47 ШЕРИ ТАРСОНЧАК Ин ҳама вақт роҳи мусофирон аз миёни ҷангалистони фароху анбӯҳ мегузашт. Ҷода пешина барин хиштизардпӯш буд, аммо зери қабати ғафси шохаҳои хушку баргҳои зарди аз дарахтон рехта қариб ба чашм наменамуд. Акнун ҳар лаҳза раҳгум задан имкон дошт. Дар ин қисмати ҷангал парандаҳо низ аҳён-аҳён ба назар мерасиданд. Зеро онҳо низ бешаҳоеро дӯст медоранд, ки офтоб болояш саховатмандона нур мерезад. Гоҳо аз умқи ҷангал ғурришҳои бадхашмона мебаромаданд. Аз ин садоҳои ҳайбатангез дили Доротӣ ба ларза меафтод, чун намедонист чӣ дарандаҳои ваҳшие дар он торикистон ниҳонанд. Тоточа низ гӯё ин ҳолатро хуб фаҳмида буд, ки аз тарс ҳар дам худро ба пойҳои соҳибаш ҷафс гирифта, ҳатто ҷуръати ҷакидан надошт. — Ин ҷангал кай ба охир мерасад? — пурсид духтарча аз Ҳезумшикани оҳанӣ. — Намедонам,— гуфт ӯ.— Ман ҳеҷ гоҳ аз ин роҳ нарафтаам, дар шаҳри Зумуррадгун ҳам набудам. Падарам вақтҳои хурдсолиям боре ба он ҷо рафта буд. Вай нақл мекард, ки роҳ ба шаҳри Зумуррадгун дарозу душвор аст, вале ба наздикиҳои шаҳр расед, манзараҳои зебову дилнишинро мебинед. Дар мавриди 6.
48 хатарҳо гӯем, агар дар дастам равған бошад, ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Хӯса ҳам, ба назарам, аз зумраи тарсончакҳо нест, дар пешонии ту пайи бӯсаи ҷодугари некниҳод метобад. — Тоточа чӣ? — ба ташвиш афтод Доротӣ. — Агар ба вай хатаре таҳдид кунад, мо ҳама зуд ба мададаш мерасем. Ҳанӯз гапашро ба поён нарасонида, аз ҷангал наъраи бадхашмонае шунида шуду ба рӯйи роҳ Шери бузургҷуссае ҷаҳида баромад. Бо як зарбаи панҷаи гиро вай Хӯсаро ба дур, байни буттаҳо паронду баъд Ҳезумшикани оҳаниро зад. Ҳезумшикан аз по афтод, аммо аммо осеб надид. Тоточа душманро дида, аккасзанон ба вай дарафтод. Шер ҳам зуд даҳони калонашро кушода, сагчаи ҷасурро газидан хост. Дар ин лаҳза Доротӣ тарсро фаромӯш карда, ба ҳимояи дӯсти содиқаш бархост. Миёни шер ва Тоточа монда, духтарча ба бинии ҳайвони азимҷусса як мушт фуроварду фарёд зад: — Ҷуръати газидани Тоточаро накун! Шарм намедорӣ, ин қадар калониву ба як сагчаи майдаяк дармеафтӣ?! — Ман ӯро нагазидам,— гунаҳкорона эътироз кард Шер бо панҷа бинии зарбхӯрдаашро молиш дода. — Аммо кӯшиш кардӣ,— ҷавоб дод Доротӣ.— Ту як тарсончакӣ, дигар ҳеҷ.
49 — Гапат рост,— тасдиқ намуд Шер маъюсонаву сарашро хам кард.— Инро аз аввал медонистам. Аммо бо худам ҳеҷ кор карда наметавонам! Чӣ илоҷ? — Ман чӣ донам,— ҷавоб дод Доротӣ. Ку, бигӯ, барои чӣ Хӯсаи бадбахти хасиро задӣ?
50 — Вай аз хасу коҳ аст? — Шер ҳайрон ба Доротӣ нигарист, ки Хӯсаро бардошта, ба по рост мемонду бо кафи дастакон аз чор тарафаш мезад, то андомаш шакли дуруст гирад. — Албатта,— бадқаҳрона ғур-ғур кард Доротӣ. — Ана, барои чӣ вай ин қадар дур парида рафтааст-да! — хитоб кард Шер.— Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро ин хел шуд. Ин дигараш ҳам хасӣ аст? — Не, оҳанӣ,— ҷавоб дод духтарча, ба Ҳезумшикан барои аз ҷой хестан ёрӣ дода истода. — Ҳа, барои ҳамин қариб чанголҳоям шикастанд,— гуфт зери лаб Шер,— ба танаш расида, чунон ғиҷиррос заданд, ки ба баданам мурғак давид. Аммо ана, ин мавҷуди хурдакак чист, ки ту ин қадар дӯсташ медорӣ? — Сагчаи ман аст, номаш Тоточа. — Вай аз коҳ аст ё аз оҳан? — кунҷковӣ кард Шер. — Не, аз гӯшту хун. — Чӣ қадар ҷонвараки аҷоибак! Боз чӣ хел хурдакак! Танҳо тарсуе чун ман метавонад ба ин майдача даст бардорад,— ғамгинона гуфт Шер ва сарашро хам кард. — Ту чаро ин хел тарсончакӣ? — ҳайрон шуда пурсид Доротӣ аз Шер, ки ҷуссаш ба аспе баробар буд. — Ин як муаммои сарбаста,— ҷавоб гардонд вай.— Ҳамин хел таваллуд шудаам. Аҳли ҷангал гумон доранд,
51 ки ман бениҳоят ҷасуру бадхашмам. Охир, ҳарчи нагӯйӣ, шер шоҳи ҳайвонот аст. Диққат додаам, ки ба таври лозим ғурриданам даркору халос, ҳама ба ҳар сӯ мегурезанд. Ҳангоме ки ба одамҳо вомехӯрам, сахт метарсам, лекин худамро шер гирифта, бадқаҳрона наъра мезанам ва онҳо ба пасашон нигоҳ накарда, мегурезанд. Агар фил, паланг ё хирс бо ман ба ҷанг мебаромаданд, дум хода мекардам. То ҳамин ҳад тарсуям ман! Вале ғурришамро шунида, онҳо мекӯшанд тезтар аз сари роҳам дур шаванд. Ва ман ҳам барояшон ин имконро медиҳам. — Охир, ин нодуруст. Шоҳи ҳайвонот набояд тарсончак бошад,— хитоб намуд Хӯса. — Гапат рост,— гуфт Шер бо нӯги дум оби аз дидагонаш шоридаро поккунон.— Ва ин чиз маро сахт рӯҳафтода мегардонад. Ин ҳаёт не, азоб аст! Ҳамин ки хурдтарин хатар пеш ояд, дилам аз қафаси сина ба берун ҷаҳида баромаданӣ мешавад. — Шояд дилат дардманд аст? — тахмин зад Ҳезумкаши оҳанӣ. — Шояд,— сар ҷунбонд Шери тарсончак — Агар чунин бошад,— давом дод Ҳезумшикан,— ту бояд шодӣ кунӣ, зеро ин нишони он аст, ки дил дорӣ. Ман чун бедилам, дилкасал ҳам намешавам. — Агар дил намедоштам, мумкин ин гуна тарсу ҳам набудам,— андешаманд гуфт Шери тарсончак.
52 — Мағзи сар чӣ? Дорӣ? — пурсид Хӯса. — Шояд бошад, агарчи онро ҳеҷ гоҳ надидаам. — Ман ба шаҳри Зумуррадгун, ба нади Ози бузург рафта истодаам, то аз ӯ камтарак мағз пурсам. Чунки дар каллам танҳо коҳ аст,— гуфт Хӯса. — Ман аз ӯ дил хоҳиш мекунам,— ба гап ҳамроҳ шуд Ҳезумшикани оҳанӣ. — Ман мехоҳам, ки Ози бузург ману Тоточаро ба хонаамон, ба Канзас фиристад,— илова кард Доротӣ. — Шумо чӣ фикрҳои аҷибе доред,— рӯҳбаланд шуд Шер.— Оё Оз метавониста бошад ба ман ҳам каме ҷасорат диҳад? — Ба гумонам, ин кор барояш аз мағз додан ба ман мушкилтар набудагист,— ҷавоб гардонд Хӯса. — Ё дил додан ба ман,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ. — Ё фиристодани ман ба Канзас,— илова кард Доротӣ. — Пас, агар шумо зид набошед,— хулоса баровард Шер,— ман ҳам ҳамроҳатон меравам, чунки бо тарс зистан дигар ба дилам задаст. — Аз ҳамроҳ шудани ту хеле шод мешавем,— гуфт Доротӣ.— Ту дарандаҳоро метарсонӣ. Ба фикрам, агар аз ғурриданат ин қадар битарсанд, пас онҳо аз ту дида, тарсончактар будаанд. — Шояд,— гуфт Шер,— аммо, мутаассифона, ин чиз ҳам ба ман ҷасорат бахшида наметавонад. То вақте
53 медонам, ки дар сиришт тарсу ҳастам, дар зиндагӣ бадбахт хоҳам буд. Ин гурӯҳи хурдакак боз ба роҳ афтод. Шер бовиқор дар паҳлуи Доротӣ қадам мезад. Тоточа дар аввал аз пайвастани дӯсти навашон ҳеҷ хурсанд набуд, чунки лаҳзаи қариб аз зарбаи чанголи азими вай ҳалок шудан аз пеши чашмаш ҳеҷ дур намерафт. Аммо батадриҷ ором шуд ва базудӣ Шеру Тоточа дӯстони ҷудонопазир шуданд. Дигар дар ин рӯз ба онҳо ягон воқеаи аҷиб рух надод. Танҳо як бор Ҳезумшикани оҳанӣ саргинғелонакеро зер кард,— вай ба бахти бадаш аз роҳи хиштитиллоӣ хазида мегузашт. Ҳезумшикан, ки ҳамеша мекӯшид ба ҷонзоде зарар нарасонад, аз ин ҳодиса хеле ғамгин шуд. Ҳатто гиря карду ашк ба рӯяш шашқатор ҷорӣ шуд ва ҳамон лаҳза буғумҳои ҷоғаш занг заданд. Вақте Доротӣ бо кадом саволе ба ӯ муроҷиат кард, Ҳезумшикани оҳанӣ ҳатто даҳонашро кушода натавонист. Ин ҳолат ӯро сахт ба тарс андохт ва бо дастонаш ҳар хел ишораҳо кард, аммо духтарча ҳеҷ чизро нафаҳмид. Шер ҳам дар ҳайрат афтода буд. Пеш аз ҳама Хӯса ба асли масъала сарфаҳм рафт. Вай аз сабадчаи Доротӣ шишачаи равғанро бароварду ба буғумҳои Ҳезумшикан молид. Баъди чанде Ҳезумшикани оҳанӣ боз тавони сухан гуфтан пайдо кард.
