The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by marodbekovmj, 2024-02-06 02:22:40

Гули Хафтранг

Гули Хафтранг

21 ВАЛЕНТИН КАТАЕВ


Гули ҳафтранг Валентин Катаев (тарҷумаи Низом Қосим) Душанбе — 2023


2


3 Женя ном духтараке буд. Боре модараш ӯро барои ҳалқакулча ба мағоза фиристод. Женя ҳафт ҳалқакулча харид: ду ҳалқакулчаи зирадор барои падараш, ду ҳалқакулчаи сиёҳдонадор барои модараш, ду ҳалқакулчаи қандӣ барои худ ва як ҳалқакулчаи гулобӣ барои додаракаш Павлик. Женя ҳамели ҳалқакулчаҳоро гирифта, ба хона равон шуд. Раҳораҳ бо даҳони воз ба ҳар сӯ менигарист, навиштаҷоти гуногунро мехонд, зоғонро мешумурд. Бехабар монд, ки аз пасаш саги ношиносе равон буду ҳамаи ҳалқакулчаҳоро, якта ҳам намонда, хӯрд. Аввал ҳалқакулчаи зирадори падарашро, баъд ҳалқакулчаи сиёҳдонадори модарашро, сипас ҳалқакулчаҳои қандии Женяро. Женя ҳис кард, ки ҳамели ҳалқакулчаҳояш сабук шудааст. Баргашта дид, вале дер шуда буд. Ресмони холии ҳамели кулчаҳо алвонҷ мехӯрд ва саг ҳалқакулчаи охирин — ҳалқакулчаи гулобии Павликро фурӯ мебурду хушҳолона лаб мелесид. — Ҳа, нобакор! — дод зад Женя ва аз паси саг давид. Давид-давид, ба саг нарасид ва оқибат раҳгум зад. Дид, ки як ҷойи ношинос аст, биноҳои баланд нестанду хонаҳои хурд-хурд қатор истодаанд. Тарсиду гиря кард Женя. Ногоҳ аз куҷое як кампирак пайдо шуд. — Духтарак, эй духтарак, чаро гиря мекунӣ? Женя воқеаи рӯйдодаро ба кампирак нақл кард.


4 Дили кампирак ба ҳоли Женя сӯхт, ӯро ба боғчааш овард ва гуфт: — Ҳеҷ гап не, гиря накун, ман ба ту ёрӣ мерасонам. Албатта, ман ҳалқакулча ҳам надорам, пул ҳам. Лекин дар боғам гуле мерӯяд, ки ҳафтранг ном дорад ва аз уҳдаи иҷрои ҳама кор мебарояд. Фаҳмидам, ки ту, бо вуҷуди каме даҳанвозӣ, духтараки хубӣ. Бароят гули ҳафтранг туҳфа мекунам, он ҳама хоҳишатро ба иҷро мерасонад. Кампирак инро гуфту аз гулзораш гули зебои бобунамонандро канда, ба дасти Женя дод. Гул ҳафт барг дошт, ки ҳар кадом бо ранге дигар медурахшид: зард, сурх, сабз, нилӣ, норинҷӣ, гулобӣ ва кабуд. — Ин гул,— гуфт кампирак,— гули одӣ нест. Ӯ ҳар хоҳиши дилатро иҷро карда метавонад. Барои ин бояд танҳо як баргашро канда ҳаво бидиҳиву бигӯйӣ: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ, Ҷануб аз ту шавад хушрӯ. Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро. Баъд бигӯ, ки фалон корро бикун ва гулак зуд гуфтаатро иҷро мекунад. Женя боадабона ба кампирак миннатдорӣ кард, аз ҳавлии ӯ баромад ва ҳамоно ба ёд овард, ки роҳи хонаашонро намедонад. Хост, ки ба боғ баргардаду


