47 Рӯзи дигар духтарак аз боғ як пора занҷир, як испори вайрон ва наълеро ёфта, дар атрофи лонаи мокиёни мурғи марҷон гузошт. Баъд аз чанд рӯз Домино боз барои бурдани мурғи марҷон омад. Ӯ ҷойи ин туъмаи ширинро нағз дар хотир дошт. Рӯбоҳ аз ҳарвақта дида имрӯз оҳистатар ва бо эҳтиёт наздик шуд: охир, ӯ метавонист дар назди мурғ бо одам дучор ояд. Аммо пеш аз он ки мурғ бонги хатар занад, ӯ бо қувва шомиаву босирааш дар ин ҷо будани чизҳои хатарноки бӯйи оҳанкунандаро ҳис кард. Хост аз дигар тараф ояд, аммо дар он ҷо низ яке аз ин чизҳои бад буд. Садои ақли солим ба гӯшаш гуфт: «Қафо!» ва Домино баргашт. Духтарча аз ин воқиа хабар намеёфт, аммо рӯзи дигар падар ба ӯ гуфт: «Медонӣ, духтарҷон, ман ин субҳ дар байни ҷӯякҳои картошка изи тозаи рӯбоҳро дидам». Ҳамин тариқ, Доминои фиребхӯрда маҷбур шуд, ки мокиёни мурғи марҷонро ба ҳолаш гузорад. Аммо дере нагузашта вай сайди дигаре — мурғеро дар лона пайдо кард. Бо як газидан гардани ӯро канду ба хонааш овард. Аммо дар роҳ ба ёдаш расид, ки беҳуда тухмҳоро низ нагирифт. Аз ин рӯ мурғро дар таги баргҳо пинҳон карда, баргашт ва як-як ҳама тухмҳоро низ оварда дар теппае баҷо карду ҷойи пинҳонкардаашро бо ғадуди мушкини хеш аломат гузошт, то баъд танҳо худаш ёбад ва дигар рӯбоҳҳо донанд, ки он моли ӯст. Баъд ӯ мурғи пинҳонкардаашро кофта ёфту ба хонааш бурд.
48 Тухми мурғ метавонист то ба Домино даркор шудан, дар он ҷо истад ва ба тағийроти зиёд дучор гардад. Аммо дар ҳолати даркорӣ он ғизои тайёр буд ва дар вақти гуруснагӣ рӯбоҳ метавонист, палағда шуда бошанд ҳам, онҳоро бихӯрад. Бори аввал набуд, ки Домино сайди худро пинҳон мекард. Баъзе ҳамҷинсонаш ғизои худро пинҳон намекунанд, зеро онҳо шикорчии хуб нестанд ва чизи пинҳон мекардагӣ надоранд. Рӯбоҳҳое, ки шикорчии хубанд, зуд ба пинҳон кардани сайди худ одат мекунанд. Баъд аз як моҳ таваҷҷуҳи Доминоро олучабандаке, ки имсол ҳосили хуб дошт, ба худ ҷалб кард. Ӯ як-ду олучабандакро хоиду фурӯ бурд. Аммо маъқул нашуданд онҳо, зеро он вақт рӯбоҳ серу фарбеҳак буд. Зиёда аз ин ба ӯ ҷаҳида кандани сарҳои ангури сурх маъқул буд. Аввал вай онҳоро ба ҳар тараф пош медод, баъд дар як ҷо тӯда мекард, дар охир хислати захиракуниаш боло гирифту онҳоро дар зери баргҳо пинҳон намуд ва дар кундаи ҳамсоя аломати ғадудиашро гузошт. Дар вақти зарурӣ метавонист онро, ҳатто аз зери барфтӯда, пайдо кунад.
49 Меросхӯри Домино Ин тобистон Доминои ланг наметавонист, ки тез бидавад, аммо ба бахти вай рақибаш Гекла низ то ҳол маслуқ буд. Домино бояд бачаҳояшро мехӯронд ва модар-табиат имсол хеле саховатманд буд, шикор хуб барор мегирифт ва ӯ ҳар шаб ба хона сайди зинда меовард: баъзан ягон қурбоққа ба даст меомад, ки то доштани он бачаҳояш як қатор ҷаҳишҳои душворро анҷом медоданд; гоҳо ягон муши серравғани саҳроии дар зери барг пинҳоншударо сайд мекард, ки то ӯ барин ягон хушбахт онро дастгир кардан чандин рӯбоҳ даҳони худро пур аз регу алаф мекард. Аммо боре рӯбоҳи нар барои машқи бачаҳояш як сайди дигар овард. Домино ҳангоми сайругашт туъмаи худро дар назди дарё дид. Ҳайвоне, ки ӯ аз паяш афтода буд, аввал дар ҷойи пастоб мегашт, баъд ба болои чӯби ғӯлаи дар даруни дарё хобида баромада нишасту моҳирона садафҳоро кушодаву ба хӯрдани чизе машғул шуд. Ин як муши обии калон буд. Бо дандонҳои зарди бақувваташ вай садафро қарсосзанон мешикаст ва аз ин сабаб наздик омадани шикорчиро нафаҳмид. Ба назар як пашми сиёҳ намудор шуду баъди чанд лаҳзаи мубориза Домино аз гардани муш дошт. Барҳадар вай бардорузану чӣ-чӣ мекард, дандонҳои тезашро ғиҷҷирос мезанонд: Домино босуръат медавид ва баъди бист дақиқа аллакай дар назди лона буд. Биниафшонии шиноси падарашонро шунида рӯбоҳчаҳо якдигарро тела дода, аз лона берун баромаданд. Падар сайди худро раҳо кард. Рӯбоҳчаҳо
