The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by marodbekovmj, 2024-02-07 15:11:44

Охуи Тиллои

Охуи Тиллои

Душанбе — 2023 Афсонаи ҳиндӣ


ТБК 84.5 Ҳинд – 4 + 83.8 + 83.35 А90 А90 Оҳуи тиллоӣ/Афсонаи ҳиндӣ; рас. Б. Қаҳоров.— Душанбе: «Нашриёти муосир», 2023.— 32 с. Афсонаи «Оҳуи тиллоӣ» дар бораи писараки ҳинду қисса мекунад. Вай хеле камбағал, вале ниҳоят меҳрубону дилсӯз буд. Аз рӯйи мазмуни афсона як одами бой, ки онро дар Ҳиндустон роҷа мегӯянд, ба шикор меравад. Ногаҳон дар миёни буттаҳо оҳуеро мебинад, ки сумҳои тиллоӣ дошт. Роҷа ба хидматгоронаш амр медиҳад, ки оҳуро дошта гиранд. Раҳми писарак меояду оҳуро пинҳон мекунад. Давоми афсона бисёр шавқовар аст. Афсона дар бораи некӣ ба одамону ҷонварон ҳикоят мекунад. ТБК 84.5 Ҳинд – 4 + 83.8 + 83.35 ISBN 978-99985-889-3-6 Тарҷумаи Абдуҷаббор Алиев


3 Дар замонҳои хеле қадим дар Ҳиндустон роҷаи (хоҷа) сарватманде зиндагӣ мекард. Ӯ чунон сарватманд буд, ки ҳатто худаш ҳисоби дороияшро намерафт: заминҳои беканор, қасрҳои пуршукӯҳ, сандуқҳои пур аз сангҳои қимматбаҳо ва тангаҳои тилло. Ҳар чизе, ки орзу кардан мумкин буд, ӯ дошт. Вале дар баробари ин бисёр хасису золим буд. Дар як тарафи тахти ӯ ҷаллоди якчашмаи шамшербадаст меистод. Ҳар вақте ки роҷа ба ғазаб меомад, ҷаллод фавран яке аз хидматгоронро напурсидаву насанҷида ба қатл мерасонд. Дар тарафи дигари тахти роҷа як одами назарногири майдаяк — сартарош қарор дошт. Лекин ӯ бадтар аз ҷаллод буд, чунки ба роҷа рӯзу шаб дар бораи воқеаҳои рӯз хабар мерасонд. Ба назар чунин мерасид, ки аз чашми ин шахси нобакор ҳеҷ чиз пинҳон намемонад. Сартароши дарбор як рӯзи бозор дид, ки аз бари растаҳои бозор ятиме савори барзагов мегузарад. Ин барзагов ягона моли шахсии ӯ буд. Писарак ҳар рӯз барзаговашро нағзакак нигоҳубину навозиш карда, ба он савор мешуду ба саҳро рафт, ки корҳои роҷаро иҷро кунад. Роҳи вай аз байни бозор мегузашт. Вай ин пагоҳӣ низ ба саҳро мерафт.


4 Вай аз байни бозору аз бари савдогароне мегузашт, ки харидоронро барои хариди молашон шавқманд мекарданд: — Бананҳои ширин! Бананҳои ширин барои онҳое, ки кисаҳояшон пури пул аст. — Табақу табақчаҳо! Пиёлаю кӯзаҳои беҳтарин! Чунин зарфҳои хубро надида нагузаред… Ятими говсавор мерафту суруд мехонд: Хуршед чун барояд, Даъват маро намояд: — Саҳар шуд, эй ҷӯраҷон, Бубро зи хона шодон! Ҳар субҳ обаки ҷӯй, Хонад суруди дилҷӯй. Ҳамвора мезанад ҷӯш: — Аввал, биё, маро нӯш! Дорад шамолак овоз: — Бинмо ба корат оғоз! Дар бозор фақат сартароши суханчин хомӯшу хап буд. Ӯ на суруд мехонду на гап мезад. Фақат гӯш мекард, ки мардум чӣ мегӯяд, то ки нарезондаву начаконда ба роҷа бирасонад. Сартарош дар охири бозор, дар зери соябони хасие ба одамони доро хидмат мекард. Вай ба гирду атроф менигаристу гӯш медод, ки чӣ ҳодиса рӯй медиҳад. Баъзан


5 чунон саргарми ин кор мешуд, ки вазифаи асосиашро фаромӯш мекард. Вай ҳозир риши савдогареро метарошиду ҳушаш банди ятимаки барзаговсавор буд. — Эй сартарош, оҳистатар! Ҳушёр бош, ки ҳамроҳи ришам сарамро набурӣ! — Эътироз карда савдогар. Сартарош гуфт: — Ман ҳушёрам, худи шумо меҷунбеду ба ҳар сӯ менигаред. Савдогар боз гуфт: — Ҳушёр бош, ки мӯйлабамро набурӣ. — Ҷаноб, ман ҳар пагоҳӣ ришу мӯйлаби роҷаи бузургро ба тартиб меорам. Ӯ ба шарофати ҳунармандии ман дар ин гирду атроф дорои ришу мӯйлаби зеботарин аст. Ҳамзамон вақти риштарошӣ ӯро ман бо хабарҳои наву тоза хурсанд мекунам ва то ҳол ягон тори ришу мӯйлабашро ноҷо набуридаам. Савдогар боз нороҳат шуда пурсид: — Ту ин қадар ба куҷо нигоҳ мекунӣ? Сартарош гуфт: — Ба он писараке, ки савори барзагов мегузарад. Чунин барзагови зеборо ман дар ҳеҷ ҷову ҳеҷ гоҳ надида будам… — Бале,— сухани сартарошро тасдиқ кард савдогар.— Дар тамоми мамлакат ҳеҷ кас мисли ин ятимак чунин барзагови зебо надорад. — Эй писар, ин барзагови туст? — Садо кард сартарош.