5


6 аз кампирак хоҳиш бикунад, ки ба милисахона бибарадаш, лекин ҳам боғ ва ҳам кампирак якбора ғайб зада буданд. Чӣ бояд кард? Женя аз рӯйи одат боз гиря карданӣ буд, аз алам ҳатто биниаш бурма шуд, аммо ҳамин вақт гули дасташ ба ёдаш омад. — Ку бубинем, чӣ ҳунар дорад ин гули ҳафтранг! Женя бошитоб барги зарди гулакро канда партофту гуфт: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки ман бо ҳалқакулчаҳоям дар хонаамон бошам! Ҳанӯз гапашро тамом накарда худро дар хонаашон дид ва ҳамели ҳалқакулчаҳо дар дасташ буд. Женя ҳалқакулчаҳоро ба модараш дода, аз дил гузаронд: «Дар ҳақиқат, ин гулак аҷоиб будааст, онро ба гулдони зеботарин гузоштан лозим!» Вай духтараки хурдакак буд, бинобар ин, ба болои курсӣ баромада, сӯйи гулдони дӯстдоштаи модараш, ки дар рафи аз ҳама боло меистод, даст дароз кард. Акси корро бинед, ки дар ҳамин вақт як села зоғ аз паси тиреза парида гузашт. Албатта, Женя донистан хост,


7


8 ки зоғҳо аниқ ҳафтто буданд ё ҳаштто. Ӯ, даҳонашро кушодаву ангуштҳояшро хамонда, ба ҳисобкунӣ даромад, ки гулдон афтиду пора-пора шуд. — Боз ягон чизро шикастӣ?! — дод зад модараш аз ошхона.— Мабодо, гулдони маро шикаста бошӣ? Гаранги даҳанвоз! — Не, не, модарҷон, ягон чизро нашикастаам. Ба назарат намудагист! — дод зад Женя низ ва шитобон барги сурхи гулакро канда ҳаво доду гуфт: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки гулдони дӯстдоштаи модарам асли қадим бишавад! Ҳанӯз суханашро ба охир нарасонида буд, ки сафолпораҳо худ аз худ ба якдигар часпиданду ба гулдони яклухт табдил ёфтанд. Модар аз ошхона давида омаду дид, ки гулдони дӯстдоштааш дурусту барҷост. Бо вуҷуди ин, бо таҳдид ангушташро алвонҷ доду фармуд, ки Женя ба рӯйи ҳавлӣ рафта бозӣ бикунад. Женя, ба рӯйи ҳавлӣ баромада, дид, ки бачаҳо ба бозии «папанинчиён» машғуланд: ҳама дар рӯйи тахтакуҳнаҳо нишаставу чӯберо ба регзор халонида, тасаввур доранд, ки Қутби Шимолро фатҳ кардаанд.


9


10 — Бачаҳо, эй бачаҳо, ман ҳам бо шумо бозӣ кунам? — Аҷаб орзу кардӣ! Намебинӣ, ки мо дар Қутби Шимолем. Ба он ҷо рафтани духтарчаҳо мумкин не. — Чӣ хел Қутби Шимол, ҳама тахтакуҳна-ку?! — Тахтакуҳна не, яхпораҳо. Бирав аз ин ҷо, халал нарасон! Бе ҳамин ҳам вақтамон кам аст. — Хулоса, қабулам намекунед? — Намекунем, бирав аз ин ҷо! — Даркор не. Бе шумо ҳам ба Қутби Шимол рафта метавонам. Қутби Шимоли ман ҳақиқист, чун Қутби Шимоли шумо сохта не. Бубинеду аз алам биниатонро бигазед! Женя ба як тараф, назди дарвоза рафта, гули ҳафтрангашро баровард ва барги нилгунашро канда ҳаво доду гуфт: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки ман бетаъхир дар Қутби Шимол бошам! Ҳанӯз гапашро тамом накарда буд, ки тӯфон бархост, офтоб ғайб зад, шаби даҳшатноке ҳукмрон шуд ва замин дар зери по чарх задан гирифт. Женя, ки