50 зуд ба вай дарафтоданд, аммо муши обии зинда сахт муқобилият мекард. Вай худро аз як канор ба канори дигар мезаду рӯбоҳбачаҳоро, ки мисли саг дар атрофи хирс меҷаҳиданд, аз худ дур мекард. Онҳо дандонҳои тези ӯро дида, вингосзанон худро
51 қафо мегирифтанд. Танҳо якеашон, ҳатто баъди кашмакаши сеюм низ аз назди муши обӣ дур намешуд. Вай аз рақиб ва бародаронаш калонҷусса набуд, аммо шояд модарзод нотарс буд ва вақте ки дигарон давра гирифта менишастанд, ӯ муборизаро идома медод. Ин мубориза барои зиндагӣ ё марг буд. Рӯбоҳбача тадриҷан ба сари муши обӣ наздик меомад ва дар охир ба гулӯи душмани худ даҳон андохт. Вай, то замоне ки муши обиро ба ҳалокат нарасонд, гулӯи ӯро раҳо накард. Баъд ҳама якҷоя ба хӯрдан сар карданд. Волидайн оромона ин задухӯрдро тамошо мекарданд. Кадом ҳиссиёте онҳоро аз дахолат кардан ба ин муҳориба боз медошт ва аҷобат дар он буд, ки чаро онҳо худашон муши обиро накуштанд? Шояд барои мо, инсонҳо, баъди посух ёфтан ба суоли «чаро падар-инсон ҳалли масъалаи барои худаш осону барои писарчааш душворро ба ӯ месупорад?» ҷавоби ин савол пайдо шавад. Ин рӯбоҳчаи нотарс аз дигарон калон набуд, аммо назар ба дигарон тирарангтар буд. Баъдҳо вай чун вориси арзандаи падараш ба воя расид. Хоҳишмандон метавонанд таърихи ӯро дар солномаи болооби дарёи Шобан бихонанд. «Моҳи Раъду барқ» ба охир мерасид ва рӯбоҳчаҳо хеле калонакак шуда буданд. Қади баъзеашон баробари модарашон буд ва оҳиста-оҳиста кандашавии риштаи хешу таборӣ оғоз ёфт: аввал аз ҳама бародари калонӣ ва баъд хоҳарон ба танҳо шикор рафтан одат карданд ва баъзан чандин рӯзҳо ба хона намеомаданд. Ҳамин тариқ онҳо аз якдигар дур шуданд ва дар интиҳо, охирҳои «Моҳи сурхи
52 дарав» ҳамаашон ба ҳар тараф пароканда шуданд. Дар хона Домино ва Сарисинасафед танҳо монданд. Аввалҳои фасли поиз пойи Домино шифо ёфт ва ӯ мисли пештара аз ҳама рӯбоҳи чолоки талҳои Голдер ба шумор мерафт. Мисли солҳои пешин метавонист аз таъқиби ҳама гуна сагҳо халос шавад. Дар гирду атрофи он кӯҳҳо кам рӯбоҳе ёфт мешуд, ки дар чолокӣ ба ӯ баробар шавад. Ва саге низ набуд, ки рӯбоҳ аз вай дар ҳарос бошад. Шушҳои ӯ гӯё иқтидори беинтиҳо доштанд ва пойҳояш низ мисли шушҳояш бақувват буданд. Вай худаш аз чобукии хеш лаззат мебурд.
53 Қисми сеюм САНҶИШ ВА ПИРӮЗӢ Қозҳои ёбоӣ Ҳар сол дар фасли баҳору тирамоҳ атрофу акнофи талҳои Голдер пур аз ғозҳои ёбоии пойдароз мешуд. Онҳо зиёд дар ин макон намеистоданд, аммо ба ҳар ҳол пайдо шуданашон шикорчиёнро беқарор мекард. Домино кайҳо бо қариҳаи худ дарк карда буд, ки ғозҳо беҳтарин сайданд. Боре дар ботлоқ ғозеро, ки ҳамин ҳоло ҳадафи тир шуда ҳаром мурда буд, ёфта, ба ин бештар бовар кард. Он рӯз Домино ва Сарисинасафед табъи дил ғизо хӯрданд. Ғозҳо дар саҳро ва ботлоқ чарида мегаштанд. Домино чандин бор хост онҳоро поида дастгир кунад, аммо эҳтиёткориву чобукии ин мурғон фавқулода буд: лекин як усули шикор кардан ҳаст, ки ба шикорчӣ имкони ба паррандаи нишаста ва ё харгӯши пинҳонгард наздик шудан медиҳад. Ана ҳамин усулро Домино ҳангоми шикори ғозҳо истифода бурд. Як селаи на онқадар калони ғозҳо дар замини даравшуда мечариданд. Доминою Сарисинасафед тамоми рӯз дар байни буттаҳои соҳили дарё маврид меҷустанд, ки чӣ гуна ба ғозҳо наздик шаванд. Лекин аз ҳама тараф онҳоро майдони кушод ҳимоя мекард ва ҳама вақт як гардани ба боло дароз, мисли манораи посбон, селаро нигоҳбонӣ мекард. Сипас
