The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by marodbekovmj, 2024-02-06 02:41:29

Гена ва Дустони У

Гена ва Дустони У

Эдуард Успенский


Душанбе — 2023 Тарҷумаи Азизи Азиз Эдуард Успенский


ТБК 84Р7-4+83.8+74.200.53 У-69 Успенский, Эдуард. У-77 Гена ва дӯстони ӯ/Эдуард Успенский; тарҷ. Азизи Азиз; рас. Б. Қаҳҳоров.— Душанбе:«Нашриёти муосир», 2023. 72 с. ISBN 978-99985-888-6-8 Ин қисса аз кишваре оғоз мешавад, ки он ҷо афлесунҳо мерӯянд. Як ҷонвараки аҷиб ба қуттие медарояд ва дар як шаҳри кишвари иқлимаш сард аз он қуттӣ мебарояд. Вале ҷонварак ғамгин нашуда, ба мағозаи бозичаҳо ба кор медарояд. Шабона дар телефонхона зиндагӣ мекунад. Дар ҳамин шаҳр тимсоҳе бо номи Гена зиндагӣ мекард. Вай аз танҳоӣ дилгир шуда буд, Рӯзе Гена барои ёфтани дӯстон эълон менависад. Давомашро пас аз хондани ин китоб хоҳед фаҳмид. ТБК 84Р7-4+83.8+74.200.53 У-69 ISBN 978-99985-888-6-8 © Э. Успенский.


3 Сарсухане, ки хонданаш чандон шарт нест Бачаҳои азиз, албатта, ҳар кадоми шумо ягон бозичаи басо писандида доред. Эҳтимол, дуто ё панҷто. Дар овони кӯдакӣ ман соҳиби се бозичаи аҷойиб будам: яке Гена буд — як Тимсоҳи калону резинӣ, дигаре Галя — лӯхтаки пластмасӣ ва боз як махлуқчаи лаванди махмалӣ, ки номи ғалатӣ дошт — Чебурашка. Чебурашка эҷоди устоҳои кадом корхонаи бозичасозӣ буд, вале чунон онро ноуҳдабароёна сохта буданд, ки чӣ ҳайвон буданаш маълум нашуд. Шояд, заргӯшак буд ё шояд сагча. Эҳтимол, гурба буд. Онро кенгуруи австралиягӣ ҳам гуфтан мумкин буд. Чашмони калонаш мисли чашмони чуғз зард, сараш мисли каллачаи заргӯш лӯнда, думакаш кӯтоҳу пахмоқ — ин хел думро фақат хирсак метавонад дошта бошад. Падару модарам мегуфтанд, ки Чебурашка як ҳайвони барои олимон номаълуму кашфношуда аст. Ӯро гоҳ-гоҳе дар кишварҳое, ки иқлими гарм доранд, дидан мумкин аст. Шабу рӯзи аввал аз Чебурашка сахт метарсидам, ҳатто намехостам, ки ҳамроҳи вай дар хона танҳо бошам. Баъдтар ба андоми аҷойибу ғаройибаш одат карда, ӯро ҳам мисли Гена — Тимсоҳи резинию Галяи пластмасӣ дӯст доштам. Аз он замон вақти зиёд гузаштааст, аммо дӯстони майдаҳаки худро фаромӯш накардаам. Инак, дар бораи онҳо китоб ҳам навиштам!


4 Онҳо дар китоби ман, на чун лухтак, балки чун ҳайвонҳои зинда амал мекунанд ва корҳои аҷоибро анҷом медиҳанд. Боби аввал Дар бешазори анбуҳи кадом як кишвари офтобӣ як ҷонварак мезист. Номаш Чебурашка буд. Ӯ ҷонвараки аҷибу ғарибе буд. Вақте дар беша мезист, ном надошт. Баъдтар, яъне вақте ки тарки беша карду бо одамон вохӯрд, Чебурашка ном гирифт. Охир, одамонанд, ки ба ҳайвонҳо ному лақаб медиҳанд. Маҳз одамон филро фил гуфтанду заррофаро заррофа ва заргӯшакро заргӯшак. Агар фил ақл медошт, албатта, худашро фил мегуфт. Бубинед, чӣ номи кӯтоҳу сода — фил! Аммо ба баҳмут номи ғалатӣ доданд: баҳ-мут… Рост не? Вай ҳеч сарфаҳм намеравад, ки чаро баҳмут шуду кӯтоҳакак «баҳ» ё «мут» не… Чебурашкаи мо ҳам ягон бор фикр накардааст, ки чаро ба ӯ чунин ном гузоштанд. Як бор вай субҳидам бедор шуд, даст ба пушт карда, ҳаваси сайругашту ҳавои тоза намуд. Ин сӯ рафту он сӯ рафт ва билохира, вориди боғи пурмевае шуд. Ногоҳ, дар канори боғ чанд қуттиеро диду ҷониби онҳо шитофт. Қуттиҳо пури афлесун буданд. Чебурашка дарҳол дохили яке аз онҳо даромада, ду афлесунро нӯши ҷон кард, нӯши ҷон карду ишкамаш пур шуд. Вай дигар маҷоли ҳаракат кардан надошт. Ногоҳ даруни қуттӣ хобаш бурд.


5 Он қадар хобаш бурд, ки омадани одамонро нафаҳмид, ҳатто нафаҳмид, ки онҳо сарпӯши қуттиро пӯшонда, мех заданд. Баъд, афлесунҳоро ҳамроҳи Чебурашка ба киштӣ бор карданд. Киштӣ ба баҳр даромаду дурудароз шино кард. Сафари киштӣ хеле тӯл кашид, он аз баҳру уқёнусҳо гузашта, ба як шаҳри калон расид. Баъд қуттиҳоро ба як дӯкон бурда кушоданд. Дар ҳама қуттиҳо афлесун буд, вале дар як қуттӣ Чебурашкаро диданд, ки мисли тӯб хобида буд ва базӯр меҷунбид. Афлесунфурӯшҳо Чебурашкаро аз қуттӣ берун оварда, рӯйи миз гузоштанд. Вале вай ба по рост истода натавонист, чунки чанд рӯз дар қуттӣ хобида, қадам назада, ду пояшро хоб бурда буд. Чебурашка рӯйи миз камтар нишаст, нишасту атрофро тамошо кард ва ногоҳ аз миз гурсӣ-ба курсӣ ҷаҳид. Аммо дар курсӣ ҳам зиёд наистод, боз ҷаҳиду аз курсӣ ба фарш афтод. — Уф-е-е, ин Чебурашка будаст-ку! — гуфт мудири дӯкон.— Рост истода наметавонед-е! Ҳамин тавр, ҳайвонаки мо фаҳмид, ки Чебу рашка будааст. — Акнун чӣ кор кунам?—ҳайрон шуд мудири дӯкон.— Туро афлесун гуфта фурӯхта намешавад-ку?! — Надонам,—ҷавоб дод Чебурашка.—Дилатон ҳарчи хоҳад, кардан гиред. Мудир ночор монд, баъд Чебурашкаро гирифта, ҷониби боғи ҷонварони шаҳр рафт. Аммо он ҷо Чебурашкаро қабул накарданд. Аввал ин, ки боғ пур буд. Дуюм ин, ки


6 Чебурашкаро ҳайвони ношиносу номаълум гуфтанд. Касе надонист, ки вайро ба кадом қафас андозанд: ба қафаси заргӯшҳо, ё палангон? Шояд вай аз авлоди сангпушти обӣ бошад-а? Он гоҳ мудири дӯкони афлесун Чебурашкаро дубора ба бағал гирифта, назди як хеши наздикаш бурд. Хеши наздики ӯ мудири мағозаи куҳнафурӯшӣ буд. — Ҳайвонаки аҷойиб будааст,— гуфт куҳнафрӯш. Бозичаи сақат, яъне нуқсондор. Албатта, ба кор мегирам. Баъд, ба Чебу рашка рӯй оварда гуфт: Ту розӣ ҳастӣ, ҳамроҳ кор кунем? — Ман розӣ,— ҷавоб дод Чебурашка.— Чӣ кор кунам? — Дар пеши тиреза истода, ҳушу ёди роҳгузаронро ҷалб мекунӣ. Фаҳмо? — Фаҳмидам,— гуфт Чебурашка ва илова намуд,— дар куҷо истиқомат мекунам? Мудир ба хоначаи куҳнаи телефони беруни дари мағоза ишора карда гуфт: Ана ин ҷо зиндагӣ мекунӣ. Хонаи ту ҳамин мешавад. Ҳамин тавр Чебурашка соҳиби хона ва корманди мағозаи куҳнафурӯшии шаҳр шуд. Албатта, хонаи ӯ дар шаҳр баланду барҳаво набуд. Лекин як бартарӣ дошт, телефони дохили он фаъол буд. Чебурашка акнун соҳиби телефон шуда буд ва аз хонааш берун нарафта, ба ҳар куҷову ҳар кас метавонист занг бизанад.


