The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 08:10:04

Аленушка

30. Alenushka's tales

~ 49 ~ — Не, ман парида наметавонам ва аз об бароям, нафасам мегирад. Биё, беҳтараш, дар об якҷоя шино мекунем. Ман ба ту ҳама чизро нишон медиҳам. Гунҷишк Гунҷишкович кӯшиш кард, ки ба об дарояд. Вай то қади зонуҳояш ба даруни об даромад, вале барои дарунтар рафтан тарсид. Ин хел ғарқ шудан мумкин аст! Гунҷишк аз оби тозаи дарёча менӯшид, дар рӯзҳои гарм дар ягон ҷойи камоб оббозӣ мекард, пару болашро тоза мешуст ва боз ба боми худ бармегашт. Умуман, онҳо дӯстона зиндагӣ доштанд ва дар масъалаҳои гуногун суҳбати гарму ҷӯшон мекарданд. 10 — Чӣ хел об ба дилат намезанад? — Тааҷҷуб мекард Гунҷишк Гунҷишкович.— Он ҷо доим тару нам аст, бемор шуданат мумкин. Ёрш Ершович дар навбати худ ҳайрон мешуд: — Э бародар, магар ин ҳама париданҳо ба дилат назадааст? Бубин, дар боло офтоб чӣ қадар гарм мешавад, нафасгир мешавӣ. Аммо ҷойи ман ҳамеша серуну салқин аст. Чӣ қадар, ки хоҳӣ, шино мекунӣ. Тобистон ҳама барои шиноварӣ ба оби ман медароянд. Ба боми ту кӣ меояд? — Бародар, ту намедонӣ, киҳо назди ман меоянд! Ман як дӯсти хуб дорам — Яшаи мӯрирӯб. Ӯ доим назди ман ба меҳмонӣ меояд. Вай бисёр мӯрирӯби хушҳол аст — ҳамеша месарояд. Мӯриҳоро мерӯбаду месарояд. Гузашта аз ин, ӯ дар ҷойи аз ҳама баланд нишаста


~ 50 ~ истироҳат мекунад, аз бағалаш як бурда нон бароварда мехӯрад, ман нонрезаҳояшро чида мехӯрам. Мо бисёр аҳлона зиндагӣ мекунем. Охир, ман ҳам вақтхуширо дӯст медорам. Мушкилиҳои дӯстон тақрибан яксон буданд. Масалан, зимистон: Гунҷишк Гунҷишкович хеле хунук мехӯрд! Оҳ, чӣ рӯзҳои сард буданд! Чунин ба назар мерасид, ки саропо ях мекунад. Гунҷишк Гунҷишкович болу парашро ғунча карда, пойҳояшро ба бағалаш гирифта менишаст. Ягона роҳи халосӣ ин буд, ки ба даруни ягон мӯрӣ даромада, каме гарм шавад. Аммо дар ин ҷо ҳам аз хатарҳои ногаҳонӣ эмин набуд. Боре Гунҷишк Гунҷишкович бо шарофати дӯсти беҳтаринаш — мӯрирӯб, аз як мурдан наҷот ёфт. Мӯрирӯб омада якбора дастгоҳи чӯяниву ҷорӯби дарозашро ба даруни мӯрӣ андохт ва қариб буд, сари Гунҷишк Гунҷишковичро кафонад. Гунҷишк Гунҷишкович сипсиёҳ, балки аз мӯрирӯб ҳам сиёҳтар, саросема аз мӯрӣ баромад ва ӯро сахт сарзаниш кард: — Ту, Яша, чӣ кор мекунӣ? Магар маро куштан мехостӣ? — Ман аз куҷо донам, ки ту дар даруни мӯрӣ нишастаӣ? — Дар оянда эҳтиёткор бош. Агар ман бо ин дастколаи чӯянӣ ба сарат бизанам, чӣ мегуфтӣ? Ёрш Ершович низ дар зимистон душворӣ мекашид. Вай ба ягон ҷойи хилвату амиқтари дарёча медаромаду тамоми рӯз ғанаб мекард. Ҷояш ҳам торику ҳам сард


~ 51 ~ буд, ҳатто хоҳиши ҷунбидан надошт. Гоҳ-гоҳ, вақте ки Гунҷишк Гунҷишкович ӯро фарёд мекард, пештар омада, аз сӯрохии ях сар мебаровард. Гунҷишк Гунҷишкович ба лаби ягон сӯрохии ях барои обнӯшӣ парида меомаду фарёд мезад: — Ҳой, Ёрш Ершович, ту зиндаӣ? — Зиндаам,— Ёрш Ершович хоболудона посух медод.— Аз чӣ бошад, ки фақат мехоҳам хоб равам. Умуман аҳвол хеле бад аст. Ин ҷо ҳама хобанд. — Ҳоли мо ҳам чандон хуб нест, бародар. Чӣ кор ҳам мекардем. Бояд тоқат кард. Ваҳ, чӣ гуна боди сард мевазад! Ба ин сардӣ тоқат карда намешавад, бародар. Ман бо як поям меҷаҳам, то ки гарм шавам. Одамон маро дида мегӯянд: «Ин гунҷишкаки шӯху хушҳолро бинед!» Оҳ, кошкӣ то гармӣ бирасем. Ту боз хобидаӣ, бародар? Тобистон ҳам мушкилиҳои худро дорад. Як бор шоҳине Гунҷишк Гунҷишковичро ба масофаи дуру дароз таъқиб кард, Гунҷишкаки бечора базӯр дар ғешазори соҳили дарё худро пинҳон кард. — Оҳ, базӯр зинда мондам! — Андак нафасашро рост карда ба Ёрш Ершович шикоят кард ӯ.— Ана, ин роҳзанро бин-а! Қариб чангол мезад. Агар медошт, аз ман ному нишоне намемонд! — Ин монанди моҳии шукаи мост,— Ӯро тасаллӣ дод Ёрш Ершович.— Ман ҳам ба наздикӣ қариб буд, ки ба даҳони вай биафтам. Мисли барқ аз паси ман омад. Ман бо моҳичаҳои дигар шиновар будам ва дидам, ки


~ 52 ~ дуртар аз мо чӯбе шино мекунад, аммо якбора ин «чӯб» ба ман ҳуҷум кард. Аз куҷо ин шукаҳо пайдо мешаванд? Ман ҳайронам ва ҳеҷ намефаҳмам. — Ман ҳам намефаҳмам. Ба назарам чунин менамояд, ки замоне шоҳин шука буд ва шука шоҳин буд. Хуллас, ҳар ду роҳзанҳоянд… II Бале, Гунҷишк Гунҷишкович ва Ёрш Ершович чунин зиндагӣ мекарданд, онҳо дар зимистон хунук мехӯрданду дар тобистон хурсандӣ мекарданд. Яшаи мӯрирӯб мӯриҳоро мерӯфту суруд мехонд. Ҳар кас кори худу ғаму шодии худро дошт. Як тобистон мӯрирӯб корашро тамом карду назди дарёча барои шустушӯ омад. Ҳуштаккашон омад, ки садои даҳшатноке шунид. Чӣ гап шуд? Яке дид, ки дар болои оби дарёча парандаҳо парвоз доранд: мурғобию ғоз, парастуву парандаҳои шибарӣ, зоғҳову кабӯтарҳо. Ҳама ғавғо мекунанд, қиғосу биғос мезананд — ҳеҷ чӣ фаҳмида намешавад. — Ҳой, чӣ ҳодиса шуд? — Фарёд зад мӯрирӯб. — Ана ҳамин хел,— ҷириққос зад Фотимачумчуқ.— Ин қадар хандаовар! Ин қадар хандаовар! Бубинед, Гунҷишк Гунҷишковичи мо чӣ кор мекунад. Комилан девона шудааст. Фотимачумчуқ маҳин хандиду дум ҷунбонд ва рӯрӯйи дарё парида рафт.


~ 53 ~ Вақте ки мӯрирӯб ба дарё наздик шуд, Гунҷишк Гунҷишкович ба вай ҳуҷум кард. Афташ тамоман — воҳиманок: даҳонаш — кушода, чашмаш оташак мезанад, ҳама парҳояш сих шудаанд. — Ҳой, Гунҷишк Гунҷишкович, ту, бародар, дар ин ҷо чӣ ин қадар мағал бардоштаӣ? — пурсид мӯрирӯб. — Не, ман ба ӯ нишон медиҳам! — Аз ғазаб нафасгир шуда, фарёд зад Гунҷишк Гунҷишкович.— Вай ҳоло намедонад, ки ман чӣ касам. Ман ба ин Ёрш Ершовичи нобакор нишон медиҳам! Чунон мекунам, ки якумр фаромӯш намекунад, ин роҳзан! — Ӯро гӯш накунед! — ба мӯрирӯб аз даруни об фарёд зад Ёрш Ершович.— Ӯ дурӯғ мегӯяд. — Ман дурӯғ мегӯям? — Фарёд зад Гунҷишк Гунҷишкович.— Кирмакро кӣ ёфт? Ман дурӯғ мегӯям? Як кирмаки фарбеҳак! Ман онро аз соҳил кофта баровардам. Чӣ қадар заҳмат кашидам. Хуб, ман онро ба хонаам мебурдам, ба лонаи худам. Ман оила дорам, бояд онҳоро хӯронам. Ман, дар нӯлам кирмак, аз болои дарё мепаридам, ки аблаҳи Ёрш Ершович, кошкӣ моҳии Шука ӯро фурӯ мебурд! — «Шоҳин!» гӯён фарёд зад. Ман аз тарс дод задам, ки кирмак аз нӯлам ба об афтид ва Ёрш Ершович ҳамон лаҳза онро фурӯ бурд. Ин магар «дурӯғ» аст?! Ҳол он ки ягон хел Шоҳин набуд! — Хайр, ман шӯхӣ кардам охир,— худро сафед кард Ёрш Ершович.— Лекин кирмак воқеан болаззат буд.