54 — Ин бароям дарси хуб мешавад,— гуфт вай.— Бояд ҳамеша ба пеши поям нигарам. Агар боз аз беэҳтиётӣ гамбусак ё тортанакеро пахш кунам, он гоҳ боз мегиряму боз ҷоғам занг мезанад ва боз гап зада наметавонам. Баъди ин ҳодиса ӯ роҳ мерафту аз пеши пояш чашм намеканд. Ҳатто мӯрчаи аз роҳ гузаштаистодаро бинад, қадамашро ба эҳтиёт мебардошт. Ҳезумшикани оҳанӣ медонист, ки дил надорад, аз ин рӯ, мекӯшид ба атроф беҳад бадиққат бошад. — Инсонҳо дил доранд,— мегуфт вай,— ва дар ҳама ҳолат метавонанд ба садои қалбашон гӯш бидиҳанду кореро кунанд, ки лозиму мақбул аст. Аммо ман, ки бедилам, маҷбурам доимо ҳушёр бошам. Вақте донишманди бузург Оз бароям дил дод, он гоҳ каме бепарво шудан мумкин.
55 БАРТАРАФСОЗИИ МОНЕАҲО Дигар дар атроф хонаҳо наметофтанд. Бинобар ин мусофирон барои шабгузаронӣ таги дарахти пуршохубарге ҷой гирифтанд. Зери шохаҳои анбӯҳи он худро чун дар хона ҳис мекарданд. Ҳезумшикани оҳанӣ бо табар хеле ҳезум шикаст. Доротӣ алов даргиронд ва дар гирди он зуд гарм шуду дилтангиаш бартараф шуд. Сипас бо Тоточа нони боқимондаро хӯрданд. Хӯрокашон тамом шуд, намедонистанд, ки бо чӣ субҳона мекунанд. — Агар бихоҳӣ,— пешниҳод кард Шер,— ба ҷангал рафта, бароят оҳу шикор мекунам. Агар табъи шумо, одамон, чунон аҷиб бошад, ки гӯшти хомро бад бинед, метавонӣ онро дар алав бипазӣ. Ин субҳонаи хуб мешавад. — Лозим нест! Хоҳиш мекунам, лозим нест! — илтиҷо кард Ҳезумшикани оҳанӣ.— Агар ту оҳуро бикушӣ, ман ончунон гиря мекунам, ки манаҳамро қабати ғафси занг мепӯшонад. Аммо шоҳи ҳайвонот ба дарунтари ҷангал давид ва он ҷо чизе барои хӯроки шоми худ пайдо кард. Лекин аниқ чӣ хӯрд, касе нафаҳмид. Худи Шер ҳам дар ин бора даҳон накушод. Хӯса дарахти чормағзи ғарқи ҳосилеро ёфту сабадчаи Доротиро то лабаш пур кард. 7
56 Духтарак аз заҳмати кашидаи вай миннатдор буд, вале ҳаракатҳои ночаспони ӯро дида, худро аз ханда дошта натавонист. Чормағзҳо майда ва панҷаҳои Хӯса дар дастпӯшакҳои хасӣ чунон ногиро буданд, ки вай назар ба сабадча ба замин бештар чормағз резонд. Бо вуҷуди ин, Хӯса аз кори худ розӣ буд, чунки чормағзчинӣ имкон дод аз оташ ҳарчи дуртар бошад. Вай сахт метарсид, ки нохост шарорачае парида ба вай мерасаду батамом месӯзонадаш. Ба ин сабаб доимо аз алав худро дур мегирифт. Як бор танҳо барои он ба гулхан наздик омад, ки болои Доротии хобидаро бо баргҳои хушк пӯшонад. Зери кӯрпаи барг Доротӣ то субҳ бароҳат ба хоби ноз рафт. Субҳ бедор шуда, дар ҷӯйча дасту рӯй шуст ва онҳо роҳашонро ба сӯйи шаҳри Зумуррадгун идома доданд. Он рӯз рӯзе пур аз воқеаҳои аҷоибу ғароиб буд. Як соат ҳам нагузашта, аз пешорӯяшон ҷари калоне баромад, ки роҳро бурида, то ба умқи ҷангал фуромада мерафт. Он на фақат паҳн, балки чуқур ҳам буд. Вақте ба лаби ҷар расида, ба поён нигаристанд, дар қаъри он сангҳои зиёди тезро диданд. Обкандаҳои ҷар чунон рост буданд, ки фикри ба поён фуромадану аз тарафи дигар боло баромадан дар ин маврид бисёр бемаънӣ буд. Баъзе аз ҳамсафарон фикр карданд, ки тамом, роҳашон ҳамин ҷо ба поён расид.
57 — Чӣ кор мекунем? — ғамгинона гуфт Доротӣ. — Ҳеҷ чиз ба сарам намеояд,— ҷавоб дод Ҳезумшикани оҳанӣ маъюс. Шер ошуфтаҳол ёли жӯлидаашро афшонд. Вай ҳам намедонист чӣ кор кунад. Аммо Хӯса гуфт: — Маълум, ки мо аз ҷар парида намегузарем, чунки бол надорем. Ҳамчунин ба поён фуромадаву аз тарафи дигар гашта баромадан ҳам номумкин. Пас, агар аз болои он ҷаҳида гузаштан ҳам натавонем, ҳамин ҷо мемонему сафарамон тамом. — Умуман, ман як санҷида диданам мумкин,— гуфт Шери тарсончак, масофаро бо чашм андоза гирифта истода. — Ин тавр бошад, ҳамааш хуб,— хурсанд шуд Хӯса,— чунки ту метавонӣ бо навбат ҳар кадоми моро ба он тараф бигузаронӣ. — Мебинам,— гуфт Шер.— Кӣ аввал? — Ман! — гуфт Хӯса,— чунки агар бо як ҷаҳиш ба он тараф нарасӣ, Доротӣ ба сангҳои қаъри ҷар зада, ҳазор пора мешаваду Ҳезумшикани оҳанӣ пачақпачақ. Аммо ба ман ҳеҷ чиз намешавад. Барои ман хатарнок нест. — Худам ҳам аз афтидан метарсам,— иқрор кард Шери тарсончак,— аммо дигар илоҷе нест, бояд як бор санҷид. Ба пуштам баро, меҷаҳем.
58 Хӯса ба пушти Шери тарсончак савор шуд ва ҳайвони азимҷусса ба лаби ҷар омада, нишаст. — Барои чӣ аввал хуб намедавӣ? — пурсид Хӯса. — Чунки шерҳо ин корро намекунанд,— ҷавоб дод тарсончак. Сипас мисли фанари бузурги фишурдае боз шуду ба як ҷаҳиш аз болои ҷар парида гузашт ва дар тарафи дигар бомуваффақият фуруд омад. Ҳама комёб шудани ӯро бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Хӯса ба замин фуромад, Шер баргашта ба тарафи муқобил ҷаҳид. Доротӣ қарор дод, ки навбати ӯст. Тоточаро рӯйи дастон гирифта, ба пушти Шер нишаст ва бо як даст аз ёли жӯлидаи ӯ дошт. Қабл аз ин ки эҳсос кунад монанди як паранда дар ҳаво парвоз дорад, онҳо аллакай дар замин буданд. Шер боз баргашт ва Ҳезумшикани оҳаниро гирифта, бори сеюм ҷаҳид. Пеш аз он ки роҳашонро давом диҳанд, каме истироҳат кардан лозим омад. Зеро ҷаҳиданҳо неруи зиёди Шерро гирифта буданд ва ӯ мисли саги калоне, ки дурудароз аз паси мурғҳо дар рӯйи ҳавлӣ давидааст, забонашро баровардаву вазнин-вазнин нафас мегирифт. Дар ин тараф ҳам ҷангалистонҳои анбӯҳ буданд. Баъд аз он, ки Шер дам гирифт, ҳамроҳон боз ба ҷодаи хиштитиллоӣ баромаданд ва хомӯшу андешаманд роҳашонро давом доданд. Умед мебастанд, ки
59 базудӣ ба поёни ҷангал мерасанду боз офтоби тобонро мебинанд. Чанде рафта буданд, ки аз дохили беша садоҳои аҷиб баромад ва Шер пастакак пичиррос зад, ки дар ин ҷойҳо Калидасҳо зиндагӣ мекунанд. — Онҳо ҳайвонҳои ваҳшиянд? — пурсид Доротӣ. — Бале, ҷонварони бисёр бадҳайбат. Баданашон мисли хирс, каллаашон чун паланг, дандонҳояшон ончунон дарозу тез, ки ҳар кадомаш метавонад маро дар як лаҳза реза-реза кунад. Аз Калидасҳо сахт метарсам. — Туро хуб мефаҳмам,— гуфт Доротӣ.— Ин хирспалангҳо воқеан махлуқоти каснадиду даҳшатовар будаанд! Шер боз чизе гуфтанӣ буд, аммо ин лаҳза онҳо ба ҷари дигаре наздик омаданд. Ҷар ба андозае васеъ буд, ки Шер дарҳол фаҳмид: ин дафъа ҷаҳида гузаштан ҳеҷ имкон надорад. Ҳамроҳон ба маслиҳат нишастанд. Баъди андешаву баҳсҳои тӯлонӣ Хӯса пешниҳод кард: — Бубинед, дар худи лаби ҷар дарахти баланде рӯйидааст. Агар Ҳезумшкан онро тарзе бурад, ки вай ба болои ҷар афтаду то он лаб рафта расад, пул барин мешавад ва мо аз болояш ба тарафи дигар мегузарем. — Пешниҳоди олӣ! — хитоб кард Шер.— Ман аллакай ба ин фикр омада истодаам, ки дар каллаи ту коҳ не, мағзи ҳақиқист.
