The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 08:10:04

Аленушка

30. Alenushka's tales

~ 129 ~ Д. Н. МаминСибиряк


Афсонаҳои Алёнушка Д. Н. Мамин-Сибиряк Душанбе — 2023


Мамин-Сибиряк, Дмитрий Наркисович. М20 Афсонаҳои Алёнушка: [Ҳикояҳо ва афсонаҳо] / Д.Н. Мамин-Сибиряк; [тарҷ. А. Алиев]; [рас. Р. Валиев]; [сарсухани А. Чернишов]. — Душанбе: «Нашриёти муосир», 2023. — 128 с. ТБК 84Р1-44+83.8+82.3(2) Яке аз асарҳои машҳури Дмитрий Мамин-Сибиряк «Афсонаҳои Алёнушка» аст. Нависанда ин асарашро барои духтараш эҷод кардааст. Дар афсонаҳо ҳаёти аҷиб ба сар мебаранд, ҳайвонот, парандаҳо, моҳиён, ҳашароту рустаниҳо, бозичаҳо сухан мекунанд. Дар оғози китоб дар бораи нависанда ва ҳаёти ӯ шинос хоҳед шуд. ISBN 978-99985-889-2-9 ТБК 84 Р1 – 44 + 83.8 + 82.3(2) М20 Тарҷумаи Абдуҷаббор Алиев


~ 3 ~ ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ДМИТРИЙ СИБИРЯК ВА «АФСОНАҲОИ АЛЁНУШКА» Берун торик аст. Барф меборад. Барф тирезаҳоро пӯшонидааст. Алёнушка ҳалқавор дар ҷогаҳаш ёзидааст. Ӯ, то падараш ягон афсона нагӯяд, ҳеҷ хобидан намехоҳад. Падари Алёнушка Дмитрий Наркисович МаминСибиряк нависанда аст. Вай дар паси миз нишаста, дастнависи китоби ояндаи худро аз назар мегузаронад. Мана, ӯ аз ҷой мехезад, назди кати хоби Алёнушка меояд, дар курсии мулоим менишинад ва афсона мегӯяд… Духтарак дар бораи Хурӯси мурғи марҷони бефаҳме, ки худро аз ҳама донотар мепиндошт, дар бораи бозичаҳое, ки ба ҷашни зодрӯз рафтанду бо онҳо чӣ воқеае рух дод, бодиққат гӯш мекунад. Афсонаҳо аҷоибанд, яке аз дигаре шавқовартаранд. Аммо Алёнушкаро хоб бурдааст. Хоб рав, Алёнушка, хоб рав, зебоякам! Алёнушка кафи як дасташро зери сар гузошта хоб аст. Аммо дар берун барф мебораду меборад. Ҳамин хел, ҳардуяшон — падару духтар шабҳои дарози зимистонро бо ҳам мегузаронданд. Алёнушка бе модар калон мешуд, модараш барвақт вафот карда буд. Падар духтарашро аз таҳти дил дӯст медошт ва кӯшиш мекард, ки ҳаёти ӯ хуш гузарад. Вай ба духтари хуфтааш менигаристу солҳои бачагии худаш ба ёдаш меомаданд. Бачагии ӯ дар як


~ 4 ~ шаҳраки хурди назди корхона, дар Урал, гузашта буд. Он вақтҳо дар корхонаҳо коргарони крепостноӣ кор мекарданд. Онҳо аз субҳи барвақт то бевақтии шаб заҳмат мекашиданду якашон ду намешуд. Аммо хоҷаҳои онҳо бо айшу ишрат зиндагонӣ доштанд. Субҳи барвақт, вақте ки коргарон ба кор мерафтанд, аз барашон бошаст фойтунҳои сеаспа мегузаштанд. Инҳо сарватмандоне буданд, ки аз базм бармегаштанд, базме, ки тамоми шаб давом карда буд, ба хонаҳояшон мешитофтанд. Дмитрий Наркисович дар оилаи камбағал ба воя мерасид. Дар хонавода ҳар як тинро ҳисоб мекарданд. Аммо волидонаш одамони меҳрубону дилсӯз буданд ва мардум бо онҳо муносибати хуб доштанд. Писарак бисёр шод мешуд, вақте ки устоҳои корхона меҳмонашон мешуданд. Меҳмонҳо қиссаву афсонаҳои аҷоиби бисёре медонистанд. Ба Мамин-Сибиряк махсусан саргузашти роҳзани далер — Марзак, ки дар бешаҳои Урал пинҳонӣ мегашт, маъқул буд. Марзак ба давлатмандон ҳамла карда, чизу чораи онҳоро мегирифту ба камбағалон тақсим мекард. Ва полиси подшоҳӣ ӯро дастгир карда наметавонист. Писарак ҳар як сухани гӯяндаро бодиққат гӯш мекард, мехост, ки мисли Марзак далеру бахшанда бошад. Бешаи анбӯҳе, ки аз рӯйи ривоят Марзак замоне дар он пинҳонӣ мегашт, аз назди хонаи онҳо оғоз мешуд. Санҷобҳо шох ба шохи дарахтон меҷаҳиданд, дар як гӯша харгӯши нишастаро дидан мумкин буд ва дар дарунтари беша кас метавонист бо худи хирс вохӯрад.


~ 5 ~ Нависандаи оянда тамоми пайраҳои бешаро омӯхта буд. Вай дар соҳили дарёи Чусовая сайругашт мекард, ба силсилаи кӯҳҳое, ки саросар арчазору тӯсзор буданд, назар мекарду ба ваҷд меомад. Ин кӯҳҳо гӯё аввалу охир надоштанд. Аз ин ҷост, ки нависанда ба табиат дилбастагии зиёд дошт ва онро тамоми умр бо меҳру муҳаббат тасвир мекард. Падару модар ба писарашон китобхониву китобдӯстиро омӯзонданд. Ӯро мутолиаи асарҳои Пушкину Гогол, Тургеневу Некрасов ба шавқ меовард. Дар дилаш меҳри адабиёт барвақт бедор шуд. Ӯ ҳанӯз дар шонздаҳсолагӣ дафтари ёддошт кушода буд. Солҳо гузаштанд. Мамин-Сибиряк аввалин нависандае буд, ки манзараҳои ҳаёти Уралро тасвир мекард. Вай даҳҳо роману қисса ва садҳо ҳикоя навишт. Ӯ дар асарҳояш ҳаёти одамони одӣ ва муборизаи онҳоро зидди нобаробариву зулму ситам бо меҳру муҳаббат ва маҳорати тамом инъикос мекард. Дмитрий Наркисович барои бачаҳо низ ҳикояҳои зиёд эҷод кардааст. Вай бо ин асарҳояш мехост, ки бачаҳо дидану дарк кардани зебоии табиат ва нағзакак дӯст доштану эҳтиром кардани мардуми заҳматкашро омӯзанд. «Навиштан барои кӯдакон бароям хушбахтист»,— мегуфт ӯ. Мамин-Сибиряк он афсонаҳоро ҳам, ки замоне барои духтараш мегуфт, навишт. Вай онҳоро дар шакли китоби алоҳида нашр карда, «Афсонаҳои Алёнушка» номид.


~ 6 ~ Дар ин афсонаҳо рангҳои дурахшони рӯзҳои офтобӣ ва зебоиву ғановати сарзамини рус инъикос гардидаанд. Шумо ҳамроҳи Алёнушка бешаву кӯҳҳо, баҳрҳову биёбонҳоро мебинед. Қаҳрамонони асарҳои Мамин-Сибиряк ҳамон қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ: хирси лаванди пашмин, гурги гурусна, харгӯшаки тарсончак, гунҷишкаки доноанд. Онҳо мисли одамон андеша меронанд, амал мекунанд ва бо ҳам суҳбат меороянд. Аммо дар як вақт ҳайвонҳои муқаррарию одианд. Хирс ношуду кундфаҳм, гург бадхашм, гунҷишкак шӯху чолок тасвир шудаанд. Барои равшантар тасаввур кардани симои қаҳрамонони асар ному лақабашон мусоидат мекунад. Масалан, Хомӯшаки бинидароз — як хомӯшаки калони пир, аммо Хомӯшак — бинидарозак — як хомӯшаки хурд ва ҳанӯз бетаҷриба тасвир ёфтааст. Дар афсонаҳои ӯ чизҳо низ зинда мешаванд. Бозичаҳо зодрӯзро ҷашн мегиранд ва ҳатто занозанӣ ҳам мекунанд. Рустаниҳо гап мезананд. Дар афсонаи «Хоб омаду хоб омад» гулҳои нозпарвари боғ аз зебоии худ фахр мекунанд. Онҳо одамони сарватманди хушлибосро мемонанд. Аммо гулҳои худрӯйи саҳроӣ барои нависанда маҳбубтаранд. Мамин-Сибиряк ба баъзе қаҳрамонони худ ҳамдардӣ ва ба ҳоли баъзеашон тамасхур мекунад. Вай дар бораи марди заҳматкаш бо эҳтирому муҳаббат менависад, аммо танбалу бекорхоҷаро маҳкум мекунад.