11


12 дар тан куртаи тобистона дошту побараҳна буд, яккаву танҳо ба Қутби Шимоли сад дараҷа хунук афтод! — Оҳ, модарҷон, ях мекунам! — фарёд зад Женя ва гиря кард, лекин ашкҳояш ҳамон замон ба шӯшаяхҳо табдил ёфта, чун ба тарнов ба биниаш овезон шуданд. Ҳамин вақт аз паси яхистон ҳафт хирси сафед, ки яке аз дигаре даҳшатноктар буд, баромада, рост сӯйи духтарак равон шуданд; якумаш асабӣ, дуюмаш хашмгин, сеюмаш кулоҳпӯш, чорумаш фарсудаандом, панҷумаш пачақ-­маҷақ, шашумаш алои чӯтур, ҳафтумаш аз ҳама калон буд. Женя аз тарс ҳама чизро фаромӯш карда, бо ангуштакони яхбаста барги сабзи гулаки ҳафтрангро канда ҳаво доду бо тамоми қувват дод зад: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки ман ҳамин замон дар ҳавлиамон бошам! Ва ҳамон замон худро дар ҳавлиашон дид. Бачаҳо, ба ӯ нигариста, механдиданд: — Хайр, куҷост Қутби Шимоле, ки гуфтӣ? — Ман дар он ҷо будам. — Мо надидаем. Исбот бикун. — Бубинед. Ҳанӯз шӯшаяхе дар биниам кашол аст.


13 — Ин шӯшаях не, думи пишак аст. Гапашро бинеда-а! Женя хафа шуда, қарор дод, ки дигар бо бачаҳо бозӣ намекунаду ба ҳавлии дигар, ба назди духтарчаҳо меравад. Рафта дид, ки ҳар духтарча бозичае дорад. Яке — аробача, дигаре — ресмонпарак, сеюмӣ — велосипеди сечарха; духтарчаи чорумӣ ҳатто лухтаки гӯёе дошт, ки ба сараш хаскулоҳу ба пояш калӯшак пӯшонда буд. Женяро алам кард. Аз ҳасад ҳатто чашмаш чун чашми бузича калон-­калон кушода шуд. «Сабр кунед,— аз дил гузаронд ӯ,— ҳоло мебинед бозичаҳои маро!» Гулаки ҳафтрангашро баровард ва барги норинҷиашро канда, ҳаво доду гуфт: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки ҳама бозичаҳои дунё аз ман бошанд! Ҳамон замон аз ҳар тараф ба сари Женя бозичаҳо бориданд. Аз ҳама пеш, албатта, бо садои баланд чашмакзанону беист «дада-оча», «дада-оча»-гӯён лухтакҳо давида омаданд. Женя дар аввал бисёр хурсанд шуд, лекин лухтакҳо чунон бисёр буданд, ки ҳамон замон рӯйи ҳавлӣ, тангкӯча, ду кӯча ва ними майдонро пур