54 ҷуфти рӯбоҳ бозии қадимаеро, ки маълум нест онро кӣ фикр карда баровардааст, оғоз намуданд. Домино дар байни буттаҳои канори киштзор пинҳон шуду Сарисинасафед ба канори дигари он рафт ва дар он ҷо ба ҷойи кушод баромаду ҳар гуна ҳаракатҳои хандаовар мекард: ба замин ғел мезад, гоҳо ба ҳаво хеста чаппаю роста мешуд, гоҳо ба шикам гаввак кашида, дум меҷунбонд. Ғозҳо сарҳояшонро ҷониби ӯ гардонида, ҳайрон нигоҳ мекарданд, ки ин рӯбоҳ ба онҳо чӣ гуна бозиеро намоиш медиҳад. Зеро рӯбоҳ дур буд ва ба ҷони онҳо ягон хатар таҳдид намекард. Ғозҳо бо мароқ тамошо доштанд ва аз ин истифода карда, Сарисинасафед ҷаҳида-ҷаҳида ба онҳо наздик шуд. Дар охир ғози пире ин найранги ӯро фаҳмиду номаълум, бонги хатар назада, чанд қадам дуртар рафт. Дигар ғозҳо — шояд аҳли оилааш — ӯро ҳамроҳӣ карданд. Рӯбоҳи нодон ҳамоно мисли як қабза хаси шамоловарда дар замин давр мезад. Ин алабатта, аҷиб буд, аммо ғози пир ба ин найрангҳои ӯ дода нашуда, қафо мерафт. Ҳамин тарз, бозӣ чанд дақиқа идома ёфт ва охируламр ғозҳо қариб то охири замин ақиб ронда шуданд. Онҳо акнун нияти парвоз доштанд ва барои ин бояд боз чанд қадам то буттазор мегузоштанд. Ҳамин вақт Домино мисли заған ба онҳо ҳуҷум овард ва як ғозчаеро, ки акнун паридан мехост, аз гулӯяш дошт. Ин бобарортарин сайди якҷояи Домино ва Сарисинасафед буд. Он шикор боз ҳам онҳоро наздиктар кард ва дигар паҳлӯи ҳам барои ҳаёт талош мекарданд.
55 Қотили гӯсфандон Зимистон хуб гузашт. Одати захира кардан Домино ва ҳамсарашро аз гуруснагӣ наҷот дод. Ҳарчанд мева ва моҳиҳои барои зимистон захиракарда бӯй гирифта буданд, Домино ва ҳамсараш онҳоро бо нафрат мехӯрданд, то зинда монанд. Айёми ишқбозиҳои зимистона гузашту баҳор даррасид. Рӯзи аз роҳи кӯҳсор ба лона баргаштан, Домино, шоҳиди як ҷинояти даҳшатбор шуд. Вай акнун рӯбоҳи таҷрибадор буд ва рӯбоҳи соҳибтаҷриба ҳеч гоҳ гирду атрофро надида, ба сари тал қадам намегузорад. Боре дар сари яке аз чунин талҳо Домино оҳиста сарашро бардошта, дар поён, дар майдони атрофаш шамолпанаҳ рамаи гӯсфандони беқарорро дид. Онҳоро саги сиёҳи бузургҷуссае таъқиб мекард. Ин душмани кӯҳнаи Домино — Гекла буд. Ду-се гӯсфанд мурда мехобиданд ва Домино дид, ки он дев боз якеро кушт. Саг гӯсфандонро аз гулӯяшон гирифта ба замин мехобонду дуру дароз азият медод. Вақте ки аз ҷароҳат хуни гарм фаввора мезад, саг ба гӯсфанди дигар мечаспид. Даҳшат не, кунҷковӣ ва ҳайрат Доминоро дар ҷояш мехкӯб кард. Гекла аллакай аз қафои гӯсфанди дигар медавид, ки садои тир баромад ва он аз тори сари бадкирдор гузашта, ба теппа бархӯрд. Саги хуншор хуб медонист, ки акнун ӯро чӣ интизор аст. Вай аз ҷарӣ парида, ноаён гурехт. Дигар ҳеҷ кас наметавонист ба соҳиби он шикоят барад. Домино низ майдонро убур карда гурехт, лекин бадабхтона ӯро одамон диданд. Чӯпон ба ҷойи
56 ҳодиса омада, чанд гӯсфанди мурдаро дид, аммо пайи саг наменамуд, чунки рамаи ба воҳима афтода пайсипорида буданд онҳоро. Ҳама далелҳо ба Домино далолат мекарданд. Пеш аз ин низ чандин гӯспанд зарар дида буданд ва аз ин рӯ чӯпон барои аз рӯбоҳҳо қасд ситонидан қасам хӯрда, нақшаи даҳшатнок кашид. Дар аввал тарафдорони нақшаи ӯ зиёд набуданд. Аммо дар моҳи март гӯсфандони зиёд, аз ҷумла чанд шишак кушта шуданд. Бисёриҳо мегуфтанд, ки дар ҷойи ҳодиса пайи пойи калони сагҳоро дидаанд. Баръакс одамони зиёди дигар онро кори рӯбоҳҳо медонистанд ва тайёр буданд, ки дар дастгир кардани онҳо ёрӣ расонанд. Онҳо бовар доштанд, ки ин бадкирдор рӯбоҳи сиёҳубӯрранг аст. Наҷотбахши Сарисинасафед Ҳама аҳолии болооби Шобан ба по хестанд. Нақшаи муҳосираи рӯбоҳҳо омода карда шуд. Одамоне, ки гӯсфанди худро аз даст дода буданд, мехостанд рӯбоҳи бадкирдорро ба қатл расонанд. Ҷавонон ин корро чун варзиши ҷолиб қабул доштанд. Ҳамагонро мукофоти ин амалиёт — пӯсти олиҷаноби рӯбоҳи сиёҳубӯр ба худ ҷалб мекард. — Ман дар куҷо сарф кардани он пули ба ман насиб мекардаро медонам,— мегуфт яке. — Бисёр аҷиб мешуд, агар дар як рӯз барои харидани ферма пул ба даст дарорӣ,— мегуфт дигарӣ. — Ман аз пули ин пӯсти сиёҳ ду асп мехарам,— мегуфт нафари сеюм.
