1
Душанбе — 2023 Эрнест Сетон-Томпсон ДОМИНО (Қисса)
ТБК 84.7 Кан – 4 + 83.37 + 83.8 С-51 Сетон-Томпсон, Эрнест. С-51 Домино/Эрнест Сетон-Томпсон; рас. Бахтиёр Қаҳҳоров.— Душанбе: «Нашриёти муосир», 2023.— 72 с. Дар пушта, канори ҷангал лонаи рӯбоҳ буд. Дар оилаи рӯбоҳони зардранге рӯбоҳаки хокистарранг мезист. Вай хеле чусту чолок буд. Рӯбоҳак Домино ном дошт. Ранги Домино бӯри сиёҳранг буд. Домино ба фермаи мурғпарварӣ роҳ ёфта, мурғонро медуздад. Соҳибони мурғҳо аз пайи Домино шуда, лонаи рӯбоҳро меёбанд. Саги шикорӣ ҳам ҳамеша пайгири Домино буд. Бо ин рӯбоҳак ва оилаи вай ҳодисаҳои гуногун рух медиҳанд. Домино баъди бузург шудан хеле боэҳтиёт мешавад. ТБК 84.7 Кан – 4 + 83.37 + 83.8 ISBN 978-99985-889-1-2 © Э. Сетон-Томпсон. Тарҷумаи Равшани Махсумзод
3 Қисми аввал БАЧАГИИ ТИЛОӢ Хонаи падарӣ Офтоб дар паси кӯҳи Голдер ғуруб кард ва чодари маҳини шом, ки ҷонварон дӯст медоранд, бар сари талу ҳамвориҳо паҳн шуд. Шафақ шуъла мезад ва пораҳои хурди он медурахшид. Дар сари тали каме дуртар аз лаби дарёи Шобан бешаи санавбар сабз ба назар мерасид. Шомгоҳон ин мавзеъ бағоят ором ва роҳатбахш буд. Дар байни ин беша оилаи рӯбоҳе зиндагӣ мекард. Роҳи даромад ба лонаи рӯбоҳ дар канори марғзор аз чашм пинҳон мемонд. Дар ин вақт оила барои бозӣ кардану аз серунии бегоҳӣ лаззат бурдан ба ҳавои тоза баромада буд. Рӯбоҳи модина бозии бачаҳояшро назорат мекард. Вай мекӯшид, ки онҳо табъи дил бозию хурсандӣ кунанд. Ҷонваракони хурдакаки бароқ дар паноҳи мавҷудоти аз ҳама барояшон бузург — модар шӯхию бозӣ мекарданд. Ба назарашон чунин мерасид, ки дар баробари модар тамоми дунё дӯсту хайрхоҳи онҳост. Онҳо табъи дил аз думболи пашшаю гамбӯсак медавиданд, ба ҳамдигар қувваозмоӣ ва ҷастухез мекарданд, нотарсона говзанбӯрро бӯ мекашиданд ва босуръат давида мехостанд думи модарашонро ба чанг оранд ва ё аз даҳони якдигар сарқути кайҳо партофтаро гирифта гурезанд.
4 Он бегоҳ бозичаи дасти рӯбоҳчаҳо қаноти хушкшудаи мурғобӣ буд. Даҳҳо маротиба он аз як ҷониб ба ҷониби дигар мегузашт. Оқибат онро аз ҳама рӯбоҳчаи чаққони дар фукаш хати сиёҳи уребдор ба даст овард. Ӯ то ба дили ҳама задани бозию даводави бесуд сайди худро ба касе надода гирд гашт. Баъд қанотро раҳо карду дарҳол ба думи модараш часпид ва то он даме ки модар бо ҷаҳиши ногаҳонӣ бачаи хираашро ба пушт андохта, думашро халос накард, кашиду кашид. Ҳангоми ин бозию ғалоғула дар марғзор рӯбоҳи пир пайдо шуд. Ӯ ғизо меовард. Бино бар ин ҳама ҳарисона чашму бинии худро ҷониби ӯ гардонданд. Рӯбоҳи нар бори хеш — муши обии ҳамин ҳозир буғӣ карда куштаашро — ба замин гузошт ва модина барои овардани он давид. Шикорчиён қисса мекунанд, ки агар бачаҳояш дар дуруни манзил набошанд, рӯбоҳ ҳаргиз сайдашро то дари хона намеорад. Дар ҳикояҳои шикорчиён баъзан ҳақиқат низ ҳаст. Модина муши обиро оварда ба пеши фарзандонаш гузошт ва онҳо ба он ҳуҷум оварданд. Рӯбоҳчаҳо ғуррос задаю бо ғазаб ҷониби якдигар чашм ало карда, ҷисми беҷони ҷонвараки бечораро силтав медоданду байни ҳам кашокаш мекарданд. Ҳар яке мехост ҳаққи хешро ҷудо карда бигирад. Модина кашмакаши бачаҳояшро дар болои муши мурда тамошо карда, ҳамзамон ҷангали атрофро назора мекард. Зеро дар он ҷо душманони ҷонии ӯву бачаҳояш паноҳ шуда меистоданд: одамони камондор, кӯдакону сагҳо, уқобу бум. Ҳама мехоҳанд фарзандони ӯро шикор кунанд. Аз ин рӯ
5 вай ҳамеша бачаҳояшро ҳушёрона посбонӣ мекунад ва дар ин кор шавҳараш дастёри ӯст. Ҳарчанд нарина дар корҳои оиладорӣ нақши дуюмдараҷа дорад ва ҳангоми чашмонашон пӯшидаю ширмак будани фарзандон ба хона роҳ дода намешавад, мунтазам ғизо меораду лонаро посбонӣ мекунад. Вақте ки базми рӯбоҳчаҳо дар авҷ буд, ногаҳон аз дур садои «юр-юр-яап»-и рӯбоҳи нар, яъне бонги хатар ба гӯш расид. Агар рӯбоҳчаҳо калон мебуданд, маънии ин садоро мефаҳмиданд. Аммо онҳо ҳоло хурд буданд, бино бар ин модарашон тозон омад, то ба онҳо чӣ кор карданашонро фаҳмонад. Вай бо садои пасту таҳдидомез ҳав-ҳави дури падарашонро фаҳмонда, бачаҳояшро ба лона даровард. Онҳо дар нимрӯшноӣ муши мурдаро хӯрданд. Танҳо дар фермаҳои Англияи Нав қариб ҳазор ҷуфт рӯбоҳ зиндагӣ мекунад. Онҳо ҳамасола таваллуд мекунанд ва аз эҳтимол дур нест, ки манзараи дар боло тасвирёфта, ҳар рӯзи хуби баҳорон дар назди лонаи онҳо ба амал ояд. Пас ҳар сол на кам аз сад ҳазор бор ин манзара дар пеши чашми мо рух медиҳад. Аммо бино бар ҳушёрию пинҳонкории падару модари рӯбоҳчаҳо дидани ин давутози оилавӣ шояд аз ҳазор ба як нафар инсон муяссар гардад. Дар шаҳри Голдер Абнер Ҷюкс ном наврас аз қабили яке аз ҳамон сад ҳазор инсони хушбахт ба ҳисоб меравад. Ӯ, писарбачаи қаддарози малламӯйи рӯяш пур аз доғи кунҷитак, ба ҷойи подабонӣ кардан, аз дарахт ба дарахт гашта, лонаи гунҷишконро вайрон мекард. Абнер ба бозии рӯбоҳчаҳо мисли дигар ҳамсолонаш танҳо ба хотири тамошо не, балки вобаста ба завқи дар оянда табиатшинос шудан
6 мароқ зоҳир мекард. Ӯ дарҳол рӯбоҳчаи дар фукаш ниқоби сиёҳдори доминопӯшро* пай бурда, аз найрангҳои ӯ хушнудона механдид. Он замон вай халалдор кардани бозии онҳоро ҳатто дар гӯшаи хаёл ҳам намеовард, аммо бо вуҷуди ин, на танҳо сабабгори қатъ гаштани бозиашон, балки бадбахтиҳои баъдан ба сари оилаи рӯбаҳон омада шуд. Абнер фақат дар фасли зимистон рӯбоҳ шикор мекард. Ӯ бо саги шикориаш, ки дар оянда бояд «беҳтарин саги иёлот» мешуд, ифтихор дошт. Аммо алҳол он саг не, сагбача буд, лекин аз панҷаҳои калон, миёни борик, сари синаи васеъ, овози базарбаю расо ва феъли хапгирию бадқавоқияш аён буд, ки ҳайвони даррандае ба воя мерасад. Одатан Абнер ӯро дар хона баста мемонд. Аммо ин даъфа саг аз занҷир халос шуда, аз паси соҳибаш афтод. Маҳз наздик шудани хамин сагбача рӯбоҳи наринаро ба ташвиш оварда буд. Вақте модаррӯбоҳ бовар ҳосил кард, ки ҳафт ҷигарбандаш дар хона — дар ҷойи бехавфанд, зуд ба истиқболи душман рафт. Ӯ дидаю дониста ин корро кард, то ҳангоми ба хона наздик шудани саг ба чашми вай намояд. Дар ҳақиқат баъди чанде ав-ави гӯшхароше баланд шуд, ки он ҳатто дили боқуввати ҳамсари ӯро низ ба ларза овард. Вай дигар дар бораи худ фикр намекард, мехост ба ҳар роҳе бошад, ин саги бадқавоқро аз хонаи худ ҳарчи дуртар бубарад. Ва дар охир бо ҳилла сагро фиребида бо изи пештарааш баргашта ба хона омад. Ҳама ҷо ором буд, танҳо рӯбоҳчаи фуксиёҳ, * Ҷомаи васеи кулаҳу ниқобдори маскарадӣ. Дар Аврупо шахсе ки ҳамин либосро пӯшидааст, ӯро доминопӯш мегӯянд.
