The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 08:10:04

Аленушка

30. Alenushka's tales

~ 99 ~ ӯро таҳқир бикунад. Дар ниҳояти кор, ба хонаи касе даромада, соҳиби онро таҳқир кардан аз рӯйи одоб нест. Чӣ хел ки хоҳед, фикр кардан гиред, лекин Хурӯси мурғи марҷон бовиқору баобрӯст ва албатта, аз ҳар гуна хорпуштакҳо бартарият дорад. Ҳама якбора ба тарафдории Хурӯси мурғи марҷон гузаштанд ва сару садои баланд бархост. — Шояд Хорпушт ҳамаи моро беақл мешуморад! — Болҳои худро афшонда, фарёд зад Хурӯс. — Ӯ ҳамаи моро таҳқир кард!


~ 100 ~ Агар дар ин ҷо касе беақл бошад, ин Хорпушт аст,— гуфт Ғоз гарданашро дароз карда.— Ман инро зуд эҳсос кардам. Бале! — Оё занбӯруғҳо беақл буда метавонанд? — ҷавоб дод Хорпушт. — Ҷанобон, чаро мо беҳуда бо ӯ суҳбат мекунем! — Фарёд зад Хурӯс.— Хоҳу нохоҳ ӯ ҳеҷ чизро намефаҳмад. Ба назарам, мо танҳо вақтро беҳуда мегузаронем. Бале! Агар шумо, Ғоз, бо минқори пурқуввататон аз як тарафи хораш бигиред ва ману Хурӯси мурғи марҷон аз тарафи дигари хорҳояш ӯро бардорем, зуд маълум мешавад, ки кӣ донотар аст. Охир, ақлро дар зери хори беақл пинҳон карда намешавад. — Хуб, ман розиям,— гуфт Ғоз.— Беҳтараш, ки ман аз қафо ба хорҳои ӯ мечаспам, Шумо Хурӯс, рост ба фукаш нӯл занед. Хуб, ҷанобон? Кӣ донотар аст, ҳозир маълум мешавад. Хурӯси мурғи марҷон ҳамеша хомӯш буд. Дар аввал густохии Хорпушт ӯро дар ҳайрат гузошт ва ӯ надонист, ба вай чӣ посух бидиҳад. Баъд Хурӯси мурғи марҷон хашмгин шуд, чунон хашмгин шуд, ки ҳатто худаш ба ваҳм афтод. Вай мехост, ба ин дағал дарафтад ва ӯро пора-пора кунад, то ҳама инро бубинанд ва бори дигар боварӣ ҳосил кунанд, ки Хурӯси мурғи марҷон чӣ гуна парандаи ҷиддиву сахтгир аст. Вай ҳатто бадқаҳрона чанд қадам ба сӯйи Хорпушт ниҳод ва мехост ҳуҷум кунад, ки ҳама ба сарзанишу таҳдиди Хорпушт пардохтанд.


~ 101 ~ Хурӯси мурғи марҷон босаброна интизор шуд, ки кор бо чӣ анҷом меёбад. Вақте ки Хурӯс пешниҳод кард, ки Хорпуштро аз хорҳояш ба ҳар тараф кашанд, Хурӯси мурғи марҷон ӯро ором кард: — Бубахшед, ҷанобон. Шояд ин масъаларо бо сулҳу салоҳ анҷом медиҳем. Бале. Ба назари ман, дар ин ҷо андак нофаҳмие ҳаст.Ҷанобон, ҳалли ин моҷароро ба ман во гузоред. — Хуб, мо интизор мешавем,— бо дили нохоҳам розӣ шуд Хурӯс, ки омодаи ҷанг бо Хорпушт буд.— Аммо ба ҳар ҳол аз ин кор ҳеҷ натиҷае ба даст намеояд. — Инаш кори ман аст,— бо тамкин посух дод Хурӯси мурғи марҷон.— Ҳоло гӯш бикунед, ки ман чӣ хел гап мезанам. Ҳама дар атрофи Хорпушт ҷамъ шуда, интизор шуданд. Хурӯси мурғи марҷон дар гирди ӯ як давр гашту гулу афшонда гуфт: — Гӯш кунед, ҷаноби Хорпушт. Биёед, ҷиддӣ суҳбат бикунем. Ман умуман моҷарои хонаводагиро дӯст намедорам. «Худоё, ӯ чӣ қадар доност, чӣ қадар доност!» — Шавҳарашро хомӯшона гӯш карда, фикр мекард мокиён. — Пеш аз ҳама дар назар дошта бошед, ки шумо дар ҷомеаи сазовору хуштарбия қарор доред,— идома дод Хурӯси мурғи марҷон.— Ин, албатта, бе гапе нест. Бале. Бисёриҳо ба ҳавлии мо даромаданро шараф меҳисобанд, аммо, мутаассифона, ин шарафмандӣ ба ҳама муяссар намегардад. — Ҳақ аст! Ҳақ аст! — Овозҳо шунида шуданд.