57 Ҷюксҳо дар ин кор иштирок накарданд: онҳо ягон гӯсфанди худро аз даст надода буданд ва ғайр аз ин бо Бентонҳо муносибати хуб надоштанд. Бар замми ин Абнер Ҷюкс бо дигар шикор банд буд ва Геклаи ӯ ба душманони хӯҷаини худ ёрӣ намедод. Фермерҳои амрикоӣ бо усули барбарӣ рӯбоҳ шикор мекарданд. Ҳар иштирокдор бо худ камон мегирифт ва шарти шикор аз он иборат буд, ки пӯсти рӯбоҳро хароб накарда, онро бояд кушт. Аз ин рӯ аз бист нафари гурӯҳ якеро интихоб мекунанд. Он субҳи моҳи март низ ҳамин гуна гурӯҳ ба шикор баромада буд. Одатан рӯбоҳҳо ҳар сол барои худ лонаи нав мекобанд. Аммо баъзан ба лонаи кӯҳна (агар дар ҷойи амн ва аз он хотироти хуб боқӣ монда бошад) низ бармегарданд. Дар сойи сиёҳбедзор то ҳол бинобар эҳтиёткорӣ лонаи Домино ва Сарисинасафедро касе пай набурда буд. Ба қарибӣ боз бояд насли онҳо зиёд мешуд ва аз ин рӯ дар моҳи март онҳо ба тартиб даровардани лонаи кӯҳнаи худро шуруъ карданд. Барои диққати душманони худро ҷалб накардан, хеле эҳтиёткорона омада мерафтанд ва асосан дур аз хонаи худ шикор мекарданд. Вақте ки иҳотакунӣ ва шикор оғоз ёфт, Сарисинасафед дар болооби дарё мегашт. Сагҳо зуд садо баланд карда, аз пайи ӯ афтоданд. Одатан фермерҳо аз паси сагҳо намедаванд. Онҳо дар оғози шикор дар баландиҳо пароканда мешаванд ва аз аккоси саг самти таъқиботро муайян намуда, мекӯшанд, ҷойҳои қулай, тангроҳаҳои байни талҳоро интихоб кунанд, то ҳангоми аз ин ҷо гузаштани рӯбоҳ онро парронанд.
58 Аккоси сагонро шунида, шикорчиён ба дидбонгоҳҳои баланд баромаданд, то бидонанд, ки сагҳо ҳайвони ваҳширо ба кадом тараф сур мекунанд. Садои сагҳоро шунида, Сарисинасафед зуд ҷониби дарёчаи Бентон сарнишеб рафт. Ба умеди нигоҳ доштани сагҳо ӯ дар ин ва ё он соҳили дарё аз болои чандин танаи дарахтони афтода парида, пеш медавид, то ҳарчи аз сагон дуртар равад ва изи пояш хунук шавад. Дар рӯзи бебориш шояд изаш тамоман гум шавад, аммо ба бахти бади ӯ он рӯз шамоли гарм мевазиду барф зуд об мешуд. Дарёчаҳо селобаи пурғавғоро мемонданд, барф нарм буд ва ҳар бори ҷаҳидан пояш дар он фурӯ мерафт. Пойи дарози сагҳо ба онҳо имкон медод, ки зуд аз пайи рӯбоҳ шаванд. Сарисинасафед оҳистатар медавид ва масофаи дар аввал сарфа кардааш кӯтоҳтар мешуд. То ҳол ба назари ягон шикорчӣ наафтида буд вай, аммо маълум буд, ки то охир истодагарӣ карда наметавонад. Дар баробари гарм шудани ҳаво барф мулоим мешуду думи рӯбоҳ пасттар. Дум барои рӯбоҳ метавонад хатар эҷод кунад ва ҳолати он нишонаи қуввату тавоноиаш аст. Рӯбоҳи зӯру нотарс ҳангоми таъқиб кардан думи худро боло мебардорад. Агар вай рӯҳафтода шавад, думаш хам шудан мегирад. Дар ҳавои барфию боронӣ низ тар шуда, бештар мехамбаду дар замин кашола мешавад, ба обу лой меҷӯлад ва ба лангари вазнин бадал гашта, оқибати бадро наздик месозад. Сарисинасафед ҷасур буд, аммо барф ниҳоят тару баланд буд ва бар замми ин ӯ баъди чанд рӯз бояд таваллуд мекард. Ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест, ки