60 Ҳезумшикан бо азму ҷазм ба кор часпид. Дами табараш беҳад тез буд ва танаи дарахт зуд нимбурида шуд. Шер чанголҳои пеши худро ба дарахт тиргак монд ва бо тамоми қувват тела дод. Танаи дарахт оҳистаоҳиста хам шудан гирифт ва дар охир қарт-қарт овоз бароварду рост ба рӯйи ҷар афтид. Мусофирон акнун аз болои ин пули ғайриоддӣ гузаштанӣ буданд, ки ногаҳон аз пас ғурроси баландеро шуниданд. Баргашта диданд, ки ба тарафашон ба шаст ду махлуқи аҷибе давида истодаанд, ки ҳам ба хирс монанданду ҳам ба паланг. — Ҳаминҳоянд Калидасҳо! — аз тарс ларзида фарёд зад Шер. — Даррав ба он тараф,— амр кард Хӯса. Аввал аз рӯйи пул Доротӣ Тоточа рӯйи дастонаш, баъд Ҳезумшикани оҳанӣ ва Хӯса ҳаракат карданд. Шери тарсончак, гарчанде сахт тарсида буд, рӯ ба сӯйи хирспалангҳо гардонда чунон наърае кашид, ки Доротӣ аз тарс фарёд заду Хӯса ба тахтапушт афтод. Калидасҳо дар ҷояшон шах шуда, бо ҳайрат ба Шер нигаристанд. Аммо чун фаҳмиданд, ки аз Шер бузургҷуссатаранд, ба замми ин, онҳо ду нафаранду вай танҳо, аз нав ба пеш давиданд. Шер аз пул-дарахт гузашту ба ақиб нигарист, то бубинад, ки Калидасҳо чӣ кор карданианд. Дид, ки онҳо низ аз дунболашон ба рӯйи пул
61 баромадаву ин тараф меоянд. Шери Тарсончак бо андӯҳ ба Доротӣ гуфт: — Тамом, ҳамаамон ҳалок шудем! Онҳо моро реза-реза мекунанд. Аммо ту дар паси ман пинҳон шав. То ҷон дорам, бо онҳо меҷангам. — Сабр кунед,— фарёд зад Хӯса. Вай зӯр зада фикр кард, ки чӣ гуна аз ин ҳолат бароянд ва дар охир роҳашро ёфт. Ба Ҳезумшикани оҳанӣ фармуд, то нӯги ба ин лаби ҷар нишастаи дарахтро бурад. Ҳезумшикан бо тамоми қувват ба кор часпид ва ҳангоме ки Калидасҳо ба миёнаи пул расида буданд, он гурсос зада афтид ва ба ҷар ғелида рафт. Ваҳшиҳо ба сангҳои тези қаъри партгоҳ бархӯрда, майда-майда шуданд. — Уф! — оҳи сабук кашид Шер ва нафаси ҷуқур гирифта гуфт: — Боз камтари дигар умрамон боқӣ монда будаст. Аз ин хеле шодам, чунки мурдан ҳеҷ ҷойи хурсандӣ надорад. Ин ҳайвонҳо маро чунон тарсонданд, ки то ҳол дилам меларзад! — Бисёр мехоҳам, ки дили ман ҳам биларзад,— ғамгинона гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ. Баъди ин ҳодиса дили дӯстон бештар аз пештар мехост ҳарчи зудтар аз ҷангал бароянд. Акнун чунон тез роҳ мерафтанд, ки Доротӣ баъди як дам монда шуд ва ба пушти Шер баромад. Ба хурсандии онҳо, ҷангал ҳам оҳиста-оҳиста тунук мешуд. Дар охир ба лаби рӯди
62 калоне расиданд. Аз соҳили дигар ҷойҳои хубу марғуб намоён шуда меистоданд,— майдонҳои сабзи пур аз гулҳои зебо ва қад-қади роҳи хиштитиллоӣ дарахтони мевадори аз серҳосилӣ шохаҳояшон ба замин хам. Мусофирон тезтар ба он тарафи рӯд гузаштан мехостанд. — Аз дарё чӣ хел мегузарем? — пурсид Доротӣ. — Беҳад кори осон,— ҷавоб дод Хӯса.— Ҳезумшикани оҳанӣ амад месозад, ҳамаамон ба он нишаста, рӯдро убур мекунем. Ҳезумшикани оҳанӣ табарашро гирифта, барои амадсозӣ ба буридани дарахтони начандон калон шуруъ кард. Дар ин ҳангом Хӯса дар соҳил дарахти олуе ёфт, ки ғарқи мева буд. Доротӣ аз бозёфти ӯ хеле хушҳол шуд: Ӯ ки рӯзи дароз фақат чормағз хӯрда буд, акнун бо иштиҳо ба даҳон олу меандохт. Агарчи заҳматкаши хастагинопазире чун Ҳезумшикани оҳанӣ ҷиддӣ ба кор камар баста буд, вале барои сохтани амад вақти муайян лозим буд. Аз ин рӯ, шом расиду он пурра тайёр нашуд. Мусофирон барои шабгузаронӣ макони муносиберо зери дарахтон интихоб карданд. Доротӣ шаҳри Зумуррадгун ва Ози бузургро ба хоб дид. Хоб дид, ки Оз розӣ шудааст хоҳишашро иҷро кунаду ӯро ба Канзас баргардонад.
63 МАЙДОНИ ХАВФНОКИ ЛОЛАХАСАК Дамидани субҳ ба мусофирон мадори наву умедҳои тоза бахшид. Доротӣ бо олуву шафтолу, ки Хӯса аз дарахтони лаби дарё чида буд, хуб ношто кард. Ҷангали анбӯҳ паси сар шуду аз пеш кишвари зебову офтобие менамуд ва онҳоро ба идомаи роҳ ба сӯйи шаҳри Зумуррадгун мехонд. Дуруст, ки барои расидан ба он макони дилрабо аввал дарёро бояд убур мекарданд. Амад ҳам барои ба рӯд андохтан тайёр мешуд. Ҳезумшикани оҳанӣ ғӯлаҳоро ба ҳам мустаҳкам баст ва рӯйи онҳо аз об гузаштан имкон дошт. Дар миёнаи заврақи худсохт Доротӣ нишасту Тоточаро сари зонувон гирифт. Вақте Шери тарсончак рӯйи он баромад, амад яклаба шуд, охир, вай ҳайвони азимҷусса буд. Аммо Хӯсаву Ҳезумшикани оҳанӣ даррав ба тарафи дигар гузашта, мувозинатро барқарор сохтанд. Ҳар кадом дар даст яктоӣ хода доштанд, то бо он амадро идора кунанд. Дар аввал бе мушкил шино мекарданд, аммо ҳангоме ки ба мобайни рӯд расиданд, ҷараёни тези об заврақи онҳоро ба равиши худ бурдан гирифт. Ҳар лаҳза аз роҳи хиштитиллоӣ дуртар мешуданд, ба замми ин, дарё чуқуртар мешуду ходачӯбҳо на ҳар дафъа ба таги он мерасиданд. 8
64 — Вазъият безеб,— гуфт Ҳезумшикани оҳанӣ,— агар ҳамин хел рафтан гирад, дарё моро то ба заминҳои Ҷодугари золими Ғарб мебарад. Вай ҷоду карда, ҳамаамонро ғулом месозад. — Ва ман он гаҳ мағзи сар намегирам,— зиқ шуд Хӯса. — Ман бошам, ҷасорат,— гуфт Шери Тарсончак. — Ва ман дил,— оҳ кашид Ҳезумшикани оҳанӣ. — Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба Канзас барнамегардам,— илова кард Доротӣ. — Мо бояд ҳатман ба шаҳри Зумуррадгун бирасем,— хитоб намуд Хӯса ва бо тамоми қувват ходаи дасташро ба таги пурлойи дарё халонд. Ходачӯб ба лой дармонд ва ҳанӯз Хӯса фурсати онро кашида гирифтан наёфта, амадро об дур бурд. Вай дар миёни дарё сари ходачӯб ҳамон хел кашола шуда монд. — Алвидоъ дӯстонам! — хитоб намуд вай аз пушти заврақ дили дӯстонашро сиёҳ карда. Ҳезумшикани оҳанӣ ба гиристан омода буд, аммо дарҳол ба хотираш расид, ки боз занг мезанад. Аз ин рӯ, зуд ашки чашмонашро бо домани куртаи Доротӣ тоза кард. Ҳолати Хӯса дар ҳақиқат безеб буд. «Ҳозир аҳволи ман, назар ба ҳоле, ки қабл аз вохӯрдан бо Доротӣ доштам, хеле бадтар аст,— ғамгинона меандешид ӯ сари ходачӯб.— Он замон байни майдони ҷуворимакка
65 рост меистодаму ба ҳар ҳол чунин вонамуд месохтам, ки кор карда истодаам, зоғонро метарсонам. Аммо аз истодан миёни дарё чӣ фоида? Метарсам, ки дигар ҳеҷ гоҳ соҳиби мағзи сар намешавам». …Заврақро об ба равиши худ мебурду мебурд ва охир тоқати Шери тарсончак тоқ шуда гуфт: — Ягон кор кардан даркор. Биёед, ман ба об ҷаҳида, ба тарафи соҳил шино мекунам, шумо аз думи ман маҳкам гирдеду сар надиҳед. Инро гуфта, Шер худро ба об зад. Ҳезумшикани оҳанӣ аз думи вай дошт. Шер заврақро кашола карда, ба сӯйи соҳил шино кард. Вай калону бақувват бошад ҳам, муқобили маҷрои об рафтан барояш душвор буд. Бо вуҷуди ин, оҳиста-оҳиста заврақ миёнаи дарёро гузашт. Доротӣ ходачӯби Ҳезумшикани оҳаниро гирифта, амадро ба сӯйи соҳил тела медод. Дар ниҳоят онҳо аз об баромаданд, хаставу шалпар. Ба замми ин, дарё онҳоро аз роҳи хиштитиллоӣ хеле поён оварда буд. — Акнун чӣ кор мекунем? — дар ҳоле ки Шер рӯйи алафҳо дароз кашида буду тани худро дар офтоб хушк мекард, парешонҳолона пурсид Ҳезумшикани оҳанӣ. — Бояд ҳатман роҳамонро давом диҳем,— қотеона гуфт Доротӣ. — Аз ҳама беҳтараш, лаб-лаби дарё рафтан. Ин хел раҳгум намезанем,— овоз баровард Шер.
