The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 06:37:37

Хоби Бад

Хоби Бад

Хо б и бад Шарифи Муҳаммадёр Душанбе — 2023


ТБК 84тоҷик7-4+83.8+20.1 М-95 Сатҳи 3.3. Муҳаммадёр, Шариф. М-95 Хоби бад/Рас. К. Муҳабатова/ “Нашриёти муосир”.— Душанбе, 2023. 12 саҳ. ISBN 978-99985-887-2-1 Аз китоби «Хоби бад» шумо дар бораи писараке мехонед, ки аз рафтори худ пушаймон мешавад. Вале барои ислоҳ шудан ба корҳои хубу фоиданок даст мезанад. Мавзуи китоб тоза нигаҳ доштани муҳити зист, напартофтани партовҳо ба кӯлу дарёҳо, соҳилҳои онҳо мебошад. © Шарифи Муҳаммадёр, 2023.


·3· Рӯзе модар аз Ҷаҳонгир хоҳиш кард, ки аз саргаҳи ҷӯй об биёрад. Ҷаҳонгир бо дили нохоҳам гуфт: — Модарҷон, саргаҳи ҷӯйбор хеле дур аст. Обро аз поёни ҷӯй меорам. — Оби поёни ҷӯй ифлос аст, аз саргаҳ об биёр,— таъкид кард модар. Ҷаҳонгир ноилоҷ сатилчаро гирифта аз ҳавлӣ баромад. Ҷаҳонгир ба мағозаи сари роҳ даромада, дар селофан бастаи донаи офтобпараст, қанд ва як нӯшокӣ харид. Ба назди ҷӯйбор рафта, аввал қанд хӯрду баъд донаи офтобпараст. Нӯшокиро қулт-қулт нӯшид. Пӯсти донаҳои офтобпараст, коғазпечи қанду зарфи пластикии нӯшокиро ба селофан андохта ба ҷӯй ҳаво дод.


·4· Ҷаҳонгир каме дам гирам гуфта, дар назди ҷӯйбор дароз кашид. Оҳиста-­оҳиста ба чашмонаш хоб омад. Садои аҷибе ба гӯшаш расид, чашмонашро нимроғ карду калон кушод. Болои сараш сӯзанаки азимҷуссае бол меафшонд. Ҷаҳонгир сахт тарсид. Сӯзанак ба сӯзанакҳои муқаррарӣ монанд набуд. Вай зоҳиран ба чархбол монанд буд. Сӯзанак болои сари Ҷаҳонгир давр мезаду давр мезад. Ҳар лаҳза аз зери болҳояш ашёи гуногун ба сӯйи Ҷаҳонгир мепартофт. Ашё партов буд. Ҷаҳонгир аз ин рафтори сӯзанак нороҳат шуда, гурехтанӣ шуд. Дар лаби ҷӯйбор ногаҳон пояш ба зарфпораҳо печиду афтод. Ҷаҳонгир ба чизе лағжиду ба сӯрохии пуробе печутоб хӯрда рафт.


·5·


·6· Ногаҳон вай худро миёни моҳиён дид. Гирдогирдаш моҳиён шино доштанд, моҳиёни аҷиб, калон-­калон. Ӯ ба худ меандешид: «Чаро моҳиён ин қадар баднамуданд, оби дарё ҳам ғализу бадбӯй». Моҳиён пластикию селофанӣ буданд. Ин ҳолатро дида, Ҷаҳонгир ба воҳима афтод. Ӯ ин манзараро дидан намехост. Ҷаҳонгир ба гиря даромад. Тӯдаи моҳиён Ҷаҳонгирро печониданд. Бадани Ҷаҳонгир ба ларза даромад. Вай овозашро базӯр бароварда, гуфт: — Ба шумо чӣ даркор? Аз ман чӣ мехоҳед? Яке аз моҳиҳо, ки пластикӣ буд, ба назар сарвари моҳиён менамуд, бо эҳсоси ранҷиш гуфт:


