гуфту ба пеш ҳаракат кард ва дигарон вайро думбол гирифтанд. Онҳо ба аввалин харсанги калон наздик шуда буданд, ки ногаҳон ба гӯшашон садои дағале расид. — Ба ақиб! — Кист, ки фарёд мезанад? — пурсид Хӯса. Он гоҳ аз паси санг саре баланд шуд ва боз ҳамон овоз шунида шуд: — Ин кӯҳи мост ва ба ҳеҷ кас иҷозати ба он баромадан намедиҳем. — Вале мо бояд ҳатман аз он гузарем,— гуфт Хӯса,— Мо ба кишвари Кводлингҳо рафта истодаем. — Ҳеҷ мумкин нест,— эътироз кард садо ва аз паси харсанг одаме пайдо шуд, ки шаклу намуди аҷоибе дошт. Ӯ ғалчаи каллакалон ва фарқи сараш пачақу гарданаш ғафси пурожанг буд ва умуман даст надошт. Хӯса 22


184 ба вай назар афканда, аз фикр гузаронд, ки ин одамаки бедаст дар гумон аст садди роҳашон шуда тавонад. Бинобар ин гуфт: — Мутаассифона, гапи шуморо гирифта наметавонем. Ба шумо маъқул ҳаст ё не, мо бояд аз кӯҳатон гузарем,— ва нотарсона пеш рафт. Ногаҳон гардани он одамак ёзида, вай бо фарқи сари паҷақаш ба шиками Хӯса чунон зад, ки аз ин зарба кулӯла шуда аз кӯҳ ғелида рафт. Баъди ин гардан дубора кӯтоҳ шуд ва одамак бо овози хирросӣ хандид: — Ин чандон кори осон нест, ки шумо гумон кардед! Овози вайро гулдурроси ханда пахш кард ва қади кӯҳ садҳо рафиқонаш пайдо шуданд, ки то ин лаҳза паси сангу харсангҳо пинҳон буданд. Ин ханда, ки аз нобарории Хӯса сар зада буд, Шерро сахт ба хашм овард. Бо наъраи баланде, ки дар атрофу акноф танин андохт, вай аз нишебӣ ба шаст ба боло давид. Аммо ин бор ҳам гардан ёзиду калла зарба зад ва дарандаи пурзӯр гӯё гулӯлаи тӯп расида бошадаш, ғелон-ғелон то подомани кӯҳ фуромад. Доротӣ ба пеши Хӯса давида омаду кумак кард, то ба по рост шавад. Баъди лаҳзае ба назди духтарча лангон-лангон Шери хиҷолатзадаву хашмолуд расид ва гуфт:


185 — Бо ин каллаҳои зарбазан ҷангида намешавад, зидди онҳо ҳеҷ силоҳе ҳам надорем. — Пас чӣ кор бояд кард? — Бояд Маймунҳои болдорро ҷеғ занем.— пешниҳод кард Ҳезумшикани оҳанӣ,— як хоҳиши дигарат мондааст-ку! — Бигзор чунин бошад,— розӣ шуд духтарак. Ӯ Кулоҳи тиллоиро пӯшида афсун хонд. Маймунҳо, чун ҳамеша онҳоро зиёд мунтазир нагузошта, пас аз чанд сония дар домани кӯҳ ҷамъ омаданд. — Чӣ хоҳиш дорӣ? — ба Доротӣ таъзим намуда пурсид Сардори онҳо. — Моро аз болои кӯҳ ба Кишвари Кводлингҳо гузаронед,— гуфт духтарак. — Иҷро мешавад,— ҷавоб дод Сардор ва маймунҳои болдор ҳар чаҳор ҷӯра ва Тоточаро бардошта ба ҳаво париданд. Вақте аз болои кӯҳ парвозкунон мегузаштанд, каллаҳои зарбазан сахт ба хашм омаданд, аммо ҳарчанд бо тамоми тавон гарданҳояшонро меёзонданд, ба онҳо расида наметавонистанд. Маймунҳои паррон мусофиронро сиҳату саломат аз он кӯҳ гузаронда, ба кишвари зебои Кводлингҳо расонданд. — Ту моро бори охир даъват кардӣ,— ёдрас кард Сардор,— Хайр, барори кор ҳамеша ҳамроҳат. — Алвидоъ, ташаккур ба шумо,— гуфт Доротӣ.