66 Дӯстон хуб дам гирифтанд ва Доротӣ сабадчаашро бардошту онҳо рӯ-рӯйи майсаҳои соҳили рӯд ба боло, ба тарафе, ки ҷодаи хиштитиллоӣ мегузашт, раҳсипор шуданд. Дар атроф гулҳои зебо шукуфону дарахтон ғарқи мева буданд. Офтоби тобон болои сарашон бедареғ шаъшаа меафканд. Танҳо балои ба сари Хӯса омада монеи хушҳолии мусофирон мешуд. Онҳо тез мерафтанд. Доротӣ гули зебоеро диду барои кандани он хам шуд, ки ҳамон лаҳза Ҳезумшикани оҳанӣ фарёд зад: — Ҳу, ана, нигоҳ кунед! Ҳама ба тарафи ишоракардаи вай рӯй оварда, Хӯсаро диданд, ки дар миёни дарё ҳамон хел сари ходачӯб овезон буд. Бечора, хеле бадбахту танҳо менамуд. — Чӣ хел ӯро наҷот бидиҳем? — ба фикр афтод Доротӣ. Аммо ба ин сухани вай Шер ва Ҳезумшикани оҳанӣ чӣ ҷавоб гуфтанашонро надониста, ҳайрон китф дарҳам кашиданду сар такон доданд. Сипас ҳама лаби об нишастанду ғамгинона ба ҳоли зори дӯсташон дида дӯхтанд. Лаклаке аз он ҷо даргузар буд ва мусофиронро диду наздик омад ва ба пешашон шишт. — Шумо кистеду ба куҷо равонаед? — пурсид Лаклак. — Ман Доротӣ,— ҷавоб дод духтарча,— инҳо дӯстонам — Ҳезумшикани оҳанӣ ва Шери тарсончак. Мо ба шаҳри Зумуррадгун рафта истодаем.
67 — Шаҳри Зумуррадгун тамоман дар тарафи дигарку,— Лаклак ҳайратомез ба ин гурӯҳи аҷиб нигарист. — Инро медонам,— гуфт Доротӣ,— вале мо дӯстамон Хӯсаро аз даст додем ва ҳоло дар фикри онем, ки чӣ гуна наҷоташ диҳем. — Вай дар куҷост? — кунҷковӣ намуд Лаклак. — Дар миёни дарё, дар сари ходачӯб. — Агар сабуктар мебуд, парида рафта мегирифтаму ба наздатон меовардам,— ба Хӯса нигариста гуфт Лаклак. — Аммо Хӯса хеле сабукак аст,— фарёд зад Доротӣ.— Охир, вай аз коҳ. Агар ӯро ба назди мо биёрӣ, аз ту хеле миннатдор мешавем. — Хайр, як бор санҷида мебинам,— розӣ шуд Лаклак.— Аммо дониста монед, мабодо вазнин бошад, маҷбур мешавам ӯро ба дарё партоям. Бо ин суханон парандаи калон ба ҳаво баланд шуду ба тарафи Хӯсаи дар ходачӯб овезон парид. Сипас бо минқор аз гардани вай гирифту базудӣ ба соҳиле, ки ҳамсафарон бетоқатона интизор буданд, баргашт. Хӯса худро дар байни дӯстон дида, чунон шод шуд, ки ҳамаро аз як сар бӯсид, ҳатто Шер ва Тоточаро ҳам. Вақте боз ба роҳ баромаданд, Хӯса мерақсиду суруд мехонд: «Лай-лай-ла-ла-лай-лай-лалай!» — Фикр мекардам, ки тамом, дигар дар сари тирчӯб то мурдана овезон меистам,— иқрор кард Хӯса ба
68 ҳамсафарон.— Аммо Лаклаки накӯкор маро аз фалокат наҷот дод. Вақте мағздор шудам, ҳатман туро пайдо карда, мекӯшам, ки ҷавоби некиатро баргардонам. — Хуб, хуб,— гуфт Лаклак,— кирои гап нест. Акнун ман бояд ба назди лаклакчаҳоям биравам. Умедворам, шумо сиҳату саломат ба Шаҳри Зумуррадгун мерасед ва Ози бузург кумакатон мекунад. — Ташаккур,— Доротӣ танҳо ба гуфтани ҳамин калима фурсат ёфта буд, ки лаклак ба ҳаво хесту парида рафт. Роҳи мусофирон акнун аз миёни марғзор буд. Чаҳчаҳи парандаҳои хушнамуду рангорангро гӯш кардаву аз тамошои гулҳои зебо лаззат бурда, шодону хандон қадам мезаданд. Гулҳо лаҳза ба лаҳза зиёд шудан мегирифтанд ва рафта-рафта замини атроф ба як қолини зебои пургул табдил ёфт. Гулҳо калону ҳарранга — сафеду зард, нилгуну бунафшранг буданд, аммо гулҳои сурхи лолахасак аз ҳама бештар менамуданд. — Чӣ қадар зебоянд! — мафтуни гулҳо шудаву бӯйи масткунандаи онҳоро шамида, ба ваҷд омад Доротӣ. — Шояд,— гуфт Хӯса,— Вақте соҳиби мағз шудам, хубтар ба фаҳми зебоӣ мерасидагистам. — Агар дил медоштам, онҳоро бо тамоми вуҷудам нағз медидам,— гапи дӯсташро қувват дод Ҳезумшикани оҳанӣ.
69 — Ман гулҳоро ҳамеша дӯст медорам,— иқрор кард Шер,— аммо чунин гулҳои калону хушрангро бори аввал мебинам.
70 Оҳиста-оҳиста гулҳо гум шуданд ва мусофирон худро дар майдони лолахасак диданд. Маълум, ки вақте гули лолахасак хеле зиёд аст, накҳати онҳо одамону ҳайвонотро хоболуд мекунад ва агар нафари хобидаро сари вақт ба ҷойи дигар набаранд, вай дигар ҳаргиз намехезад. Вале Доротӣ инро намедонист ва то замоне ки пилки чашмонаш вазнин шуданду хобаш омад, ғарқи тамошои гулҳои зебо буд. Аммо Ҳезумшикани оҳанӣ ҳушёр меистод. — Бояд ҳарчи тезтар ба роҳи хиштитиллоӣ бароем,— гуфт вай. Хӯса ҳам ҳамфикр шуд. Онҳо рафтанду рафтанд, то замоне ки пойҳои Доротӣ тамоман бемадор шуданд. Сипас чашмони духтарча баста шуданд ва ӯ рӯйи алафҳо афтиду миёни майдони лолахасак хобаш бурд. — Акнун чӣ бояд кард? — пурсид Ҳезумшикан. — Агар ин ҷо монад, мемирад,— гуфт Шер,— Бӯйи ин гулҳо ҳамаамонро мекушад. Ман ҳам чашмонамро базӯр мекушоям, Тоточаро бинед, аллакай хоб. Дар ҳақиқат, Тоточа пеши пойҳои соҳибаш ҳалқа зада ба хоби ширин рафта буд. Хайрият, ки ба Хӯсаву Ҳезумшикани оҳанӣ накҳати гулҳо таъсир намерасонд. — Ба тамоми қувватат аз ин ҷо гурез,— гуфт Хӯса ба Шер,— то вақте ки гулзор ба поён нарасад, давидан гир. Мо Доротиро як илоҷ карда мебарем, аммо
71 ту хеле вазнинӣ ва агар афтӣ тамом, аз ин майдон кашида бароварданат амри маҳол. Шер хесту бо ҷаҳишҳои калон-калон дартоз шуд ва базудӣ аз назар нопадид гашт. — Биё, дастонамонро аз байни ҳамдигар гузаронда, мисли курсича мекунему Доротиро рӯйи он мешинонем,— пешниҳод кард Хӯса. Ваю Ҳезумшикан Тоточаро рӯйи зонувони Доротӣ хобонданд, баъд онҳоро ба «курсича» шинонда, роҳашонро давом доданд. Мерафтанду мерафтанд, аммо қолини лолагӣ ба назар ҳеҷ тамомшавӣ надошт. Охир ба ҷое расиданд, ки дарё гардиш карда буд. Димоғаро давр зада гузаштанду шерро диданд. Вай миёни лолахасакҳо мадҳуш мехобид. Қариби ба канори майдони лолахасак расидан қувваташ тамом шудааст. Агар андаки дигар мерафт, ба марғзори сабз мебаромад. — Афсӯс! — ҳасрат хӯрд Хӯса,— ба тарсончакияш нигоҳ накарда, Шер дӯсти хубамон буд. Аммо дастамон кӯтоҳу ҳеҷ чорае надорем ва бояд роҳамонро давом бидиҳем. Онҳо Доротиро аз майдони лолахасак дуртар бурда, лаби об хобонданд, то аз насими серун тезтар ба ҳуш биёяд. Худашон ғамгин дар соҳил нишаста, мунтазири хестани духтарча шуданд.
72 МАЛИКАИ МУШОНИ САҲРОӢ — Роҳи хиштитиллоӣ дар ҳамин наздикиҳост,— ба гап даромад Хӯса.— Ин маконҳоро ба ёд дорам. Ана, аз он ҷо ба амад нишаста будем. Ҳезумшикан дар ҷавоби вай чизе гуфтан мехост, ки ҳамин лаҳза ғиреви аҷибе ба гӯшаш расид. Сарашро, ки дар рӯйи буғумҳои равғанмолида бисёр хуб ҳаракат мекард, пас гардониду дид махлуқи ғарибе бо ҷаҳишҳои калон-калон ба онҳо наздик меояд. Маълум шуд гурбаи ваҳшиест ва чизеро таъқиб дорад. Гӯшҳоро ба сар часпонида, даҳонро калон кушодаву дандонҳои чун сӯзан тезашро намоён карда, тез медавид гурба. Чашмонаш хун гирифта буданд. Бо наздик шудани вай Ҳезумшикани оҳанӣ пай бурд, ки муши хурдакакеро таъқиб дорад. Ҳезумшикан дил надошт, аммо ба ҳар сурат, наметавонист ба гурбаи даранда иҷозат диҳад, ки вай ин гуна мавҷуди безарар ва хурдакакеро бикушад. Ӯ табарро боло бардошт ва дар ҳоле ки гурба аз канораш мегузашт, бо як зарбаи чолокона сари табаҳкорро аз тан ҷудо кард. Калла бурида рӯ-рӯйи буттаҳо ғелида рафт. Кушта шудани душманро дида, муши саҳроӣ аз давидан бозмонд ва ба Ҳезумшикан наздик омада, бо овози нозуку борик пичиррос зад: 9.
