49 — Ки мешуд? Шапокляки кампир!—дод зад Гена.— Ин кори вай аст. Моро аз кор мононд. Фардо боз ягон ҳиллаи дигар месозад. Мана мебинед! — Фардо аз дасташ бало намеояд!—қатъӣ хитоб кард Чебурашка. Баъд вай калимаи «саг»-ро пок карду дар ҷояш навишт: «Чебурашка», яъне «эҳтиёт бошед: Чебурашкаи газанда!». Пас як чӯби дарозу вазнинро гирифта, рӯйи дарича гузошт. Агар касе ҷуръат карда, даричаро кушода, пушти девор чӣ бошад гуфта, нигоҳ кардан хоҳад, чӯб аз боло афтода, ба пешонааш бармехӯрд. Баъди ин кор Галя, Гена ва Чебурашка ба хонаҳояшон раҳсипор шуданд. Боби бистум Шапокляк ҳар нимашаб аз хона берун шуда, ягон кори бад анҷом медод. Вай дар лавҳаҳои эълонҳо ҳар чӣ менавишт, ба суратҳо мӯйлаб мекашид, қуттии партовро чаппагардон мекард, ҳар замон аз таппончаи кӯдаконааш тир холӣ карда, роҳгузаронро метарсонд. Он нимашаб низ вай ҳамроҳи калламушаш Лариса аз ҳавлӣ берун шуда, нахуст аз сохтмони паҳлӯйи кӯдакистон дидан кард. Вақте ба девор наздик омад, ин навиштаҷот ба назараш расид: Эх,тиёт шавед: Чебурашкаи газанда!
50 «Аҷиб,— ба худ гуфт кампирак,— ин кӣ бошад? Чебураш каи газанда? Дидан даркор!» Шапокляк инро гуфту даричаро кушода, хост, ки ба дарун сар дарорад. Вале дарича боз шуду чӯби болои дарича, ки Чебурашка гузошта буд, афтид ва ба бинии кампирак бархӯрд. — Бетартибҳо!—фиғон кашид вай.—Ҳоло мебинед, ки чӣ хел қасосамро аз шумо мегирам! Вай калламушашро бағал карду ҷониби боғи ҷонварон давид. Раҳораҳ дар сар нақшаи азиме кашид. Вай медонист, ки дар боғ Каркадан, як ҳайвони гӯлу гаранг истиқомат мекунад. Номаш — Птенчик. Кампирак ҳар якшанбе омада, Птенчикро зиёфат медод, то ӯро бо худ ром кунад. Каркадан ҳалқакулчаҳои Шапоклякро дӯст медошт. Аз дасти ӯ ҳалқакулчаҳоро хӯрда, ба назар чунин менамуд, ки тамоман ром шудааст. Шапокляк бисёр мехост Каркаданро ба сохтмонҷо бурда, Чебурашкаи газандаро нағзакак ҷазо диҳад ва сохтмони онҳоро ба хок яксон кунад. Дарвозаи боғи ҷонварон маҳкам буд. Кампирак дарҳол ба девор часпида баромаду ҳамоно худро он тараф гирифт ва ҷониби қафаси Каркадан равон шуд. Каркадан, албатта, хоб буд. Дар хобаш он қадар баланд хуррок мекашид, ки ҳайрон мемондӣ: дар як вақт ҳам хуррок кашидану ҳам баҳазур хобидан чӣ хел мумкин бошад? — Бедор шав!—амр кард кампирак.—Бо ту кор дорам.
51 Птенчик нашунид. Он гоҳ Шапокляк дасташро аз панҷа дарун карду ишками Каркаданро хориш дод. Аммо ин амал ҳам натиҷа надод. Кампирак ночор монда, як ходаи дароз пайдо кард ва ба паҳлуи Каркадан халидан гирифт. Птенчик бедор шуд. Вай сахт норозӣ буд, ки ба хобаш халал расонданд. Шапокляк дари қафасро кушода, фармон дод: –Ба пеш! Зудтар! — гуфту худ ҷониби дарвозаи боғ давид. Каркадан бо хашму ситеза аз паси кампирак давид. Вале Карка дан, на фармони кампиракро иҷро кардан мехост, балки худи ӯро ҳадаф қарор дода буд. Вай Шапоклякро барои аз хоб бедор карданаш дурустакак шох зада, ҷазо додан мехост. Шапокляк дар пеши дарвоза бозистод. — Ист!—боз фармон дод вай.