7 ки одатан ӯро дар даромадгоҳ истиқбол мегирифт, алҳол дар пешгаҳи хона фукашро ба рег пинҳон карда менишаст. Панҷ дақиқа пеш вай мехост аз хона барояд, аммо аккоси хашмолуди сагро шунида, вуҷудаш ба ларза омаду саросема ба кунҷи хона рафта, баъди пасанда шудани хавф низ муддате печутобхӯрон нишаст. То он лаҳза ӯ дар оромиш мезист. Акнун тарс роҳ ёфт ба дунёи вай. Бадбахтӣ Дар байни шикорчиён фикри маъмуле ҳаст, ки гӯё рӯбоҳ ба катаке, ки дар наздикии хонаи ӯст, кордор намешавад. Зеро вай намехоҳад ғазаби ҳамсояашро орад ва аз ин рӯ барои шикор ба фермаҳои дур меравад. Шояд барои ҳамин ҳам паррандаҳои ҳавлии Ҷюкс ҳамеша дар амн буданду мурғҳои Бентон зуд-зуд гум мешуданд. Мӯйсафеди Бентон одами пуртоқат набуд ва вақте ки чоряки мурғҳои зебои ӯ гум шуданд, тамоман девона шуд. Рӯзи якшанбе писарони Бентон — Си ва Бэд дар сари тал аккоси саги Ҷюкро шуниданд, ки аз пайи рӯбоҳ мерафт. Бачаҳо ин сагро дӯст намедоштанд, аз ин рӯ ба вай кордор нашуданд. Танҳо аз баландӣ диданд, ки чӣ гуна рӯбоҳ дар ҳамворӣ маккорона сагро фиреб дода, аз вай халос шуд. Аммо ҳанӯз онҳо ба роҳ надаромада, рӯбоҳ дар даҳонаш мурғи мисли барф сафед боз пайдо шуд. Бентон бо мурғҳои хушзоти сафедаш ифтихор дошт ва ҳеч ҷойи шубҳа набуд, ки алҳол
8 рӯбоҳ яке аз онҳоро рабудааст. Мурғи сафедро аз дур ҳам шинохтан мумкин ва бачаҳо бе ҳеч душворӣ дуздро то ба дари хонааш думболагир карданд. Баъди ним соат онҳо аллакай дар байни парҳои мисли барф сафеди мурғҳои хушзот меистоданд. Хостанд ба хонаи рӯбоҳ ходаи дарозро дароранд, аммо вай дар гардиши он дармонд ва ҳарчанд рӯбоҳчаҳо сахт тарсиданд, зарар надиданд. Рӯбоҳони пир дар ин вақт бо изтироб дар ҷангали наздик гаштугузор доштанд. Ҳарчанд аз тарс онҳо аз хонаи хеш дур рафтанд, дилашон ба бачаҳояшон кашол буд. Мехостанд наздик оянд, лекин ҳар дафъа садои одамонро шунида, дар зери буттаҳо пинҳон мешуданд. Агарчи хонаи рӯбоҳон дар замини Ҷюкс воқеъ буд, писарони Бентон қарор доданд, ки рӯзи дигар омада, онро вайрон мекунанд. Рӯбоҳи модина зуд хатари ба сараш омадаро ҳис карда, ба кофтани лонаи нав оғозид ва субҳгоҳон ба қӯчонидани оилааш шурӯъ кард. Деҳотиён барои интихоби беҳтарин гурбачаи навзод усули маъмулӣ, яъне гурбачаҳоро ба ҳавои кушод мебароранд. Дере нагузашта гурба бачаҳояшро меёбад ва онҳоро ба хонааш бармегардонад. Ҳамон гурбачае, ки модар аввалин шуда ба хона мебарад, беҳтарин дониста мешавад. Ин фоли дақиқ аст: гурбачаи чаққон ҳамеша аз тӯда боло меистаду пеш аз ҳама таваҷҷуҳи модарро ба худ ҷалб мекунад ва бино бар ин вай пеш аз дигарон ӯро ба хона мебарад. Дар хонаи кӯҳна модарро аз ҳама рӯбоҳчаи чаққону зӯр — Домино пешвоз гирифт ва очааш
9 аввал ӯро ба хонаи наву бехатар бурд. Баъд хоҳари беш аз дигарон бақуввати вай ва бори сеюм додари ӯро. Рӯбоҳи нар ин вақт дар сари пуштаи ҳамсоя нишаста, онҳоро посбонӣ мекард. Субҳ медамид. Вақте ки модар ҳамроҳи рӯбоҳчаи сеюм ба роҳ даромад, падар бонги хатар зад. Бачаҳои Бентон дар даст белу метин омаданд, то хонаи рӯбоҳро вайрон кунанд. Аммо се қадам дуртар аз даромадгоҳ ба санге бархӯрданд. Ҳанӯз дар андешаи ёфтани чораи санг буданд, ки аз мавзеи сангкафонии кӯҳ садои таркиш ба гӯш расид. Нақшаи амал муайян шуд: яке аз бачаҳо ба ҷойи сангкафонӣ рафт ва зуд бо асбоби динамит баргашт. Онҳо онро дар тарқиши санг гузоштанд. Баъд аз як дақиқа таркиши мудҳиш нишебии талро ба ларза овард. Вақте ки пардаи чангу ғубор фурӯ нишаст, маълум шуд, ки даромадгоҳи хонаро тӯдаи санг маҳкам кардааст. Бегумон рӯбоҳбачаҳо зери сангу хок монданд ва ё нафасашон гирифта мурданд. Таркиш хонаро ба қабр табдил дода буд. Бачаҳо рафтанд. Агар онҳо шаб ба ин ҷо бармегаштанд, медиданд, ки чӣ гуна рӯбоҳи нару модина барои ба хонаашон роҳ ёфтан бо панҷаҳояшон заминро мекофтанду пораҳои хоросангро мегазиданд. Шаби дигар низ онҳо омаданд. Шаби саввум танҳо модарӯбоҳ омад. Оқибат вай низ аз баҳри ин кӯшишҳои беҳуда баромад.
10 Хонаи нав Хонаи нави рӯбоҳ як мил* дуртар аз кӯҳнааш, на дар сари тал, балки поёнтар, дар лаби дарё, ки аз талҳо ҷудо шуда, ҷониби марғзор ҷорӣ мешавад, воқеъ буд. Дар ҳамин ҷо, дар сойи васеъ, ки атрофашро харсангҳо печонидаанду решаҳои сиёҳбеду тӯсҳо зич ба ҳам печидаанд, рӯбоҳон хонаи нав сохтанд. Роҳи даромади онро ду санги бузурги хоро посбонӣ мекард. Хонаи пешина дар пошнаи тал, дар бешаи дарахти санавбар воқеъ буд, аммо наваш дар сойи пур аз сиёҳбед сохта шуд. Санавбар доим шав-шув мекунаду нафас мекашад, сиёҳбед мудом меларзаду меҷунбад. Каме дуртар аз он дарё бо суруди шӯхи худ мавҷзанон ҷорист. Дар даромадгоҳи лона буттаҳои зич ба қиёқҳои рӯйида омехта то лаби дарё мерасанд. Ин нишебии сарсабз ҷойи бозии се рӯбоҳча буд ва тобистон метавонистед даҳҳо бор он манзараи пешин, яъне бо сайд аз шикор баргаштани падари онҳоро бубинед. Ҳама сабзаҳо аз дасти рӯбоҳчаҳо поймол шуда буд. Онҳо зуд калон мешуданд, аммо аз ҳама бештар ҳамоне бузург мешуд, ки рӯз аз рӯз ниқоби фукаш тиратар мегашт. Падару модар ба онҳо шикорро меомӯхтанд, зеро рӯбоҳчаҳо дигар пистони модарро намемакиданд, ҳар чизе ки калонсолон бихӯранд, онҳо низ истеъмаол мекарданд. Волидайн мекӯшиданд, ки бачаҳояшон қути лоямути хешро худашон пайдо кунанд. Аз ин рӯ дигар сайдро то дари хона намеоварданд ва онро дуртар, дар ҷангал мегузоштанд. * 1 мил баробар аст ба 1,61 км.
11 Бо шунидани фарёди модар фарзандон ҷониби ҷангал медавиданд ва дар он ҷо бозии шавқоваре оғоз меёфт, ки аз натиҷаи он ғизои нисфирӯзӣ вобаста буд. Аҷиб буд, ки чи тавр рӯбоҳбачаҳо дар буттазар медавиданд, дар нишебиҳои пур аз алаф давр мезаданд, ҳар як чуқуричаро бӯ мекашиданду бо диққат тафтиш мекарданд. Вақте ки шамол бӯйи
12 ғизоеро меовард, якдигарро тела дода ба пеш медавиданд ва оқибат бо тамоми қувва аз пайи падару модар давида, рост ба сари ғизои пинҳонкардашуда мерасиданд. Ҳамин тавр онҳо шикори ҳақиқиро омӯхтанд. Фуксиёҳ аз ҳама зирак, бақувват ва чолок буд. Вай пеш аз дигарон ҷойи ғизоро меёфт ва аз ин рӯ беш аз дигарон хӯроки хуб мехӯрд. Ба вай ҳамеша буридаҳои хубу равғанӣ мерасид. Ӯ тезтар аз дигар рӯбоҳбачаҳо калон мешуд ва ин фарқият рӯз аз рӯз аёнтар мегардид. Вай боз як фарқияти дигар дошт: мӯйинаи сиёҳу хокистарранги кӯдаконаи ӯ тираранг мешуд. Бародару хоҳараш мӯйи сурху зард мебароварданд, ки хоси зоташон аст. Аммо пашми вай рӯз аз рӯз сиёҳ мешуд, фуку панҷаҳояшон низ сиёҳ мешуданд. Охири июл буд. Рӯбоҳони пир, на танҳо монда нашуда аз фермаҳои дигар барои бачаҳояшон ғизо пайдо мекарданд, балки ғамхорона онҳоро аз ҳар гуна хатар ҳифз менамуданд. Аккоси ҷарангосии саг тез-тез дар наздикии манзили онҳо садо медод ва рӯбоҳчаи сиёҳ онро шунида ба ларза медаромад. Аммо рӯбоҳи наринаю модина ҳар дафъа ба муқобили душман рафта, бо ҳиллаю найранг ӯро маҷбур мекарданд, ки дасти холӣ ба хонааш баргардад. Дар байни харсангҳои лаби соҳил фиреб додани саг хеле осон буд ва вақтҳои охир рӯбоҳон нисбат ба душмани ғаддори худ беътиноёна рафтор мекарданд. Онҳо аз ҳад зиёд худбовару мағрур шуда буданд. Боре се рӯбоҳча барои пайдо кардани туъмаи ҳозир овардаи падарашон дар марғзор тор танида
13 мегаштанд, ки аз куҷое саги ало ба онҳо ҳамла кард. Аз ғурриши раъдсони ӯ рӯбоҳчаҳо ба ҳар тараф гурехтанд, аммо додараки хурди онҳо имконияти чапғалат додан наёфту ба дом афтод. Ҳайвони дарранда туъмаи хешро ба ферма оварда, дар пеши пойи соҳибаш партофту мунтазири таърифу тавсиф нишаст. Аммо хӯҷаин ӯро таъриф накард. Ғам болои ғам меояд. Субҳи рӯзи дигар рӯбоҳи нар мурғобии доштаашро гирифта ҷониби хона медавид, ки ногаҳон аккоси саг ӯро маҷбур кард, то аз роҳи маъмулию шинос баргардад. Вай бероҳа шуда, давашро дар пайроҳаи аз ҳар ду тараф чиғ бардошташудае идома дод. Бадии кор дар он буд, ки вай наметавонист мурғобиро аз даҳонаш раҳо накарда, аз болои чиғдевор гузарад. Бинобар ин ноилоҷ қад-қади девор давид, аммо дере нагузашта сагҳо онро пайдо карданд. Рӯбоҳ зуд ба аввалин хонаи пешомада пинҳон шуд. Ҳай дареғ! Бадбахт ба ҳавлие ворид шуд, ки саги дигаре он ҷо истиқомат мекард. Ва кори ӯ тамом шуд. Оилаи рӯбоҳи нар аз ин бадбахтӣ хабар надошт. Ӯ ба хона барнагашт, сайдашро наовард. Рӯбоҳи модинаю ду бачааш танҳо монда, хеле азоби гуруснагӣ кашиданд. Модина, ҳарчанд бачаҳояш тадриҷан ба воя мерасиданд, диловарона ҳама сахтиҳоро ба дӯш гирифт. Моҳи август онҳо ҳамроҳи модар ба мавзеъҳои дур ба шикор рафтанд ва дигар ғизояшонро худашон пайдо мекарданд. Дар моҳи сентябр қади духтар аз модар баландтар шуду писари пашмсиёҳ аз модараш бақувваттар гашт.
