The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by marodbekovmj, 2024-02-06 02:46:19

Дуруги Калон

Дуруги Калон

Н. Безарашвили, В. Чинчарадзе


Безарашвили, Нино; Чинчарадзе, Валери. Б48 ДУРӮҒИ КАЛОН/ҲИКОЯҲОИ ГУРҶӢ. Н. Безарашвили, В. Чинчарадзе; тарҷ. Б. Боева; рас. Р. Валиев — Душанбе: «Нашриёти муосир», 2023.— 12 с. ISBN 978-99985-888-7-5 Дар ин китоб ҳикояҳои шавқовари гурҷии адибон Чинҷарадзе ва Безарашвили оварда шудаанд. Нависандагони гурҷӣ Валери Чинҷарадзе ва Нино Безарашвили дар эҷодиёти худ дар бораи олами пурэҳсоси кӯдакону наврасон ҳикоят мекунанд. Ҳикояҳои мазкур хислатҳои гуногуни инсониро тавсиф кардаанд. Аз ҷумла, духтарак бо номи Ямзе ба хонаи ҳамсоя мераваду модараш ӯро дар дигар ҷойҳо ҷустуҷӯ мекунад. Писараке ҳеҷ гоҳ сухани рост гуфта наметавонист, вале як маслиҳати бобо ин одаташро гум кунонд. Ҷавони танбале дар муддати на чандон тӯлонӣ ба писари меҳнатдӯст табдил ёфт. Мутолиаи ин ҳикояҳо ба Шумо, дӯстони азиз, писанд хоҳанд омад. ТБК 84.5 Гурҷ – 4 + 83.8 + 83.3 Гурҷ ISBN 978-99985-888-7-5 © Н. Безарашвили, В. Чинчарадзе, 2023 ТБК 84.5 Гурҷ – 4 + 83.8 + 83.3 Гурҷ Б48 Тарҷумаи Барно Боева Н. Безарашвили, В. Чинчарадзе


1 Валери Чинчарадзе Чоҳ Акаам аз мактаб баргашта, ба сари дастурхон нишасту якбора ду коса лубиё хӯрд. Баъд об нӯшид. Лаҳзае нагузашта, дубора об нӯшид. Хуллас тамоми оби кӯзачаро дам кашид, вале ташнагиаш нашикаст. — Модарҷон,— гуфт вай,— лубиё бисёр тунд будааст, боз об мехоҳам. Дилам ба ҳоли акаам сӯхт. Ба худ гуфтам, ки рафта аз чоҳ об меорам. Ҳам акаам ташнагиашро мешиканад, ҳам кори модарам сабуктар мешавад. Бо ҳамин ният, оҳиста кӯзачаро аз тоқча гирифта, аз хона берун шуда, ба назди чоҳ рафтам. Ҳамин, ки кӯзачаро ба замин гузоштаам, садои аҷибе ба гӯш расид: чӣ-чӣ-чӣ… Саропо ҳушу гӯш шудам, то бифаҳмам, ки ин садо аз куҷо меояд. Дурустар диққат додам ва фаҳмидам, ки ин садо аз пушти тахтадевор меомадааст. Дар он тарафи тахтадевор ҳавлии холаам буд. Наздик рафта, як тахтаро боло карда, ба ҳавлӣ даромадам. Холаам, ки дар ҳавлӣ буд, маро дида хитоб кард: — Ямзе, биё, ин чӯҷачаҳоро бубин! Чӣ қадар майдаяку аҷибанд! Бо шитоб тарафи холаам рафтам ва дидам, ки чанд чӯҷа аз тухм баромада, чичикунон ҳар тараф медаванд. Чӯҷаяки дигареро дидам, ки аз тухми нимшикаста сар берун карда буд ва дар девораҳои тухми ҳанӯз ба пуррагӣ нашикаста, дармонда, талвосаи* баромадан мекард. Вай ҳам якзайл** чӣ-чӣ мегуфт. * Талвоса — беоромӣ, беқарорӣ, ҳаяҷону изтироб. ** Якзайл — пайдарпай.