—Дарвозаро кушодан даркор. Лекин Каркадан наистод. Вай ба шаст омада, кампиракро чунон шох зад, ки ҳамроҳи калламушаш ба ҳаво парид ва дар он тарафи дарвоза афтид. — Роҳзан! Беадаб!—фиғон кашид кампирак ва ҷойҳои зарбхӯрдаи баданашро молида- молида ба по рост шуд.— Ҳозир адабатро медиҳам! Вале фурсат нашуд, ки кампирак ба Каркадан адаб омӯзад. Ҳайвони бадқаҳр дарвозаро зада кушод ва боз Шапоклякро пешандоз кард. — Ландаҳури бадбахт!—дод зад кампирак.—Рафта ба милисаҳо арз мекунам, омада ҷазоятро медиҳанд! Шапокляк намедонист, ки ба милисахона рафтан даркор набуд: он ҷо адаби Каркаданро не, балки барои
52 ин амалаш адаби худи ӯро медоданд. Хайрият, ки аз пеш қатори дарахтони баланд намудор шуд ва кампирак дар як мижа задан ба яке часпиду боло баромад. — Аҷаб шуд!—дар миёни ду шоха ҷобаҷо шуда гуфт кампирак.— Ба дарахт баромада наметавонӣ! Беадаб! Каркадан хеле по кӯфт, натиҷа надод, баъд дуртар рафту даруни ҷӯйборе дароз кашида хобид. Боби бисту якум Дар ин замон Чебурашка меҳмони Тимсоҳ буд ва аз ҷо бархесту хайр гуфта, ҷониби хоначааш раҳсипор шуд. Сари қадам ба сохтмонгоҳ даромада, хонаи навашонро хабар гирифтан хост. Чебурашка дар кӯчаи торик қадам мезад. Ҳама хоб буд, дар кӯча касе наменамуд. Нохост аз бало, аз тори дарахт садои хишир- хишир ба гӯшаш расид. — Ту кистӣ? — пурсид Чебурашка. — Ман Шапоклякам,— овози борик омад аз боло. Чебурашка сар боло карду шиноси деранаашонро дид. — Он ҷо чӣ кор мекунӣ? — Овезон истодам,—ҷавоб дод кампирак.—Ду соат шуд. — Фаҳмо,— гуфт Чебурашка ва ба роҳаш рафт. Ҷавоби кампирак ӯро ҳайрон накард. Шапокляк ҳар чӣ гуфтан мегирад. Агар ду соат дар тори дарахт овезон истода бошад, пас ягон нияти бад дорад. Лекин Чебурашка нохост бозистод ва ба ақиб баргашт.
53 — Аҷойиб,—гуфт вай.—Ба тори дарахт дар чанд соат расидед? Шояд ду соат ҷон коҳондед? — Чӣ хел «ду соат»?—гуфт кампирак.—Ман нимҷону сусткор нестам. Даҳ сония гузашт ё нагузашт. — Даҳ сония?! Ҳамин хел зуд? Чӣ хел? — Аз пуштам Каркадан давид. Ана, ҳамин хел! — Ана, гапу мана, кор!—ҳайрон шуд Чебурашка.— Кар кадан аз боғи ҳайвонот чӣ тавр раҳо шуд? Шапокляк дигар гап задан нахост. Чебурашка ба фикр ғӯта зад. Вай чанд бор шунида буд, ки дар боғи ҷонварон Каркадани гӯлу гаранг ва бадхашме зиндагӣ мекунад. Дар айни замон андеша кард, ки бояд чорае ҷуст, вагарна на танҳо Шапокляк, балки як шаҳр одам ба зудӣ тори дарахт баромада, мисли бозичаҳои арчаи солинавӣ овезон хоҳанд шуд. «Ин Каркаданро пайдо кардан лозим» — қарор дод вай. Чанд сония сипарӣ шуду Чебурашка бо Каркадан рӯ ба рӯ омад. Каркадан барҷасту ба тарафи Чебурашкаи ҷасур ҳамла кард. Чебурашка ба самти шаҳр давид. Ҳар ду пушти ҳам аз кӯчаҳои шаҳр мисли бод шуввос зада мегузаштанд. Ниҳоят Чебурашка худро ба кунҷи биное гирифт ва Каркадан гузашта рафт. Акнун Чебурашка аз паси Каркадан медавид, кӯшиш мекард, ки ақиб намонад. Дар ин байн вай фурсат пайдо карда, ба боғи ҷонварон занг зада, кормандони боғро ба ёрӣ даъват кардан хост. «Барои ин корнамоӣ чӣ мукофот медода бошанд?»— да вон- давон аз худ мепурсид Чебурашка.