7 Воқеан, ҳоло вай ба кӣ ва ба куҷо занг заданашро мутлақо намедонист, аммо аз ин хусус фикр намекарду ғам намехӯрд. Боби дуюм Дар ин шаҳр, ки Чебурашка мусофир шуд, як Тимсоҳ мезист. Ӯро Гена мегуфтанд. Гена ҳам соҳиби хона буд, ҳар субҳ аз хоб бедор шуда, дасту рӯ мешуст, ношто мекард ва ба ҷойи кораш мешитофт. Ҷойи кори Тимсоҳ боғи ҷонварон буд, вай он ҷо вазифаи худро дошт. Вақте ба боғ мерасид, камзӯлу кулоҳу асояшро дар мех овехта, дар канори ҳавз дароз мекашид. Дар лавҳаи овезони пеши қафаси вай чунин навишта шуда буд: «Гена — Тимсоҳи африқоӣ. Панҷоҳсола. Хӯрок додану сила кардан мумкин» Чун рӯз бегоҳ мешуд, Гена бафурҷа либосро пӯшида, ба хонааш мерафт. Дар хона вай рӯзномаҳоро мутолиа мекард, сигор мекашид ва то бевақт худ ба худ бозӣ мекард, бозиаш «сифраку хаткашак» буд. Як бор Гена гаштаву баргашта бозӣ кард ва ҳамаро бохт. Бозиро худаш ба худаш бохта бошад ҳам, сахт мулзам шуд. Баъд андеша кард: «Чаро мудом ман танҳоям? Бояд дӯстони зиёд дошта бошам!»


8 Баъд қалам гирифту як эълони дурудароз навишт: Тимсохи ч,авони панч,ох,сола дар сурог-и ду-стон аст. Сурог-а: ку-чаи калони «Санбу-сапаз», бинои 15, иморати «и». Хох,ишмандон метавонанд муроч,иат кунанд! Гена ҳамон шаб эълонашро дар чанд гӯшаи шаҳр ширеш карду мунтазир шуд. Боби сеюм Баъди як рӯз, шаби бемаҳал, занги дарро кадоме пахш кард. Дар остона духтараки ҷиддинамое падидор шуд. — Дар эълонатон ду хато кардаед,— гуфт вай. — Наход!—хитоб кард Гена.—Дар куҷо хато рафтааст, марҳамат карда бигӯед!? — Якум, дар охири калимаи «Тимсоҳ» ҳарфи «ҳ»-ро фаромӯш карда, «х» навиштед. Дуюм, вақте ки синнатон ба панҷоҳ расидааст, чӣ тавр худатонро ҷавон мегӯед? — Тимсоҳ сесад сол умр мебинад, барои ҳамин ман ҳоло ҷавонам,— норозиёна гуфт Гена. — Хайр, майлаш, биёед шинос мешавем. Ман Галя, корманди театри бачаҳо ҳастам. — Ман Гена — Тимсоҳи боғи ҳайвонот. — Акнун чӣ кор кунем? — Ҳеч кор, суҳбат карда мешинем. Ин лаҳза занги дар дубора садо дод.


9 — Шумо кистед? — пурсид Тимсоҳ. — Ман Чебурашка! — ҷавоб омад аз паси дар ва ба хона як махлуқаки ношинос ворид шуд. Рангаш қаҳвайӣ буд, чашмонаш калони барҷаста, думаш кӯтоҳу пахмоқ. — Шумо кистед? — пурсид Галя. — Намедонам,— ҷавоб дод меҳмон. — Тамоман намедонед? — ҳайрон шуд духтарак. — Бале, намедонам… — Мабодо хирсак бошед? — Надонам,— гуфт Чебурашка.—Шояд хирсак бошам. — Не,—ба гуфтугӯ шарик шуд Тимсоҳ,—шумо хирсак нестед. Чашмони хирсак майдаҳаканд, чашмони шумо калон- калон. — Ин тавр бошад, сагча будагист? — тахмин кард духтарак. — Аҷаб нест сагча бошам,—розӣ шуд меҳмон ва пурсид.— Сагчаҳо ба дарахт баромада метавонанд? — Не, наметавонанд,—ҷавоб дод Гена.—Мудом ҷакида мегарданд. — Чӣ хел меҷаканд? — Ана, ин хел: ҳав-ҳав! — аккос зад Тимсоҳ. — Э, ман ин хел ҷакида наметавонам,— гуфт Чебурашка.— Пас, сагча нестам. — Шумо паланг будагистед? — боз фарзу тахмин кард духтарак. Барои Чебурашка фарқ надошт, ки кисту чист. Аз ин сабаб дарҳол розӣ шуд:


10 — Эҳтимол паланг бошам. Азбаски Галяю Гена палангро ҳаргиз надида, вале овозаи ҳайвони бадхашм буданашро шунида буданд, якбора худашонро аз Чебурашка дур гирифтанд. — Биёед, китоби луғатро варақ занем,— пешниҳод кард Галя.— Он ҷо калимаҳо ҳарф ба ҳарф шарҳу эзоҳ ёфтаанд. — Китоби луғатро мекушоем,— розӣ шуд Чебурашка.— Кадом ҳарфро бинем? — Ҳарфи «р»-ро,— пешниҳод кард Галя,— чунки паланг ҳамин хел меғуррад: рр-рр-ррр. — Боз ҳарфи «д»-ро мебинем,—гуфт Гена,—чунки палангҳо дарандаанд. Албатта, Галя ва Гена хато карданд, чунки калимаи палангро дар луғат бояд дар ҳарфи «п» ҷуст, на дар ҳарфи «р», ё «д». Охир, вай паланг аст, на раланг ё даланг. — Лекин ман ғуррандаю даранда нестам,— гуфт Чебурашка,— пас, паланг нестам. Вай инро гуфта, боз ба Тимсоҳ муроҷиат кард: — Агар шумо кӣ будани маро муайян накунед, дӯст намешавед? — Чаро? — ҷавоб дод Гена.— Аз шумо вобаста аст. Агар рафиқи хуб бошед, аз дилу ҷон дӯст мешавем. Чӣ гуфтед? — Албатта! — розӣ шуд Галя.— Бисёр хурсанд мешавем!


11 — Ура! — нидо кард Чебурашка.— Ура! — ва чунон боло ҷаҳид, ки сараш қариб ба сақфи хона мерасид. Боби чорум Вақте ҳар се шинос шуданд, Чебурашка пурсид: — Акнун чӣ кор кунем? — Бозӣ мекунем, бозии «сифраку хаткашак»,—гуфт Тимсоҳ. — Не,—розӣ нашуд Галя,—хубаш маҳфили «Дастони моҳир» ташкил дода, ҳар чӣ месозем. — Лекин ман даст надорам,— афсӯс хӯрда, гуфт Чебурашка. — Ман ҳам бедастам,— ӯро тасаллӣ дод Тимсоҳ.— Фақат чаҳор по дорам. — Ин тавр бошад, маҳфили «Пойҳои моҳир» ташкил диҳем? — пешниҳод намуд Чебурашка. — «Думҳои моҳир» бошад беҳтар нест? — пурсид Тимсоҳ. — Афсӯс, ки ман дум надорам,— гуфт Галя. Ҳама хомӯш монданд. Ин лаҳза, Чебурашка дар рӯйи миз як соатро дид. Вай нахост, ки ба назари дӯстони наваш шилқин намояд. Аз ин сабаб гуфт: — Медонед чӣ,—гуфт вай,—бевақт шуд, вақти хайрухуш расид. — Бале,— розӣ шуд Тимсоҳ. Дар асл вай аз дӯстонаш ҷудо шудан намехост, фақат хобаш омада буд... Ҳамон шаб Гена нағз хоб кард. Аммо


12 Чебурашка бедорхобӣ кашид: вай хурсанд буд, бовар намекард, ки дӯстони нав пайдо намудааст. Чебурашка то бевақт дар ҷойгаҳаш паҳлӯ гашт, борҳо аз ҷойгаҳ берун шуда, дар хоначааш пасу пеш қадам зад… Боби пан ум Акнун Гена, Галя ва Чебурашка ҳар шаб вомехӯрданд. Онҳо баъди кор дар хонаи Тимсоҳ ҷамъ омада, дӯстона суҳбат мекарданд, қаҳва нӯшида, ба бозии «сифраку хаткашак» машғул мешуданд. «Аҷиб,— як шаб фикр кард Чебурашка,— агар Тимсоҳро ба хона даъват кунам, меомада бошад? Не намегуфтагист,— худ ба саволаш ҷавоб дод вай.— Охир, мо дӯст шудем. Мабодо не гӯяд, чӣ?» Барои он ки майнааш гиҷ нашавад, Чебурашка гӯшаки телефонро гирифту ба Тимсоҳ занг зад. — Алло, Гена, дуруд! — гуфт вай.— Ба чӣ кор машғулӣ? — Бекорам,— ҷавоб дод Тимсоҳ. — Ин тавр бошад, бархезу биё, меҳмони ман шав. — Меҳмони ту шавам?—ҳайрон шуд Гена.—Барои чӣ? Чебурашка фикри аввалини ба сараш омадаро изҳор намуд: — Қаҳва менӯшем. — Хуб шудаст,—гуфт Тимсоҳ.—Бо ҷону дил меоям!


Гена, Галя ва Чебурашка ҳар шаб вомехӯрданд. Онҳо дӯстона суҳбат мекарданд, қаҳва нӯшида, ба бозии «сифраку хаткашак» машғул мешуданд.