14 Акнун муносибат дар байни хоҳару бародар ва модару писар тағйир ёфта буд: ҳар ду рӯбоҳча аз бародари қадбаландашон худро дур мегирифтанд ва оқибат аз ӯ ҷудо шуданд. Модару духтар ҳоло ҳам якҷо мезистанд, аммо ким-кадом ғаризаи нозук робитаи оилавиро вайрон кард. Онҳо ҳангоми вохӯрдан бо рӯбоҳи сиёҳи қадбаланд муносибати дӯстона мекарданд, аммо мекӯшиданд бо ӯ кам вохӯранд. Ҳамин тариқ Доминои чобук ғами худ хӯрданро ёд гирифту хонаро тарк кард ва танҳо зиндагӣкардан ихтиёр намуд. Либоси нав ва зиндагии нав Аз ҳамон рӯз Домино берун аз хонаи падарӣ дар сояи сиёҳбедҳо ба мавҷҳои дарёи пурталотуми зиндагӣ печид. Вай ба зиндагии мустақилона қадам ниҳода, барои серу пур зиндагӣ кардан ва зинда мондан, бояд танҳо ба зӯри хеш такя мекард. Тадриҷан ӯ доно, эҳтиёткор ва зебо шуду баъди аз хонаи падарӣ рафтан чандин бор аз таъқиб халос гашта, бовар ҳосил кард, ки баъзан зиракӣ беш аз пойҳои чаққон ӯро наҷот дода метавонад. Ҷуз ин боз як кашфиёт кард: ҳангоми хатар вай дӯсти вафодоре доштааст, ки ӯро пеш аз ин низ ҳар рӯз медид, аммо танҳо акнун шинохт. Боре Доминоро ду саг таъқиб кард ва ӯ дар байни харсангҳо давида, панҷаи худро хуншор намуд. Ҳаво гарму дам буд. Ба азоб Домино аз таъқибгаронаш дур шуд ва барои хунук кардани
15 пойҳои тафсону мондашуда ва хуншори худ ҷониби дарё давид. Ба дарё расида, зуд ба оби хунук даромаду ба муқобили маҷро рафта, ҳаловат бурд. Дар даруни об чоряк милро тай карда буд, ки ба гӯшаш аккоси сагон омад ва дере нагузашта онҳо ба лаби дарё расиданд. Рӯбоҳи ҷавон дар байни буттаҳои ҷазирачае пинҳон шуд ва аз он паноҳгоҳи бехатари хеш бо завқ тамошо кард, ки чӣ гуна сагҳо то соҳил расида, изи ӯро гум карданд ва барои пайдо карданаш хеле пасу пеш давиданд ва оқибат наёфта, сӯйи хонаҳояшон баргаштанд. Шояд рӯбоҳ дарк намекард, ки об пайи ӯро пинҳон кард, аммо барои аз хатар эмин мондан ҷойи хуб будани дарёро фаҳмид. Баъдҳо ин таҷриба чандин бор мушоҳида шуд. Масалан, дар ҷойи пастоби соҳили дигар регзоре буд, ки дар он изи пой намемонд ва ҳузури гурезаро ошкор намекард. Вақте ки зимистон фаро расиду рӯйи дарёро яхи тунук пӯшонид, Домино ҳис кард, ки он вазни ӯро мебардорад, аммо дар зери пойи сагон зуд мешиканаду онҳо ба қаъри об мераванд. Аз ҳама ҷойи хуб барои Домино ҷарии серхарсанги лаби дарё буд. Дар таги ҷар пайроҳаи фарохе буд, аммо он рафта-рафта чунон танг мешуд, ки рӯбоҳе базӯр мегузашт. Барои гузаштани саги шикорӣ он ниҳоят танг буд. Пайроҳа аз пеши димоға мегузашту баъд аз нишебӣ ба сахра баромада, ҷониби ҷангал мебурд, ки аз роҳи дигар то он ду мил роҳ гаштан рост меомад. Ғайр аз ин, Домино фаҳмид; агар дар дигар ҷойҳо шикор барор нагирад, дар лаби дарё ҳатман қути лоямуте ёфтан мумкин. Шояд он ҷо ягон
16 моҳии ба соҳил партофташуда, паррандаи мурда ва ё қурбоққае бошад, ки ба ҳар ҳол метавонад гушнагиро рафъ созад. Баъд аз ин воқеа ӯ бовар ҳосил кард, ки дарё ҷойи хубу дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ фоидаовар аст. Дарё ба дӯсти ӯ табдил ёфт. Ана, чӣ гуна тағйир ёфт ҷонвари ҷавони мо дар ин муддат. Аммо хатар ба ҷони ӯ даҳ маротиба зиёдтар шуд. Бо фарорасии шабҳои сарди тирамоҳ пашми ӯ ғулию фаххосӣ шуд ва рангаш тағйир ёфт. Торафт сиёҳтар мешуд ва оқибат сояҳои сурху хокистаррангаш гум шуданд. Ҳар касе, ки мӯйинашинос бошад, дарҳол мегуфт: «Ин магар қосиди зебоии гӯшношунид нест? Ин рӯбоҳи ҷавон дар оянда магар рӯбоҳи сиёҳу бӯри ҳақиқӣ намешавад?» Ба даст овардани пӯсти рӯбоҳи сиёҳубӯр бахти бузургест, ки ҳар шикорчӣ дар дил мепарварад. Аммо ҷонвар ин боигариро бо чолокию зиракиаш ҳифз мекунад. Рӯбоҳи сиёҳубӯр танҳо зимистон аз дигарон бештар фарқ мекунад. Аммо ин гуна рӯбоҳчаро то тағйир додани пӯсти тифлонааш аз дигарон фарқ кардан осон нест. Фақат бо омад-омади зимистон зебоии ӯро дидан мумкин. Тирамоҳ ҳам фаро расид ва дар Голдер шабҳои сард оғоз ёфтанд. Мӯйинаи зимистонаи Домино рӯз аз рӯз фаххаку зичу ғулӣ мешуд, думи нӯкаш сафеди ӯ серпашм, хати сиёҳи кӯндаланги пешониаш сиёҳтару рӯшантар метофт мисли ниқобе дар миёни пашми нуқрафомаш. Сару гарданаш низ ба худ ранги сиёҳи рахшон мегирифт. Ниҳоят мисли ахтароне. ки шабона осмонро равшанӣ мебахшанд, «нӯги сафеду рахшони
17 мӯйҳояш дар манзари пӯсти сиёҳи амсоли зулмат» пайдо шуданд. Ҳар касе, ки дар моҳи июл рӯбоҳи сиёҳро дида бошад, ҳозир дар ноябр, ӯро дар либоси шинами зимистона умуман намешинохт: Домино ба рӯбоҳи сиёҳубӯрранги олиҷаноб табдил шуда буд. Хушсурату девсират Ба зудӣ овоза шуд, ки дар Голдер рӯбоҳи сиёҳубӯрранг пайдо шудааст. Одамон чандин бор ин ҷонвари хушсуратро дар байни ҳайвонҳои мӯйинадор дидаанд ва баъзеҳо ҳадс мезаданд, ки саги Ҷюкс — Геклаи сиёҳ борҳо ӯро таъқиб карда, қариб дастгир кардааст. Бештар Ҷюкс паҳн мекард ин қабил овозаҳоро. Ҳамсояҳо ба ин ҳарзаҳои вай механдиданд, ки рӯбоҳи сиёҳубӯрранг саги аҳмақи ӯро масхара карда, маҷбур месозад то ҷонашро ба ҳалқ оварда, аз паси ӯ бидавад, аммо рӯбоҳ дар охир бо ҳилаю найрангҳои бешумори худ ӯро фиреб дода, халос мехӯрад. Гекла овози хуб дошт: баланд, паст ва чунон расою ҷарангдор, ки шабҳои сокит аз чандин мил шунида мешуд. Аккоси ӯ беихтиёрона буд, зеро вай баҳудаю беҳуда садо баланд мекард. Ҳатто ҳангоми Ҷонзотеро то дуриҳо сур карда, баъд аз пайи изи худ баргаштан низ беист аккос мезад. Бачаҳои Ҷюкс Гекларо саги хуби шикорӣ медонистанд. Аммо ҳамсояҳо мегуфтанд, ки вай ҳайвони дурагашуда ва бадқаҳру ваҳшиест. Одамони аз ҳад беғараз ба чолокию бақувватӣ, бадқаҳрӣ ва овози хоси ӯ қоил буданд.
