Ато Мирхоҷа
Чӯбаки сандалвор (Афсона барои бачаҳо) Ато Мирхоҷа Душанбе 2023
ТБК 84 Тоҷик 7-4 + 83.8 + 82.3 (2 тоҷик) М-65 Синфи 4, сатҳи 2 Мирхоҷа, Ато. М-65 Чӯбаки сандалвор/Афсона барои бачаҳо. Рас. К. Муҳабатова/ «Нашриёти муосир». — Душанбе, 2023. 64 саҳ. Ин китоб китоби афсона аст. Духтараке бо номи Озода орзу мекунад, ки илми физикаро омӯзад, моҳвора созад. Аммо дар оилаашон ба ӯ мегӯянд, ки ин машғулияти писарона аст. Фикри ӯро дар оилаашон дастгирӣ намекунанд. Муъҷизае рӯй медиҳаду духтарак ба кайҳон парвоз мекунад. Афсонаро хонда, бо саргузашти аҷоиби ин духтарак шинос хоҳед шуд. ISBN 978-99985-887-5-2 © А. Мирхоҷа, 2023.
3 Чӯбаки сандалвор Дар як деҳаи калон, дар миёни кӯҳистон, ме зист як марди деҳқон. Ин мард дошт ду фарзанд — як духтару як писари дилписанд. Номи духтар буд Озода, номи писар буд Озод. Озода дар синфи чор мехонд, Озод дар синфи як. Онҳо ҳар ду бо баҳои хубу аъло мехонданд. Падар дар саҳро заҳмат мекашид, модар дар хона мепухту медӯхту мересид. Бобо гул ме пар вариду дарахт мешинонд, момо хона тоза мекарду китоб мехонд. Ба бачаҳо афсона мегуфт. Озодаву Озод мактаб мерафтанд, бозӣ мекарданд, аҳли хонаводаро бо хонишу рафтори худ розӣ мекарданд. Дар хонаашон фаровонӣ буд. Меҳр буду меҳрубонӣ буд. Онҳо ҳамагӣ ҳамди гарро дӯст медоштанд. Ҳамдигарро на танҳо хешу пайванди наздик, балки ёру дӯст мепиндоштанд. Аммо рӯзе бо Озода ҳодисае рух дод ва аҳли хонавода ба ташвиш афтод.
4 Деҳаи Озода бисёр замонавист. Биноҳои баландошёна, кӯчаҳои фарох, гулгашт ва боғҳои зебою шукуфо дорад. Он аз деҳ дида ба шаҳр бештар монанд аст. Дар мобайни он бинои барҳавои мактаб ҷой гирифтааст. Он дуошёна мебошад. Мактабро чор сол пеш сохтанд. Дар он сол Озода нав ба остони мактаб по гузошта буд. Дар кушодани мактаб Озода дар сафи пеши талабагон истода, дар васфи мактаб шеър хонд. Ҳама ӯро таъриф карданд. Озода мактабу муаллимонашро бисёр дӯст дошт. Синфи онҳо ҳамзамон кабинети фи зика буд. Озода бо шавқу ҳавас ба расм ҳою аксҳо ва асбобу анҷомҳои гуногун менигаристу орзу мекард, ки бо ҳар яке аз онҳо кор карда тавонад. Бахусус макетҳои филизию пластикии мошинҳо ва механизмҳо диққати ӯро ба худ ҷалб менамуданд. Вай мехост ба киштии кайҳонӣ даромада, осмонро сайр кунад. Ё бо делтоплан ба ҳаво парида, деҳаю атрофи онро аз баландиҳо бубинад. Рӯзе муаллим аз талабаҳо пурсид, ки дар оянда кадом касбро интихоб кардан мехоҳанд. Вақте навбат ба Озода расид, гуфт:
5 — Ман физик мешавам! Ҳамсинфонаш пиқ-пиқ хандиданд. Муаллим ҳам каме ҳайрон шуду пурсид: — Шумо ин фанро дар синфи шашум мехонед. Ҳоло физика нахонда, чӣ хел физик шудан мехоҳӣ? Вале Озода бо қатъият гуфт: — Ман мехоҳам физик бошам. Магар ин бад аст? — Ягон бадие надорад,— ҷавоб дод муаллим меҳрубонона.— Физика фанни аҷоиб аст. Агар чунин орзу дошта бошӣ, албатта, ба он мерасӣ. Чанд рӯз пас муаллим аз шогирдон хоҳиш кард, ки номи худро ба маҳфилҳои фаннӣ нависанд. Бачаҳо маҳфилҳои математика, забон, таърих, таълими меҳнат ва амсоли инҳоро интихоб карданд. Аммо вақте Озода гуфт, ки номашро ба маҳфили «Физикони ҷавон» менависад, ҳама дар ҳайрат монданд. — Озодаҷон! — гуфт муаллим,— ба маҳфили физикон бачаҳои аз синфи шашум боло мераванд.— Ту ҳоло дар синфи чорум мехонӣ. Вале Озода исрор варзид:
6
7 — Охир, ман физик шудан мехоҳам! Барои чӣ бояд ба маҳфилҳои дигар равам? Устуворию якравии Озода ба муаллим писанд афтод. Вай пас аз каме мулоҳиза гуфт: — Интихобат ҳамин бошад, ихтиёрат. Ман бо муаллими физика маслиҳат мекунам. Баъзе ҳамсинфони Озода боз хандиданд. Аммо муаллим онҳоро ором кард: — Бачаҳо, Озода кори хубе мекунад. Орзу дорад, ки физик шавад. Барои амалӣ шудани орзу ҳар як одам бояд саъю кӯшиш намояд. Бе саъю кӯшиш одам ба орзуяш намерасад. Бачаҳо хомӯш шуданд. Озода ниҳоят хурсанд шуд, ки муаллим хоҳиши вайро рад накард. Муаллим Озодаро ба маҳфили «Физи кони ҷавон» бурд. Муаллими физика аз ин рафтори Озода ҳайрон шуда бошад ҳам, ӯро қабул кард. Акнун Озода ҳафтае ду маротиба баъди дарс ҳамроҳи бачаҳои синфҳои болоӣ ба маҳфили физика мерафт. Ҳама, аз он ҷумла муаллимон ҳам фикр мекарданд, ки вай душворӣ кашида, ин машғулиятро тарк месозад. Аммо ғайричашмдошти онҳо Озода бо дилбастагии