2


3 Чӯҷаҳои зарду зебо офтобаки тиллогунеро мемонданд, ки навакак аз пушти кӯҳ баромада, нурпошӣ мекунад. Барои чӯҷаҳо шикастапораҳои тухм мисли кӯҳ монеа эҷод мекарданд. Онҳо, миёни пӯчоқи тухмҳо чичикунон, афтону хезон, қадам мезаданд. Чӯҷаяке ба рӯйи пӯчоқи тухм баромаду якбора лағжиду афтид. Чанд лаҳза ҳамин тавр, чаппагардон, хобида, поча зад. Баъд зӯр зада, ба по рост шуд. Ҳамаи чӯҷаҳо беист чӣ-чӣ мекарданд, як лаҳза ором намеистоданд. Мурғ парешону безобита шуда буд ва ба чӯҷаҳо ҳаросон нигоҳ мекард. — Инҳоро ба ошхона бурдан лозим,— гуфт холаам Этери.— Мабодо ба чанги гурба афтанд! Холаи Этери сабадеро оварда, дарунаш пахол гузошт. Аввал мурғ ва сипас чӯҷаҳоро якто-якто бардошта, оҳиста даруни сабад гузошт. Ҳамроҳи холаам сабадро бардошта, ба ошхона бурдем ва эҳтиёткорона дар ҷойи хубу бехатаре гузоштем. Мурғ каме ором шуд, вале ҳанӯз ба чӯҷаҳо бодиққат нигоҳ мекард. Ман аз тамошои онҳо сер намешудам. Охир, чӣ қадар зебоянд, ин чӯҷаҳо! Хушрӯяку дилкаш! Тоқат накардаму як чӯҷаро оҳиста гирифтам. Вай дар кафи дастонам базӯр рӯйи по меистод. Минқору* чашмакони сиёҳаш бароям хеле аҷиб буданд. Беихтиёр биниамро ба минқоракаш наздик бурдаму навозишаш кардам ва оҳистаяк онро ба сабад гузоштам. Ногаҳон фиғони зане ба осмон печид. Ҳаросон ба ҳавлӣ баромадам. Садо аз пушти девор, аз ҳавлии худамон меомад. Аз роғи тахтадевор** нигоҳ кардам. Дидам, ки назди чоҳи ҳавлиамон мардуми зиёде ҷамъ шудааст. Модарам миёни онҳо доду фарёд мезад. * Минқор — нӯл. ** Роғи тахтадевор — шикофии девор, рахна.


4 — Эй, мардум, ёрӣ диҳед! Оҳ, ин чӣ бадбахтӣ буд, ки ба сарам омад! — гӯён фиғон мекашид. Ҳамсояамон, амаки Индико, модарамро ором кардан мехост: — Худатонро ба даст гиред, гиря накунед. Шояд дар гирду атроф бошад… — Охир, кӯзачааш дар назди чоҳ-ку! — ором намешуд модарам.— Ямзеи ман ба чоҳ афтодааст. Вай ҳамеша зону ба замин гузошта, сарашро хам карда, акси худро дар оби чоҳ тамошо мекард. Сад бор ба ӯ гуфта будам, ки ин корро накунад… Ман акнун фаҳмидам, ки доду фарёди модарам барои чист ва чаро мардум гирди чоҳ ҷамъ омадаанд. Сабаби ин гумони нохуби модарам ман будам. Ӯ гумон кардааст, ки ман ба чоҳ афтодам. — Модарҷон, ман инҷоям! — гӯён аз тахтадевор гузашта, бо тамоми қувва сӯйи модарам давидам. Модарам ба тарафи ман нигоҳ карда, оғӯш кушод ва маро ба бағал гирифта, рӯйи синааш пахш карда, зор-зор гирист. Акаамро дидам, ки каме дуртар аз мо, ба дарахт такя карда, ҳиқ-ҳиқ гиря мекунад. Ба мардуми гирду атроф нигаристам, онҳо ҳам гиря мекарданд. Ин ҳолро дида, ашк дар чашмонам ҷӯшид ва ман ҳам якбора гиряро сар додам. Осмон ҳам дар назарам ба гиря даромада буд ва фикр кардам, ки ман воқеан ба чоҳ афтодааму навакак маро аз он берун кашидаанд. Вақте ин воқеа рух дод, ман хеле хурд будам. Ҳоло ман калон шудам, ба мактаб рафтам, қадам аз будаш як баробар баландтар шуд. Дигар, ҳар гоҳе, ки ба назди чоҳ меравам, касе фикр намекунад, ки Ямзе ба чоҳ меафтад. Оре, Ямзе духтари калон шудааст.