73 — Ташаккури зиёд, ки маро наҷот додӣ. — Кирои гап намекунад,— гуфт Ҳезумшикан.— Ман чун дил надорам, бадиққат мушоҳида мекунам, ки дар атрофи ман касе озор набинад. Ҳатто агар вай як муши одӣ ҳам бошад. — Муши одӣ?! — бо асабоният хитоб кард ҳамсуҳбаташ.— Ба ту маълум бод, ки ман Маликаи мушҳои саҳроӣ ҳастам. — Бахшиш мепурсам,— гуфт Ҳезумшикан ва ба ӯ сари таъзим фуруд овард. — Ҷони маро раҳонида, ту на танҳо як амали далерона, балки иқдоми муҳими дорои аҳамияти давлатӣ анҷом додӣ,— таъкид кард малика. Ин лаҳза аз куҷое мушҳои зиёд пайдо шуданду онҳоро давра гирифтанд ва маликаи худро солиму безиён ёфта, пич-пич карданд: — Чӣ қадар мо барои Шумо тарсидем, аълоҳазрат! Чӣ хел хуб, ки тавонистед аз дасти он гурбаи ваҳшиву нафратангез халос хӯред,— гуфта, онҳо дар баробари маликаи худ чунон таъзим карданд, ки сарҳояшон ба замин расид. — Гурбаро ин марди аҷиб кушт,— посух гардонд малика ба Ҳезумшикан ишора карда. Шумо бояд ба ӯ итоат кунед ва ҳар чӣ гӯяд, ба иҷро бирасонед. — Ба ҷону дил, ба ҷону дил,— ба як овоз ҷавоб доданд мушҳо ва баъд аз ин ба ҳар тараф титу парешон
74 шуданд. Зеро Тоточа бедор шудаву тӯдаи мушҳоро дида, хурсандонаву аккасзанон худро миёни онҳо зада буд. Таъқиби мушҳо дар хонаашон дар Канзас аз шуғлҳои дӯстдоштаи сагча ба шумор мерафт ва вай намефаҳмид, ки чаро ҳоло бояд ин корро накунад. Аммо Ҳезумшикани оҳанӣ тавонист саривақт ӯро ба даст гирад ва ба ҷониби мушҳо нигариста фарёд зад: — Истед, натарсед. Тоточа ба шумо осеб намерасонад! Инро шунида, маликаи мушон сарашро аз паси хоктӯдае берун кашиду ҳаросон гуфт: — Бовар дорӣ, ки вай моро луқмаи хом намекунад? — Ман намемонам,— ба онҳо итминон бахшид Ҳезумшикан.— Лутфан, нигарон набошед. Яке паси дигар мушҳо назди маликаашон баргаштанд. Тоточа дигар аккас намезад, агарчи кӯшиш дошт худро аз дасти Ҳезумшикан раҳо кунад. Сагча бо тамоми майл ӯро газидан ҳам мехост, аммо медонист, ки вай аз оҳан сохта шудааст ва ин кор ҳеҷ натиҷаи хуб нахоҳад дошт. Саранҷом як муши бузуг садо баланд кард: — Бигӯ, мо чӣ гуна подоши некиеро, ки дар ҳаққи малика кардӣ, ба ту баргардонем? — Коре накардам, подош барои чӣ? — китф дарҳам кашид Ҳезумшикан. Аммо Хӯса, ки тамоми ин
75 муддат ба фикр фурӯ рафта, «вақте дар каллаат мағз неву коҳ аст, чизи хубе ба сарат намеояд” — гӯён ғурғур мекард, ба суҳбати онҳо ҳамроҳ шуд: — Дӯсти мо Шери тарсончакро наҷот диҳед, вай дар майдони лолахасак беҳуш хобидааст. — Шерро?! — хитоб намуд Маликаи мушон — Охир, вай ҳамаи моро мехӯрад-ку! — Хавотир нашавед,— ӯро ором кард Хӯса.— Вай шери тарсончак аст. — Рост? — бовари Малика наомад. — Ҳадди ақал худро чунин мешуморад,— гуфт Хӯса,— Ба ғайр аз ин, вай дар ҳеҷ сурат дӯстони моро озор намедиҳад. Агар барои наҷоташ кумак расонед, бовар мекунонам, ки бо шумо бисёр хуб муносибат мекунад. — Хайр, чӣ илоҷ,— розӣ шуд Маликаи мушон.— Лозим меояд, ки ба суханонатон бовар кунем. Аммо дар ин кор мо чӣ гуна ёрӣ расонида метавонем? — Шумо раияти зиёд доред, хонуми олиҷоҳ? Мушҳоеро дар назар дорам, ки барои иҷрои ҳар амри шумо омода ҳастанд? — Ҳазорон ҳазор,— ҷавоб дод малика. — Пас, ҳамаашон бигзор ин ҷо ҷамъ шаванд ва ҳар кадом бо худ ресмонаке биёваранд. Малика ба сӯйи тобеонаш, ки бодиққат ба суҳбати онҳо гӯш медоданд, нигаристу фармуд ҳарчи зудтар
76 тамоми мушҳоро ин ҷо ҷамъ кунанд. Онҳо зуд аз пайи иҷрои фармон шуданд. — Акнун,— рӯй овард Хӯса ба Ҳезумшикан,— ту бояд ғалтакароба бисозӣ. Ҳезумшикан ҳамон лаҳза ба кор часпид. Аввал дарахтони майдаро буриду танаҳояшонро аз навдаҳову барг тоза карда, онҳоро бо мехчӯб ба ҳам часпонд. Баъд аз танаҳои ғафстар чаҳор чарх сохт. Вай чунон ба завқ ба кор дода шуд, ки вақте мушҳо як-як ҷамъ омадан гирифтанд, ғалтакароба қариб пурра омода буд. Мушҳо аз ҳама тараф расида омаданд. Аз рӯйи ҷусса калону миёнаву хурд буданд ва ҳар кадом дар даҳон ресмонаке дошт. Дар ҳамин лаҳза Доротӣ ҳам аз хоби дурудароз бедор шуд. Чашм кушода, бо ҳайрат дарёфт, ки рӯйи алафҳо хобидаааст ва атрофаш мушҳои бешумор истодаанду ба тааҷҷуби зиёд ба ӯ менигаранд. Аммо Хӯса ба вай зуд вазъияти бамиёномадаро фаҳмонд ва сипас ба Маликаи мушон рӯй оварда, гуфт: — Иҷозат диҳед, ки шуморо бо Доротӣ шинос кунам. Духтарак боодобона бо малика салом кард. Муш ҳам бо таъзим ба саломи вай посух гуфт. Онҳо ба як дидан ба ҳамдигар маъқул шуданд. Дар ин миён, Хӯса ва Ҳезумшикан мушҳоро ба воситаи ресмонакҳои овардаашон ба ғалтакароба
77 бастанд. Як нӯги ресмонро ба гардани мушҳо ва нӯги дигарашро ба ароба гиреҳ мекарданд. Ғалтакароба ҳазорон маротиба аз ҳар муши дар ин ҷо ҳузурдошта калон буд, аммо вақте ҳамаи мушҳо ба он баста шуданд, метавонистанд озодона аробаро кашола кунанд. Хӯса ва Ҳезумшикан ба аробағалтак нишастанд ва мушҳо онро кашида ба ҷое бурданд, ки Шери тарсончак мурда барин мехобид. Шер бисёр вазнин буд, аммо мушҳо илоҷе ёфта, ӯро ба ғалтакароба бор карданд. Сипас Маликаи мушон ба тобеонаш фармон дод, ки ҳарчи зудтар ба роҳи омадаашон пас гарданд. Вай метарсид, ки мабодо бӯйи лолахасак барои мушон низ ҳалокатовар бошад. Мушҳо бешумор буданд, аммо дар аввал натавонистанд ғалаткаробаро бо бораш аз ҷой биҷунбонанд. Хӯса ва Ҳезумшикан инро дида, аз пушт тела доданду ба онҳо ёрӣ расонданд. Бо кӯшиши якҷоя муваффақ шуданд шерро ба марғзори сабз биёранд. Ба ҷое, ки метавонист аз ҳавои тоза нафас бигирад, на аз заҳри лолахасак. Доротӣ ба истиқболи онҳо баромад ва ба мушҳо барои наҷот додани Шер аз марги яқин самимона ибрози сипос кард. Духтарак аллакай ин ҷонвари бузургҷуссаро дӯст дошта буд ва хурсанд буд, ки акнун ҳаёти вай дар хатар нест.
78 Мушҳо пароканда шуданду ба хафолҳои худ шитофтанд. Аз ҳама охир Маликаи мушҳо рафт. Ҳангоми хайрухуш вай ба Доротӣ ҳуштаки хурдакаке доду гуфт: — Агар ягон вақт даркор шуда монем, ба саҳро бароед ва моро садо кунед. Зуд ҳозир мешавем. Ба шумо барор мехоҳам. — То дидор,— ҷавоб доданд мусофирон. Аммо то замоне, ки Маликаи мушон аз назар нопадид нашуд, Доротӣ Тоточаро раҳо накард, то шиноси навашонро натарсонад. Баъд аз ин дӯстон ба гирди Шер ҳалқа заданду интизор монданд, ки кай бедор мешавад. Хӯса барои хӯроки нисфирӯзии Доротӣ боз олуву шафтолу чида овард.
