The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 06:53:31

Ехсосамро Шиносам

Ехсосамро Шиносам

Ато Мирхоҷа


Ато Мирхоҷа Душанбе — 2023


ТБК 84 Тоҷик 7-4 + 83.8 + 82.3 (2 тоҷик) М65 Мирхоҷа, Ато. М65 Эҳсосамро шиносам. Рас. К. Муҳабатова. “Нашриёти муосир” — Душанбе, 2023. 16 с. ISBN 978-99985-887-6-9 Китоби «Эҳсосамро шиносам» дар бораи табъу хислату ҳиссиётҳои гуногун ва таъсири онҳо ба инсон сухан мекунад. Шинохтани табъу ҳиссиёти худ имкон медиҳад, ки дар вазъиятҳои гуногун ҳар кас гуфтору рафтори худро идора карда тавонад. © А. Мирхоҷа, 2023.


Ҳар кас ме рубон бошад, Хуршеди тобон бошад. Ҳар кас номе рубон аст, Халқ аз ӯ рӯгардон аст.


Надорад ҳар касе сабр, Кунад ба ҷони худ ҷабр. Сабру тамкин гуворост, Қимат аз симу тилост. Ҳар кас кашад хиҷолат, Дорад шарму шарофат. Ҳар кас ки бошад бешарм, Надорад ӯ дили нарм. Шарм эҳсоси гуно аст, Бар гуноҳе гувоҳ аст. Ҳар кас ки бегуно аст, Рӯяш рахшон чу моҳ аст.


Асаби гаштан бад аст, Бигир худатро ба даст. Ҳар кас ки бошад ором, Нагардад бесаранҷом.


ариси чун оташ аст, Кас аз он мушавваш аст. Ҳар кас кунад аноат, Хуш бошаду саломат. Дили шахси пур азаб Торик шавад мисли шаб. Он кас ки хашмаш фуру Мебарад, бошад накӯ. Нафрат афтад гар ба дил, Дил шавад анбори гил. Дар дили пурму аббат, Ҳаргиз нағунҷад нафрат.


Ҳар он кас ки метарсад, Чун барги бед меларзад. Ҳар он кас ки натарсад, Ба мақсадаш мерасад.


То тавонӣ аз урур Худро, ҷонам, бигир дур. Ҳар кас ки шуд хоксор, Ғурураш н-ояд ба кор. Эҳсоси нотавони Дорад басе гаронӣ. Тавоноиву бовар Касро кунад диловар.


Афтад ба дил изтироб, Гум шавад орому хоб. Осоиши дилу ҷон Ҳаётро кунад осон. Ҳар кас ки мехӯрад ам, Кунад умри худро кам. Ҳар кӣ хурсанду шод аст, Зиндагиаш обод аст.


Эҳсоси бадгумони, Бошад аз нотавонӣ. Эҳсоси хушгумони Бошад шарти амонӣ. Афсурдагиву асрат, Бошад хорию зиллат. Тану они осуда Намекунад афсурда. Бад аст хавотир шудан, Чизе мунтазир шудан. Дилҳоро хотири амъ Мекунад равшан чу шамъ. Аз кори ғайриимкон Одам мешавад айрон. Аз кори одӣ инсон Ҳаргиз нагардад айрон.


Мушто ию пазмони, Ҳисси хуби инсонӣ. Ҳар кас нагардад пазмон, Бошад ӯ номеҳрубон. Фаррухию хуш оли Бошад эҳсоси олӣ. Ҳар кас бошад дарундор, Мегардад аз усса хор. Ҳар кас та ти фишор аст, Дилаш зору низор аст. Ҳар ки дорад озоди, Дорад ӯ дилкушодӣ.


Во имаи баногоҳ Шерро мекунад рӯбоҳ. Ҳар кас нашуд аросон, Сад мушкилаш шуд осон.


Дар дил дорӣ гар умед, Бошад ҳар рӯзат сафед. Ноумеди нодонист, Мисли рӯзи тӯфонист. Ҳар ки дорад бу зу кин, Бошад ҳамеша хашмин. Ҳар ки дорад дили соф, Шишаи ҷонаш шаффоф. Ҳар кас ки тандуруст аст, Доим чолоку чуст аст. Ҳар ки дорад до у дард, Рӯяш бошад барги зард.


Аз ҳаёт ҳар кас розист, Насибаш сарфарозист. Норози аз ҳама чиз Асло нагардад азиз.


Дӯсти азиз! Мехоҳед китоб хонед, ҳисобро донед, бозӣ кунед? Пас замимаҳои мобилии «Китобдӯст» ва «Бозиҳои математикӣ» барои шумост! Рамзи QR код-ро бо телефон скан кунед. Аз Google Play замимаҳоро боргирӣ намоед. Замимаи «Китобдӯст» 68 китоби ҷолиб ва бозиҳо дорад. Замимаи «Бозиҳои математикӣ» аз 17 бозии шавқовар иборат аст. Ҳарду замима ройгон аст.


Китоби «Эҳсосамро шиносам» дар бораи ҳиссиётҳои гуногун ва таъсири он ба инсон сухан меравад. Шинохтани эҳсосоти худ имкон медиҳад, ки дар вазъиятҳои гуногун гуфтору рафтори худро идора карда тавонем. Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1. Адади нашр 8302 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. Кошона Муҳабатова Абдуҷаббор Алиев, Саидраҳмон Саидов Владимир Казберович Муҳиддин Зиёиён, Фаросат Олимова Рассом: Ҳайати таҳрир: Тарроҳ: Мушовирон: © А. Мирхоҷа, 2023.


Click to View FlipBook Version