18 Бори аввал ман овози Гекларо ҳангоми дар ферма маҳкам буданаш шунидам. Баъд он овози ҷарангосию ҳавлангез тамоми рӯз дар гӯшам садо дод. Ва боре айёми тирамоҳ, ҳангоми ғуруби офтоб, ман дар бешаи назди талҳои Голдер сайругашт мекардам, ки ин садои гӯшхарош аз дур ба самъам расид. Зуд онро шинохта, тахмин задам, ки Гекла аз пайи чизе равон аст. Бодиққат гӯш дода, охир чӣ гап буданашро фаҳмидам. Аввал хиширроси баргҳо ба гӯш расид ва баъди чанд лаҳза дар пеш ҳайвони зебо — рӯбоҳи мисли ангишт сиёҳеро дидам. Вай дақиқае пойҳои пешашро ба танаи дарахти дар замин хобида гузошта истод, то ба тарафи душман нигоҳ кунад. Ӯ ҳамагӣ панҷоҳ қадам дуртар аз ман буд ва медонистам, ки чӣ кор бояд кунам: дастонамро ба лаб гузоштаму ҳаворо ба дарун кашида, лабҳоямро чалпос занондам. Рӯбоҳ ҷониби ман гашту зуд ба хазидан даромад. Байни мо бист қадам монда буд. Вай бо қиёфаи таннозона истод ва гӯшҳояш сих карда, думашро каме боло бардошт. Мекӯшид аниқ кунад, ки он чалпоси ҷозиби муш ё харгӯш аз куҷо омад. О, чӣ гуна пӯсташ зебо буд! Оғози тирамоҳ. Дар манзари пашми рахшони сиёҳ зуд сари синаи мисли барф сафед ва сари ҷилодори думаш ба чашм мерасид. Чашмони зарди шарорабораш, мӯйҳои симинрангаш мисли бомдод сару гардани ӯро печонида буданд. Дар умрам чунин махлуқи зеборо надида будам. Оқибат дарк кардам, ки ин бояд ҳамон рӯбоҳи сиёҳубӯрранги голдерӣ бошад. Ман аз ҷой наҷунбидам, ӯ низ. Вай
19 шояд дарк накард, ки дар наздаш одам истодааст. Аммо рӯбоҳ аз аккоси гӯшхароши наздикшаванда фаҳмид, ки Гекла аз пайи ӯ омадан дорад ва баргашт то давашро идома диҳад. Ман боз бо лабҳоям чалпос задам ва дубора шоҳиди исти зебои ҳайвони эҳтиёткор шудам. Аммо бо як ҳаракати беҷо худамро ошкор кардаму рӯбоҳ дар як лаҳза ғоиб шуд. Баъд аз даҳ дақиқа, дар назди ман, беист аккос задаву буни ҳар буттаро бӯ кашида ва ҳар чизи дар сари роҳаш хам нашавандаро шикаста, лавандона, бо чашмони хунгирифта, ба ҷуз изи рӯйи раҳ ба ҳеч чиз аҳамият надода, бо матонат ба пеш давида, Гекла — ҳамон Геклаи машҳур, ки мехост бо чолоктарин сокини талҳои Голдер қувва озмояд, пайдо шуд. Аз дидани ҳайбати ин ҳайвони калону белаҷом, ки заминро бӯйкунон бехато ҳар гардиши изи рӯбоҳро меёфт, касро воҳима зер мекард. Гекла рост аз пайи рӯбоҳ мерафт. Ман ҷониби саг низ лабҳоямро чалпос занондам, аммо вай аҳамият надод. Ягона андешаи ӯ гум накардани из ва дастгир кардани рӯбоҳ буд. Баъд чӣ воқиа мешуд, инро аз чашмони ғазаббору хунгирифтаи саг ва пашми сихшудаи пушти ӯ хулоса мекардам. Банда низ шикори рӯбоҳро дӯст медорам, аммо он рӯз ҳусни беҳамтои он ҷонвари зеборо, ки Сербери бераҳм* таъқиб мекарду аз он халос шудан имкон надошт, дида, ба назарам чунин намуд, ки гӯё мори афъӣ мурғаки хушилҳонро буғӣ мекунад. * Аз рӯйи мифологияи Юнони қадим саги сесараи бадҳайбату хашмгинест, ки гӯё дарвозаи дӯзазхро посбонӣ мекардааст.
20 Дӯстии қадимаи сагу инсон фаромӯш шуда буд ва аз ҳамон лаҳза дили ман ба ҷониби рӯбоҳи сиёҳу бӯрранг майл кард. Ҳаёти зимистонаи Домино Зимистон фаро расид. Шикори бетартибонаи бачаҳои деҳотӣ ба рӯбоҳ оғоз шуд. Онҳо ду-се сагро ба пеш сар дода, худашон дар даст камон аз қафо ҳатӯлона мерафтанд. Боре чанд нафар аспакӣ бо як гала саг аз қафои Домино афтоданд. Аммо ӯ дар байни харсангҳои лаби дарё пинҳон шуд. Вай ҳар бори бомуваффақият аз душманон халос шудан пурзӯртар мешуд ва фиреб додани таъқибгаронро беҳтар меомӯхт. Аккоси даҳшатноки саги бадҳайбат ҳоло ҳам ӯро метарсонд, аммо Домино куштани тарсро дар вуҷуди хеш омӯхта буд. Вай акнун танҳо зиндагӣ мекард. Хона надошт (зимистон рӯбоҳҳо кам дар лона зиндагӣ мекунанд), дар ҳавои кушод мехобид ва пашми дамидаву ғафс ва думи сермӯйяш ӯро аз сармо ва ҳиссиёти тези бӯйгириаш аз ҳама хатарҳои наздикшаванда ҳифз мекарданд. Ӯ фақат рӯзона дар офтобрӯя хоб мекард, зеро қонуни нонавиштаи рӯбоҳон чунин аст: «Шаб барои шикор, рӯз барои хоб». Баъди фурӯ рафтани офтоб торикӣ чодар паҳн менамуду Домино барои пайдо кардани ғизо мебаромад. Баъзеҳо фикри ғалат доранд, ки гӯё ҳама ҳайвони дарранда дар торикӣ мебинад; не,
21 равшанӣ барои онҳо лозим нест. Аз инсон дида ҳайвон ба он камтар эҳтиёҷ дорад. Албатта, каме даркор аст рӯшноӣ. Аммо ҳайвонот бештар дар торикӣ ба палмосидан роҳ мераванд. Онҳо равшании нисфирӯзиро дӯст намедоранд. Вақти дӯстдоштаашон нимрӯшноист. Дар шабҳои маҳтобӣ ва ё ситоразори зимистон, ки барф меборад, шикор кардан қулай аст.
22 Хулоса, ҳамин ки офтоб нишаст, Домино ба шикор баромад. Вай ба муқобили шамол медавид, баъзан аз роҳ бероҳа шуда, буни ҳар буттаю алафҳои дар селроҳаҳо сабзидаро хабар мегирифт, ҷойҳои замоне шикораш барор гирифтаро медид, ҳар сутун, санг ва кунҷи тавораҳоро бӯ мекашид, ки оё ба қарибӣ ягон рӯбоҳе ин ҷо набуд. Охир, рӯбоҳ низ мисли сагу гург одати дар назди ҳар сангу сутун пайи худро гузоштан дорад. Баъд сари талҳо медавид, то бифаҳмад, ки оё шамол бӯйи ягон хӯрданиро намеорад. Аз хишир-хишири паст низ вай ноҷунбон дар ҷояш меистод ва ё мисли гурба пинҳон шуда, донистан мехост, ки дар атроф чӣ мегузарад. Баъзан ба шохи дарахти ба замин хамшуда мебаромад, агар дар наздикиҳо дарахт набошад, барои атрофро муоина кардан баланд ба боло меҷаҳид. Ҳангоми чунин сафарҳои шабона аз фермаҳое, ки сагҳо посбонӣ мекарданд, низ хабар мегирифт. Мувофиқи зиёд шудани фермаҳо шумораи рӯбоҳҳо низ меафзуд, зеро ҳар як ферма барои онҳо чун сарчашмаи ғизо хидмат мекунад. Бинобар ин Доминои мо бо вуҷуди будани сагҳо аз як ферма ҷониби фермаи дигар медавид. Барои аз сагҳо эҳтиёт шудан вай каме дуртар аз ферма истода, густохона меҷакид. Агар саг зуд барояд, мегурехт, аммо агар аз он ҷониб садое набарояд, хулоса мекард, ки саг баста аст ва нотарсона ба ҳавлӣ даромада, чизи ростомадаро медошт. Албатта, сайди хуб барои ӯ мурғи фарбеҳ буд, ки дар як лаҳза аз гарданаш газида, овозашро хомӯш мекард. Баъзан бо нони ба пеши мурғҳо гузошта ва ё муши мурдаи аз мушқапак гирифта партофта низ қаноат
23 мекард. Ҳатто аз бурдани порае аз ғизои охӯри хук низ ҳазар намекард. Умуман қариб ҳар шаб чизи хӯрдание меёфт. Агар дар як ҳафта панҷ маротиба ғизои хуб хӯрад, кифоя буд, ки равғанашро об накарда зимистонро паси сар кунад. Домино ба худ ҳамсар ёфт Ҳеч як ҳайвон бе мақсад аз як ҷо ба ҷойи дигар овора шуда намеравад, зеро ҳар яки онҳо ҷойи худ, мавзеи муайяне барои шикор доранд. Барои ин мавзеъ онҳо тайёранд мубориза бурда, онро аз дигар ҳайвонҳои ҳамзоти хеш ҳимоя кунанд. Мушоҳидаҳои зиёд нишон медиҳанд, ки мавзеи шикори рӯбоҳ одатан то се-чор мил дар гирду атрофи лонааш тӯл мекашад. Баъзан мавзеи як рӯбоҳ бо дигар рӯбоҳҳо рост меояд. Аммо онҳо афту андом ва бӯйи изи ин гуна ҳамсояҳои доимиро хуб омӯхта, одат мекунанд ва ба якдигар эътибор намедиҳанд. Аммо пайдо шудани ҳайвони бегона боиси муборизаҳои сахт мегардад: Ё ғалаба ё тарки макон. Вақте «Моҳи пурбарф»* дигар фоида накард, Домино, ки дар айни нашъунамои қуввату чолокӣ буду пашминаи олиҷаноб дар тан дошт, аз танҳоӣ ҷабр мекашид. Баъзан хоҳиши бо ҷонзоте алоқа кардан ӯро соатҳо маҷбур месохт, ки дар баландии * «Моҳи пурбарф», «Моҳи гуруснагӣ», «Моҳи зоғ», «Моҳи алаф», «Моҳи садбарг», «Моҳи раъду барқ», «Моҳи сурхи дарав» — мардум вобаста ба аломатҳои табиии моҳу рӯз тақвими хешро доштанд.