79 ПОСБОНИ ДАРВОЗАҲОИ ШАҲР Онҳо маҷбур шуданд, ки муддати зиёд мунтазир монанд. Шер дар майдони лолахасак бисёр истодаву аз бӯйи заҳрогини гулҳои махмалии сурх хеле нафас гирифта буд. Саранҷом, ба шодии дӯстон, вай чашм кушод ва аз болои ғалтакароба ҷаҳида фуромад. — Ман бо тамоми қувват давидам — гуфт вай, дар ҳоле ки хамёза мекашид,— аммо майдон бисёр васеъ будааст. Чӣ гуна тавонистед маро наҷот диҳед? Ба вай нақл карданд, ки чӣ тавр ба онҳо мушҳои саҳроӣ ёрӣ расонданд. Шер инро шунида, хандид: — Ман ҳамеша худамро як ҷонвари бузургу қавӣ мешуморидам, аммо гулҳои хурдакак қариб маро кушта буданду боз мушҳои майдаҳак маро аз марг наҷот доданд. Ин дунё чӣ хел аҷиб сохта шудааст! Хайр, акнун чӣ кор мекунем, ҷӯраҳо? — Бояд ҳар чӣ зудтар роҳи хиштитиллоиро ёбем, — гуфт Доротӣ,— сипас метавонем сафари худро идома бидиҳем. Базудӣ Шер қуввату мадори худро барқарор кард ва дӯстон дубора рӯ-рӯйи майсаҳои сабз ба роҳ афтоданд. Баъди чанде ба ҷодаи хиштитиллоӣ расиданд ва тавассути он боз ба сӯйи шаҳри Зумуррадгун равон шуданд. 10
80 Акнун роҳ кафи даст барин ҳамвор буду манзараҳои атроф ҳар бинандаро ба ваҷд меоварданд. Бешаҳои анбӯҳ паси сар монданд, бо онҳо хатарҳои даҳшатнок низ. Боз дар ду канори роҳ деворакҳо пайдо шуданд, фақат акнун онҳо сабзранг буданд. Аввалин хоначаи деҳқонии ба чашмашон афтида низ ранги сабз дошт. Як-як аз пешашон одамон ҳам мебаромаданд. Онҳо бодиққат ба мусофирон менигаристанд. Аён буд, ки пурсидан мехоҳанд чӣ касе ҳастанду ба куҷо мераванд. Аммо ҳузури Шери калон онҳоро метарсонд ва ҷуръати наздик шудан намекарданд. Ҳамаи онҳо сабзпӯш буданд ва мисли Жевунҳо кӯлоҳҳои нӯгтез доштанд. — Ба фикрам, мо аллакай ба Кишвари Оз расидем,— тахмин зад Доротӣ — ба зудӣ ба шаҳри Зумуррадгун медароем. — Мумкин,— ибрози мувофиқат кард Хӯса.— Дар Кишвари Жевунҳо ҳама чиз осмонӣ буд, ин ҷо — сабз. Аммо мардуми ин маҳал мисли жевунҳо хушмуомила наменамоянд. Метарсам, ки барои шабгузаронӣ ҷое намеёбем. — Хӯрдани чормағзу меваҳо ба дилам зад. Хӯроки дигар мехоҳам,— иқрор кард Доротӣ — Тоточа ҳам тамоман гурусна аст. Биёед, ба дари хонае, ки ин дафъа аз пешамон мебарояд, рафта, бо соҳибонаш гап мезанем.
81 Ба зудӣ онҳо хонаи бузургеро диданд. Доротӣ нотарсона наздик рафт ва тақ-тақ кард. Дарро зане боз намуду пурсид: — Ба ту чӣ лозим, духтарҷон? Чаро ҳамроҳат Шер? — Мехоҳем, ки шабро дар хонаи шумо гузаронем,— гуфт Доротӣ.— Шер бошад, дӯсти вафодори ман аст ва ба касе зарар намерасонад — Ӯ ромшуда аст? — пурсид зан дарро каме калонтар кушода. — Бале — ҷавоб дод Доротӣ.— Илова бар ин, Шери мо тарсончак аст, вай аз шумо бештар бим дорад, назар ба он ки шумо аз ӯ. — Хайр, майлаш,— раҳми занак омад ва андаки дигар фикр карду боз як бор ба Шер нигариста гуфт: — Агар, дар ҳақиқат, ҳамин хел бошад, марҳамат дароед. Ман ба шумо ғизои шом медиҳам ва ҳамин ҷо шабро рӯз мекунед. Ҳамаи онҳо ба хона даромаданд. Он ҷо ба ҷуз соҳибхоназан се кӯдак ва шавҳари вай буданд. Пойи мард дард мекард ва ӯ дар гӯшае рӯйи кат дароз кашида мехобид. Ҳангоме ки зан дастархон меандохт, шавҳараш аз меҳмонон пурсид: — Ба куҷо рафта истодаед? — Ба шаҳри Зумуррадгун,— ҷавоб дод Доротӣ.— Назди Ози бузург меравем.
82 — Ба ростӣ? — хитоб кард деҳқон.— Оё бовар доред, ки Оз шуморо ба ҳузур мепазирад? — Барои чӣ намепазирад? — ҳайрон шуд Доротӣ. — Аз рӯйи гуфти мардум, вай ҳаргиз касеро қабул намекунад. Ман чандин бор ба шаҳри Зумуррадгун рафтаам ва он ҷо ба ман бисёр маъқул аст. Аммо ягон дафъа Ози бузургро надидаам ва нафареро ҳам намедонам, ки ақаллан як бор бо ӯ вохӯрда бошад. — Вай умуман ба пеши мардум намебарояд? — пурсид Доротӣ. — Ҳеҷ вақт. Рӯзи дароз дар қаср, дар тахтгоҳи худ менишинад ва ҳатто хидматгоронаш ӯро намебинанд. — Вай ба кӣ монанд аст? — кунҷкобӣ кард Доротӣ. — Саволи мушкил,— фикркунон гуфт фермер.— Оз ҷодугари бузург аст ва аз рӯйи овозаҳо, ҳар шаклеро хоҳад, ба худ мегирад. Баъзеҳо мегӯянд, вай ба паранда монанд аст, бархе ӯро ба мисли фил медонанду зумраи дигар чун гурба. Метавонад ба парӣ ҳам мубаддал шаваду ба аҷина ҳам. Хулоса, ӯ осон намудашро дигар мекунад. Аммо ягон кас намедонад, ки Ози воқеӣ чӣ гуна аст. Ҳеҷ кас чеҳраи аслияшро надидааст. — Ҳамаи ин бисёр аҷоиб,— гуфт Доротӣ.— Аммо мо чӣ хеле набошад, бояд ҳатман ӯро бубинем, дар акси ҳол ҳамаи ин роҳи дарози омадаамон беҳуда мешавад.
83 — Барои чӣ мехоҳед Ози ҳавлангезро бубинед? — пурсид мард. — Мехоҳам аз ӯ андак мағзи сар бигирам,— гуфт Хӯса, ки дар садояш умедворие ҳис мешуд. — Барои Оз ин ду карат ду,— онҳоро бовар кунонд деҳқон.— Мегӯянд, ки вай чунон мағзи бисёр дорад, ки намедонад куҷо партоядашон. — Ва ман мехоҳам, ки аз вай дил бигирам,— ба суҳбат ҳамроҳ шуд Ҳезумшикан. — Ин ҳам барои Оз дупула кор. Ӯ барои ҳама гуна завқу салиқа маҷмӯаи бузурги дилҳо дорад. — Ман аз вай шуҷоат ва далерӣ мепурсам,— гуфт Шери тарсончак. — Мегӯянд дар боргоҳи вай рӯйи оташ хуми бузурги пур аз шуҷоат гузошта шудааст ва сарпӯшаки тиллоӣ дорад, то лабрез нашавад. Оз аз додани андак шуҷоат ба ту танҳо хушҳол хоҳад шуд. — Ман аз ӯ мехоҳам, ки маро ба хона, ба Канзас фиристонад,— гуфт Доротӣ. — Канзас дар куҷост? — ҳайрон пурсид мард. — Намедонам,— ҷавоб дод духтарак,— аммо хонаи ман онҷост ва бовар дорам, ки Канзас дар ягон ҷо ҳатман ҳаст. — Шояд Ози бузург ҳама корро анҷом дода тавонад. Албатта, мумкин Канзаси туро ҳам пайдо кунад. Танҳо ба қабули вай расидан лозим. Аммо ин кори
84 осон нест. Ҷодугари бузург меҳмонони нохондаро дӯст намедорад ва гапи ӯ қонун аст.— Инро гуфта мард ба Тоточа рӯй овард — Ту аз вай чӣ мехоҳӣ? Аммо сагча чизе нагуфт, фақат дум ликонд. Соҳибхоназан ҳамаро ба хӯроки шом даъват кард. Меҳмонҳо паси миз нишастанд ва Доротӣ як табақча шавлаи бомусӣ, тухми мурғ ва нони сафед хӯрда, шикамчаашро нағзакак сер кард. Шер ҳам маззаи шавларо чашид. Аммо ба вай ин хӯрок писанд наомад, барои он ки аз ҷав буд. Шоҳи ҳайвонот чунин андеша дошт, ки ҷав ба аспҳо муфид аст, на ба шерон… Хӯса ва Ҳезмушикани оҳанӣ чун ҳамеша ғизо нахӯрданд. Тоточа аз ҳар навъ хӯрданӣ андак-андак чашид ва ҳамчунон хушҳол шуд. Сипас зан ба Доротӣ ҷойи хобашро нишон дод. Тоточа дар рӯйи пойҳои соҳибаш дароз кашид. Шер пушти дар истод, то хоби духтаракро касе халалдор накунад. Хӯса ва Ҳезумшикан худро ба ду кунҷ гирифтанд ва он ҷо то саҳар орому бесадо истоданд. Баробари рух намудани офтоб, онҳо дубора бо ҷодаи фаршаш аз хишти тилло сафарашонро идома доданд. Базудӣ дар уфуқ рӯшноии зебои моил ба сабзӣ падидор шуд. Ҳар қадар пеш мерафтанд, он равшанӣ бештар мешуд. Аён буд, ки роҳи онҳо ба охир расида истодааст. Бо вуҷуди ин танҳо дар нисфирӯзӣ ба назди
85 девори бузурги шаҳри Зумуррадгун расиданд. Вай баланд, ғафс ва сабз буд. Роҳи хиштитиллоӣ дар назди дарвозаҳои шаҳр, ки сар то сар зумурраднигор буд, ба охир мерасид. Онҳо дар зери нури офтоб чунон ҷило медоданд, ки ҳатто бо чашмони кашидашудаи Хӯса ба онҳо нигаристан дардовар буд. Дар дарвоза зангӯлае овезон буд. Доротӣ онро заду садои фораме баланд шуд. Сипас дарвозаи калон оҳиста боз шуд ва мусофирон дарун даромаданду худро дар як толори на он қадар калони сақфаш тоқшакл ва деворҳояш бо зумуррадпораҳои бузург ороёфта диданд. Рӯбарӯйи онҳо як марди қадаш баробари Жевунҳо пайдо шуд, ки аз фарқи сар то нӯги по сабз пӯшида буд ва ин боис шуда буд, ки гунаҳояш низ ба назар сабз намоянд. Дар паҳлӯяш қуттии калоне овезон буд. Вай Доротиву дӯстони ӯро дида, пурсид: — Чӣ шуд, ки ба шаҳри Зумуррадгун қадам ранҷа фармудед? — Мо ба дидани Ози бузург омадем,— ҷавоб дод Доротӣ. Ин суханони духтарак марди сабзпӯшро чунон ҳайрон кард, ки вай дар ҷояш нишаста, дар мавриди шунидаҳои худ сахт ба фикр фурӯ рафт.