54 Вай медонист, ки барои ин гуна корҳо се хел медал пешбинӣ шудааст: «Барои наҷоти ғарқшавандаҳо», «Барои ҷасорат», «Барои меҳнати шоиста». Маълум, ки медали «Барои наҷоти ғарқшавандаҳо» ин ҷо ягон муносибат надорад. «Эҳти мол медали «Барои ҷасорат» медиҳанд»,—ба хулоса омад ӯ ва боз аз паси Птенчик давид. «Не,— аз фикраш баргашт Чебурашка,— медали «Барои ҷасорат»-ро сазовор намедонанд. Медали «Барои меҳнати шоиста» медиҳанд». Вай барои он ин тавр андешид, ки нохост Каркадани бадхашм ақиб гашту ӯро пешандоз намуд ва ҳар ду камаш боз понздаҳ километр даводав карданд. Ана, як хонача намудор шуд. Чебурашка ҷониби хонача гурехт. Каркадан ҳам ақиб намонд. Онҳо атрофи хоначаро панҷ ё шаш маротиба давр заданд. Дар ин маврид маълум набуд, ки кӣ киро таъқиб карда истодааст. Шояд Чебурашка Каркаданро, шояд Каркадан Чебурашкаро таъқиб мекард. Эҳтимол, ҳар кас ба сари худ медавиду мегурехт. Ногоҳ Чебурашка худро канор гирифту бозистод. Акнун Каркадан танҳо медавид. Чебурашка фурсат ёфта, фикр кард, ки чӣ кор кунад. Ба сараш фикри аҷибе пайдо шуд. Ногоҳ, ба тарафи Каркадан, ки якзарб медавид, хитоб кард: «Э, ҷӯра! Маро таъқиб мекунӣ?» Вай инро гуфту қад-қади кӯчаи тангу дарозе гурезон шуд. Птенчик низ аз пушти Чебурашка давид. Кӯча рафта- рафта тангтар шудан гирифт. Ниҳоят ба дараҷае танг шуд, ки Каркадан миёни хонаҳо мисли пӯкаи даҳони шиша дармонд.
55 Субҳидам барои бурдани Каркадан кормандони боғи ҷонварон омаданд. Ба Чебурашка раҳмат гуфтанд, ӯро дурудароз таъриф карданд, ҳатто ваъда доданд, ки ба ӯ як филча туҳфа хоҳанд кард, ба шарте ки дар боғ ягон замон пайдо шавад. Ҳамон рӯз Шапоклякро аз тори дарахт як гурӯҳ оташнишонҳо поин оварданд… Боби бисту дуюм Дигар ба кори сохтмон касе халал намерасонд. Вале кор торафт кашол меёфт. Як рӯз Гена гуфт: — Мо, се коргар, то охири сол ҳам хона сохта наметавонем. Дигаронро ба ёрӣ хостан даркор. — Рост гуфтӣ!—маслиҳати ӯро хуш пазируфт Чебураш ка.— Ман ҳатто медонам, ки киҳоро ба ҳашар даъват кардан лозим аст. — Киҳоро? — Ҳозир мегӯям… Хонаро мо барои кӣ месозем? — Барои онҳое, ки дар суроғи ҷӯраю дӯстони наванд. — Бигузор онҳо ба мо шарик шаванд. Дуруст гуфтам? — Дуруст гуфтӣ! — баробар хитоб карданд Галя ва Тим соҳ.— Фикри олиҷаноб! Ҳамин тавр, дар майдони сохтмон дастёрҳо пайдо шуданд. Анютаи Заррофа омад, Мария Франсевнаи маймун омад, ҳатто Димаи духон ҳам ҳозир шуд. Баъди Дима як духтарак ҳам, ки Маруся ном дошт, дасту остин барзада, ба онҳо ёрӣ расонд. Ӯ духтараки хоксору баодоб ва аълочии синфашон буд.
56 Вай ҳам ягон дугона надоштааст, зеро духтараки бисёр назарногиру оромтабиат менамуд. Ҳатто бинокорон нафаҳмиданд, ки вай чӣ хел ба наздашон омаду ба кор шурӯъ кард. Сохтмончиҳо фақат рӯзи чорум ё панҷуми омадани ӯро пай бурданд. Кор то нисфишаб давом мекард. Чун фазо сахт торик мешуд, Заррофа дастаи фонусро газида, баланд мебардошту майдонро равшан мекард. Барои ин амалаш ба вай раҳмат гуфтан имкон надошт, зеро Заррофа ноилоҷ монда, намеарзад гуфта, фонусро аз баландӣ ба фарқи сари кадом усто сар доданаш мумкин буд. Як бегоҳ ба майдони сохтмон, як марди қоматбаланди заб-зард омад. Вай дар даст қаламу дафтар дошт. — Салом,—гуфт ӯ.—Ман хабарнигорам. Марҳамат карда, мефаҳмондед, ки ин чӣ сохтмон аст? — Хона месозем,— ҷавоб дод Гена. — Чӣ хел хона? Барои чӣ?—боз пурсид хабарнигор.— Ба ман фақат далелу рақам даркор аст. Тимсоҳ гуфт: — Хонаи мо калон нест. Дарозӣ ва бараш ҳам панҷ қадам. — Чандошёна хоҳад шуд? — Якошёна. — Менависем,— гуфт хабарнигор ва дар дафтараш чанд рақам қайд кард. (Дафтари ӯро, албатта, фонуси даҳони Заррофа равшан мекард).— Давомаш. — Хонаи мо чаҳор тирезача дораду як дар,— давом дод Тимсоҳ.—Баланд намешавад, буду шудаш, ду метр. Ба хонаи мо ҳар кас биёяд, танҳо нахоҳад рафт— ягон дӯсту