24 назди фермае нишаста, ба аккоси саг (агар он хатар ба бор наорад) гӯш диҳад ва ё ӯро ба дунболагирӣ водор созад. Гоҳо дар сари тали аз нури моҳ равшан меистоду дуру дароз уллоси бадард мекашид. Олимон онро аккоси рӯбоҳ мегӯянду шикорчиҳо гиряи пуралам: — Яп, яп, яп, яп, юррр-йоу, Яп, яп, яп, яп, юррр-йоу… Боре, дар яке аз шабҳои «Моҳи гуруснагӣ» Домино аз дарди танҳоӣ ғамгинона уллос зад. Вай умед надошт, ки касе ҷавоб медиҳад. Одамон февралро «Моҳи гуруснагӣ» меноманд. Зимистон оҳиста гашт мекард, шамоли мулоиму мартуби ҷанубушарқӣ вазида, бӯйи махмуркунандаи баҳорро меовард. — Яп, яп, яп, яп, юррр-йоу, Яп, яп, яп, яп, юрррйоу…— аз нав такрор кард ҷеғи худро Домино ва зиракона атрофро зери назар гирифта, аз дур сояеро дар саҳни барфпӯши дашт дид. Вай алҳол гӯшҳояшро сих карда, ӯро назора мекард, ки сояи дигаре аз рӯйи барф гузашт. Домино аз қафои вай шуд. Инсон ҳамсояҳояшро аз намуди зоҳириашон мешиносад ва агар онҳо каме худро тағйир диҳанд, метавонад иштибоҳ кунад. Аммо рӯбоҳ ҳама ҳамсояашро бо бӯйи изу бадани онҳо ва ҳамчунин намуди зоҳириашон мешиносад, ки дар маҷмӯъ онҳо наметавонанд якбора то ҳадди нашинохтанӣ тағйир биёбанд. Баъди чанд лаҳза Домино ба пайи сояи дуюм афтод ва дарҳол қареҳааш бе хато мегуфт, ки ин пайи рӯбоҳи зардест, ки дар Шобан зиндагӣ мекунад. Ин рӯбоҳи зард хеле вақт боз ҳуқуқи дар ин ҷойҳо шикор кардан дошт, бинобар
25 ин Домино оромона давашро идома дод. Аммо вақте ки ӯ изи дигарро, ки сояи аввал монда буд, пай бурд, хунаш ба шавқи мубориза ба ҷӯш омад: ин пайи рӯбоҳи бегонае буд, ки ба мавзеи ӯ сар халондааст. Домино ба дунболи ӯ афтод. Лекин ҳар қадар изро бӯйкашон медавид, оташи ғазабаш паст шуда, ҷойи онро ҳиссиёти номаълуме мегирифт. Ӯ бори дигар пайро бӯ кашиду суръаташро дучанд афзуд. Биниаш, ин роҳбалади беҳамто, ба гӯшаш пичиррос мезад: «Тезтар!» Ӯ бо қувваи дучанд ба пеш медавид ва ногаҳон боз ба изи рӯбоҳи зард дучор омад. Ҳамагӣ чанд дақиқа қабл вай ин изро бепарвоёна гузашта буд, аммо қалби ӯро боз ҳиссиёти наве лабрез кард. Ғазабаш меҷӯшид, аз гӯш то дум пашми баданаш сих шуд. Баъди се-чор марғзорро давида гузаштан ҳар ду рӯбоҳро дид. Коре ки онҳо мекарданд, на таъқиб ва на ҷангҷолро мемонд. Маълум набуд, ки онҳо меҷанганд ё якдигарро дӯстдорӣ мекунанд. Рӯбоҳи модинаи сари синааш сафеди бегона каме пештар рафт. Зард зуд ба ӯ расид ва модина баргашта ба вай дарафтод. Ӯ худро қафо гирифт, аммо даҳон наандохт. Ҳамин тариқ онҳо худро гоҳ ба як ҷониб ва гоҳо ба дигар ҷониб гирифта, давашонро идома доданд. Ин манзараро дида, Доминоро қаҳру ғазабаш меҷӯшид. Ба назари ӯ чунин мерасид, ки Сарисинасафед ҳаққи ҳалоли ӯст ва вақте ки модина ба ӯ рӯйи хуш надод, хеле мутааҷҷиб шуд. Домино баргашта ҷониби Зард бадхашмона ғуррос зад. Ӯ дар навбати худ думашро рост карда, қомат афрохт ва даҳонашро гиз намуду ду қатор
26 дандонҳои тезашро нишон дод. Чанд сония онҳо дар рӯ ба рӯйи ҳам дар ҳамин ҳолат истоданд. Аз ин истифода карда Сарисинасафед боз ба давидан даромад. Рақибон ба якдигар таҳдидкунон зуд аз қафои ӯ шуданд. Домино аввалин шуда ба назди гурезпо расид. Модина на он қадар бадқаҳрона аккос зад. Зард аз дигар тараф омада, ба таҳдиди Домино ва Сарисинасафед мувоҷеҳ шуд. Рақибон ба ҳам дарафтоданд. Зард ба замин афтида, дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонду Домино дар боло сари он меистод, аммо зарар намерасонд. Сарисинасафед боз ба давидан оғозид. Рақибон акнун ӯро аз ду тараф иҳота карда, ҷониби якдигар ғуррос мезаданд. Вақте ки онҳо киштзореро убур карданд, Сарисинасафед аз Зард дуртар шуда, ба рӯбоҳи сиёҳубӯрранг наздик шуд. Ҳангоме ки ҳар се дубора дар ҷояшон истоданд, на се рӯбоҳ рӯ ба рӯйи ҳам, балки дуто ба муқобили яке қарор гирифтанд. Рӯбоҳи сиёҳ ба қадди худ рост ва пашми гарданаш хеставу думаш сих шуд. Баъд баланд ғуррос задаву дандонҳои рахшонашро гиз карда, ҷониби рақибаш рафт. Сарисинасафед низ аз қафои ӯ омад. Зард фаҳмид, дигар аз дасти вай ҳеч кор намеояд ва маъюсона баргашту давида рафт.
27 Қисми дуюм ДУКАСА Баҳор Ба талҳои Голдер баҳори нозанин ҳукмфармо шуд. Домани талҳо тирагун, яхи дарёҳо об шуданд, садои болзании парандаҳою субҳгоҳон ваққосзании ғукҳо дар ҷӯйҳои яхашон обшуда ба гӯш мерасид. Дар ҷангали ҳанӯз либоси зимистонааш дар бар мурӯде аз паси тӯри барф чеҳра намуд ва баргҳои рахшонашро рост карда, гӯё мегуфт: «Ана ман чиро мунтазир будам, ана мавриди пайдо шудани меваҳои ман ҳам фаро расид». Кабку санҷоб, суғур аз зиёфати «Моҳи зоғ» даҳон ширин мекарданд. Ва ба сари ҳар касе, ки ҳайвоноти ваҳширо дӯст медорад, андешае рӯ мезад: чи хуб, ки модар-табиат барои айёми гуруснагӣ чунин ғизоро захира кардааст. Дар ҷангал ва кӯлҳо айёми ишқбозиҳо оғоз ёфта буд, ки он аз тавлиди ҳаёти нав дарак медод. Ва ин дигаргуниҳо дар дили Сарисинасафеду Домино ҳамовозӣ пайдо мекард. Ҳамин ки аз барфҳои обшуда дар ёнаҳо ҷӯйчаҳо пайдо шуданд, ҷуфти мо ба ҷустуҷӯйи лона рафтанд. Онҳо ба ҳар сӯ медавиданду меҷустанд, меҷустанду медавиданд. Аниқтараш танҳо Сарисина - сафед меҷусту Домино аз паси вай мерафт. Ҳамин тариқ онҳо регзору ҳамвориҳои самти шарқи талҳои Голдерро давр заданд. Аммо дар ҳама ҷо ба нишонаҳои хурди дигар рӯбоҳҳо гузошта
28 бармехӯрданд, ки агар маънояшонро аз забони ин ҷонварон тарҷума кунем, мисли рӯз равшан мешуд: «Бегонагон фақат бо ҷанг ба ин ҷойҳо соҳиб мешаванд». Баъд онҳо ҳама обкандаҳои Голдерро қадам ба қадам гаштанд. Аммо ҳанӯз дар он ҷойҳо барф баланд буд. Сипас дубора ба лаби дарё баргашта, ба бешаи дарахтони сиёҳбед — маконе, ки айёми бачагии Домино гузашта буд, ҳуҷум оварданд. Аз афти кор, дар ҳамин ҷо ҷустуҷӯйи лона ба анҷом расид, зеро ҳар чизе ки ба Сарисинасафед лозим буд, пайдо кард. Вай ҳарҷоро бӯ кашида, дар финдиқзор чуқурие кофт. Замин барфпӯш буд, аммо дар зери он қабати ғафси баргҳо мехобид, ки онро мулоим нигоҳ медошт. Дар дигар ҷойҳо замин тамоман ях карда буд ва рӯбоҳ наметавонист дар он макон барои худ лона бикобад. Кадом як ғаризаи номафҳуме ба ӯ мегуфт, ки маҳз дар ҳамин ҷо кофтан лозим. Ин вақт Домино ба сари тали наздик баромада посбонӣ мекард. Қариб як соат кор карда, модина берун баромад ва Домино ӯро иваз кард. Ҳамин тариқ ба навбат чанд рӯз заминро кофтанду оқибат лона тайёр шуд. Он аз даҳлези дароз иборат буд, ки аввал ба поин, баъд ба боло, ба хонаи васеъ мерасид. Аз он ҷо даҳлези дигар ба хонаи шафат мебурд; даҳлези якум боз ба боло тоб мехӯрд ва ба қабати яхкардаи замин бархӯрда, хотима меёфт. Рӯбоҳҳо ҳар рӯз аз дарун замини яхкардаро ханҷолак мекашиданду он тадриҷан об мешуд ва оқибат ба берун баромада, даҳони доирашакли лонаро бо як қабза алафи хушки порсола пӯшониданд. Пас аз он даромадгоҳи авваларо гӯр карданд. Дар назди вурудгоҳи нав замин канда нашуда буд, ва
29 ҳеч кас, агар дар наздаш истода бошад ҳам, онро дида наметавонист. Бар замми ин, алафҳои навруста рӯз аз рӯз онро аз назарҳо пинҳон мекарданд. Ғизо низ захира мешуд ва боре Сарисинасафед як суғури бепарвои шабона ба сайр баромадаро дошта, дар реги хушки хонаи шафат руст кард. Акнун ҳамсарон мекӯшиданд, ки дар назди лона камтар ба чашм расанд. Чандин бор Сарисинасафед ба хотири боқӣ нагузоштани пайи худ аз даруни об рафт. Домино дар зери дарахтони ба замин афтида дароз мекашид. Баъзан ягон бачаи деҳотӣ аз назди ӯ гузашта мерафту ҳузури рӯбоҳро пайхас ҳам намекард. Аммо ҷонвар аз ин гуна раҳгузарҳо ҳамеша дар ҳарос буд. Ҳодиса Вақте ки пас аз «Моҳи зоғ» «Алаф» фаро расид, ҳавои ҷангалу саҳро дар интизори ҳосили навбатӣ дигар шуданд. Дар вуҷуди Сарисинасафед тағйироти ногаҳонӣ рӯй дод: вай чун душман аз Домино дурӣ меҷуст ва вақте ки ӯ аз паяш ба лона даромадан мехост, бадхашмона ҷонибаш меғурид. Домино дигар ба лона намедаромад. Боре дар набудани ӯ ҳодисаи аҷибе рух дод: панҷ рӯбоҳбачаи хурдакаки бесулуқайи ба қавли одамон «бадафт», аммо барои падару модар зеботарину азизтарин, ба дунё омаданд. Аз ин соат рӯбоҳи модина саршор аз ҳиссиёти модарӣ пурра ба фарзандонаш дода шуд. Танҳо баъзан барои аз оби сарди дарёча шикастани ташнагии хеш аз назди онҳо дур мешуд.