59 дере нагузашта вай монда шуд. Ҳамзамон ба ӯ боз лозим омад, ки аз болои чӯби борики рӯйи дарёча гузарад. Пояш лағжиду ба об афтод. Албатта, дере нагузашта ба соҳил баромад, аммо пашми баданаш тар шуда, роҳ гаштанашро мушкил гардонд. Гӯё дигар ҷойи умед намонда буд. Аз ҳад зиёд бемадор шуда, ба зӯр то тали дигар расиду аз ноумедӣ баланд дод зад. Ин фарёд ба ҳадаф расид: дар ҷавоб аккоси кӯтоҳу далерона садо дод ва Доминои далеру нотарс ба пешвози ӯ омад. Сарисинасафед аз бадбахтии худ чизе гуфта натавонист ва ин лозим ҳам набуд. Домино зуд фаҳмиду коре кард, ки танҳо дӯсти қадрдон ва ҳақиқӣ метавонад чунин рафтор кунад: вай ҷони хешро ба хатар андохта, бо пайи изи ӯ ба муқобили сагҳои ӯро таъқибкунанда рафт. Ин маънои онро надорад, ки вай худро қурбон кардан мехост,— не, ӯ ба қувваи худ бовар дошт, ки метавонад пеши роҳи он галаро гирифта, ҷониби дигар бубарад. Вақте ки сагҳо аз паси ӯ медаванд, Сарисинасафед метавонад оромона ба лонааш биравад. Имтиҳони мардонагӣ Домино қариб якуним мил ба пешвози он гала рафту истод. Акнун гала бисёр наздик,— сесад қадам дуртар буд. Вай торафт наздик мешуд. Ҳамагӣ дусад қадам вайро аз онҳо ҷудо мекард. Ниҳоят вай баргашт ва изи Сарисинасафедро гирифта ба роҳ даромад. Аммо саросема намешуд. Ба хотири чӣ? Шояд то ба чашмони худ бубинад,
60 ки сагҳо ба кадом тараф мераванд ва ё барои он ки онҳо ӯро бубинанд. Ана, якдигарро диданд. Сагҳо баланд аккос зада, пайи пешинаро гузошта, аз қафои рӯбоҳе, ки ногаҳон ғайб зад, давиданд. Дар он ҷое, ки вай ҳамин ҳозир истода буд, бӯяшро шамиданд. Ба сагҳо тан бояд дод, ҳарчанд дарҳол дарк карданд, ки изи модинаро монда, аз қафои наринаи ҷасур мераванд, аз роҳ нагаштанд. Қариҳаи табииашон онҳоро водор намуд, ки маҳз чунин бояд кард. Домино оҳиста мерафт, то бифаҳмад, ки дарҳақиқат сагҳо аз пайи ӯ меоянд. Ҳатто бори дигар худро ба онҳо нишон дода, ба таъқиб намудани онҳо бовар ҳосил кард. Баъд ӯ зуд галаро аз роҳе, ки рафиқааш сӯйи лона рафта буд, канортар бурд. Вақте ки Домино аз майдони кушод мегузашт, шикорчиён ба воситаи дурбин ӯро дида, беҳад хурсанд шуданд. Фермерҳо ин маконро хуб медонистанд, ҳама гузаргоҳҳо барояшон маълум буд. Овози тир баланд шуд ва Домино дарди сахтеро ҳис кард: як дона сочма ба паҳлуяш расида, ҷароҳати дардовар гузошт. Рӯбоҳи сиёҳ шикорчиёнро надид, аммо акнун медонист, бо кӣ сару кор дорад. Домино бояд ҳатман водичаеро мегузашт, аммо вай хуб дарк мекард: ин даъфа бояд дар баландиҳо бошад. Баъд аз се мил давидан ӯ якбора ҷониби саҳро баргашт ва шаш мил бо хати роҳи оҳан давид. Пас аз як мил сагҳо хеле қафо монданд ва Домино рӯйи релсҳо қадам зада, ба ҷойи аввалааш баргашту ба шохаи дигари роҳи оҳан ворид шуда, ҷониби дигар рафт ва хеле давр зада, оқибат ба хонааш расид. Хаста шуда буд, ҷароҳаташ дард
61 мекард, аммо мисли ғолиб думашро баланд бардошта мерафт… Ӯ ҳама ҷойҳои болооби Шобанро гашт ва бо шиками гурусна тарафи беша рафт, то ғизои барои захира пинҳонкардаашро пайдо кунад. Ногаҳон садое ба гӯшаш расиду қалбаш сахту ноором тапид.