~ 7 ~ Нависанда шахсони худбин ва онҳоеро, ки ба фикрашон ҳама чиз барои онҳо офарида шудааст, чашми дидан надошт. Дар афсонаи «Магаси охирин» оид ба магасе сухан меравад, ки хаёл мекунад, дару тирезаҳоро маҳз барои даробарои ӯ сохтаанд, дастархонро барои ӯ оро медиҳанд ва мурабборо аз ҷевон танҳо ба хотири вай берун мебароранд ва офтоб танҳо барои ӯ нур мепошад. Албатта, фақат беақлон чунин фикр мекунанд! Ҳаёти моҳӣ ва паранда чӣ умумияте дорад? Нави - санда ба ин пурсиш дар афсонаи «Гунҷишк Гунҷишкович, Ёрш Ершович ва Яшаи мӯрирӯби хушҳол» посух медиҳад. Ҳарчанд ки моҳича Ёрш дар об зиндагӣ мекунаду гунҷишк дар ҳаво мепарад, онҳо ба ғизо яксон муҳтоҷанд, аз дунболи ғизои болаззат медаванд, дар зимистон аз сардӣ азият мекашанд ва дар тобистон ҳам бо нохушиҳои зиёд рӯбарӯянд. Аҳлона амал кардан нерӯи бузургест. Хирс махлуқи пурқувват аст. Аммо вақте ки хомӯшакҳо аҳлона амал мекунанд, метавонанд ӯро мағлуб бикунанд. (Афсонаи Хомӯшак Хомӯшаковичи бинидарози хашмин ва хирси лаванди думкӯтоҳи пашмин). Мамин-Сибиряк «Афсонаҳои Алёнушка»-ро аз дигар китобҳояш беҳтар мешуморад. Вай мегуфт: «Ин китоби беҳтарини ман аст, ман онро бо меҳру муҳаббат навиштаам, бинобар ин китоб умри дарозтар мебинад». Андрей Чернишёв


~ 8 ~ АФСОНАҲОИ АЛЁНУШКА САРАФСОНА Аллаё-аллаё-алла. Як чашми Алёнушка пӯшидааст, дигараш мебинад; як гӯши Алёнушка хоб аст, дигараш мешунавад. Хоб рав, Алёнушка, хоб рав, ҷонакам, падарат ба ту афсона мегӯяд. Фикр мекунам, ҳама дар ҳамин ҷоянд: ҳам гурбаи сибирӣ — Васка, ҳам саги пашмини деҳотӣ — Постойко, ҳам Мушаки бӯри ҳамахӯр, ҳам Чирчираки безарари паси бухорӣ, ҳам Сочи дар банди қафас ва ҳам Хурӯси ҷангараи қуд-қудус.


~ 9 ~ 1 Хоб рав, Алёнушка, ҳозир афсона сар мешавад. Ана, аз паси тиреза моҳи баланд нигоҳ мекунад; анна, Харгӯш бо мӯзаҳои намадии худ каҷмакаҷак меояд; чашми гургон мисли оташак медурахшад; хирс — Миша панҷаашро мемакад. Мана, ба паси тиреза Гунҷишки пир парида омад. Вай бо нӯлаш тирезаро кӯфта мепурсад: — Сар шуд магар? — Бале, ҳама ҳамин ҷоянд. Ҳама ҷамъият — ҷамъ ва аҳлона интизори шунидани афсонаҳои Алёнушкаанд. Як чашми Алёнушка хоб аст, дигараш мебинад, як гӯши Алёнушка хоб аст, дигараш мешунавад. Аллаё-аллаё-алла… АФСОНА ДАР БОРАИ ХАРГӮШИ ДАЛЕРИ ЧАШМКАҶИ ДУМКӮТОҲ Харгӯш дар ҷангал таваллуд шуда буд ва аз ҳама чиз метарсид. Шохчаи дарахте шиканад, парандае пар занад, пораи барфе аз дарахт афтад, харгӯш ба воҳима меафтид. Харгӯш як рӯз тарсид, ду рӯз тарсид, як ҳафта тарсид, як сол тарсид. Тарсида-тарсида калон шуд ва яке тарсидан ба дилаш зад.


. . . як гӯши Алёнушка хоб аст, дигараш мешунавад .


~ 11 ~ — Ман аз касе наметарсам! — бо тамоми қудраташ ба ҷангал дод зад ӯ.— Ман як зарра ҳам наметарсам, вассалом! Харгӯшҳои пир ҷамъ омаданд, харгӯшакҳо давида омаданд, очахаргӯшҳои пир лапон-лапон ғун шуданд ва ҳама ба лофи Харгӯши чашмкаҷи кӯтоҳдум гӯш андохтанд. Онҳо шуниданду ба гӯшҳои худ бовар намекарданд. Ҳоло чунин нашудааст, ки харгӯш аз касе натарсад. — Ҳой, чашмкаҷ, ту аз гург ҳам наметарсӣ? — Ман аз гург ҳам наметарсам, аз рӯбоҳ ҳам наметарсам, аз хирс ҳам наметарсам! Аз ҳеҷ кас наметарсам! Вазъият бисёр аҷоиб буд. Харгӯшакҳо даҳони худро бо панҷаҳояшон пӯшида механдиданд, очахаргӯшҳои хайрхоҳ низ ба ханда даромаданд. Ҳатто харгӯшҳои пир ҳам, ки аз чанголи рӯбоҳу дандони гург халосӣ ёфта буданд, табассум мекарданд. Харгӯши масхарабоз! Хеле хандаовар! Яке ҳама як хушҳол шуданду ба паридану ҷаҳидан ва ба суросур сар карданд, гӯё ҳама яксара девона шуда бошанд. — Чӣ ин қадар гапро дароз кунем?! — фарёд зад Харгӯши шеракшуда.— Агар гург ба дастам афтад, ман худам ӯро мехӯрам. — Оҳ, чӣ гуна харгӯши масхарабоз! Оҳ, чӣ қадар беақл аст ӯ! Ҳама диданд, ки ӯ чӣ қадар содаву чӣ қадар беақл аст ва ба ҳолаш механдиданд.


~ 12 ~ Харгӯшҳо дар бораи гург доду фарёд мезаданд, ки якбора худи гург пайдо шуд. Вай дар беша машғули корҳои гургонаи худ мегашт, гурусна монда буд ва нав фикр мекард, ки: «Хуб мешуд, агар ҳозир харгӯшакеро таги дандон бикунам». Ҳамин дам ба гӯшаш овози харгӯшҳое расид, ки хеле наздик буданду Гурги малларо ёд мекарданд. Ӯ якбора истод, ҳаворо бӯй кашид ва оҳиста-оҳиста пинҳонӣ пеш рафтан гирифт. Гург ба харгӯшҳои саргарми бозӣ наздик омада, дид, ки чӣ гуна онҳо ба ҳоли ӯ механданд ва аз ҳама зиёдтар — Харгӯши мағрури чашмкаҷи думкӯтоҳ. «Эҳ, исто, бародар, ман ҳозир туро мехӯрам!» — қарор дод Гурги малла. Харгӯшҳо чизеро пай набурда, аз пештара бештар хушҳолӣ мекарданд. Ниҳоят, Харгӯши мағрур ба болои кундае баромада, нишасту гуфт: — Гӯш кунед, тарсончакҳо! Гӯш кунед ва ба ман нигаред! Ҳозир ман ба шумо як чизро нишон медиҳам! Ман… ман… ман.. 2 Дар ин ҷо забони харгӯши мағрур якбора шах шуда монд. Вай худи Гургро дид, ки рост ба ӯ нигоҳ мекунад. Дигарон надиданд, аммо ӯ дид ва нафасаш гирифт. Дар ҳамин лаҳза як чизи комилан фавқулодае рух дод.


Ҳозир ман ба шумо як чизро нишон медиҳам!


