Ҳикояҳои хурд Ҳикояҳои хурд Лев Толстой
Лев Толстой Душанбе — 2023 Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод
ТБК 84Р1-44+83.8+74.200 Т68 Толстой, Лев Николаевич Т68 Ҳикояҳои хурд/ Лев Толстой; тарҷ. С. Аҳмадзод; рас. А. Абдуллоев — Душанбе: «Нашриёти муосир», 2023.— 32 с. ISBN 978-99985-888-4-4 Бо хондани ин китоб Шумо бо ҳикояҳои хурди нависандаи бузург Лев Николаевич Толстой шинос мешавед. Дар ҳикояҳо дар бораи рафторҳои дурусту нодуруст, некиву бадӣ, умуман аз ҳаёти кӯдакони ҳамон даврон нақл карда мешавад. Ин ҳикояҳо хеле кӯтоҳанд ва барои равону бурро хондан ёрӣ мерасонанд. ТБК 84Р1-44+83.8+74.200 ISBN 978-99985-888-4-4
3 Гурба дастҳояшро зери сар гузошта, рӯйи бом мехобид. Мурғаке парида омаду ба наздаш нишаст. «Наздик нашин, мурғак, гурбаҳо маккоранд». Варя саъвае дошт. Он дар қафас буд ва ягон бор намехонд. Варя, назди саъва омада, гуфт: — Бихон, саъваҷон. — Аз қафас озодам бикун, тамоми рӯз мехонам. Як мурғак дар шохи дарахте лона сохт. Бачаҳо лонаро ёфтанду ба замин фароварданд. Бубин, Вася, се чӯҷаяк! Вақте ки пагоҳӣ бачаҳо омаданд, лона холӣ буд. Афсӯс.
4 Пагоҳӣ Катя занбӯруғчинӣ рафт ва Машаро ҳамроҳ гирифт. Маша майдаяк буд. Аз сари роҳашон дарёчае баромад. Катя, ҷӯробҳояшро кашида, Машаро пуштора карду ба об даромад. — Нағз бишин, Маша, лекин гарданамро фишор надеҳ. Дастаконатро бигир, ки нафасам танг шуд. Ҳамин тавр, Катя Машаро аз об гузаронд. Миша чана дошт. Маша ва Петя ба чанаи ӯ нишастанд. «Чанаро бикаш, Миша». Вале зӯри Миша нарасид. Ба Катя собун доданд. Вай рӯю гарданашро шуст. Рӯю гардан ва дастони Катя сап-сафед шуданд.
5
6 Бачаҳо, ба беша рафта, як сабад занбӯруғ чиданд. Ба марғзоре омада, рӯйи ғарамҳои алаф нишастанду занбӯруғҳояшонро ҳисоб карданд. Ҳамин вақт аз паси буттаҳо овози гург ба гӯш расид. Бачаҳо занбӯруғчиниро фаромӯш карданд ва занбӯруғҳои чидаашонро ҳам дар рӯйи алафҳо партофта, сӯйи хонаҳояшон давиданд. Настя лухтаке дошт. Онро «духтарам» мегуфт. Модар ҳама чизеро, ки барои лухтаки Настя лозим буд, ба ӯ дод. Лухтак доман ҳам дошту нимкурта ҳам, рӯмолча ҳам дошту ҷӯроб ҳам, ҳатто шонаву чӯткаву марҷон ҳам дошт.
7
8 Малла бо сагчаҳояш дар рӯйи ҳавлӣ зиндагӣ мекард. Боре Малла ба куҷое рафту бачаҳо як сагчаро гирифта, ба болои бухорӣ монданд. Малла баргашта, як бачаашро наёфту дар назди бухорӣ хеле нолид. Бачаҳо сагчаро фуроварда ба Малла доданд. Малла, сагчаашро бо дандонҳояш бардошта, ба хоначааш бурд. Настя аз мактаб баргашт. Дар хона модараш танҳо буд. Настя ба паси миз нишаста, афсонаеро хонд. Модарааш хурсанд шуд. Акнун худам афсонаро аз китоб пурра хонда метавонам, ин бароям душвор нест.
9
10 Груша лухтак надошт, барои ҳамин аз каҳбеда бандинае бофту лухтаки худ кард ва номашро Маша монд. Вай Машаро оғӯш карда, мегуфт: — Бихоб, Маша! Хоби хуш, духтарам! Алла, ҷонам, аллаё! Таня ҳарфҳоро медонист. Вай китобу лухтакашро ба даст гирифт ва китобро ба лухтак дода, худашро муаллима тасаввур кард. — Бихон, лухтакҷон! Ин «А», инаш «Б». Ҳарфҳоро бишносу фаромӯш накун.