186 Дар кишвари Кводлингҳо одамон дорандаву хушбахт ба сар мебурданд. Роҳҳои сангфарш аз канори киштзорҳои гандуму ҷуворимакка мегузаштанд, болои дарёчаҳои шӯху тезоб пулҳои мустаҳкам меистоданд, дару девори хонаҳову пулҳо ҳама гулобиранг буданд. Дақиқан ҳамон тавре, ки дар кишвари Мигунҳо ҳама чизу ҳама ҷо ранги зард ва дар кишвари Жевунҳо ранги осмонӣ доштанд. Худи Кводлингҳо ғалчаҳои бақувватак буданд, ба назар дилсӯзу дилсоф менамуданд. Ҳама гулобипӯш буданд ва дар пасманзари майсаи сабз ва гандуми заб-зарди расида хеле зебо ба чашм мерасиданд. Маймунҳои болдор мусофиронро дар пеши хонаи заминдоре фуроварда буданд. Вақте Доротӣ пеши дар омада тақ-тақ кард, онро ба рӯяшон деҳқонзани зебое кушод. Духтарча барои хӯрдан чизе хост ва зани дилсӯз онҳоро бо се навъ пирогу чор намуд кулчаи болаззат зиёфат кард. Ба Тоточа ҳам дар косачае шир дод. — То қасри Глинда роҳ дур аст? — пурсид Доротӣ — Он қадар дур не,— ҷавоб гуфт зан,— рост ба тарафи ҷануб биравед, базудӣ онро мебинед. Ба соҳибхоназани меҳмоннавоз миннатдорӣ баён намуда, ҳамсафарон бо қувваи тоза роҳашонро идома доданд. Онҳо акнун аз канори киштзорҳои обод мерафтанд, дарёчаҳоро тавассути пулакҳои зебо мегузаштанд ва билохира, кӯшки беҳад зебое ба чашмашон


187 расид. Дар нази дарвозаҳои он се нафар духтараки зебо, ки дар тан либоси гулобиранги зардӯзӣ доштанд, навбатдорӣ мекарданд. Чун Доротӣ ба онҳо наздик шуд, якеашон пурсид: — Ба чӣ мақсад ба Кишвари Ҷануб омадед? — Омадем, то маликаи шумо — Сеҳргари меҳрубон Глиндаро бубинем,— ҷавоб дод духтарча,— Шумо моро ба назди ӯ намебаред? — Бигӯ, чӣ ном дорӣ ва ман аз Глинда мепурсам, ки туро ба ҳузур мепазирад ё на? Мусофирон худро муаррифӣ карданд ва навкардухтар ба қаср даромад. Баъди лаҳзае баргашту хабар овард, ки Доротӣ ва ёронаш аз ҷониби Глинда худи ҳозир пазируфта мешаванд.


188 ГЛИНДА ХОҲИШИ ДОРОТИРО ИҶРО МЕКУНАД Мусофиронро, пеш аз он ки ба қабули Глинда баранд, аввал ба яке аз ҳуҷраҳои қаср дароварданд. Доротӣ дастурӯ шуста, мӯйи сарашро шона зад, Шер гарду чанги ёлашро афшонд, Хӯса бо кафи даст ба танаш тап-тап зада, шаклашро дуруст кард, Ҳезумшикани оҳанӣ баданашро пок карда, ба буғумҳояш равған молид. Худро ба тартиб дароварда, ҳамсафарон аз паси навкар ба толори бузурге ворид шуданд, ки он ҷо дар тахти ёқутӣ Глиндаи сеҳргар менишаст. Ӯ ба назарашон хеле ҷавону бениҳоят зебо намуд. Занҷирмӯй буду дар тан пероҳани сафед дошт ва чашмони осмонирангаш ба меҳмони хурдакак бо меҳр менигаристанд. — Ман бароят чӣ кор карда метавонам, духтаракам? — пурсид Сеҳргар. Доротӣ ба Глинда ҳамаашро аз аввал нақл кард: чӣ хел тундбод кулбачаашро ба Кишвари Оз партофт, чӣ тавр дӯстон пайдо кард ва чӣ гуна воқеаҳои аҷоибу ғароиб ба сарашон омад. — Акнун ман танҳо як орзу дорам,— гуфт Доротӣ,— тезтар ба хонаамон, ба Канзас баргаштан мехоҳам, 23