8 зиёд ба омӯхтани ҷисмҳои физикӣ даст зада, дар андак муддат ба қатори пешқадамон дохил шуд. Рӯзе муаллим ба аъзои маҳфил супориш дод, ки дар хона тарҳи чӯбини моҳвораро сохта, ба маҳфил биёранд. Озода аз ин супориши муаллим бисёр шод шуд. Зеро вай ҳамеша орзу мекард, ки бо дастони худаш чизе бисозад. Духтар бо шавқу завқ ба иҷрои супориши нахустини роҳбари маҳфили худ ба хона шитофт. Аммо дар хона мушкилии ғайри инти зор пеш омад. Озода аз бобояш хоҳиш кард, ки ба вай арра, искана ва болға диҳад. Бобо бо тааҷҷуб пурсид: — Набераҷон, асбобҳои дуредгарӣ ба ту чӣ лозиманд? — Ана аз ҳамин чӯб моҳвора месозам,— Озода чӯби дар саҳни ҳавлӣ гузош таи худро нишон дод. — Чӣ гуна моҳвора? — Моҳвораи кайҳонӣ. Оне, ки ба Моҳ парвоз мекунад. Бобо норозиёна ғурунгид:
9 Кӣ чунин корро ба ту фармудааст? — Бобоҷон, ман дар мактаб узви маҳфили «Физикони ҷавон» шудам. Роҳбарамон супориш дод, ки модели моҳвора созем. Бобо ба шӯр омад: — «Физикони ҷавон»? Моделсозӣ? Ин корро накун! — Чаро? — ҳайрон шуд Озода. — Наход духтар модел созад? — гиребон дошт бобо.— «Бад кардам, тавба кардам» гӯй. — Бобоҷон, ин хел нагӯед! Модел сохтан чӣ бадӣ дорад? — Эҳ, ту боз ба ман гап ёд медиҳӣ? — овоз баланд кард бобо.— Бирав аз пеши ман! Табъи духтар хира шуд. Садои баланди боборо шунида, момо аз хона баромад. — Чӣ шуд? — Вай саросема ба назди бобою набера омад. Озода даҳон ҷуфт кардан хост, ки бобо хитоб кард: — Набераатро дидӣ? Арраю теша гирифта, модел сохтан мехоҳад.
10 — Модел месозад? — Момо аз ҳайрат айнак ҳояшро гирифта, ба рӯи Озода нигарист. — Ҳа, момоҷон! — гуфт Озода.— Ман дар мактаб узви маҳфили «Физикони ҷавон» шу дам. Роҳбарамон супориш дод, ки модели моҳвора созем. Момо ҳам ба шӯр омад: — «Физикони ҷавон»? Моделсозӣ? Ин корро накун! — Чаро накунам? — ҳайрон шуд Озода. — Наход духтар узви маҳфили физикон шавад? — гиребон дошт момо.— «Бад кардам, тавба кардам» — гӯй. — Момоҷон, ин хел нагӯед! Модел сохтан чӣ бадӣ дорад? — Эҳ, ту боз ба ман гап ёд медиҳӣ? — момо низ овоз баланд кард.— Бирав аз пеши ман! Табъи духтар хиратар шуд. Садои баланди моморо шунида, падари Озода аз сари замин ба хона давид. — Чӣ гап шуд? — Вай саросема ба назди бобою момою набера омад. Озода даҳон ҷуфт кардан хост, ки момо хитоб кард:
11 — Духтаратро дидӣ? Арраю теша гирифта, модел сохтан мехоҳад. — Модел месозад? — Падар аз ҳайрат дар ҷояш шах шуда монд. — Ҳа, падарҷон! — гуфт Озода.— Ман дар мактаб узви маҳфили «Физикони ҷавон» шудам. Роҳбарамон супориш дод, ки модели моҳвора созем. Падар ҳам ба шӯр омад: — «Физикони ҷавон»? Моделсозӣ? Ин корро накун! — Чаро накунам? — гиряолуд пурсид Озода. — Наход духтар модел созад? — гиребон дошт падар.— «Бад кардам, тавба кардам» гӯй. — Падарҷон, ин хел нагӯед! Модел сохтан чӣ бадӣ дорад? — Эҳ, ту боз ба ман гап ёд медиҳӣ? — падар низ овоз баланд кард.— Бирав аз пеши ман! Табъи духтар боз ҳам хиратар шуд. Садои баланди моморо шунида, модари Озода аз сари чашма ба хона давид. Вай барои об рафта буд.
12 — Чӣ гап шуд? — Модар саросема ба назди бо бою момою падару Озода омад. Озода даҳон ҷуфт кардан хост, ки падар хитоб кард: Духтаратро дидӣ? Арраю теша гирифта, модел сохтан мехоҳад. — Модел месозад? — Модар аз ҳайрат сатилашро ба замин гузошт. — Ҳа, модарҷон! — гуфт Озода.— Ман дар мактаб узви маҳфили «Физикони ҷавон» шудам. Роҳбарамон супориш дод, ки модели моҳвора созем. Модар ҳам ба шӯр омад: — «Физикони ҷавон»? Моделсозӣ? Ин корро накун! — Чаро? — гиряолуд пурсид Озода. — Наход духтар модел созад? «Бад кардам, тавба кардам» гӯй. — Модарҷон, ин хел нагӯед! Модел сохтан чӣ бадӣ дорад? — Эҳ, ту боз ба ман гап ёд медиҳӣ? — модар низ овоз баланд кард.— Бирав аз пеши ман! Табъи духтар тамоман хира шуд.