86 — Охирин бор хеле пеш чунин хоҳишро шунида будам.— Вай бо нобоварӣ сарашро такон дод: — Оз ҷодугари бузург ва бадҳайбат аст, агар шумо хоҳед, ки бо ягон дархости аҳмақона ё ночиз фикри ин донишмандро ошуфта созед, ҳушёр бошеду эҳтиёт кунед: сари хашм вай бисёр бадқаҳр аст ва дар як мижжа задан метавонад шуморо хоку туроб гардонад. — Дархостҳои мо аҳмақона ва ночиз нестанд,— эътироз кард Хӯса.— Балки бисёр муҳиманд. Илова ба ин ба мо гуфтанд, ки Оз ҷудугари хуб аст. — Дуруст, ҳамин хел,— мувофиқат кард Дарвозабон.— Вай хирадмандонаву одилона дар шаҳри Зумуррадгун ҳукмронӣ мекунад. Аммо бо касоне, ки аз рӯйи кунҷкобии беҳуда ӯро дидан мехоҳанд, ё бо нафарони ноҳақ, сахт бераҳм аст. Бисёр кам касон ҷуръат мекунанд, ки хоҳони дидори вай шаванд. Ман нигаҳбони дарвозаҳои шаҳр ҳастам ва чун хоҳиши мулоқот бо Озро доред, вазифадорам, ки шуморо ба қасри ӯ бибарам. Аммо нахуст шумо бояд ба чашмонатон айнак монед. — Барои чӣ? — бо тааҷҷуб пурсид Доротӣ. — Зеро агар чунин накунед, мумкин аст, ки шукӯҳ ва дурахши шаҳри Зумуррад чашмони шуморо кӯр гардонад. Ҳатто афроди маҳаллӣ на шабу на рӯз аз чашмонашон айнакро намегиранд. Айнакҳоро дар ҷое қуфл кардаем ва калиди онҳоро ман пеши худ нигоҳ медорам.
87 Оз ҳанӯз замоне ки шаҳри Зумуррадгун сохта шуд, ба ман чунин дастур дода буд. Нигаҳбон сандуқи худро боз кард. Доротӣ дид, ки он пур аз айнак аст, бо андоза ва шаклҳои гуногун. Ҳамаашон шишаи сабз доштанд. Вай барои Доротӣ айнаки муносиб пайдо кард ва онро ба чашмони духтарча гузошт. Дастаҳои айнак аз пушт бо ду сими тилло баста шуда бо қулфчае маҳкам буданд, ки калиди он дар занҷираки гардани дарвозабон кашол буд. Вақте айнакҳоро ба чашм гузоштанд, Доротӣ дигар наметавонист худ онро аз чашмонаш бигирад. Ин корро кардан ҳам намехост, зеро аз кӯр шудан метарсид. Сипас дарвозабон барои Хӯса, Ҳезумшикани оҳанӣ, Шери тарсончак ва ҳатто барои Тоточа айнак интихоб намуда, қулфчаҳоро бо як калид маҳкам кард. Баъди ин худи ӯ низ ба чашм айнаки сабз гузошт ва гуфт, ки омода аст мусофиронро ба кӯшки Оз раҳнамоӣ кунад. Аз гулмехи девор калиди тиллоии калонро гирифта, дарвозаи дигареро ба рӯйи онҳо кушод. Дунболи ӯ равон шуда, дӯстон ба шаҳри Зумуррадгун ворид шуданд.
88 ШАҲРИ ЗУМУРРАДГУНИ ОЗ Доротиву дӯстонаш айнакҳои сабз гузошта бошанд ҳам, дурахшиши ин шаҳри ҳайратангез онҳоро моту мабҳут мекард. Қад-қади кӯчаҳо хонаҳои зебои аз мармари сабз сохташуда ва оростаи зумурраднигору ҷилодори сабз меистоданд. Ҳамсафарон аз пиёдароҳе мерафтанд, ки аз мармари сабз буд ва шикофҳои байни тахтасангҳои фарши он низ бо зумуррадҳои дар шуои офтоб дурахшон пур карда шуда буд. Тирезаҳои хонаҳо ҳам шишаи сабз доштанд. Ҳатто осмони шаҳри Зумуррадгун сабз буд ва офтоби сабз нурҳои сабзу сӯзон мепошид. Ҳар тараф мардон ва занону кӯдакон дар гаштугузор буданд. Ҳама либоси сабз ба бар доштанд, пӯсташон ҳам сабзгун буд. Онҳо бо ҳайрат ба Доротӣ ва ҳамроҳони аҷоиби ӯ менигаристанд. Кӯдакон Шери азимҷуссаро дида, ба пушти волидайни худ пинҳон мешуданд ва ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз омадаҳо чизе бипурсад. Дар дуконҳо низ ҳама маҳсулоти фурӯшӣ ранги сабз доштанд,— қандҳои сабз, ҷуворимаккаи бирёни сабз, кафшчаҳо ва кулоҳчаҳои сабз, пероҳан ва болопӯшакҳо ҳам ҳама сабз… Рӯйи пешхоне як фурӯшанда лимонади сабз мефурӯхт ва кӯдакон гирди он давра зада, бо тангаҳои сабз ҳисобӣ мекарданд. 11
89 Дар кӯчаҳои шаҳри Зумуррадгун на асп ба чашм мерасиду на ҳайвони дигар. Мардҳо бори худро дар аробачаҳои хурдакак мебурданд. Сокинони ин ҷо симои хурраму хандон доштанд. Дарвозабон мусофиронро аз якчанд кӯча гузаронда, ба назди бинои муҳташаме, ки дар худи маркази шаҳр қомат афрохта буд, овард. Ин қасри донишманд ва ҷодугари бузурги Кишвари Оз буд. Дар даромадгоҳ посбоне бо кулӯчаи сабз ба тану мӯйлабаш ҳам дарози сабз рост меистод. — Ана, хориҷиҳое, ки мехоҳанд ҳатман Ози бузургро бубинанд,— гуфт дарвозабон ба навкар. — Бигзор дароянд,— иҷозат дод вай,— ман ба Оз хабар медиҳам, ки ба дидани ӯ омадаанд. Онҳо вориди қаср шуданд ва базудӣ худро дар толори калоне диданд, ки ҳама ҷиҳозаш сабз буд,— мизу курсиҳо сабз, дар фарш гилеми калони сабз. Пеш аз он ки вориди толор бишаванд, бо талаби навкар, пойҳояшонро дар қолинчаи сабзи пеши даромадгоҳ тоза карданд. Ҳангоме ки ба курсиҳои бо зумуррадпораҳои бузург зинатёфта нишастанд, навкар боадабона пешниҳод кард: — Лутфан, худро роҳат ҳис кунед. Ман ба дари боргоҳ рафта, ба Оз аз омадани шумо хабар медиҳам. Вай рафту хеле бедарак шуд ва билохира назди онҳо баргашт. Доротӣ хавотиромез аз ӯ пурсид:
90 — Хуб, шумо Озро дидед? — Ман ҳеҷ гоҳ ӯро намебинам,— ҷавоб дод навкар.— Аммо хоҳиши шуморо ба ӯ расонидам. Вай паси парда буду маро ба хубӣ мешунид. Гуфт, ки розӣ аст шуморо қабул кунад, аммо ба як шарт. Бояд шумо ҳар рӯз якнафарӣ ба наздаш дароед. Ҳамин тавр, чанд рӯзе дар қаср меҳмон мешавед. Ҳозир шуморо ба ҳуҷраҳои алоҳида мебаранд ва он ҷо метавонед баъди саёҳати тӯлониву душвор андак истироҳат кунед. — Ташаккур,— миннатдорӣ кард Доротӣ.— Оз хеле меҳрубон аст. Навкар бо чурраки сабзаш ҳуштак кашид ва ҳамон лаҳза духтараке пайдо шуд, ки пероҳани сабзи шоҳӣ пӯшида буд. Чашмони ҷодуангези сабз ва мӯйҳои сабзи дароз дошт. Вай ба Доротӣ таъзим намуда, гуфт: — Бо ман биё, ҳуҷраатро нишон медиҳам. Бо дӯстонаш хайрухуш намуда, Доротӣ Тоточаро рӯйи дастон бардошту аз паси хидматгори сабз рафт. Онҳо аз ҳафт долон гузаштанду се зинапояро баромадаву фуромаданд ва ба ҳуҷрае дар қисмати беҳтарини қаср расиданд. Ин дилработарин ҳуҷра дар тамоми дунё буд. Кати бароҳат бо бистаре аз шоҳиву бахмали сабз дошт. Дар байни хона фавворае буд ва аз оби он, ки ба ҳавзи мармарии сабз мерехт, бӯйи хуше ба фазо паҳн мешуд. Дар лаби тиреза гулҳои сабз, дар рафчаҳо — китобчаҳои сабз. Яке аз китобчаҳоро варақ
91 зада, Доротӣ дид, ки расмҳои зиёди шавқовар доштааст. Дар ҷевони либос ҳазору як намуд пероҳани сабз аз шоҳиву атласу бахмал овезон ва ҳамаи онҳо гӯё махсус барои Доротӣ дӯхта шуда буданд. — Худро чун дар хонаатон эҳсос кун,— гуфт хидматгордухтар.— Агар чизе лозим шавад, занги сабзро бизан. Оз фардо субҳ туро қабул мекунад. Бо ин суханон вай Доротиро танҳо монда, ба назди дӯстони духтарча рафт. Ҳар якеро дар ҳуҷраҳояшон ҷо ба ҷо кард. Ба ҳамаи онҳо манзили навашон писанд омад. Дуруст, ки ба Хӯса ин ҳама шаҳомат ҳеҷ таассурот намебахшид. Танҳо монда, вай ба як кунҷи ҳуҷраи худ рафту чашм аз нуқтаи болои дар наканда, то субҳ рост истод. Охир, барояш фарқе надошт — на дароз кашидан ва на рост истодан. Азбаски чашмонашро пӯшида наметавонист, тамоми шаб ба анкабуте нигарист, ки оромона дар як кунҷ тор метанид — гӯё ин ҷо кӯшки Оз неву кулбаяки ягон деҳқоне бошад. Ҳезумшикани оҳанӣ аз рӯйи одати дерин рӯйи кат дароз кашид, аммо хобаш наомад, бинобар ин тамоми шаб дасту пояшро қату рост мекарду каллашро ҳар сӯ тоб медод, то бифаҳмад, ки буғумҳояш дар чӣ ҳоланд. Шер, албатта мехост, ки дар байни баргу буттаҳои хушки ҷангал бихобад, аммо ҳоло илоҷе надошт. Ба ҷогаҳ ҷаҳида ҳалқа зад ва базудӣ хобаш бурду ба хурроккашӣ даромад.