5


6 Нино Безарашвили Дурӯғи калон Буд, набуд, як писараки баодобу хубе буд. Ӯ дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд ва дар хонаву маҳаллаашон ҳамеша ба пиронсолон ёрӣ мерасонд. Вале як камбудӣ дошт писарак: рӯзе набуд, ки дурӯғ нагӯяд. Вақте аз хона берун мерафт, дар бозгашт бо худ ҳатман дурӯғе меовард. Ҳама аз ин рафтори писарак дар тааҷҷуб буданд. Падару модар хеле сарзанишаш мекарданд. Вале писарак ҳамоно одати бадашро давом медоду давом. Фақат як нафар-бобои писарак ба рафтори ӯ дахолат намекарду халос. Рӯзе, баъд аз дурӯғи навбатӣ, падару модар асабонӣ шуда, ҷанҷол бардоштанду писаракро танбеҳ доданӣ шуданд, ки бобо, ба онҳо рӯ оварда, гуфт: — Ором бишавед, ҷангу ҷанҷол чӣ лозим? Мо бояд хушҳол бошему фахр кунем, ки чунин писар дорем. Аҳли хонавода якбора шӯру мағал бардоштанд. Модар эътироз кард: — Ин дурӯғгӯ моро шарманда мекунаду шумо мегӯед, ки мо бояд хушҳол бошем ва ҳатто фахр кунем! Бо кӣ фахр кунем? Бо ҳамин дурӯғгӯ? Мо аз ӯ шарм медорем! Бобо ба писарак рӯ овард. — Ту ба ҳарфҳои инҳо эътибор надеҳ. Намефаҳманд инҳо, ки дурӯғгӯии ту барои мо хеле муфид* аст, мефаҳмӣ, муфид! Мо метавонем аз ин фоидаи калоне ба даст биёрем. — Чӣ хел фоида? — чашмакони писарак аз завқ дурахшиданд. — Агар сабр бикунӣ, ҳамаашро хоҳӣ фаҳмид, — гуфт бобо. * Муфид — фоиданок.


7


8 Ҳар ду ба ҳуҷраи дигар рафтанд ва бобо бо шарҳи гуфтаҳои хеш шурӯъ намуд. — Аз ҳамин рӯз сар карда, дурӯғҳоятро ба касе нагӯй, дар дилат нигоҳ бидор. Дурӯғи навбатиро ҳам аз даҳонат набарор, дурӯғи сеюму чорум ва дурӯғи дигарро низ ҳатман дар дилат ҷамъ бикун. Онҳо ба ҳам омада, дурӯғи калоне мешаванд. Барои дурӯғи калон ту сазовори мукофоти олие хоҳӣ шуд. То ҳануз ин мукофот насиби ягон кас нашудааст, чунки дурӯғҳои майда-чайда қабул намешаванд. Ман бовар дорам, ки агар забонатро дар даҳонат нигаҳ бидорӣ, мо он мукофотро ба даст меорем. Писарак бо ҳаяҷону хушҳолӣ пешниҳоди боборо пазируфт ва тавре ки бобояш гуфта буд, дурӯғҳоро дар дилаш ҷамъ мекард. Аз байн як сол гузашт. Дар ин муддат писарак ягон бор дурӯг нагуфт. Чӣ қадар дилаш мехост дурӯғ бигӯяд, аммо суханҳои бобояшро ба ёд меоварду ба лабонаш қулф мезад. Рӯзе аз рӯзҳо бобо даъваташ карда гуфт: — Ку, ҷони бобо, бубинем, дурӯғат чӣ андоза шудааст. Онро аввал ба ман бигӯй, баъд — дар ҷои заpурӣ. Писарак хеле фикр карду гуфт: — Бобоҷон, бубахшед, ман дигар дурӯғ, ҳатто дурӯғи хурдакак ҳам гуфта наметаонам. Бобо лабханд кард. — Ку ҷони бобо, каме биандеш, шояд битавонӣ. Аз байн рӯзҳо гузаштанд. Писарак рӯзи муайяншуда пеши бобо омада, якбора гиря оғоз кард: — Бобоҷон, мо аз он туҳфа бенасиб мондем, чунки ман дигар дурӯғ гуфта наметавонам. Бобо бо хушҳолии беандоза гуфт: — Офарин, ҷони бобо, ана ҳамин аст он мукофоти олӣ!