11 Саге бо номи Жучка бо гурба ҷанҷол кард. Гурба чизе мехӯрд, ки Жучка омад. Гурба ба бинии Жучка чанг зад, Жучка ба думи гурба часпид. Гурба ба чашми Жучка панҷа зад, Жучка ба гардани Гурба. Холае, сатили об дар даст, аз он ҷо мегузашт, сатили обашро ба рӯйи ҳардуяш холӣ карду рафт. Бисёр тарсончак буд Саша. Боре садои раъду барқ баромад. Саша ба ҷевон даромад. Даруни ҷевон торику дилгир буд. Саша намедонист, ки раъду барқ тамом шудааст ё не. Тарсончак ки ҳастӣ, дар ҷевон бишин, Саша.
12 Бачаҳо рӯйи алафҳо хорпуштеро диданд. — Бо дастат бигир онро, Вася. — Хорҳояш ба дастам мехаланд. — Каллапӯшатро ба замин бимон, ман хорпуштро ба даруни он меғелонам. Каллапӯш хурд буду хорпушт дар он нагунҷид. Бачаҳо, хорпуштро ба ҳоли худаш монда, рафтанд. Саге бо номи Жучка устухонеро бардошта, аз рӯйи пул мегузашт. Баногоҳ сояи худро дар об дид. Гумон кард, ки дар об соя неву Сагчае дар даст устухон дорад. Устухони даҳони худро раҳо кард, то устухони даҳони сагчаи даруни обро бигирад. Аз ин мондаву аз он ронда шуд.
13
14 Бачаяк машғули бозӣ буд. Ногаҳон косаи гаронбаҳоеро афтонда шикаст. Касе инро надид. Падар, аз кор баргашта, пурсид: — Косаро кӣ шикаст? Бачаяк, аз тарс ларзида, гуфт: — Ман. Падар гуфт: — Офарин, ки росташро гуфтӣ. Миша ба ҷангал рафт. Дар назди як дарахти булут занбӯруғеро дид. Пир шуда буд занбӯруғ, аз ин рӯ, касе онро намечид. Вале Миша хурсанд шуду занбӯруғро канда ба хонаашон бурд. Занбӯруғро бинед, баҳо надорад. Аммо занбӯруғ пӯсида буду касе онро нахӯрд.
15
16 Петяву Миша аспе доштанд. Боре баҳс карданд, ки асп аз кадомашон аст ва ҳар кадом онро ба сӯйи худ кашид. — Бидеҳ, асп аз ман аст! — Не, ту бидеҳ, асп аз ту не, аз ман аст! Модарашон омаду аспро бурд ва он аз касе нашуд. Дугонаҳояш назди Маша чойнӯшӣ омаданд. Машаи соҳибхона, чойникро ба назди худ гирифта, онҳоро меҳмондорӣ карданӣ шуд. Лекин соҳибхона хурдакак буду дастаи чойник сӯзон. Маша чойникро афтонда шикаст ва қариб дасту пои худ ва дигаронро месӯзонд.
17 Бобо дар соҳили дарё зиндагӣ мекард. Ӯ як заврақ ва тӯри моҳигирӣ дошт. Набераҳояш Гриша ҳафтсола ва Петя панҷсола буданд. Боре онҳо саҳари барвақт ба лаби дарё рафтанд. Медонистанд, ки бобояшон ба дарё тӯр партофтааст. Гриша дар сари заврақ нишасту Петя белҳои онро ба даст гирифт. Хеле дар дарё гаштанду надонистанд, ки тӯр дар куҷост; оқибат онро ёфтанд ва моҳиҳояшро барои бобояшон бурданд. Бачаҳо чанд ҷӯяк зироат доштанд. Боре ба ҷӯякҳояшон як гала хук ҳуҷум кард. — Бачаҳо, шитоб кунед! Жучкаро сар диҳед! — Биҷак, Жучка, харобкоронро аз кишти мо бирон!
18 Ман шаш мурғ дорам ва ҳар саҳар донашон медиҳам. Мегӯям: «ту-ту» ва донаҳоро ба замину рӯйи мурғон мерезам. Зимистон ҳукм меронд. Барф зиёд буд. Бачаҳо аз барф лухтак сохтанд. Дастаконашон хунук хӯрда бошад ҳам, лухтаки зебое пайдо шуд. Дар даҳонакаш — найча, чашмаконаш аз лахча. Замин пур аз барф асту шохи дарахтон пур аз шӯшаҳои овезон. Чанаро зудтар бигир. Бишин ба он, битоз сӯйи кӯҳсорон ва аз чанасаворӣ лаззат бибар. Бобо дар хона дилгир шуд. Набераякаш омада, барояш суруд хонд.
