The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by inomjon87, 2016-08-16 09:13:22

Брошюра

Брошюра

Апостил

тасдиќи аслии њуљљатњои расмї
дар Љумњурии Тољикистон

Вазорати корњои хориљии Конфедератсияи Швейтсария
Љумњурии Тољикистон
UKaid
Вазорати адлияи
Љумњурии Тољикистон from the British people

Брошюраи мазкур барои доираи васеи хонандагон пешбинї гардида,
дорои маълумот дар бораи расмиёти тасдиќи аслии њуљљатњои расмї
дар Љумњурии Тољикистон мебошад.

Инчунин, брошюра масъалањои дар амал татбиќ намудани Конвенсия
дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди њуљљатњои расмї, ки
барасмиятдарории ҳуљљатњои расмии хориљї, функсияњои маќомоти
ваколатдори апостилгузорї, эътибори њуќуќии Апостил, инчунин
талабот ва шартњои хизматрасонии апостилгузориро дарбар мегирад.

САРСУХАН

Равандњои њамгироии Љумњурии Тољикистон ба иќтисодиёти љањонї барои
шањрвандон икмоният фароњам овардааст, то ки фаъолияти хешро дар самтњои
мухталиф берун аз ќаламрави кишвар дар самтњои зерин ба роњ монанд: соњибкорї,
тањсил, бастани аќди никоњ ва ѓайрањо. Дар ин робита Љумњурии Тољикистон бо
назардошти содда гардонидани њуљљатгузорї, инчунин љалби сармоягузорї ба
Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди њуљљатњои расмии
хориљї (Конвенсия дар бораи Апостил) њамроњ гардид.

Аз ин рў, шањрвандонро зарур аст, ки њуљљатњои хешро барои истифодаи минбаъда
дар ќаламрави давлати дигар ба расмият дароранд. Барои эътироф гардидани њуљљат
лозим аст, ки он расмиёти муайянеро гузарад, то дар ќаламрави давлатњои хориљї
эътибор дошта бошад.Тибќи тартиби љоришудаи байналмилалї ду навъи расмиёт
вуљуд дорад: таъйиди консулї ва апостилгузорї.

КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ АпОСТИЛ

1 Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани
талаботи таъйиди њуљљатњои расмї аз 5 октябри
соли 1961

Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди њуљљатњои расмии
хориљї (Конвенсия дар бораи Апостил) 5 октябри соли 1961 аз љониби давлатњои
иштирокчии Конференсияи Гаага оид ба њуќуќи байналмилалии хусусї ќабул шуд.
Барои њамаи кишварњои иштирокчии, Конвенсияи мазкур расмиёти таъйиди
консулии њуљљатњоро бо расмиёти апостилгузорї иваз намуда, бо ин роњ љараёни
муайянкунии аслии њуљљатњои расмии дар кишварњои дигар гирифташударо осон
гардонид. Конвенсия имконият медињад, ки ваќт ва маблаѓи шахсон сарфа карда
шуда, худи љараёни тасдиќи аслї будани њуљљат содда ва шаффофтар гардад.
Апостилгузорї амали дастрасу фањмотар буда, дар 113 кишвари иштирокчии
Конвенсия љараёни соддаву ягона ва якамала пешкаш менамояд. Кишварњое, ки дар
онњо Конвенсия дар бораи Апостил амал мекунад, барои сармоягузорон љолибтар
мебошанд, зеро сармоягузорони хориљї бо шумораи зиёди њуљљатњое сару кор
мегиранд, ки расмикунонии онхоро талаб менамоянд. Конвенсия расмиёти серхарљу
тўлонии таъйиди консулиро иваз мекунад, бинобар ин барои љалби сармояи хориљї
ва рушди савдои байналмилалї шароити боз њам мусоид фароњам оварда мешавад.

Конвенсия дар бораи Апостил дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон расман
31 октябри соли 2015 эътибор пайдо кард.

Бо кишварњои аъзои Конвенсия дар бораи Апостил дар сомонаи www.hcch.net шинос
шудан мумкин аст.

2 Апостил – тасдиќи аслї будани њуљљат

Апости́л (аз калимаи фаронсавї Apostille) — шакли байналмилалии
стандартизатсияшудаи ворид намудани маълумот љињати ќонунигардонии њуљљат
дар ќаламрави кишварњои иштирокчии Конвенсияи Гаага дар бораи Апостил
мебошад. Апостил аслї будани имзо, мўњр ё штампи њуљљати расмиро тасдиќ
намуда, бо мўњр ва имзои шахси мансабдори маќоми дорои ваколати гузоштани
Апостил тасдиќ гардидааст, дода мешавад. Ба њар Апостил раќами мушаххас дода
мешавад.