«Ман бо ин барзаговам дар сарҳро кор мекунам».


7 — Ҳа. Ман бо ин барзаговам дар саҳро кор мекунам. — Гӯш кун, барзаговатро ба ман деҳ. Дар ивазаш, вақте калон шавӣ, ман риши туро бепул метарошам. — Не, ман намехоҳам, ки ягон вақт ришамро шумо тарошед. — Барои чӣ? — Шумо дар бораи ман ба роҷа хабаркашӣ мекунед. Беҳтараш, вақте ки ман калон шавам, тамоман риш наметарошам. — Ҳой, ту бачаи нобакор! Ҳозир ман ба ту нишон медиҳам,— дод зад сартарош ва косачаи обдори дар дасташ бударо ба замин партофту афзуд.— Ҳой, барзагови ту бо думаш косачаи маро зада шикаст! Товонашро медиҳӣ! — Ту худат онро шикастӣ,— гуфт писарак.— Барзагови ман ҳеч гуноҳе надорад. — Ман ба ту нишон медиҳам, шумбача! Ман инро ҳамин тавр намегузорам. Худи ҳамин рӯз ба роҷа шикоят мекунам… Рӯзе роҷа ба шикор мерафт. Худписанду мағрур, савори аспи болопӯшаш тиллоӣ мерафту аз думболаш ҷаллоди якчашмаи шамшербадаст қадам мезад. Риши фахаки ҷаллод дар шамол алвонҷ мехӯрд ва як чашмаш аз зери саллааш атрофро назорат мекард. Аз думболаш надимон ҳаракат мекарданд: хушомадгӯёни дарбор ва сайёдон ғавғо бардошта, пеш-пеши худ палангони шикориро мебурданд. Аз думболи ҳама сартароши хашмин савори хар мерафту ҳеҷ наметавонист бар ба бари роҷа равад.


8 Якбора аз ҳар тараф садои нағора баланд шуд. Инҳо одамоне буданд, ки сайдҳоро тарсонда, аз лонаҳояшон берун мекарданд. Роҷа даст бардошт ва савораҳо аспҳояшонро нигоҳ доштанд. — Нигоҳ кунед! Оҳу! — Дод зад роҷа. — Дар куҷо? Ман онро намебинам! — гуфт ҷаллоди якчашма.— Роҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман сари ӯро аз танаш ҷудо бикунам. — Аблаҳ, ту фақат ҳунари каллабурӣ дорӣ. Дар шикор аз ту ягон суде нест. — Ман, ман ӯро мебинам роҷаи бузург. Ман ӯро мебинам. — Ана,— ӯ дар байни дарахтон. Сумҳои вай чӣ гуна ҷилло медиҳанд! Ба ман камонғӯлак ва тири оташинро диҳед. Ба пеш! — Роҷаи бузург, бинед, аз сумҳои вай тангаҳои тилло мепаранд! — Пул? — Пулакҳо! — Тилло! — Охир, ин оҳуи тиллост-ку! Ӯро ҳатман доштан лозим! Доред! — Бубинед, ӯ дар ҷангал гум шуд! — Ӯро иҳота кунед.


9 — Тозед! Тозед! Шумо оҳуро доред! Ман тангаҳои тиллоро ҷамъ мекунам. Як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт! — Сартарош навкаронро ба тарафи ҷангал раҳнамун карда, худаш шодона тангаҳоро ба ҳамёнаш ҷой мекард. Дар саҳро, дар наздикии ҷангал, ятимак кор мекард. Бо тамоми вазни худ испорро зер карда, барзаговашро ба пеш меронд. Садои нағораю шиҳаи аспонро шунида, истод. «Эҳтимол Роҷа боз ба шикор баромадааст», — андешид писарак. Дар ҳамин лаҳза аз даруни беша оҳуе тозон баромаду ӯро дида, аз тарс дар ҷояш шах шуд. — Натарс, оҳуҷон, ман сайёд нестам,— гуфт писарак.— Ман туро пинҳон мекунам. Биё, биё, натарс, охир! Ба сӯрохии ҳо он дарахти бузург нигар! Ковокӣ. Ту дар он ковокӣ бе малол меғунҷӣ ва сайёдон туро намебинанд… — Ин чист? — Тааҷҷуб кард писарак.— Ту аз сумҳоят тангаҳои тилло мепошӣ? Не, не, ба ман пул лозим нест. Ҳоло ман ин тангаҳои тиллоро ба тарафи ҳо, ана он буттаҳо, ҳаво медиҳам, ки сайёдон онҳоро набинанду ҳеҷ чизро пай набаранд. Зуд пинҳон шав! Ана ҳамин хел! Ман ҳозир бо шохҳо даҳони ин ковокиро мепӯшам ва туро ҳеҷ кас намебинад. — Эй бача! — Якбора садои воҳиманоке аз пушти сари писарак баланд шуд. Писарак ба қафо нигариста роҷаро дид ва беихтиёр нидо кард:


Сартарош гуфт: «Агар мехоҳӣ, ман ҳамаи ҳамин ҳамёни тангаҳоро ба ту медиҳам».