Вақте ки Харгӯш ба болояш афтид . . .


~ 15 ~ Харгӯши лофзан аз тарс мисли тӯб ба боло парид ва рост ба пешонии васеи гург афтод. Аз пушти гург лағжида дар ҳаво бори дигар муаллақ хӯрд ва чунон дод зад, ки гӯё аз пӯсташ баромада бошад. Харгӯши бечора ҷонсарак то аз пой афтидан гурехт. Ба ӯ чунин менамуд, ки Гург ӯро таъқиб мекунад ва ҳозир базӯр дошта мегирад. Ниҳоят, бечора, тамоман аз ҳол рафт, чашмонашро пӯшид ва мурдавор дар зери буттае афтид. Аммо Гург ҳоло ба тарафи дигар мегурехт. Вақте ки Харгӯш ба болояш афтид, ба назараш чунин намуд, ки касе ӯро паррондааст. 3 Барои ҳамин Гург гурехт. Вай мегурехту ба худ меандешид, ки «Чӣ, магар дар беша харгӯши дигар ёфт намешавад, ки барои вай шуда… Ин девона барин менамояд». Харгӯшҳои дигар дергоҳ ба худ омада натавонистанд. Баъзеҳо ба зери буттаҳо гурехтанд, баъзеҳо дар паси кундаҳо пинҳон шуданд, баъзеҳо ба чуқурӣ паноҳ бурданд. Ниҳоят, пинҳон шудан ба дилашон зад. Онҳое, ки далертар буданд, оҳиста-оҳиста сар бардоштанд ва ҳаросон атрофро аз назар гузаронданд. — Харгӯши мо хуб Гургро тарсонд! — ба хулоса омаданд ҳама.— Агар ӯ намебуд, мо зинда намемондем. Охир, куҷост Харгӯши нотарси мо?


~ 16 ~ Кофтуков сар шуд. Кофтанду кофтанд, аммо ӯро наёфтанд. Харгӯши далер дар ҳеҷ ҷо набуд. Мабодо, ӯро ягон гурги дигар хӯрда бошад? Не, хайрият, ки ӯро ёфтанд. Вай дар чуқурии зери буттае аз тарс ниммурдаву нимзинда мехобид. — Офарин, чашмкаҷак! — Бо як овоз фарёд заданд ҳаргӯшҳо.— Ҳо, балое! Ту хеле моҳирона Гурги пирро тарсондӣ. Раҳмат, бародар! Ва мо фикр мекардем, ки ту танҳо лоф мезаниву халос. Харгӯши далер зуд ба худ омад. Вай аз чуқурӣ баромада, худро афшонд ва чашмашро нимпӯш карда гуфт: — Шумо чӣ хаёл кардед?! Эҳ, шумо, тарсончакҳо! Аз ҳамон рӯз сар карда, худи Харгӯши далер ҳам бовар кард, ки аз касе наметарсад. Аллаё, аллаё, алла… АФСОНА ДАР БОРАИ ГАМБУСАК Ҳеҷ кас надидааст, ки Гамбусак чӣ тавр таваллуд шудааст. Як рӯзи офтобии баҳор буд. Гамбусак чашм кушода, ба атроф нигаристу гуфт: — Хуб! Вай болҳои худро паҳн кард, пойҳои нозукашро ба ҳам молид ва бори дигар ба атроф нигариста гуфт:


~ 17 ~ — Чӣ хуб! Чӣ офтоби гармакак, чӣ осмони кабуди кабуд, чӣ алафҳои сабзи сабз — бисёр хуб, беҳтарин! Ва ин ҳама аз они ман аст! Гамбусак бори дигар пойҳояшро бо ҳам молида, парвоз кард. Вай мепараду аз ҳама чизи атроф лаззат мебурду хурсандӣ мекунад. Дар поин ҳама сабзазор буду дар байни сабзаҳо гули сурхе метофт. — Гамбусак, ба назди ман биё,— фарёд зад гул. Гамбусак ба замин фуромада, дар рӯйи гул нишаст ва ба нӯшидани шарбати гул пардохт. — Ту чӣ гуна гули меҳрубонӣ! — Бо даст лабу даҳонашро пок карда гуфт Гамбусак. — Дар меҳрубонӣ-ку, меҳрубонам, вале роҳ гашта наметавонам,—шикоят кард гулак. — Ба ҳар ҳол хуб аст,— қаноатмандона таъкид кард Гамбусак.— Ва ҳамааш аз ман аст. Ӯ ҳоло гапашро тамом накарда, вижжаззанон говзанбӯре парида омад: — Вижж. Кӣ ба оғӯши гули ман даромадааст? Вижж. Шарбати ширини маро кӣ менӯшад? Вижж. Оҳ, ин туӣ, Гамбусаки ношудак? Ку, гум шав аз ин ҷо! Вижж. Зуд дафъ шав, ки неш мезанамат! — Бубахшед, ин чӣ гап? — Гамбусак эътироз кард.— Охир, ин ҳама аз они ман аст. — Вижж. Не, аз ман аст!


Агар кушоду равшан гап занем, ин ҳама аз ман аст.


~ 19 ~ 4 Гамбусак базӯр аз дасти говзанбӯри хашмгин халос шуд. Вай рӯйи сабзае нишаста, пойҳои шарбатолудашро лесида пок кард ва бо алам гуфт: — Чӣ хел занбӯри дағал! Ҳатто — ҳайратовар! Боз мехост, ки неш бизанад. Охир, ҳама чиз — ҳам офтоб, ҳам сабзаҳо ва ҳам гулҳо аз ман аст. — Не, мебахшед, аз ман аст! — гуфт Кирми пашминаке, ки ба пояи алаф часпида мебаромад. Гамбусак пай бурд, ки Кирмак парвоз карда наметавонад, далертар шуда гуфт: — Маро бубахшед, Кирмак, шумо хато мекунед. Ман ба хазидани шумо халал намерасонам, аммо шумо ҳам бо ман баҳс накунед! — Хуб, хуб. Танҳо ба алафи ман даст нарасонед. Росташ, вақте ки дигарон ба чизҳои ман даст мерасонанд, бадам меояд. Шумо баринҳо дар ин ҷо бисёр мепаранд. Шумо мардуми содалавҳ ҳастед, аммо ман Кирмаки ҷиддиам. Агар кушоду равшан гап занем, ин ҳама аз ман аст. Ман болои алаф мебароям ва онро мехӯрам, болои ҳар гул, ки баромадам, онро ҳам мехӯрам. Хайр, то дидан! II Дар тӯли чанд соат Гамбусак қариб ҳама чизро омӯхт. Яъне донист, ки дар атрофаш ба ғайр аз офтоб, осмони кабуд ва сабзаҳо, инчунин занбӯрҳои хашмгин,


~ 20 ~ кирмҳои ҷиддӣ ва гулҳои хордор низ ҳастанд. Ӯро ноумедии бузурге пеш омад. Гамбусак бисёр хафа шуд. Охир, вай гумон мекард, ки ҳама чиз аз ӯст ва барои ӯ офарида шудааст, аммо дигарон низ ҳамин хел фикр мекардаанд. Не, набояд ин хел бошад. Ин хел буданаш мумкин нест. Гамбусак дуртар парид ва обро дид. — Инаш, дар ҳақиқат, аз ман аст! — хушҳолона пичирос зад ӯ.— Оби ман. Оҳ, чӣ қадар хуб аст! Ин ҷо ҳам сабзаҳо ҳастанду ҳам гулҳо. Аз рӯ ба рӯйи ӯ гамбусакҳои дигар парида омаданд. — Салом, хоҳарҷон! — Салом, азизон. Ман аз танҳоӣ зиқ шудам. Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед? — Мо бозӣ мекунем, хоҳарҷон. Назди мо биё. Мо хурсандӣ мекунем. Оё ту ба наздикӣ таваллуд шудӣ? — Ҳамин рӯз маро қариб Говзанбӯр неш мезад, баъд ман Кирмакро дидам. Ман фикр мекардам, ки ҳама чиз аз ман аст, аммо онҳо мегӯянд, ки ҳама чиз аз онҳост. Гамбусакҳои дигар меҳмонро тасаллӣ доданд ва ба бозӣ даъват карданд. Гамбусакҳо дар болои об дастаҷамъона бозӣ мекарданд: давр мезаданд, пасту баланд мепариданд, фир-фир мекарданд. Гамбусаки мо саргарми шавқу шодӣ шуд ва дере нагузашта Говзанбӯри хашмгину Кирмаки ҷиддиро фаромӯш кард. — Оҳ, чӣ хел нағз! — Бо хушнудӣ пичирос мезад вай.— Ҳама чиз аз ман: офтоб ҳам, сабзаҳо ҳам, об ҳам. Дигарон чаро хашмгин мешаванд, ман тамоман