~ 54 ~


~ 55 ~ Дар гирду атрофи Ёрш Ершович моҳиҳои гуногун, ба монанди плотва, карасҳо, окунҳо ва моҳичаҳои хурдакак ҷамъ омада буданд. 11 Онҳо баҳсу мунозираро гӯш мекарданду механдиданд. Бале, ҷойи гап нест, Ёрш Ершович, дар ҳақиқат, бо дӯсти деринааш шӯхии аҷиб кардааст! Аҷибтараш ин аст, ки Гунҷишк Гунҷишкович бо ӯ чӣ гуна ҷанг мекунад. Чунон ҳуҷум мекунаду ҳуҷум мекунад, аммо ҳамааш — бенатиҷа. — Илоҳо, кирмаки ман заҳри танат шавад! — Ӯро дуои бад мекард Гунҷишк Гунҷишкович.— Ман барои худам дигарашро меёбам. Вале аламовараш ин аст, ки Ёрш Ершович маро фиреб доду боз ба ҳоли ман механдад. Ман боз ӯро ба меҳмонии боми худ даъват кардам. Дӯсти хубе! Ҷойи гап нест! — Киноя мезад Гунҷишк Гунҷишкович! — Ана, Яшаи мӯрирӯб гуфта метавонад, ки ману вай чӣ сон аҳлона зиндагӣ мекунем, ҳатто баъзан якҷоя хӯрок мехӯрем. Ӯ нон мехӯрад, ман нонреза мечинам. — Истед, бародарон, ин масъаларо баррасӣ кардан лозим аст,— гуфт мӯрирӯб.— Фақат шумо аввал фурсат бидиҳед, ки ман дасту рӯямро бишӯям. Баъд ман масъалаи шуморо одилона дида мебароям. Ту, Гунҷишк Гунҷишкович, ҳоло андак ором шав. — Ҳақ ба ҷониби ман аст, чаро ман бояд хавотир шавам?! — Фарёд зад Гунҷишк Гунҷишкович.— Ман


~ 56 ~ танҳо ба Ёрш Ершович чӣ гуна шӯхӣ карданро нишон медиҳам. Мӯрирӯб дар лабаки соҳил нишаст, бастаи хӯроки нисфирӯзиашро дар паҳлуяш болои санге гузошт ва дасту рӯяшро шуста гуфт: — Хуб, бародарон, акнун мо ҳукм хоҳем баровард: Ту, Ёрш Ершович, моҳиӣ ва ту, Гунҷишк Гунҷишкович, парандаӣ. Ман дуруст мегӯям? — Дуруст! Дуруст! — Парандаҳову моҳиҳо баробар тасдиқ карданд. — Биёед, суҳбатро давом медиҳем. Моҳӣ бояд дар об зиндагӣ кунад ва паранда — дар ҳаво. Ман дуруст мегӯям? Дуруст, ки бошад, Кирмак, масалан, дар замин зиндагӣ мекунад. Хуб. Акнун бубинед. Мӯрирӯб бастаашро кушода, як пораи нони ҷавиро, ки тамоми хӯроки нисфирӯзиаш буд, болои санг гузошт ва гуфт: — Ана нигоҳ кунед: ин чист? Ин нон аст. Ман онро бо меҳнати ҳалол ба даст овардаам ва онро бо об мехӯрам. Ҳамин тавр? Ин маънои онро дорад, ки ман хӯроки доштаамро мехӯрам ва ҳеҷ касро намеранҷонам. Моҳӣ ва паранда ҳам хӯрдан мехоҳанд. Пас, шумо ғизои худро доред! Чаро ҷанҷол мекунед? Гунҷишк Гунҷишкович кирмакро аз зери замин кофта гирифт, ин маънои онро дорад, ки вай онро ба даст овардааст ва аз ин рӯ, кирмак аз они… — Бубахшед, амакҷон,— овози маҳине аз байни анбӯҳи парандагон баланд шуд.


~ 57 ~ Парандаҳо як тараф шуда, Мурғи лойхӯракро ба пеш бароварданд, ки бо пойҳои борику нозукаш рост ба пеши мӯрирӯб омад. — Амакҷон, ин нодуруст аст. — Барои чӣ нодуруст аст? — Охир, кирмакро ман ёфта будам. Ана, аз мурғобиҳо пурсед, онҳо инро диданд. Онро ман ёфтам, вале Гунҷишк парида омаду онро аз ман рабуд. Мӯрирӯб дар хиҷолат монд. Воқеа тамоман дигар хел будааст-ку. — Ин чӣ гап? — Бо худ андешида, фикрашро ҷамъ кард мӯрирӯб.— Ҳой, Гунҷишк Гунҷишкович, ту чаро мардумро фиреб медиҳӣ? — Ман дурӯғ намегӯям, балки Мурғи лойхӯрак дурӯғ мегӯяд. Вай бо мурғобиҳо забон як кардааст. — Не, бародарон, ин ҷо чӣ гапи дигаре ҳаст. Ҳм. Бале! Албатта, кирмак арзише надорад, аммо дуздӣ хуб нест. Ва касе, ки дуздӣ кардааст, ӯ, албатта, маҷбур аст дурӯғ бигӯяд. Ман дуруст мегӯям? Хуб. — Дуруст! Дуруст! — Боз ҳама бо овози баланд дод заданд.— Ту ба ҳар ҳол баҳси миёни Ёрш Ершович ва Гунҷишк Гунҷишковичро додрасӣ бикун! Кадоми онҳо ҳақанд? Ҳар ду дод заданду ҳар ду ҷангиданд ва ҳамаро безор карданд. — Кӣ ҳақ аст? Оҳ, шумо, балочаҳо, Ёрш Ершович ва Гунҷишк Гунҷишкович! Дар ҳақиқат, балочаҳо! Ман ҳар дуи шуморо барои он ки ба дигарон дарси ибрат шавад, ҷазо медиҳам. Хуб, ку, зуд бо ҳам оштӣ бикунед!


~ 58 ~ — Дуруст! — Ҳама бо як овоз дод заданд.— Бигзор, бо ҳам оштӣ шаванд. — Мурғи лойхӯракро барои он заҳматкаш, ки кирмакро кофта ёфтааст, ман бо нонрезаҳо зиёфат мекунам,— хулоса баровард мӯрирӯб,— бо ҳамин масъала ҳал ва об ба лаби ҷӯ баробар мешавад. Ҳама хурсанд мешаванд. — Хеле хуб! — Дубора ҳама фарёд заданд. Мӯрирӯб даст дароз кард, ки нонашро бигирад, лекин нон дар ҷояш набуд. Ҳангоме ки мӯрирӯб дар хусуси баҳс сухан мекард, Гунҷишк Гунҷишкович нонро рабуда буд. — Оҳ, ғоратгар! Фиребгар! — Ҳамаи моҳиҳову парандаҳо норизоӣ карданд ва аз пайи боздошти дузд афтоданд. Бурдаи нон вазнин буд, Гунҷишк Гунҷишкович бо вай дур парвоз карда наметавонист. Онҳо дар болои дарё ба дузд расиданд ва хурду калон, ба ӯ ҳуҷум оварданд. Ғалоғулаи калон рӯй дод. Ҳама ба нон чангол мезаданд, аммо нон реза мешуд ва нонрезаҳо ба оби дарё меафтиданд. Ниҳоят бурдаи нон ҳам ба дарё афтид. Дар об моҳиҳо ба он ҳуҷум карданд. Дар миёни моҳиҳову парандаҳо ҷанги ҳақиқӣ сар шуд. Онҳо тамоми бурдаи нонро ба нонрезаҳо табдил дода, ҳамаашро хӯрданд. Аз буридаи нон чизе боқӣ намонд. Вақте ки ҳамаи бурдаи нону нонрезаҳоро хӯрда тамом карданд, ҳама якбора ба худ омаданду хиҷолат кашиданд. Охир, онҳо Гунҷишки


~ 59 ~ дуздро таъқиб мекарданду бурдаи нони дуздидаро худашон хӯрданд. Яшаи мӯрирӯб дар канори дарёча нишаста, нигоҳ мекарду механдид. Аҷаб лаҳзаи хандаовар буд. Ҳама аз ӯ гурехтанд, танҳо Мурғаки лойхӯрак бо ӯ монд. — Чаро ту аз паси ҳама напаридӣ? — Пурсид мӯрирӯб. — Парида мерафтаму... Ман хурдакакам, амак. Парандагони калон маро мезананд. — Ин хел бошад, хуб кардаӣ, Мурғи лойхӯрак. Лекин мо, ҳар ду бе хӯроки чошт мондем. Эҳтимол, мо ҳоло кам кор кардаем. Алёнушка ба соҳил омада, аз Яшаи мӯрирӯби хушҳол пурсид, ки чӣ ҳодиса рӯй дод ва баъди шунидан ӯ ҳам хуб хандида гуфт: — Оҳ, чӣ гуна беақланд ин моҳиёну парандаҳо! Ман мебудам, ҳамаашро баробар тақсим мекардам — ҳам кирмаку ҳам бурдаи нонро ва ҳеҷ кас ҷанҷол намекард. Дирӯз ман чор себро тақсим кардам. Падарам чор себ оварда гуфт: «Инҳоро байни ману Лиза баробар тақсим бикун». Ман онро се тақсим кардам: Як себро ба падарам ва як себро ба Лиза додаму дутои дигарашро худам гирифтам. Тамом!


~ 60 ~ АФСОНА ДАР БОРАИ МАГАСИ ОХИРИН Тобистон хеле хуш гузашт! Оҳ, чӣ қадар гуворо буд! Ҳамаашро ба тартиб нақл кардан душвор аст. Магасҳо ҳадду ҳисоб надоштанд. Онҳо ба ҳар сӯ мепариданд, вижжос мезаданд, хурсандӣ мекарданд. Вақте ки Мушкаи хурдакак таваллуд шуд, вай ҳам болҳои худро кушоду вуҷудашро хурсандӣ фаро гирифт. Чунон хурсанд буд, ки ба гуфтан рост намеояд. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки аз субҳ ҳама дару тирезаҳои айвонро кушоданд. Аз кадомаш, ки хоҳӣ, аз ҳамонаш парида бирав! — Чӣ хел махлуқи меҳрубон аст инсон! — Аз як тиреза ба тирезаи дигар парида, тааҷҷуб мекард Мушкаи хурдакак.— Ин тирезаҳоро барои мо сохтаанд ва барои мо мекушоянд. Хеле хуб ва муҳимтар аз ҳама — шавқовар. Вай ҳазор маротиба ба боғ парвоз мекард, дар рӯйи сабзаҳо менишаст, аз рангу бӯйи гулҳои сирен, аз баргҳои нозуки дарахтон ва шукуфтани гулҳо мафтун мешуд. Боғбони то ҳол барои ӯ номаълум ғами ҳама чизро пешакӣ хӯрдааст. Оҳ, чӣ гуна инсони меҳрубон аст ин боғбон! Мушка ҳанӯз таваллуд нашуда, тавонистааст ҳама чизро, ки барои Мушка лозим аст, омода созад. Ӯ ҳанӯз парида наметавонист, ҳатто бо душвории зиёд роҳ мерафт, меларзид ва ин боғбон норозиёна зери лаб чизе мегуфт, ки тамоман фаҳмида намешуд.