Апостил аз дањ банди мухталиф иборат аст. Он дорои маълумот дар бораи њуљљати
апостилшаванда (бандњои 1-4) ва маќоми ваколатдори дорои њуќуќи гузоштани
Апостил (бандњои 5-10) мебошад.

Намунаи стандартии Апостил

Апостил шакли росткунљаи баробартараф буда,
аз як тарафаш на кам 9 см мебошад

Ном APOSTILLE бандњои аз 1 то 4 ба
(Convention de la Haye du 5 octobre 1961) њуљљати расмии
10 банди апостилгузошта тааллуќ
маълумотњои 1. Давлат......................................................................................... доранд
стандартї Њуљљати расмии мазкур
2. имзо шуда буд (насаб)................................................................ бандњои аз 5 то 10 ба
3. ба сифати.................................................................................... маќомотњои ваколатдори
4. бо имзо\ ва муњр тасдиќшуда (номи идора).............................. апостилгузор, тааллуќ
........................................................................................................ доранд
Тасдиќ карда шуд
5. дар............................................. 6. (сана)..................................
7. (номи маќомоти ваколатдор)....................................................
8. №................................................................................................
9. муњр...................... 10. имзо.......................................................

3 Апостилро дар куљо гирифтан мумкин аст?

Дар Љумњурии Тољикистон ду маќоми давлатї њуќуќи додани Апостилро доранд:
Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати адлияи Љумњурии
Тољикистон.

Вазорати Вазорати адлияи
корњои хориљии Љумњурии Тољикистон
Љумњурии Тољикистон

Барои гирифтани Апостил дар Барои гирифтани Апостил дар
њуљљатњои мансуб ба доираи њуќуќи њуљљатњои мансуб ба доираи њуќуќи
Вазорати корњои хориљии Љумњурии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон
Тољикистон шањрвандон бояд ба бошад, ба шўъбаи апостилгузории
Сарраёсати консулии Вазорати корњои њуљљатњои расмии Вазорати адлияи
хориљї мурољиат намоянд. Љумњурии Тољикистон мурољиат
намоянд.

Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон дар кадом

4 њуљљатњои расмї Апостил мегузорад¹?

Њуљљатњои расмии маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї: шањодатномаи
таваллуд, шањодатномаи вафот, шањодатномаи аќди никоњ, шањодатномаи
бекор кардани аќди никоњ, шањодатномаи фарзандхонї, шањодатнома дар
бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб, маълумотнома дар бораи дар
аќди никоњ набудан ва маълумотномањои дигар;

Њуљљатњои аз тарафи нотариусњо додашуда: шањодатномаи њуќуќ ба мерос,
шањодатномаи њуќуќи моликият ба њиссаи молу мулки муштараки зану шавњар,
розигї барои сафари кўдак, розигии зан ё шавњар вобаста ба ањде, ки шакли
нотариалиро талаб мекунад, шањодатномаи тасдиќкунандаи дар њаёт будани
шахс, нусхањои њуљљатњо ва иќтибоси аз онњо гирифташудаи ба таври
нотариалї тасдиќшуда, тарљумаи њуљљатњои ба таври нотариалї тасдиќшуда ва
ѓайра;

Њуљљатњои маќомоти судї ва маќомоти истењсолоти иљроия: вараќаи иљро оид ба
иљрои њукми суд, санадњои судї (њалномаи суд, њукмњои суд оид ба парвандаи
љиноятї, ќарори суд, таъиноти суд, фармони суд), вараќањои иљрои дар асоси
санадњои судї додашуда, вараќањои иљро, ки судњо дар асоси ќарору
њалномањои судњои њакамї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон дода шудаанд
ва ѓайра;

Њуљљатњои маќомоти прокуратура: ќарори прокурор, амри хаттии прокурор,
эътирози прокурор, пешнињоди прокурор, иљозат барои боздошт ва ѓайра.

¹Номгўи намудњои њуљљатњои дар ин фасл овардашуда пурра нест

5 Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон
дар кадом њуљљатњои расмї Апостил мегузорад?