9 Нино Безарашвили Тири замин Замоне дар як деҳа писарбачае умр ба сар мебурд. Падараш дар ҷанг беному нишон шуда буду модар танҳо тарбияаш мекард. Зани бечора бисёр мекӯшид, ки писараш бепадариро ҳис накунад. Сару либоси беҳтарин, ғизоҳои хушмаззатаринро барояш фароҳам меовард. Барои он ки босавод бишавад, бо талоши зиёд барояш шароити таҳсил муҳайё менамуд. Хеле мехост, ки писараш инсони хубу боҳунар ва меҳнатдӯст бишавад. Вале солҳо мегузаштанду модар бо ҳасрат мушоҳида мекард, ки писараш на ба хондан майл дораду на ба ягон кор. Зан меҳнат мекарду бори гарони рӯзгорро бар дӯш дошт. Писар бошад, ба модари бечора аҳамият ҳам намедод, аз субҳ то шом бекор мегашту мегашт, тамоми кораш ҳамин буд, ки гоҳ-гоҳ назди ҳавзи деҳа рафта, ба об сангчаҳо мепартофт. Мардуми деҳа байни худ рафтори бади ҷавонро маломату маҳкум мекарданд ва ҳарос доштанд, ки мабодо фарзандонашон ҳамин хел бишаванд. Модар ин ҳамаро хомӯшона мушоҳида мекарду рӯз то рӯз афгортар мешуд, дарун дарун сӯхта, лоғару нотавон мегашт. Рӯзе ҷавон дар ҷангал, зери сояи дарахте нишаста, рафтуои раҳгузаронро тамошо мекарду ҳаловат мебурд. Ногоҳ дар пайроҳа мӯйсафеди нуроние, ки ришу мӯяш барф барин буду дар даст асо дошт, падид омад ва оҳиста-оҳиста ба ӯ наздик шуд, салом дода, наздаш нишасту сухан оғоз кард: — Писарам, туро гоҳе назди ҳавз мебинаму гоҳе дар сари роҳ. Ба назарам ҳамеша бекор менамоӣ. Магар барои ту барин писари хуб коре нест, ки худро машғул намоӣ?


10


11 — Кор зиёд аст, бобо, аммо чанд вақт боз модарам ранҷи беморӣ мекашад, аз ин рӯ, хоҳиши ягон кор надорам, — худро сафед карданӣ шуд писарбача. Фикр кард, ки баъди ин ҳарфҳо пирамард осудааш мегузораду меравад. Вале ҳамсуҳбаташ боз саволе пеш овард: — Ба модарат чӣ шудааст? Ба чӣ беморӣ гирифтор аст? — Намедонам, аммо ончунон лоғару афгор шудааст, ки аз андоми зебояш пӯсту устухон боқӣ мондааст. Аз чӣ бошад, ки ҳамеша оҳ мекашаду оҳ… — Агар бихоҳӣ, ки модарат базудӣ шифо биёбад, бояд тири заминро пайдо бикунӣ! — андешамандона, вале қатъӣ гуфт пирамард. — Тири замин! Яъне, чӣ? — ҳайрон пурсид писар. — Тири замин… медонӣ… мисли занбӯруғ аст… занбӯруғи хурдакаки гирдест, ки давои тамоми бемориҳост. Боварӣ дорам, ки ба дарди модари ту ҳам даво мебахшад… Мутаассифона, ёфтанаш душвор аст, хеле душвор… — Аз куҷо онро пайдо кардан мумкин?-беқарор шуд писар. — Аз… замин: аз зери дарахтон, бехи гулу растаниҳо, аз таҳи токзор… Хулоса, каландро бигиру биҷӯ… Ин ҳарфҳоро гуфта, пирамард оҳиста-оҳиста сӯйи ҷангал қадам заду нопадид гашт. Писар безобита шуд. Дигар ҳамаи фикраш ба пирамарду гуфтаи ӯ банд буд. Ҳатто шабҳо занбӯруғ хоб медид, ки гоҳе ба шакли тухм ҷилва мекарду гоҳе ба шакли дил метапид. Ва ӯ бисёр мехост, ки онро пайдо бикунад. Ҷолиб буд барояш ёфтани «ганҷина»-е*, ки бисёр сода-ба шакли занбӯруғ асту давои тамоми бемориҳост! Рӯзе бо ҳамин андеша ба таҳхона даромад ва каландро сари китф карду роҳи боғашонро пеш гирифт. Дар токзорҳо * Ганҷина — сарват, бойигарӣ, кони чизҳои қиматбаҳо.