~ 102 ~ — Аммо, гап байни худамон, ин чандон муҳим нест, муҳим он аст, ки… Хурӯси мурғи марҷон сукут кард, барои салобат каме хомӯш истод, сипас идома дод: — Бале, пас чизи асосӣ ин аст. Наход Шумо фикр кардед, ки мо дар бораи хорпуштҳо тасаввуроте надорем? Ман шубҳа надорам, Ғоз, ки Шуморо занбӯруғ гумон кард, танҳо шӯхӣ буд. Хурӯс ҳам, дигарон ҳам чунин ҳазлу шӯхӣ карданд. Ҳамин тавр не, ҷанобон? — Ин ҳақиқат аст, Хурӯси мурғи марҷон! — Якбора ҳама баланд фарёд зада буданд, ки Хорпушт фуки сиёҳи худро пинҳон кард. «Оҳ, чӣ хел вай доност!» — Фикр кард мокиёни Хурӯси мурғи марҷон, чун ҳис кард, ки гап сари чӣ меравад. — Чунон ки Шумо мебинед, ҷаноби Хорпушт, ҳамаи мо ҳазлу шӯхиро дӯст медорем,— идома дод Хурӯси мурғи марҷон.— Ман ҳоло дар бораи худам гап ҳам намезанам. Бале. Чаро ҳазлу шӯхӣ накунем? Ба назарам, Шумо ҳам ҷаноби Хорпушт, шӯхтабиат метобед. — Оҳ, Шумо ҳақед,— бори дигар фукашро бароварда иқрор шуд Хорпушт.— Ман воқеан шӯхтабиатам. Аз ҳамин ҷост, ки ҳатто шабҳо хобам намебарад. Бисёриҳо ба бехобӣ тоқат карда наметавонанд, аммо ман аз хобидан дилгир мешавам. — Хуб, ана мебинед, Шумо, воқеан, ҳамсони Хурӯси моед, ки шабона девонавор дод мезанад.


— Беҳтараш, мушҳоро дошта мехӯрдӣ.


~ 104 ~ 17 Ҳама ногаҳон худро хушҳол ҳис карданд, гӯё ки барои пуррагии ҳаёташон ба онҳо ҳамин Хорпушт намерасид. Хурӯси мурғи марҷон хушҳол буд, ки моҳирона аз ҳолати ногувор баромад, аз он ҳолате ки Хорпушт дар ҳузураш ӯро беақл хонда буд. — Воқеан, ҷаноби Хорпушт, иқрор шавед,— гуфт Хурӯси мурғи марҷон чашмакӣ зада,— албатта, чанд лаҳза пештар, ки маро… Ҳа… Хайр… парандаи нодон номидед, албатта, шӯхӣ буд? — Албатта, ман шӯхӣ кардам! — Таъкид мекард Хорпушт.— Ман ҳамин хел хислати шухӣ кардан дорам! — Бале, бале, ман ба ин бовар доштам,— гуфт Хурӯси мурғи марҷон қаноатмандона ва ба парандагон рӯ овард: — Шунидаед, ҷанобон? — Шунидем. Кӣ ҳам ба ин шубҳа дошт?! Хурӯси мурғи марҷон хам шуда ба гӯши Хорпушт пичирос зад: — Бигзор, чунин бошад, ман ба шумо як сирри ниҳоят муҳимро мегӯям. Бале. Лекин шарте дорам: ба касе намегӯед. Рости гап, дар бораи худам гап задан бароям андак шармовар аст. Аммо чӣ метавон кард, ки ман парандаи аз ҳама донотарам?! Ман аз ин бартарияти худ баъзан хиҷолат мекашам. Лекин офтобро ба доман пӯшида намешавад. Хоҳиш мекунам, фақат дар ин бора ба касе даҳон накушоед!


~ 105 ~ АФСОНА ДАР БОРАИ ШИР, ШАВЛАИ ҶАВӢ ВА МУРКА – ГУРБАИ ХОКИСТАРРАНГ Мехоҳед, намехоҳед, аммо ин бисёр аҷиб буд! Аҷибтараш он буд, ки ин воқеа ҳар рӯз такрор мешуд. Бале, чун дар ошхона кӯзаи Ширу дегчаи сафолӣ Шавлаи ҷавиро болои оташдон мегузоштанд, сар мешуд. Дар аввал онҳо хомӯш меистанд, гӯё ки ҳеҷ гапу коре набошад. Пас, суҳбат оғоз мешуд: — Ман Ширам. — Ман Шавлаи ҷавиам! Аввал суҳбат оромона, бо пичип-пичир сурат мегирифт, баъд Шавлаву Шир оҳиста-оҳиста тезу тунд мешуданд. — Ман Ширам! — Ман Шавлаи ҷавиам! Болои Шавларо бо сарпӯши гилӣ мепӯшонданд ва ӯ дар даруни зарф мисли пиразан ғур-ғур мекард. Вақте ки сахт ба ғазаб меомад, ба берун ҳубоб меафканд, ки мекафиду мегуфт: — Ман ба ҳар ҳол Шавлаи ҷавиам! Пуқ! Барои Шир ин худписандӣ ниҳоят аламовар буд. Бубинед, чӣ муъҷизаест ин Шавлаи ҷавӣ! Шир гарм мешуд, кафк мекард ва мекӯшид, ки аз кӯза барояд. Ошпаз каме бехабар мемонд, медид, ки Шир ба оташдони тафсон рехтааст.


~ 106 ~ — Оҳ, ин Шир барои ман азоб аст! — ҳар дафъа шикоят мекард ошпаз.— Каме бехабар монӣ — мерезаду меравад! — Агар ман чунин гарммиҷоз бошам, чӣ кор кунам?! — Худро сафед карданӣ мешуд Шир.— Аз он, ки хашмгин мешавам, худам ҳам хурсанд нестам. Ин ҷо боз ин Шавла пайваста худро таъриф мекунад: Ман — Шавла, ман — Шавла, ман — Шавла. Дар ҳамон дегчааш менишинаду ғур-ғураш охир надорад. Баъд, ман хафа мешавам. 18 Баъзан кор ба ҷое мерасид, ки Шавла аз зери сарпӯшаш ҷӯшида аз дег мебаромаду ба оташдон мерехт ва ба ҳар тараф мехазиду такрор кардан мегирифт: — Ман Шавлаам! Ман Шавлаам! Ман — Шавла. Албатта, ин кор зуд-зуд рух намедод, аммо чунин ҳам мешуд ва ошпаз бо алам гаштаю баргашта такрор мекард: — Ин Шавла балои ҷони ман аст! Барои чӣ вай дар дегча ором нишаста наметавонад, ҳайронам! II Ошпаз одатан зуд-зуд ба изтироб меомад. Барои чунин музтарибӣ сабабҳо бисёр буданд. Масалан, гурба Муркаро гирем. Аҳамият диҳед, ки ин гурбаи хеле зебо буд ва ошпаз ӯро бисёр дӯст медошт. Ҳар субҳ аз он оғоз мешуд, ки Мурка аз паси ошпаз қадам ба қадам


Тамоми ширро вай мехӯраду ман дар бало мемонам!