30 Боре дар соҳил ӯро Домино мунтазир меистод. Сарисинасафед ноаён гӯшҳояшро ҷунбонд, аммо ягон садое набаровард ва бо ягон амал пай бурдани ҳузури ҳамсарашро ошкор накард. Домино ба рӯйи баргҳо дароз кашиду ҳамсараш ба лона баргашт. Рӯзи дигар Сарисинасафед гурусна монд, аммо ба шикор рафтанро ба гӯшаи хаёл ҳам наовард. Ӯ ғизоро барвақт дар лона пинҳон карда буд. Пас аз ду рӯз, вақте ки захира тамом шуд, вай аз лона баромаду дуртар аз даромадгоҳ як тӯда мушҳои мурдаро ёфт. Шояд падар онро танҳо барои фарзандонаш оварда бошад. Ҳарчанд онҳоро модар хӯрд, аммо фоидаашон ба бачаҳояш расид. Баъд аз он Сарисинасафед ҳар рӯз ягон намуд ғизои дар дами дари лона гузошташуда ва ё дар байни алафҳо пинҳонкардашударо пайдо мекард. Ду ҳафта чашми рӯбоҳчаҳо баста буд, аммо баъд кушода шуданд. Акнун онҳо камтар минг-минг мекарданд ва модарашон бехавотир баромада мерафт. Домино ҳис мекард, дигар ҳамсараш ӯро намеронад ва баъди чанд рӯзи дигар ӯ низ ба оила ҳамроҳ шуд. Вақте ки рӯбоҳчаҳо якмоҳа шуданд, кӯшиши ба рӯшноӣ баромадан карданд. Онҳо оҳиста ва лавандона ҳаракат мекарданд: қувваи зиёд надоштанд, зебо набуданд, аммо нерӯи тифлона доштанд. Ҳар касе, ки оилаи ҷавонро дидааст, бояд дарк карда бошад, ки ин гуна нотавонии тифлакон волидайнро водор менамояд, то ҳама вақт бо муҳаббат онҳоро навозишу сила кунанд ва ҳар лаҳза ба дифои онҳо аз душман омода бошанд.
31 Аз он замон манзараҳое ки айёми кӯдакии Домино дар назди хонаашон ба вуҷуд меомад, такрор меёфтанд. Тифлакон рӯз аз рӯз бақувват шуда, ба рӯбоҳ монанд мешуданд. Рақиби куҳна Боре Домино бо сайд ба хона баргашт. Ба пешвози ӯ аз лона панҷ биничаи сиёҳ берун омаду панҷ ҷуфт чашмакони мисли муҳра барроқ ба рӯяш дӯхта шуданд. Ногаҳон аз наздик аккоси баланди саг ба гӯш расид ва Домино аз тарс ҷаҳида болои кунда баромад, то садоро хубтар гӯш кунад. Ҷойи шубҳа набуд: ин ҳамон аккаси бадхашмонаи душмани деринаи ӯ буд. Бояд ӯро ба лона наздик шудан намонад. Домино тарсро аз дил берун карда, ҷониби саг рафт. Ин вақт модар рӯбоҳбачаҳоро ба лона даровард. Гекла зуд аз қафои Домино шуд. Акнун ӯ низ дар айни камолот буд ва аз таъқибот ба осонї даст намекашид. Саг бӯйй Сарисинасафедро гирифта, лаҳзае истод. Аммо Домино нотарсона аз паси бутта худро нишон дода, баланд аккос заду боз ӯро аз паси худ бурд. Рӯбоҳ ва саг ҳоло ҳарду ҷавон ва бақувват буданд. Расо як соат таъқибот идома ёфт. Оқибат давидан ба дили Домино заду ӯ кӯшиш кард, ки мисли пештара сагро фиреб дода, аз вай халос шавад. Аммо акнун ин кор ба осонӣ даст надод: Гекла дар ин муддат бисёр чизҳоро омӯхта, саги тозӣ шуда буд. Ҳиллаи якум ва дуюм кор надод. Домино камари борики сахраи серхарсангро ба ёд овард, ки дарёи
32 Шобан аз даруни кӯҳ мебарояд. Рӯбоҳ душманро аз ақиби худ ба ҳамон тараф бурд. Аниқ нест, ки ин тасодуф буд ё нақшаи таҳрезишуда, аммо инак ҳар ду рост ҷониби сахра мерафтанд. Роҳ тадриҷан кӯтоҳ мешуд. Пашми фаххаки рӯбоҳ дар лаби дарё ба назар намудор гашт. Домино суръати давашро суст кард. Гекла ҳама қувваашро ҷамъ овардаву вазнин нафас кашида, рӯбоҳро таъқиб мекард. Ҳамин тавр онҳо ба пайроҳаи васеъ расиданд. Домино боз гашташро суст кард, аммо саги сиёҳ рақибашро наздик дида, суръаташро дучанд афзуд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳамин ҳозир вай рӯбоҳро ба даст меорад. Пайроҳа торафт тангтар мешуд. Саг зер карда меомад. Вай ба ғалабаи худ бовар дошт: боз як ҷаҳиш — рӯбоҳи шалпар дар зери дандони вай… Аммо ҳайвони зирак аллакай мисли тир аз рӯйи камари танги сахра медавид. Геклаи фарохсинаю чорпаҳлу аз қафо омад ва аз паҳлӯ ба харсанге бархӯрду ба нишебии санглох чаппагардон ба поён сарозер шуд ва оқибат лат хӯрдаю хуншор гашта, ба оби яхи дарё рафт. Рӯбоҳи сиёҳ аз боло ин парвозро оромона тамошо мекард. Дар ин ҷойи танг Шобан тобистон низ бо хурӯш ҷорӣ мешавад. Саги аз ҳама зӯр низ барои ба ин гирдоби азим худро партофтан метарсид, Геклаи бечораи ҷароҳатнок бо тамоми қувва зӯр мезад, ки ҷони худро аз ин бало раҳонад. Маҷрои пурталотум ӯро ба қирраи сангҳо задаю дар гирдобҳо ғарқ карда, ду мил поинтар бурд ва гӯё бо нафрат ин ҳайвони маъюбу бадбахтро ба соҳили пур аз рег бароварда партофт. Танҳо рӯзи
33 дигар Гекла бо азоб то хонааш кашола шуда омад ва на ин баҳору на тобистон ба шикор баромада натавонист. Панҷ биничаи сиёҳу панҷ ҷуфт чашмакони мисли муҳра бароқ ҳар рӯз бехавотир дар назди даромадгоҳи лона пайдо мешуданд. Падарашон муҳофизи хуб буд ва лонаи онҳо, бешаи дарахтони сиёҳбед ба водии оромтарин табдил ёфт.
34 Оҳу Авҷи тобистон буд ва «Моҳи Садбарг» бо тамоми ранг медурахшид. Рӯбоҳчаҳо зуд калон мешуданд ва пӯсти дутои онҳо аллакай ранги тираи қӯрғошимӣ гирифта буд, ки ин аз зоти хуб будану ояндаи дурахшони онҳо далолат мекард. Домино ва Сарисинасафед мекӯшиданд, ки акнун ба хона сайди зиндаро биёранд, то рӯбоҳбачаҳо худашон ӯро шикор кунанд ва бо дандон бигазанд. Ҳар рӯз волидайн барои онҳо машғулиятҳои ҷолиб бофта, имкон фароҳам меоварданд, то чолокию ғаризаашонро бисанҷанд. Баъди ҳар шикор рӯбоҳчаҳо чизи наверо меомӯхтанд, санъати шикорро дар худ такмил медоданд, Ба ин хотир Домино ҳар рӯз ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба ҷойҳое сар мехалонд, ки агар ба ҷойи ӯ дигар рӯбоҳ мешуд, кайҳо ҷон мебохт. Аммо ӯ аз ҳама гуна санҷиш бомуваффақият мегузашт ва тадриҷан қувваю чолокӣ ва зиракии худро сайқал медод. Дар талҳои Голдер суғурҳо пайдо шуданд ва боре ҳангоми ҷустуҷӯйи онҳо дар марғзор ба димоғи Домино бӯйи тезе расид. Пас аз лаҳзае вай ҷонвари калони зарди холҳои сафеддори дар байни алафҳо пинҳоншудаеро дид. Домино аз ин ҷонвари аҷиб чашм наканда, дар ҷояш ях баст. Вай ҳамзамон ҳозир буд, ки дар ҳолати ба ӯ ҳуҷум овардани ин махлуқ, худро қафо гирад. Аммо ин ҳайвони ношинос мисли мурда сарашро ба замин гузошта мехобид ва бо чашмони калони гирдаю дурахшони пур аз тарс ба ӯ менигарист.