189 чунки янгаи Эм эҳтимол фикр мекунад, ки ба ман ягон ҳодисаи нохуше рӯй додааст. Дар ин ҳол, ба ӯ лозим меояд либоси мотам ба бар кунад ва агар ҳосили киштзорамон мисли соли гузашта бошад, метарсам, ки амаки Ҳенрӣ барои харидани он пул ёфта наметавонад. Глинда андак хам шуда, аз ҷабини духтарчаи зебову дӯстдоштанӣ бӯсид. — Ҳамеша бахту осоиш ёрат,— гуфт ӯ,— Албатта, ман бароят гуфта метавонам, ки чӣ гуна ба Канзас баргардӣ. Аммо ба ивазаш,— илова кард ӯ,— ту бояд ба ман Кулоҳи тиллоиро ҳадя кунӣ. — Бо камоли майл! — хитобкард Доротӣ.— Охир, аз он ба ман дигар ҳеҷ фоидае намерасад, шумо метавонед се маротиба аз кумаки Маймунҳои болдор истифода баред. — Ман ҳам фикр дорам, ки маҳз се маротиба ёрии онҳо бароям лозим мешавад,— табассум дар лаб ҷавоб дод Глинда. Доротӣ кулоҳи зарринро ба Глинда тақдим кард, вай ба Хӯса нигарист: — Вақте Доротӣ аз пеши мо меравад, ту чӣ кор мекунӣ? — Ба шаҳри Зумуррадгун бармегардам, чунки Оз маро ба ҷойи худаш ҳоким таъин карда буд ва сокинони шаҳр низ маро дӯст доштанд. Фақат намедонам, кӯҳеро, ки каллаҳои зарбазан дорад, чӣ гуна мегузарам.


190 — Ба воситаи кулоҳи тиллоӣ Маймунҳоро ҷеғ мезанам ва онҳо туро то дарвозаҳои шаҳри Зумуррадгун бурда мерасонанд,— гуфт Глинда,— сокинони он мулкро набояд аз чунин ҳокими олиҷаноб маҳрум кард. — Магар ман олиҷанобам? — ҳайрон шуд Хӯса. — Чунин ҳоким то ҳол дар ҳеҷ куҷо набуд,— лабханд зад Глинда. Сипас Глинда ба Ҳезумшикани оҳанӣ рӯй овард: — Ту чӣ? Вақте Доротӣ аз ин кишвар рафт, чӣ кор мекунӣ? Ҳезумшикани оҳанӣ ба табараш такя намуда, каме ба андеша фурӯ рафт. — Маро Мигунҳо писандида буданд ва мехостанд, ки ҳукмфармояшон бошам, охир, маликаашон — Ҷодугари золими Ғарб нобуд шуд-ку. Онҳо ҳам ба ман хеле маъқул шуданд. Агар бори дигар ба Кишвари Ғарб рафта метавонистам, бо хушнудӣ хоҳишашонро қабул мекардам. — Ин ҳам амри дуюми ман ба Маймунҳои болдор хоҳад буд,— гуфт Глинда,— бигзор онҳо туро ба кишвари Мигунҳо расонанд. Хӯса, албатта, мағзи олиҷаноб дорад, аммо ту ҳам ҳокими хубу муваффақе буда метавонӣ, махсусан агар андак аз болои худ кор кунӣ. Шубҳае надорам, ки ту оқилонаву одилона ҳукм меронӣ.