~ 108 ~ мегашт ва илтиҷоомез мав-мав мекард, ки ҳатто дили сангин ҳам тоб оварда наметавонист. — Инро бинед, ҳеҷ серӣ надорад! — Ҳайрон мешуд ошпаз гурбаро дуртар ронда.— Худи дирӯз чӣ қадар ҷигар хӯрдӣ? — Охир, он дирӯз буд? — Дар навбати худ ҳайрон мешуд Мурка.— Имрӯз ман боз хӯрдан мехоҳам. Мияв! — Беҳтараш, мушҳоро дошта мехӯрдӣ. — Ин ба гуфтан осон аст! Ку, худат кӯшиш карда, ақалан як мушро бидор! — Худро сафед мекард Мурка.— Аслан, ман ба қадри тавон кӯшиш мекунам. Масалан, ҳафтаи гузашта як мушакро кӣ дастгир кард? Ин ҳама хароши бинии ман аз куҷост? Ман як калламуши калонро гирифтаму ӯ ба бинии ман часпид. Ин кор танҳо ба гуфтан осон: «Мушҳоро дошта мехӯрдӣ». Пас аз хӯрдани ҷигар Мурка ба ҷойи гармтари бухорӣ баромада, чашмашро пӯшида, баҳузур пинак мерафт. — Оҳ чӣ қадар пурхӯрӣ?! — Ҳайрон мешуд ошпаз.— Боз ӯ чашмашро пӯшидааст, танбал. Барои ӯ фақат гӯшт бошад! — Охир, ман роҳиб нестам, ки гӯшт нахӯрам,— танҳо як чашмашро кушода худро ҳимоя мекард Мурка.— Баъдан, ман хӯрдани моҳиро ҳам дӯст медорам. Хӯрдани моҳӣ бисёр хуш аст: То ҳол ман гуфта наметавонам, кадомаш беҳтар: ҷигар ё моҳӣ? Аз рӯйи эҳтиром, ман ҳам ину ҳам онро мехӯрам. Агар ман одам мебудам, ҳатман ё моҳигир мешудам ё тақсимгаре, ки ба мо ҷигар меорад. Он вақт ман тамоми гурбаҳои дунёро то ҷонашон баромадан мехӯрондам ва худам ҳам ҳамеша сер мегаштам.


~ 109 ~ Пас аз сер шудан Мурка барои фароғати худ бо ашёҳои дигар машғул шуданро дӯст медошт. Чаро, масалан, дар рӯ ба рӯйи қафаси соч, ки овезон буд, як-ду соат нашинад? Тамошои беқаророна ҷаҳидани ин парандаи беақл барояш хеле хуш меомад. — Ман туро мешиносам, пири маккор! — Аз боло фарёд мезад Соч.— Ин қадар ба ман нигоҳ накун. — Агар ман бо ту шинос шудан хоҳам-чӣ? — Ман медонам, ту чӣ хел шинос мешавӣ. Ба наздикӣ як гунҷишки зиндаи ҳақиқиро кӣ хӯрд? Уҳ, нафратовар! — Ягон зарра нафратовар нестам, балки баръакс! Ҳама маро дӯст медоранд. Назди ман биё, ман ба ту афсона мегӯям. — Оҳ, маккор! Ин афсонагӯйро бинед-а! Ман дидам, ту ба чӯҷаи бирёне, ки аз ошхона дуздидӣ, чӣ хел афсона гуфтӣ. Олиҷаноб! — Ихтиёрат, ман инро фақат барои хушҳолии ту мегӯям. Дар мавриди чӯҷабирён ман, дар ҳақиқат, онро хӯрдам. Охир, ӯ аздусар ба касе лозим набуд. III Умуман, Мурка ҳар саҳар дар назди оташдони тафсон менишасту босаброна ҷанҷоли Ширу Шавларо гӯш мекард. Вай ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки гап сари чӣ меравад ва танҳо мижа мезаду халос. — Ман Ширам! — Ман — Шавла! Шавла! Шавлааааа!


~ 110 ~ — Не, ман намефаҳмам! Ман комилан намефаҳмам! — Мегуфт Мурка.— Ба хотири чӣ онҳо ҷанҷол мекунанд? Масалан, агар ман такрор ба такрор бигӯям, ки «Ман гурбаам! Ман гурбаам, Ман — гурба». Оё касе аз ин нороҳат мешавад? Не, ман намефаҳмам. Аммо, бояд иқрор шавам, ки барои ман Шир беҳтар аст. Хусусан, вақте ки аз ғазаб наҷӯшад. Боре Ширу Шавла сахт ҷанҷол карданд, ба дараҷае ҷанҷол карданд, ки нисфашон ба оташдон рехт, ҳама ҷо аздуду бӯйи ғализ пур шуд. Ошпаз давида омад ва бо таассуф даст афшонду: — Акнун ман бо инҳо чӣ кор мекунам? — Шикоят карду аз болои оташдон Ширу Шавларо як тараф гузошт.— Рӯятро гардондӣ, тамом. Ҷанҷолашон сар мешавад… Ошпаз Ширу Шавларо гузошта, барои хариди хӯрокворӣ бозор рафт. Мурка аз ин фурсат истифода бурд. Вай назди Шир нишаста, ӯро пуф карду гуфт: — Хайр, хафа нашавед, Ширҷон. Шир тадриҷан ором шудан гирифт. Мурка дар гирди ӯ як давр заду боз пуф кард, баъд мӯйлабашро ба тартиб овард ва хеле меҳрубонона гуфт: — Гӯш кунед, ҷанобон. Чанҷол кардан тамоман хуб нест. Бале. Маро ҳамчун довари сулҳ интихоб бикунед, ман масъалаи шуморо фавран ҳал мекунам. Анкабути сиёҳе, ки дар сурохӣ нишаста буд, ҳатто аз ханда гулугир шуд: «Ана ин довари сулҳро бинед. Ҳеҳҳеҳ! Оҳ, пири маккор, чӣ лофҳо намезанаду чӣ дурӯғҳо