57 шинос пайдо мекунад. Мана, дар назди ин тиреза як миз мегузорем, дар назди дар барои меҳмонҳо — як курсии калони мулоим. — Бинокорон киҳоянд? — Ҳамаамон,—сохтмончиёнро нишон дод Тимсоҳ.— Ман, Чебурашка, Заррофа, Димаи духон ва дигарон. — Кори савоб, ҳамааш фаҳмо,— гуфт рӯзноманигор.— Лекин рақамҳоятон шубҳаноканд. Баъзеро ислоҳ бояд кард. Хайр, хуш бошед. Фардо рӯзномаҳоро мутолиа кунед.—гуфту рафт. Рӯзи дигар бинокорони мо рӯзномаҳоро хонда, ангушти ҳайрат газиданд: Хабари тоза Дар шах,ри мо бинои ач,ойиб к,омат баланд мекунад: Хонаи ду-сти-! Баландиаш — дах, ошёна. Бараш — панч,ох, к,адам. Дарозиаш х,ам — панч,ох, к,адам. Дар сохтмон даҳ Тимсоҳ, даҳ заррофа, даҳ маймун ва даҳ бачаи мутлақо аълочӣ заҳмат мекашанд. Хонаи дӯсти дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода хоҳад шуд. «Даҳ тимсоҳ» мақоларо хонда гуфт: — Рост гуфтааст. Бояд чунин кунем. Аммо «даҳ бачаи мутлақо аълочӣ» Димаи духон бинӣ кашида гуфт:
58 —Дурӯғгӯ будаст! Мо инхелаҳоро бисёр вохӯрдаем. Баъди ин гап бинокорон ба қароре омаданд, ки он одами қоматбаландро минбаъд ба сохтмон роҳ надиҳанд. Боби бисту сеюм Хонаи нав ҳар соат як ваҷаб баландтар мешуд. Дар оғоз то ба зонуи Тимсоҳ расид, баъд баробари гарданаш шуд ва ниҳоят аз қади Тимсоҳ ҳам баланд шуд. Ҳама хурсанд буданд. Танҳо Чебурашка ҳар рӯз ғамгинтару ғамгинтар мешуд. — Чӣ шуд? — боре пурсид Тимсоҳ.— Ягон гап шуд? — Бале,— ҷавоб дод Чебурашка.— Мағозаи моро маҳкам мекунанд, ҳеч кас куҳнакола намехарад. — Барои чӣ барвақттар нагуфтӣ?—пурсид Тимсоҳ. — Ташвиш додан нахостам. Бе ҳамин ҳам ба сархорӣ вақт намеёбед. — Монед-е! — норозӣ овоз баланд кард Тимсоҳ.— Хайр, бошад! Чорае ёфта, ба доди ту ҳам мерасем. Аммо панҷ дақиқа пас якбора фарёд зад: — Ёфта-а-ам! Дари мағозаатонро соати чанд мекушоед? — Соати ёздаҳ. — Хуб, ҳамааш нағз мешавад! Рӯзи дигар Тимсоҳ ба боғи ҷонварон рафта, аз кор ҷавоб гирифт. Ба ҷойи вай муовинаш Валера навбатдор шуд. Гена ва боз чанд тани дигар, ки он пагоҳӣ бекор буданд, соати нуҳ дар назди дари мағозаи Чебурашкаино
59 ҷамъ омаданд. Гена, Галя, Дима, Заррофаи гардандароз ва худи Чебурашка аз тиреза ба дарун нигариста, бесаброна хитоб мекарданд: — Кай мекушоянд? Кай ин дар боз мешавад? Ин вақт директори мағозаю фурӯшандаҳо омаданд. Онҳо ҳам аз тиреза ба даруни мағоза нигариста, баробар хитоб карданд: — Кай мекушоянд? Кай ин дар боз мешавад? Шапокляки кампир ҳамроҳи калламуши ромшудааш Лариса аз назди онҳо гузаро шуд. Вай ба чӣ хаёл рафту нохост дар навбат истод. Як мӯйсафед низ омад. Дар дасташ сабади калон буд. Аз Шапокляк пурсид, ки чӣ мефурӯшанд. Шапокляк ҷавоб надода, китфони қоқашро дарҳам кашид. «Ягон чизи нағз мефурӯхтагистанд»,— андешид мӯйсафед ва ӯ ҳам ба дарун нигоҳ кард. Хулоса то замони кушода шудани дари мағоза навбат басо дароз шуд. Соати ёздаҳ дар кушода шуд ва мардум худро ба дарун заданд. Онҳо ҳар чӣ ба назарашон намуд, ба даст гирифтанд. Айб аст, ки ду соат навбат пойида, дасти холӣ ба хона равӣ! Аммо чароғи карасинӣ ба касе даркор нашуд. Охир, тамоми хонаҳоро фурӯзонак равшан мекунад. Он гоҳ директори мағоза рангу коғаз гирифта як эълон навишт: Чарог-и карасини- мефуру-шем! Дар сах,ни х,авли-. Ба як кас х,амаги- дуто! Харидорон ҳамоно берун рафта, ба чароғҳо дарафтоданд. Ба ҳар кӣ чароғе насиб шуд, курта- курта гӯшт