13 Садои модарро шунида, додари Озода аз майдони бозӣ ба хона давид. — Чӣ гап шуд? — Озод саросема ба назди бобою момою модару хоҳараш омад. Модар хитоб кард: — Хоҳаратро дидӣ? Арраю теша гирифта, модел сохтан мехоҳад. — Модел месозад? — чашмони Озод аз ҳайрат калон шуданд. — Ҳа, додарҷон! — гуфт Озода.— Роҳбарамон супориш дод, ки модели моҳвора созем. Ё ту ҳам ҳозир мегӯӣ, ки «Ту духтар астӣ, айба намедонӣ?!» Вале Озод хурсандона дод зад: — Чӣ хел нағз, хоҳарҷонам! Наход модел созем-а? Ман ба ту ёрӣ медиҳам! Озода хур санд шуд. Аммо бобо гуфт: — Ту созӣ, майлат. Лекин ба духтар намезебад. — Духтар бояд дарздӯзӣ кунад, на дуредга рӣ,— гуфт момо. — Духтарам, аз фикри олӣ нест! — гуфт падар.
14
15 — Ҳазор касби дигар ҳаст! — розӣ нашуд модар. Табъи Озода аз нав хира шуд. Аз он ки аҳли хонавода ба иқдомаш муқобил баромаданд, Озода сахт ғамгин шуд. Вай қаҳр карда, ба лаби ҷӯй рафт ва шашқатор ашк рехт. Аз чӣ бошад, ки афсонаи «Чӯбаки сандалвор» ба ёдаш омад. Афсонаеро, ки момояш ҳар шаб барои ӯ ва додараш мегуфт. Гирякунон чӯби барои модел омодакардаашро ба замин халонд. Чӯб дар як нафас ба лифт табдил ёфту дарҳояш кушода шуданд. Озода ба лифт даромада ҳайрон шуд. Он курсиҳои мулоим, компютери монитораш ба мисли оинаи барқад калон дошт. Дар чор девори он лавҳаҳои равшани гуногунранг медурахшиданд. Лавҳаҳо тугмаҳои рангоранг доштанд. Деворҳои лифт шишагӣ буданд. Аз онҳо муҳити атроф чун дар кафи даст дида мешуд. Озода ашкашро пок карду сароид: Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор!
16 Лифт боло ҳаракат кард. Ин дам модараш хабардор шуду тарсону шитобон ба лаби ҷӯй омада, фарёд кашид: — Озодаҷонам, Рӯҳу равонам. Баргард, баргард, Дардат ба ҷонам! Чизе, ки созӣ, Ҳастем розӣ! Аммо Озода дар ҷавоб ғамгинона сароид: Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Гар модарам мебудӣ, Бар зиддам намешудӣ. Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Лифт болотар мерафту фарёду зории модар баландтар мешуд. Аммо Озода аз раъяш намегашт. Шумо раҳамро бастед, Шумо диламро шикастед. Меравам ба назди Маҳтоб, Меравам ба назди Офтоб.
17 Месӯзам, мегудозам, Моҳвораамро месозам! Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Модар ашкрезон рафт пеши шав ҳа раш дав-давон ва гуфт нолакунон: — Эй падари номеҳрубон, духтарамон рафт ба осмон! Чора биандеш, ӯро аз роҳ баргардон! Падар афтону хезон ба лаби ҷӯй омада, дид, ки Озода дар лифт нишаставу он ҷунбонҷунбон меравад ба осмон. Падар тарсид ва фарёд кашид: — Озодаҷонам, Рӯҳу равонам. Баргард, баргард, Дардат ба ҷонам! Чизе, ки созӣ, Ҳастем розӣ! Аммо Озода дар ҷавоб ғамгинона сароид: Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор!
18 Гар падарам мебудӣ, Бар зиддам намешудӣ. Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Лифт болотар мерафту садои падар баландтар мешуд. Аммо Озода аз раъяш намегашт. Шумо раҳамро бастед, Шумо диламро шикастед. Меравам ба назди Маҳтоб, Меравам ба назди Офтоб. Месӯзам, мегудозам, Моҳвораамро месозам! Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Падар оҳувоҳкунон рафт пеши бобо давдавон ва гуфт ин суханҳо: — Эй бобои номеҳрубон, духтарамон рафт ба осмон! Чора биандеш, ӯро аз роҳ баргардон! Бобо афтону хезон ба лаби ҷӯй омада, дид, ки Озода дар лифт нишаставу он ҷунбонҷунбон меравад ба осмон. Бобо тарсид ва фарёд кашид:
19 — Озодаҷонам, Рӯҳу равонам. Баргард, баргард, Дардат ба ҷонам! Чизе, ки созӣ, Ҳастем розӣ! Аммо Озода дар ҷавоб ғамгинона сароид: Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Гар бобоям мебудӣ, Бар зиддам намешудӣ. Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Лифт болотар мерафту садои бобо баландтар мешуд. Аммо Озода аз раъяш намегашт. Шумо раҳамро бастед, Шумо диламро шикастед. Меравам ба назди Маҳтоб, Меравам ба назди Офтоб. Месӯзам, мегудозам, Моҳвораамро месозам! Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор!
20
21 Бобо аз карда пушаймон рафт пеши момо дав-давон ва гуфт ин суханҳо: — Эй момои номеҳрубон, духтарамон рафт ба осмон! Чора биандеш, ӯро аз роҳ баргардон! Момо ҳайрону парешон ба лаби ҷӯй давид ва дид, ки Озода дар лифт нишаставу он ҷунбон- ҷунбон меравад ба осмон. Момо гирякунон фарёд кашид: — Озодаҷонам, Рӯҳу равонам. Баргард, баргард, Дардат ба ҷонам! Чизе, ки созӣ, Ҳастем розӣ! Аммо Озода дар ҷавоб ғамгинона сароид: Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Гар падарам мебудӣ, Бар зиддам намешудӣ. Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор!