11 — Роҷаи бузург! — Аз ин ҷо оҳуе давида гузашт! — хитоб кард роҷа. Бигӯй, вай дар куҷо пинҳон шуд? — Оҳу? Оҳу ба он пайраҳа давида рафт. — Пас, барои чӣ изи вай дар ин ҷо тамом мешавад? — Ту маро фиреб медиҳӣ? — эътироз кард роҷа ва ҷаллодро фарёд кард. — Ҳой, ҷаллод. Ҷаллод ҳозир шуд: — Роҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман сари ӯро аз танаш ҷудо бикунам! — Не, ҷаллод, агар моро фиреб дода бошад, ман ӯро ба чанги палангон медиҳам. Атрофро аз назар гузаронед! — Амр кард роҷа. Касе аз надимон гуфт: — Роҷаи бузург, ӯ рост мегӯяд. Дар он пайроҳа, дар даруни бешаҳо, ман тангаҳои тилло ёфтам. — Ман сахтгирам, вале — одил. Барои он ки рост гуфтӣ, ман ба ту мукофот медиҳам! — Гуфт роҷа ва ба ҷаллод рӯ овард.— Ҷаллод, тангаҳои тиллоро ба ман бидеҳ. Чун ҷаллод тангаҳои ҷамъкардаашро ба ӯ дод, роҷа онҳоро гирифта, дар ҷайби худ андохт ва ба ятимак гуфт: — Ба ту, бача, ман ҳаётро ҳадя мекунам. — Акнун ба пеш! Ман бояд оҳуро дастгир бикунам, — ба навкаронаш фармон дод роҷа ва аз назар гум шуд.


12 — Рафтанд,— гуфт писарак ва нафаси озод кашид. Баъд ӯ ба назди оҳу омада гуфт: — Ту хеле тарсидӣ, бечораяк. Биё, акнун аз паноҳгоҳат баро. Сайёдон рафтанд. — Ташаккур, бародари хурдакаки ман! — Гуфт оҳу. — Ту гап зада метавонӣ? — Ҳайрон шуд писарак. — Бале, чунон ки мебиниву мешунавӣ,— гуфт оҳу ва афзуд: — Ту ҷони маро халос кардӣ. Ҳар вақте ки ба ту ёриву мададе лозим шавад, назди ман биё. — Ман туро аз куҷо меёбам? — Пурсид писарак. Оҳу гуфт: — Ту маро дар ҷангалзори дур, дар домани кӯҳи кӯзапушт меёбӣ. Дар он ҷо бамбукҳои сабз паст-паст садо мебароранд: «кеш-меш», «кеш-меш». Дар он ҷо дарахти олу мерӯяд. Дар он ҷо дувоздаҳ хирсак ҷастухезу бозӣ карда «ҳо-ҳо», «ҳӣҳӣ» гуфта, овоз мебароранд. Ва ҳар гоҳ, ки аз дарахт барге меафтад, сию панҷ паланг ҷамъ мешавад, ки ин манзараро тамошо бикунад. Ҳар вақт ки ба мушкилие гирифтор шавӣ, бародари хурдакакам, ба он ҷо биё. — Ташаккур хоҳарам оҳу. Ман меоям… — Дор! Дор! Маҳкам дор ӯро! — Якбора овози сартарош, ки аз навкарон қафо монда буд, баланд шуд. Вай дид, ки писарак бо оҳуи тиллоӣ гап мезанад, овоз баланд кард ва


13 харашро дашном дод.— Хари аблаҳ! Ҳар гоҳ ки давидан лозим бошад, ӯ фақат саркашиву сустравӣ мекунад! Сартарош ба писарак хитоб кард, ки оҳуро сахттар дорад. — Гурез, гурез хоҳарам, оҳу! Тезтар! — Гуфт писарак. — Хайр, бародари хурдакаки ман, — гуфт оҳу ва аз назар ғоиб шуд. — Ҳа, ин туӣ, бачаи якрав? Барои чӣ ӯро сар додӣ? — Гуфт сартарош. — Ман аз ту тарсидам, сартарош. — Дурӯғ нагӯй! Беҳтараш, бигӯй, ки оҳу ба куҷо рафт, вагарна, аҳволат бад мешавад. Писарак гуфт: — Бе ин ҳам аҳволи ман бад аст. Охир, ман ятимам. — Ҳеҷ гап не. Гӯш бикун, ятимак ба ман бигӯй, ки оҳуи тиллоӣ ба куҷо гурехт? Боз нагӯй, ки намедонӣ. Ман дидам, ки чӣ хел шумо мисли дӯстони дерин дар оғӯши якдигар будед. Хайр, гап зан. Дар ивазаш зараре, ки барзагови ту ба ман расонд, яъне косачаи маро шикаст, туро мебахшам. Бигӯй, ятимак ман ба ту тангаи тилло медиҳам — гуфт сартарош. — Ба ман тангаи ту лозим нест,— гуфт ятимак. Сартарош гуфт: — Агар мехоҳӣ, ман ҳамаи ҳамин ҳамёни тангаҳоро ба ту медиҳам. Писарак гуфт:


14 — Чун барои ман як танга ҳам лозим набошад, ҳамаи ин тангаҳо чӣ даркор? Сартароши ғазабнок гуфт: — Ҳа! Ту фикр мекунӣ, ки оҳу ба ту бештар медиҳад? Беҳтараш бигӯй, ки ӯро аз қуҷо пайдо кардан мумкин аст! Гап зан! Боз ту ба ҳоли ман механдӣ?! — Ман не. Маймунҳо дар болои дарахтон механданд. — Ҳоло ин лаънатиҳо ҳам тарафдори туанд? Исто! — сартарош аз дасти писарак маҳкам дошт. — Сар деҳ маро! Сар деҳ! — Писарак дод зад. — Ана, ба даст афтодӣ. Акнун ба ҳеҷ куҷо намеравӣ! — Гуфт сартарош.— Маймунҳои лаънатӣ бо меваҳои какос маро мезананд! Вой дод! Ман инро ин хел намегузорам. Ман аз болои шумо ба худи роҷа шикоят мекунам… Чун роҷа баъди шикори нобарор ба қасраш баргашт, бисёр маъюсу хашмгин буд. Ӯ фақат дар бораи оҳуи тиллоӣ, ки муфт аз дасташ халос хӯрд, фикр мекард ва нимшунаво худ ба худ мегуфт: — Ҳамаи роҷаҳо ягон чизи аҷоиб доранд.— Роҷаи Шимол аспи чӯбие дорад, ки парвоз мекунад. Ҳамсари роҷаи Ҷануб метавонад ба паранда табдил ёбад. Ҳатто роҷаи Ғарб чӯбаки сеҳрноке дорад, ки бо ҷунбондани он таомҳои бомаза пайдо мешаванд. Дар бораи роҷаи Шарқ ҳоҷати гап ҳам нест. Ӯ филе дорад, ки ҷавоби як лашкарро медиҳад. Не, албатта, ман ҳам метавонистам соҳиби ин оҳуи тиллоӣ бошам ва сарвати


15 бештарро соҳиб гардам, вале оҳу ба ҷангал гурехт… Хуб, оҳуи маро, кӣ раҳо карда бошад? — Кӣ оҳуро раҳонид? Роҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман сарашро аз тан ҷудо бикунам! — дод зад ҷаллод. — Кӣ оҳуро раҳонид? — Кӣ оҳуро раҳонид? — навкарон низ садо бароварданд. — Даматро гир, ҷаллоди беақл! — гуфт роҷа. — Роҷаи бузург,— ногоҳ овози тамаллуқкоронаи сартарош баланд шуд. Дар деҳа писараке зиндагӣ мекунад. Ӯ ятим аст. Ҳамоне ки шумо дар ҷангал вохӯрдеду ҳадяи шоистае барояш ато кардед. — Ман ба писарак чӣ ҳадя кардам? — Ҳайрон шуд роҷа. — Оҳ, роҷаи бузург, Шумо ба ӯ ҳаёт ҳадя кардед. — Ҳа, бале, бале, ман ба ятим мукофоти арзандае бахшидам. Хуб, баъд чӣ? — Ин писар метавонад оҳуро ёбад! — гуфт сартарош. — Писарак метавонад оҳуро ёбад? — тааҷҷуб кард роҷа. — Метавонад, роҷаи бузург, метавонад! — Гуфт сатарош. — Ту маро фиреб намедиҳӣ, сартарош? — Роҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман… боз сари ягон касро аз тан ҷудо бикунам,— гуфт ҷаллод. — Даҳонатро пӯш, ҷаллод! — амр дод роҷа ва ба сарвари муҳофизони худ рӯ овард: — Сардор!


16 — Гӯш мекунам! — Гуфт сармуҳофиз. — Ба сартарош ду сарбоз бидеҳ. — Итоат! — Сартарош, ин ду сарбозро бо худ бигиру писаракро биёр! — Амр кард роҷа. — Писаракро биёред! — Писаракро ба назди роҷа биёред! — Дод заданд навкарон. — Ман ӯро ҷазо медиҳам! — гуфт роҷа. — Роҷа писаракро ҷазо медиҳад! — Роҷа писаракро ҷазо медиҳад! — навкарон нидо мекарданд. — Онҳо ҳоло сухани худро тамом накарда буданд, ки сарбозон писаракро ба пеши пойи роҷа ҳаво доданд. — Роҷаи бузург,— ба ҳокими бадхашм муроҷиат кард, писарак. — Хомӯш! — Сартарош сухани ӯро бурид.— Ҳозир роҷа барои кирдори бадат туро ҷазо медиҳад! — Хуб ки бошад,— бо виқор гуфт роҷа.— Гуноҳи якуми ту ин аст, ки барзагови ту косачаи сартароши беҳтарини маро шикаст. — Бале, бале,— сар ҷунбонд сартарош. — Дуюм ин, ки… Дуюмаш чӣ буд? — Ӯ ба ман дар ҷангал мисли паланги хунхор ҳуҷум кард! — гуфт сартарош.


