The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 06:56:59

Занони Номвари Точик

Занони Номвари Точик

ДУШАНБЕ 2023


ТБК 72.3 + 66.74 (2 тоҷик) + 84тоҷик 7-4 + 92 М-65 Сатҳи 4.3 Мирхоҷа, Ато. М-65 Занҳои номвари тоҷик / «Нашриёти муосир». — Душанбе, 2023. 24 саҳ. Дар Тоҷикистони азизамон занҳои маъруфу машҳур бисёранд, ки ба халқу Ватан хидмати арзанда кардаанд. Дар ин китоб дар бораи дастовардҳои якчанд занони маъруфи Тоҷикистон, ки ҳаёташон басо ибратбахш аст, маълумоти мухтасар оварда шудааст. ISBN 978-99985-887-7-6 © А. Мирхоҷа, 2023.


Омӯзгор дар бораи қаҳрамонони гузаштаю имрӯзаи Тоҷикистон нақл кард. Ҳама бо шавқ гӯш карданд. Баъд аз он ки омӯзгор нақлашро ба охир расонд, Шаҳноз ба вай чунин суол дод: — Устод, оё қаҳрамонон фақат мардҳо шуда метавонанд? Омӯзгор ҷавоб дод: — Чаро чунин мепурсӣ? — Барои он ки шумо фақат дар бораи мардҳо ҳикоя кардед. Омӯзгор аз ин пурсиш хурсанд шуд ва гуфт: — Ташаккур, Шаҳноз! Занон ҳам дар корнамоӣ аз мардон кам нестанд. Ҳоло ман барои шумо дар бораи корномаи чанд зани машҳури тоҷик қисса мекунам. Бачаҳо гӯшу ҳуш шуданд. Омӯзгор ба нақл оғоз кард.


София Тӯйбоева ( 1 9 1 3 – 1 9 9 6 ) София Тӯйбоева нахустин зани ҳунарпешаи тоҷик аст. Вай дар замоне ба ин касб рӯ овард, ки бозӣ дар саҳна на танҳо барои занон, балки барои мардон ҳам ҷоиз дониста намешуд. София соли 1913 дар шаҳри Қазалии Қазоқистон таваллуд ёфтааст. Дар синни чорсолагӣ аз падар ятим мемонад ва модараш ба Бухоро мекӯчад. Соли 1920 София ба мактаби духтарона дохил мешавад ва баъдан ба мактаби русӣ мегузарад. Соли 1926 аз модараш пинҳонӣ ба маҳфили ҳунарпешагони ҷавони Бухоро дохил мегардад. Бори аввал дар ҳамин маҳфил дар рӯйи саҳна нақш мебозад. Боре ду зани пешқадам пеш аз намоишномаи «Зулми модарандар» назди модари София омада, хоҳиш намуданд, ки ба София


иҷозат диҳад, ки дар намоиш иштирок кунад. Модар розӣ мешавад. Шаби тамошо модар аз бозии духтараш ба ваҷд омада гирист. Модар лаёқати ӯро дида, дигар садди роҳаш нашуд. Бо ҳамин София ба олами ҳунар қадам гузошт ва то охири умр ба халқу Ватанаш хидмат кард. Охири соли 1930 София аз Тошканд ба Душанбе омада, яке аз поягузорони театри касбӣ гардид, ки баъдан ба номи устод Лоҳутӣ гузошта шуд. Дар Тоҷикистон аввалин актрисае мебошад, ки байни санъати кино ва театр риштаи алоқа баст. Соли 1933 таҳти роҳбарии коргардон К. Ёрматов нақши Марямро дар нахустин филми тоҷик — «Муҳоҷир» бозид. Баъдан даҳҳо нақшро дар театр ва кино офарида, маҳбубияти зиёде пайдо кард. Ӯ соли 1941 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуда, бо ордену нишонҳои баланди давлатӣ сарфароз гардидааст. София Тўйбоева ҳамеша кӯшиш дошт, ки бо ҳунари худ дар дилҳо муҳаббат ангезад ва некиву зебоиро дар ботини одамон ба ҳам омезад. 5