22 Лифт болотар мерафту садои момо баландтар мешуд. Аммо Озода аз раъяш намегашт. Шумо раҳамро бастед, Шумо диламро шикастед. Меравам ба назди Маҳтоб, Меравам ба назди Офтоб. Месӯзам, мегудозам, Моҳвораамро месозам! Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Бобову момою падару модар диданд, ки Озода гапашонро намегирад, додаракаш Озодро ба ёрӣ ҷеғ заданд: — Озодҷони меҳрубон, хоҳарат рафт ба осмон! Гиря кун, зорӣ кун, нола куну ӯро баргардон. Ҷигарамон хун шуд, ашкамон Ҷайҳун шуд. Озод инро шунида, гирёну нолон бо доду афғон ба лаби ҷӯй омада, дид, ки Озода дар лифт нишаставу он ҷунбон- ҷунбон меравад ба осмон. Озод дод зад: — Ҷон хоҳарҷонам, Рӯҳу равонам.
23 Баргард, баргард, Танҳо намонам! Озода додарашро бисёр дӯст медошт. Дар байни аҳли хонавода ҳам вай ягона касе буд, ки Озодаро дастгирӣ намуд. Дили хоҳар ба додар сӯхту сароид: Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Поёнтарам фурор! Поёнтарам фурор! Ту додарам астӣ, Ту ахтарам астӣ. Орзуямро медонӣ, Ба ман ёрирасонӣ. Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Поёнтарам фурор! Поёнтарам фурор! Инро гуфта буд, ки лифт поёнтар фуромад. Озода тукмаеро пахш кард. Дарҳои лифт боз шуданду панҷаи оҳа нине поён ёзид. Панҷа Озодро бардошта, ба лифт даровард. Озода додарашро дар паҳлуи худ шинонду сурудашро хонд:
24 Чӯбаки сандалвор-вор, Як сандал бизан, Болотарам бубарор! Болотарам бубарор! Лифт оҳиста- оҳиста боло мерафт. Озо даю Озод аз деворҳои шаффофи он ба чор тараф менигаристанду ҳаловат мебурданд. Замин ба фосилаи 2–3 километр поён монда буд. Он хеле сабзу хуррам метофт. Хонаҳои шаҳрак мисли қуттиҳои гӯгирд ба чашм мерасиданд. Абрҳои монанд ба халтаҳои пахта дар ҳар ҷои осмон шино мекарданд. Баъзеашон ҳатто аз паҳлуи лифт гузашта, боиси шодмонию ҳаяҷони бачаҳо мегардиданд. — Нигоҳ кун, абри сафед! — фарёд мекашид Озод. — Ҳо-о, абри сиёҳро тамошо кун! — нидо мебаровард Озода. Осмон мисли баҳри нилгун доман паҳн карда, дар нуқтаҳои дуродур бо рангҳои гуногун медурахшид. Банохост абри сиёҳе рост дар пеши лифт пайдо шуда, дар як дам онро печонд. Атроф тип-торик шуд, лифт ларзид.
25 — Ман метарсам! — дод зад Озод худро ба паҳлуи хоҳараш ҷафс кард. — Ман ҳам метарсам! — гуфт Озода сари додарашро дар канор гирифта. Ин асно даруни лифт якбора даҳ-дувоздаҳ чароғи сафед даргирифтанд. Лав ҳаи калони компютер равшан ва дар рӯи он робот пайдо шуд. Сари он чун тухми калон, чашмонаш калони айнакдор, гарданаш борик, баданаш чоркунҷа, дасту поҳояш борик. Чашмонаш чанд бор милт-милт заданду сипас калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо карда, ба гап даромад: — Ас-са-лом! Ман ро-бот ас-там. Но-мам Ҳа-ма-дон. Ман сар-ни-ши-ни ин мо-ши-на-и кай-ҳон-на-вард ме-бо-шам. Там-ғаи мо-ши-на «Сан-дал-вор» аст. На-тар-сед. «Сан-дал-вор» мо-ши-на-и бе-ха-тар аст. Озодаю Озод нафаси сабук каши данд. — Ҳамадон-амак, шумо моро ба пеши офтобу моҳтоб мебаред? — пурсид Озода. — Ба ку-ҷо-и кай-ҳон гӯ-ед, ме-ба-рам. — Урраа! — хушбахтона баробар дод заданд хоҳару додар.
26
27 — Ҳамеша хурсандии шуморо мехо ҳам! — гуфт Ҳамадон ва аз даҳонаш рӯшноии сурх баромад. Бачаҳо аз курсиҳо бархоста, ба назди де вораҳо тохтанд ва ба тамошои осмон пар дохтанд. Лифт аз қабати абрҳои ғафс гузашта, ба осмони кушод баромад. Абрҳо ба мисли тойҳои бузурги пахта дар зер монданд. Аз кадом кунҷе абрҳои тунук мисли заврақҳои бодбондор шинокунон ба тарафи «Сандалвор» мешитобиданд. — Уҳӯ-ӯ! — бо завқ нидо баровард Озод,— киштиҳои бисёре ба сари мо омада истодаанд. Боз роҳзанон набошанд?! — Ин-ҳо абр-ҳо ме-бо-шанд,— ба гап даромад Ҳамадон. Вай ба синааш даст бурд ва тукмаи реҷаи гапзаниашро мавзун карда, шарҳашро давом дод: — Ин абрҳоро шамолҳои тез ба вуҷуд овардаанд. Мо айни ҳол дар қабати аз ҳама поёни осмон — тропосфера қарор дорем. Дар ин қабат оби дарёҳо, кӯлҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо бухор шуда, ба абр табдил меёбанд. Шамол абрҳоро ба ҳар тараф мебарад. Абрҳо оби худро дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.
28 — Барои чӣ барф меборад? — пурсид Озод. — Барои чӣ борон меборад? — пурсид Озода. Робот Ҳамадон аз даҳонаш нури маҳини сурх баровард, яъне табассум карду ҷавоб дод: — Агар ҳавои болои замин сард бо шад, қатра ҳои оби даруни абр ба зар ра чаҳои кристаллӣ мубаддал мешаванд, ки одамон онро барф мегӯянд. Агар ҳавои болои замин гарм бошад, қатраҳои оби даруни абр бевосита худашон мерезанд, ки одамон онро борон мегӯянд. Агар қатраҳои даруни абр ҳангоми рехтан ба сардию шамоли тунд дучор шаванд, ях баста, ба ҳам мечаспанд ва ба замин мерезанд. Одамон инро жола мегӯянд. — Барои чӣ борон, барф, жола фақат ба замин мерезанду ба дигар тарафи осмон намераванд? — пурсид Озода. — Шумо оҳанраборо дидаед? — савол дод робот. — Дидаем! — хурсандона ҷавоб доданд бача ҳо.— Вай оҳанро ба худ мекашад.