17 — Ӯ дурӯғ мегӯяд. Ӯ буд, ки …— худро ҳимоя карданӣ шуд писарак. — Хомӯш! Дуюм ин, ки шахси муътабарро задӣ… ва барои ин гуноҳат ҳам ҷазоятро мебинӣ. — Роҷаи бузург, иҷозат диҳед ман… — ба гап ҳамроҳ шуд ҷаллод. — Сабр бикун, ҷаллод! Писарак ҷарима медиҳад,— гуфт роҷа ва ба ятимак муроҷиат кард: — Писарак, ту бояд даҳ тангаи тилло бидиҳӣ. — Ба ман! Ба ман,— тангаҳои тилло?! — Хурсанд шуд сартарош. — Не, сартароши муҳтарам, ҷаримаро ҳамеша роҷа мегирад,— тамасхур зад роҷа.— Ту ҳаққи худатро пешакӣ гирифтаӣ. Ман вараму сиёҳу кабуд шудани баданатро, дар назар дорам. — Роҷаи бузург, охир, ман ҳеҷ чиз надорам, ки диҳам. Ман ба ғайр аз як барзагов чизе надорам,— арзи бечорагӣ кард кӯдак. — Хуб, ҳамон барзаговатро медиҳӣ,— ба миёни гап даромад сартарош. — Барзагов барои як косача? — тарсону ҳаросон пурсид кӯдак. — Не, барзагов барои як косача, фикр мекунам, бисёр аст,— бо тамкин суханашро давои дод роҷа ва ба ҷаллод рӯй


«Писарак, ту бояд даҳ тангаи тилло бидиҳӣ»,— гуфт роҷа.


19 овард: — Ҷаллод, ду пойи ақиби барзаговро бибур! Барои ҷуброни як косача ду пойи барзагов бас аст. — Оҳ, роҷаи бузург, аз ман чизе мехоҳӣ, талаб бикун, фақат бигузор, ки барзагови ман зинда монад,— зорӣ кард ятимак. — Хуб. Ман раҳмдилам. Амр мекунам, агар то баромадани офтоб ту ба ман даҳ тангаи тилло наорӣ, сартарош ду пойи барзаговро соҳиб мегардаду боқимондааш аз ман мешавад. — Бирав! — дод зад роҷа бо тамоми овоз ва ба сартарош гуфт: — Ту, сартарош, аз думболи ӯ меравӣ. Ӯ барои пул ба назди оҳу меравад ва мо мефаҳмем, ки макони оҳу куҷост. — Итоат, роҷаи бузург,— гуфт сартарош ва пинҳонӣ аз думболи писарак равон шуд. Ятимак ғамгину сархам дар кӯчаҳои пурчанги деҳа қадам мезад. Қасри бошукӯҳи роҷа, ки дар он ҷо посбонон ҳушёрона барзагови ӯ — ягона дӯст ва хӯронандаву пӯшонандаашро посбонӣ мекарданд, дар паси сар монд. Барзаговро дар қафаси калони мустаҳкам, ки дар дараш қулфи калону вазнин овезон буд, нигоҳ медоштанд. Ятимак намедонист, ки дӯсти худро чӣ гуна озод бикунад. Ӯ ягон хешу табор ҳам надошт. Бинобар ин ба хулосае омад, ки аз оҳу мадад пурсад. Роҳи ӯ аз байни деҳа мегузашт. Одамон ғамхори ӯ буданд. Кӯшиш мекарданд, ки аз рӯйи имкон ба ӯ ёрӣ расонанд.


20 — Салом, майдаяк,— ҳамсояи кулолиаш ба ӯ муроҷиат кард.— Ман аз мусибати ту бохабарам. Бароят чӣ коре бикунам? — Ташаккур барои ғамхорӣ, амаки кулолӣ. Худам аз уҳдааш мебароям — гуфт писарак. — Эй ҳамсоя,— кулолӣ ба зани роҳгузаре рӯй овард. — Ба ту чӣ лозим аст, кулолӣ? — Пурсид зан. — Ин кӯзаро ман ба қарибӣ сохтам. Ба он камтар шир андоз, ки тӯшаи роҳи ин майдаяк бошад,— гуфт кулолӣ ва кӯзаро ба ҳамсоязан дароз кард. — Оҳ! Бо ҷону дил! — Ба ятимак нигариста ҷавоб дод зан.— Инро бо худ бигир, хурдакак, дар роҳ ба ту даркор мешавад. — Ташаккур, холаҷон. То дидор! — Роҳи сафед, майдаяк! Писарак барои ёфтани оҳу роҳашро давом дод. Ӯ ба даруни ҷангал даромада, хеле роҳ рафт, то ки пайроҳа гум шуд. Беша торафт анбӯҳтар мешуд. Дар торикӣ писарак бар решаҳои дарахтоне, ки мисли мор дар пеши роҳаш печида буданд, пешпо мехӯрд. Шохаи дарахтон гӯё аз китфаш кашида, ӯро пеш рафтан намегузоштанд. Ятимак аз ҳамаи ин монеаҳо гузашта, пеш мерафт. Аз думболи писарак сартароши маккор тарсону ларзон ба атроф нигоҳ карда, аз паси як дарахт ба паси дарахти дигар гузашта, равон буд. Писарак ногоҳ аз рафтан бозмонду ба боло нигоҳ кард:


21 — Парандаи хурдакак, чаро ин қадар фиғон мекашӣ? — Пурсид ӯ аз парандаи саҳархез.— Оё ба чӯҷаҳоят ягон ҳодиса шуд? Ин қадар ғавғо мекуниву ман чизе намефаҳмам. Чӣ? Мор? Ба лонаи ту мор медарояд? Биё, тезтар ба он ҷо равем. Ман ёрӣ медиҳам.— Гуфт писарак. — Беақл! — пичирос зад сартарош аз пушти дарахте.— Ҳозир ӯро мор мегазад ва ман ҳеҷ гоҳ макони оҳуро ёфта наметавонам! — Мурғаки саҳархез писаракро назди лонааш овард. — Чӯҷаҳоро нарас,— хоҳиш кард писарак аз мори хунхор.— Ба чӯҷаҳо нарас! Ман ба ба ту ана ин шири бомазаро медиҳам. Нигоҳ бикун, ман аз барг косача сохта ба он шир мерезам ва ту онро мехурӣ. Хоҳиш мекунам, чӯҷаҳоро нахӯр. Мана, шир! Бинӯш! Бӯйи шири тозаро ҳис карда, мор чӯҷаҳоро гузошту ширро хӯрд. — Ташаккур, бародари азиз, ту чӯҷаҳои маро наҷот додӣ,— миннатдорӣ кард паранда ва пурсид: — Барои чӣ дар ин бевақтӣ ба ҷангал омадӣ? — Ман оҳуи тиллоиро мекобам. Шояд ту роҳи Кӯҳи кузапуштро медонӣ? — Медонам. Аз қафои ман биё. Ман ин роҳро ба ту нишон медиҳам,— гуфт паранда. — Ташаккур,— изҳори хурсандӣ кард писарак ва муддате аз паси парандаи раҳнамо равон шуд.


« Аз қафои ман биё. Ман ин роҳро ба ту нишон медиҳам»,— гуфт паранда.


23 — Ҳо, ана, дар он наздикӣ Кӯҳи кӯзапушт ҷойгир аст. Оҳуи тиллоӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Ин роҳ туро ба он ҷо мебарад. Хайр, бародар, ман ба назди чӯҷаҳоям меравам. — Ташаккур ба ту, мурғаки саҳархез! Парвоз бикун, роҳи сафед! — дастафшон гуфт писарак. Ӯ бо паранда хайрухуш карду ба роҳаш нигарист ва қариб буд, ки ба чуқурӣ афтад. — Ин чист? Чуқурӣ? Касе ба ин дом афтидааст? Ҳозир мебинем,— гуфт ӯ ва ба чуқурӣ нигарист ва беихтиёр фарёд кард. — Охир, инҳо палангчаҳоянд ку? Инҳо тамоман хурдакаканд! Гиря накунед, ман ҳозир шуморо халос мекунам. Ана, ба ин шохи дарахт часпида берун бароед. Офарин! Акнун — ту! Боз андаки дигар, боз, боз! Ту ҳам, майдаяк, сахтакак ба шох часп, ман туро мебарорам. Боҷуръатак бош, майдаяк! Ана, ҳама дар як ҷо. Оҳо, шумо овоз мебароред? Ҳушёр бошед, дигар ба чуқурӣ наафтед. Вой, модарпаланг! — Тарсид писарак. — Модарпаланг! — Аз пушти дарахт сар бароварда бо тарс гуфт сартарош.— Ҳозир ӯ писарак ва баъд маро мехӯрад! Зуд ба қаср баргаштан лозим! Писарак мурд! Ба ҷониби қаср! — Гуфт хабаркаши тарсу ва ба қафо давид. Модарпаланг ба назди писарак омаду бо миннатдорӣ сар хам карду гуфт: — Ташаккур, бародари хурдакак! Ту чӣ хел шабона танҳо дар ҷангал пайдо шудӣ?