62 Талро гирд гашта галаи сагҳои нав (қариб сӣ адад) ва шикорчиёни зиёди савораро дид. Аккоси дилхароши сагон гувоҳи он буд, ки изи ӯро гирифта, аз қафояш меоянд. Агар вақти дигар мебуд, аз ин галаи сагон халос шудан душворие надошт, аммо ҳозир қувваҳо нобаробар буданд. Ӯ бениҳоят хастаю гурусна буд, баъди даводави зиёд пойҳояш монда шуда буданд, ҷароҳаташ сахт дард мекард. Бисёр мехост каме дам гирад. Ин шикори ҳақиқӣ — бе камон буд: шикор на ба хотири пӯст, балки барои бо сагҳо таъқиб карда, азият додани вай. Кӣ метавонист рӯбоҳро барои аз таъқибгарон гурехтан, яъне тарсӯӣ таъна занад? Домино бо ин талҳои аз ҷойҳои маъмулии гаштугузори вай хеле дур хуб шинос набуд. Талҳои барояш ошно чандин мил қафо монданд. Дар байни ин талҳо шикорчиён камон ба даст менишастанд ва тайёр буданд ба ҷону дил аз ёрии галаи нави сагон истифода кунанд. Ҳеҷ гоҳ Домино ҳангоми гурехтан мисли имрӯз аз ҳиллаҳои худ кам истифода набурда буд. Ва ҳамзамон вай ҳеҷ гоҳ чунин бо тамоми қувва надавида буд. Соат ба соат аз як тал ба тали дигар медавид. Офтоб бедареғ гармӣ бахшида, барфро дар ҷангал ба лой мубаддал мекард. Ҳама ҷӯйчаҳо аз оби мсили ях хунук пур буданд. Ҳатто дар рӯйи ях низ кӯлмакчаҳо пайдо шуданд ва думи фаххаки рӯбоҳ — нишони мардонагии вай — пур аз обу лой буд ва аз вазни худ хам мешуд. Домино медонист, ки ҳозир ҳам метавонад сагҳоро мисли пештара бемадор кунад, аммо ин дафъа шабро интизор шуд. Шаб ҳаво сард мешавад ва рӯйи барф қирав мебандад. Он вақт вай метавонист аз
63 тақдири худ хотирҷамъ бошад. Аммо ҳоло дар байни талҳо ғайбзаниро идома медод. Суръати баланди беназираш қариб ба ним суст шуда буд. Сагҳо низ аз ҳол рафта буданд. Барфу борон низ шикорчиёнро монда кард. Танҳо ду нафари онҳо — соҳиби сагҳо ва ҷавони болобаланд Абнер Ҷюкс — рӯбоҳро дунболгир мекарданд. Фақат Абнер медонист, ҷонваре, ки онҳо алҳол таъқиб мекунанд, ҳамон рӯбоҳи машҳури сиёҳубӯри голдерӣ аст. Ба ҳар ҳол бартарӣ ҷониби сагони наздикшаванда буд. Домино наметавонист дубора бо изи пештарааш равад. Илоҷи кор рост давидан буд. Ва ӯ ба пеш медавид, аммо оҳиста-оҳиста, бо ҷаҳишҳои кӯтоҳ ва нафастангӣ. Ҳамин тариқ вай аввал аз назди як ферма, баъд дуюмиро низ гузашт ва нохост дар дами дари фермаи сеюм духтарчаеро сабат дар даст дид. Маълум нест, ки чаро баъзан ҳайвони дарранда дар ҳолати ноумедӣ аз инсон дастгирӣ мехоҳад. Рӯбоҳи голдерӣ хастаю лакот худро ба пеши пойи духтарча андохт. Духтарча зуд ӯро кашида ба ҳавлӣ даровард ва дарро ба рӯйи галаи сагон баст. Сагҳо дар гирди ҳавлӣ медавиданду аккос мезаданд. Шикорчиҳо низ расида омаданд, соҳиби ферма низ ҳозир шуд. — Ӯ аз мост, ҳаққи ҳалоли сагони мост. Онҳо ӯро то ин ҷо сур карда омаданд,— гуфт сарвари шикорчиён. — Вай дар ҳавлии ман ва акнун аз они ман аст,— эътироз кард фермер, рӯбоҳи сиёҳубӯри ба хоку гили сурх ҷӯлидаро нашнохта.
64 Ҳарчанд мурғҳои ин фермер низ гум мешуданд, ӯ намехост рӯбоҳро соҳибӣ кунад, чунки ба назари вай пӯсти он тамоман хароб шуда, дигар ягон арзиш надошт. — Хуб, марҳамат, бигиред рӯбоҳатонро,— гуфт ӯ дар охир ба шикорчӣ. Аммо ҳамин вақт духтарча ба гиря даромад. — Надеҳ ба онҳо, надеҳ, вай аз они ман! — дод мезад ӯ.— Худаш ба назди ман давида омад. Накушед ӯро! Фермер дудила шуд. — Мо бо ӯ аз рӯйи виҷдон муомала мекунем,— оромона гуфт шикорчӣ.— Иҷозат медиҳем, ба ҳамон масофае, ки то ин ҷо расидан аз мо пеш буд, бидавад. Фермер хост саросема биравад, то ин рӯйдодро набинад. Вай, алабатта, метавонист ҳайвони бечораи ваҳшатзадаро, ки дар хонаи ӯ паноҳгоҳ хостааст, фаромӯш кунад, аммо фарёди кӯдаконаи «Накушед, накушед! Вай аз ман! Э, дадо, дадо! Онҳо ӯро мекушанд! Дадо, дадоҷон!»-ро, ки то ҳол дар гӯшҳояш садо медоданд, фаромӯш карда наметавонист. Дар дили падар ин оҳу афғони кӯдакона асар гузошт.