29 — Ба мисли оҳанрабо Замин ҳам кашиш дорад ва ҳама чизи муаллақро ба тарафи худ мекашад. Ин асно дар чор девори лифт чароғ ҳои зард милтирос заданд. Озода ва Озод бесаранҷом шуданд. Робот Ҳамадон онҳоро ором кард: — Бачаҳо, нигарон набошед. Мошина таъкид кард, ки мо ба қабати тунуки ҳаво дохил шудем. Чи қадар боло бароем, ҳаво ҳамон қадар тунук шуда, дар охир тамоман нест мешавад. — Ҳаво набошад, мо чӣ хел нафас мекашем? — бо ҳарос пурсид Озод. — Парво накунед. Даруни мошинаамон ҳаво дорад. Он дар баллонҳои махсус захира карда шудааст. Банохост дар самти рости лифт ҳаво паймое намоён шуд. Вай мисли қуи сафеди зебо дар фазо шино мекард. Бачаҳо хитоб карданд: — Ҳавопаймо!!! — Ва хурсандона ба он мута ваҷҷеҳ гаштанд. — Бале! — гуфт Ҳамадон.— Мо 12 километр аз Замин фосила дорем. Азбаски дар ин баландӣ ҳаво бисёр тунук аст, ҳавопаймо зуд ҳаракат карда, ба манзил тезтар мерасад.
30 — Ана боз ҳавопаймо! — ангушт ба девори лифт зад Озода. Ин ҳавопаймо болҳои норанҷӣ дошт. Дар паҳлуи он боз се ҳавопаймои дигар низ пайдо шуданд. — Чӣ хел зебо! — завқ кард Озод,— гидросфе ра майдони ҳавопаймоён будааст! Пас аз чанде ҳавопаймоҳо дар зери «Сандал вор» монданд. Онҳо ба андозаи фароштурук хурд шуда, оҳиста- оҳиста ба нуқтаҳои сиёҳ монанд шуданд. — Заминро бин! — хавотиромез дод зад Озод. — Оҳо, ранги глобуси бисёр калон шудааст-ку! — пешонии худро ба девор ҷафс карда, поён нигарист Озода. — Атрофи он ранги норинҷӣ гирифтааст! — Озода ҳам хурсандона нидо баровард. — Чанд дақиқа пеш ин хел ранг набуд! — бо ҳайрат хитоб кард Озод. Озода ба Ҳамадон рӯ овард: — Роботҷон, ин ранг аз куҷо пайдо шуд? — Ин ранги қабати тропосфера аст. Тропосфера аз 10 то 18 километр тӯл мекашад. Вақте
31 мо аз он мегузарем, вай дар назари мо норанҷӣ менамояд. — Ҳоло мо аз Замин 18 километр дур рафтем? — пурсид Озода. — Ин ҷо километри 15-ум аст. Мо ба қабати стратосфера дохил шудем. Ками дигар рафта буданд, ки ногоҳ Озод фарёд кашид: — Одам! Озода ба наздаш давид ва шахсеро диданд, ки ҷониби Замин ҳаракат мекард. — Кайҳоннавард! — хитоб кард Озода. — Варзишгар! — гуфт Озод. Дар ҳақиқат либоси он шахс варзишӣ буд, фақат ба рӯяш мисли ғаввосон чизе ба мисли акваланг дошт. — Варзишгар дар кайҳон чӣ кор мекунад? — розӣ нашуд Озода. Озод ба робот муроҷиат намуд: — Робот-амак, шумо гӯед, ки гапи ман рост ё гапи Озода? — Гапи ту рост,— гуфт Ҳамадон.— Ин кас парашютист аст. Яъне варзишгар.
32
33 — Магар парашютист ба 15 километр бала ндӣ баромада метавонад? — пурсид Озод. — Метавонад,— посух дод Ҳамадон.— Ба чунин баландӣ аэростатҳо мебароянд. Варзишгарони бисёр ҷасур аз онҳо ба Замин мепаранд. Парашютист ба тарафи лифт даст ҷунбонда, поён рафт. Ин асно дар уфуқи осмон аэростат намоён шуд. Бачаҳо бо завқ ба тамошои он пардохтанд. Вай пуфаки калонро ба хотир меовард. Бисёр мавзун ва ором шино мекард. Пас аз муддате лаппиш хӯрд ва болотар рафту ба самти муқобили ҳаракаташ ба шино даромад. — Ҳо-о, аэростат моро дида гурехт! — ҷониби он даст афшонд Озод. — Барои чӣ мегурехтааст? — эътироз кард Озода.— Мо ба вай кор надорем. — Яке зер карда нагузарем,— гуфт ифтихоромез Озод.— Охир, мошинаи мо аз вай чанд маротиба калон. — Наход дар осмон ҳам садама рух диҳад? — нобоварона суол дод Озода. — Албатта медиҳад! — гуфт Озод.