24 — Ман оҳуи тиллоиро мекобам,— гуфт писарак ба модарпаланг.— Ман бояд ба домани кӯҳи кӯзапушт равам. — Ба пушти ман савор бишав, ман туро дар як дам ба он ҷо мерасонам. Писарак ба пушти модарпаланг савор шуду вай бо якчанд ҷаҳиш ӯро ба домани кӯҳи кӯзапушт овард. — Хайр, бародари хурдакак,— гуфт ӯ.— Давоми роҳро худат танҳо бирав. Писарак хурсандона ба модарпаланг таъзим карду ба атроф нигариста дод зад. — Кӯҳи кӯзапушт! Ана он! Ана бамбукҳои сабз! Хирсакҳо ва олуи ҷангалӣ! Оҳу! Оҳу! Хоҳаракам оҳу! Ту дар куҷоӣ? — Салом, бародарам! — Аз болои харсангҳои осмонбӯс поин омада, ба ӯ ҷавоб дод оҳуи тиллоӣ. — Ман бисёр хурсандам, ки туро ёфтам! — Гуфт писарак. — Чӣ ҳодиса рӯй дод, бародари хурдакак? Ту гиря мекунӣ? Хайр, гиря накун, гиря накун. Мусибати ба сарат омадаро бигӯй. — Агар ман ба роҷа то баромадани офтоб даҳ тангаи тиллоӣ набарам, ӯ барзагови маро мекушад. — Хайр, ман дар ҳалли ин мушкилӣ ба ту ёрӣ медиҳам. Ана! Ана, ин тангаҳо! — Ташаккур, хоҳарам, оҳу! Ман медонистам, ки ту ба ман ёрӣ медиҳӣ!


25 — Гӯш кун, бародари хурдакак! Ба назди роҷа барнагард, дар ҷангал бимон! — Гуфт оҳу. — Не хоҳарам, оҳу! Ман дар ин ҷо монда наметавонам. Охир, ман бояд барзагови худро халос бикунам. То баромадани офтоб ин тангаҳоро ба роҷа доданам лозим. Ман бояд ҳар чӣ зудтар биравам. — Охир, ту дар муҳлати таъйиншуда ба манзил расида наметавонӣ… Хуб, ба пушти ман савор бишав, ман туро зуд мерасонам. — Ташаккур, хоҳарам! — Сабр кун, бародар! Ана аз ин бамбук най бисоз. Агар ман ба ту лозим шавам, се бор ин найро бинавоз ва ман пайдо мешавам.— Гуфт оҳу. — Ташаккур, хоҳарам оҳу! — Акнун маҳкам бидор! Дар як лаҳза шамоли сахте бархост. Бамбукҳо садо бароварданд, шохи дарахтон ба ҷунбиш даромаданд. Оҳу то қаср сар-сари дарахтони ҷангал парида омад. Вақте ки сартарош тарсону ларзон ба қасри роҷа баргашт, аллакай моҳ равшанӣ мекард. Вай бо забони гирифта ба роҷа нақл кард, ки чӣ гуна аз пайи писарак мерафт ва ҳатман макони оҳуро меёфт, агар модарпаланги бадхашм пайдо намешуд.


26 — Вай ба писарак ҳуҷум карда, ӯро дар пеши чашмам пора-пора кард…— сартарош ҳоло нақлашро ба анҷом нарасонда, садои даркӯбӣ баланд шуд. — Кист он ҷо? Монед, дарояд! — Амр кард роҷа. — Ин манам, роҷаи бузург! Ана, он чӣ ки ту талаб кардӣ,— гуфт ятимак ва ба ӯ тангаҳоро дароз кард.— Акнун барзагови маро медиҳӣ? — Албатта, гуфт роҷа.— Ман медонам, ин тангаҳоро ба ту кӣ додааст. Агар ту нагӯйӣ, ки оҳуи тиллоӣ дар куҷост, ҷаллоди ман саратро аз танат ҷудо мекунад. — Роҷаи бузург, иҷозат диҳед…— ҷаллоди хоболуд ба гап ҳамроҳ шуд. — Оҳ, роҷаи бузург, ту оё намедонӣ, ки дӯстонро намефурӯшанд? Не, ман намегӯям, ки оҳу дар куҷост,— бо ифтихор ҷавоб дод писарак. — Намегӯйӣ? — Намегӯям. — Майлаш, писарак, ки якравӣ мекунад, сарашро аз тан ҷудо кунед! — Амр кард роҷа. — Хайрият,— хурсанд шуд ҷаллод. — Истед! Ӯ кадом, як найро дар бағалаш пинҳон мекунад. Эҳтимол, ин сирре дошта бошад! — дод зад сартароши маккор ва чолокона онро аз бағали писарак кашида гирифт. — Ин най аз они ман аст! Баргардон! — дод зад писарак.


27 — Найро ба ман бидеҳ,— гуфт роҷа ва ӯ найро гирифта навохт ва ҳамон лаҳза дар қаср оҳуи тиллоӣ пайдо шуд. — Ту маро даъват кардӣ, бародари хурдакаки ман? — Гуфт оҳу. — Оҳуи тиллоӣ…— оҳиста ва бо тааҷҷуб пичирос зад роҷа. — Инҳо туро фиреб карданд, Оҳу! Гурез аз ин ҷо! Зудтар гурез! — дод зад писарак ба тарафи вай. Роҷа гуфт: — Ҷаллод, ман ин писаракро ба қатл ҳукм мекунам! — Ман — тайёр! — пеш омад ҷаллод. Роҷа ба оҳу нигарист: — Мешунавӣ, оҳу? — Ту аз ӯ чӣ мехоҳӣ? — Пурсид оҳу. — Тилло! Тиллои бисёр. — Писаракро сар бидеҳ! Бигзор, аз ин ҷо биравад! — гуфт оҳу. — Посбон, бигзор, писарак равад,— амр кард роҷа.— оҳу ин ҷост… — Рав, бародари хурдакак! Аз хеҷ чиз натарс, гуфт оҳу. — Ман бе ту ба ҳеҷ куҷо намеравам,— гуфт писарак. — Аз ман парешон нашав, бародари хурдакак. Инҳо ба ман осебе расонда наметавонанд.— гуфт оҳу ва ба роҷа рӯй овард: — Ба ту чӣ қадар тилло лозим аст, роҷаи бузург? — Бисёр. Хеле бисёр,— ба изтироб омад роҷа.