Њуљљатњои дар бораи тањсилот: шањодатнома дар бораи тањсилоти умумї ва миёна,
диплом дар бораи тањсилоти касбї ва дар бораи тањсилоти олии касбї,
дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, маълумотномаи академї,
вараќаи шахсии таълимгиранда, маълумотнома дар бораи аз як муассиса ба
муассисаи таълимии дигар гузаронида шудан ва ѓайра;

Дигар њуљљатњо: маълумотнома дар бораи доѓи судї надоштан, шањодатнома дар
бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї, патент ё шањодатномаи њуќуќи
амалї намудани фаъолияти соњибкорї, маълумотномањои бойгонї ва
нусхањои њуљљатњои бойгоние, ки аз тарафи бойгонињо дода мешаванд ва
ѓайра².

²Номгўи намудњои њуљљатњои дар ин фасл овардашуда пурра нест

6 Апостилгузории њатмї дар нусхаи аслии
њуљљати расмї

Вобаста ба дархости давлати хориљї Апостил метавонад дар чунин њуљљатњо гузошта
шавад:

џ њуљљати аслии расмї;
џ нусхаи њуљљати аслї ба таври нотариалї тасдиќгардида;
џ њуљљати ба тарљумаи ба таври нотариалї тасдиќгардида.
Вобаста ба он, ки Апостил аслї будани њуљљати расмиро тасдиќ менамояд, мутобиќи
ќонунгузории Љумњурии Тољикистон апостилгузории њатмии аслии њуљљати расмї
эътироф карда мешавад. Њамин тариќ, дар сурати зарур будани гирифтани Апостил
дар нусхаи ба таври нотариалї тасдиќгардида ва тарљумаи ба таври нотариалї
тасдиќгардида, апостилгузории ибтидої дар њуљљати расмї њатмї мебошад.

Барои гузоштани Апостил аз аризадињанда

7 чї талаб карда мешавад?

Барои гузоштани Апостил аризадињанда бояд ба воњиди дахлдори Вазорати корњои
хориљї ё Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон њуљљатњои зеринро пешнињод
намояд:

- њуљљати тасдиќкунандаи шахсият (шахсан пешнињод карда мешавад);
- аризаи хаттии шахси њуќуќї ё воќеї;
- нусхаи гувоњиномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;
- њуљљати расмии апостилгузоришаванда;
- расид дар бораи пардохти хирољ барои гузоштани Апостил;
- расид дар бораи пардохти бољи давлатї барои апостилгузорї;
- шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї, барои

аризадињандагони шахсони њуќуќї.

Барои гузоштани Апостил дар њуљљатњои расмї аризадињанда метавонад аризаро дар
шакли электронї ба сомонаи www.apostille.tj пешкаш намуда, сипас нусхаи аслии
њуљљатњоро пешнињод намояд. Ќарор дар бораи гузоштани Апостил танњо пас аз
гирифтани нусхаи аслии њуљљатњо ќабул карда мешавад.

КалендарьСуббота
Пятница
17241 11825229219263301310273411411285152ПонедельникЧетверг
Мўњлати апостилгузорї
8 Среда

Вторник

Ҳуҷҷатҳои барои апостилгузорӣ пешниҳодгардида дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи

пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда дода мешаванд. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гузоштани

Апостил бо тартиби фаврї пешниҳод шудаанд, дар давоми аз 1 то 3 рӯзи корӣ дода

мешавад.

Дар ҳолати зарурати талаб кардани намунаи имзо ва тасдиқ намудани ваколати
ҳуқуқи имзои шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ
пешниҳодшударо имзо кардааст, ва/ё талаб кардани намунаи нақши мӯҳр ва/ё
штамп, мӯҳлати апостилгузорӣ набояд аз 30 рӯзи корӣ зиёд бошад. Дар њолати ба
миён омадани шубња нисбати њаќиќї будани имзо, мўњр ё штамп, маќоми
ваколатдори апостилгузорї њуќуќ дорад, ки санљиши иловагии њуљљатро гузаронад.
Маќоми давлатие, ки ба он барои гузаронидани санљиш дархост фиристода шудааст,
бояд дар давоми 5 рўзи корї ба маќоми дархосткунанда љавоби пурра пешнињод
намояд.