. . . ки магасҳо қанду меваро хеле дӯст медоранд.


~ 62 ~ — Ин магасҳои хира аз куҷо пайдо мешаванд?! — ғур-ғур мекард боғбони меҳрубон. Бечора, ин суханонро шояд аз рӯйи ҳасад мегуфт, зеро ӯ танҳо шудгори замин, шинондани гулҳо ва об додани онҳоро медонист, аммо парвоз карда наметавонист. Мушка қасдан дар болои бинии сурхи боғбон давр зада, ӯро сахт зиқ мекард. Дигар ин, ки одамон бисёр меҳрубонанд. Онҳо дар ҳама ҷо маҳз барои магасҳо шароитҳои беҳтаринро муҳайё месозанд. Масалан, Алёнушка субҳ ширу кулча хӯрд. Сипас аз холаи Оля қанд пурсид. Ҳамаи инро ӯ танҳо барои он кард, ки барои магасҳо чанд қатра шири рехта, аз ҳама муҳимаш, резаҳои кулчаву қандро боқӣ монад. Хуб, магар аз ин резаҳои лазиз беҳтар чизе буда метавонад? Алахусус, вақте ки тамоми субҳ ҳар сӯ мепариву гурусна мемонӣ? Баъд Дашаи пазанда аз Алёнушка ҳам меҳрубонтар аст. Вай ҳар пагоҳӣ ба бозор меравад ва маҳз барои магасҳо ҳар хел хӯрданиҳои болаззат меоварад: гӯшти гов, баъзан моҳӣ, қаймоқ, равған. Умуман, дар хона зани аз ҳама меҳрубонтар аст. Вай ба хубӣ медонад, ки ба магасҳо чӣ лозим аст, ҳарчанд ки ӯ ҳам мисли боғбон парвоз карда наметавонад. Умуман, як зани хеле хуб! Холаи Оля-чӣ? Оҳ, ба назар чунин мерасид, ки ин зани олиҷаноб, танҳо барои магасҳо зиндагӣ мекард. Вай ҳар саҳар тамоми тирезаҳоро бо дасти худ мекушод, то ки барои магасҳо даромадан осонтар шавад ва ҳангоми боронгариву хунукӣ, вай онҳоро мепӯшид, ки магасҳо


~ 63 ~ болҳои худро тар накунанд ва шамол нахӯранд. Баъд холаи Оля ҳис кард, ки магасҳо қанду меваро хеле дӯст медоранд, аз ин рӯ вай ҳар рӯз аз меваю қанд мураббо мепухт. Магасҳо, албатта, мефаҳмиданд, ки ин ҳама кор барои кист ва аз ҳисси миннатдорӣ рост ба даруни зарфи мураббо медаромаданд. Алёнушка мурабборо хеле дӯст медошт, аммо холаи Оля, барои он ки магасҳо наранҷанд ба ӯ танҳо як ё ду қошуқ мураббо медоду халос. 12 Азбаски магасҳо ҳамаро якбора хӯрда наметавонистанд, холаи Оля як қисми мурабборо ба зарфҳои шишагӣ меандохт (ба хотири он ки мураббо барои мушҳо нест ва онҳо, мабодо, ки ҳамаро бихӯранд!) ва баъд ҳар рӯз вақти чойнӯшӣ онро дар чанд лаълича барои магасҳо меовард. — Оҳ, чӣ қадар ҳама меҳрубону хубанд! — Аз тиреза ба тиреза парвоз карда, мафтун мешуд Мушка.— Шояд хуб аст, ки парида наметавонанд. Вагарна, онҳо ба магасҳо, магасҳои калону пурхӯр, мубаддал мешуданду ҳама чизро худашон мехӯрданд. Оҳ, дар дунё зиндагӣ кардан чӣ қадар хуб аст! — Хуб, одамон чандон меҳрубон ҳам нестанд, ки ту фикр мекунӣ,— эътироз кард Магаси пир, ки ғур-ғур карданро дӯст медошт.— Ба назарат чунин менамояд. Оё ту ба одаме, ки ҳама ӯро «падар» мехонанд аҳамият додаӣ?


~ 64 ~ — Ҳа. Ин ҷаноби хеле аҷиб аст. Шумо комилан ҳақ ҳастед, Магаси хубу меҳрубон. Чаро вай бо тубуқаш тамоку мекашад, чун хуб медонад, ки ман тамоман тоқати дуди тамокуро надорам? Ба назарам, вай ин корро барқасди ман мекунад. Баъдан, ӯ барои магасҳо ягон кор кардан намехоҳад. Ман боре сиёҳиро, ки ӯ бо он доимо чизе менависад хӯрдам ва қариб буд, ки мурам. Ин ниҳоят нафратовар аст! Ман бо чашми худ дидам, ки чӣ гуна ду магаси зебои майдаяк, аммо тамоман бетаҷриба, дар зарфи сиёҳиаш ғарқ шуданд. Як манзараи даҳшатнок буд, вақте ки ӯ яке аз онҳоро бо нӯги перо гирифта, дар рӯйи қоғаз доғи олиҷанобе гузошт. Тасаввур мекунед, ӯ дар ин кор худро не, балки моро айбдор кард! Ҳақиқат дар куҷост? — Ман фикр мекунам, ки ин падар комилан аз ҳақиқат бехабар аст, лекин ӯ як ҷиҳати хуб дорад,— посух дод Магаси солхӯрдаи ботаҷриба.— Вай пас аз хӯроки нисфирӯзӣ оби ҷав менӯшад. Ин чандон бад нест! Бояд иқрор шавам, ки ман ҳам оби ҷав нӯшиданро дӯст медорам, ҳар чанд ки сарам аз он чарх мезанад. Ин одати бад аст, аммо чӣ кор бикунам, ки тарки одат амри маҳол аст. — Ман ҳам оби ҷавро дӯст медорам,— эътироф кард Мушкаи хурдакак ва каме сурх шуд.— Ин маро хеле хушҳол мекунад, гарчанде рӯзи дигар сарам ба дард меояд. Эҳтимол, падар барои магасҳо бо он иллат кореро анҷом намедиҳад, ки ӯ мураббо намехӯрад ва шакарро фақат ба пиёлаи чой мерезад. Ба фикри ман, аз шахсе,


~ 65 ~ ки мураббо намехӯрад, ягон чизи хубро интизор шудан мумкин нест. Барои ӯ танҳо аз чубуқаш дуд додан бошаду бас. Умуман, магасҳо ҳамаи одамонро хуб мешинохтанд, ҳарчанд ки онҳоро ба таври худ баҳо медоданд. II Тобистон гарм буд ва магасҳо рӯз ба рӯз бештар мешуданд. Онҳо ба шир меафтиданд, ба даруни шӯрбо, ба зарфҳои сиёҳидон ва вижжос карда ба ҳама мечаспиданд. Аммо Мушкаи хурдакаки мо тавонист, ки дар ин муддат ба як магаси калон табдил ёбад ва якчанд маротиба қариб буд, ки нобуд ҳам шавад. Бори аввал пойҳояш дар мураббо часпида, базӯр халос хӯрд. Бори дигар хоболудона дар болои чароғи фурӯзон парвоз кард ва қариб буд, ки болҳои худро сӯзонд. Бори сеюм дар байни шишаи тирезаҳо дармонд ва бахташ тофту аз он бало ҳам раҳо шуд. Умуман, дар маҷмӯъ, моҷароҳояш басанда буданд. — Ин чӣ гап аст?! Аз дасти магасҳо безор шудем! — Шикоят кард пазанда.— Мисли девонаҳо ба ҳама ҷо медароянд. Аз инҳо бояд халос шуд! Ҳатто Магаси мо ҳис кард, ки магасҳо ниҳоят зиёд шудаанд, алахусус дар ошхона. Бегоҳӣ шифти хона ба мисли тӯри ҳаракаткунанда менамуд. Ҳангоме ки хӯрок меоварданд, тӯдаи магасҳо ба сӯяш ҳуҷум меоварданд, якдигарро тела медоданд ва сахт ҷанҷол мекарданд.


~ 66 ~ Луқмаҳои беҳтарин ба ҷасурону қавитарҳо мерасид, ба боқимондаҳо нимхӯрдаҳо монду бас. Дашаи пазанда дуруст гуфта буд. Аммо рӯзе воқеаи нохуш рӯй дод. Саҳаргоҳ Даша ҳамроҳи хӯрокворӣ як даста коғазҳои хеле болаззат овард. Яъне, чун онҳоро дар табақчаҳо гузошта, андак шакар пошида аз болояшон каме оби ширгарм мерехтанд, бисёр болаззат мешуданд. — Ана, зиёфати олиҷаноб барои магасҳо! — Гуфт Дашаи пазанда ва табақчаҳоро дар ҷойҳои намоён гузошт. Магасҳо бе таъкиди Даша ҳам медонистанд, ки ин ҳама барои онҳо тайёр карда мешаванд ва ҳама якбора шодон ба хӯроки нав часпиданд. Магаси мо ҳам ба яке аз табақчаҳо даромад, аммо вайро бисёр дағалона ба як тараф тела доданд. — Ҷанобон, чаро шумо тела медиҳед? — Вай хафа шуд.— Ман он қадар нодида нестам, ки чизеро аз даҳони дигаре кашида бигирам. Ин, охир, беадабист. Баъд ҳодисаи ғайричашмдоште рӯй дод. Аввалин шуда, магасҳои ҳарис ҷазояшонро диданд. Онҳо аввал мисли мастон калавиданду баъд аз пой афтоданд. Субҳи рӯзи дигар Даша як табақи калони магасҳои мурдаро рӯфта баровард. Танҳо донотаринашон, аз ҷумла Магаси мо, зинда монданд. — Мо коғаз хӯрдан намехоҳем! — Ҳама вижжос заданд.— Намехоҳем!