~ 111 ~ намебофад?» Аммо Ширу Шавла аз он шод буданд, ки ниҳоят баҳси онҳо бо сулҳу салоҳ ҳал мешавад. Худи онҳо ҳатто гуфта наметавонистанд, ки гап дар сари чист ва чаро баҳсу ҷанҷол мекунанд. — Хуб, хуб. Ман ҳамаашро холисона ҳал мекунам,— гуфт Мурка.— Биёед, аз Шир сар мекунем. Вай чанд маротиба атрофи кӯзаи Шир давр зада, онро бо панҷааш ламс кард, аз боло ба Шир пуф карду шалап-шалап ба хӯрдан пардохт. — Ё тавба! Кӯмак кунед! — фарёд зад Анкабуд.— Тамоми ширро вай мехӯраду ман дар бало мемонам! 19 Чун ошпаз аз бозор баргашт, дид, ки кӯзачаи шир холист. Мурка дар назди оташдон ба хоби ширин рафта буд, гӯё ки ҳеҷ воқеа рух надода бошад. — Оҳ, ту, бадбахт! — Ошпаз ӯро сарзаниш карда, аз гӯшаш гирифт. — Ширро кӣ хӯрд? Ку, бигӯй! Бисёр дарднок бошад ҳам, Мурка чунон вонамуд кард, ки чизеро намефаҳмад ва сухан гуфтан ҳам наметавонад. Вақте ки ӯро аз дари хона берун партофтанд, ӯ худро як афтонду мӯйҳои парешонашро лесида, думашро рост карду гуфт: — Агар ман ошпаз мебудам, кори ҳамаи гурбаҳо аз субҳ то шом танҳо ширхӯрӣ мебуд. Аммо, ман аз ин ошпаз хафа намешавам, чунки вай инро намефаҳмад. ХОБ ОМАДУ ХОБ ОМАД


~ 112 ~ Як чашми Алёнушка хоб меравад, як гӯши Алёнушка хоб меравад. — Падар, шумо дар ҳамин ҷоед? — Дар ҳамин ҷоям, духтарҷон. — Медонед, чӣ, падар? Ман малика шудан мехоҳам. Алёнушкаро хоб бурд. Ӯ дар хобаш табассум мекард. Оҳ, чӣ қадар гули бисёр! Ҳамаи ин гулҳо табассум мекарданд. Гирдогирди кати хоби Алёнушка давра гирифта, пичирос мезаданд ва маҳин-маҳин механдиданд. Гулҳои арғувонӣ, кабуд, зард, нофармону гулобӣ, сурху сафед…— Гӯё рангинкамон ба замин афтида буду бо шарораҳои зиндаи рангоранг, бо чароғакҳову чашмакони хушбахти кӯдакона шуълапошӣ дошт. — Алёнушка мехоҳад малика шавад! — Гулҳои Момои саҳроӣ хушҳолона садо доданд. Онҳо дар сари пойи сабзи борикашон алвонҷ мерафтанд. — Оҳ, вай чӣ қадар хандаовар аст! — пичир-пичир мекарданд гулҳои Марзангӯшаки фурӯтан. — Ҷанобон, ин масъаларо ба таври ҷиддӣ муҳокима кардан лозим аст,— бо шавқу рағбат ба миён даромад гули зарди Қоқу.— Ман инро ҳеҷ интизор набудам. — Малика будан чӣ маъно дорад? — пурсид Тугмачагули кабуди саҳроӣ.— Ман дар саҳро калон шудаам ва тартиботи шаҳрии шуморо намефаҳмам. — Хеле сода,— дахолат кард Мехчагули гулобӣ.— Чунон сода аст, ки ба шарҳ додан ҳам эҳтиёҷ надорад. Малика ин… ин… Шумо, ба ҳар ҳол ҳеҷ чизро


~ 113 ~ намефаҳмед? Оҳ, чӣ қадар шумо аҷибед. Малика будан, яъне, ки гул монанди ман гулобӣ мешавад. Агар ба тарзи дигар бигӯем: Алёнушка мехоҳад, ки Мехчагул бошад. Акнун фаҳмост? Ҳама хушҳола хандиданд. Танҳо гулҳои садбарг хомӯш буданд. Онҳо худро озурда мешумориданд. Кӣ намедонад, ки маликаи гулҳо Садбарг аст? Садбарг хушрӯй, хушбӯй ва хеле фараҳбахш аст! Ва нохост кадом як Мехчагул худро малика мехонад. Ин гап ба ҳеҷ ченак рост намеояд. Ниҳоят, як гули садбарг аз ғазаб суп-сурх шуда гуфт: — Не, мебахшед. Алёнушка мехоҳад Садбарг бошад. Бале! Садбарг малика аст, барои ҳамин ӯро ҳама дӯст медоранд. — Ана ин аҷоибот! — Ба ғазаб омад Қоқу.— Хуб, агар чунин бошад, Шумо маро кӣ мешуморед? — Қоқу, илтимос, наранҷед,— гулҳои Момои ҷангалӣ ӯро тасаллӣ доданд.— Ин гуна рафтор хислати касро табоҳ мекунад ва гузашта аз ин, беадабист. Ба мо нигаред.— Мо аз он, ки Алёнушка мехоҳад гули Момои ҷангалӣ бошад, хомӯшем, зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. II Гулҳо зиёд буданд ва хеле хандаовар баҳс мекарданд. Гулҳои худрӯй ба мисли савсану бунафша, марзангӯш, гулҳои момову тугмачагул ва мехчагулҳои саҳроӣ хеле хоксор буданд. Вале гулҳое, ки дар гармхонаҳо


— Ба поин нигар, ки чӣ мебинӣ . . .