9 Арзиши хизматрасонии апостилгузорї

пардохтњо барои апостилгузорї: (а) бољи давлатї ва (б) хирољи вазорат барои

хизматрасонии апостилгузорї иборат мебошад.
(а) Андозаи бољи давлатї барои гузоштани Апостил чунин аст³:
- барои шахсони воќеї 62,5 % фоизи нишондињанда барои њисобњо барои њар њуљљат;
- барои шахсони њуќуќї 125% фоизи нишондињанда барои њисобњо барои њар њуљљат.
(б) Андозаи хирољ барои гузоштани Апостил дар як њуљљат чунин аст4:
- барои шахсони воќеї 5 доллари ШМА, ки бо сомонї пардохта мешавад;
- барои шахсони њуќуќї 10 доллари ШМА, ки бо сомонї пардохта мешавад.

3 Ба њолати 1 январи соли 2016 нишондињанда барои њисобњо дар Љумњурии Тољикистон
40 сомониро ташкил медињад

4 Бо ќурби Бонки миллии Тољикистон дар рўзи пардохт

10 Дар кадом њуљљатњо гузоштани Апостил
талаб карда намешавад

Давлатњое њастанд, ки барои онњо мутобиќи шартномањои байналмилалї гузоштани
Апостил дар њуљљатњои расмии дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон додашуда,
талаб карда намешавад5.

Гузоштани Апостил њамчунин ба њуљљатњои расмии зерин талаб карда намешавад:

џ нусхањои аслї ва тасдиќгардидаи њуљљатњои шахсї: дафтарчаи мењнатї,
билети њарбї, шањодатномаи ронандагї, шиносномаи умумишањрвандї,
шиносномаи хориљї ва њуљљатњои дигари тасдиќкунандаи шахсият;

џ њуљљатњои намояндагињои дипломатї ва муассисањои консулии
Љумњурии Тољикистон;

џ њуљљатњое, ки ба амалиёти тиљоратї ё гумрукї муносибати бевосита дорад
(њисоб-фактура, њуљљатњои молтаќсимкунї, њуљљатњои дигари марбут ба
фаъолияти иќтисодии хориљї).

5 1 октябри соли 2004 Љумњурии Тољикистон Конвенсия дар бораи ёрии њуќуќї ва муносибатњои њуќуќї
оид ба парвандањои гражданї, оилавї ва љиноиро, ки 7 октябри соли 2002 дар шањри Кишинёв ба имзо
расидааст, тасиб намуд, ки мутобиќи он барои иштирочиёни ин Конвенсия зарурати апостилгузорї аз
байн меравад; 14 декабри соли 1996 Љумњурии Тољикистон Шартномаи байни Љумњурии Тољикистон ва
Љумњурии Халќии Хитой дар бораи ёрии њуќуќї ва муносибатњои њуќуќї оид ба парвандањои гражданї,

оилавї ва љиноиро, ки 16 сентябри соли 1996 дар шањри пекин ба имзо расонида шудааст тасвиб кард.

Мутобиќи Моддаи 28 Шартномаи мазкур њуљљатњое, ки аз тарафи суд ё муассисаи дигари салоњиятноки
яке аз Тарафњои Ањдкунанда тартиб дода ё тасдиќ гардида, тавассути муассисањои марказии худ
фиристода шудаанд, дар сурати доштани имзо ва мўњри расмї метавонанд аз тарафи суд ё муассисаи
дигари салоњиятноки Тарафи дигари Ањдкунанда бе расмикунонї ќабул карда шаванд

11 Дар кадом њолатњо њуљљати расмї
апостилгузорї намешавад?

Њуљљати расмї дар њолати зерин апостилгузорї карда намешавад:

(а) ба давлате пешнињод шавад, ки иштирокчии Конвенсияи Гаага дар бораи
Апостил намебошад;

(б) ба давлате пешнињод мешавад, ки барои њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба
Конвенсия Гаага дар бораи Апостил зид баромада бошад6.

6 Австрия, Германия и Белгия барои њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба Конвенсия дар бораи Апостил
зид баромаданд. Бинобар ин нисбати ин давлатњо расмиёти таъїиди консулї дар Љумњурии Тољикистон
боќи мемонад.

12 Асосњо барои рад кардани
апостилгузории њуљљат

Апостилгузорї дар њолатњои зерин метавонад рад карда шавад, агар:

џ Давлати хориљї иштирокчии Конвенсия дар бораи Апостил набошад ё барои
њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба Конвенсия дар бораи Апостил зид
баромада бошад;

џ Конвенсия дар бораи Апостил ба њуљљати расмии пешкашгардида дахл
надошта бошад;

џ Дар њуљљати расмї матн, имзои шахси мансабдор ва наќши мўњр возењ
набошад;

џ Њуљљати расмї дорои навиштаљот ва/ё ислоњњое бошад, ки хондани матни
аввалаи навишташуда ва сипас хат кашидашуда ва ислоњгардидаро
ѓайриимкон гардонанд;

џ Имзои шахси мансабдор ва/ё наќши мўњр ё штамп дар њуљљат ба намунањои дар
маќоми ваколатдори давлатї мављудбуда мутобиќат накунад;

џ Њуљљат мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њуљљати расмї набошад.