~ 67 ~ Аммо рӯзи дигар ҳамон ҳодиса такрор ёфт. Аз магасҳои доно танҳо донотаринашон наҷот ёфтанд. Аммо Даша дарёфт, ки донотаринҳо хеле зиёданд. — Аз дасти инҳо безор шудем,— шикоят кард вай. Баъд ҷанобе, ки ӯро падар мегуфтанд, се шишаи кулоҳшакли зебо овард, ба дарунашон оби ҷав рехт ва онҳоро қатор гузошт. Магасҳои донотарин низ ба дом афтоданд. Маълум шуд, ки ин зарфҳо доми магасҳо будаанд. Магасҳо бо бӯйи оби ҷав ба даруни зарфҳои шишагӣ меафтоданду дар он ҷо мемурданд. — Ана, кори олиҷаноб шуд! — хурсанд шуд Даша. Вай зани комилан сангдил будааст ва аз бадбахтии дигарон хурсанд мешудааст. Ин чӣ гуна кори олиҷаноб аст, худатон қазоват бикунед. Агар одамон ҳам мисли магас мебуданду барои онҳо низ пашакушакҳои чени хона мегузоштанд, онҳо ҳам ҳамин гуна ба дом меафтиданд. Магаси мо, ки таҷрибаи талхи магасҳои донотаринро омӯхта буд, дигар ба одамон бовар намекард. Танҳо ба назар хуб менамоянд, ин одамон дар асл тамоми умр фақат магасҳои содаи бечораро фиреб медиҳанд. Агар ҳақиқатро бигӯем, инҳо ҷонварони аз ҳама маккортарин ва бадтарини оламанд! Магасҳо аз ҳамаи ин нохушиҳо хеле кам шуданд ва акнун душвории нав пеш омад. Маълум шуд, ки тобистон гузаштааст, бориши боронҳо сар шуд, боди сард мевазид ва умуман обу ҳаво бад шуд.


~ 68 ~ — Наход, ки тобистон гузашт? — Ҳайрон шуданд магасҳои зиндамонда.— Бубахшед, кай фурсат ёфту чун гузашт? Ин, охир, ноодилона аст, дар як дам тирамоҳ омад. Ин аз коғазҳои заҳролуд ва пашакушакҳои шишагӣ бадтар буд. Аз обу ҳавои бади дарпешбуда, фақат дар макони душмани ашаддии худ, яъне ҷаноби одам, паноҳ бурдан мумкин буду бас. Афсус! Акнун тирезаҳо тамоми рӯз баста буданд, танҳо гоҳе бодхонро мекушоданду халос. Ҳатто офтоб ҳам танҳо барои фиреби магасҳои хонагии зудбовар медурахшид. Барои шумо, масалан, чунин манзара мефорад? Субҳ. Офтоб шодона ба тирезаҳо менигарад. Мисли ин, ки ҳамаи магасҳоро ба боғ даъват мекунад. Гӯё ки тобистон бошад. Баъд магасҳои зудбовар аз бодхон парида мебаромаданд. Аммо офтоб танҳо нур мепошид, гармӣ надошт. Онҳо дубора парвоз карда меомаданд, вале бодхон баста буд. Бисёре аз магасҳо ба иллати зудбовариашон дар шабҳои сарди тирамоҳ мурданд. — Не, ман бовар намекунам,— гуфт Магаси мо.— Ба ҳеҷ чӣ бовар надорам. Агар офтоб ҳам фиреб диҳад, пас ба киву ба чӣ бовар кардан мумкин аст? Маълум аст, ки бо омади тирамоҳ ҳамаи магасҳо дар рӯҳияи бадтарин қарор доштанд. Феълу хӯи ҳама қариб якбора тағйир ёфт. Аз лаҳзаҳои хуши пешина нишоне ҳам намонд. Ҳама ғамгину пажмурдаву норозӣ мебуданд. Кор ба дараҷае расид, ки баъзеҳо газиданро сар карданд.


~ 69 ~ Ҳолати Магаси мо ба дараҷае бад шуд, ки вай худро тамоман намешинохт. Масалан, пештар дилаш ба магасҳои мурда месӯхт, аммо ҳоло танҳо дар бораи худаш фикр мекард. Вай ҳатто шарм медошт, ки андешаи худро баён бикунад: — Хуб, муранд, мурдан гиранд! — Хас каму ҷаҳон пок! Ба ман бештар мерасад. Аввалан, гӯшаҳои мувофиқе, ки дар онҳо магаси бамаънӣ зимистон гузаронад, он қадар зиёд набуд. Баъдан аз магасҳое, ки ба ҳама ҷо хазида, беҳтарин пораҳои ғизоро аз пеши бинӣ чанг мезаданд ва ҳурмати худу дигаронро намедонистанд, безор шуда буд. Акнун бояд дам гирифт. Магасҳои дигар магар ин андешаи бадро фаҳмида буданд, ки садҳояшон мемурданд. Не, намемурданд, балки ба хоб мерафтанд. Бо гузашти рӯзҳо шумораашон камтар мешуд. Аз ин рӯ, ба коғазҳои заҳрнок ё пашакушакҳои шишагӣ ҳоҷат набуд. Аммо барои Магаси мо ин ҳам камӣ мекард: вай мехост комилан танҳо монад. Тасаввур бикунед, ки чӣ гуна шароити беҳтарин аст.— Панҷ ҳуҷра ва танҳо як магас! III Чунин як рӯзи хуш ҳам оғоз шуд. Ин пагоҳӣ Магаси мо хеле дер бедор шуд. Вай кайҳо як хастагии номафҳумро эҳсос мекард. Дар кунҷи бухорӣ наҷунбида нишастанро беҳтар медонист. Вай ногаҳон ҳис кард, ки як чизи ғайриодӣ рух додааст. Ҳамин ки ба назди тиреза


~ 70 ~ парида омад, ҳама чиз якбора маълум шуд. Барфи аввал боридааст. Заминро кӯрпаи сафеди дурахшон пӯшонда буд. — Ана, зимистон чун мешудааст! — Дарҳол дарк кард ӯ.— Ҳама ҷо сап-сафед аст, ба монанди шакари тоза. Пас аз ин Магас пай бурд, ки магасҳои дигар комилан нест шудаанд. Бечораҳо, хунукии аввалро таҳаммул карда натавонистаанд ва ҳар куҷо ки бошанд, хобашон бурдааст. Магас замоне раҳми онҳоро мехӯрд, аммо акнун ӯ фикр кард: — Олиҷаноб! Ҳоло ман танҳоям! Ҳеҷ кас қанду мураббо ва нонрезаҳои маро намехӯрад. Оҳ, чӣ хел нағз! Вай бори дигар тамоми ҳуҷраҳоро давр зад ва боварӣ ҳосил кард, ки комилан танҳост. Акнун ҳар кор, ки хоҳад, мекунад. Чӣ хуб аст, ки ҳуҷраҳо ин қадар гарманд! Зимистон дар берун аст, ҳуҷраҳо — гарму бароҳат, хусусан вақте ки шомгоҳ чароғу шамъҳоро фурӯзон мекунанд. Бо фурӯзон шудани чароғи аввал андак нохушӣ ба амал омад. Магас ба сӯйи оташ парвоз кард ва қариб буд, ки болҳояш сӯзанд. — Ин шояд доми зимистона барои магасҳо бошад,— андешид вай панҷаҳои сӯхтаи худро молида.— Не, шумо маро фиреб дода наметавонед. Акнун ман ҳама чизро нағз мефаҳмам! Шумо мехоҳед, ки магаси охиринро ҳам сӯзонед? Лекин ман инро тамоман намехоҳам. Дар ошхона низ оташдон ҳаст. Магар ман намефаҳмам, ки ин ҳам дом барои магасҳост!


~ 71 ~ Магаси охирин чанд рӯз хурсандӣ кард, баъд ногаҳон дилгир шуд. Чунон дилгир шуд, чунон дилгир шуд, ки ба гуфтан рост намеояд. Албатта, ҷояш гарм буд, сер буд, вале дилгир мешуд. Мепарид, мепариду андак истироҳат карда, хӯрок мехӯрд ва боз мепариду аз пештара дилгиртар мешуд. — Оҳ, чӣ қадар зиқ шудам! — Вай маъюсона вижжос зада, аз як ҳуҷра ба ҳуҷра дигар мепарид.— Кошкӣ як магаси дигар ҳам мебуд! Бадтарин бошад ҳам, бошад, аммо ба ҳар ҳол як магаси дигар мебуд. Ҳарчанд ки Магаси охирин аз танҳоӣ шикоят мекард, ҳеҷ кас ӯро фаҳмидан намехост. Албатта, ин ӯро ғазабноктар мекард ва ӯ ба одамон девонавор мечаспид. Касеро дар бинӣ, касеро дар гӯш менишаст, ё дар пеши чашми касе пасу пеш парвоз кардан мегирифт. Кӯтоҳи гап, Магаси мо ҷиннӣ шуда буд. — Худоё, чаро шумо намехоҳед бифаҳмед, ки ман комилан танҳоям ва хеле зиқам? — Ба ҳама вижжос мезад ӯ.— Шумо, ки парвоз карда наметавонед, намедонед, ки зиқӣ чист. Кошкӣ касе бо ман бозӣ мекард. Эҳ, шумо куҷою бозӣ куҷо? Магар дар олам ба ғайр аз одам ягон ҷонвари сусту ношуду ношоямтар бошад? Махлуқи аз ҳама зишттарин, ки ман то ҳол вохӯрдаам, ҳамин одам аст.


Париду вижжос мекарду ғингос мезад.