Боз! Боз! Бисёртар! Ман мехоҳам роҷаи бойтарини олам бошам. Ана тиллоҳои ман!


29 — Агар аз ҳад зиёд шавад-чӣ? — пурсид оҳу. — Ҳайвони беақл! Тилло хеҷ гоҳ аз ҳад зиёд намешавад,— гуфт роҷа. — Хуб. Фақат дониста бош: агар ту маро нигоҳ дорию гӯйӣ, ки «Бас аст», тамоми тиллоҳо ба сафолакҳо табдил меёбанд! — Оҳу инро гуфту сум бар замин кӯфт ва аз зери сумҳояш ба ҳар сӯ тангаҳои тилло паридан гирифтанд. — Тилло! — Пул! — Тилло! — аз ҳар тараф навкарони роҷаи хасис бо изтиробу ҳайрат фарёд мезаданд… — Ана онҳо! Боз! Боз! Бисёртар! Ман мехоҳам роҷаи бойтарини олам бошам. Оҳу, боз тилло! Ана тиллоҳои ман! — Дод мезад роҷа. Тилло ҳамоно аз зери сумҳои оҳу мепарид ва ба зудӣ атрофро пур карда, то шифти қаср расид. Тилло чунон бисёр шуд, ки чизи дигаре дида ва ҳатто дигар нафас ҳам кашида намешуд. — Аз ҳад зиёд шуд. Тилло тамоми қасрро пур кард. «Бас… лабони роҷаи хасис каҷ шуд, қариб буд, ки ин калимаро ба забон орад. Лекин ӯ ба писарак муроҷиат кард: — Эй писарак, ба оҳуи худ амр бикун, ки биистад. Писарак гуфт: — Инро худат бигӯй, роҷаи бузург!


— Не, ман гуфта наметавонам! Агар бигӯям, ҳамаи ин тиллоҳо ба сафолак табдил меёбанд! Гӯш кун, писарак, барзагови худро бигир, нисфи молу мулки маро ҳам бигир, фақат ба оҳуи худ бигуй, ки биистад. Раҳм бикун… Ниҳоят, роҷа дар зери тилло монд, нафастанг шуд ва ноилоҷ худаш фиғон кашид: — Оҳу! Ёрӣ диҳед! Наҷот диҳед! Бас аст! Бас аст! Бас аст! Чун ин калимаҳои сеҳрнок, аз забони роҷа садо доданд, тамоми тангаҳои тиллои ӯ ба сафолакҳои гилин табдил ёфтанд. — Ин чист?! — Бо ҳарос дод зад роҷа.— Тангаҳои тилло ба сафолак табдил ёфтанд! Ҳамаи тиллоҳо! Ман гадоям, гадо! Ёрӣ диҳед! — Худат худро наҷот бидеҳ, вагарна, ман сари туро аз танат ҷудо мекунам,— бо тамасхур гуфт ҷаллод бо ҳокими пештарааш. — Мо акнун ба хидмати роҷаи дигар меравем,— ӯро дастгирӣ кард сартарош ва ҳар ду аз дарбор бадар рафтанд. — Биё, мо ҳам меравем, бародари хурдакаки ман! Мо бояд барзагови туро ҳам халос бикунем — гуфт оҳу. — Биё, меравем, хоҳарам оҳу, — сар ҷунбонд писарак… Онҳо қуфли панҷараро кушода, барзаговро озод карданд. Писарак дӯстони содиқи худро гарм ба оғӯш гирифт, ҳар се дар зери шуоъҳои тиллоии офтоби субҳидам аз дарбор ба манзилҳои худ равон шуданд. 30


Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ Оҳуи тиллоӣ (Афсонаи ҳиндӣ) Тарҷумаи Абдуҷаббор Алиев Рассом — Бахтиёр Қаҳоров Муҳарририрон: Ҷӯра Ҳошимӣ, Комилзода Аҳмадшоҳ Мушовир — Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 70×90/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 2. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3.


Афсонаи «Оҳуи тиллоӣ» дар бораи писараки ҳинду қисса мекунад. Вай хеле камбағал, вале ниҳоят меҳрубону дилсӯз буд. Аз рӯйи мазмуни афсона як одами бой, ки онро дар Ҳиндустон роҷа мегӯянд, ба шикор меравад. Ногаҳон дар миёни буттаҳо оҳуеро мебинад, ки сумҳои тиллоӣ дошт. Роҷа ба хидматгоронаш амр медиҳад, ки оҳуро дошта гиранд. Раҳми писарак меояду оҳуро пинҳон мекунад. Давоми афсона бисёр шавқовар аст. Афсона дар бораи некӣ ба одамону ҷонварон ҳикоят мекунад. КИТОБ РОЙГОН ДАСТРАС КАРДА МЕШАВАД


Click to View FlipBook Version