14 Чебурашка хост «урааа»—гуфта, фарёд занад, аммо андешид, ки ҳоҷат ба фарёд задан нест. Як дӯст ба хонаи дӯсти дигараш меомадааст. Акнун ғами пешвоз гирифтани меҳмону зиёфат доданашро бояд хӯрд. Аз ин сабаб гуфт: — Дӯстам, бемалол бошад ду пиёла ҳам гирифта биёр. Дар хонаи ман ягон зарф нест. — Албатта, албатта,— розӣ шуд Тимсоҳ,— меорам. Пас аз лаҳзае Чебурашка дубора занг зада гуфт: — Медонӣ, дӯстам, ман қаҳваҷӯшонак надорам. Илтимос, аз они худатро биёр. Ман дар ошхонаат дида будам. — Хуб шудаст, меорам. — Боз як илтимоси дигар дорам, дӯстам. Сари қадам ба мағоза даромада, қаҳва бигир. Қаҳваи ман тамом шудааст. Баъди ин Чебурашка боз ба Тимсоҳ занг зада, хоҳиш кард, ки ягон сатилча ҳам гирифта биёрад. — Сатилча? — пурсид Гена.— Барои чӣ? — Барои он ки… Вақте аз назди ҷумаки об мегузарӣ, сатилчаро об пур карда биёр. Ман овора шуда, аз хона берун наравам. — Хуб шудааст,— бори чандум розӣ шуд Тимсоҳ.— Тамоми хоҳишу илтимосатро иҷро мекунам. Чанд дақиқа гузашту Тимсоҳ меҳмони Чебурашка шуд. Вай мисли ҳаммоли вокзали роҳи оҳан зери бору буна монда буд. — Шодам, ки меҳмони ман шудӣ,— Генаро хурсандона пешвоз гирифт, Чебурашка.— Нағз кардӣ, лекин,


15 дӯстам, қаҳва ҷӯшондан аз дастам намеояд. Дар умрам ин корро накардаам. Албатта, ту метавонӣ, ҷӯраҷон?! Гена дасту остин бар зад. Берун рафта, хасу чӯб чида овард, дар беруни хоначаи телефон гулхан фурӯзон кард ва қаҳваҷӯшонакро болои оташ гузошт. Пас аз ним соат қаҳва ҷӯшида таёр шуд. Чебурашка аз шодӣ дар курта намегунҷид. Ҳарду қаҳва нӯшиданд. Вақти гусел Чебурашка пурсид: — Хайр, чӣ хел? Нағзакак меҳмондорӣ кардам? — Қаҳваат олиҷаноб буд,— ҷавоб дод Гена.— Фақат як хоҳиш дорам. Агар минбаъд маро меҳмон кардан хоҳӣ, шарм надор, бархезу хона биё. Бигӯ, ки маро чӣ хел зиёфат додан мехоҳӣ: чой мехоҳам, қаҳва мехоҳам, ё дилам хӯроке мехоҳад. Дар хона ҳамаро дорам. Маро дар хонаи худам бемалол меҳмондорӣ карда шин. Хуб? Ту розӣ? — Хуб, ман розӣ,— ҷавоб дод Чебурашка. Албатта, вай андак хиҷолат кашид, чунки Тимсоҳ ишоракунон ба вай эрод гирифт. Бо вуҷуди ин қаноатманд буд. Охир, ба хоначаи ӯ Тимсоҳи азимҷусса ташриф оварда буд. Боби шашум Бегоҳи рӯзи дигар Чебурашка аз Галя пештар ба хонаи Тимсоҳ омад. Гена китоб мехонд. Вай дӯст медошт, ки


16 китобҳои дақиқу ҷиддӣ, масалан, маълумотномаҳо, китоби ҷадвали ҳаракати қаторҳо, ё таълимиро мутолиа кунад. — Галя куҷост? — пурсид Чебурашка — Галя ваъда дода буд, ки меояд,— гуфт Тимсоҳ,— лекин пайдо нашуд. Куҷо рафта бошад? — Биё, меҳмони Галя шавем,— хоҳиш кард Чебурашка.— Дӯст бояд аз ҳоли дӯст хабар гирифта истад, гуфтаанд бузургон. — Рафтем,— розӣ шуд Тимсоҳ. Галя дар хонаашон будааст. Аммо дар катчааш дароз кашида мегирист. — Беморам,— гуфт вай ба дӯстон.— Табам баланд шуд. Ҳозир дар театри бачаҳо намоиш сар мешавад. Ҳама меоянд, вале тамошо намешавад. — Мешавад!—бо боварӣ хитоб кард Тимсоҳ.—Ман дар театр Галя мешавам! (Тимсоҳ як замон дар маҳфили ҳунармандони ҷавони театр иштирок мекард). — Наход?—гул-гул шукуфт Галя.—Чӣ хел нағз! Ин бегоҳ намоиши «Кулоҳсурхак» баргузор мешавад. Ин афсонаро медонӣ? Дар ёдат ҳаст? — Албатта, дар ёдам ҳаст! — Бисёр хуб! Агар нағз ҳунарнамоӣ карда тавонӣ, ҳеч тамошобин иваз шудани ману туро пай намебарад. Галя инро гуфта, ба Тимсоҳ кулоҳи сурхаки худро дароз кард… Вақте бачаҳо ба театр омаданд, шоҳиди намоиши ғайриодӣ шуданд. Дар саҳна Гена кулоҳи сурхак ба сар ниҳода, қадам мезаду суруд мехонд:


17 Барзангӣ якта Тимсоҳ Равон аз канори роҳ… Банохост аз рӯ ба рӯ Гурги Бӯр омад. — Салом, Кулоҳсурхак,— гуфт Гург ва аз тарс дар ҷояш шах шуд. — Салом, салом,— ҷавоб дод Тимсоҳ. — Куҷо равонӣ? — пурсид Гург. — Сайругашт мекунам. — Шояд ба назди бибиат меравӣ-а? — Албатта,— хурсандона ҷавоб дод Тимсоҳ.— Ба дидани бибиам меравам. — Бибиат дар куҷо истиқомат мекунад? — Бибиам? Дар Африқо, дар соҳили дарёи Нил. — Не-а, ман медонам, ки бибиат дар канори беша истиқомат мекунад. Ҳо-о, ана, он ҷо. — Дуруст гуфтӣ! Як бибиам, ки хоҳари бобоям аст, дар ҳамон ҷо хона дорад. Сари қадам аз аҳволи он кас ҳам хабар гирифтанам лозим. — Гап нест,— гуфт Гург ва гурехта рафт. Давоми афсонаро ҳама медонанд: Гурги Бӯр, бо шитоб ба хонаи бибии Кулоҳсурхак рафта, кампиракро як луқма мекунад ва худаш дар кат ба ҷойи ӯ дароз мекашад. Гена ин вақт дар пушти пардаи саҳна рост истода, давоми афсонаро аз китоб мехонад, чунки афсонаро фаромӯш карда буд. Ниҳоят вай афсонаро хонду ба хонаи кампирак рафт. — Салом,— гуфт дарро кӯфта Тимсоҳ. — Салом,— ҷавоб дод Гург.


18 — Бибӣ, барои чӣ гӯшҳоятон калону безеб шудааст? — ҳайрон шуда, пурсид Тимсоҳ. Вай ин дафъа, чунонки дар китоб навиштаанд, дуруст савол дод. — Барои он ки гапи туро беҳтар шунавам. Гена афсонаро боз фаромӯш карда, пурсид: — Хуб, лекин чаро сару рӯятон пашмин? — Ҷони бибӣ, фурсат нашуд, ки риш тарошам, саросема давидаму давидам… Гург инро гуфту дарғазаб шуд ва парида аз ҷойгаҳ хест. — Акнун туро мехӯрам! — Маро хӯрдан осон нест!—гуфт Тимсоҳ ва ҳамоно ба Гурги Бӯр дарафтод. Вай ба часпу талош овора шуда, тамоман фаромӯш кард, ки ҳоло дар куҷост ва чӣ бояд карду чӣ бояд гуфт. Гурги Бӯр талхакаф шуда, гурехт. Тамошобинон ба шавқ омада, дурудароз қарсак заданд ва хоҳиш намуданд, ки «Кулоҳ сурхак» такроран ба саҳна гузошта шавад. Онҳо ин гуна намоишномаи аҷибро ҳаргиз ёд надоштанд. Вале Тимсоҳ бо кадом сабабе розӣ нашуд. Баъд аз Чебурашка хоҳиш кард, ки чӣ хел баргузор шудани намоишномаро ба Галя нагӯяд. Боби афтум Зуком Галяро хеле ранҷ дод. Духтурон ба Чебурашка ва Гена иҷозат надоданд, ки ба аёдаташ раванд, то инҳо ҳам бемор нашаванд. Як бегоҳ, баъди кор, барои дидани


19 Тимсоҳ Чебу рашка ба боғи ҷонварон даромад. Вай дар кӯча як сагчаи чиркинакеро дид, ки болои кӯпрукча нишаста, ав-ав мекунаду халос. — Чӣ ав-ав мекунӣ? — пурсид Чебурашка. — Ав-ав не, гиря мекунам,— ҷавоб дод сагча. — Хайр, барои чӣ гиря мекунӣ? Сагча дигар чизе нагуфт ва баландтар ав-ав кардан гирифт. Чебурашка дар канораш нишаст, то ӯро пурсуҷӯ кунад. Каме сабр кард, то сагча ба худ ояд. Баъд амр кард: — Канӣ, гап зан, чӣ ҳодиса рӯй дод? — Маро аз ҳавлиамон пеш карданд? — Кӣ пеш кард? — Соҳибам, як зан,—дубора ҳиққос зада гуфт сагча. — Чӣ гуноҳ кардӣ? — пурсид Чебурашка. — Бегуноҳ, намедонам барои чӣ. — Чӣ ном дорӣ? — Тобик. Баъд Тобик саргузашти пурмоҷарояшро кӯтоҳ нақл кард. СА РГ У ЗА ШТИ К Ӯ ТОҲ ВА ПУРМОҶАРОИ ТОБИК Вақте ки Тобикро ба ҳавлии соҳибаш оварданд, тамоман хурдакак буд, чунон хурдакак, ки дар кафи даст меғунҷид. — Оҳо, чӣ сагчаи зебо!—сагчаро ба дугонаҳояш нишон дода, хитоб кард зан.— Ҳамин хел не, хушрӯча-а?!