65 Дарё ва шаб Аммо шикорчиён Доминоро бо худ бурда, имкон доданд, ки ҳамон чоряк мили «барҳақ»-ашро бидавад. Ин амалро онҳо «одилона рафтор кардан» меномиданд. Яъне ба дунболи як рӯбоҳи азиятдида сӣ саги бақувватро сар додан! Водӣ боз аз аккос пур шуд. Боз Домино рӯ-рӯйи барфи тар медавид ва дар аввал ба ӯ муяссар шуд, ки хеле пеш равад. Вай қитъаи замини дарози назди дарёи Бентонро давида, нишебии талҳоро гузашта, ба воситаи қуллаи онҳо ақиб мегашт, ки ногоҳ аз ҳавлии як ферма ҳамон Геклаи манфур давида баромаду ба галаи сагони таъқибгар ҳамроҳ шуд. Шикорчии қаддароз пайдо шудани ӯро бо садои баланди дӯстона таҳсин хонд. Акнун, ки ба душманонаш сеюмин қувваи нав хамроҳ шуд, Домино чӣ тавр метавонист халос шавад? Танҳо як умед монда буд: фарорасии шаб, агар ҳамон ҳам сард бошад. Аммо бегоҳ шамол боз нармтар шуд. Оби дарёи Шобан, ки тамоми рӯз дар болои он шамоли нарм мевазид, водиро аз об лаболаб кардаву аз паси худ яхпораҳоро ба ҳаракат оварда, ҷониби ғарб равон буд. Офтоб дур аз сатҳи об нишаст ва ин ғуруби қирмизӣ амсоли анҷоми зиндагии бошарафона бисёр зебо буд. Аммо на сагон, на шикорчиён барои тамошои он наистоданд: онҳо ҳамоно шитобон ба пеш медавиданд. Сагҳо базӯр нафас мекашиданд, забонашон то замин кашол, чашмонашон сурх шуда буд. Пешопеш саги нав ҳамроҳшуда — деви баногоҳ
66 пайдошуда — медавиду пешопеши вай рӯбоҳ. Акнун он пашми фаххаки ӯ ифлос шуда буд, думи зебои пур аз лояш кашол шуда мерафту пойҳои ба мисли гӯшти тоза хӯрдашудааш аз қафои худ изҳои хунин мегузоштанд. Домино ҳеч гоҳ то ба ин андоза хаста нашуда буд. Акнун вай танҳо як имконият дошт: бояд то ҳамон пайроҳае, ки ҷониби камар мебарад, рафта бирасад. Лекин дар назди ин пайроҳа лонаи ӯ воқеъ буд ва қариҳаи зотиаш ба ӯ ҳамеша мегуфт: «Он ҷо рафтан даркор нест». Дар дақиқаи охирин ноилоҷ ба ҳамон тараф давид, зеро чораи дигар надошт. Охирин қувваашро ҷамъ оварда, лаб-лаби дарёи Шобан давиду тавонист зуд чолокии пештарашро барқарор кунад ва агар ҳамон саги лаънатии бадҳайбат, ки пешопеши ҳама сагон медавид, намебуд, вай халос мехӯрд. Вақте ки Домино ба кӯҳпора наздик шуд, Гекла аккос зад. Вай овози бадхашмонаи ин сагро шинохт ва гуфтан душвор буд, ки ин садо чи қадар қувваю чолокии ӯро гирифт. Акнун роҳи рӯбоҳ ҷониби кӯҳпора баста буд ва ӯ маҷбур шуд, ки боз ақиб гашта, лаб-лаби дарёи тезоб бидавад. Ҳама умедаш барбод рафта буд, аммо Домино давашро идома медод ва ҷуссаяки гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф калавандааш ҳамоно дар пеш сиёҳӣ мекард. Ӯ аз хастагӣ қариб мурда буд, вале ҳамоно барои ҳаёт талош мекард. Шикорчии қаддароз танҳо наздик шуд. Вай медонист, ки кори рӯбоҳ тамом шудааст, вай аз ду нуқтаи сиёҳи ҳаракаткунанда дар рӯйи барфи
67 рахшони ғарқи нури офтоби ғуруб чашм канда наметавонист. Аккоси галаи сагон дар гӯши рӯбоҳи бадбахт садо медод. Домино аз ҳол мерафт. Думи хаффак, зебу ифтихори ӯ, дигар дар ҳаво мавҷ намезад, балки тару вазнин дар замин кашола шуда, бе ин ҳам суръати сусти рӯбоҳро сусттар мекард. Сагҳо наздик будани пирӯзиро ҳис намуда, девонавор аккосзанон, аз қафо меомаданд. Домино акнун аз мавзеи уреби замин мерафт, ки он мисли ҷазирачае ба дарё мерасид ва доми тайёр буд. Дарё ӯро фиреб дод. Галаи сагон ба рӯбоҳ наздик шуданд: пеш аз ҳама бо аккоси дағалу хашмин Гекла медавид. Маҳз ӯ пеш аз ҳама роҳи баргашти Доминоро баст. Ҳама чиз гӯё дар кафи даст аён буд: пастоби назди соҳил, сагони бадхашм ва дарёи равони пур аз яхпора. Ҳам аз пеш ва ҳам аз қафо — танҳо марг! Ин лаҳзаҳо вуҷуди заифмиҷоз ноумед шуда мефавтад, аммо зӯр метавонист мубориза кунад. Галаи ҷангара бо сардории Гекла ба уребгоҳ расида, зуд давиданд. Дарё девонавор ба соҳилҳои сиёҳбедрӯйида бархӯрда равон буд. Мисли он ки яхпораҳо дарёро пур карда буданд, соҳил пур аз саг шуд. Яхпораҳо ба ҳам наздик мешуданд ва оқибат як тӯда шуда, ба соҳил бархӯрданд. Ва ҳамин вақт Домино коре кард, ки на ҳар рӯбоҳ ба он қодир аст. Ӯ як ба ҷониби сагҳо нигаристу баъд назарашро ба тӯдаи яхҳо дӯхт ва… ҷаҳид. Аввал ба болои яхпоре афтиду баъд оҳиста-оҳиста аз як яхпора ба болои дигараш ҷаҳидан гирифт. Аммо баъд бардамаи яхҳо гусаст. Дар байни соҳил ва яхпораҳо