35 Оҳу — ин оҳубарра буд — дар Шобан хеле кам ба назар мерасид ва Домино, ки ягон бор ӯро дучор наомада буд, алҳол намедонист чӣ кор кунад. Як чиз муқаррар буд, ки ин оҳубарра аз рӯбоҳ дида бештар метарсад. Вақте ки тарс ноаён гузашт, ҳисси кунҷковӣ боло гирифту Домино қадаме ба сӯйи оҳубарраи дар замин хобида гузошт. Вай нафас намекашид, намеҷунбид. Рӯбоҳ боз як қадам гузошт. Акнун онҳоро танҳо як ҷаҳиш ҷудо мекард. Аммо ҷонвар то ҳол ноҷунбон мехобид. Боз як қадам… ва вақте ки Домино аллакай дар назди оҳубарра меистод, вай ногаҳон аз ҷой хесту ҳазин маос зада, бо пойҳои дарозаш рӯ-рӯйи сабзазор лавандона давид. Домино ҷониби ӯ баланд ҷаҳиду барои дилхушӣ аз қафояш рафт. Ногоҳ садои пойкӯбӣ баромаду баъди чанд лаҳза оҳумодар давида омад. Пашми пушти он рост хеста буд, чашмони хашмнокаш сабз медурахшиданд. Домино зуд фаҳмид, ки ба доми бало гирифтор шуд. Ӯ гурехт, аммо оҳу бадқаҳр бинӣ афшондаю суми тезашаро ба замин кӯфта, ӯро сур кард. Вай даҳ маротиба аз рӯбоҳ калон буд ва чун бод медавид. Зуд ба Домино расида, ба пойҳои пешаш ҷониби вай лагад андохт. Рӯбоҳ базӯр худро эмин дошт. Оҳу аз нав ҳуҷум овард. Боз ҷаҳиши чолокона ҷони рӯбоҳро халос кард. Бо вуҷуди он ки бачааш сиҳату саломат монда буд, оҳуи дарғазабмонда ҳамоно Доминоро таъқиб мекард. Шояд вай ба хулосае омада буд, ки ба ҳар роҳе бошад, ин рӯбоҳеро, ки мехост ба бачаи ӯ ҳуҷум кунад, нобуд созад.
36 Ӯ таъқибро дар байни буттазору олучабандакзор идома дода, натанҳо монда намешуд, балки қуввааш дучанд боло мегирифт. Буттаҳо ба давидани рӯбоҳ халал мерасонданд, аммо барои оҳуи гаронвазн монеае эҷод намекарданд. Агар ҳамин буттаҳою суръати тези оҳу намешуд, Домино аз ин бозӣ лаззат мебурд.
37 Онҳо қариб ним соат давиданду ҷаҳиданд. Аён буд, ки дар гашти саду якум Домино аз пой меафтад ва як зарбаи суми оҳу ӯро ба марг мерасонад. Аз ин рӯ вай қарор дод, ки беҳтараш тезтар ба ҷойи бехавфтар барояд. Вай аз байни буттаҳо берун шуду дар майдони кушод ба давидан даромад. Ҳарчанд Домино барои халосии ҷони худ тез медавид, оҳу як қадам аз вай қафо намемонд. Онҳо ба даруни ҷангал даромаданд. Домино бо як азоб аз зарбаи пойи пеши рақибаш халос хӯрд. Хушбахтона зарба ба дарахти ғафсе бархӯрд. Дар байни дарахтони наҷотбахш Домино метавонист нафаси озод кашаду ба ҳоли оҳуи ба хашмомада ва барраи нодони ӯ бихандад. Аммо ин воқиа ба ӯ дарси хуб шуд. Вай дигар ҳаргиз фаромӯш намекунад, зеро бегона саги девона аст. Гиёҳи афсунгар Баъзе одамон барои ба даст овардани пӯст дар сари роҳи ҳайвонҳо дом мегузоранду бархе барои аз байн бурдани ҷонварҳои зараррасон, сеюмӣ худ намедонанд, ки барои чӣ тамоми сол ин бечораҳоро ба дом даровардан мехоҳанд. Бачаҳои Бентон низ чунин амал мекарданд. Онҳо дар бораи бо қапқон шикор кардан тасаввуроте надоштанд ва ҳамеша як хаторо такрор мекарданд: донаи домро нодуруст мегузоштанд. Ин хато зуд доми гузоштаи онҳоро ошкор мекард ва ҳар як рӯбоҳи каму беш дорои ақлу ҳуши рӯбоҳона нотарсона аз назди вай гузашта мерафт. Дар атрофи доми бентонҳо ҳамеша се нишонаи
38 рӯбоҳонро огоҳкунанда буд: бӯйи оҳан, бӯйи дасту пойи инсон. Бӯйи пой бояд зуд гум мешуд, аммо бачаҳо худашон ҳар бор онро аз нав зинда мекарданд. Бӯйи оҳан боқӣ мемонд ва баъди боридани борон аз нав зиёд мешуд. Домино ҷойи ҳама домҳои дар кӯҳҳо гузошташударо медонист. Вай онҳоро дар ҳар соати шаб ё рӯз аз бачаҳои Бентон пештар ёфта метавонист. Ва ҳар бори гузаштан аз он макон домҳоро хабар мегирифт. Аз масофаи наздик онҳоро дида, ӯ коре мекард, ки на камтар аз суханҳои одамон нафрат ва масхараро ифода менамуд. Ҳатто фаросати суғури нодон ва ё харгӯши пойкӯтоҳ низ ба масхара кардани доми бентонҳо мерасид. Домино низ ба ҳоли онҳо механдид. Вай аз назди домҳо гузашта, ҳаргиз хабар гирифтанашонро фаромӯш намекард ва ҳатман дар ягон санг ё кунда аломати аз ин ҷо гузаштанашро мегузошт. Дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳо Бэд Бентон усули нави шикорро бо домгузорӣ ёфт. Як шикорчии шимолӣ ба ӯ таркиби дилбеҳузуркунандаеро иборат аз ғилофаки лӯбиёдона, тухми бодиён, равғани гиҷҷағалтон ва дигар моддаҳо дода, гуфт, ки танҳо якчанд чакраи ин гиёҳоба кофист, то ҳар рӯбоҳро ҷалб карда, дар замираш ҳама гуна зиракиро бартараф куниву ба дом андозӣ. Бентони ҷавон моеъи ин шишачаи сеҳрнокро ба сари ҳама қапқонҳояш пошид. Баъзе бӯйҳоро инсон қариб ки ҳис намекунад, он барои ӯ мисли овози пасти базӯр шунавандаянд, аммо ин бӯй барои рӯбоҳ мисли оркестр баланд садо медиҳад, зеро ӯ қобилияти хуби бӯйфаҳмӣ дорад. Бӯйе, ки ба димоғи
39 инсон бад мерасад, барои рӯбоҳ мисли накҳати гули садбаргу бухори ширин хушоянд аст. Як чакраи ин моеъ, ки ба куртаи Бентон чакида буд, чунон бӯйи баде аз худ ихроҷ кард, ки асбҳо дар саисхона беист бинӣ меафшонданду дар хона падар Бентонро маҷбур кард, ки аз назди ӯ ба кунҷи дигари миз рафта шинад. Ба димоғи Доминои моҳир ин бӯйе ки шамол меовард, мисли пардаи дуде буд, ки аз гулхани бузург бармехезад. Вай ба осонӣ, мисли он ки ҷойи шайпурнавозро аз садои шайпур ва ё макони обшорро аз садои он муайян кардан мумкин аст, метавонист дар куҷо будани сарчашмаи ин бӯйро пайдо кунад. Он ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва дар вуҷуди Домино, на танҳо эҳсоси кароҳатро бедор мекард, баръакс мисли чароғаке, ки раҳпайморо дар шаби торик ба сӯйи худ мекашад ва ё тавре ки мусиқии хушоҳанг одами хаёлпарастро ба беша раҳнамун месозад, ба худ ҷалб мекард. Ҳамин ки ба шикори бегоҳирӯзӣ баромад, Домино биниашро боло карда, донистан хост, ки ин бӯй аз куҷо меояд ва ба ҷониби он давид. Баъд аз як мил роҳ паймудан бӯй ӯро ба макони шинос овард, ки ҳамеша бӯйи изи пойи одаму оҳан ва баъзан бӯйи пасти каллаи мурғи ба қапқон часпонидашуда мекард. Ин макон ҳамеша нафрати Доминоро меовард, аммо ҳозир ба вай чӣ шуд! Мисли он ки офтоби ба ғурубрафта бо нури худ як тӯда ахлотро мунаввар мекунад ва ё абрҳои хокистаррангро ба кӯҳи азими арғувонӣ бадал месозад, ин қувваи наву мафтункунанда, ки ҳанӯз аз дур қалби рӯбоҳро ноором намуда буд, ихтиёрро аз вай рабуд.
40 Бинии сиёҳашро ба пеш дамонда Домино оҳиста-оҳиста ҷониби бӯй мерафт. Акнун вай ӯро маст мекард, сарашро мечархонд. Гӯшҳояш садо медоданд, вуҷудашро ларзаи ширине фаро мегирифт. Ин ҳолате буд, ки баъди давидани зиёд оромише ҳис карда мешуд ва гармие дар ин рӯзи хунук ва хурсандӣ аз пур кардани меъдаи холӣ бо хуни гарму тоза ба амал меомад. Домино бо параи биниҳои варамида, дили тапанда, нафаси гиранда, чашмонашро нимроғ карда, лаҳза ба лаҳза ба сарчашмаи ин бӯйи аҷибу махмуркунанда наздик мешуд ва оқибат ба назди доми пинҳонкардашуда расид. Ӯ медонист, ки дар ин ҷо дом гузошта шудааст ва зуд онро дид, аммо гӯё пурра ба ҳукми сеҳру ҷоду дода шуда буд. Бисёр мехост ба он ҷо пой гузорад, аз он бӯйи асиркунанда сер шавад. Вай печутобхӯрон сарашро ба як тараф гардонида, пушти сари зебояшро ба замини ифлос молид ва баъд ба пушт хобиду пашми фаххаки худро ба чангу хоки олуда ба он бӯйи бад дода, ғел зад. Вақте ки вай дар авҷи хурсандӣ буд, ногаҳон — шиқ! — ҷоғи бераҳмонаи оҳанӣ пушти ӯро ба даҳан гирифту ба пӯсти қимматбаҳои сиёҳу нуқрафоми ӯ фурӯ рафт. Вақте ки Домино ба худ омад, дар як лаҳза ҳама он ҳолати дилфиребӣ аз байн рафта буд: хариқаи ҳайвони таъқибкунанда бедор гашт. Ӯ аз ҷой баланд шуда, миёни хамгаштаашро рост кард. Ҷоғи оҳанини қапқон, ки ба пашмҳои ӯ печида буд, лағжиду Домино озод шуд. Агар вай бо миёни фарох нею бо панҷааш ба қапқон меафтод, тақдираш кайҳо ҳал шуда буд. Аммо ҳозир ӯ сӯрохиҳои биниашро дамонда аз он ҷо гурехт.