19
20 Момое як набера дошт. Пештар набера хурдакак буду фақат мехобид, момо барои наберааш мепӯхту мерӯфт, мешусту медӯхт, мересиду мебофид; баъд момо пир шуду рӯйи бухорӣ дароз кашид ва дигар рӯзи дароз мехобид. Акнун набера мепухту мешуст, медӯхту мерӯфт, мересиду мебофид барои момо. Ёд дорам, ки хурд будам, холаам латтаву сӯзану риштаам дод. Ман барои худам сумка дӯхтам. Сумка безеб буд, лекин ман шод будам, ки онро худам дӯхтаам. Очаҷон, риштаам бихар, барои холаам ҷӯроб мебофам. Ҷӯробҳояшон куҳна шудаанд, пойҳояшон метобанд.
21 Пире дарахти себ мешинонд. Ба ӯ гуфтанд: — Чӣ лозим ба ту ин дарахти себ? Ҳосили онро дурудароз интизор шудан лозим ва хӯрданаш насибат намешавад. Пир гуфт: — Ман нахӯрам, дигарон мехӯранду ба ман раҳмат мегӯянд! Баҳор омаду обҳо ҷорӣ шуданд. Бачаҳо аз тахтачаҳо заврақча сохтанду ба об сар доданд. Заврақча шино карду бачаҳо аз паси он давиданд, пеши роҳашонро надида, ба кӯлмакҳо афтиданд.
22 Г-озҳо ба об даромаданд. Мавҷҳои доирашакли рӯйи об торафт калонтару калонтар ва оқибат ҳамвор шуданд. Дар оби соф панҷаҳои ғозҳоро аён дидан мумкин буд. Бобо пир шуд. Боре ба болои бухорӣ баромадан хост, лекин натавонист. Ин ба наберааш, ки дар кулба буд, хандаовар намуд. Шарм бидор, набераи бобо. Хандаовар он нест, ки бобо пиру заиф аст, хандаовар он аст, ки набера хурд асту беақл. Парасту лона сохт. Майна омаду дар лонаи сохтаи он нишаст. Парасту ҳамболонашро хонд ва бо ёрии онҳо майнаро аз лонааш пеш кард.
23 ДОнак Модар каме олу харид ва мехост, ки баъди хӯрок ба бачаҳояш бидиҳад. Олуҳо дар табақча буданд. Ваня ягон бор олу нахӯрда буд ва онҳоро бӯ мекашиду бӯ мекашид. Маъқулаш буданд олуҳо ва хӯрданашон мехост. Барои ҳамин, дар атрофи олуҳо мегашт. Вақте ки дар меҳмонхона касе набуд, тоқат накарду як дона олуро гирифта хӯрд. Модар олуҳоро ҳисоб кард ва дид, ки як донааш нест. Инро ба падари бачаҳояш хабар дод. Ҳангоми ғизохӯрӣ падар гуфт: — Бачаҳо, кадоматон як дона олуро хӯрдаед?
24
25 Ҳама як хел ҷавоб доданд: — Ман нахӯрдаам. Ваня низ монанди лаблабу суп-сурх шуда, гуфт: — Ман ҳам нахӯрдаам. Он гоҳ падар гуфт: — Агар ягон кас хӯрда бошад, кори хуб накардааст; лекин гап дар ин нест. Гап дар он аст, ки олу дона дорад ва агар касе тарзи хӯрдани онро надонаду донаашро фурӯ барад, баъди як рӯз сахт бемор мешавад. Ман аз ҳамин метарсам. Ранги рӯйи Ваня канд. — Не,— гуфт вай,— ман донаашро аз тиреза партофтам. Ҳама хандиданд, Ваня гиря кард.
26 Мург-ак Серёжа соҳибҷашн буд ва барояш туҳфаи зиёди рангоранг оварданд: ҳам ғирғирак, ҳам аспак, ҳам суратак. Лекин гаронбаҳотарин — тӯри туҳфакардаи амакаш буд барои доштани мурғон. Тӯр чунин сохта шуда буд: ба чорчӯба тахтачаеро маҳкам пайваставу тӯрро ба рӯйи он кашида буданд. Ба тахтача дон мепошиву ба рӯйи ҳавлӣ мемонӣ. Ҳамин ки мурғак омада, ба тахтача нишаст, он тоб мехӯрад ва тӯр маҳкам мешавад. Хурсанд шуд Серёжа ва ҷониби модараш шитофт, ки тӯрро ба вай нишон диҳад. Модар гуфт: — Бозичаи нағз не. Чӣ лозим ба ту мурғакон? Барои чӣ азобашон медиҳӣ?!