34 — Намедиҳад! — розӣ нашуд Озода. — Баҳс накунед,— гапашонро бурид Ҳамадон.— Дар осмон ҳам гоҳе садама рух медиҳад. Лекин аэростат аз садама нагурехт. Вайро бод ба дигар тараф бурд. — Дар ин ҷо ҳам бод ҳаст? — бо як овоз пурсиданд бачаҳои ҳайрон. — Бод ҳам ҳасту абр ҳам. Бодҳо бисёртар мевазанд, лекин абрҳо камтар пайдо мешаванд. Дар уфуқи хокистарранг ҷирмҳои сафед падидор шуданд. Онҳо ҷониби мошина меомаданд. — Лаълиҳои паррон! — хитоб кард Озод. — Худи худашон! — ба ҳаяҷон омад Озода.— Одамони кайҳонӣ мошинаамонро дида, ба сари мо омаданд. — Мушавваш нашавед,— оромона гуфт Ҳамадон.— Инҳо на лаълии парронанд, на ягон душман. Инҳо абрҳои марворидшакл мебошанд. Инҳо ба мисли абри одӣ аз бухори об ба вуҷуд намеоянд. Газҳои гуногуне, ки аз рӯи Замин ба осмон хориҷ мешаванд, дар стратосфера ба ҳамин гуна абрҳо табдил меёбанд. — Ин абрҳо куҷо мераванд?
35 — Дар осмон сайр карда мегарданд,— посух дод Ҳамадон. — Аҷиб,— гуфт Озода,— стратосфера боз чӣ дорад? — Боз гази озон дорад. Он бисёр ғафс аст. — Вай ҳам мисли ҳамин абрҳо беҳуда сайр карда мегардад? — шӯхиомез пурсид Озод. — Не! — гуфт бо қатъият Ҳамадон.— Гази озон нурҳои зараровари ултрабунафши офтобро ба Замин роҳ намедиҳад. Агар ин гуна нурҳо ба одам ё ҳайвону гиёҳ расад, онро сӯзонда, ҳалок месозад. Бачаҳо дам назди як девор, дам назди девори дигари «Сандалвор» рафта, манзараҳои аҷибу ғариби атрофро тамошо мекарданд. Замин торафт ба глобуси хурдтар табдил ёфта, дар гирди он ҳар гуна рангҳо ҳамдигарро иваз мекарданд. Торикистон васеътар, ситораҳо бисёртару калонтар мегаштанд. — Чароғак! — бо ҳаяҷон нидо кард Озод. — Куҷост?! — ба назди додараш давид Озода. — Гум шуд! — бо ҳайрат гуфт Озод. — Дурӯғ гуфтӣ,— хафа шуд Озода.
36 — Не, ба ду чашмам дидам,— ранҷишомез гуфт Озод. Ин дам чашмони Озода барқ заданд. — Чароғак! — хурсандона фарёд кашид вай. Озод баргашта нигоҳ кард: — Ку чароғак?! — Аҷабо, нопадид шуд,— гуфт Озода. — Ба ман бовар накардӣ. Акнун худат дидӣ,— ғолибона гуфт Озод. — Бовар кардам. Ин қадар кӯтоҳ будааст чароғаки ин ҷо. — Абрҳо!! — Озода ба уфуқи дур ишора кард, ки абрҳои калонҳаҷми мавҷмонанди нуқратоб гоҳ пайдо, гоҳ гум мешуданд. Озода ба лавҳаи компютер назар кард. Вай 40 километрро нишон медод. — Ӯҳӯ, дар баландии 40 километр ҳам абр будааст-ку! — Мо ба қабати мезосфера ворид шудем, ки аз Замин 40 километр фосила дорад,— ба гап даромад Ҳамадон.— Абрҳоеро, ки мебинед, аз мо 30–40 километри дигар дуртаранд.
37 — Инҳо дар ҳақиқат абранд? — пурсид Озода. — Абранд,— ҷавоб дод Ҳамадон.— Охирин қатраҳои обро шамолҳои бузурги осмонӣ ба ҳамин баландӣ бароварда, ҷамъ мекунанд ва ба абрҳои ниҳоят тунук табдил медиҳанд. Ин абрҳоро фақат аз дурии то 10 километр дидан мумкин аст. Наздикашон равед, наменамоянд. Чунки масофаи байни қатраҳои калон аст. — Пас дар мезосфера ҳам шамолҳо мевазидаанд?! — саволомез хитоб намуд Озод. — Мезосфера қариб 50 километр ҳудуд дорад.— Шарҳ дод Ҳамадон.— Дар баландии баландаш ҳарорат 80–90 дараҷа хунук, дар пастии пасташ 0 дараҷа мешавад. Фарқи байни ҳамин ҳароратҳо боиси ба вуҷуд омадани шамолҳои тунду тез мегардад. Ин шамолҳо газҳои азот ва турушзоро ба ҷунбиш оварда, барқҳои ниҳоят кӯтоҳмуддат ва абрҳои нуқратоби қариб нонамоёнро ба вуҷуд меоранд. Ҳамадон гапашро тамом накарда, дар чор тарафи «Сандалвор» таркишҳое ба монанди кафидани мина дар майдони ҷанг шурӯъ шуданд.
38 — Вой, нозаминиҳо* ҳамла карданд! — изтиробомез дод зад Озод. — Моро ҳам мекафонанд?! — ба таҳлука афтод Озода. Дар навори компютер аввал манзараи таркиш ҳо пайдо шуд, сипас роботи Ҳамадон ҷои онро иваз кард. — Бачаҳо, натарсед! — оромона ба гап даромад робот.— Ба мошинаи мо хатаре таҳдид намекунад. Қувваи зиддикашиши он ҷирмҳоро аз масофаи 1000 метр наздиктар намемонад. — Ин таркишҳо чистанд? — пурсид Озода. Ҳамадон посух дод: — Ба тарафи замин ҳар соат шиҳоб санг ҳои гуногун ҳаракат мекунанд. Дар муддати як рӯз аз осмон ба Замин беш аз 40 тонна санг равон мешавад. Лекин қабати мезозой онҳоро бо гази озони худ тарконда, нобуд менамояд. Агар мезозой шиҳобсангҳоро натарконад, онҳо ба замин афтода, дунёро несту нобуд менамоянд! — Мезозой — сипари Замин! — нидо баровард Озода. — Ин гази озон балогардони Замин будааст-ку! — ба ваҷд омад Озод.