Радкунї бояд дар шакли хаттї пешнињод карда шавад.

13 Фењристи ягонаи электронии бањисобгирии
Апостил дар Љумњурии Тољикистон

Дар Љумњурии Тољикистон Фењристи ягонаи электронии бањисобгирии Апостил
таъсис дода шудааст. Ба шарофати ин низом, ки ба эњтиёљоти муосири шањрвандон
пурра мутобиќ гардонида шудааст, шахсони манфиатдор имконият пайдо мекунанд,
то њаќиќї будани њуљљатро фавран дар сомонаи www.apostille.tj тафтиш намоянд.

Фењристи мазкур имконият медињад, то тавассути интернет аз њар гўшаи љањон
тасдиќи он гирифта шавад, ки Апостил бо раќами дахлдор ва санаи дода шудан аз
тарафи маќоми ваколатдори дахлдор гузошта шудааст. Њамин тариќ, њар маќоми
хориљии дархосткунандаи Апостил имконият пайдо мекунад, ки њаќиќї будан,
дурустї ва мављудияти Апостилро бо кўмаки Фењристи ягона тафтиш намояд.

ОИЛА

ДОНИШЉЎ

Њикояњо СОЊИБКОР
дар тасвир
САРМОЯГУЗОР
МУЊОЉИР

АРЎСУ ДОМОД

ДОНИШЉЎ Акмал факултети иќтисодиро
бо дипломи сурх хатм кардааст

1

Ба Акмал зарур аст ки барои
тасдиќи аслї будани дипломаш
ба Вазорати корњои хориљии
Љумњурии Тољикистон љињати
гузоштани Апостил мурољиат
намояд

4

Ў мехоњад таълими Барои дохил шудан
ба донишгоњ дар
2 худро дар Британияи Британияи Кабир
Кабир идома дињад ба Акмал лозим аст,
ки аслї будани
Акмал ба Сарраёсати консулии дипломашро
Вазорати корњои хориљии тасдиќ намояд
Љумњурии Тољикистон мурољиат
менамояд 3

Акмал ба дипломаш
бомуваффаќият Апостил гирифта,
њамин тариќ маљмўи њуљљатњоро
барои дохилшавї љамъ менамояд

56

СОЊИБКОР Усмон
соњиби ширкати

сохтмонии
«Усмон Сохтмон»

мебошад

1

Барои бастани ќарордод љониби
Туркия аз Усмон талаб мекунад,
ки аслї будани Шањодатномаи
баќайдгирии ширкаташро
дар Тољикистон тасдиќ
намояд

4

Барои сохтмони иншооти нав Усмон тасмим гирифт, ки бо
масолењи сохтмон лозим аст, ширкати туркї дар хусуси
воридоти масолењи сохтмон
ки нархи он дар ќарордод бандад
Туркия арзонтар аст
3
2

Барои тасдиќи аслї будани њуљљатњо Усмон бо ширкати туркї дар
Усмон ба Вазорати корњои хориљии хусуси воридоти масолењи сохтмон
Љумњурии Тољикистон мурољиат кард,
дар он љо ба Шањодатномаи ќарордод ба имзо расонид
баќайдгирии давлатии ширкати
сохтмонии ў Апостил гузошта шуд 6

5

ОИЛА Падари Ардашери 7-сола соњиби љои
кор дар шањри Бостони ШМА гардид

ва ба наќшаи гирифт, ки ба он љо
бо оилааш меравад

1

Падари Ардашер барои
тасдиќи нусхаи шањодатномаи
таваллуди Ардашер аввал ба

нотариус мурољиат мекунад

4

Дар Бостон Ардашер ба синфи Мактаб апостилгузории
якуми мактаб меравад шањодатномаи таваллуди Ардашерро

дар Љумњурии Тољикистон
талаб мекунад

2 3

Волидайн ба Вазорати адлияи
Љумњурии Тољикистон мурољиат
намуданд ва дар он љо ба нусхаи
аслии шањодатномаи таваллуди
Ардашер Апостил гузошта шуд