191 Сипас Сеҳргар ба Шери бузург нигаристу аз вай пурсид: — Ҳоли ту чӣ мешавад, чун Доротӣ аз назди мо биравад? — Пушти кӯҳе, ки каллаҳои зарбазан мезиянд,— ҷавоб дод Шер,— ҷангали фарохе доман паҳн кардааст ва ҳайвоноти он маро шоҳи худ интихоб кардаанд. Агар бори дигар ба он ҷо рафта метавонистам, хушбахт мебудам… — Ин амри сеюми ман ба Маймунҳои болдор хоҳад буд,— гуфт Глинда,— шуморо ба он ҷангал расонидан. Баъд, вақте ки дигар нуфузи ман ба кулоҳи тиллоӣ намемонад, онро ба Сардори маймунҳои болдор тақдим мекунам,— бигузор озод бошанду дигар амри бегонаҳоро иҷро накунанд. Хӯса, Ҳезумшикани оҳанӣ ва Шер ба Соҳираи некукор самимона сипос гуфтанд ва Доротӣ ба ӯ гуфт: — Ту чӣ қадаре ки зебоӣ, ҳамон ҳад меҳрубон ҳам ҳастӣ, Аммо ба ман нагуфтӣ, ки чӣ хел ба хона, ба Канзас баргардам. — Аз биёбон туро кафшчаҳои нуқрагиат мегузаронанд,— гуфт Глинда,— агар ту медонистӣ, ки онҳо чӣ хусусиятҳои сеҳрнок доранд, ҳамон рӯзи аввал ба пеши янгаи Эм рафта метавонистӣ. — Аммо дар он сурат ман соҳиби ин мағзи шигифтангез шуда наметавонистам,— фарёд зад


192 Хӯса.— Ва то имрӯз сари тиргак дар киштзори ҷуворӣ меистодам. — Ман ҳам ин дили латифу муҳаббатпарварро намеёфтам,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ.— Чун пештара дар ҷангал меистодам ва занга зада нест мешудам. — Ман ҳамчунон тарсончаки гузаро боқӣ мемондам,— гуфт Шер,— ва ҳайвонҳои ҷангал таҳкирам мекарданд. — Ҳамааш дуруст,— розӣ шуд Доротӣ,— Ва ман шодам, ки ба ҳар наҳве ба дӯстонам кумак карда тавонистам. Акнун, ки онҳо ба орзуҳояшон расиданд ва аз ин баъд ҳар кадом дар кишвари худ ҳукмронӣ хоҳанд кард, метавонам бе ҳеҷ хавотирӣ ба Канзас баргардам. Аммо чӣ гуна метавонам ин корро анҷом бидиҳам? — Кафшчаҳои нуқрагӣ,— фаҳмон Глинда,— хусусияти ҷодуӣ доранд. Аҷибтарин хосияташон ин аст, ки метавонанд инсонро дар се нафас ба нуқтаи дилхоҳи замин бурда расонанд. Чунон зуд, ки ҳатто шахс фурсати се бор мижа задан намеёбад. Барои ин танҳо лозим аст, ки пошнаҳои кафшчаҳоро се бор ба ҳам зада, ба онҳо ҷойи дилхоҳатонро бигӯед. — Ин хел бошад,— шод шуд Доротӣ,— худи ҳозир ба онҳо мегӯям, ки маро ба Канзас бирасонанд. Духтарча Шерро аз гарданаш ба оғӯш кашида бӯсид ва бо меҳрубонӣ сарашро навозиш кард. Баъд Ҳезумшикани оҳаниро бӯсид, ки бо вуҷуди хатари занг