39 Робот қаноатмандона сар ҷунбонд ва гапи бачаҳоро қувват дод: — Бале, ҳам радиатсияи Офтобро фурӯ мебарад, ҳам шиҳобсангҳоро сӯзонда, бехатар мекунад, ҳам шамолҳоро ба вуҷуд оварда, барои нигоҳ доштани ҳаёт дар рӯи Замин ёрӣ мерасонад. — Дар ин ҷо на ба ҳавопаймо дучор шудем, на ба аэростат,— мушоҳидаи худро ба забон овард Озод. — Дуруст мегӯӣ,— суханашро давом дод Ҳамадон.— Дар мезосфера ҳаво бисёр тунук аст. Ҳавопаймо ва аэростат танҳо дар фазое гашта метавонанд, ки оксигени кофӣ дошта бошад. — Пас мезосфера ҷои моҳвораҳост,— доноии худро нишон додан хост Озода. — Не, Озодаҷон! — инкор варзид Ҳамадон,— барои моҳвора ҳавои мезосфера ғафсӣ мекунад. Он 80 дарсад озон ва 20 дарсад оксиген дорад. Аммо барои моҳвора фазои холӣ лозим аст. — Ана барои чӣ ситораҳо меафтанд! — шодона хитоб кард Озода.
40 — Кадом ситора? Ба куҷо меафтанд? Барои чӣ? — саволҳояшро қатор кард Озоди кунҷков. Барои он ки манзараи тасвиркардаи Озодаро бубинад, Озод пешонии худро ба девори «Сандал вор» ҷафс намуд. — Дар ёдат аст, вақте шабона аз Замин ба осмон нигоҳ мекунем, мебинем, ки ситораҳо дармегиранду ба ягон тараф ғайб мезананд. Бобоям дар ин ҳол мегӯяд, ки «ситора ба замин афтид». — Ҳа, дуруст. Момоям ҳам чунин мегӯяд.— Гапи хоҳарашро тасдиқ кард Озод. — Онҳо дуруст мегуфтаанд,— мамнунона гуфт Озода.— Фақат на ситораҳо, балки сангҳои осмонӣ месӯхтаанд. Лекин ҳамаашонро мо намедидаем. — Барои чӣ? — Ба фикрам, барои он ки бисёрашон хурд ҳастанд ва алангаашон аз Замин намоён нест. — Офарин, Озода! — андешаронии духтар ба Ҳамадонӣ писанд афтод.— Бале, мезосфера ва стратосфера нурҳо ва ҷирмҳои
41 зарарноку хатарнокро ба Замин роҳ наме диҳанд. Мезосфера боз як вазифаи дигар ҳам дорад. — Чӣ будааст он? — бачаҳо баробар суол доданд. — Агар шумо шабонгоҳ аз Замин ба осмон нигоҳ кунед, мебинед, ки он равшан аст. — Дуруст! — тасдиқ карданд бачаҳо. — Гап дар он аст, ки қисми болоии мезосфера ба умқи 5 километр натрий дорад. Шуои ҳазорон ҳазор ситора дар он афтода, инъикос мешавад ва осмони торикро равшан месозад! — Ҳозир мо дар даруни натрий шино мекарда бошем? — пурсид Озод, ба берун ишора карда. Озода берун нигарист. Атроф ба мисли барф сап-сафед метофт. Дурахшидани таркиши шиҳобсангҳо ҳам ба чашм намерасид. — Натрий ҳам газ аст? — бо ҳайрат пурсид Озод. — Натрий газ не, филизи бисёр сабук аст,— шарҳ дод Ҳамадон.— Дар Замин он дар шакли ало ҳида бисёр кам дучор меояд, лекин
42 дар мезосфера онро махсус гӯё пош дода бошанд, қабати алоҳидаро ташкил медиҳад. — Инаш тамоман аҷоиб! — дар ҳайрат афтоданд бачаҳо. — Бале аҷоиб!– такрор кард Ҳамадон ва банохост садояш чанд маротиба баланд шуд: — Ҳоло мо ба қабати дигар, яъне термосфера медароем! Бачаҳо гӯшҳои худро доштанд. — Пасттар гап занед, Ҳамадон-амак! — хоҳиш кард Озод, аммо овози худаш ҳам баланд баромад. — Худат ҳам паст гап занӣ, намешавад? — эътироз кард Озода ба Озод, вале садои вай ҳам аз муқараррӣ баландтар буд. — Ин чӣ гап шуд? — суол кард Озод, вале маҷбур шуд, ки аз баланд будани садои худ гӯш ҳояшро бо ангуштон зер кунад. Ҳамадонӣ хандид: мавҷи сурх аз даҳонаш баромада, ба чор тараф тунук шуда рафт. — Бачаҳо, шумо дар хона радио доред? — Дорем! — ҳарчи пасттар ҷавоб доданд Озода ва Озод.
43 — Радиоятон шабона баланд гап мезанад ё рӯзона? Бачаҳо даме фикр карданд. Ниҳоят Озода ҷавоб дод: — Шабона. — Офарин, дуруст! — гуфт Ҳамадон.— Медонед барои чӣ? — Намедонем! — гуфтанд бачаҳо. Ҳамадон тугмаи танзими овозро пахш карда, онро ба нуқтаи аз ҳама паст овард ва гуфт: — Акнун бемалол гап задан мумкин аст. Термосфера дар таркиби худ ионосфера дорад. Шуои офтоб ба ин қабат бархӯрда, ба ионҳо ҷудо мешавад. Ионҳо зарраҳои зарарнокро фурӯ мебаранд. Ғайр аз ин ионосфера мавҷҳои радиоиро аз худ гузаронда, ба кайҳон сар медиҳанд. Ин ҳодиса рӯзона рух медиҳад. Вале шабона, азбаски шуои офтоб нест, ионҳо ҷудо намешаванд. Дар ин сурат радиомавҷҳо ба ионосфера бархӯрда бармегарданд. Барои ҳамин шабона овозҳо баланд мебошанд. Овози радиоҳо ҳам ба ҳамин сабаб шабона бамаротиба баландтар аст.