~ 115 ~ парвариш ёфта буданд, мисли садбарг, лола, савсан, наргис ва гули шаббӯй монанди кӯдакони сарватмандоне, ки дар маросиму ҷашнҳо либосҳои пурдабдаба мепӯшиданд, худномоӣ мекарданд. Алёнушка бештар гулҳои одии саҳроиро дӯст медошт. Аз онҳо гулдастаҳо мебасту гулчанбар мебофт. Чӣ хел онҳо зебоянд! — Алёнушка моро хеле дӯст медорад,— оҳиста гуфт гули Бунафша.— Охир, мо дар фасли баҳор аз ҳама пештар мерӯем. Ҳамин ки барф об шуд, мо ҳозирем. — Мо ҳам,— гуфтанд гулҳои Савсан.— Мо ҳам гулҳои баҳорием. Мо гулҳои одием ва дар ҷангал ҳам рустан мегирем. — Мо магар гунаҳгорем, ки дар сардии саҳро руста наметавонем? — шикоят карданд Гули шаббӯйи ҷангалӣ ва Сунбулҳои хушбӯй.— Мо дар ин ҷо меҳмонем, ватани аслии мо аз ин ҷо хеле дур аст, дар ҷое, ки ниҳоят гарм аст ва ҳеҷ гоҳ зимистон намешавад. Оҳ, чӣ қадар он ҷо хуб аст ва мо ҳамеша ватани бобоии худро ёд мекунем. Дар ин Шимоли шумо ҳаво хеле сард аст. Алёнушка моро низ дӯст медорад ва ҳатто ниҳоят… — Ҷойи мо ҳам хуб аст,— баҳс мекарданд гулҳои саҳроӣ.— Албатта, баъзан хеле сард мешавад, аммо ин судманд аст. Сардии сахт душманони ашаддии мо — ҳашароти гуногуни зарарнокро мекушад. Агар сармо намебуд, аҳволи мо бад мешуд. — Мо ҳам сардиро дӯст медорем,— илова карданд гулҳои Садбарг.


~ 116 ~ Маҳингулу Камелия низ ҳаминро гуфтанд. Ҳангоми рангу бӯй гирифтан ҳар дуи онҳо низ сардиро дӯст медоштанд. — Гӯш кунед, ҷанобон! Биёед, ҳар кас дар бораи ватани худ нақл кунад,— пешниҳод кард Наргиси сафед.— Ин хеле шавқовар аст. Алёнушка гӯш мекунад. Охир, ӯ моро ҳам дӯст медорад. Баъд ҳама якбора ба гап даромаданд. Гулҳои садбарг бо оби дида водиҳои мубораки Шероз, сунбулҳо — Фаластин, Маҳингул — Амрико, савсанҳо Мисрро ба ёд меоварданд. Гулҳо аз тамоми ҷаҳон дар ин ҷо ҷамъ омада буданд ва метавонистанд хеле нақлҳои аҷоиб бикунанд. Аксари гулҳо аз ҷануб буданд, ки дар он ҷо офтоб хеле гарм асту зимистон нест. Чӣ хел он ҷо хуб аст! Бале, ҳамеша тобистон! Чӣ гуна дарахтони азим дар он ҷо мерӯянд? Чӣ гуна парандаҳои аҷоиб ҳастанд? Чӣ қадар шаҳпаракҳои зебои монанди гулҳо ва гулҳои ба шаҳпаракҳо монанд. — Мо дар Шимол танҳо меҳмонем, барои мо ин ҷо сард аст,— пичирос мезаданд ҳамаи рустаниҳои ҷанубӣ. Гулҳои саҳроии таҳҷойиро ҳатто ба ҳоли онҳо раҳм омад. Дар ҳақиқат, вақте ки боди сарди шимол мевазад, борон меборад ва барфи сард мезанад, сабру тоқати қавӣ лозим аст. Фаразан, барфи баҳорӣ зуд об мешавад, аммо ба ҳар ҳол вай барф аст. — Шумо як камбудии азим доред,— шарҳ дод гули Тугмача пас аз шунидани ин нақлҳо.— Ман баҳс намекунам, эҳтимол шумо баъзан аз мо, гулҳои худрӯйи одӣ зеботаред. Ман инро бо камоли эҳтиром эътироф