14 карданд. Ба ҳар ҷое, ки по мемондӣ, лухтакеро зер мекардӣ. Тасаввур кунед, чӣ ғавғое хезонда метавонад панҷ миллион лухтаки гӯё! Бале, бале, аз панҷ миллион зиёд буданд лухтакҳо, ки кам не. Боз он ҳама танҳо лухтакҳои масковӣ буданд. Лухтакҳои Ленинград, Харков, Киев, Лвов ҳанӯз нарасида буданд ва тамоми роҳҳои Иттифоқи Советиро пур карда, чун тӯтиҳо бо ғалоғула ба ин сӯ меомаданд. Женя ҳатто андаке ба ҳарос афтод, аммо ин ҳанӯз оғози кор буд. Аз паси лухтакҳо худ ба худ тӯбу саққочаҳо, самокату велосипедҳои сечарха, трактору мошинҳо, танку тӯпҳо расида омаданд. Ресмонпаракҳо чун морҳои обӣ аз ҳар сӯ мехазиданду лухтакҳои асабиро маҷбур мекарданд, ки баландтар ҷик-ҷику ҷак-ҷак кунанд. Дар фазо миллионҳо самолётчаҳо, дирижаблчаҳо* мепариданд. Аз ҳаво чун лолаҳо парашутчиҳои пахтагӣ мерехтанду дар симҳои телефону дарахтҳо дармемонданд. Ҳаракат дар шаҳр қатъ гардид. Нозирони роҳ ба рӯйи чароғҳо баромада буданду чӣ кор карданашонро намедонистанд. — Бас, бас! — сарашро дошта, бо даҳшат дод мезад Женя.— Кифоя! Ба ман ин қадар бозича лозим нест. Шӯхӣ кардам ман. Даҳшат аст ин… Аммо ба кӣ мегӯйӣ? Бозичаҳо мерехтанду мерехтанд... Тамоми шаҳр то боми хонаҳо пур аз бозича шуда * Дирижабл — ҳавопаймое, ки бо газ парвоз мекард.


15


16 буд. Женя бо зинапояҳо боло медавиду бозичаҳо аз пасаш мерафтанд. Ба балкон мерафт, бозичаҳо думболагираш мешуданд. Ба чортоқ мебаромад, ба чортоқ мебаромаданд. Оқибат Женя ба болдои бом баромад ва бошитоб барги бунафши гули ҳафтрангро канду саросема гуфт: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки бозичаҳо бозпас ба мағозаҳо бираванд. Ҳамон замон бозичаҳо ғайб заданд. Женя, ба гулаки ҳафтранг нигариста, дид, ки ҳамагӣ як баргаш мондааст. — Ана кору мана кор! Шаш баргро беҳуда кандаму ягон қаноатмандӣ эҳсос накардам. Хайр, ҳеҷ гап не.— афсӯс хӯрд ӯ ва дар тасаллии худ афзуд.— Минбаъд каллаамро кор мефармоям.. Дар кӯча қадам мезаду фикр мекард: «Боз чӣ бифармоям ба гулаки ҳафтранг? Биё, ду кило қанди «Хирсак» бифармоям. Не, беҳтараш, ду кило қанди «Шаффофак». Не, не… Беҳтараш, ин хел мекунам: ним кило «Хирсак» мефармоям, ним кило «Шаффофак», сад грамм халво, сад грамм чормағз ва бигзор, як


17 ҳалқакулчаи гулобӣ барои Павлик. Лекин чӣ фоида аз ин ҳама? Хайр, фармудаму хӯрдам. Чизе боқӣ намемонад-ку. Не, беҳтараш, велосипеди сечарха мефармоям. Аммо он ҳам чандон лозим нест. Хайр, муддате саворӣ кардам, баъд чӣ? Мумкин аст, ки бачаҳо кашида бигирандаш. Ё балонашро бикафонанд! Не, беҳтараш билети кино ё сирк бифармоям. Он ҷо дилхушӣ кардан мумкин. Шояд шиппаки нав бифармоям? Лаззати шиппаки нав доштан аз лаззати тамошои сирк камтар нест. Ҳарчанд ки дар шиппаки нав низ маъное намебинам. Ягон чизи хеле беҳтар фармудан мумкин. Муҳимаш, ки саросема набояд шуд». Женяи ғарқи ҳамин фикру хаёл ногоҳ бачаяки олиҷаноберо дид, ки дар хараки назди дарвоза менишаст. Чашмони калони нилгун дошт ӯ, ки шӯх менамуданд, лекин ором буданд. Бисёр зебояк буд бачаяк, маълум, ки ҷангара нест ва дар дили Женя хоҳиши ошноӣ бо ӯ пайдо шуд. Бе ягон ҳарос чунон ба ӯ наздик шуд духтарча, ки дар мардумакҳои чашмонаш рӯй ва ду кокули ба китф афтодаи худро аён дид. — Бачаяк, бачаяк, номат чист? — Витя. Номи ту чӣ? — Женя. Биё, пешдавакбозӣ мекунем! — Наметавонам, поям ланг аст. Ҳамон лаҳза чашми Женя ба кафши безеби ӯ афтод, ки пошнаи ғафсе дошт.