~ 21 ~ намефаҳмам. Ҳама чиз аз ман аст, вале ман касеро ташвиш намедиҳам: парвоз кунед, вижжос занед, хурсанд бошед. Ман рухсат медиҳам. Гамбусак бозиву хурсандӣ кард ва ба сари як буттаи шибар* барои истироҳат нишаст. Воқеан, бояд истироҳат кард! Гамбусак нишасту дид, ки дигар гамбусакҳо чӣ гуна хурсандӣ мекунанд. Ногаҳон, аз куҷое, як гунҷишк аз паҳлуи вай тез парида гузашт, мисли он ки касе санг андохтааст. — Уҳ! Уҳ! — фарёд карданд гамбусакҳо ва ба ҳар сӯ пароканда шуданд. Баъди парида гузаштани гунҷишк аз даҳ гамбусак нишоне намонда буд. — Эҳ, роҳзан! — дашном доданд гамбусакҳои пир.— Якбора даҳто гамбусакро хӯрд. Ин бадтар аз Говзанбӯр буд. Гамбусак ба тарсу ҳарос афтод. Вай бо дигар гамбусакҳои ҷавон дуртар парида, дар даруни алафҳои шибар* пинҳон шуд. 5 Аммо дар ин ҷо хатари дигаре пеш омад: ду гамбусакро моҳӣ хӯрд ва дутои дигарро қурбоққа фурӯ бурд. — Э, ин худаш чӣ гап? — ҳайрон шуд Гамбусак.— Ин ба ягон гапу кор рост намеояд. Ин хел зиндагӣ карда намешавад. Оҳ, чӣ қадар нафратовар аст! * Ш и б а р — ботлоқ, замини сернам.


Онҳо пайхас накарданд, ки тобистон чӣ гуна гузашт .


~ 23 ~ Хайрият, ки гамбусакҳо зиёд буданд ва ҳеҷ кас талафотро пайхас накард. Илова бар ин, гамбусакҳои дигар парида омаданд, ки навакак таваллуд шуда буданд. Онҳо парвоз мекарданду пичирос мезаданд: — Ҳама аз мост. Ҳама чиз аз они мост. — Не, ҳама чиз аз они мо нест,— ба тарафи онҳо фарёд зад Гамбусаки мо.— Боз говзанбӯрҳои хашмгин, кирмҳои ҷиддӣ, гунҷишкони баду бало ва моҳию қурбоққаҳо ҳастанд. Эҳтиёт бошед, хоҳаракон! Шаб фаро расид ва ҳама гамбусакҳо дар найзор пинҳон шуданд, ки он ҷо хеле гарм буд. Дар осмон ситораҳо пайдо шуданд, моҳ баромад ва ҳама чиз дар об инъикоси худро ёфт. Оҳ, чӣ қадар хуб буд! «Моҳи ман, ситораҳои ман»,— фикр мекард Гамбусаки мо, аммо ба касе намегуфт, ки мабодо, инҳоро ҳам аз ӯ нагиранд. Тамоми тобистонро Гамбусак ҳамин хел гузаронд. Хурсандии бисёр ҳам кард ва лаҳзаҳои нохуш ҳам кам набуданд. Ӯро ду маротиба қариб буд, ки парасту фурӯ барад; як бор ба ӯ қурбоқа ноаён наздик шуд. Эҳ, чӣ қадар душманони Гамбусак зиёданд! Инчунин лаҳзаҳои хурсандибахш ҳам буданд. Гамбусак бо як гамбусаки хушмӯйлабе вохӯрд. Вай гуфт: — Ваҳ, ту чӣ сон Гамбусаки зебоӣ. Биё, якҷоя зиндагӣ бикунем.


~ 24 ~ Ва онҳо якҷоя зистанд ва бисёр хуб зиндагӣ карданд. Ҳамеша бо ҳам буданд: куҷое, ки яке мерафт, дигаре ҳам ба ҳамон ҷо мерафт. Ва онҳо пайхас накарданд, ки тобистон чӣ гуна гузашт. Боронгариҳо сар шуд, шабҳо сард шуданд. Гамбусаки мо тухм карда, онҳоро дар зери алафҳои ғуллӣ нағзакак пинҳон карду гуфт: — Оҳ, чӣ қадар монда шудам! Ҳеҷ кас надид, ки Гамбусак чӣ хел мурд. Не, вай намурд, балки ба хоби зимистона рафт, то ки аввали баҳор бедор шавад ва аз нав зиндагиро давом диҳад. АФСОНА ДАР БОРАИ ХОМӮШАК ХОМӮШАКОВИЧИ БИНИДАРОЗИ ХАШМИН ВА ХИРСИ ЛАВАНДИ ДУМКӮТОҲИ ПАШМИН Ин воқеа айни нисфирӯзӣ руй дод, вақте буд ки ҳамаи хомӯшакҳо аз гармӣ дар шибар пинҳон шуда буданд. Хомӯшак Хомӯшаковичи бинидароз дар зери паҳнбарге мехобид, ки фарёди имдодхоҳонаеро шунид: — Э вой! Ҳой мардум, ёрӣ диҳед! Хомӯшак Хомӯшакович аз зери барг ҷаҳида хесту овоз дод: — Чӣ шуд? Чӣ дод мезанед?


~ 25 ~ Хомӯшакҳо мепариданд, байни ҳам ғингос мезаданд, аммо ҳеҷ чиз фаҳмида намешуд. — Э, Худоҷон! Ба шибари мо Хирс омада хобидааст. Дар алафзор бо як дароз кашиданаш панҷсад хомӯшакро пахш кард; вақти нафаскашиаш садтои дигарро фурӯ бурд! Оҳ, бародарон, бадбахтӣ! Мо базӯр ҷонамонро халос кардем, вагарна моро ҳам пахш мекард. Хомӯшак Хомӯшаковичи бинидароз, якбора ба хашм омад; ҳам аз кори Хирс ва ҳам аз рафтори хомӯшакҳои нодон, ки беҳуда ғингос мезаданд, сахт ғазабнок шуд. — Ҳой, ба шумо мегӯям ғингосро бас кунед! — фарёд зад ӯ.— Ҳозир ман рафта хирсро аз ин ҷо меронам. Ин хеле кори осон аст! Шумо беҳуда доду фарёд мезанед. Хомӯшак Хомӯшакович бештар ба хашм омада, парвоз кард. Дар ҳақиқат, дар шибар Хирс мехобид. Вай дар алафзори ғуллӣ, ки хомӯшакҳо аз қадимулайём дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, дароз кашида мехобид ва чунон хуррок мекашид, гӯё касе карнай менавохта бошад. Ана, махлуқи аблаҳ! Ба ҷойи бегонае омада, ин қадар хомӯшакҳоро нобуд кардаасту боз баҳузур хобидааст! — Ҳой, амак, ту ба куҷо омадаӣ?! — Овози Хомӯшак Хомӯшакович тамоми ҷангалро фаро гирифт ва аз ин овози таҳдидомези худ, ҳатто худаш ҳам тарсид. Хирси пашмин якто чашмашро кушод, ҳеҷ касро надид, чашми дигарашро ҳам кушода, базӯр дид, ки хомӯшаке дар болои бинии ӯ парвоз мекунад. — Ба ту чӣ даркор, дӯстам? — Хирс ҳам ба ғазаб омад.


Ту чӣ мехоҳӣ, махлуқи аблаҳ?!