193 задан ашки чашмонашро дошта наметавонист. Сипас Хӯсаи нармакакро ба оғӯш гирифт ва ҳис кард, ки тасаввури ҷудоӣ аз дӯстон чашмони худи ӯро низ ғарқи об кардааст. Глинда аз тахти ёқут фуромад, то ҳангоми видоъ Доротиро бибӯсад. Духтарча ба вай барои меҳрубонӣ ба худу ғамхорӣ ба дӯстонаш изҳори сипос кард. Ва ана, Доротӣ Тоточаро рӯйи даст гирифт, бори охир ба ҳама хайр гуфту баъд се маротиба пошнаҳои кафшчаи нуқрагиро ба ҳам зад ва гуфт: — Маро ба хона, ба назди янгаи Эм бубаред. Ҳамон сония духтарча худро дар ҳаво дид. Бо чунон суръате мерафт, ки ҳуштак кашидани шамолро дар гӯшаш мефаҳмиду халос. Кафшчаҳои нуқрагӣ ӯро дар се нафас ба Канзас расонданд, аммо парвоз чунон ногаҳонӣ поён ёфт, ки Доротӣ ҳанӯз чӣ ҳодиса рух доданашро нафаҳмида, рӯйи сабза ғелида рафт. Саранҷом духтарак дар ҷояш нишасту ба атроф чашм давонд. — Худоё! — ҳамин калима аз даҳонаш баромаду халос. Охир, вай ҳоло дар мобайни дашти калони Канзас, дар назди хонаи наве нишаста, ки амаки Ҳенрӣ онро баъди кулбаи куҳнаро паронда бурдани тундбод сохта буд. Амаки Ҳенрӣ дар тавила гов медӯшид. Тоточа аз


194 рӯйи дастони Доротӣ поён ҷаҳиду бо ак-аки баланд ба он сӯ давида рафт. Доротӣ аз ҷой бархеста дид, ки дар пойҳояш танҳо ҷӯроб дорад. Кафшчаҳои нуқрагӣ ҳангоми парвоз аз пояш баромада ва ба таври ҳамешагӣ гум шудаанд.


195 БОЗ ДАР ХОНА Янгаи Эм аз хона баромада, мехост ба карамҳо об монад. Нохост дид, ки ба пешвозаш Доротӣ давида омада истодааст. — Азизакам! — фарёд зад ӯ духтаракро сахт дар оғӯш гирифтаву бӯсаборон карда.— Аз куҷоҳо омадӣ? — Аз Кишвари Оз,— мағрурона ҷавоб дод Доротӣ,— Ана, Тоточа ҳам. Оҳ, янгаҷон, чӣ қадар шодам, ки боз дар хонаамон ҳастам. Анҷом 24


Мундариҷа 1. ГИРДБОД................................................................... 3 2. ГУФТУГӮ БО ЖЕВУНҲО.......................................... 10 3. ЧӢ ГУНА ДОРОТӢ ХӮСАРО НАҶОТ ДОД? ............. 20 4. РОҲ АЗ МИЁНИ ҶАНГАЛ......................................... 30 5. ОЗОД КАРДАНИ ҲЕЗУМШИКАНИ ОҲАНӢ ............ 37 6. ШЕРИ ТАРСОНЧАК ................................................. 47 7. БАРТАРАФСОЗИИ МОНЕАҲО................................ 55 8. МАЙДОНИ ХАВФНОКИ ЛОЛАХАСАК .................... 63 9. МАЛИКАИ МУШОНИ САҲРОӢ................................ 72 10. ПОСБОНИ ДАРВОЗАҲОИ ШАҲР............................ 79 11. ШАҲРИ ЗУМУРРАДГУНИ ОЗ.................................. 88 12. ДАР ҶУСТУҶӮИ ҶОДУГАРИ ЗОЛИМ......................104 13. РАҲОШАВӢ............................................................120 14. МАЙМУНҲОИ БОЛДОР.......................................... 126 15. БУЗУРГ ВА БАДҚАҲР........................................... 135 16. ҲУНАРИ ҶОДУГАРИИ ФИРЕБГАРИ БУЗУРГ ....... 149 17. ПУФАК................................................................... 154 18. САФАР БА ҶАНУБ ................................................ 159 19. ДАРАХТОНИ ҶАНГАНДА...................................... 165 20. ДАР КИШВАРИ ФАҒФУРӢ ....................................171 21. ШЕР ШОҲИ ҲАЙВОНОТ МЕШАВАД..................... 178 22. ДАР КИШВАРИ КВОДЛИНГҲО ............................. 183 23. ГЛИНДА ХОҲИШИ ДОРОТИРО ИҶРО МЕКУНАД. 188 24. БОЗ ДАР ХОНА ..................................................... 195


Click to View FlipBook Version