60 гирифт. Вале ба касе, ки чароғ насиб накард, сахт норозӣ шуда, сардори мағозаро дашном дод. Шапокляки кампир соҳиби ду чароғ шуд: яке барои худаш, дигаре барои Ларисааш. Ин ду чароғ ҳанӯз дар хонаи ӯянд ва шояд ягон замон фурӯзон шаванд. Боби бисту ча орум Як рӯзи якшанбе Гена ба сохтмончиён муроҷиат намуда гуфт: — Ана, девор бардоштем. Акнун бигӯед: боми хонаро бо кадом масолеҳ пӯшем? — Ин кори тамоман осон аст! —гуфт Заррофа. Вай сар поин карду як хишти каҷ гузоштаи кадомеро дуруст кард ва афзуд: — Бом аз масолеҳи обногузар сохта мешавад. — Ташаккур,— гуфт Тимсоҳ ба Анюта.— Хеле чиз фаҳмидем. Лекин Маймунчаи мо чӣ маслиҳат медода бошад? Мария Франсева як дақиқа дар банди андеша шуд, баъд аз киса рӯймолчаашро берун кашида, дороии даҳонашро ба болои он холӣ карду гуфт: — Ягон маслиҳат дода наметавонам! Инро гуфту дубора даҳонашро пур кард. Ногуфта намонад, ки чанд рӯзи охир ду лунҷи Маймунча хеле варамида буд, зеро дӯстону шиносони нав чизу чораи худро дода, аз ӯ хоҳиш карда буданд, ки нигаҳбонӣ кунад.
61 — Наход ягон нафар маслиҳату пешниҳоди дигар надорад? — ҳайрон шуд Гена. — Як чӣ гӯям иҷозат ҳаст?—нохост пурсид Марусяи камгапак.— Ба фикрам, пешниҳоди хуб мекунам. Мана, атрофи хонаи моро девори чӯбин иҳота кардааст. Акнун ин девор лозим нест. Онро гирифта, боми хонаро мепӯшем! — Ура-а-а! — дод заданд бинокорон.— Пешниҳоди беҳтарин! — Ман ҳам розӣ,— гуфт Гена.— Акнун мех лозим мешавад,—пас ба хаёл рафту афзуд:—Тақрибан чил дона! Аз куҷо пайдо кунем? Ҳама ба Чебурашка нигаристанд. — Мехро аз таги замин ҳам бошад, пайдо мекунам!— гуфт Чебурашка. Сипас беруни шаҳр, назди анбори калони сохтмон ҳозир шуд. Пеши дарвозаи анбор хоначае буд, ки дар он анборчии мӯзапӯш менишаст. Чебурашка медонист, ки аз анборчӣ якбора мех пурсидан дуруст нест. — Офтобак нур мепошад, алаф кабуд метобад! — гуфт вай.—Моро мех лозим шудаст. Чанд дона намедиҳед? — Ин алаф нест,— ҷавоб дод анборчӣ.— Ба замин ранг молидем. Лекин мех намедиҳем. Ҳар мех ба ҳисоб, ҷӯра. — Наход чанд дона мех ёфт нашавад? Ба мо бисёр даркор нест, — гуфт Чебурашка. — Саргардон нашавед, як дона мехи изофа ҳам надорем.
62 — Мо «Хонаи дӯстӣ» бино мекунем!— гуфт Чебурашка. — Хонаи дӯстӣ?!—якбора ба шавқ омад анборчӣ.— Ҳаминро барвақттар нагуфтӣ?! Ҳозир мех медиҳам. Мана, мех, марҳамат, бигир! Фақат онҳо каҷ шудаанд. Мешавад? — Мешавад!— хурсанд шуд Чебурашка. Ташаккур! Лекин якбора якта болғаи каҷ ҳам медодед? — Болғаи каҷ? — ҳайрон шуд анборчӣ.— Барои чӣ? — Чӣ хел «барои чӣ»? Мехро чӣ хел мекӯбем? Ин лаҳза чеҳраи анборчии мӯзапӯши пурдида якбора дигаргун гашт: вай қоҳ-қоҳ зада хандиду гуфт: — Майлаш, майлаш! Мехи рост медиҳамат! Каҷашро худам рост мекунам. Мана, бигир. Чебурашка хурсанд шуд ва ҷониби «Хонаи дӯстӣ» давид. Боби бисту пан ум Хона ҳам қариб тайёр шуд. Чанд кораки дигар монду бас. Акнун, беруну дарунашро ранг бояд кард. Вале миёни дӯстон моҷарое сар зад. Гена, ки Тимсоҳи сабзгун буд, мехост хона сабзгун бошад, ба назари ӯ ин ранг ба чашм форам мерасад. Мария Франсевна, ки Маймунчаи қаҳваранг аст, пешниҳод намуд, ки ранги қаҳваӣ ба назар беҳтар менамояд. Анютаи гардандароз арз кард, ки дар олам аз ранги заррофа беҳтар ранг нест. Ранги заррофагиро дида, тамоми заррофаҳои шаҳр миннатдор мешаванд. Ин баҳсро