20 Дугонаҳои зан иқрор шуданд, ки сагча, дар ҳақиқат, хушрӯю зебост. Баъд ҳама бо ӯ бозӣ карданд ва пешаш ҳасиб гузоштанд. Тобик бо иштиҳо ҳасибро хӯрд. Чанд муддат гузашт. Сагча каме калон шуд. Акнун вай мисли пеш дустрӯяку лавандак набуд ва соҳибаш ҳам ӯро ба дугонаҳояш нишон дода, сагчаи зебо намегуфт. Баръакс, мегуфт, ки: «Саги ман бисёр бадафт аст! Лекин онро аз хона ронда наметавонам, чунки ман зани ҳалиму меҳрубонам, дилам чунон нозук аст, ки аз аз ин кори носавоб баъди панҷ дақиқа мекафад!» Як рӯз кадоме ба ҳавлии зан сагчаи дигареро овард. Ин сагча монанди Тобики як замон хушрӯю озода буд, бисёр шӯху бозигар ва дилкаш менамуд. Вақте зан дар симои ин сагча хурдиҳои Тобикро дид, фикр накарда, Тобикро аз дар берун ронд. Аҷиб ин буд, ки дили зан баъди панҷ дақиқа накафид, баъди шаш дақиқа ҳам накафид, ҳатто баъди наваду ҳашт дақиқа ҳам ягон фалокат рӯй надод. Аз афташ, дили ӯ ҳаргиз кафиданӣ набуд. «Ин сагчаро чӣ кунам?» — андешид Чебурашка. Чебурашка метавонист онро ҳамроҳаш бигирад, вале намедонист, ки дӯстонаш чӣ хоҳанд гуфт. Мабодо сагчаро бад дида монанд? Албатта, сагчаро дар миёни кӯча танҳо гузошта, рафтан осон аст, аммо дилаш ба ҳоли вай сӯхт. Ҳаво хеле сард буд. — Медонӣ чӣ? Ниҳоят ба хулоса омад Чебурашка.— Ана ин калидро гирифта, дар хоначаи ман даромада шин, худатро хушконда гарм шав. Баъд ягон чора мебинем.


21 Чебурашка инро гуфту ба боғи ҷонварон рафт. Боби аштум Чебурашка дар пеши дарвозаи боғи ҷонварон банохост Галяро вохӯрд. — Ура!—хурсанд шуд Чебурашка.—Ту сиҳат шудӣ? — Ҳа, сиҳат шудам,— ҷавоб дод Галя.— Духтурон иҷозат доданд, ки берун бароям. — Камтарак лоғар шудӣ,— гуфт Чебурашка. — Ҳа, лоғар шудам,— розӣ шуд Галя ҳам.— Бисёр маълум аст? — Не, не,— хитоб кард Чебурашка.— Он қадар не. Андак лоғар ва камтарак фарбеҳ ҳам шудӣ. Галя шод шуд ва ҳар ду ба боғ даромаданд. Гена мисли ҳаррӯза дар офтобрӯ дароз кашида, китоб мехонд. — Бубин, Чебурашка,—гуфт Галя Тимсоҳро нишон дода,— ин хел ғафс буданашро намедонистам-е. — Бале,—розӣ шуд Чебурашка,—бисёр фарбеҳи бад шудааст. Медонӣ ба чӣ монанд аст? Ба ҳасибчаи почакдор… Салом, Гена! — хитоб кард вай ба Тимсоҳ. — Ман Гена нестам,—норозиёна ҷавоб дод Тимсоҳ, ки дар ҳақиқат ба ҳасибчаи почадор монанд буд.— Ман Валера ҳастам. Дар басти дуввум кор мекунам. Генаи шумо ба рафтан тайёрӣ дида истодааст, либосҳояшро пӯшида ҳозир меояд. Тимсоҳи ғафс норозиёна паҳлӯ гашт.


22 Ин вақт Гена ҳам омад, вай оростаю пероста ва дар сар кулоҳ дошт. — Салом,—табассум кард Гена,—рафтем, меҳмони ман мешавед! — Рафтем!—розӣ шуданд Галяю Чебурашка. Ба онҳо меҳмони Тимсоҳ будан ҳамеша маъқул буд. Дар хонаи Тимсоҳ Галяю Чебурашка қаҳва нӯшиданд, аз ҳар боб чақ-чақ карданд, баъд ба рӯйи миз хам шуда, ба бозӣ даромаданд. Чебурашка пайт мепойид, ки дар бораи сагча гап кушояд, вале фурсати муносиб даст намедод. Ногоҳ занги дар садо дод. — Дароед,— гуфт Гена. Ба хона, дар сар кулоҳ, як Шери айнакдор ворид шуд. — Шер Чандр,— худашро шинос кард вай. Дӯстон расми таъзим ба ҷо оварда, канортар рафтанд. Шер Чандр пурсид: — Бемалол бошад, бигӯед, ки Тимсоҳе, ки дар суроғи дӯстон аст, ҳамин ҷо истиқомат мекунад? — Бале,— ҷавоб дод Гена.— Дар ҳамин ҷо, лекин ба вай акнун дӯсту ҷӯра даркор нест. Вай соҳиби чанд дӯст шуд. — Афсӯс!—Шер оҳи сард кашида, баромада рафтан хост.— Хуш бошед! — Сабр кунед,—хоҳиш кард Чебурашка.—Ба шумо чӣ хел дӯст лозим аст? — Надонам,— ҷавоб дод шер.— Дӯст, тамом.


23 — Ман ба шумо ёрӣ дода метавонам,— гуфт Чебурашка.— Чанд лаҳза истед, ман сари қадам хона рафта меоям. Хуб? Лаҳзае пас Чебурашка Тобикро овард. Тобик хушк шуда буд ва гарданбанд ҳам дошт. — Ана, ба шумо дӯст,— гуфт вай.— Ба фикрам, ҳар ду ҷӯраи хуб шуда метавонед. — О, ин Сагча-ку,— эътироз кард Шер.— Маро бубинед, чӣ хел калонам!? — Хайр, чӣ шудаст? — гуфт Чебурашка.— Шумо Сагчаро ҳимоя карда мегардед. — Рост гуфтед,— розӣ шуд Шер Чандр ва аз Сагча пурсид: — Аз дасти шумо чӣ кор меояд. — Ҳеч кор,— ҷавоб дод Тобик. — Ҳеч гап нест,—гуфт Галя ба Шер.—Ҳар чӣ шумо мехоҳеду медонеду метавонед, ба Сагча ёд медиҳед. «Инҳо ҳақанд»,— ба хулоса омад Чандр. — Хайр, шодам, ки дӯсти шумо шудам,— гуфт Шер ба Тобик.—Шумо ҳам шод ҳастед? — Бале!—дум ликонд Тобик.—Кӯшиш мекунам, ки ҷӯраи ҷониатон бошам! Шер Чандр ва Тобик ба Генаю дӯстонаш ташаккур гуфта, рафтанд. — Қанд зан, Чебурашка!—таъриф кард ӯро Гена.— Дуруст рафтор кардӣ! — Намеарзад!—шарм кард Чебурашка.—Кирои ташаккур намекунад!


24 — Медонед чӣ? — гуфт, ин лаҳза Галя.— Дар шаҳри мо мисли Чандр ва Тобики бекасу танҳомонда кам нестанд. — Чӣ қадаранд? — пурсид Чебурашка. — Бисёранд, онҳо ҷӯра надоранд. Рӯзи таваллудашон касе онҳоро табрику муборакбод намекунад. Вақте ки ғамгин мешаванд, касе дилбардориашон намекунад. Инро шунида, Гена тамоман ғамгин шуд, аз чашмонаш ғӯра-ғӯра ашк ҷорӣ шуд. Инро дида, Чебурашка ҳам кӯшиши гиристан кард. Лекин аз чашмонаш чанд қатра об базӯр намудор шуд. — Мо бояд чӣ кор кунем? — пурсид Тимсоҳ.— Ба онҳо ёрӣ додан мехоҳам! — Ман ҳам мехоҳам ёрӣ расонам! — тарафдори Тимсоҳ шуда, иброз дошт Чебурашка.—Аз дастам меояд. Лекин чӣ хел ёрӣ кардан мумкин бошад? — Ёрии муқаррарӣ,— ҷавоб дод Галя.— Ҳамаро ба якдигар дӯсту шинос мекунем. — Чӣ хел дӯсту шинос бояд кард? — пурсид Чебурашка. — Намедонам,— ҷавоб дод Галя. — Ман медонам!—якбора овоз баланд кард Гена.— Бояд эълон нависем, эълон нависем, ки ҳама ба хонаи ман биёянд. Вақте ки омаданд, дӯсту ошно шуда мераванд. Ин пешниҳод ба ҳама писанд омад ва зуд аз пайи кор шуданд. Қарор шуд, ки эълон нависанд ва ҳар кӣ онро хонда биёяд, барояш дӯсте пайдо хоҳанд кард. Боз қарор шуд, ки хонаи Тимсоҳро «Хонаи дӯстӣ» унвон кунанд.