~ 117 ~ мекунам. Бале. Кӯтоҳи гап ҳамин, ки шумо меҳмони азизи мо ҳастед ва камбудии асосии шумо ин аст, ки шумо танҳо барои одамони сарватманд мерӯед, вале мо — барои ҳама. Мо хеле меҳрубонтарем. Масалан, маро дар дасти ҳар як кӯдаки деҳа дида метавонед. Чӣ қадар ман ба кӯдакони камбағал хурсандӣ меорам! Барои ман пул додан лозим нест, танҳо ба саҳро баромадан лозим асту халос. Ман бештар дар байни гандуму ҷаву арзан мерӯям. III Алёнушка ба ҳамаи гапу корҳое, ки гулҳо ба ӯ нақл карданд, ба эътибори тамом гӯш андохту ҳайрон шуд. Вай бисёр мехост, ҳамаи ин чизҳо ва ҳамаи он кишварҳоро, ки ҳоло дар бораашон суҳбат карданд, бо чашми худ бубинад. — Агар ман парасту мебудам, дарҳол парвоз мекардам,— гуфт вай дар ниҳоят.— Чаро ман бол надорам? Оҳ, паранда будан чӣ қадар хуб аст! Ҳоло ӯ суханашро ба анҷом нарасонда буд, ки Момохолак (какана) парида омад. Момохолаки ҳақиқии сурхак, бо холҳои сиёҳак, бо каллачаи сиёҳак ва ҳамин гуна мӯйлабу пойҳои борики сиёҳак. — Алёнушка, биё, парвоз мекунем! — Мӯйлаб ҷунбонда пичирос зад Момохолак. — Охир, ман бол надорам, Момохолак! — Ба ман савор бишав.


~ 118 ~ — Чӣ сон ман ба ту савор мешавам, ки ту ин қадар хурдакакӣ? — Ана, бубин. Алёнушка нигоҳ мекарду ҳайрони ҳайронтар мешуд. Момохолак болҳои дурушти худро паҳн карда буд, ки дучанд калон шуд. Пас болҳои поёниашро, ки мисли тӯри тортанак буданд, паҳн карду боз ҳам калонтар шуд. Вай дар пеши чашми Алёнушка калон шудан гирифт ва то андозае, калони калон шуд, ки Алёнушка дар пушти вай, дар байни болҳои сурхаш озодвор нишаст. Ҷойи хеле нишастанӣ буд. — Ту нағзакак нишастӣ, Алёнушка? — Пурсид Момохолак. — Бисёр нағз! — Пас маро маҳкамтар бидор. 20 Дар лаҳзаи авали парвоз Алёнушка ҳатто аз тарс чашмашро пӯшид. Ба вай чунин намуд, ки вай намепарад, балки шаҳрҳо, ҷангалҳо, дарёву кӯҳҳо дар поён парвоз мекунанд. Пас эҳсос кард, ки вай монанди чашми сӯзан хурдакак ва монанди параки қоқу сабук шудааст. Ва Момохолак чунон тез мепарид, ки дар байни болҳояш ҳаво ҳуштак мекашид. — Ба поин нигар, ки чӣ мебинӣ,— гуфт Момохолак ба ӯ. Алёнушка ба поин нигарист ва аз ҳайрат ҳатто дастафшонӣ кард.


~ 119 ~ — Оҳ, чӣ қадар гулҳои садбарг. Сурх, зард, сафед, гулобӣ! Ба рӯйи замин гӯё қолини садбаргҳои рангини тару тоза густурда буданд. — Ба замин фуроем,— хоҳиш кард ӯ аз Момохолак. Онҳо фуромаданд, ки Алёнушка аз нав калон шуд, чунон ки буд ва Момохолак ҳам ба сурати пешина даромад. Алёнушка дар паҳнои садбаргзор бафурҷа гашту гузор карда, як даста гул чид. Оҳ, чи қадар зебоянд, ин садбаргҳо! Аз бӯйи хушашон сар чарх мезанад. Кошкӣ ин гулистонро ба шимол, ки дар он ҷо садбаргҳо меҳмонони азизанд, бурда мешуд! — Хуб, биёед, акнун парвозро давом медиҳем,— гуфт Момохолак ва болашро кушода омодаи парвоз шуд. Вай боз калон шуду Алёнушка майдаяк. IV Онҳо дубора парвоз карданд. Чӣ хел атроф хуб буд! Осмони каб-кабуд ва дар поин баҳри аз он ҳам кабудтар. Онҳо аз болои нишебиҳои пурпечу тобу санглохи соҳил мепариданд. — Наход мо аз болои баҳр парвоз мекунем? — пурсид Алёнушка. — Бале. фақат рост нишину маҳкам бидор. Дар аввал Алёнушка сахт метарсид, вале баъдтар одат кард. Ба ҷуз осмону об, чизе ба назар наменамуд. Дар рӯйи баҳр ба ғайр аз парандаҳои калони сафедбол,


~ 120 ~ киштиҳо шино мекарданд. Киштиҳои хурд монанди паша метофтанд. Оҳ, чӣ қадар зебо, чӣ хел нағз! Аз пеш соҳили баҳр намудор шуд, соҳили пасти зарду регзор, резишгоҳи як рӯди азим, як шаҳри сап-сафед, гӯё ки аз шакар сохта бошанд. Баъд аз он биёбони бе долу дарахт, ки танҳо аҳромҳо менамуданду халос. Момохолак ба соҳили рӯд фуромад. Дар ин ҷо папирусҳои сабз ва савсанҳои аҷоибу зебо мерӯйиданд. — Чӣ хел ҷойи шумо хуб аст! — Бо онҳо суҳбат кард Алёнушка.— Магар дар ҷойи шумо зимистон намешавад? — Зимистон чист? — Ҳайрон шуд Савсан. — Зимистон вақтест, ки барф меборад. — Барф чист? Савсанҳо ҳатто хандиданд. Онҳо гумон карданд, ки духтараки хурди шимолӣ бо онҳо шӯхӣ мекунад. Дуруст аст, ки ҳар тирамоҳ парандаҳои зиёде аз шимол ба ин ҷо парида меомаданд ва онҳо ҳам дар бораи зимистон нақл мекарданд. Аммо худашон зимистонро надида буданд, балки шунидаҳояшонро мегуфтанд. Алёнушка низ бовар намекард, ки дар ин ҷойҳо зимистон намешавад. Пас дар ин ҷо на пӯстин лозим асту на мӯзаи намадӣ? Онҳо парвозро давом доданд. Аммо Алёнушка дигар на аз баҳри кабуд, на аз кӯҳҳои баланд ва на аз биёбонҳои бе долу дарахт, ки дар он ҷо танҳо сунбулаҳо мерустанд, ҳайрон намешуд.