44 — Ҳозир мо дар ионосфера шино дорем? — пурсид Озода. — Оре. Аз километри 60-ум шурӯъ мешавад ва то 1000 километр давом мекунад. Бачаҳо бо ҳайрат ба ҳамдигар хитоб карданд: — Оҳо, осмон ҳамааш пур аз ион буда астку! Офтоб дар кадом кунҷи кайҳон аз назар ғоиб шуд. Замин низ дар поёнҳо монда буду ба монанди Моҳ хираравшан метофт. Дар куҷо будани Моҳро муайян кардан душвор буд. Ба ҷои он дар ҳар канори уфуқи осмони тираву тор сайёраҳои гуногун падид меомаданду ғайб мезаданд. Гоҳе шиҳобсангҳои хурду калон аз бари мошина гузашта мерафтанд. Банохост кунҷе гӯё гулхане афрӯхта шуду оҳиста- оҳиста калон шуд ва торикистони дилгиркунанда равшан гашт. Бачаҳо аз хурсандӣ дар ҷои худ париданд ва чунин манзараро диданд: дар ҷонибе, ки Замин ба монанди Моҳ як тарафи рӯяшро намоён карда буд, фаввораи равшанӣ ба осмон пар мекашид. Рангҳои сабзу
45 зард ва сурху бунафш дарҳам омехта, дилро моломоли фараҳу шодӣ менамуданд! — Рангинкамон!!! — хушбахтона хитоб кард Озод. — Муъҷиза! — ба додараш ҳамовоз шуд Озода. Бачаҳо аз тамошои рангинкамони зебо ба ваҷд омаданд. — Ба тиру камон монанд, лекин бисёр бузург! — гуфт Озод, ки аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. — Ҳамадон-амак, ин чӣ бошад? — аз тамошо чашм наканда пурсид Озода. — Инро фаҷр мегӯянд,— шарҳ дод Ҳама дон.— Дар Замин ин ҳодисаро танҳо дар қутб ҳои шимоливу ҷанубӣ дидан мумкин аст. Шумо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед, онро намебинед. — Афсӯс,— гуфт Озода.— Аммо сабаби пайдоиши он дар чист? — Хеле сода. Нурҳои Офтоб дар ионосфера ба газҳои азот ва турушзо бархӯрда, онҳоро ба ҷунбиш медароранд. Вақте газҳо дар масоҳати бисёр бузург яку якбора меҷунбанд, равшанӣ
46 ҳосил мегардад. Гази азот сабзу зард, гази турушзо сурху бунафш медурахшанд. Ин ҳодиса дар моҳҳои аввали баҳор ва тирамоҳ рух медиҳад. — Чӣ асрорҳое дорад олам! — гуфт Озода ва аз эҳсоси хушбахтӣ оҳи сабук кашид. Ҳароратнигори компютер 1500 дараҷа гармӣ нишон медод. Дар навор мушакҳо ва моҳвораҳои гуногун дар ҳар тараф шино мекарданд. — Ҳоло дар берун гармӣ дар ҳақиқат 1500 дараҷа аст? — ҳайратомез пурсид Озода. — Бале,— посух дод Ҳамадон,— дар термосфера гармӣ то 3000 дараҷа ҳам мерасад. — Пас барои чӣ моҳвораҳо намегудозанд? — кунҷковона суол дод Озод. — Ҷавоби ин ҳам хеле сода аст,— гуфт Ҳама дон.— Дар термосфера ҳаво, яъне оксиген нест. Гарми ро зарраҳои ҳаво дар худ нигоҳ дошта, яхро об мекунанду оҳанро мегудозанд. Агар ҳаво набошад гармӣ ба ҷисмҳо таъсир намерасонад. Барои ҳамин дар термосфера ҳавопаймо гашта наметавонад, лекин ҳама
47 гуна моҳвора ва киштии кайҳонӣ озодона шино мекунад. — Ҳоло агар берун бароям, наме сӯзам? — хушҳолона ба тарафи дар рафт Озод. — Намесӯзӣ,— ранги сурхро аз даҳон сар дода, хандон ҷавоб дод робот,— лекин бе ҳаво дар як сония ҳалок мешавӣ. Озод аз раъяш баргашт. Озод қафо баргашту хост ба тарафи Озода ҳаракат кунад. Аммо калавид ва муаллақ шуд. Озода хандид ва шӯхӣ кард: — Поҳоят канда шуданд-чӣ? — Ҳа,— бо тарс ҷавоб дод Озод.— Ба ман чӣ шуд? — Эҳ, маро натарсон! — хавотиромез гуфт Озода ва хост ба тарафи ӯ қадам гузо рад. Вале поҳои вай низ аз фарш канда шуданд ва дар фазо дасту по задан гирифт. — Вой! — дод зад Озода ва шинокунон ба тарафи Озод рафт. Озод ҳам, гӯё дар оби ҳавз шино мекарда бошад, даступозанон ба тарафи хоҳараш ҳаракат кард. Онҳо ба назди ҳамдигар расиданд ва хостанд бо ёрии ҳам ба по рост шаванд. Вале ҳар боре, ки пояшон ба
48 фарш мерасид, мисли пружина пас гашта, боло мебаромаданд. — Робот-амак, мадад расон! — дод заданд бачаҳо. Робот Ҳамадон дар навор пайдо шуд. Вай ҳам дар фазо муаллақ мезад. — Бачаҳои азиз! Мошинаи мо аз доираи кашиши Замин баромад. Мо ба кайҳони кушод баромадем. Дар ин ҷо вазн нест мешавад. Ин ҳодисаро бевазнӣ мегӯянд. Ҳоло вазни шумо ва пари қу баробар аст. Пас аз муддате ба бевазнӣ одат мекунед ва ба ҳар тарафе, ки хоҳед, дар фазо шино карда-шино карда, меравед. — Ман ин қадар сабукак шудам! — бо шавқ худашро такон дод Озод. — Акнун ба чор тарафи коинот бе монеа шино карда рафта метавонем! — хурсандӣ кард Озода. Онҳо шинокунон ба назди девор омаданд. Дар чанд ҷои кайҳон, дар баробари сито ра ҳои бешумор, ҷирмҳое ба мисли Моҳ меду рахшиданд.