63 Чебурашка хотима дод. Вай гуфт, ки ҳар кадоме як деворро интихоб карда, ранги дилхоҳашонро молидан гиранд. Аҷойиб хона шуд! Деворҳояш ҳарранга: яке — сабзгун, дигаре — қаҳваранг, сеюмӣ — зарди доғ-доғ. Девори чаҳорум тамоми рангҳои тирукамонро ба худ гирифта буд. Ин деворро Димаи духон оро дод. Вай ранги писандида надошт, аз ин сабаб шоткаи рангмолиро ба ҳар сатиле, ки мехост, зада ба девор хат кашид. Дар анҷоми кор Галя ба Чебурашка як пешниҳод кард: — Ману Гена қарор кардем, рӯзи бурёкӯбон бинокоронро ту муборакбоду меҳмононро хушомадед бигӯйӣ! — Метарсам, наметавонам,—ҷавоб дод Чебурашка.— Ман дар ҳузури одами бисёр ҳеҷ гоҳ сухан нагуфтаам. — Боке нест, аз дастат меояд. Метавонӣ!—Чебурашкаро хост ором кунад Галя.— Фақат машқ кардан лозим мешавад. Ҳозир як шеъри кӯтоҳ мегӯям, онро аз ёд кун. Қадам зану такрор ба такрор хондан гир. Агар забонат нагирифта, дуруст хонда тавонӣ, дар ҳузури дигарон сухан гуфта метавонӣ. Галя ба Чебурашка шеъри кӯтоҳеро хонд. Ин шеърро вай аз кӯдакӣ дар хотир дошт: Мушак нон қоқ мекунад, Димоғаш чоқ мекунад. Мушак нони қоқ хӯрад, Дандонаш мешиканад. Чебурашка тамоми шаб машқ кард, то шеърро аз худ кунад.
64 Боби бисту шашум Бурёкӯбон пуртантана гузашт. Бинокорон басо хурсанду ороста ҳозир шуданд. Гена камзӯли беҳтаринашро ба бар кард ва хаскулоҳи аҷибашро ба сар гузошт. Галя рӯймолаки сурхашро баста омад. Анютаи заррофаю Мария Франсевнаи маймун ба назар чунин менамуданд, ки навакак аз ҳаммом берун шудаанд. Галяю Генаю Чебурашка тори бом баромаданд. — Муҳтарам ҷанобон,— сухан сар кард Галя. — Муҳтарам бонувон,— давом дод Гена. — Ва муҳтарам махлуқчаҳо,— хитоб кард дар охир Чебу рашка, ки бисёр мехост чизе илова кунад. — Ҳозир суханро ба Чебурашка медиҳем! — эълон кард Галя. — Марҳамат, гап зан,— Чебурашкаро пеш тела дод Тимсоҳ.— Тайёрӣ? — Тайёр шудам,— ҷавоб дод Чебурашка.— Тамоми шаб шеър ҳифз кардам. Чебурашка сухан оғоз кард: — Ба шумо чӣ гӯям? Ҳама шоду хурсандем! Сохтему сохтему сохтему шудем! Шаъну шараф ба ману шумо! Ура! — Ура-а-а! — нидо карданд бинокорон. — Шуд? Аз уҳдааш баромадам?—пурсид Чебурашка. — Аҷойиб шуд!—ӯро таъриф кард Гена.—Ташаккур! Баъди ин, Тимсоҳ лентаи пеши дари «Хонаи дӯстӣ»- ро ботантана газида, ду пора кард ва ҳама каф кӯфтанду Чебурашка дарро боз кард. Чун Чебурашка дарро кушод,
65 хиште аз болои дар афтода, ба фарқи сараш бархӯрд. Сараш якбора чарх зад ва дигар нафаҳмид, ки куҷо шарқу куҷо ҷануб аст, замин куҷою осмон куҷост. Каме ба худ омад ва фаҳмид, ки хиштро кӣ болои дар гузоштааст. — Ҳоло ист! — гуфт вай.— Ана мебинӣ, ки аз ту чӣ гуна қассос мегирам, Шапокляки бадбахт! Ин лаҳза Шапокляк дурбин гирифтаву аз пешайвони хонааш иди бинокоронро баҳазур тамошо мекард. Вай дид, ки чӣ хел Чебурашка дарро кушоду хишт ба фарқи сараш бархӯрд. Дурбинро ба калламуши ромкардааш ҳам дод, то ин манзараро тамошо карда завқ барад. Ҳарду аз амали анҷомдодаашон хурсанду хушҳол буданд. Боби бисту афтум — Акнун ҳама омода шавед, кор сар шуд! — эълон кард Галя.— Меҳмонон меоянд. Мо минбаъд дар китоб номи онҳоро менависем. Марҳамат, кӣ якум? Ҳеч кас ҷавоб надод. Касе якум будан нахост. — Кӣ дар навбат истодааст?—дубора пурсид Галя.— Наход ягон кас нест? Ҳама хомӯш буданд. Он гоҳ Галя ба Заррофа муроҷиат кард: — Наход ба шумо дӯст даркор набошад? — Даркор нест,— ҷавоб дод Анюта.— Ман соҳиби дӯст шудам-ку! — Дӯстатон кист? — пурсид Чебурашка. — Кӣ мешуд? Маймунча! Мо барвақт ҷӯра шудем!