·7·


·8· — Чаро шумо, одамон, обро ифлос мекунед? Барои чӣ ҳар гуна зарфҳои пластикиву тунука, селофан мепартоед? Мо шакли аслии худро гум кардем. Биё, мо бароят як чиро нишон диҳем. Моҳиҳо атрофи Ҷаҳонгирро печонда, ӯро ба саёҳати зери об раҳнамоӣ мекарданд. Ҷаҳонгир шинокунон аз сарвари моҳиён пурсид: — Маро ба куҷо мебаред? — Мо туро ба назди ҳамон ҷӯйборе мебарем, ки ифлос кардӣ. Шояд аҳволи моро бифаҳмӣ. Ба ин кор шояд дигар даст назанӣ. Ҳангоми шино ҳар гуна чизҳои ба об партофташуда ба сару тани Ҷаҳонгир мечаспиданд. Ҷаҳонгир худро дар доме ҳис менамуд, ба пояш селофан часпида


·9· буд, гӯшҳояшро зарфҳои тунука мехарошиданд. Ҷаҳонгир аз кори кардааш сахт пушаймон шуда буд. Дилаш ба ҳоли моҳиён сӯхт. Ҷаҳонгир як лаҳза ба онҳо монанд будани худро тасаввур кард: биниаш зарфи пластикӣ, чашмонаш сарпӯши пластикӣ, мӯйҳояш аз хошок пур, либосаш жандапораҳои селофанӣ, кулоҳаш пӯсти тухм. Шикамаш нимтарбузи бурида буд. Вай ба даҳшат афтод. Ҷаҳонгир бо тамоми овоз фарёд зад: — Намехоҳам! Намехоҳам! Мисли шумо будан намехоҳам! Ногаҳон аз куҷое пойафзоли даридаи резинӣ ба даҳонаш омаду писар хомӯш шуд.


·10·


·11· Моҳиён Ҷаҳонгирро ба соҳил бурданд. Соҳил пур аз партов буд: истакончаҳои коғазиву пластикӣ, коғазпечҳои ширинӣ, зарфҳои пластикӣ бо сарпӯшҳои парешон, халтаҳои селофанӣ, бастаи офтобпараст. Болои сараш ҳамоно сӯзанак парвоз мекард. — Чаро маро ором намегузорӣ? Бирав! Ба ҳолам гузор! Ҷаҳонгир якбора аз овози худаш бедор шуд. Ба атрофаш назар кард. Фаҳмид, ки ҳамаи ин хоб будааст. Оҳи сабуке кашид. «Хайрият, дар бедорӣ надидам» — ба худ гуфт ӯ. Вале хурсандие дар дилаш эҳсос накард. Вай аз саргаҳи ҷӯй оби тоза гирифта, ба хона баргашт. Ба модар хобашро ҳикоят кард. Модар ба писараш гуфт:


— Ҳар як хоб таъбире дорад. Писарам, аз ин хобат ибрат гир. Дар ҳар ҷо бепарвоёна гузоштани партов ба ҳаёти ҳама, махсусан ҷонварон, хатар дорад. Мабодо, ягон чизи зарароварро фурӯ баранд. Ҷаҳонгир рӯзи дигар бо чанде аз рафиқон ба назди ҳамон ҷӯй рафт. Онҳо бо худ халтаҳои калон, дастпӯшакҳои корӣ гирифтанд. Рафиқон якҷоя ҷӯйро аз хасу хошок, партовҳо тоза карданд. Халтаҳои селофанию зарфҳои пластикиро дар борхалтаи калоне ҷамъ карданд. Ҳама ҷо тоза шуд. Сокинони деҳа дар нисф ё охири моҳ ба тозагии ҷӯйбору атрофи он машғул мешуданд. Ҷаҳонгир дигар барои об ба саргаҳи ҷӯй намерафт. Тамоми ҷӯй аз боло то поён поку зулол буд. ·12·


·15·


Кошона Муҳабатова Абдуҷаббор Алиев, Саидраҳмон Саидов Владимир Казберович Муҳиддин Зиёиён, Заҳина Назарова Рассом: Ҳайати таҳрир: Тарроҳ: Мушовирон: Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 0,75. Адади нашр 8302 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. Дӯсти азиз! Мехоҳед китоб хонед, ҳисобро донед, бозӣ кунед? Пас замимаҳои мобилии «Китобдӯст» ва «Бозиҳои математикӣ» барои шумост! Рамзи QR код-ро бо телефон скан кунед. Аз Google Play замимаҳоро боргирӣ намоед. Замимаи «Китобдӯст» 68 китоби ҷолиб ва бозиҳо дорад. Замимаи «Бозиҳои математикӣ» аз 17 бозии шавқовар иборат аст. Ҳарду замима ройгон аст.


Click to View FlipBook Version