~ 27 ~ 6 Инро бинанд, навакак барои истироҳат дар ин ҷо ғел зад, ки дар ин ҷо ҳам кадом нобакоре ба вай ғингос мезанад?! — Ҳой, амак, ба нағзӣ аз ин ҷо бирав! Хирс ҳарду чашмашро кушод, ба ин якрави беадаб нигарист, бинӣ каҷ кард ва тамоман ба ғазаб омад. — Ту чӣ мехоҳӣ, махлуқи аблаҳ?! — ғуррос зад ӯ. — Ҷойи моро тарк бикун, ман ҳазлу шӯхиро дӯст намедорам. Вагарна туро бо ҳамин пӯстини пашмиат мехӯрам! Ин барои Хирс хандаовар намуд. Вай ба тарафи дигар ғел заду бо панҷаи худ фукашро пӯшиду хуррок кашидан гирифт. Хомӯшак Хомӯшакович назди хомӯшакҳо парида омад ва бо тамоми овоз дар шибарзор дод зад: — Ман хирси пашмиро хуб тарсонидам! Ӯ ба ин тарафҳо дигар намеояд. Хомӯшакҳо ҳайрон шуда пурсиданд: — Хуб, Хирс ҳоло дар куҷост? — Намедонам, бародарон. Чун гуфтам, ки агар наравад, ӯро мехӯрам, хеле тарсид. Охир, ман ҳазлу шӯхиро дӯст намедорам. Барои ҳамин рӯйирост гуфтам: мехӯрам! Метарсам, ки то назди шумо парида омаданам, вай аз тарс шах нашуда бошад. Хуб, ин — айби худаш! Ҳамаи хомӯшакҳо ғингос заданд, ғавғо бардоштанд ва муддати дароз баҳс карданд, ки бо ин Хирси беадаб


~ 28 ~ чӣ кор кунанд. Дар шибарзор ҳеҷ гоҳ чунин ғавғо ба амал наомада буд. Онҳо ғингос зада, ғингос зада, тасмим гирифтанд, ки Хирсро аз шибарзор берун кунанд. — Бигзор, вай ба хонаи худ, ба ҷангал, равад ва дар он ҷо бихобад. Охир, шибарзор аз мост. Падарону бобоёни мо маҳз дар ҳамин шибарзор зиндагӣ мекарданд. Як Хомӯшакбибии доно маслиҳат дод, ки Хирсро ба ҳоли худ гузоранд: бигузор, вай хоб равад ва чун аз хоб сер шуд, худаш хеста меравад, лекин ҳама ба вай чунон ҳамла карданд, ки кампири бечора базӯр зери барге пинҳон шуд. — Биёед, бародарон! — Аз ҳама бештар фарёд мезад Хомӯшак Хомӯшакович.— Мо ба ӯ нишон медиҳем. Ҳа! Хомӯшакҳо аз паси Хомӯшак Хомӯшакович парвоз карданд. Онҳо парвоз мекарданду чунон ғингос мезананд, ки ҳатто барои худашон ҳам даҳшатнок менамуд. Омада диданд, ки Хирс хобидаасту намеҷунбад. — Хуб, ман гуфта будам ку: бечора аз тарс мурдааст! — фахр кард Хомӯшак Хомӯшакович.— Ба ҳоли ӯ андак дилам месӯзад. Афсӯс, чӣ хирси бузургест.— Охир, ӯ хоб аст, бародарон,— ғингос зад хомӯшаки хурдакаке, ки дар тори бинии хирс парвоз мекард ва қариб буд, хирс ӯро ба сӯрохи биниаш фурӯ барад. — Эҳ, бешарм! Эҳ, беномус! — якбора ҳамаи хомӯшакҳо садои даҳшатноке бароваданд.— Панҷсад хомӯшакро пахш кард, сад хомӯшаки дигарро фурӯ бурд ва гӯё чизе нашуда бошад, баҳузур хоб аст.


~ 29 ~ Хирс хоб буду хуррок мекашад. — Ӯ вонамуд мекунад, ки хоб аст! — Фарёд зад Хомӯшак Хомӯшакович ва ба назди Хирс парид.— Ман ҳоло ба ӯ нишон медиҳам. Ҳой, амак, вонамуд накун, ки хобӣ! Хомӯшак Хомӯшакович бо хашму ғазаб ба сӯйи Хирс парвоз кард ва ба бинии сиёҳи Хирс бинии дарози худро чунон хаст, ки Хирс аз ҷояш як қад парида хест ва бо панҷааш биниашро бидошт. Лекин Хомӯшак Хомӯшакович барвақт ғайб зада буд. — Чӣ, амак, хуш наомад? — тамасхур кард Хомӯшак Хомӯшакович.— Зуд бирав, набошад, аз ин ҳам бадтар мешавад. Ман Хомӯшак Хомӯшаковичи бинидароз, дигар танҳо нестам! Бобоям — Хомӯшаки биниаш дарози дароз ва додаракам Хомӯшакчаи дарозбинича ҳамроҳи мананд! Бирав аз ин ҷо, амак. — Лекин ман намеравам! — Дод зад Хирс сари ду пойи қафояш нишаста.— Ман ҳамаи шуморо пахш мекунам! Несту нобуд мекунам! — Ҳой, амак, беҳуда лоф мезанӣ. Хомӯшак Хомӯшакович боз парвоз кард ва рост ба чашми Хирс неш зад. Хирс аз дард ғурида, ба рӯйи худаш панҷа зад, вале боз Хомӯшак Хомӯшаковичро дошта натавонист. Фақат қариб буд, ки чашмашро бо нохунаш канда бигирад. Хомӯшак Хомӯшакович ҳамоно дар гирди гӯшҳои Хирс чарх мезад ва таҳдид мекард: — Ман туро мехӯрам, амак!


Бинии ҳамаатонро зада мешиканам!


~ 31 ~ III Хирс сахт ғазабнок шуд. Вай як дарахти тӯсро решакан карда, бо он хомӯшакҳоро кӯфтан гирифт. Ҳамин тавр, бо тамоми зӯри китфу бозуҳояш кӯфт. Вай кӯфту кӯфт, ҳатто хаста ҳам шуд, аммо ягон хомӯшаки афтодаро надид — ҳама дар гирди сари ӯ чарх мезаданду ғингос мекарданд. Хирс санги вазнинеро бардошта, ба тарафи хомӯшакҳо партофт, ки боз ҳеҷ натиҷае надод. 7 — Аз дастат чӣ кор меояд, амак? — таъна зад Хомӯшак Хомӯшакович.— Аммо ман туро ҳатман мехӯрам. Хирс бо хомӯшакҳо дуру дароз мубориза бурд, лекин фақат садои оҳу воҳ баланд буду халос. Аз дур ғурриши Хирс ба гӯш мерасид. Ӯ чӣ қадар дарахтонро канду чӣ қадар сангҳоро беҷо кард. Вай мехост пеш аз ҳама Хомӯшак Хомӯшаковичро дастгир кунад. Охир, ӯ дар бехи гӯшаш ғингос мезад ва Хирс ҳар чанд чангол мезад, ӯро дошта наметавонист. Танҳо тамоми сару рӯйи худро хуншор карду бас. Хирс ниҳоят хаста шуд. Вай болои пойҳои қафои худ нишаста, ғур-ғур кард ва илоҷи дигаре ёфт.— Ҳозир рӯ-рӯйи алафҳо ғел мезанад ва тамоми салтанати хомӯшакҳоро нобуд месозад! Хирс ин тарафу он тараф ғелиду ғелид, вале муроде ҳосил нашуд, балки тамоман аз ҳол рафт. Пас вай фукашро даруни алафзор пинҳон


~ 32 ~ кард. Аммо ҳолаш батар шуд — хомӯшакҳо ба думи Хирс часпиданд. Хирс қариб девона шуд. — Истед, ман ҳоло ба шумо нишон медиҳам! — Ӯ чунон наъра зад, ки аз дурии дуриҳо шунида мешуд.— Ман ба шумо ҳоло нишон медиҳам. ман… ман… ман… Хомӯшакҳо ақибнишинӣ карданд, мунтазир шуданд, ки чӣ ҳодиса рух медиҳад. Хирс маймунвор ба дарахте баромад, дар шохи ғафсе нишаст ва фиғон кашид: — Ку, биёед, акнун ба ман наздик шавед. Бинии ҳамаатонро зада мешиканам! Хомӯшакҳо маҳин-маҳин хандиданд ва аҳлона ба Хирс ҳуҷум карданд. Онҳо вижжос мезаданду мепечиданду мехазиданду мегазиданд. Хирс хомӯшакҳоро зад, зад, зад ва ногаҳон сад сарбози онҳоро надониста фурӯ бурд. Фурӯ бурду ӯро якбора сурфа гирифт. Сурфа зада буд, ки аз шохи дарахт мисли халта ба замин афтид. Аммо ӯ аз ҷой бархоста ва ҷойи зарбхӯрдаи баданашро молида гуфт: — Хуб, чӣ кор карда тавонистед? Дидед, ман чӣ хел моҳирона аз дарахт меҷаҳам?! Хомӯшакҳо боз ҳам маҳинтар хандиданд ва Хомӯшак Хомӯшакович ҳамчунон дод зад: — Ман туро мехӯрам, туро мехӯрам, мехӯрам, мехӯра-а-ам! Хирс ниҳоят сахт хаста шуд, дигар қувваташ намонд, лекин шарм медошт, ки аз шибарзор равад. Вай бо пойҳои қафояш нишаста буд ва танҳо мижа мезад.