41 Баъзе рӯбоҳҳое ҳастанд, ки якчанд маротиба ба бӯйи сеҳрангез дода шуда, ҳаёти худро дар хатар меандозанд. Аммо барои Домино ҳамин як маротиба кофӣ буд, ки даҳшати дар ин бӯй ниҳонро эҳсос кунад. Баъдан ин бӯйи ҳавасангез дар вуҷуди ӯ дарҳол хотироти дандонаҳои гирои ҷоғи оҳаниро бедор мекард. Асал аз даҳони шер Рӯбоҳҳо ҳамоно ҳаққи муқаррарии худро аз катаки Бентон мегирифтанд. Азбаски писаронаш илоҷи рӯбоҳҳоро наёфтанд, қаҳри пирамард омад. Дар аввал вай хеле ғур-ғур кард: «Вақте ки ман бача будам…», баъд ҷавониро ба ёд оварда, худаш аз паси дастгир кардани онҳо шуд. Қапқонҳоро дар назди ферма набояд гузошт, зеро онҳо сагу гурба ва хукҳоро маъюб мекунанд. Шикорчии доно доми худро дуртар аз хона, дар ҷангал мегузорад. Пирамард худаш миён баста ба кор шуруъ кард. Вай дарҳол дар тарзи гузоштани қапқонҳо чанд тағйироти ҷиддӣ ворид намуд. Пеш аз ҳама пирамард ҳар як қапқонро бо дуди дарахти ҷалғӯза тамиз кард, то бӯйи оҳанро аз байн бубарад. Баъд дигар пошидани ягон намуд чизҳои бӯйдорро манъ намуд. «Дигар бор,— мегуфт ӯ,— ин бӯй хуб таъсир мекунад, аммо он танҳо аблаҳонро ба сӯйи худ мекашад, ҳайвонҳои зирак зуд пай мебаранд ва аз ҷойҳои бӯйдор худро канор мегирад. Барои ҳама рӯбоҳҳо танҳо як бӯйи озмудашуда — бӯйи хуни мурғи навкушта — буду ҳаст». Ӯ ҳама қапқонҳоро
42 аз ҷойҳои пештараашон гирифта, дар зери хок гӯр кард. Панҷ қадам дуртар аз ҳар дом як бурида гӯшти мурғ гузошт ва баъд бо шохчаи чалғӯза пайи пойҳоро рӯфт. Дом тайёр шуд. Баъди чанд шаб Домино аз ҳомон ҷой мегузашт. Ҳанӯз аз дусад қадам дуртар ӯ бӯйи гӯшти мурғро фаҳмид, аммо ҳар қадар наздик мешуд, эҳтиёткории муқаррариаш бедор мешуд. Ӯ биниашро дамонда, оҳиста-оҳиста ба муқобили вазиши шамол рафт. На бӯйи оҳан, на пайи пойи одам, танҳо бӯйи дуди тунду тез меомад ва махлуқи ягонае ки дуд мекунад, ин инсон аст. Ё ин буридаи хушбӯйро ягон рӯбоҳи дигар афтонда бошад. Вай ҳис кард, ки агар аз канор ояд, бӯйи дуд бӯйи гӯшти мурғро фурӯ нишонида наметавонад. Домино дудила буд, ки дар ин вақт шамол самташро тағйир доду бӯйи дуд гум шуд ва танҳо бӯйи гуворои гӯшти мурғ боқӣ монд. Домино боз се қадам гузошта истод. Баъд биниашро ба чор тараф гардонида бӯ кашид. Аз ягон ҷо бӯйи пайи одам намеомад. Дар пеши ӯ танҳо ғизое буд, ки чандин бор шабҳо хӯрда буд, дӯст медошт онро ва борҳо ба лонааш бурда буд. Аммо ҳамоно гоҳ-гоҳ бӯйи ноаёни дуд ба димоғаш мерасид. Домино ҳайвони эҳтиёткор буд. Вай оҳиста ба қафо баргашт. Пойҳои зебояшро ба ҷойҳои сахту ҳамвори замин гузошта, ба қафо мерафт, ки ногаҳон — шиқ! — Домино ба дом афтод. Ин даъфа аз пушти васеъаш не, ки қапқон дошта натавонад, аз пояш. Ҳа, ин даъфа ба доми маҳкам афтод! Дигар беҳуда зӯр зада меҷаҳиду бо дандонҳояш қапқони манфурро мегазид: ҷоғҳои оҳанӣ пояшро
43 сар намедоданд ва кӯшишҳои беҳудааш ӯро торафт шалпар мекард. Ду соат гузашт дар ин муборизаи ҷонкоҳ. Домино баъзан аз ҳол рафтаю нафасгардон шуда мехобид, баъд боз девонавор оҳани сарду дуруштро мегазид ва буттаҳои дар гирду атроф бударо бо
44 дандонҳояш канда мепартофт. Чандин бор худро задаю кӯфт, борҳо беҳол шуда афтид. Зиёд азоб кашид. Тарс ва дард омехта шуда буд дар ин азобҳо. Аммо баъзан боз хашмаш боло мегирифт, лаҳзае қувват пайдо карда, аз нав бардорузан мекарду қапқонро мегазид. Ҳамин тариқ як рӯз гузашт… Боз як шаби дарозу тӯлонӣ низ пушти сар шуд. Бо нахустин зарраи сапеда овози қадаммонӣ шунида шуд. Рӯбоҳи бадбахти азиятдидаи ба чангу хок ҷӯлидаю аз ҳол рафта, фуки то дирӯз зебояшро оҳиста бардошту бо ҳарос душмани қаттоли худ — оҳуро бо бачаи холдоракаш дид! Домино ба умеди аз нигоҳи оҳу пинҳон мондан мисли мурда дам ба дарун гирифт. Аммо ҳайҳот, биноӣ ва қобилияти дарки оҳу ниҳоят тез буд. Вай дарҳол рӯбоҳро диду биниафшон чароғпоя шуд, пашми баданашро сих карду оташи сабзи ҷунунӣ дар чашмонаш дурахшиданд ва ба ҳайвони ба дом афтода ҳамла овард. Домино чапғалат дод. Вай то он ҷое ки занҷири қапқон имконият медод, гурехт. Оҳу гӯё медонист, ки акнун душман дар ҳукми ӯст ва бояд ӯро нобуд созад. Вай аз ғалабаи осон сармаст мисли оҳуҳое ки барои пачақ кардани мори заҳрдор меҷаҳанд, аз болои сари рӯбоҳ баланд ҷаҳид, то бо тамоми вазнаш ба сари ӯ фурӯ афтад. Агар баъди зарба задан худро каме канор мегирифт, дигар ҷойи халосӣ намемонд ва суми ӯ рост ба сари душманаш мерасид… аммо бахташ баландї кард. Зарба, на ба сари рӯбоҳ, каме дуртар ба пружинаи қапқон зад. Ҷоғҳои пӯлодии калон кушода шуданд ва Домино озод шуд.
45 Вай тамоми қувваи боқимондаашро ҷамъ карда, ҷониби тавораи наздик давиду дар шикофчае пинҳон шуд. Оҳу тавораро чанд бор гирд гашт, аммо бо вуҷуди хастагию беҳолиаш ба рӯбоҳ муяссар мешуд, ки пинҳон шавад. Оқибат, ба бахти рӯбоҳ, бачаи оҳу баланд садо бароварда модарашро ҷеғ зад ва вай дунболагирирро бас карду Домино лангонлангон ҷониби хонааш рафт. Ба аҳмақ чандин бор лозим аст, ки ба ҳолати ногувор афтида, аз он хулоса барорад, аммо барои вуҷуди доно яктояш кифоя, ки боз донотар шавад. Ин ду дарси бисёр мушкил ба Домино кифоя буд. Вай барои тамоми умри худ сабақ гирифт, ки на танҳо аз бӯйи оҳану одам худро канор бояд гирифт, балки аз ҳар гуна бӯйи ғайриодӣ эҳтиёт бояд шуд. Бӯйҳои ғайриодӣ дар худ маргро ниҳон доранд. Тобистон ва духтарак Боре, дар оғози тобистон, Домино дар назди фермаи воқеъ дар сари тал сепоя лангида мегашт. Ин як ҳавлии кӯҳнае буд бо боғи васеъ ва полезҳои фарохи то ҷангал расида. Кас метавонист ноаён ба ферма наздик шавад ва бинобар ин Домино дар атрофи он ҳар чизеро, ки диққаташро ҷалб мекард, бӯ кашида, бепарво мегашт. Дар охир вай дар назди тавора сӯрохии мурғҳо кофтаро ёфту дохили полез шуд. Дар он ҷо дуру дароз — аввал дар ҷӯяҳои ниҳолони картошка, баъд дар байни буттаҳои зичи қот гаштугузор кард. Сонӣ оҳиста ба пеш ҳаракат карда, дар чуқуричае чашмаш ба як чизи сиёҳи
46 хурдакаки рахшанда афтид. Чанде мисли чӯби хушк дар ҷояш ором истоду баъд фаҳмид, ки ин чашмони мокиёни мурғи марҷони курк будааст. Дар думи ҳар рӯбоҳ як қабза мӯй ҳаст, ки ҳангоми ба ҳаяҷон омаданаш рост мешавад. Одатан он мӯй ранги аҷиб дорад, аммо аз они рӯбоҳи нуқрафом ҳамеша сиёҳ аст. Фақат аз ҳамин мӯйи сихшудаи Домино ҳаяҷони ӯро ҳангоми дидани ин сайди хуб фаҳмидан мумкин буд. Аммо ҳоло вай ба як қарор наомада, аз қафо садое баромад ва Домино сарашро баргардонида каме дуртар аз худ одами майдаякеро дид. — О, рӯбоҳча! Ту, аз афташ, бозӣ кардан мехоҳӣ? — гуфт духтарча бо ҳаяҷон. Домино овози одамиро шунида ларзид ва ба ҷаҳидан тайёр шуду аммо наҷаҳид. Духтарча барои ӯ хавфнок натофт — охир, вай майдаяк буд. Аммо мокиёни мурғи марҷони дар болои тухм нишаста хеле ҳам чозиб аст. Тарсу шавқи шикор дар вуҷуди Домино мубориза мекард. Ӯ ба духтарча як чашм ало карду ҷониби мурғи марҷон рафт. Духтарча дод зада, гурехт. Ин фарёд корро расво кард: Домино зуд дар байни буттаҳо пинҳон шуд. Мокиёни мурғи марҷон наҷот ёфт. Он бегоҳ духтарча аз падараш пурсид: — Дадо, агар мурғи марҷони ту дар беша тухм мемонд, чӣ гуна ба рӯбоҳ зарар нарасонида ӯро аз вай халос мекардӣ? — Ман дар атрофи мурғ чанд пора оҳан мегузоштам ва он вақт ягон рӯбоҳ ба вай наздик намешуд,— посух дод падар.