25 — Қисса кӯтоҳ,— гуфт Гена,— фардо аз пайи кор мешавем! Боби ну ум Бегоҳи рӯзи дигар кор сар шуд. Гена чун коргару кордони асосӣ сари миз нишасту эълон навишт: «Хонаи ду-сти-» дарашро боз кард. Х,ар касе, ки ду-ст пайдо кардан мехох,ад, метавонад, ба хонаи мо ташриф биёрад. Сурог-а: ку-чаи калони «Санбу-сапаз», бинои 15, иморати «и». Чебурашка эълонҳоро гирифту давида кӯча баромад. Вай коғазҳоро беиҷозат, дар ҳама ҷо, дар девору дарвозаҳо ва ҳатто дар бадани чанд асп, ки аз наздаш гузаро шуд, ширеш кард. Галя хонаро рӯбучин карда, дар миёнаҷойи хона миз ва рӯйи он лавҳачае гузошт: МИЗИ МЕҲМОНОН Баъд дӯстон дар курсӣ нишаста, нафас рост кардан хостанд. Ногоҳ дар оҳиста кушода шуд. Ба хона кампираке ресмон дар даст ворид гардид, охири ресмон дар гардани калламуше баста шуда буд.


26 Галя чиррос зада, рӯйи курсӣ баромад. Гена парида ба ҷевон даромаду дарашро пӯшид. Чебурашка натарсида, дар ҷояш нишаст. Вай дар умраш калламушро надида буд ва намедонист, ки аз ин ҳайвон тарсидан лозим аст. — Лариса, ба ҷоят гузар! — амр кард кампирак. Калламуш дарҳол боло ҷаҳид ва ба сумкаи дар китфи кампирак овезонбуда даромад. Аз даҳони сумка танҳо сари ин махлуқчаи маккори мӯйлабдароз, ки чашмони сиёҳи тугмамонандаш медурахшиданд, намудор буду бас. Оҳиста- оҳиста ҳама ба худ омаданд. Галя дубора ба курсӣ нишаст, Гена барои он ки тарсашро пинҳон дорад, галстуки нав баста аз ҷевон берун шуд, гӯё барои бастани галстук ба ҷевон даромада бошад. Кампирак ба курсии пеши «Мизи меҳмонон» нишасту пурсид: — Кадоми шумо Тимсоҳед? — Ман,— ҷавоб дод Тимсоҳ, галстукашро дуруст карда. — Нағз,— гуфт кампирак ва ба хаёл рафт. — Чӣ «нағз»? — пурсид Гена. — Нағз, ки шумо сабзгун ва тахту ҳамвор будаед. — Барои чӣ сабзу тахту ҳамвор буданам нағз будааст? — Барои он ки дар сабзазор дароз кашида хобед, ба чашм наменамоед. — Барои чӣ бояд дар сабзазор дароз кашида хобам?— боз пурсид Тимсоҳ. — Инашро баъд мегӯям. — Шумо кистед?—ниҳоят ба гап даромад Галя.—Ба кадом касбу кор машғулед?


27 Кампирак гуфт: — Номам Шапокляк. Ман ба корҳои бад машғулам ва аз амалҳои бади худ лаззат мебарам. Ҳар кор, ки рост ояд, кардан мегирам. Камонғӯлак гирифта кафтар мезанам. Аз тиреза ба сари роҳгузарҳо об мерезам. Аз гузаргоҳ нею аз ҳар куҷои роҳи мошингард, ки дилам хост, гузаштан мегирам. — Хуб, барои чӣ ба ин кор машғулед? — Мехоҳам машҳури олам шавам! — Кори неку савоб карда, машҳури олам шавед, беҳтар нест? — эрод гирифт Гена. — Не,— ҷавоб дод кампирак.— Кори нек карда машҳур намешавӣ. Бояд ҳар рӯз камаш панҷ кори бад анҷом диҳам. Барои ҳамин ба ман дастёр лозим аст. — Хуб,— хитоб кард Тимсоҳ.— Барои чӣ ман бояд дар сабзазор дароз кашам? — Барои он, ки,— фаҳмонд Шапокляк,— ту вақте рӯйи сабза дароз мекашӣ, ба чашм нонамоён мешавӣ. Мо ба як сари ресмон ҳамёнеро баста, рӯйи пул (кӯпрук) мегузорем ва сари дигарашро ба дасти ту медиҳем. Агар ягон роҳгузар ҳамёнро гирам гуфта, хам шуд, ту ресмонро ба тарафи худ мекашӣ. — Не,—розӣ нашуд Гена.—Ин рафтор ба ман тамоман маъқул нашуд. Галя ҳам ба гап ҳамроҳ шуда, ба кампирак гуфт: — Мову шумо ҳамроҳу ҳамфикр шуда наметавонем. Мо баръакс, кори нек карда, савоб гирифтан мехоҳем. Мо ҳатто «Хонаи дӯстӣ» бино кардем!


28 — Чӣ?! — кашиш дода гуфт кампирак.— «Хонаи дӯстӣ» гуфтӣ?! Пас омода бошед, ман ҷанг эълон мекунам. Тамом, вассалом! — Сабр кунед,— кампиракро аз рафтан боздошт Тимсоҳ.—Шумо мефаҳмед, ки бо кӣ ҷанг эълон кардед? — Фарқаш чӣ? Бо ҳама ҷангидан мехоҳам! — Ин тавр бошад, бо дигарон ҷанг карда гардед. Мо сахт серкорем. — Бо дигарон бошад, бо дигарон-дия! — ҷавоб дод кампирак.— Наметарсам ва ба калламуш амр кард: — Лариса, ба пеш! Боби да ум Бегоҳи рӯзи дигар дар «Хонаи дӯстӣ» меҳмононро Галя қабул мекард. Генаю Чебурашка дар як канори хона нишаста, «сифраку хаткашак» бозӣ мекарданд. Ногоҳ занги дар садо дод ва дар остона писараке намудор шуд. Ӯ бачаи одӣ ва андак парешонҳушу бадлибос менамуд. — Ин ҷо ҷӯра мефурӯшанд?—салом нагуфта пурсид вай. — «Мефурӯшанд» не, интихоб мекунанд,— ислоҳ намуд ӯро Галя. — Фарқаш чӣ! Муҳимаш, ин ҷо ё ин ҷо не? — Ин ҷо-ин ҷо,— писарро ором кард духтарак. Ногоҳ Тимсоҳ савол дод: — Ба ту чӣ хел ҷӯра даркор?


29 — Ба ман… ба ман…— гуфт писарак ва чашмонаш барқ заданд.— Ба ман ҷӯраи духон даркор! — Ҷӯраи духонро чӣ кор мекунӣ? — Чӣ кор мекардам?! Масалан, модарам мегӯяд, ки: «Дар рӯзномаат боз шашта баҳои ду пайдо шудааст!» Ман ҷавоб медиҳам, ки: «Шаш ду ҳам гап шуд магар?! Як ҷӯраам ҳаштта ду гирифтаст…» Фаҳмо? — Фаҳмо,—ҷавоб дод Тимсоҳ.—Агар он бача ҷангара бошад, боз беҳтар, ҳаминхел не?! — Барои чӣ ҷангара бошад?!— тааҷуб кард пиарак. — Барои он ки… Ту ба хонаатон меойӣ ва модарат мегӯяд, ки: «Боз пешонаат ғуррӣ хестааст?» Ту ҷавоб медиҳӣ, ки: «Як ғуррича ҳам гап шуд магар! Пешонии як ҷӯраам чаҳорта ғуррӣ дорад!» бо киноя гуфт Тимсоҳ. — Дуруст! — хитоб кард писарак бо эҳтиром.— Боз беҳтар мешуд, агар вай камонғӯлакбози моҳир мебуд. Ба ман мегуфтанд, ки: «Боз шишаи тирезаи ҳамсояро шикастӣ?» Ман мегуфтам, ки: «Як шишаи тиреза ҳам гап шуд! Мана, ҷӯраам шишаи ду тирезаро шикаст!» Дуруст гуфтам? — Дуруст,— тасдиқ кард Гена. — Лекин ҷӯраи навам бояд боодоб бошад. — Чаро? — пурсид Галя. — Чунки… Модарам иҷозат намедиҳад, ки бо бачаҳои беадаб ҷӯра шавам. — Нағз,—гуфт Галя,—яъне ба шумо ҷӯраи боодоби духону арбадаҷӯ лозим аст? — Айнан ҳамин хел,— розӣ шуд писарак.