66 — Шумо чӣ хел сайругашт мекунед? — дубора пурсид Чебурашка.—Охир, Маймунча ба чуқурӣ афтиданаш мумкин, — Намеафтад,— бепарво ҷавоб дод Заррофа ва сар поин карду аз лаби кулоҳи Тимсоҳ чанд хас кашида хӯрд.— Вақти сайругашт Маймунча ба гарданам мечаспад ва дар назари мардум мисли гиребони курта менамояд. Ҳамин хел ҳар ду бехавотир чақ-чақу гаштугузор мекунем. — Оҳо-о!—ангушти ҳайрат газид Чебурашка.—Ин хелашро ақлам намегирифт! — Дима чӣ?—пурсид Галя.—Ту ҳам дӯсту ҷӯра пайдо кардӣ? — Бале!—ҷавоб дод Дима.—Напурсед ҳам мешавад! — Вай кист? Агар махфӣ набошад, нишон деҳ. — Мана, ин кас! — Дима ба Маруся ишора кард. — О, Маруся ягонта баҳои ду надорад-ку?—ҳайрон монд Галя. — Албатта, надорад. Ин хеле бад аст,— розӣ шуд Дима.—Вале баҳои ду доштан шарт нест. Агар одам духон набошад, наметавон ӯро бад гуфт, ё аз дасташ ягон кор намеояд. Ман метавонам аз дафтари Маруся рӯйбардор кунам, ё вай метавонад ба таҳсили ман ёрӣ расонад. Бас нест? — Нағз!—хитоб кард Галя.—Ба шумо дӯстии абадӣ таманно дорем! Мо — хурсанд! Чӣ гуфтед? — Дуруст гуфтӣ,—розӣ шуданд Генаю Чебурашка.— Чун ҳама дӯсту бародар шудаанд, дигар кор намонд. Киро бо кӣ дӯст кунем?
67 Савол бамаънӣ буд. Дигар хоҳишманди дӯст намонд. — Ҳамааш ҳамин?—нохост ғамгин шуд Чебурашка.— Сохтему сохтем ва ҳамааш беҳуда шуд? — Ҳаргиз беҳуда нест,— эътироз кард Тимсоҳ.— Аввал ин, ки Заррофаю Маймунчаро дӯсту бародар кардем. Дуруст гуфтам? — Дуруст! — розӣ шуданд дигарон. — Дуюм ин, ки Димаю Маруся дӯст шуданд. Боз ҳам дуруст гуфтам? — Дуруст гуфтӣ! — боз ҳам розӣ шуданд ҳозирон. — Сеюм ин, ки мо соҳиби хонаи нав шудем. Хонаро метавон ба ягон нафар туҳфа кард. Фарз кардем, ба Чебурашка, чунки Чебурашка дар қуттии телефони сари кӯча истиқомат дорад. Дуруст гуфтам? — Дуруст гуфтӣ! — бори сеюм хитоб карданд аҳли хона. — Не, нодуруст,—нохост эрод гирифт Чебурашка.— Хонаро ба ман не, ба ҳама бояд туҳфа кард. Мо маҳфил бунёд карда, ҳар бегоҳ ҷамъ мешавем. — Ту,— гуфт Тимсоҳ,— минбаъд ҳам дар хоначаи телефон истиқомат мекунӣ? — Шудан мегирад,—ҷавоб дод Чебурашка.—Як илоҷ мекунам. Лекин агар маро дар кӯдакистон ба кор гиранд, хуб мешавад. Он ҷо вазифаи бозичаро адо хоҳам кард. Бегоҳ дар ҳамон ҷо мехобам, кӯдакистонро ҳам посбонӣ мекунам. Афсӯс, ки мудири кӯдакистон маро ба кор намегирад. Охир, чӣ ҳайвон будани ман маълум нест.