~ 33 ~ Ӯро аз ин бало қурбоқа халос кард. Вай аз об ҷаҳида баромаду сари пойҳои қафояш нишаста, гуфт: — Хирсамак, чаро Шумо худро беҳуда азоб медиҳед! Ба ин хомӯшакҳои хира эътибор надиҳед. Арзанда нестанд. — Албатта, арзанда нестанд,— хурсанд шуд Хирс.— Ман ҳамту… Бигзор, инҳо ба бошишгоҳи ман оянду рӯзашонро бинанд! Ман… ба онҳо… Хирс якбора қафо гашту аз шибарзор гурехт. Вай мегурехту Хомӯшак Хомӯшаковичи бинидарози хашмин аз пасаш парида, фарёд мезад: — Ҳой, бародарон, доред ӯро! Хирс мегурезад. Доред! Хомӯшакҳо ҷамъ омаданд, машварат оростанд ва қарор бароварданд: «Ӯ арзанда нест! Бигзор, равад! Охир, шибарзор дар ихтиёри мост!» ЗОДРӮЗИ ВАНКА Нағора бизан: Та-та! Тра-та-та! Карнайҳо навозед: Тру-ту! Ту-ру-ру! Ҳама мусиқиро ин ҷо биёред! — Имрӯз — зодрӯзи Ванка аст! Меҳмонони азиз, хуш омадед! Ҳой, ҳама, ин ҷо ҷамъ шавед! Тра-та-та! Тру-ру-ру! Ванка куртаи сурх дар бар ин тарафу он тараф мераваду мегӯяд: — Бародарон, хуш омадед! Зиёфат — чӣ қадаре, ки хоҳед. Шӯрбо аз тозатарин шохчаҳо; котлетҳо аз реги


~ 34 ~ беҳтарин, аз ҳама покиза; санбӯсаҳо аз коғазпораҳои ранга; чойро намегӯед?! Аз беҳтарин оби ҷӯш. Хуш омадед. Мусиқӣ, навоз! Та-та! Тра-та-та! Тру-ту! Ту-ру-ру! Як ҳуҷра аз меҳмонон пур шуд. Аввалин шуда Ғилдираки чӯбии шикамкалон омад. — Ғирр. Ғирр. соҳибҷашн куҷост? Ғирр. Ғирр. Ман, дар ҳақиқат, хурсандӣ карданро дар ҳузури шарикони хушҳол хеле дӯст медорам. Ду лӯхтак омад! Яке — кабудчашм, Аня, биниаш каме осеб дида буд; дигараш — сиёҳчашм, Катя, онро танҳо як даст буд. Ҳарду боадабона омада, дар дивани бозичаҳо нишастанд. — Биё, бубинем, ки Ванка чӣ гуна зиёфат оростааст,— гуфт Аня.—Бисёр таъриф мекунад. Мусиқиаш бад нест, аммо нисбати зиёфаташ ман сахт шубҳа дорам. — Ту, Аня, ҳамеша аз чизе норозиӣ,— маломат кард Катя. — Ту бошӣ, як умр барои баҳс омодаӣ. Лӯхтакҳо каме баҳс карданд ва ҳатто омодаи ҷанҷол буданд, ки бо як пой лангида Масхарабози куҳнашуда пайдо шуду фавран онҳоро оштӣ дод. — Ҳамааш хуб мешавад, бонуҳо! Биёед, хурсандӣ мекунем. Албатта, маро як пой намерасад, аммо Ғилдиракро бинед, дар як пой чӣ хел давр мезанад! Салом, Ғилдирак! — Ғирр. Салом! Чаро зери як чашмат кабуд метобад?


~ 35 ~ — Ҳеҷ гап не. Аз диван афтидам. Аз ин бадтар шуданаш ҳам мумкин буд. — Оҳ, чӣ қадар бад аст. Ман баъзан хеле зуд чарх зада, каллаамро чунон ба девор мезанам, ки мондан гир! — Хайрият, ки каллаи ту холист. — Бо ҳар ҳол дард мекунад. Ғирр. Худат як санҷида бин, баъд мефаҳмӣ. Масхарабоз танҳо табақчаҳои мисии худро ба бозӣ даровард. Вай марди содалавҳ аст. Петрушка ҳамроҳи худ як даста меҳмононро овард: ҳамсараш — Матрёна Ивановна, табиби олмонӣ — Карл Иванич ва Ҷӯгии биникалон.Ҷӯгии биникалон бо худ аспи сепояро овардааст. — Ку, Ванка, меҳмононро қабул бикун! — Хушҳолона гуфт Петрушка ба бинии худ ангуштак зада.— Яке аз дигаре беҳтаранд ин меҳмонон. Як худи Матрёна Ивановнаи ман чӣ қадар арзанда аст. Вай мисли мурғобӣ чой нӯшиданро дӯст медорад. — Чой ҳам меёбем, Пётр Иванич,— ҷавоб дод Ванка. Мо аз дидори меҳмонони хуб ҳамеша хурсандем. Шинед, Матрёна Ивановна! Карл Иванич, хуш омадед. Хирсу харгӯш ҳам омаданд, Бузаки маллаи бибӣ бо Мурғобии пӯпакдор ва Хурӯсаку Гург ҳам ҳозир шуданд.— Дар хонаи Ванка барои ҳама ҷой ёфт шуд. Аз ҳама охир Кафшаку Ҷорӯбаки Алёнушка омаданд. Онҳо диданд, ки ҳама ҷой банд аст, Ҷорӯбак гуфт: — Ҳеҷ гап не, ман дар як кунҷак ҳам меистам.


~ 36 ~ Аммо Кафшак чизе нагуфт ва оромона ба зери диван даромад. Ин Кафшак фарсуда бошад ҳам, хеле арзишманд буд. Вай танҳо аз сӯрохие, ки дар як бару пешониаш буд, каме хиҷолат мекашид. Хуб, ҳеҷ гап не, дар зери диван ҳеҷ кас инро пай намебарад. — Ҳой, мусиқӣ! — фармон дод Ванка. Нағора ба садо омад: Тра-та! Та-та! Карнайҳо ба навохтан сар карданд: Тру-ту! Ва ҳамаи меҳмонон якбора худро хеле хурсанд ҳис карданд. II Ҷашн хеле хуб оғоз ёфт. Нағора худ ба худ садо медод. Карнайҳо худашон менавохтанд, Ғилдирак ғиррас мезад, Масхарабоз бо табақчаҳои худ саргарми бозӣ буд ва Петрушка норозиёна худ ба худ ғур-ғур мекард. Оҳ, чӣ қадар шавқовар буд! 8 — Бародарон, хурсандӣ кунед! — мӯйсари ҷингилаашро ҳамвор карда, фарёд мезад Ванка. Аняю Катя маҳин-маҳин механдиданд, Хирси лаванд бо Ҷорӯбак мерақсид. Бузаки малла бо Мурғобии пӯпакдор гаштугузор мекарданд, Масхарабоз муаллақзанон ҳунари худро намоиш медод ва дар авҷи хурсанлӣ табиб Карл Иванич аз Матрёна Ивановна пурсид: — Матрёна Ивановна, шикаматон дард намекунад?


~ 37 ~ — Шумо чиҳо мегӯед, Карл Иванич? — Хафа шуд Матрёна Ивановна.— Чаро шумо чунин фикр мекунед? — Ку, забонатонро нишон диҳед. — Хоҳиш мекунам, маро ба ҳоли худам гузоред. — Ман — дар ин ҷо,— маҳинак ҷирингас зад Қошуқчаи нуқрагӣ, ки одатан Алёнушка бо он Шавла мехӯрд. Вай то ҳол оромона дар сари суфра мехобид ва чун табиб дар бораи забон гап зад, ӯ тоқат накарда аз ҷояш хест. Охир, табиб ҳамеша бо ёрии ӯ забони Алёнушкаро месанҷад.