~ 73 ~ 13 Магаси охирин, ҳоло одам ба як тараф истад, ба дили сагу гурба ҳам зада буд. Хусусан, суханони холаи Оля аз ҷавшани ҷонаш гузашт: — Оҳ, ин магаси охирин аст,— гуфт ӯ. Хоҳиш мекунам ба он даст нарасонед. Бигзор, ӯ тамоми зимистон зиндагӣ кунад! Ин чист? Ин таҳқири рӯйирост аст! Чунин ба назар мерасад, ки вайро магас ҳам ҳисоб намекунанд. «Бигзор, зиндагӣ кунад!» будааст. Бубинед, чӣ лутфе! Агар ҳамаи ин барои ман тазйиқовар бошад? Агар ман тамоман зиндагӣ кардан нахоҳам? Намехоҳам — тамом, вассалом. Магаси охирин то ҳадде ба ғазаб омад, ки ҳатто ба худаш ваҳмангез намуд. Париду вижжос мекарду ғингос мезад. Тортанаке, ки дар як кунҷаки хона нишаста буд, ниҳоят ба ӯ раҳм карда гуфт: — Магаси меҳрубон, назди ман биё. Торҳои танидаи ман чӣ зебоянд! — Миннатдорам. Чунин дӯст ба ман намерасид! Ман медонам, ки торҳои зебои ту чӣ хеланд. Ба фикрам, як замон ту одам будӣ ва ҳоло худро тортанак вонамуд мекунӣ. — Ихтиёратон, ман танҳо ба шумо некӣ мехоҳам. — Оҳ, чӣ қадар нафратовар аст ин гуна некхоҳӣ: охирин Магасро хӯрдан! Онҳо бисёр ҷанҷол карданд, аммо ба ҳар ҳол боз ғамангез, ғамангез ва чунон ғамангез буд, ки бо гуфтан


~ 74 ~ тамом намешавад. Магас нисбати ҳама хашмгин шуд, монда шуд ва бо овози баланд изҳор кард: — Агар ҳамин хел бошад, агар шумо фаҳмидан нахоҳед, ки ман то чӣ андоза зиқ шудаам, пас ман тамоми зимистон дар як кунҷак менишинам! Ана ба шумо! Бале, менишинам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин кунҷак намебароям. Вай ҳатто хушҳолиҳои тобистони гузаштаро ба ёд оварда, аз ғусса гиря кард. Чӣ қадар магасҳои хушҳол буданд! Боз ӯ мехост, ки яккаву танҳо монад. Ин хатои марговар буд. Зимистон бениҳоят кашол меёфт ва Магаси охирин ба чунин хулоса омад, ки тобистон дигар намеояд. Вай мехост бимирад ва оҳиста-оҳиста мегирист. Ин зимистонро, эҳтимол, одамон ихтироъ кардаанд, зеро онҳо ҳама чизҳои барои магасҳо зарароварро фикр карда мебароранд. Ё шояд ин холаи Оля тобистонро дар ягон ҷой пинҳон карда бошад, чунон ки қанду мурабборо пинҳон мекунад? Магаси охирин аз ноумедӣ тайёр буд, ки бимирад, лекин ҳамин вақт ҳодисаи ғайричашмдоште рух дод. Вай, аз рӯйи одат дар кунҷаки худ ғазабнок нишаста буд, ки ногаҳон ба гӯшаш садои вижжос расид! Дар аввал вай ба гӯши худ бовар накард. Фикр кард, ки касе ӯро фиреб медиҳад. Баъд… Худоё, ин чӣ буд! Аз наздаш магаси ҳақиқии зинда гузашта рафт, ки ҳоло тамоман хурдакак буд. Ӯ навакак таваллуд шуда буд ва хурсандӣ мекард.


~ 75 ~ — Бӯйи баҳор мерасид! Бӯйи баҳор! — Вижжос мезад ӯ. Чӣ хел онҳо аз дидори якдигар шод буданд! Онҳо якдигарро ба оғӯш мекашиданд, мебӯсиданд ва ҳатто бо нӯлчаашон якдигарро мелесиданд. Магаси пир чанд рӯз нақл кард, ки чӣ гуна ӯ тамоми зимистонро бо мушкилӣ гузаронд ва чӣ қадар аз танҳоӣ зиқ буд. Магаси майдаяк маҳин-маҳин механдид ва ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки зимистон чӣ мушкилӣ дошт. — Бӯйи баҳор мерасад! Бӯйи баҳор! — Такрор мекард вай. Вақте ки холаи Оля фармуд, ки тамоми чорчӯбаҳои зимистонаро берун бароранд ва Алёнушка ба аввалин тирезаи кушода нигарист, Магаси охирин дар ҳол ҳама чизро фаҳмид. — Ҳоло ман ҳамаашро медонам! — Вижжосзанон аз тиреза ба берун парид ӯ.— Тобистонро мо, магасҳо, месозем.


~ 76 ~ АФСОНА ДАР БОРАИ ЗОҒИ СИЁҲАК ВА ҚАНОРИИ ЗАРДИ БЕПАНОҲАК Зоғ дар як шохчаи дарахти тӯс нишаста, нӯлашро дар он тоза мекард: талан-тулун! Вай нӯлашро тоза карда, ба атроф нигарист, баланд садо баровард: — Қарр! Қарр! Гурба Васка, ки дар тори девор пинак мерафт, қариб буд, ки аз тарс афтад, ба ғур-ғур даромад: — Э, ҷонат барояд, сиёҳсар. Хуб гулӯву овоз доштаӣ! Аз чӣ хурсандӣ мекунӣ? — Корат набошад! Ман вақт надорам, намебинӣ, чӣ сон серкорам. Қарр-қарр-қарр! Фақат кору кору кор. — Аз кор хаста шудаӣ, бечора,— тамасхур кард Васка. — Хап шав, танбал. Ту ҳамеша якпаҳлӯ хобӣ. Танҳо ғелидану офтоб хӯрданро медонӣ, аммо ман аз субҳ оромиву осоиш надорам: дар даҳ бом нишастам, ними шаҳрро давр задам, ба сад гӯшаву канор сар задам. Боз бояд ба бурҷи зангӯла бипарам, ба бозор равам, полизро тагурӯ бикунам. Чаро ман бо ту фурсатро беҳуда сарф мекунам? Ман вақту фурсат надорам. Оҳ, чӣ сон серкорам! Зоғ охирин бор нӯлашро ба шохча зада, нав париданӣ буд, ки овози даҳшатноке шунид. Селаи гунҷишкон шитобон меомаданд ва пешопеши села як мурғаки хурдаки зардаке мепарид.


~ 77 ~ — Бародарон, ӯро доред! Ҳой, доред ӯро! — доду фарёд мекарданд гунҷишкон. — Чӣ ҳодиса шуд? Ба куҷо мепаред? — Дод зад Зоғ ва аз паси гунҷишкон шитофт. Зоғ даҳ маротиба бол зада буд, ки ба селаи гунҷишкон расид. Мурғаки зардак хаста шуда, бо тамоми қувва худро ба боғ зад, ки дар он буттаҳои гуногуни ғуллии мева мерӯйиданд. Вай мехост, аз гунҷишкони думболагир пинҳон шавад. Мурғаки зардак дар зери буттае пинҳон шуда буд, ки Зоғ ҳамон лаҳза дар наздаш ҳозир шуд. — Ту кистӣ? — Қаррас зад ӯ. Гунҷишкон, гӯё касе болояшон як мушт нахӯд пошида бошад, гирди буттаро дар як лаҳза иҳота карданд. Онҳо аз парандаи зардак бадашон меомад, мехостанд ӯро нӯл зананд. — Чаро шумо ӯро хафа мекунед? — пурсид Зоғ. — Чаро ӯ зард аст? — Якбора барошуфтанд гунҷишкон. Зоғ ба мурғаки зардак нигарист. Дид, ки дар ҳақиқат, зарди зард аст,— сар ҷунбонд ва гуфт: — Оҳ, шумо, балочаҳо! Охир, ин аслан паранда нест! Оё чунин парандаҳо ҳастанд? Хуб, бас акнун, ҳамаатон гум шавед. Ман бояд бо ин махлуқ суҳбат бикунам. Вай танҳо худро паранда вонамуд мекунаду халос. Гунҷишкон доду фарёд заданд, бештар ба ғазаб омаданд, аммо коре аз дасташон намеомад. Барояшон


~ 78 ~ танҳо гапи Зоғро гирифтану аз ин ҷо зудтар дур шудан монда буду бас. Бо Зоғ баҳс кардан бефоида буд! Вай наметавонист, ки бо як нӯл задан кори касро тамом бикунад. Зоғ гунҷишконро ронда, ба пурсиши мурғаки зардак сар кард. Мурғак базӯр нафас мекашиду ба чашмакони сиёҳаш мададҷӯёна менигарист. — Ту кистӣ? — пурсид Зоғ. — Ман Қанорӣ ҳастам. — Росташро бигӯй, боз фиреб надиҳӣ, ки аҳволат бад мешавад. Агар ман намебудам, гунҷишкон туро зада мекуштанд. — Дар ҳақиқат, ман Қанорӣ ҳастам. — Аз куҷо пайдо шудӣ? — Ман дар қафас будам. Дар қафас таваллуд шуда, дар қафас калон шудам ва дар қафас зиндагӣ мекардам. Ман ҳамеша мехостам, ки мисли дигар парандагон парвоз бикунам. Қафас дар назди тиреза меистод ва ман ҳамеша ба парандаҳои дигар нигоҳ мекардам. Онҳо бисёр хушҳол буданд, аммо қафас бисёр танг буд. Хуб, духтарак, Алёнушка, як пиёла об оварда, даричаи қафасро кушод, ки ман фурсат ёфта аз қафас берун ҷастам. Дар фазои ҳуҷра паридам-паридаму аз бодхони тиреза берун баромадам. — Ту дар қафас чӣ кор мекардӣ? — Ман хуб месароям. — Ку, бисаро.


— Рост, Шумо парандаи бузургед.


~ 80 ~ Қанорӣ бисуруд. Зоғ сари худро ба як тараф хам карда, ҳайрон шуд. — Ту инро сурудан меномӣ? Қар-қар. Соҳибонат беақл будаанд, ки туро барои чунин сурудан мехӯрондаанд. Агар онҳо касеро хӯронданӣ бошанд, пас ягон парандаи асил, масалан, маро бояд мехӯронданд. Чанд лаҳза пеш чунон қаррас задам, ки Васкаи маккор қариб аз болои девор меафтид. Мана, инро сурудан мегӯянд! — Ман Васкаро медонам. Даҳшатноктарин ҳайвон аст. Вай чанд бор ба қафаси мо наздик омада буд. Чашмони сабзаш медурахшанд, тайёр аст, ки ба кас чанг занад. — Хуб, барои кӣ даҳшатнок аст, барои кӣ не. Ӯ бисёр маккор аст, ин дуруст, аммо ягон даҳшате надорад. Хуб, дар ин бора баъд суҳбат мекунем. Аммо ман то ҳол бовар надорам, ки ту воқеан парандаӣ. — Ростӣ, холаҷон, ман парандаам, тамоман парандаи воқеӣ. Ҳамаи қанориҳо парандаанд. — Хуб, хуб, мебинем. Акнун бигӯй, ки дар озодӣ ту чӣ гуна зиндагӣ карданиӣ? — Барои ман чизи бисёр лозим нест: чанд дона ғаллагӣ, як пора қанд, як муштрезаи нони хушк — тамом, ман бо ҳамин сер мешавам. — Бубинед, ин бонуро! Хуб, бе қанд ҳам рӯзат мегузарад, аммо донаро як илоҷ карда меёбӣ. Умуман, ту ба ман хуш омадӣ. Мехоҳӣ, якҷоя зиндагӣ бикунем? Ман дар дарахти тӯс лонаи хубе дорам.