27 — Ба қафас мегирамашон. Онҳо мехонанду ман серашон мекунам… Дона пайдо кард Серёжа, ба рӯйи тахта рехт ва тӯрро ба як гӯшаи боғ гузошт. Ва омадани мурғаконро интизор шуд. Аммо мурғакон, аз ӯ тарсида, сӯйи тӯр намеомаданд. Серёжа тӯрро монда, хӯрокхӯрӣ рафт. Баъди пешин дид, ки тӯр маҳкам шудааст ва зери он мурғаке пару бол мезанад. Серёжа шод шуд ва онро гирифту ба хона бурд. — Оча! Бинед, мурғакеро доштам ман, аниқ булбул аст! Дилакаш чӣ хел мезанад! Модар гуфт: — Саъва аст ин. Эҳтиёт бошу азобаш надеҳ, беҳтараш раҳояш бикун.
28
29 — Не, оча, дону обаш медиҳам. Саъваро ба қафас гузошт Серёжа, ду рӯз пешаш дона рехту об монд ва қафасро тоза кард. Рӯзи сеюм аз ёд бурду обашро иваз накард. Модар гуфт: — Ана, дидӣ, мурғакатро фаромӯш кардӣ, беҳтар аст, ки раҳояш бикунӣ. — Дигар фаромӯш намекунам, ҳозир қафасашро тоза мекунаму об мемонам. Серёжа дасташро дароварда, қафасро тоза карданӣ шуд. Саъва тарсида, худро ба ҳар сӯ мезад. Серёжа қафасро тоза карда, барои об рафт. Модар дид, ки ӯ пӯшидани дари қафасро аз ёд бурдааст, фарёд кард: — Серёжа, қафасро маҳкам бикун, ки мурғакат парида меравад! Ҳанӯз модар гапашро тамом накарда буд, ки саъва дари қафасро ёфт,
30 хурсандона бол кушод ва сӯйи тиреза парид. Лекин шишаи тирезаро надида, ба он бархӯрд ва ба тоқча афтод. Серёжа давида омаду мурғакро бардошта, сӯйи қафас бурд. Саъваяк ҳанӯз ҷон дошт; лекин болаконашро кушода парӯ мехобиду вазнин нафас мекашид. Серёжа ба он нигоҳ кард-нигоҳ карду лаҷоми гиряро сар дод. — Акнун ман чӣ кор мекунам, оча? — Акнун ҳеҷ кор карда наметавонӣ, бачам. Серёжа, тамоми рӯз аз қафас дур нашуда, чашм аз саъва намеканд, саъва бошад ҳамоно ба сандуқи сина хобида, чуқур ва зуд-зуд нафас мекашид. Вақте ки Серёжа хобравӣ рафт, саъва ҳанӯз зинда буд. Серёжа дергоҳ мижа ба ҳам зада натавонист: ҳар боре ки
чашмонашро мепӯшид, хобидану нафас кашидани саъва пеши назараш меомад. Пагоҳӣ, вақте ки Серёжа назди қафас рафт, дид, ки саъваяк, панҷаяконашро қат карда, ба пушт хоб асту кайҳо шах шудааст. Аз ҳамон вақт инҷониб Серёжа дигар мурғаконро намедорад.
Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ Лев Толстой Ҳикояҳои хурд Рассом — Абдусалом Абдуллоев Муҳаррирон: Муҳриддин Сабурӣ, Комилзода Аҳмадшоҳ Мушовирон: Абдуҷаббор Алиев, Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 15.11.2023 имзо шуд. Формати 60х84/16. Коғази типографии №1. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 2. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3.
Даврони кӯдакиву наврасии нависандаи бузург Лев Николаевич Толстой дар мавзеи Ясная Поляна дар вилояти Тула дар Русия гузаштааст. Нависанда ин маконро хеле дӯст медошт. Лев бародару хоҳарони зиёд дошт. Ӯ дар давраи ҷавонӣ ба шаҳри Қазон барои таҳсил меравад. Аз он ҷо баъд аз якчанд сол ба Ясная Поляна бармегардад. Толстой дар ҳамин деҳа мактаб мекушояд ва ба фарзандони кишоварзон «Алифбо»-и русӣ менависад. Адиб ба навиштани афсонаву ҳикояҳо барои кӯдакон машғул мешавад. Лев ба кишварҳои дунё сафарҳо мекунад. Боз ба Ясная Поляна меояд. Дар ин ҷо китобҳои бисёр шавқовар менависад. Асарҳои Лев Толстой ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудаанд. Лев Толстой (1828–1910) Китоб ройгон дастрас карда мешавад.