одамон саргарми кор буданд. Ҷавон низ ба каландчаи худ нарм кардани бехи токҳоро оғоз кард. Беист каланд мезаду хастагиро эҳсос наменамуд,— мехост ҳарчи зудтар «ганҷина»-ро биёбад. Тобистон сипарӣ шуду тирамоҳ омад. Ҷавон аз заминашон ғайри сангу сангчаҳо чизе пайдо накард. Вале, аҷиб, ки рӯҳафтода намешуд, ҳамоно заҳмат мекашиду заҳмат мекашид. Дар ин миён як чиз ба тааҷҷубаш овард: мардум бо ӯ салом мекардагӣ шуданд, ҳама бо ҳавас ба ӯ менигаристанд, ҳатто таърифаш мекарданд. Модар низ акнун хушҳол буду рӯз то рӯз чеҳрааш арғувонитар мешуд. Субҳи содиқ писарашро гусел мекарду шомгоҳон бошитоб ба пешвозаш мебаромад. Байни мардум овозае паҳн шуд, ки писарак аз зери токзор тири заминро пайдо кардааст, аз ин рӯ, модараш комилан сиҳат шудааст. Аҳли деҳа, назди модар омада, саволборонаш мекарданд: — Рост аст, ки писарат тири замин ёфтааст? Наход он ҳамин қадар доруи зӯр бошад-а? — Бале, бовар накунед, худ бубинед, ки ман воқеан шифо ёфтам. Бидонед, ки ба роҳи дуруст рафтану бо кори хайр машғул шудани фарзанд худ беҳтарин давои падару модар аст, — бо як ҷаҳон ифтихору хушҳолӣ ҷавоб медод модар. Писараш бошад, ҳамоно меҳнат мекард. Ончунон ба шуғли хеш одат карда буд, ки дигар лаҳзае бекор истода наметавонист. Бо тамоми ҳастӣ ба токпарварӣ дил баст ва дар заҳмати софдилона давои ҷону роҳати худу дигаронро дарёфт. 12


Нино Безарашвили, Валери Чинчарадзе Тарҷумаи Барно Боева Рассом — Рамзан Валиев Муҳаррирон: Муҳриддин Сабурӣ ва Комилзода Аҳмадшоҳ Мушовир — Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×84/8. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1,5. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Дӯсти азиз! Мехоҳед китоб хонед, ҳисобро донед, бозӣ кунед? Пас замимаҳои мобилии «Китобдӯст» ва «Бозиҳои математикӣ» барои шумост! Рамзи QR код-ро бо телефон скан кунед. Аз Google Play замимаҳоро боргирӣ намоед. Замимаи «Китобдӯст» 68 китоби ҷолиб ва бозиҳо дорад. Замимаи «Бозиҳои математикӣ» аз 17 бозии шавқовар иборат аст. Ҳарду замима ройгон аст.


Дар ин китоб ҳикояҳои шавқовари гурҷии адибон Чинҷарадзе ва Безарашвили оварда шудаанд. Нависандагони гурҷӣ Валери Чинҷарадзе ва Нино Безарашвили дар эҷодиёти худ дар бораи олами пурэҳсоси кӯдакону наврасон ҳикоят мекунанд. Ҳикояҳои мазкур хислатҳои гуногуни инсониро тавсиф кардаанд. Аз ҷумла, духтарак бо номи Ямзе ба хонаи ҳамсоя мераваду модараш ӯро дар дигар ҷойҳо ҷустуҷӯ мекунад. Писараке ҳеҷ гоҳ сухани рост гуфта наметавонист, вале як маслиҳати бобо ин одаташро гум кунонд. Ҷавони танбале дар муддати на чандон тӯлонӣ ба писари меҳнатдӯст табдил ёфт. Мутолиаи ин ҳикояҳо ба Шумо, дӯстони азиз, писанд хоҳанд омад.


Click to View FlipBook Version