68 — Чӣ хел «кӣ буданат маълум нест»? — хитоб кард Тимсоҳ.—Хеле маълум аст! Кошки ман ҳам мисли ту ҳайвони номаълуми машҳур мебудам! Он гоҳ ҳайвонҳо чунин изҳор карданд: — Мо рафта илтимос мекунем. Туро мудири кӯдакистон ба кор мегирад ва ба мо раҳмат ҳам мегӯяд! — Ин тавр бошад, ман хурсанд!—гуфт Чебурашка. Қаҳрамонони афсонаи мо маҳз чунин рафтор карданд: дар хона маҳфил бунёд шуд, Чебурашка дар кӯдакистон бозича таъин шуд… Ҳама хурсанд, ҳама розӣ. Ман қарор додам, ки қалам ба даст гирифта, як калима гапи дигар нависам: Тамом! Вале вақте қалам гирифта «тамом» навиштан хостам, Чебурашка давида омад. — Чӣ хел тамом? — норозӣ шуд вай.— Тамом нанависед! Ман ҳисобамро бо Шапокляки бадкор баробар накардаам-ку! Аввал қасос мегирам, баъд метавонед тамом нависед. — Хуб шудаст, рав ва қассосатро бигир,—розӣ шудам ман.— Лекин ин кори осон нест? — Тамоман осон аст,—ҷавоб дод Чебурашка.—Мана, мебинед! Дар ҳақиқат, адаби Шапоклякро додан барои Чебурашка ва дӯстони ӯ тамоман осон будааст. Рӯзи дигар Генаю Галя ба ҳавлии Шапокляки кампир рафтанд. Дар дасташон якчанд пуфаки рангоранг буд. Ин лаҳза Шапокляк дар пешайвони хонааш нишаста, нақшаи кадом кори бадеро мекашид.
69 — Ба шумо пуфак туҳфа кардан мумкин?—муроҷиат кард Чебурашка. — Бепул? — пурсид кампирак. — Албатта, бепул! — Биёр,—гуфт кампирак ва ҳамон замон чанг зада, пуфакҳоро аз дасти Чебурашка гирифту эълон кард:—Ҳар чӣ додӣ, вопас нагирӣ! — Боз пуфак мехоҳед? — пурсид Галя. — Биёр! Акнун дар дасти вай ду даста пуфак буд. Пуфакҳо Шапо кляк ро каме ба фазо бардоштанд. — Боз туҳфа кардан мумкин? — ба гуфтугӯ ҳамроҳ шуд Гена ва пуфакҳои дасташро дароз кард. — Албатта, мумкин! Дар як мижа задан пуфакҳои Тимсоҳ низ ба дасти кампираки гурусначашм расиданд. Албатта зӯри ду даста пуфак нарасид, ки Шапоклякро боло бубаранд. Вале кампирак дастаи сеюмро гирифта буд, ки ба фазо парид. Вай боло рафту боло рафту ба абрҳо расид. — Ман ба назди абрҳо рафтан намехоҳам!—дод зад Шапокляк. Вале аллакай дер шуда буд. Шамол ҷуссаи ӯро дур бурду дур бурд. — Роҳзанҳо!—фиғон кашид кампирак.—Ҳоло бармегардам! Адабатонро медиҳам! Рӯзатон намедиҳам! — Баргашта меомада бошад?—пурсид Галя аз Чебурашка.—Агар баргардад, дар ҳақиқат, моро рӯз намедиҳад!
70 — Беташвиш бош,—гуфт Чебурашка.—Бод ӯро дури дур мебарад, бе ёрии одамон ба замин баргаштанаш ба гумон аст. Агар ҳамин хел кампираки бадкору бадкирдор боқӣ монад, ягон кас ба ӯ ёрӣ намедиҳад. Яъне ба шаҳри мо баргашта наметавонад. Хайр, нағз кардем? Адабашро додем-а? — Нағз кардем, адабашро додем,— гуфт Тимсоҳ. — Нағз кардем, адабашро додем,—такрор кард Галя. Баъди ин воқеа маро кори дигар намонд, магар ин ки қалам гирифта, дар қатори калимаи «тамом» се калимачаи дигар изофа карда нависам: Тамом! К исса ан ом ёфт.
71 Албатта зӯри ду даста пуфак нарасид, ки Шапоклякро боло бубаранд. Вале кампирак дастаи сеюмро гирифта буд, ки ба фазо парид.
КИТОБ РОЙГОН ДАСТРАС КАРДА МЕШАВАД Эдуард Успенский ГЕНА ВА ДӮСТОНИ Ӯ Тарҷумаи Азизи Азиз Рассом — Бахтиёр Қаҳоров Муҳаррирон: Муҳриддин Сабурӣ, Комилзода Аҳмадшоҳ Мушовир — Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 4,5. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3.
Адиби маъруф Эдуард Успенский дар шаҳри Москва ба дунё омадааст. Ӯ бо асарҳои худ барои кӯдакон ва наврасон шуҳрат ёфтааст. Ҳануз аз даврони таҳсил таҳсил дар мактаб Эдуард ҳикояҳои ҳаҷвии кӯдакона эҷод мекард. Қаҳрамонҳои асарҳои Успенский, аз ҷумла, Тимсоҳ Гена ва Чебурашка, Амаки Фёдор, Гурба Матроскин, Антошка дар адабиёт машҳур гаштаанд. Аз рӯйи асарҳои Успенский мултфилмҳо ба навор гирифта шудаанд.