92 Субҳи рӯзи дигар ба ҳуҷраи Доротӣ ҳамон хидматгордухтари сабз ворид шуд. Ва аз ҷевон беҳтарин пироҳани аз кундалу атлас дӯхташударо гирифта, ба духтарча пӯшонд. Доротӣ пешдомани сабзӣ атлас баст ва ба гардани Тоточа ҳам як тасмачаи сабз андохту аз паси Хидматгордухтар ба тахтгоҳ раҳсипор шуд. Рафтанд ва ба толоре ворид шуданд, ки он ҷо бисёре аз занони оростаи дарборӣ истода буданд. Ин бонувон ҳар саҳар дар толори канори боргоҳ ҷамъ меомаданд ва вақти худро ба суҳбати ҳамдигар мегузаронданд. Чунки Ози бузург, ба ҳеҷ ваҷҳ, қасеро ба ҳузур намепазируфт. Ҳангоме ки Доротӣ даромад, аз ҳар тараф ба ӯ нигоҳҳои кунҷковона дӯхта шуданд ва яке аз занон пастакак пурсид: — Ту, дар ҳақиқат, Ози Бузургро дидан мехоҳӣ? — Бале, агар қабул кунад,— ҷавоб дод Доротӣ. — Ҳатман туро ба ҳузур мепазирад,— гуфт Навкаре, ки дирӯз аз омадани духтарча ба Оз хабар дода буд.— Гарчанде Оз тобу тоқати дидани хоҳишмандонро надорад. Сараввал вай сахт дар қаҳр шуд ва амр дод, то ба ту бирасонам, ки зудтар аз ин ҷо биравӣ. Аммо баъд пурсид, ки духтарча чӣ сурате дорад ва ман симои туро тавсиф кардам. Кафшчаҳои нуқрагӣ доштанатро шунида, хеле шавқманд шуд. Баъд ман дар бораи нақши бӯсаи дар ҷабинат буда ҳам гуфтам ва ӯ тамоман аз қаҳраш фуромада бо меҳрубонӣ ваъда дод, ки ҳатман туро қабул мекунад.
93 Дар ин лаҳза занг зада шуд ва хидматгор Доротиро ҷеғ зад: — Вақташ расид. Ба боргоҳ танҳо ворид мешавӣ. Инро гуфта, ӯ дари хурдакакеро кушод ва Доротӣ натарсида дарун даромад. Даромаду ба ҷойи ҳайратангезе афтод. Толори гирду калон буду сақфаш камоншакли қуббадор. Фарш, деворҳо ва ҳам сақфи он бо зумуррадпораҳои калон зиннат ёфта буданд, аз шифт қандили чун офтоб дурахшон овезон буд, ки аз равшании он зумуррадҳо ба худ ҷилои чашмхиракунанда мегирифтанд. Аммо Доротиро беш аз ҳама тахти мармарии сабзи байни толор ба ҳайрат овард. Он курсии зумурраднигор буду рӯйи он танҳо Каллаи бениҳоят калоне менамуд. Дасту пову бадан надошт, мӯй низ. Вале чашму биниву гӯш дошт. Доротӣ бо тарс ба Калла менигарист. Чашмҳои вай тез-тез чарх зада, дар охир ба Доротӣ дӯхта шуданд. Баъд даҳон кушода шуду Доротӣ ин садоро шунид: — Ман Ози бузургам ва тавоно! Ту кистӣ ва барои чӣ назди ман омадӣ? Барои чунин Калла ин гуна овоз ягон зарра воҳиманок набуд ва Доротӣ ҷавоб дод: — Ман Доротии хурдакакам ва камқувват. Пешат омадам, ки ёрӣ бипурсам. Як лаҳза Калла ба ӯ бодиққат нигоҳ карда истоду баъд ба забон овард:
94 — Ту аз куҷо ин кафшчаҳои нуқрагиро гирифтӣ? — Аз Ҷодугари золими Шарқ. Кулбаяки ман рост ба болояш афтоду ӯро пахш карда кушт,— гуфт Доротӣ. — Нақши сурхи ҷабинат чӣ? — пурсишро давом дод Калла. — Ҷодугари некукори Шимол ҳангоме, ки маро ба шаҳри Зумуррадгун, ба назди ту, гусел мекард, аз пешониям бӯсида буд. Дубора чашмон ба духтарак дӯхта шуданд. Калла бодиққат ба ӯ менигарист, то бифаҳмад, ки рост мегӯяд ё дурӯғ. Сипас пурсид: — Аз ман чӣ мехоҳӣ? — Маро ба хонаамон ба Канзас баргардон, ба пеши амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эм,— хоҳиш намуд Доротӣ.— Ба ман кишвари шумо зебо ҳам бошад, маъқул нашуд. Ғайр аз ин, янгаи Эм аз дер кардани ман ба ташвиш афтодагист. Чашмон се бор бозу баста шуданд, баъд ба сақф нигаристанду сипас ба фарш ва ба таври ҳайратангез хеле тез чарх заданд-чарх заданду боз нигоҳашон ба Доротӣ афтод. — Чаро ман бояд ин хоҳиши туро иҷро кунам? — пурсид Оз. — Чунки ту тавоноиву ман нотавон, ту ҷодугари бузургиву ман духтараки хурдакаки бечора.
95 — Аммо ту тавонистӣ Ҷодугари золими Шарқро бикушӣ,— эътироз кард Оз — Ман ҳеҷ кор накардам,— қоил шуд Доротӣ,— ин худ аз худ шуд. — Ин хел бошад,— гуфт Оз.— Ҷавоби ман чунин аст: Агар хоҳӣ, ки туро ба хонаат ба Канзас фиристонам, бояд барои ман кореро анҷом бидиҳӣ. Дар ин кишвар одат ҳамин аст. Аввал ту гуфтаи маро иҷро мекунӣ, баъд ман тамоми ҳунари сеҳргариямро ба кор мебарам. Ба ман кумак кун, то ба ту ёрӣ расонам. — Чӣ кор бояд кунам? — Ҷодугари золими Ғарбро бикуш. — Охир, ман наметавонам! — хитоб намуд Доротӣ. — Ҷодугари Золими Шарқро кушта тавонистӣ-ку. Ғайр аз ин дар пой кафшчаҳои нуқрагии сеҳрнок дорӣ. Дар тамоми кишвар фақат як ҷодугари золим мондааст. Вақте хабар расондӣ, ки ӯ дигар несту мурдааст, худи ҳамон соат туро ба Канзас мефиристам. Аммо то замоне ки ҷодугари золим зинда аст, ҳеҷ дархосте аз ман накун. Доротӣ аз ин суханон чунон ба риққат омад, ки дигар гиряашро дошта натавонист. Калла боз чашмонашро чарх занонда, ба духтарча нигарист. Ба назар мерасид, Оз ба ин шак надорад, ки агар Доротӣ бихоҳад, гуфтаи ӯро иҷро карда метавонад. — Ман ҳеҷ гоҳ касеро дидаву дониста накуштаам,— бо чашмони пурашк гуфт духтарак.— Ҳатто агар
96 Ҷодугари золими Ғарбро куштан бихоҳам ҳам, намедонам чӣ гуна ин корро анҷом диҳам. Агар ту, Ози бузургу бадқаҳр, чораи ӯро ёфта натавонӣ, ман, як духтараки хурдакаки беқувват, аз куҷо метавонам? Ман ӯро чӣ хел мекушам?! — Намедонам,— ҷавоб дод Калла,— аммо қарори ман ҳамин аст. То замоне ки Ҷодугари золими Ғарб зинда аст, ту амаки Ҳенрӣ ва янгаи Эмро дида наметавонӣ, мисле, ки гӯшҳоятро намебинӣ. Дар хотир дошта бош, вай ҷодугари хеле золим аст ва ӯро ҳатман куштан даркор. Акнун бирав ва то гуфтаамро иҷро накунӣ, дигар маро ғам надеҳ. Доротӣ ҳазину андӯҳгин аз боргоҳ баромад. Пеши дар ӯро Шер, Хӯса ва Ҳезумшикани оҳанӣ интизор буданд. — Корҳо бисёр безеб,— хабар дод ба ҳамраҳон Доротӣ.— Оз гуфт, ки то Ҷодугари золими Ғарбро накушӣ, туро ба Канзас намефиристам. Аммо ман чӣ хел метавонам хоҳиши ӯро иҷро кунам? Дуд аз димоғи дӯстони Доротӣ баромад, аммо ҳеҷ коре аз дасташон намеомад. Духтарча ба ҳуҷраи худ баргашт, рӯйи бистар дароз кашид ва то хобаш бурдан ором-ором гиря кард. Субҳи рӯзи дигар Навкари ришсабз ба ҳуҷраи Хӯса омаду гуфт: — Рафтем. Туро Оз интизор аст.