~ 38 ~ — Оҳ, не, лозим нест,— ғур-ғур кард Матрёна Ивановна ва ба тарзи хандаовар даст афшонд. Хуб, ман ба зӯрӣ хидмат карданӣ нестам,— хафа шуд Қошуқча. Вай ҳатто ранҷиданӣ буд, ки Ғилдирак чархида омаду онҳо якҷоя ба рақс даромаданд. Ғилдирак ғиррас мекарду Қошуқча ҷирингас мезад… Ҳатто Кафшаки Алёнушка беқарор шуд. Вай аз зери диван баромад ва ба Ҷорӯбак оҳиста гуфт: — Ман Шуморо бисёр дӯст медорам, бонуи Ҷорӯбак. Ҷорӯбак бо ноз чашмашро маҳкам пӯшид ва як оҳи сабук кашид. Вай дӯст медошт, ки ӯро дӯст доранд. Охир, ӯ ниҳоят Ҷорӯбаки хоксорак буд, мисли баъзеҳо ҳеҷ калонигарӣ намекард. Масалан, Матрёна Ивановна ё Аняю Катя дӯст медоштанд, ки ба камбудии дигарон биханданд: Масхарабоз — якпоя, Петрушка — бинидароз. Карл Иванич — кал ва Ҷӯгӣ ба тарошаи нимсӯхта шабоҳат доштанд. Онҳо аз ҳама бештар ба ҳоли Ванкаи соҳибҷашн механдиданд. — Вай андак содафеъл аст,— мегуфт Катя. Ба ғайр аз ин, ҳавобаланд аст,— меафзуд Аня. Ҳама хурсандӣ карданд ва ба сари миз нишастанд. Зиёфати ҳақиқӣ оғоз ёфт. Ғизо, дар ҳақиқат, шоистаи зодрӯзи воқеӣ буд, вале камбудиҳои ночиз ҳам ҷой доштанд. Хирс саҳван қариб буд, ки ба ҷойи котлет Харгӯшро бихӯрад; Ғилдирак қариб буд, ки бо Ҷӯгӣ барои Қошуқча ҷанг бикунад, чунки ӯ Қошуқчаро қариб буд, ки бидуздад ва аллакай онро ба кисааш андохта


~ 39 ~ буд. Пётр Иваничи ҷангара фурсат ёфт, ки бо ҳамсараш ҷанҷол бикунад ва албатта, ҷанҷоли ноҷову беҳуда. — Матрёна Ивановна, ором шавед,— ӯро таскин медод Карл Иванич.— Охир, Пётр Иванич инсони хуб аст. Шояд, сари шумо дард мекунад? Ман доруҳои ордаки аъло дорам. — Ӯро ба ҳоли худ гузоред, табиби муҳтарам,— гуфт Петрушка.— Ин зани бадфеъл аст. Лекин, дар омади гап, ман ӯро ниҳоят дӯст медорам. Матрёна Ивановна, биёед, ҳамдигарро мебӯсем. — Урро! — фарёд зад Ванка.— Ин сад бор аз ҷанҷол беҳтар аст. Тоқати дидани ҷанҷолро надорам. Ана, бинед… Аммо дар ҳамин дам тамоман ҳодисаи ғайричашмдошт рух дод, ки ҳатто гуфтанаш даҳшатнок аст. Нағора садо дод: Тра-та! Та-та-та! Карнайҳо менавохтанд: Тру-ру! Ру-ру-ру! Табақчаҳои Масхарабоз ҷирангас заданд, Қошуқча бо овози нуқрагӣ механдид, Ғилдирак ғиррас мекард ва Харгӯши хушҳол дод мезад: ҳо-ҳоҳо! Сагчаи сафолӣ баланд аккас мезад, Гурбаи резинӣ меҳрубонона мав-мав-мав мегуфт, Хирс чунон пойкӯбӣ мекард, ки фарш меларзид. Бузаки маллаи бибӣ аз ҳама хушҳолтар менамуд. Аввалан, вай аз ҳама беҳтар рақсид, баъдан, ришашро чунон хандаовар меҷунбонду бо овози гирифтааш фарёд мезад: — Меъ! Меъ!


~ 40 ~


~ 41 ~ III Бубахшед, ин ҳама чӣ гуна рух дод? Ҳамаи инро бо тартиб нақл кардан хеле душвор аст. Аз шоҳидони ҳодиса танҳо Кафшаки Алёнушка ин ҳамаро дар ёд дошт. Вай доно буд ва сари вақт тавонист, зери диван пинҳон шавад. Бале, ҳодиса чунин сар шуда буд. Аввал кубчаҳои чӯбӣ барои табрики Ванка омаданд. 9 Не, боз, ҳамчунин набуд. Аслан ҳодиса чунин оғоз наёфта буд. Кубчаҳо, дар ҳақиқат, омаданд, аммо ҳамааш айби Катяи сиёҳчашм буд. Вай, вай, дуруст! Ин маккора дар охири хӯрокхӯрӣ ба Аня гуфт: — Ба фикри ту, Аня, дар ин ҷо кӣ аз ҳама зеботар аст? Чунин ба назар мерасад, ки ин савол хеле сода аст, аммо Матрёна Ивановна сахт хафа шуд ва ба Катя рӯйирост гуфт: — Ба фикри шумо, Пётр Иваничи ман безеб аст? — Ҳеҷ кас чунин фикр намекунад, Матрёна Ивановна,— худро сафед карданӣ шуд Катя, аммо аллакай дер шуда буд. — Албатта, биниаш каме калон аст,— идома дод Матрёна Ивановна.— Аммо ин ҳамон вақт ба назар мерасад, ки агар шумо ба Пётр Иванич аз паҳлу нигаред. Боз, вай одати баде дорад, ки аз ҳама чиз норозист ва


~ 42 ~ бо ҳама ҷанг мекунад, вале бо вуҷуди ҳамаи ин, вай одами меҳрубон аст. Дар мавриди ақлаш бошад… Лӯхтакҳо чунон ба баҳс дода шуданд, ки диққати умумро ба худ ҷалб карданд. Пеш аз ҳама, албатта, Петрушка ба ин баҳс дахолат кард: — Дуруст, Матрёна Ивановна, зеботарин одам дар ин ҷо, албатта, ман ҳастам! Аз ин гап якбора ҳамаи мардон хафа шуданд. Бубахшед, ин худписандии Петрушкаро бинед! Ҳатто шунидан нафратовар аст! Масхарабоз, ки ҳунари сухангӯйӣ надошт, хомӯшона хафа шуд, аммо табиб Карл Иванич дод зад: — Яъне, ҳамаи мо безебем? Табрик, ҷанобон. Якбора ғавғо бархост. Ҷӯгӣ бо лафзи худ дод мезад. Хирс меғуррид, Гург уллос мекашид, Бузаки малла маас мезад, Ғилдирак ҳамвора ғир-ғир дошт, кӯтоҳи гап ҳамин, ки ҳама сахт хафа шуданд. — Ҷанобон, сабр кунед! — Ванка ҳамаро ором карданӣ шуд.— Ба Пётр Иванич аҳамият надиҳед. Вай шӯхӣ кард. Аммо ҳамаи ин бенатиҷа буд. Хусусан, Карл Иванич дар изтироб омада буд. Вай ҳатто мизро бо мушташ кӯфта, дод зад: — Ҷанобон, зиёфат — хуб, ҷойи гап нест! Аммо моро ба меҳмонӣ фақат барои он даъват кардаанд, ки ҳамаамонро зишту безеб гӯянд. — Бонуҳои меҳрубон ва ҷанобони меҳрубон! — Ванка фарёд зада кӯшиш кард, ки ҳама ба ӯ таваҷҷуҳ


~ 43 ~ кунанд.— Ҳоло ки гап чунин тобиш гирифт, дар ин ҷо танҳо як безеб ҳаст.— Ин манам. Акнун шумо қаноатманд шудед? Баъд… Бубахшед, ин чӣ гуна рух дод? Бале, бале, ҳодиса чунин буд. Карл Иванич ниҳоят ба ҳаяҷон омад ва ба Пётр Иванич наздик шудан гирифт. Вай бо ангушти ишоратиаш ба ӯ таҳдид карда гуфт: — Агар ман шахси босавод намебудам ва намедонистам, ки дар байни мардум чӣ гуна рафтор кардан лозим, Пётр Иванич мегуфтам, ки Шумо аҳмақи гузароед. Ванка табиатан ҷангара будани Петрушкаро, ки медонист, мехост дар байни ваю духтур истад, аммо ҳангоми пеш рафтан мушташ ба бинии дарози Петрушка бархӯрд. Ба Петрушка чунин намуд, ки ӯро на Ванка, балки духтур задааст. Баъд сар шуд. Петрушка аз гиребони духтур гирифт; Ҷӯгӣ, ки дар як тараф нишаста буд, якбора бесабаб Масхарабозро задан гирифт; Хирс ғуррида ба Гург ҳамла кард, Ғилдирак бо каллаи холиаш Бузичаро зад… Кӯтоҳи гап, ҳамин, ки як ҷанҷоли ҳақиқӣ сар шуд. Лӯхтакҳо бо овози маҳин оҳу воҳ карда, ҳар се аз тарс беҳуш шуданд. — Оҳ, ман худро бад ҳис мекунам! — Фарёд зад Матрёна Ивановна ва аз болои диван афтид. — Ҷанобон, охир, ин чӣ гап? — Фарёд зад Ванка.— Ҷанобон, ман-ку соҳибҷашн ҳастам. Ҷанобон, ин билохира, беадабист! Кашмакаши воқеӣ сар шуда буд, кӣ киро мезанад, муайян кардан душвор буд. Ванка беҳуда кӯшиш