~ 81 ~ — Сипосгузорам. Охир, ин гунҷишкон… — Агар бо ман бошӣ, касе ҷуръат намекунад, ки ба ту ҳатто ангушт расонад. На танҳо гунҷишкон, балки Васкаи маккор ҳам феъли маро медонад. Ман шӯхиро дӯст намедорам. Табъи Қанорӣ болид ва ҳамон лаҳза ҳамроҳи Зоғ парвоз кард. Хайр, чӣ? Лонаи беҳтарин муҳайёст. Агар боз як миқдор нонрезаву қанд мебуд… Зоғу Қанорӣ дар як лона зиндагиро оғоз карданд. 14 Ҳарчанд ки Зоғ баъзан ғур-ғур карданро дӯст медошт, аммо парандаи бад набуд. Камбудии асосии ӯ ин буд, ки ба ҳама ҳасад мебурд ва худро озурда мешумурд. — Чаро мурғони беақл аз ман беҳтар бошанд? Онҳоро мехӯронанд, нигоҳубину эҳтиёт мекунанд, азиз медоранд,— шикоят мекард вай ба Қанорӣ.— Ана, боз кабӯтарҳоро бигирем. Аз онҳо чӣ фоида? Аммо бубин, ба онҳо каф-каф дон диҳанд. Парандаҳои беақланд. Ва ҳамин ки андак наздик шудам, зуд маро пеш мекунанд. Оё ин аз рӯйи инсоф аст? Гузашта аз ин, аз пасам таъна мезананд, ки «Эҳ, ту, зоғ!». Оё ту аҳамият додӣ, ки ман аз дигарон беҳтару зеботарам? Хуб, ки инро дар бораи худ чунин гуфтан нашояд, лекин худашон касро маҷбур мекунанд. Магар ин рост нест? Қанорӣ ба ҳама гапҳои Зоғ розӣ мешуд: — Рост, Шумо парандаи бузургед.


~ 82 ~ — Ана, ана ҷони гап ҳам дар ҳамин ҷост. Одамон тӯтиҳоро ҳам дар қафас нигоҳ медоранду парвариш мекунанд. Охир, тӯтӣ аз ман чӣ бартарӣ дорад? Як парандаи беақлтарин асту бас. Танҳо фарёд задану ғур-ғур карданро медонад, аммо касе намефаҳмад, ки вай чӣ ғур-ғур мекунад. Ё нодуруст аст? — Дуруст, мо ҳам як тӯтӣ доштем, ки ҳамаро безор карда буд. — Магар чунин парандаҳо, ки маълум нест, барои чӣ зиндагӣ мекунанд, каманд! Масалан, сочҳоро гирем. Мисли девонаҳо аз кадом гӯр парида меоянд, тобистонро мегузаронанду боз парида мераванд. Парастуҳо ҳам, момоҷурғотаку булбулҳо ҳам. Магар чунин ношуду нобакорон каманд?! Умуман, ягон парандаи дурусту ҳақиқӣ нест. Ҳамин ки андак буйи хунукӣ омад, тамом, ҳар куҷо ки рост ояд, мегурезанд. Аслан Зоғу Қанорӣ якдигарро намефаҳмиданд. Қанорӣ қадри озодона зистанро намедонисту Зоғ ба зиндагии асирона сарфаҳм намерафт. — Наход ки, холаҷон, ягон кас ба шумо ягон бор дон надода бошад? –Ҳайрон мешуд Қанорӣ.— Ҳатто як дон ҳам? — Ту чӣ гуна беақлӣ! Кадом дон? Ҳушёр бош, ки боз бо ягон чӯб ё санге зада накушанд! Одамон махлуқи бисёр баданд. Қанорӣ ба ақидаи ниҳоии Зоғ ҳеҷ розӣ шуда наметавонист, зеро одамон ба вай хӯрок медоданд. Шояд ин ба Зоғ чунин менамуд. Лекин дере нагузашта худи


~ 83 ~ Қанорӣ ба бадии одамон бовар ҳосил кард. Боре вай дар болои девор нишаста буд, ки аз болои сараш санги вазнин ҳуштаккашон гузашт. Мактаббачагон аз кӯча мегузаштанд, дар болои девор Зоғро диданд.— Чӣ гуна ба вай санг назананд? — Хуб, ту ҳоло инро дидӣ? — Ба болои бом парида нишасту пурсид Зоғ.— Ҳамаашон ана, ҳамин хеланд, ин одамон. — Шояд Шумо онҳоро бо ягон рафторатон ранҷонда бошед, холаҷон? — Мутлақо не. Ҳамин хел беҳуда хашмгин мешаванд. Ҳамаашон маро бад мебинанд. Дили Қанорӣ ба ҳоли Зоғи бечора бисӯхт, ки ягон кас ӯро дӯст намедорад, ягон кас! Охир чунин зиндагӣ кардан мумкин нест. Душманон басанда буданд. Масалан, гурба Васка. Вай бо чашмони нимроғаш худро хуфта вонамуд мекарду ба ҳамаи парандагон менигарист. Қанорӣ бо чашми худ дида буд, ки ӯ чӣ гуна як гунҷишкаки хурди бетаҷрибаро чунон чанг зад, ки устухонҳояш садо доданду парҳояш пош хӯрданд. Оҳ, чӣ хел даҳшатнок буд! Як балои дигар шоҳинҳоянд. Онҳо дар ҳаво парвоз карда мегарданду сипас худро якбора ба болои ягон парандаи бепарво мисли санг мепартоянд. Қанорӣ чунин ҳолатро ҳам дида буд, ки шоҳин дар чанголаш чӯҷаеро мебурд. Лекин Зоғ на аз гурба метарсиду на аз шоҳинҳо. Ҳатто худаш омода буд, ки ягон парандаи хурдакакро дошта, маза карда бихӯрад. Қанорӣ то бо чашми худ надид,


~ 84 ~ ба ин бовар накард. Боре вай дид, ки чӣ гуна селаи гунҷишкон Зоғро таъқиб мекарданд. Онҳо мепариданду доду фарёд мезаданд. Қанорӣ сахт тарсида, дар лона пинҳон шуд. — Баргардон! Баргардон! — Дар болои лонаи зоғ парида дод мезаданд гунҷишкон.— Эй, вой! Охир, ин чӣ гап аст?! Ин ғоратгарист! Зоғ шитобон ба лонаи худ даромад ва Қанорӣ бо тарсу ваҳм дид, ки ӯ дар чанголаш гунҷишкаки мурдаю хуншорро оварда буд. — Хола, чӣ кор мекунед? — Хомӯш бош,— пичирос зад Зоғ. Чашмони ӯ ваҳмангез буданду медурахшиданд. Қанорӣ аз тарс чашмашро пӯшид, то набинад, ки Зоғ гунҷишки бадбахтро чӣ гуна пора мекунад. «Охир, вай рӯзе маро низ ҳамин тавр метавонад бихӯрад», аз дил гузаронд Қанорӣ. Аммо Зоғ, баъди хӯрок хӯрдану сер шудан меҳрубонтар мешуд. Баъд нӯлашро пок карда, дар навдае бароҳат нишаста, ширин пинак мерафт. Умуман Қанорӣ пай бурд, ки хола хеле пурхӯр аст ва аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонад. Мебинӣ, ки як бурдаи нонро кашола карда меорад, ё пораи гӯшти гандида, ё ягон пасмондае, ки аз даруни партовгоҳ кофта мегирифт. Охирин кораш ё шуғли дӯстдоштаи Зоғ, ки Қанорӣ наметавонист дарк кунад, партовгоҳҳоро кофтан буд, чӣ лаззат дошта бошад. Аммо Зоғро гунаҳгор пиндоштан ҳам аз рӯйи инсоф набуд: вай ҳар рӯз он қадар ғизо мехӯрд, ки бист Қанорӣ


~ 85 ~ хӯрда наметавонист. Тамоми ташвиши Зоғ танҳо бораи шикам буд. Вай дар лаби боме нишаста, нигоҳ мекард. Вақте ки Зоғ танбалӣ мекарду хуши ҷустани хӯрок надошт, ба ҳилаву найранг мепардохт. Медид, ки гунҷишкон чизе мехӯранд, ҳамоно мешитофт. Гӯё парвоз карда мегузашта бошад, бо тамоми овозаш фарёд мезад: — Оҳ, ман вақт надорам. Тамоман вақт надорам! Яке бошаст мепариду туъмаи гунҷишкаконро мерабуду мерафт. — Охир, ҳаққи дигаронро рабудан хуб нест, холаҷон,— боре изтиробомез эрод гирифт Қанорӣ. — Хуб нест? Агар ман ҳамеша хӯрдан хоҳам-чӣ? — Инро дигарон ҳам мехоҳанд. — Хайр, дигарон ғами шикамашонро худашон мехӯранд. Шумо нозпарвардаҳоро дар қафасҳо мехӯронанд, лекин мо бояд худамон барои худ ғизо ёбем. Ба ту ё ба гунҷишк, оё чизи зиёде лозим аст? Чанд донро нӯл мезанеду тамоми рӯз сер мегардед. Тобистон номаълум паси сар шуд. Ҳаво хунуктару рӯзҳо кӯтоҳтар шуданд. Боронгарӣ оғоз ёфт. Боди сард мевазид. Қанорӣ худро бадбахттарин паранда мешумурд, махусусан рӯзҳои боронӣ. Вале Зоғ парво надошт, ҳеҷ чизро пай намебурд. — Хайр, агар борон борад-чӣ? — Ҳайрон мешуд Зоғ.— Меборад,— мебораду бас мекунад. — Охир, сард аст, холаҷон! Оҳ, чӣ қадар сард аст! Хусусан шабона вазъият хеле бад буд. Қанорӣ саропо тар шуда, меларзид. Зоғ боз хафа ҳам мешуд:


— Охир, ман гуфтам-ку, ин паранда нест!