Туҳфа Фозилова (1917–1985) Ҳунарпешаи машҳур, номбардори фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон Туҳфа Фозилова дар замоне, ки занон ҳануз дар қайди хурофоти асримиёнагӣ буданд, дар таъсиси нахустин театр дар шаҳри Конибодом иштирок карда, алайҳи беҳуқуқии бонувон садо баланд карда буд. Падари Туҳфа дар мубориза барои ҳаёти нав касби милитсионериро интихоб намуда, дар ин роҳ шаҳид шуд. Модари ӯ ба мақсади давом додани кори шавҳараш ба сафи милитсия даромада, дар мубориза ба муқобили душманони зиндагонии нав корномаҳо нишон дод. Ба туфайли модари ҷасуру диловараш Туҳфаи ҷавон дар театри навташкилшуда ба ҳунарнамоӣ пардохт ва бо истеъдоди нодири худ мардумро мафтуни ҳунари худ сохт. Баъдан барои гирифтани дарси маҳорат ҳамроҳи модараш ба шаҳри Тошканд меравад ва бо гузашти як сол дар


он ҷо ҳам ба ситораи санъат табдил меёбад. Ба хотири хидмат ба давлату миллати худ соли 1934 Туҳфахон ба шаҳри Душанбе меояд ва дар Театри мусиқии пойтахти тоҷикон ба кор шуруъ мекунад. Соли 1940 дар заминаи он Театри опера ва балети тоҷик таъсис меёбад. Дар муддати даҳ сол ин театрро бо нақшҳои худ дар арсаи Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳратёр намуда, ҳамчунин бо садои дилнишини худ сурудҳои зебое эҷод намуд, ки ба Хазинаи тиллоии фарҳанги тоҷик ворид гардиданд. Аз соли 1949 Туҳфа Фозилова ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор гузашта, дар ин боргоҳи ҳунар мактаби эҷодии худро ба вуҷуд оварда, дар ғанӣ гардондани санъати миллӣ корҳои бузурге анҷом дод. Соли 1941 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикис тон, соли 1957 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1972 ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сазовор гардидааст. 7


Озода Тошмуҳаммадова (1910–1962) Ному кори Тошмуҳаммадова Озода Абдул назаровна бо он намунаи ибрат аст, ки бори нахуст дар Бадахшон алайҳи хариду фурӯши зан садо баланд карда буд. Озода соли 1910 дар деҳаи Хоруғ ба дунё омад. Он замон ҳамсояҳо аз он сӯи дарёи Панҷ ба ин тараф гузашта, ба сари мардум ҳар гуна бадбахтӣ меоварданд. Азбаски хонаводаи ӯ серфарзанд буд, духтарро холааш ба як сарватманди пир ба канизӣ мефурӯшад. Он мард Озодаро ба Афғонистон бурда, ба азоб гирифтор менамояд. Аммо духтари озодихоҳ ба хӯҷаини золим гардан нафароварда, худро ба оби дарё андохта, ба ватани худ мегузарад. Сарҳадбонон ба Озода ёрӣ расонда, ба ӯ дар қароргоҳи худ паноҳгоҳ медиҳанд. Озода дар шаҳри Хоруғ барои ҳимояи ҳуқуқи занон ташвиқот мебарад ва нахустин шуда, ба ҳамин мақсад занону духтарони маҳаллиро бо тарзи ҳаёти озод ошно менамояд. Озода нахустин зани бадахшониест, ки аз баҳри суннатҳои шахшуда баромада, барои таҳсил ба Ленинград меравад. Дар Ленинград, ба Донишкадаи Шарқ дохил мешавад. Яъне Озода 8


нахустин зани тоҷик аст, ки дар мактаби олӣ таҳсил кардааст. Соли 1932 вакили Шӯрои ноҳиявии шаҳри Ленинград интихоб мешавад. Маҳз дар ҳамин давраи зиндагониаш Озода бо нависан даи рус Павел Лукнитский шинос мешавад ва ӯ дар бораи ин зани ҷасур ки тоби машҳури худ «Нисо»-ро менависад. Пас аз хатми донишкада Озода ба хотири хидмат ба Ватанаш ба Тоҷикистон омада, соли 1935-ум директори театри навтаъсиси ба номи Лоҳутӣ таъйин мешавад. Вай тамоми нерую дониши худро ба ривоҷу равнақи он мебахшад. Озода барои рушди фарҳанги тоҷик ба сифати мудири Хонаи эҷодиёти халқ ва роҳбари корхонаву муассисаҳои дигар корҳои назаррас анҷом додааст. 9