~ 44 ~ мекард, ки ҷангиёнро аз ҳам ҷудо кунад. Билохира худаш ба задан сар кард ва ҳар кас, ки рост ояд, мезад. Азбаски ӯ аз ҳама зӯртар буд, аҳволи меҳмонон бад шуд. — Наҷот диҳед! Вой, наҷот диҳед! — Аз ҳама баланд дод мезад Петрушка ва кӯшиш мекард, ки духтурро сахттар занад. Петрушкаро зада мекушанд.— Наҷот диҳед! Фақат Кафшак аз ин кашмакаш, ки тавонист сари вақт зери диван пинҳон шавад, халосӣ ёфт. Вай ҳатто аз тарс чашмонашро пӯшид ва ҳамин дам Харгӯшак дар паси вай пинҳон шуд, ки ӯ низ халосиро дар гурез медид. — Ту куҷо медароӣ? — Эътироз кард Кафшак. — Хомӯш шав, вагарна мешунаванду ҳар дуямонро мезананд,— огоҳ кард Харгӯшак бо чашми каҷаш аз сӯрохии Кафшак нигоҳ карда,— Эҳ, ин Петрушка чӣ хел аблаҳ аст! Вай ҳамаро мезанаду боз дашном медиҳад. Бисёр меҳмони хуб, ҷойи гап нест,— киноя зад Харгӯшак.— Ман базӯр аз Гург гурехтам. Эҳ! Ҳатто ба ёд оварданаш даҳшатнок аст. Бубин, он ҷо Мурғобича дар ҳаво хобидааст. Куштанд бечораро. — Оҳ, ту чӣ қадар беақлӣ, Харгӯшак: ҳама лӯхтакҳо аз ҳуш рафтанд ва мурғобӣ ҳамчунин. Онҳо муддати дароз ҷангиданду ҷангиданд, то даме ки Ванка ҳамаи меҳмононро, ба истиснои лӯхтакҳо, аз хона ронд. Матрёна Ивановна аз хоби беҳушона хаста шуда буд, вай як чашмашро кушода, пурсид:


~ 45 ~ — Ҷанобон, ман дар куҷоям? Табиби азиз, бубинед, ки ман зиндаам? Ҳеҷ кас ба ӯ посух надод ва Матрёна Ивановна чашми дигарашро кушод. Хона холӣ буд. Фақат Ванка дар миёна истода, бо ҳайрат ба атроф менигарист. Аняю Катя ҳам чашм кушода, ҳайрон шуданд. Дар ин ҷо ҳодисаи даҳшатноке рух додааст,— гуфт Катя.— Рафтори соҳибҷашнро бинед! Мо — қоил! Лӯхтакҳо якбора ба Ванка дарафтоданд, ки ҳодисаро шарҳ диҳад. Аммо ӯ тамоман намедонист чӣ ҷавоб диҳад. Ӯро касе латукӯб кард ва ӯ ҳам касеро хуб кӯфт, аммо барои чӣ ва ба кадом сабаб, маълум набуд. — Ман тамоман намедонам, ки ин ҳама чӣ гуна рух дод,— гуфт Ванка дастҳояшро ба ду тараф кушода.— Аламовараш ин аст, ки: ман ҳамаашонро дӯст медорам. Аз як сар ҳамаашонро. — Аммо мо медонем,— Кафшаку Харгӯшак аз зери диван ба гап ҳамроҳ шуданд.— Мо ҳамаашро дидем! — Бале, ин айби шумост! — Матрёна Ивановна ба онҳо дарафтод.— Албатта, айби шумо. Ҷанҷолро сар кардеду худатон пинҳонӣ тамошобин шудед. — Онҳо! Онҳо! — бо як овоз дод заданд Аняю Катя. — Ана гап дар куҷо будааст! — хурсанд шуд Ванка.— Гум шавед аз ин ҷо, роҳзанҳо! Шумо ба меҳмонӣ танҳо барои ҷанг андохтани одамони хуб меравед! Кафшаку Харгӯш базӯр аз тиреза берун ҷаҳиданд. — Ҳоло ман ба шумо…— Матрёна Ивановна аз думболашон бо мушт таҳдид кард.— Оҳ, бубинед, дар дунё


~ 46 ~ чӣ гуна одамони бад ҳастанд! Ана, Мурғобича низ ҳамин гапро мегӯяд. — Бале, бале,— тасдиқ кард Мурғобича.— Ман бо чашми худ дидам, ки чӣ гуна онҳо дар зери диван пинҳон шуданд. Мурғобича ҳамеша ба гапҳои ҳама розӣ мешуд. — Бояд меҳмононро баргардонем.— Пешниҳод кард Катя.— Мо боз хурсандӣ мекунем. Меҳмонон бо камоли майл баргаштанд. Якеро зери чашм — сиёҳу кабуд, дигаре — лангидаву озурда. Аз ҳама бештар бинии дарози Петрушка лат хӯрда буд. — О, роҳзанҳо! — Ҳама бо як овоз Кафшаку Харгӯшакро сарзаниш мекарданд.— Кӣ гумон мекард, ки онҳо чунин моҷароҷӯянд? — Оҳ, ман хеле хаста шудам! Дастҳоям дард мекунанд,— шикоят кард Ванка.— Хуб, ба гузашта — салавот! Ман кинагир нестам. Ҳой, мусиқӣ! Дубора нағора садо баровард: Тра-та! Та-та-та! Карнайҳо ба навозиш сар карданд: Тру-ту! Ру-ру-ру! Ва Петрушка бо эҳсос фарёд мезад: — Урро, Ванка!


~ 47 ~ АФСОНА ДАР БОРАИ ГУНҶИШК ГУНҶИШКОВИЧ, ЁРШ ЕРШОВИЧ ВА ЯШАИ МӮРИРӮБИ ХУШҲОЛ Гунҷишк Гунҷишкович ва моҳича — Ёрш Ершович дӯстона зиндагӣ мекарданд. Ҳар рӯзи тобистон Гунҷишк Гунҷишкович назди дарёча меомаду фарёд мекард: — Ҳой, бародар, салом! Аҳволат хуб аст? — Бад не, оҳиста-оҳиста гаштаем,— ҷавоб медод Ёрш Ершович.— Биё, меҳмони ман бишав. Ҷойи ман — хуб, дар зери об аст, бародар, дар чуқурии дарёча. Дар ин ҷо об ором аст, чӣ қадар, ки хоҳӣ, алафҳои обӣ ҳастанд. Ман туро бо тухми қурбоқа, кирмакҳо, гамбусакҳои обӣ зиёфат мекунам. — Ташаккур, бародар! Бо ҷону дил мехоҳам, меҳмони ту бошам, лекин аз об метарсам. Беҳтараш, ту ба боми хона, ба меҳмонии ман, парида биё. Ман туро, бародар, бо буттамеваҳо меҳмондорӣ мекунам. Дар ин ҷо ман боғи калон дорам ва боз нонрезаву ҷав, шакар ва хомӯшаки зинда ҳам пайдо мекунем. Ту-ку шакарро дӯст медорӣ? — Вай чӣ хел аст? — Вай ҳамин хел сафед. — Мисли сангчаҳои дарёи мост? — Хайр, ин хел: дар даҳон бигирӣ, ширин аст. Санг - чаҳоро магар хӯрда мешавад? Биё, ҳозир ба болои бом парвоз мекунем?


Агар ман бо ин дастколаи чӯянӣ ба сарат бизанам . . .


Click to View FlipBook Version