~ 87 ~ — Ин нозукбаданро бинед! Ҳоло ҳеҷ гап не, аммо фардо, вақте ки сармо сар мешаваду барф меборад, баъд мебинӣ. Шикояти Қанорӣ барои Зоғ ҳатто аламовар буд. Ин чӣ гуна паранда аст, ки аз борону шамолу хунукӣ метарсад? Охир, дар ин дунё чунин зиндагӣ карда намешавад. Вай боз ба паранда будани Қанорӣ шубҳа мекард. Шояд худро паранда вонамуд мекунад. — Рост, ман ҳақиқатан, парандаам, холаҷон,— бо чашмони ашколуд тасдиқ мекард Қанорӣ.— Аммо ин ҳаво барои ман бисёр сард аст. — Инро бинед-а! Аммо ба назари ман чунин менамояд, ки ту танҳо вонамуд мекунӣ, ки парандаӣ. — Не, ман рост мегӯям, вонамуд намекунам. Баъзан Қанорӣ дар бораи тақдири худ амиқ фикр мекард. Шояд дар қафас мондан беҳтар буд. Он ҷо ҳам манзилаш гарм буду ҳам шикамаш — сер. Вай ҳатто чанд маротиба ба назди тирезае, ки қафасаш дар он ҷой меистод, омад. Дар он ҷо ҳоло ду қанории дигар нишаста буданду ба ӯ ҳасад мебурданд. — Оҳ, чӣ қадар хунук аст,— ғамгинона мегуфт Қанорӣ.— Маро ба хона роҳ диҳед. Боре субҳ, вақте ки Қанорӣ аз лона ба берун нигарист, манзараи ҳузнангезеро дид: заминро барфи аввал пӯшонда буд. Гирду атроф сап-сафед. Ва аз ҳама бадаш он буд, ки барф ҳамаи он донаҳоро, ки Қанорӣ мехӯрд,


~ 88 ~ пинҳон карда буд. Фақат меваи ғубайро* монда буд, аммо вай ин меваи туршро хӯрда наметавонист. Зоғ бошад, меваи ғубайроро мехӯрду боз таъриф ҳам мекард: — Оҳ, чӣ меваи хубе! Пас аз як-ду рӯз гуруснагӣ кашидан Қанорӣ ноумед шуд. Оқибат чӣ мешуда бошад? Ҳамин гуна аз гуруснагӣ мурдан мумкин. Қанорӣ нишаста ғам мехӯрд. Ногоҳ дид, ки ҳамон мактаббачаҳо, ки ба сӯйи Зоғ санг андохта буданд, дар рӯйи замин тӯре паҳн карданду ба болояш донҳои лазизро пошида рафтанд. — Дар ҳақиқат, онҳо бачаҳои бад нестанд,— ба тӯри кушода нигоҳ карда хурсанд шуд Қанорӣ.— Холаҷон, бачаҳо ба ман хӯрок оварданд. — Хӯроки хуб, ҷойи гап ҳам нест! — Ғур-ғур кард Зоғ.— Аммо ту фикри ба он ҷо бинӣ хастанро накун. Мешунавӣ? Ҳамин ки ба хӯрдани дон сар кардӣ, ба дом меафтӣ. — Баъд чӣ мешавад? Баъд боз ба қафас мешинонанд. Қанорӣ ба фикр фурӯ рафт: хӯрдан мефорад, аммо ба қафас баргаштан намефорад. Албатта, хунукиву гуруснагӣ азоб медиҳад, аммо озодӣ хеле беҳтар аст, хусусан вақте ки барфу борон набошад. * Ғ у б а й р о — меваи гирдшакл, зарди норинҷӣ ё сурхи ҷилодор, рябина.


~ 89 ~ Чанд рӯз Қанорӣ қавииродагӣ нишон дод, вале гуруснагӣ кори худро кард,— вай бо васвасаи ғизои муфт ба дом афтод. — Вой, дод! Ёрӣ диҳед! — Зорӣ мекард вай.— Ман дигар ҳаргиз ин корро намекунам. Аз гуруснагӣ мурдан беҳтар, аз он ки дубора ба қафас биафтӣ! Акнун ба назари Қанорӣ чунин менамуд, ки дар ҷаҳон аз лонаи Зоғ дида беҳтар ҷое нест. Албатта, сард буд, гуруснагӣ ҳам буд, аммо озодии мутлақ буд. Ҳар гоҳ ки хоҳӣ ва ҳар куҷо, ки хоҳӣ парвоз мекунӣ. Ӯ ҳатто гиря кард. Ана, ҳозир бачаҳо меоянду ӯро боз ба қафас меандозанд. Хушбахтона, аз болои он ҷо Зоғ мегузашт ва дид, ки кор бисёр бад аст. — Эҳ, ту беақл! — Ғуррид вай.— Ман ба ту гуфта будам-ку, ба донҳои дом нарас! — Холаҷон, ман дигар намекунам. 15 Зоғ дар вақташ омада буд. Бачаҳо аллакай барои бурдани сайди худ медавиданд, аммо Зоғ тавонист тӯри борикро бидаронад ва Қанорӣ боз худро дар озодӣ бубинад. Писарбачаҳо аз дунболи Зоғи нобакор дуру дароз давида, ба тарафи ӯ чӯбу санг андохта, сарзаниш мекарданд. — Оҳ, чӣ хел нағз! — хурсанд шуд Қанорӣ, вақте ки худро дубора дар лонааш дид. — Албатта хуб аст! Ҳушёр бош, бача! — ғур-ғур кард Зоғ.


~ 90 ~ Қанорӣ боз дар лонаи Зоғ зиндагӣ мекарду дигар на аз хунукӣ ва на аз гуруснагӣ шикоят намекард. Рӯзе Зоғ барои ғизо парида рафту шабро дар саҳро рӯз карда, ба хона баргашта дид, ки Қанорӣ дар лона рӯболо хобидааст. Зоғ сарашро ба як тараф хам карда нигаристу гуфт: — Охир, ман гуфтам-ку, ин паранда нест! «АЗ ҲАМА ДОНО» (Афсона) Мурғи марҷон аз рӯйи одат барвақттар аз дигарон ҳанӯз торик буд, ки бедор шуд ва ҳамсарашро бедор карда гуфт: «Ман, албатта, аз дигарон донотарам? Дуруст аст?» Занаш — мокиёни мурғи марҷон, хоболудона дуру дароз сурфа кард, сипас ҷавоб дод: — Албатта, доноӣ. Ӯҳу-ӯҳӯ. Кӣ инро намедонад? Ӯҳӯ. — Не, ту кушоду равшан бигӯй, ки ман аз ҳама донотарам? Парандаҳои доно бисёранд, лекин аз ҳама донотар манам. — Аз ҳама — донотар! Ӯҳӯ. Донотар — аз ҳама! Ӯҳӯ-ӯҳӯ-ӯҳӯ! — Ана ҳамин хел. Хурӯси мурғи марҷон ҳатто каме хашмгин шуд ва бо овози балантар афзуд, ки дигарон шунаванд:


~ 91 ~ — Медонӣ, ба назарам чунин менамояд, ки маро камтар эҳтиром мекунанд. Бале, хеле кам. — Не, ба назарат чунин менамояд. Ӯҳӯ-ӯҳӯ! — Мокиён, парҳои шабона парешоншудаи худро ба тартиб дароварда, ӯро ором мекард.— Бале, фақат чунин менамояд. Аслан аз ту донотареро тасаввур ҳам карда намешавад. Ӯҳӯ-ӯҳӯ-ӯҳӯ! — Ана, вай Ғозак чӣ? Оҳ, ман ҳама чизро мефаҳмам. Фарз кардем, ки ӯ рӯйирост чизе намегӯяд ва бештар хомӯш аст. Аммо ман ҳис мекунам, ки ӯ хомӯшона маро эҳтиром намекунад. — Ту ба вай аҳамият надеҳ. Арзиш надорад. Ӯҳӯ! Охир, ту эътибор додаӣ, ки Ғоз андак беақлтар аст? — Инро кӣ намедонад? Ин дар пешониаш навишта шудааст: Ғозаки беақл, вассалом! Хайр, Ғозаш — садқаи сар, аз мурғи беақл хафа шудан нашояд. Аммо ин хурӯс, як хурӯси тамоман одӣ. Вай се рӯз пеш дар бораи ман чӣ фарёд зада буд? Ва чӣ гуна ӯ фарёд зад — ҳама ҳамсояҳо шуниданд. Вай ҳатто маро хеле беақл номид. Хайр, монанди ҳамин, чизе нагуфт… — Оҳ, ту чӣ қадар мурғи аҷоибӣ! — Ҳайрон мешуд мокиён.— Оё ту намедонӣ, ки ӯ барои чӣ фарёд мезанад? — Хуб, барои чӣ? — Ӯҳӯ-ӯҳӯ-ӯҳӯ. Ин хеле одист ва ҳама медонад. Ту хурӯсӣ, ӯ ҳам — хурӯс, лекин ӯ хурӯси хеле одист, хурӯси маъмулист, ту хурӯси асили ҳиндӣ ҳастӣ, барои ҳамин вай аз ҳасад фарёд мезанад. Ҳар паранда мехоҳад, ки хурӯси ҳиндӣ бошад. Ӯҳӯ-ӯҳӯ-ӯҳӯ!


~ 92 ~ — Э, не, зани бародар, ин кори ношуданист. Ҳа-ҳа! Дилаш дигар чизе намехоҳад?! Бинед, як хурӯсаки одӣ якбора мехоҳад, хурӯси ҳиндӣ бошад! — Не, бародар, ҳаддатро нигоҳ дор! Ба ӯ ҳеҷ гоҳ ҳиндӣ шудан муяссар нахоҳад шуд. Мокиён доимо як мурғаки хоксору меҳрубон буд ва барои он ки Хурӯси мурғи марҷон бо касе муноқиша мекард, нороҳат мешуд. Охир, ин ҷангара имрӯз ҳам ҳанӯз аз хоб нахеста, ба фикре омадааст, ки бо кӣ муноқиша ё ҷанг бикунад. Умуман ӯ парандаи беқарортарин аст, ҳарчанд ки бадҷаҳл нест. Вақте ки парандаҳои дигар ба ҳоли Хурӯси мурғи марҷон механдиданд ва ӯро ҳарзагӯю сабукфикру инҷиқ меномиданд, ба мокиён алам мекард. Фарз кардем, ки онҳо то андозае ҳақанд, аммо куҷост парандае, ки бе камбудӣ бошад? Ана ҳамин тавр! Чунин парандаҳо вуҷуд надоранд. Парандаҳои бедоршуда аз мурғхона баромаданд ва дарҳол мағалу ғавғо баланд шуд. Аз ҳама бисёр мурғон ғавғо бардоштанд. Онҳо дар гирди ҳавлӣ давр зада, ба тирезаи ошхона баромада, беист фарёд мезаданд: — Қуд-қуд! Қуд-қуд-қуд! Ку-ку-ку? Хӯроки мо ку? Мо хӯрдан мехоҳем! Ошпаз Матрёна магар мурдааст ва мехоҳад моро ҳам аз гуруснагӣ бикушад? — Ҷанобон, сабр кунед,— нидо кард Ғозе, ки дар сари як пояш истода буд.— Ба ман нигаред. Ман ҳам хӯрок хӯрдан мехоҳам, лекин мисли шумо дод намезанам. Агар ман бо тамоми қувваам чунин фарёд занам. Ғо-ғо! Ё ин хел: ғо-ғо-ғо!!!