— Ту мехоҳӣ малика шавӣ, майдаяк?


~ 122 ~ — Ман гарм шудам,— шикоят кард вай.— Медонӣ, Момохолак, вақте ки тамоми сол тобистон аст, чандон хуб ҳам нест. — Ҳар кӣ ба ҳар чӣ одат кардааст, Алёнушка. Онҳо аз сари кӯҳҳои баланде мепариданд, ки дар қуллаҳояшон барфи абадӣ мехобид. Ин ҷо чандон гарм набуд. Аз паси кӯҳҳо бешаи касногузар сар мешуд. Зери дарахтон торик буд, зеро нури офтоб ба ин ҷо аз тори шоху баргҳои дарахтони зич намегузашт. Маймунҳо дар дарахтон даву тоз доштанд. Чӣ қадар парандаҳои бисёр — сабз, сурх, зард, кабуд. Аммо аҷибтараш ин, ки гулҳо бевосита дар танаи дарахтон мерӯиданд. Ин ҷо ҳам гулҳои тамоман оташранг ва ҳам гулҳои хокистарранг буданд. Гулҳое ҳам буданд, ки ба парандаҳои хурд ва ё ба шаҳпаракҳои калон шабоҳат доштанд. Гӯё тамоми беша бо чароғакҳои зиндаи рангоранг оро ёфта буд. — Инҳо гулҳои орхидея (саҳлаб) ҳастанд,— фаҳмонд Момохолак. Дар ин ҷо гаштан имкон надошт, ҳама чиз ба ҳам печида буд. Онҳо парвозро давом доданд. Ана, аз байни соҳилҳои сабз рӯди азиме ҷорӣ буд. Момохолак рост ба гули калони сафед, ки дар об мерӯянд, фуромад. Алёнушка ҳеҷ гоҳ чунин гулҳои калонро надида буд. Ин гули муқаддас аст,— фаҳмонд Момохолак.— Инро нилуфар меноманд. V


~ 123 ~ Алёнушка ин қадар бисёр сайру гашту тамошо кард, ки ниҳоят хаста шуд. Вай мехост ба хона баргардад. Ба ҳар ҳол хона беҳтар аст. — Ман барфро дӯст медорам,— гуфт Алёнушка.— Бе зимистон хуб нест. Онҳо боз парвоз карданд ва ҳар қадар баландтар мебаромаданд, ҳамон қадар ҳаво сардтар мешуд. Дере нагузашта дар поин паҳноҳои барфпӯш намоён шуданд. Танҳо ҷангали сӯзанбарг сабз метофт. Алёнушка аз дидани арчаи аввалин хеле хурсанд шуд. — Арча! Арча! — Дод зад вай. — Салом, Алёнушка! — Арчаи сабз аз поён ба вай фарёд зад. Ин Арчаи солинавии ҳақиқӣ буд. Алёнушка зуд ӯро шинохт. Оҳ, Арчаи азиз! Алёнушка хам шуд, то бигӯяд, ки чӣ қадар вай Арчаи меҳрубону зебост ва ногаҳон сарозер афтид. Ваҳ, чӣ хел даҳшатнок! Вай чанд маротиба дар ҳаво тоб хӯрда, рост болои барфи нарм афтид. Алёнушка аз тарс чашмонашро пӯшида буд ва намедонист, ки зинда аст ё мурда. — Ту, хурдакак, аз куҷо пайдо шудӣ? — Пурсид аз ӯ касе. Алёнушка чашм кушода, пирамарди қоматхамидаеро дид ва фавран шинохт. Ин ҳамон пирамарде буд, ки барои бачаҳои зирак арчаҳои солинавӣ, ситораҳои тилоӣ, қуттиҳои пур аз бозичаҳои аҷиб меовард. Оҳ, чӣ пирамарди меҳрубон аст ӯ! Вай Алёнушкаро зуд ба оғӯш гирифта, ба пӯстини худ печонд ва боз пурсид:


~ 124 ~ — Чӣ гуна ба ин ҷо афтидӣ, духтараки хурдакак? — Ман бо Момохолак сайр мекардам. Оҳ, чӣ қадар чизҳои аҷоибро дидам, бобо! — Хуб, хуб. — Ман Шуморо мешиносам, бобо! Шумо ба бачаҳо арча меоред. — Дуруст! Дуруст! Ман ҳоло ҳам арчаи солинавӣ дуруст мекунам. Вай ба Алёнушка як асои дарозро нишон дод, ки ба арча ҳеҷ монандӣ надошт. — Ин чӣ гуна арча аст, бобо? Ин танҳо як чӯби калон.— Ана, ҳоло мебинӣ. Пирамард Алёнушкаро ба деҳаяке овард, ки саросар барфпӯш буд. Аз зери барф танҳо бому мӯриҳо менамуданд. Бачаҳои деҳа мунтазири пирамард буданд. Онҳо меҷаҳиданду дод мезаданд: — Арча! Арча! Онҳо ба назди кулбаи аввалин омаданд. Мӯйсафед як даста хӯшаи ҷавро ба сари асо баст ва асоро болои бом бардошт. Фавран парандаҳои хурдакаки муқимӣ, ҳамчун гунҷишку заличу дигарҳо, ки дар фасли зимистон ба ҳеҷ куҷо намерафтанд, аз ҳар тараф парида омаданду ба хӯшаи ҷав часпиданд. — Ин арчаи мост! — Дод мезаданд онҳо. Алёнушка якбора хеле хушҳол шуд. Вай бори аввал медид, ки барои парандаҳо дар зимистон чӣ гуна арчаи солинавӣ дуруст мекунанд.