30 — Пагоҳ биёед, кӯшиш мекунем, ки ягон ҷӯраи бароят мувофиқ пайдо кунем. Баъди ин гап, чиркинхӯҷа, бо сари баланд баромада рафт. Албатта, аз хотир баровард, ки ба хидматгорони «Хонаи дӯстӣ» хайр бигӯяд. — Чӣ кор кунем? — пурсид Галя.— Мо бояд барои вай ҷӯраи беадаб нею ягон ҷӯраи хуб пайдо кунем, то ислоҳ шавад. — Ҳаргиз,— эътироз кард Гена.— Мо барои ӯ бояд касонеро пайдо кунем, ки худаш мехоҳад. — Дуруст,—гуфт Чебурашка.—Мо барои вай ҷӯрае пайдо кунем, ки орзу кардааст, вагарна аз мо норозӣ мешавад. — Хуб шудаст!—қабул кард Галя.—Кадоми шумо ба пайдо кардани чунин ҷӯра машғул мешавед? — Ман! — гуфт Чебурашка. Чебурашка ҳамеша кӯшиш мекард, ки ягон кори душворро анҷом диҳад. — Ман ҳам! — гуфт Тимсоҳ. Тимсоҳ бисёр мехост, ки дар ин кори душвор ба Чебурашка ёрӣ расонад. Боби ёзда ум Генаю Чебурашка суҳбаткунон аз кӯча мегузаштанд. Ногоҳ ба фарқи сари Тимсоҳ чизе бархӯрд. — Ту будӣ? — пурсид Гена аз Чебурашка. — Чӣ шуд?!


31 — Ту ба фарқи сари ман задӣ? — Не,— ҷавоб дод Чебурашка. Ногоҳ ин амал дубора такрор шуд ва ин дафъа ҳамон чиз ба фарқи сари Чебурашка бархӯрд. — Ана, дидӣ,— гуфт Чебурашка,— ба сари ман ҳам чизе бархӯрд! Ин чӣ бошад? Чебурашка ба атроф назар афканд. Банохост чашмаш ба калламуше афтод, ки дар сари девор истода буд. — Калламуши бӯри кампираки Шапоклякро бубин,— гуфт вай ба Тимсоҳ.— Акнун маълум шуд, ки кӣ ба сари мо задаст. Чебурашка ҳақ буд. Ин бадгуҳар, дар ҳақиқат, калламуши Шапокляк буд. Шапокляк Генаю Чебурашкаро дида, пушти девор гузашт ва мунтазир шуд, то Генаю Чебурашка наздик биёянд. Чун Генаю Чебурашка наздик омаданд, кампирак аз киса тӯбчаеро берун овард ва аз ресмони резинии он дошта, ба фарқи сари онҳо зад. Тӯбча аз пушти девор берун шуда, ба сари дӯстони мо бархӯрда, ба он тарафи девор баргашт. Лариса ин вақт сари девор нишаста, мавқеи ҳадафи Шапоклякро муайян менамуд. Чун тӯбча бори сеюм ҳаво дода шуд, Гена тоб хӯрда, онро зери дандонҳои тезаш гирифта, зуд ба он тарафи кӯча гузашт. Резини тӯбча кашиш хӯрда, таранг шуд. Ин лаҳза, Шапо кляк, аз сари девор ба кӯча нигарист, то тӯбчаашро бубинад, Чебу рашка ҳадафро муайян карду фармон дод: — Оташ!


32 Гена тӯбчаро раҳо кард. Тӯбча ҳуштаккашон ба самти кам пи рак рафт ва ӯро аз сари девор ба замин афтонд. Аммо вай ба зудӣ сари по шуд ва аз пештара бештар ба ҷанг омода шуд. Дилаш мехост фарёд занаду дашном диҳад: «Беадабҳо! Роҳзанҳо! Каллаварамҳои бадбахт!» Лекин ин тавр нашуд, зеро тӯбча ба даҳонаш даромада, роҳи овозашро маҳкам карда буд. Вай, тӯбчаро аз даҳон берун кардан хост, вале тӯбча аз даҳони ӯ берун нашуд. Кампирак ҷониби духтурхона давид, то духтур тӯбчаро аз даҳони ӯ берун кашад. — Ша-ша-ша — гуфт Шапокляк. — Ша-шаятон чист? — пурсид духтур. — Ша-ша-ша! — Не,—ҷавоб дод духтур Иванов,—ман шашкабозӣ намекунам. — Не, ша-ша, ша! — такрор кард кампирак. — А-а-а, фаҳмидам, шумо меҳмони хориҷӣ ҳастед!— тахмин кард духтур. — Ҳа-ҳа!—нидо кард кампирак, зеро духтур Иванов ӯро меҳмони хориҷӣ гумон бурд. — Афсӯс, ки ман забони хориҷиро намедонам,— изҳор дошт Иванов ва кампиракро аз дар берун кард. Ҳамин тавр то бегоҳ кампирак гап зада натавониста ша-ша-шаю ту-ту-ту мегуфт. Дар ин муддат даҳони вай пур аз дашному ҳақорат шуда буд. Ҳангоме ки тӯбча ба ишками кампирак фурӯ рафт, аз даҳонаш дашному ҳақорати зиёде берун рехт:


33 — Беадабони авбош, ана мебинед бо шумо чӣ кор мекунам, ҳоло бо собуни ман ҷомашӯйӣ накардаед!!! Ин ҳама ҳиссае аз дашному ҳақорати кампирак буд, зеро вай нисфи зиёди дашному ҳақораташро ҳамроҳи тӯбчаю ресмони он фурӯ бурда буд. Боби дувозда ум Генаю Чебурашка мактаб ба мактаб гашта, аз посбонҳо бачаи духону арбадаҷӯеро пурсон мешуданд. Посбонҳо мардуми бовиқоранд. Онҳо одатан аълочию боадабонро дӯст медоранд, на бачаҳои духону арбадаҷӯйро. Аз ин сабаб ба Генаю Чебурашка ҷавоб медоданд, ки бачаҳои мактабашон хубу аъло таҳсил мекунанд, баодобанд, ба калонсолон ҳамеша салом медиҳанд, ҳар рӯз дасту рӯй шуста, худро тозаю озода нигоҳ медоранд. Дар мактаб, албатта, ягон-ягон бачаи беадабро вохӯрдан мумкин буд, вале онҳоро наметавон беадаби ҳақиқӣ гуфт, зеро онҳо ҳафтае як шишаи тирезаро мешикастанд ё дар рӯзномаашон ҳамагӣ дуто баҳои ду пайдо мешуду халос. Ниҳоят толеи Тимсоҳ баландӣ кард—дар як мактаб бачае таҳсил мекардааст, ки тамоман аҷибу ғариб будааст. Якум, гаранг, дуюм, арбадаҷӯйи гузаро, сеюм, ҳар моҳ шаш баҳои ду мегирифтааст. Ба Генаю Чебурашка ҳамин хел бача лозим буд. Гена дар коғазе ному насаб ва суроғаи он бачаро навишта, хотирҷамъу қонеъ ба хонааш рафт. Кори Чебурашка камтар омад кард. Вай ҳам як мактабхони аҷиберо пайдо кард. Писараки пайдонамудаи


34 Писараки пайдонамудаи Чебурашка дар синфаш монда будааст, фақат бо бачае ҷӯрагӣ мекардааст, ки дар рӯзномааш камаш даҳ баҳои «ду» дошта бошад.


35 Чебурашка дар синфаш монда будааст, фақат бо бачае ҷӯрагӣ мекардааст, ки дар рӯзномааш камаш даҳ баҳои ду дошта бошад. Вале ӯ ба Чебурашка чандон писанд наомад. Ӯ норозию парешон ба хоначааш баргашта, ба ҷойгаҳаш даромада хоб рафт. Боби сезда ум Рӯзи дигар бачаи чиркинхӯҷа, ки дар суроғи ҷӯраи духон буд, дубора пайдо шуд. — Хайр, чӣ кор кардед? Ҷӯра ёфтед?—пурсид вай аз Галя. Ин дафъа ҳам салом гуфтан аз ёдаш баромада буд. — Ёфтем,— ҷавоб дод Галя.— Ба фикрам, ба худат монанд. — Якум ин, ки дарсгурези ашаддӣ будааст,— гуфт Тимсоҳ. — Нағз-ку! — Дуюм ин, ки басо ҷангара аст. — Олиҷаноб-ку! — Сеюм ин, ки ҳар моҳ шаш баҳои ду мегирад ва боз чиркинхӯҷаи гузарост. — Баҳои дуяш камтар будааст,— хулоса кард писарак.— Дигар ҳама рафтору амалаш созу боб. Дар кадом мактаб мехонад? — Дар мактаби панҷум,— ҷавоб дод Тимсоҳ. — Мактаби панҷум? — ҳайрон монд писарак.— Номаш чӣ бошад?


36 — Дима,—ба коғаз нигоҳ карда, ҷавоб дод Тимсоҳ.— Тамоман каллаварам! Ҷӯрае, ки худат орзу мекардӣ! — Худат орзу мекардӣ, худат орзу кардӣ! — ранҷид писарак.— Ин бачаи пайдокардаи шумо худи манам! — якбора асабӣ шуд чиркинхӯҷа. — Шумо чӣ? — муроҷиат кард вай ба Чебурашка.— Ягон ҷӯра наёфтед? — Ёфтам,—ҷавоб дод Чебурашка.—Моҳе ҳашт баҳои ду мегирифтааст. Лекин вай ҷӯраи ту шудан нахост, чунки ту моҳе шаш баҳои ду мегирӣ. Ба вай ҷӯрае лозим, ки дар як моҳ даҳ ду бигирад. — Э, не-е,— даст афшонд писарак.— Даҳ ду беҳад бисёр аст. Чор ду мегирифт беҳтар буд. Писарак ҷониби дар қадам зад. Тимсоҳ аз пушти ӯ садо кард: — Ҳар замон хабар гир, шояд бароят ягон ҷӯраи мувофиқ пайдо кунем. — Монед-е! — ҷавоб дод писарак ва берун рафт. Боби ча орда ум Як соат гузашт. Баъд боз ним соат сипарӣ шуд. Ягон кас дари хонаро накӯфт. Аммо ногоҳ тиреза кушода шуду як каллаи аҷойиб дарун омад, ки соҳиби ду шохи кӯтоҳ ва ду гӯши дароз буд. — Дуруд ба Шумо! — гуфт ӯ.— Ба фикрам, хато накардам-а? — Дуруд! — баробар ҷавоб доданд дӯстон.