56

МУЊОЉИР Ширкати наќлиётии
боркашонї дар Латвия ба Саид

кори ронанда
пешнињод намуд

1

Саид ба Сарраёсати консулии
Вазорати корњои хориљии
Љумњурии Тољикистон
мурољиат менамояд

4

Саид ба маќомоти Бозрасии Ширкат тасдиќи
давлатии автомобилии Љумњурии аслї будани ин
Маълумотномаро
Тољикистон барои гирифтани талаб мекунад
Маълумотнома дар бораи додани
3
шањодатномаи ронандагї
мурољиат менамояд

2

Ба Маълумотнома дар бораи Њоло Саид ронандаи ширкати
додани шањодатномаи наќлиётї дар Латвия мебошад!
ронандагї Апостил
гузошта шуд 6

5

АРЎСУ ДОМОД Шањрванди Туркия Ахмад ва шањрванди
Тољикистон Зўњро мехоњанд бо
њамдигар оила созанд.
Онњо дар Истанбул њангоми дар

Донишгоњи Босфор тањсил кардани
Зўњро шинос шуданд

1

Зўњро ба Вазорати адлияи
Љумњурии Тољикистон
мурољиат менамояд

4

Маќомоти сабти асноди њолати Барои тасдиќи аслї
шањрвандии Туркия аз Зўњро будани њуљљат ба
Зўњро гузоштани
маълумотномаро дар бораи дар Апостил дар
аќди никоњ набудан талаб мекунанд маълумотнома дар
бораи дар аќди
2 никоњ набудан
лозим аст
Ба маълумотнома дар бораи
дар аќди никоњ набудани ў 3
Апостил гузошта шуд
Зўњро ва
5 Ањмад
дар соњили
Босфор
тўй карданд

6

САВОЛЊОЕ, КИ БЕШТАР ДОДА МЕШАВАНД

1. Конвенсия дар бораи Апостил кадом давлатњоро фаро мегирад?

Конвенсия зиёда аз 114 кишвари дунёро дар бар мегирад, аз љумла њамаи аъзои
Иттињоди Аврупо, аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил (ба ѓайр аз
Туркманистон), инчунин шарикони дигари калони тиљоратиро, ба монанди
Штатњои Муттањидаи Америка ва Туркия фаро мегирад.

2. Чї бояд кард, агар кишвари таъинот иштирокчии Конвенсия дар бораи Апостил
набошад?

Агар њуљљати расмии дар Љумњурии Тољикистон додашуда барои истифода дар
кишваре пешбинї шуда бошад, ки иштирокчии Конвенсия дар бораи Апостил
намебошад, пас барои тасдиќи њаќиќї будани он расмиёти таъїиди консулиро
гузаштан лозим аст.

3. Конвенсия дар бораи Апостил ба кадом њуљљатњо дахл дорад?

Конвенсия дар бораи Апостил ба њуљљатњои расмие дахл дорад, ки дар
ќаламрави яке аз давлатњои иштирокчии Конвенсия дар бораи Апостил дода
шуда, бояд дар ќаламрави давлати дигари иштирокчии Конвенсия дар бораи
Апостил пешнињод карда шаванд. Расмї будани њуљљат бо ќонунгузории
давлате муайян карда мешавад, ки онро додаст.

4. Барои мурољиат љињати апостилгузорї чиро бояд донист?

Барои мурољиат љињати гузоштани Апостил донистан лозим аст, ки:

џ Оё кишваре, ки њуљљат барои он пешбинї гардидааст, иштирокчии
Конвенсия дар бораи Апостил мебошад ё не?

џ Кадом маќоми давлатї ба ин намуди њуљљат Апостил мегузорад?
џ Арзиши хизматрасонии апостилгузорї чи ќадар аст?
џ Мўњлатњои муќарраргардида барои апостилгузорї.

5. Оё Апостил метавонад дар кишвари таъинот бекор карда шавад?

Апостиле, ки аз тарафи маќомоти Љумњурии Тољикистон гузошта шудааст,
танњо дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон метавонад бекор карда шавад.
Њуќуќи бекор кардани Апостилро маќомоти ваколатдори давлатї оид ба
апостилгузорї дар асоси дархости шахсони воќеию њуќуќї ва маќомоти
давлатии Љумњурии Тољикистон доранд.

6. Намунаи Апостил дар Љумњурии Тољикистон.


Click to View FlipBook Version