~ 125 ~ 21 Оҳ, чӣ қадар шавқовар! Оҳ, ин чӣ пирамарди меҳрубон! Як гунҷишкак, ки аз ҳама бештар беқарор буд, Алёнушкаро зуд шинохту дод зад: — Охир, ин Алёнушка аст! Ман ӯро хеле нағз мешиносам. Вай ба ман якчанд бор нонреза додааст. Бале. Гунҷишкакони дигар низ ӯро шинохта буданд ва аз хурсандӣ ба шавқ чириққас мезаданд. Як гунҷишки дигар, ки бисёр густох буд, парида омад. Вай ҳамаро ба ҳар тарф тела дода, донҳои беҳтаринро нӯл задан гирифт. Ин ҳамон гунҷишке буд, ки бо моҳӣ — Ёрш Ершович, барои як кирмак ҷанг карда буд. Алёнушка ӯро шинохт. — Салом, Гунҷишкак! — Оҳ, ин туӣ, Алёнушка? Салом! Гунҷишкаки густох сари як пояш ҷаҳида, маккорона чашмакӣ заду ба пирамарди меҳрубон гуфт: — Бобо, Алёнушка мехоҳад малика шавад. Бале, вақте ки вай инро гуфта буд, ман худам шунидам. — Ту мехоҳӣ малика шавӣ, майдаяк? — Пурсид пирамард. — Бисёр мехоҳам, бобо! — Хуб. Аз ин осонтар коре нест: ҳамаи маликаҳо занҳоянд ва ҳар як зан — малика аст. Ҳоло ба хона баргарду инро ба ҳамаи духтаракони дигар бигӯй. Момохолак хурсанд буд, ки ҳар чӣ зудтар аз ин ҷо биравад, то ки ягон гунҷишки баднафс ӯро нахӯрад.


~ 126 ~ Онҳо зуд ба хона расиданд. Дар ин ҷо ҳама гулҳо Алёнушкаро интизор буданд. Онҳо то ҳозир баҳс мекарданд, ки малика чӣ гуфтанӣ гап аст. Аллаё, аллаё, алла… Як чашми Алёнушка хоб асту дигараш — кушода; як гӯши Алёнушка хоб асту дигараш мешунавад. Акнун ҳама дар атрофи бистари Алёнушка ҷамъ омадаанд: Харгӯши далеру Хирси лаванд, Хурӯси ҷангараву Гунҷишк, Зоғи сиёҳак ва Ёрш Ершович ва Магаси охирин. Ҳама дар ҳамин ҷо, дар назди Алёнушка. — Падар, ман ҳамаашонро дӯст медорам,— оҳиста гуфт, Алёнушка.— Ман нонхӯракҳои сиёҳро ҳам дӯст медорам, падар. Чашми дигари Алёнушка ҳам пӯшида шуд, гӯши дигарашро ҳам хоб бурд. Дар назди кати Алёнушка майсаҳои баҳорӣ сабзу хуррам нашъунамо мекунанд, гулҳо мешукуфанд. Гулҳои бисёр: бунафшаранг, гулобӣ, зард, кабуд ва сурх. Як тӯси сабз болои кат хам шуда, бо лутфу меҳрубонӣ ба гӯши Алёнушка чизе мегӯяд. Офтоб медурахшад, рег зардӣ мекунад ва мавҷи баҳри кабуд Алёнушкаро ба сӯйи худ мехонад. — Хоб рав, Алёнушка! Қувват бигир. Аллаё, аллаё, алла…


МУНДАРИҶА Чанд сухан дар бораи Дмитрий Сибиряк ва «Афсонаҳои Алёнушка» ...............................................3 Сарафсона ...........................................................................8 Афсона дар бораи Харгӯши далери чашмкаҷи думкӯтоҳ...........................................................9 Афсона дар бораи Гамбусак ..........................................16 Афсона дар бораи Хомӯшак Хомӯшаковичи бинидарози хашмин ва Хирси думкӯтоҳи пашмин...........24 Зодрӯзи Ванка..................................................................33 Афсона дар бораи Гунҷишк Гунҷишкович, Ёрш Ершович ва Яшаи мӯрирӯби хушҳол.................47 Афсона дар бораи Магаси охирин ...............................60 Афсона дар бораи Зоғи Сиёҳак ва Қанории Зарди бепаноҳак ..............................................................76 Афсона дар бораи Мурғи марҷони аз ҳама доно......90 Афсона дар бораи Шир, Шавлаи ҷавӣ ва Мурка – гурбаи хокистарранг......................................................105 Хоб омаду хоб омад.......................................................112


Афсонаҳои Алёнушка Д. Н. Мамин-Сибиряк Тарҷумон: Абдуҷаббор Алиев Рассом: Рамзан Валиев Муҳаррирон: Ҷӯра Ҳошимӣ, Комилзода Аҳмадшоҳ Мушовир: Фаросат Олимова Тарроҳ: Владимир Казберович Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 70×90/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 8. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ


~ 132 ~ Дмитрий Наркисович Мамин-Сибиряк (1852–1912) Дмитрий Мамин-Сибиряк нависандаи машҳури рус буда, аз хурдӣ ба китобхонӣ рағбату шавқи беандоза дошт. Онҳо дар оила чор фарзанд буданд. Хоҳараш Елизавета ҳам хонданро дӯст медошт. Аз ин рӯ, вай якбора ба синфи сеюм меравад. Дмитрий дар 30 соли нависандагии худ беш аз 150 асар барои кӯдакон навиштааст. Мамин-Сибиряк китоби кӯдаконаро «риштаи ҳаёт» номидааст. Риштае, ки хонандаро аз кунҷи хона берун оварда, бо олами гуногунранги зиндагӣ мепайвандад.


Click to View FlipBook Version