37 Онҳо дарҳол фаҳмиданд, ки меҳмони навбатиашон кист: ин хел гардани дароз фақат ба як ҳайвон мансуб аст — ба заррофа! — Номам Анюта,— худашро шиносонд меҳмон.— Ман дар суроғи дӯстам! Заррофа гулҳои пеши тирезаро бӯй кашиду гапашро давом дод: — Эҳтимол, ҳайрон шудед, ки Заррофа барин як ҳайвони меҳрубон чаро ягон дӯсти ҷонӣ надорад? Ҳамин хел не? Генаю Галяю Чебурашка ночор ба Заррофа ҳамфикр шуданд, чунки ҳамин тавр ҳам буд. — Ин хел бошад, сабабашро мефаҳмонам. Гап дар сари он, ки ман қоматбаландам. Барои ҳамсуҳбат шудан шумо бояд саратонро мудом боло карда истед. Заррофа инро гуфту гарданашро ёзонда, дар оина андомашро тамошо кард ва идома дод: — Чун шумо сар боло карда қадам занед, хоҳ-нохоҳ ба ягон чуқурӣ ё обпарто афтиданатон мумкин аст. Аз ин сабаб бисёр дӯстонам гурехта рафтанд. Ҳоло ҳайронам, ки онҳоро чӣ хел пайдо кунам. Заррофа хеле суҳбат кард. Ҳам аз номи худаш ва ҳам аз номи дигарон ҳарф зад. Ҳарчанд бисёр гап зад, дар суҳбаташ сухани баҷою бамаънӣ камтар дида мешуд. Кӯтоҳу мухтасар гап задан дар замони мо хеле кам мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин қадар дароз гап задани Заррофа, Гена тавонист, ҳарчи зудтар ӯро гусел кунад. Вақте Заррофа рафт, ҳама оҳи сабук кашиданд.


38 Он гоҳ Галя гуфт: — Хайр, бас будагист! Хона ба хона меравем. Камтар истироҳат ҳам кардан даркор. Боби понзда ум Он шаб Тимсоҳ хобида натавонист—вақте ӯро ғанаб бурд, дарро касе пастакак кӯфт. Гена дарро кушод. Дар остона як Маймунча истода буд. Маймунча дар по ҷӯроби бунафшу дар тан камзӯлчаи варзишӣ дошт. — Салом, марҳамат кунед,— гуфт Тимсоҳ. Маймунча хомӯш ба хона даромад ва дар курсӣ нишаст. — Ба шумо ягон ҷӯра лозим шуд? — пурсид Гена аз вай. «Ҳм, ҳм»,—даҳон накушода, сар ҷунбонид меҳмон. Вай даҳон кушода натавонист, фақат сар ҷунбонидан гирифт. Гена лаҳзае ба хаёл рафт, пас аз ӯ пурсид: — Шумо, эҳтимол, гап зада наметавонед? То ин дам ҷавобҳои Маймунча фақат ду маъноро ифода мекарданд. Масалан, агар сарашро ба тарафи пеш хаму рост кунад, маънояш «ҳа» гуфтан буд. Аммо агар сарашро ба ду тараф ҷунбонидан гирад, маънои «не»-ро дошт. Аз ин сабаб вай ночор монду даҳонашро боз кард ва ҳар он чиро, ки дар даҳон дошт ба берун баровард. Даҳонаш пур аз мехчаю қуттича ва калидчаю тугмаю хаткӯркунак ва ҳар гуна чизу чораи дигар будааст.


39 — Ман гап зада метавонам,—ниҳоят ба гап даромад вай ва чизҳои аз даҳонаш берун овардаро дубора ба даҳон гирифтан хост. — Сабр кунед,— ӯро аз ин кор боздошт Тимсоҳ,— якбора бигӯед, ки чӣ ном доред ва дар куҷо кор мекунед? — Ман Мария Франсевна,— худашро шинос кард Май мунча.— Дар сирк кор мекунам. Инро гуфту ашёҳои барояш бебаҳоро дубора ба даҳон партофт. Маълум буд, ки хавотир аст: охир, ашёҳо дар хонаи бегона, рӯйи мизи ношиносе хобидаанд. — Хуб, ба шумо чӣ хел ҷӯра даркор?—боз савол дод Гена. Маймунча каме ба андеша рафт. Вай хост, ки даҳонашро дубора холӣ кунад, вале Гена,—сабр кунед,—гуфта ӯро боздошт. — Ба шумо як ҷӯрае даркор, ки тамоман гап назанад, хомӯш нишинад. Ҳамин хел не? Мария Франсевна «Бале!»—гуфт, яъне сарашро ба тарафи пеш хаму рост кард. — Ин тавр бошад,—изҳор дошт Тимсоҳ,—баъди як ҳафта биёед. Чун Маймунча рафт, Гена аз паси ӯ берун шуд ва дар коғазаке чизе навишту пушти дар часпонд. Он эълон буд: Хонаи ду-сти- пу-шида шуд. То субх,идам. Вале Генаро ташвиши дигар ба сар омад. Вақте ки Май мунча аз рӯйи миз ашёҳои барояш бебаҳоро ғундошта,


40 дубора ба даҳон гирифт, соати зангӯладори Тимсоҳ низ ҳамроҳи онҳо буд. Аз ин сабаб Тимсоҳ бевақт бедор шуд ва ба кор дер рафта, аз директор гап шунид. Маймунча ҳам дар ташвиш афтод. Вақте аз хонаи Тимсоҳ берун шуд, ҳис кард, ки дар ишкамчааш чизе тиқтуқ садо мебарорад. Сахт парешон шуд. Субҳи барвақт, расо соати шаш, соат аз ишкамаш чунон баланд ҷарангос зад, ки бечора парида аз ҷойгаҳ хест ва давон- давон ба назди духтур Иванов рафт. Духтур Иванов қафаси синаи Маймунчаро бодиқкат гӯш карда, гуфт: — Ду тахмин дорам: шуморо ё асабатон хаста шудааст, ё ба ягон дарди нави барои мо номаълум гирифтор шудаед. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ба дардатон фақат равғани беди анҷир даво шуда метавонад. (Духтур Иванов одами куҳнапараст буд, доруҳои наву замонавиро қабул надошт). — Лутфан бигӯед, ки,—муроҷиат намуд вай ба Маймунча,— ин ҳодиса бори чандум аст, рӯй медиҳад? Маймунча сар ҷунбонд. Маълум набуд, ки чӣ мегӯяд. Ба назар чунин менамуд, ки ин ҳодиса чандин бор аст, ки рӯй медиҳад. Маҷбур шуд тамоми дороии даҳони худро берун оварда, ба саволи духтур ҷавоб диҳад. Духтур ҳамон замон фаҳмид, ки гап дар сари чист. — Минбаъд,—гуфт вай ба Маймунча,—дар гӯшатон ягон мусиқӣ садо диҳад, аввал санҷида бинед: шояд радио ё соати калони мобайни шаҳрамонро фурӯ бурда бошед. Пас ҳама пароканда шуданд.


41 Боби шонзда ум Баъди чанд вақт як бегоҳ Гена маҷлисе баргузор кард. — Эҳтимол аз одоб набошад,—изҳор намуд вай,—ба ҳар ҳол як масъаларо ба миён гузоштан мехоҳам. Коре, ки мо анҷом медиҳем, бисёр некӯ аст. Ба худам ҳам писанд афтод. Лекин аз он рӯз, ки кор сар шуд, сабру қарорам барбод рафт. Ҳатто шабҳангом, вақте дигар тимсоҳҳо баҳазуру бемалол хобанд, ман бояд бархезаму меҳмон қабул кунам. Ин хел давом кунад, аҳволам бад мешавад. Ягон чораи дигар андешидан даркор! — Ба сарам як фикр омад,—гуфт Чебурашка.—Фақат тарс дорам: мабодо шумо қабул накунед? — Чӣ фикр будааст? — Мо бояд хонаи нав бино кунем. Ҳамааш ҳамин. — Дуруст,— хурсанд шуд Гена.— Нағз, лекин аз чӣ сар кунем? — пурсид ӯ. Галя чунин ҷавоб гуфт: — Аввал барои бунёди хона ҷой интихоб кардан лозим. Баъд чӣ кор карданамон маълум мешавад. — Ҷой бисёр,— гуфт Тимсоҳ.— Дар пушти хонаи ман кӯдакистон ҳаст ва дар паҳлӯйи он як замини холӣ. Хонаро ҳамон ҷо бунёд мекунем. — Чӣ хел хона месозем? — Чӣ хел мешуд? Хиштӣ! — Аз куҷо хишт меорем? — Надонам…— музтар монд Гена. — Ман ҳам намедонам,— ҷавоб дод Чебурашка.