68 хати сиёҳи оби тадриҷан васеъшаванда пайдо шуд. Дар болои яхпораи дур, гӯё дар болои зини сафед, миёнаш хам рӯбоҳи сиёҳ меистод. Галаи сагон ба соҳил расида, бадхашмона доду вой мекарданд. Аммо Гекла девонавор худро ба болои яхпорае партофт. Дарёи тезобу хурӯшон зуд он яхпораеро, ки саг дар болояш меистод, аз соҳил ҷудо кард. Ҳамин тавр ҳар ду — рӯбоҳи таъқибшаванда ва саги таъқибгар — ба пешвози марги худ рафтанд. Онҳо дар рӯйи дарёи мунаввар аз офтоби ғуруб шино мекарданд. Дар соҳил сагон ва ҷавони шикорчии савора аз паси онҳо мерафтанд. Дар гардишгоҳи дарё яхпораҳо ба ҷойи тезоб — макони дарозу ҳамвори об, пеш аз он ҷое, ки дарё ба поён ҷорӣ шуда, шаршараи Харнейро ташкил медиҳад, даромаданд. Ҷавон ва сагҳо ба ғуруби арғувонӣ ва дарёи бо ранги қирмизӣ мунаввару пур аз яхпораҳои дурахшон, ки ду махлуқро мебурд, дида дӯхта истоданд. Тумани болои дарёи пуртуғён ғализтар шуд ва охирин нурҳои аз байни он гузаштаи офтоб дарё, яхпора ва рӯбоҳи сиёҳубӯррангро зарандуд карду баъд шафақи лолагуни шом аз назарҳо ғоиб шуд. Махлуқи далери нобудшудаистода дар рӯйи яхпораи дур садое намебаровард, аммо бод уллоси ҳазини сагро меовард, ки бӯйи даҳшати марг мекард. — Алвидоъ, дӯстам! — гуфт шикорчии ҷавон.— Алвидоъ, саги беҳтарини ман! — овози ӯ хиррӣ шуд.— Алвидоъ, рӯбоҳи сиёҳубӯр! Ту фотеҳона зиндагӣ кардӣ ва ҳамчун ғолиб мефавтӣ. Бисёр мехоҳам, ки шуморо наҷот бидиҳам, аммо… бо марги бошарафона ҳалок мешавед. Алвидоъ!
69 Абнер дигар ҳеҷ чизро дида наметавонист. Сагҳо дар соҳил меларзиданду менолиданд. Дар соҳили шафат ҷараёни об гирдоби васеъ ташкил медод. Яхпораҳо дар он давр зада, тадриҷан ба миёни дарё шино мекарданду яхпораҳои миёни дарё ба соҳил наздик мешуданд. Аз ин лаҳзаи мусоид истифода карда, Домино ҳама қувваашро ҷамъ оварда, ба соҳил ҷаҳид. Вай сиҳату саломат аз селобаи сиёҳ гузашта, боз қадам ба замин гузошт. Дарёе ки боре дар ҷавониаш ӯро аз бало халос карда буд, боз наҷот дод. Аз байни яхпораҳои равон уллоси дуру дароз ва навмедонаи саг шунида шуд. Аммо онро шавшуви об зуд пахш кард.
Мундариҷа Қисми 1. БАЧАГИИ ТИЛОӢ Хонаи падарӣ ........................................................... 3 Бадбахтӣ ................................................................... 7 Хонаи нав................................................................ 10 Либоси нав ва зиндагии нав ................................ 14 Хушсурату девсират .............................................. 17 Ҳаёти зимистонаи Домино ................................... 20 Домино ба худ ҳамсар ёфт.................................... 23 Қисми 2. ДУКАСА Баҳор ....................................................................... 27 Ҳодиса ..................................................................... 29 Рақиби куҳна.......................................................... 31 Оҳу........................................................................... 34 Гиёҳи афсунгар...................................................... 37 Асал аз даҳони шер ............................................... 41 Тобистон ва духтарак ............................................ 45 Меросхӯри Домино ................................................ 49 Қисми 3. САНҶИШ ВА ПИРӮЗӢ Қозҳои ёбоӣ............................................................. 53 Қотили гӯсфандон ................................................. 55 Наҷотбахши Сарисинасафед................................ 56 Имтиҳони мардонагӣ ............................................ 59 Дарё ва шаб............................................................ 65
Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ Эрнест Сетон-Томпсон ДОМИНО (Қисса) Тарҷумаи Равшани Махсумзод Рассом — Бахтиёр Қаҳоров Муҳарририрон: Муҳриддин Сабурӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода Мушовир — Фаросат Олимова Тарроҳ — Владимир Казберович Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×90/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 4,5. Адади нашр 9545 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3.