18 — Афсӯс! — гуфт Женя.— Ту ба ман бисёр маъқул шудӣ ва мехостам аз дилу ҷон ҳамроҳат давутоз бикунам. — Ту ҳам ба ман бисёр писанд омадӣ ва ман ҳам аз дилу ҷон бо ту давутоз кардан мехоҳам, лекин, афсӯс, имконнопазир аст ин. Чӣ илоҷ, ки дарди ман умрбодист. — Чӣ гапҳои беҳуда мегӯйӣ, бачаяк! — баногоҳ хитоб кард Женя ва аз ҷайбаш гулаки ҳафтрангро баровард.— Нигоҳ бикун! Духтарча инро гуфту бо эҳтиёт охирин барги он, барги кабудашро канд, аввал ба чашмонаш молид ва баъд ангуштонашро кушода, бо садои маҳини аз хушбахтӣ ларзон замзама кард: Бикун, эй барги гул, парвоз Ба Ғарбу Шарқ беовоз, Шимол аз ту шавад хушбӯ. Ҷануб аз ту шавад хушрӯ, Расидӣ чун ба мулки мо, Бикун амри маро иҷро: Бифармо, ки пойҳои Витя шифо биёбанд ва ӯ бо ман машғули пешдавакбозӣ бишавад. Ҳамон лаҳза бачаяк парида аз харак хест, бо Женя машғули пешдавакбозӣ шуд ва чунон нағз медавид, ки духтарча, ҳарчанд кӯшиш бикунад ҳам, ба ӯ расида наметавонист.


19


Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ Катаев Валентин Петрович Гули ҳафтранг (тарҷумаи Низом Қосим) Рассом — Кошона Муҳабатова Муҳаррирон: Ҷӯра Ҳошимӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода Мушовирон: Абдуҷаббор Алиев, Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 15.12.2023 имзо шуд. Формати 60х84/16. Коғази типографии №1. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1,25. Адади нашр 9545 нусха. ISBN 978-99985-888-3-7 Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. ТБК 84Р7-4+83.8+85.128 К-37


Китоб ройгон дастрас карда мешавад. Нависандаи маъруфи бачагон Валентин Катаев дар шаҳри Одесса дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Дар хонаашон китобҳои зиёди бадеӣ доштанду Валентин аз хурдӣ ба китобхонӣ шавқи калон зоҳир кард. Дар айёми наврасӣ Валентин шеъру ҳикояҳои нахустини худро эҷод мекунад. Шеъри «Тирамоҳ» дар 13­солагиаш дар маҷаллае чоп мешавад. Валентини ҷавон ҳикояҳои худро ба нависандаи маъруфи рус Бунин нишон медиҳад ва аз ӯ маслиҳатҳои судманд мегирад. Баъдтар бо нависандаи машҳур Михаил Булгаков дӯстӣ пайдо мекунад. Нависандаи хушзавқ Катаев ҳикояҳои «Бодбони сафеди танҳо», «Гули ҳафтранг», «Най ва кӯзача» барои кӯдакон эҷод кардааст, ки аз рӯйи онҳо филмҳои шавқовар ба навор гирифта шудаанд. Дар ин китоб духтараке бо номи Женя аз паси саге, ки кулчаҳояшро хӯрда буд, медавад. Дар роҳ бо пиразане вомехӯрад. Пиразан ба ӯ гули сеҳрнок ҳадя менамояд. Гули сеҳрнок ҳафт барг дошт. Женя ба гул амр медиҳад, ки хоҳишҳои ӯро иҷро кунад. Иҷрои охирин хоҳиши Женя беҳтарин буд.


Click to View FlipBook Version