42 — Гӯш кунед,—ногоҳ хитоб кард Галя.—Ба идораи маълумот занг зада пурсем-чӣ? Гена қаноатмандона сар ҷунбонд ва гӯшаки телефонро гирифта занг зад. — Алло, идораи маълумот?—пурсид вай.—Лутфан бигӯед, ки аз куҷо хишт пайдо кунем? Як хонача сохтан мехоҳем. — Як дақиқа мунтазир бошед,— ҷавоб омад аз он ҷониб. Баъд гуфт:—Масъалаи хиштро дар шаҳри мо Иван Иванович ҳал мекунад. Ба он кас муроҷиат кунед. — Он кас дар куҷо истиқомат мекунанд? — Он кас дар хиёбони асосӣ, дар бинои баланде кор мекунанд. Хуш бошед. Гена ба дӯстонаш гуфт: — Рафтем ба назди Иван Иванович. Ӯ ҷевонро кушоду либоси беҳтаринашро ба бар кард. Боби абда ум Дафтари кори Иван Иванович барҳавою озода буд. Вай аз тахти коғазҳои рӯйи мизаш варақеро гирифта, чунин навишт: «Иҷозат дода шуд. Иван Иванович» ва онро дар гӯшаи чапи миз гузошт. Пас варақи дигареро гирифта, навишт: «Иҷозат дода нашуд. Иван Иванович» ва онро дар гӯшаи рости миз гузошт. Ӯ ҳамин тавр кор мекард, ё иҷозат дода шуд менавиш ва ё нашуд. — Ассалом,— ба хона даромада, боадабона салом гуфтанд дӯстони мо.


43 — Салом, салом,— аз коғаз сар набардошта ҷавоб дод Иван Иванович. Гена кулоҳи навашро аз сар гирифта, дар канори миз гузошт. Азбаски Иван Иванович навакак дар як коғаз «Иҷозат дода нашуд. Иван Иванович» навишта буд, дар лапари кулоҳи Тимсоҳ саросема: «Иҷозат дода шуд. Иван Иванович» навишт. — Медонед чӣ, ба мо хишт лозим шуд…—гап кушод Галя. — Чӣ қадар?—мароқ зоҳир кард Иван Иванович, дар ҳоле ки чизе менавишт. — Бисёр,— саросема ҷавоб дод Чебурашка. — Афсӯс,—ҷавоб дод Иван Иванович,—хишти бисёр дода наметавонам. Нисфашро диҳам розӣ ҳастед? — Чаро? — Қоидаи кори ман ҳамин хел аст,— шарҳ дод ӯ.— Ҳама корро то нисфаш иҷро мекунам. — Чаро қоидаи кори шумо чунин будааст?—боз пурсид Чебурашка. — Наход нафаҳмед? —гуфт Иван Иванович.—Агар ҳама корро то охираш буд кунам ва супоришу хоҳиши ҳамаро то охир иҷро кунам, овоза мешавад, ки Иван Иванович одами дилсӯзу меҳрубон аст ва ҳама ба ман муроҷиат иекунанд. Агар ягон корро буд накунаму ба ягон кор иҷозат надиҳам, овоза мешавад, ки Иван Иванович бекорхӯҷаю ноуҳдабаро аст. Фаҳмидед? — Фаҳмидем,— ҷавоб доданд меҳмонҳо.


44 — Акнун бигӯед, ки ба шумо чанд дона хишт даркор шуд? Тимсоҳ айёрӣ карда гуфт: — Мо ду хонача бунёд кардан мехоҳем. — Нағз,— гуфт Иван Иванович.— Барои бунёди як хоначаатон хишт медиҳам. Розӣ мешавед? — Мешавем,—сар ҷунбонд Галя.—Лекин як мошини хишткашон ҳам даркор аст. — Э ҳа-а,— розӣ нашуд Иван Иванович.— Мошин дода наметавонам. Ним мошин гирифтан хоҳед, иҷозат ҳаст. — Ним мошин ҳаракат карда наметавонад-ку,— эътироз намуд Чебурашка. — Дуруст,— гуфт Иван Иванович,— наметавонад. Ман ба шумо як мошин медиҳам, фақат хишти шуморо то нисфи роҳ бурда мерезад. — Яъне то наздики кӯдакистон мебурдааст,—айёрона гуфт Гена. — Хулоса, гапамон пухт,— гуфт ниҳоят Иван Иванович. Вай дубора аз пайи корҳои муҳимаш шуд: аз тахти коғазҳо варақеро гирифту навишт: «Иҷозат дода шуд. Иван Иванович» ва даст ба варақи дигар бурд.


45 Боби ажда ум Рӯзи дигар ба назди кӯдакистон як мошини боркаши калон омад ва ду коргар аз он ҳазор дона хиштро фароварданд. — Мо,—гуфт Галя,—гирди заминамонро бояд девор бигирем, то касе ба сохтмонамон халал нарасонад. — Дуруст,—розӣ шуд Гена,—аввал девор мегирем. Онҳо дар кунҷу канори заминашон чуқурӣ кофта, чандин тахтаро буридаву шикаста, атрофро девори начандон баланд гирифтанд. Баъди ин кор, кори асосӣ оғоз ёфт. Чебурашка ва Галя лой кашонданд, Тимсоҳ як пешгираки резинӣ ба миён басту хишт чид. Генаро фақат як масъала хавотир мекард. — Мефаҳмӣ,— гуфт ба Чебурашка,— шиносу ошноҳоям маро бубинанд, мегӯянд, ки «Ана, халос! Гена ба як кори ба худаш номувофиқ машғул шудааст!» Шармам меояд. — Ту ниқоб гир,—маслиҳат дод Чебурашка.—Ниқоб гирӣ, ҳеч кас туро намешиносад. — Оқилона!—хитоб кард Тимсоҳ ва ба каллааш туқтуқ зад.— Ақли худам нагирифт-е. Аз он рӯз ба баъд Тимсоҳ ниқоб пӯшида, ба сохтмон меомад. Акнун вайро касе намешинохт. Фақат як бор Валера, ҳамон Тимсоҳи ҳамкораш аз наздаш гузаро шуду ӯро шинохт ва гуфт: — О-ҳо-ҳо, муборак бошад, Тимсоҳ, дӯсти мо Гена, хиштчин шудааст! Хайр, мондаҳо!


46 — Саломат бош,— ҷавоб дод Гена овозашро тағйир дода,— аммо ман Гена нестам. Ҳамчунин Тимсоҳ ҳам нестам! Вай инро гуфта буд, ки Валера гапашро гум карду узр пурсида рафт. Боби нузда ум Як бегоҳ Тимсоҳи мо — Гена, ба майдони сохтмон якум шуда омад. Банохост чашмаш ба навиштаҷоти девор афтод: Эх,тиёт шавед: саги газанда! «Ана, хало-о-ос! — гуфт ба худ вай.— Кӣ саг оварда бошад? Аз афташ, Чебурашка овардааст. Фақат вай ҷӯраҳои булаҷаб дорад». Тимсоҳ сари по нишаста, омадани Чебурашкаро мунтазир шуд. Баъди ним соат Чебурашка суруд хонда меомад. — Ту хабар дорӣ, ки,— муроҷиат кард ба вай Тимсоҳ,—саги газанда дар сохтмонгоҳи мо аз куҷо пайдо шуд? Чебурашка чашмонашро молиш дод. — Хабар надорам, дишаб набуд-ку. Шояд Галя оварда бошад? Чун Галя омад, маълум шуд, ин кори вай ҳам набудааст. — Ин тавр бошад, саг худаш омадааст,—тахмин зад Чебурашка.


47 — Худаш?—ҳайрон шуд Тимсоҳ.—Пас кӣ дар девор ин хел навиштааст? — Хайр, бало ба пасаш,— гуфт Галя,— акнун ӯро аз ҳавлӣ берун овардан даркор. Биёед, ба як пора ҳасиб ресмон баста, ба дарун ҳаво медиҳем. Вақте ки саг ҳасибро дида, барои хӯрданаш талош кард, аз дарича бурунаш меорем. Ҳамин тавр карданд, яъне аз ҳисоби хӯроки Чебурашка як пора ҳасиб гирифта, ба як нуги ресмон баста, ба он тарафи девор партофтанд. Вале касе ресмонро накашид. Чебурашка гуфт: — Мумкин ин саг ҳасибхӯр нест. Шояд моҳибирён хӯрданист? Ё, масалан, дилаш бутерброд мехоҳад? — Агар ба танам шими нав намедоштам,—якбора ба ғазаб омад Тимсоҳ,— адабашро нағзакак медодам! Агар гурбае аз дарун ҷаҳида сари девор намебаромад, кӣ медонад ин моҷаро чанд вақт давом мекард. Дар даҳони гурба ҳамон ҳасиби навакак ҳавододаи ҷӯраҳо буду ресмоне овезону кашола. Гурба ба ҷӯраҳо як назар афканду дарҳол гурехта рафт. Ин ҳодиса чунон ногаҳонӣ ва зуд ба амал омад, ки Чебурашка натавонист аз нӯги дигари ресмон гирифта, ҳасибашро аз даҳони гурба кашида гирад. — Ё тавба-а-а!—гуфт вай оташин шуда.—Саг менависанду гурба мегурезад.— Баъд аз дарича дарун шуд.— Саг-паг нест! — Ва набуд,—тахмин кард Галя.—Кадоме моро масхара кард. Ҳамааш ҳамин.


48 Дар даҳони гурба ҳамон ҳасиби навакак ҳавододаи ҷӯраҳо буду ресмоне овезону кашола. Гурба ба ҷӯраҳо як назар афканду дарҳол гурехта рафт.


Click to View FlipBook Version