~ 93 ~ Ғоз чунон фарёд зад, ки ошпаз Матрёна ҳамон замон аз хоб бедор шуд. — Дар бораи сабр гап задан барои ӯ осон аст,— ғурғур кард як Мурғобӣ,— гулуи вайро бинед, мисли лӯла аст. Агар ман ҳам чунин гардани дарозу минқор медоштам, дигаронро ба сабр даъват мекардам. Худам зуд хӯрда сер мешудаму баъд дигаронро даъват мекардам, ки сабр бикунанд.— Мо сабри ғозонро медонем. Хурӯс Мурғобиро дастгирӣ карда дод зад: — Бале, мо медонем дар бораи сабр лофи Ғозро. Аммо кӣ дирӯз ду пари беҳтарини думи маро канда


~ 94 ~ гирифт? Охир, аз дум доштан, тамоман беадабист! Хуб, мо каме ҷанҷол кардем ва ман хостам ба сари Ғоз минқор занам. Пинҳон намекунам, чунин ният доштам, аммо ин гуноҳи ман аст, на гуноҳи думам. Ман дуруст мегӯям, ҷанобон? Парандаҳои гурусна, монанди одамони гурусна, баҳси беҳуда мекарданд, маҳз барои он ки онҳо гурусна буданд. II Хурӯси мурғи марҷон аз рӯйи ғурур ҳеҷ гоҳ дар қатори дигарон ба ғизо ҳуҷум намекард, балки босаброна интизор мешуд, ки Матрёна дигар парандаҳои ҳарисро ронда, ӯро даъват бикунад. Ҳозир ҳам чунин буд. Хурӯси мурғи марҷон дуртар, дар наздикии девор, қадам зада, вонамуд мекард, ки гӯё дар байни партовҳо чизе меҷӯяд. — Ӯҳӯ-ӯҳӯ. Ман чунон хӯрдан мехоҳам! — Шикоят кард мокиёни Хурӯси мурғи марҷон аз паси шавҳараш қадам зада.— Ана, Матрёна ғизо овард. Бале. Ба назарам, боқимондаи шавлаи дирӯза аст.— Ӯҳӯ-ӯҳӯ! Оҳ, чӣ хел ман шавларо дӯст медорам. Ман тайёрам тамоми умр шавла бихӯрам. Ман ҳатто онро баъзе шабҳо хоб мебинам. 16 Мокиён ҳангоми гурусна монданаш шикоят карданро дӯст медошт ва мехост, ки Хурӯси мурғи марҷон


~ 95 ~ ба ӯ дилсузӣ бикунад. Дар қатори парандаҳои дигар ӯ ба пиразане монанд буд, ки ҳамеша кӯзпушт мегашт, сурфа мекард, базӯр базӯр роҳ мерафт, гӯё ки пойҳояшро танҳо дирӯз часпонда бошанд. — Бале, хӯрдани шавла ҳам хуб аст,— розӣ шуд Хурӯси мурғи марҷон.— Аммо парандаи оқил ҳеҷ гоҳ ба хӯрок ҳуҷум намекунад.Ҳамин хел не? Агар соҳибам ба ман хӯрок надиҳад, ман аз гуруснагӣ мемирам. Дуруст? Пас ӯ ин гуна Хурӯси мурғи марҷонро аз куҷо меёбад? — Ин гунааш дар ҳеҷ куҷо нест. — Ана ҳамин хел. Аммо шавла аслан чизе нест. Бале. Гап дар сари шавла нест, балки гап сари Матрёна меравад. Ҳамин хел не? Матрёна бошад, шавла ҳам мешавад. Ҳама чиз дар олам фақат аз Матрёна вобаста аст — ҷав ҳам, шавла ҳам, донрезаву нонреза ҳам. Бо вуҷуди ин ҳама андешарониҳо, Хурӯси мурғи марҷон азоби гуруснагиро эҳсос мекард. Баъд ӯ, вақте ки ҳама хӯрда сер шуданду Матрёна барои фарёд кардани вай набаромад, сахт ғамгин шуд. Агар вай ӯро фаромӯш карда бошад-чӣ? Охир, ин кори тамоман номумкин аст… Аммо воқеае рух дод, ки Хурӯси мурғи марҷон маҷбур шуд, гуруснагии худро фаромӯш бикунад. Ҳамааш аз он сар шуд, ки як мокиёни ҷавонакак, ки дар наздикии анҷомхона сайру гашт мекард, ногаҳон дод зад: — Қуд-қуд-қуд!


~ 96 ~ Мурғони дигар фавран ба ӯ ҳамроҳ шуда, доду фарёд бардоштанд: — Қуд-қуд! Қуд-қуд-қуд! Аз ҳама баландтар, албатта, Хурӯс дод мезад: — Қуд-қудус! Ёрӣ диҳед! Кист дар он ҷо? Парандагон, ки дар гирди мокиёни мададхоҳ шитобон ҷамъ шуда буданд, як чизи ғайриодие диданд. Дар наздикии сарой, дар чуқурӣ, як чизи хокистарранг, кӯлула ва гирд, саросар сӯзанпӯше мехобид. — Охир, ин санги одист,— қайд кард кадоме. — Ӯ меҷунбад,— фаҳмонд мурғак.— Ман ҳам гумон кардам, ки санг аст, аммо наздик омада бинам, якбора ба ҳаракат даромад. Дуруст! Ба назарам чунин намуд, ки ӯ чашм дорад, аммо санг чашм надорад-ку? — Ҳеҷ намедонӣ, ки ба назари ин мурғаки тарсуи беақл чӣ менамояд,— гуфт Хурӯси мурғи марҷон.— Шояд ин… Ин… — Охир, ин занбӯруғ аст! — Фарёд зад Ғоз.— Ман айнан чунин занбӯрӯғҳоро дидаам, фақат онҳо сӯзан надоштанд. Ба гапи Ғоз ҳама баланд хандиданд. — Баръакс, ин ба кулоҳ монанд аст,— касе тахмин карданӣ шуд, ки ӯ ҳам хандахариши дигарон шуд. — Кулоҳ магар чашм дорад, ҷанобон? — Гапи беҳуда чӣ лозим? Амал кардан даркор! — Аз номи ҳама қарор баровард Хурӯс.— Ҳой, ту, сӯзанӣ, бигӯй, ки чӣ гуна ҷонварӣ? Ман шӯхиро дӯст намедорам. Мешунавӣ?


~ 97 ~ Чун ягон ҷавоб набаромад, Хурӯс худро таҳқиршуда шуморида, ба ҳуҷум гузашт. Вай як-ду бор нӯл зад, лекин ҳайратзада ба як тараф гузашта истод: — Ин… Ин як мушхори калон аст, дигар ҳеҷ чиз! — гуфт ӯ.— Мазае надорад. Ягон кас чашиданӣ нест? Ҳар кӣ ҳар чӣ ба сараш меомад, мегуфт. Тахмину гумонҳо интиҳо надоштанд. Танҳо Хурӯси мурғи марҷон хомӯш буд. Хайр, дигарон лақидан гиранд, ӯ сафсатаи онҳоро гӯш мекунад. Парандагон дуру дароз ғалоғула доштанд, фарёд мезаданду баҳс мекарданд, то даме ки нафаре аз онҳо дод зад: — Ҷанобон, охир, мо Хурӯси мурғи марҷон дорем, чаро ин қадар худро гаранг мекунем? Ӯ ҳама чизро медонад. — Албатта, медонам,— гуфт Хурӯси мурғи марҷон думашро паҳн кардаву рӯдаи сурхи дар нӯги биниаш бударо дамонда. — Агар медонӣ, пас ба мо бигӯй. — Агар ман гуфтан нахоҳам-чӣ? Ҳамин хел, гуфтан намехоҳам, тамом, вассалом! Ҳама аз Хурӯси мурғи марҷон илтиҷо карданд: — Охир, ту дар байни мо аз ҳама донотарӣ! Хайр, бигӯй, азизам. Аз ту чӣ меравад, охир? Хурӯси мурғи марҷон дуру дароз ноз кард ва ниҳоят гуфт: — Хуб, бошад, ман мегӯям. Бале, мегӯям. Танҳо аввал ба ман бигӯед, ки шумо маро кӣ меҳисобед? — Кӣ намедонад, ки ту парандаи аз ҳама донотарӣ?


~ 98 ~ Ҳама бо як овоз ҷавоб доданд: Ҳамин хел мақол ҳам ҳаст. Касеро бисёр таъриф карданӣ бошанд, мегӯянд: мисли Хурӯси мурғи марҷон доност. — Пас, шумо маро эҳтиром мекунед? — Эҳтиром мекунем! Ҳамаамон эҳтиром мекунем! Хурӯси мурғи марҷон боз каме ноз карду баъд, парҳои худро кушода, рӯдаашро дамонда, се маротиба дар гирди ҷонвари номаълум давр заду гуфт: — Ин… ҳа… Оё шумо донистан мехоҳед, ки ин чист? — Мехоҳем! Хоҳиш мекунем, ин қадар кашол надеҳ, зудтар бигӯй. — Ин касест, ки ба куҷое мехазад. Қариб буд, ки ҳама механдиданд, лекин ҳиҳ-ҳиҳи хандае ва овози борике ба гӯшашон расид, ки мегуфт: — Ана инро парандаи донотарин мегӯянд! Ҳиҳ-ҳиҳ. Аз зери сӯзанҳо як фуки сиёҳаке бо ду чашми сиёҳак намудор шуда, ҳаворо бӯй кашиду гуфт: — Салом, ҷанобон. Чӣ хел шумо Хорпуштро нашинохтед? Хорпушти мардакчаи хокистаррангро? Оҳ, шумо чӣ хел Хурӯси мурғи марҷони хандаовар доред?! Маро бубахшед, ӯ чӣ гуна аст. Намедонам, чӣ хел боадабонатар баён бикунам? Хуб, «Хурӯси мурғи марҷони беақл» бигӯем, меарзад. III Аз чунин таҳқире, ки Хорпушт нисбат ба Хурӯси мурғи марҷон кард, ҳама ба ҳарос афтоданд. Албатта, Хурӯси мурғи марҷон гапи беақлона гуфт, ин дуруст аст, аммо ин ягона асос шуда наметавонад, ки Хорпушт


Click to View FlipBook Version