Инъомҷон Қурбонова (1924–2010) Ин духтари диловар, ки баъдан бо номи «Инъом ҷони нотарс» машҳур шуд, дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Баъдан оилааш ба шаҳри Хуҷанд кӯчидааст. Инъомҷон дар синни 17-солагӣ барои ҷанг бо фашистон ба комиссариати ҳарбӣ ариза дод. Ӯро ба клуби ҳавопаймоӣ қабул карданд. Чанд моҳ ҳунари ҷанг дар ҳаворо омӯхта, сипас ба ҷабҳа рафт. Набард бо душманро дар Қафқози Шимолӣ аз шаҳри Моздок сар кард. Вай дар ҷангҳо маҳорати хуб нишон дода, эҳтироми хоса пайдо кард. Аҷибаш он буд, ки Инъомҷон аз тамоми набардҳо беосеб бармегашт ва амалиётро низ пурра ба анҷом мерасонд. Одаташ ин буд, ки баъди баргаштан аз амалиёт бегоҳӣ барои ҳамяроқонаш суруд хонда, ғамашонро сабук мегардонд. 10


Азбаски фашистон барои гирифтани Қафқоз сахт меҷангиданд, ҳавонавардон маҷбур буданд дар як рӯз се-чор маротиба ба ҷанг бархезанд. Инъомҷон ба ин ҳама азобҳо мардонавор тоб оварда тавонист ва барои парвозҳои муваффақонаи ҷангиаш аз худи Сарфармондеҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ номаи миннатдорӣ гирифт. Пас аз пирӯзӣ дар ҷабҳаи Қафқоз дастаи Инъомҷонро ба мудофиаи шаҳри Сталинград фиристоданд. Агар дар Қафқоз тайёраҳо рӯзона ба ҷанг мебаромаданд, дар ин ҷо аксар набардҳо шабона сурат мегирифтанд. Муҳорибаи Сталинград ниҳоят шадид буд. Ҳангоми як ҷанги шабона ба тайёраи Инъомҷон тир расид. Фармондеҳ ҳалок шуд, Инъомҷон худро ба замин ҳаво дод. Сутунмуҳрааш осеб дид. Пас аз табобат боз роҳи ҷангиашро давом дода, то ғалабаи пурра бар фашизм дар муҳорибаҳо иштирок кард. Пас аз ҷанг ба вилояти Кӯлоб баргашта, дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кард. Охири умрашро дар шаҳри Ваҳдат гузарондааст. Кору пайкори Инъомҷони нотарс барои ҳар як тоҷики ватандӯст намунаи ибрат мебошад.


Раққосаи балет, ки оламро бо ҳунараш тасхир кард, Малика Собироваи тоҷикистонӣ мебошад. Ин ҳунарпешаи оламафрӯз дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар синни даҳсолагиаш истеъдоди беназири Маликаро дарк намуда, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ӯро ба Омӯзишгоҳи рақси шаҳри Ленинград фиристод. Малика аз муаллимони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ дарс омӯхта, барои кор ба зодгоҳаш баргашт. Дар шаҳри Душанбе Маликаро бо хушнудӣ пазируфта, барояш шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам оварданд. Пас аз як соли кор дар Театри опера ва балет Ма лика дар озмуни байналмилалии ҳунарпешагони балет дар шаҳри Варнаи Булғория иштирок намуда, пирӯзӣ ба даст овард. Маҳз аз ҳамин озмун шуҳрати ҷаҳонии ин хуршеди тобони балети тоҷик оғоз шуд. Малика ба бузургтарин саҳнаҳои олам роҳ ёфт. Ба ҳунари мафтунсози ӯ дар марказҳои фарҳангии Аврупо, Осиё, Африқо ва Австралия қарсак мезаданд. Ҳаводоронаш барои тамошои консертҳояш Малика Собирова (1942–1982) 12


ҳатто аз мамлакатҳои дури хориҷа ба шаҳри Душанбе меомаданд. Дар охири ҳар намоиш саҳна аз гул пур мешуд. Тамоми умри кӯтоҳи худро Малика Собирова сарфи инкишофи балети тоҷик намуд. Вай ба хотири балет нафас мекашид, ба хотири он меофарид ва мерақсид. Вай ба мазмуни номаш ҳақиқатан ба Малика табдил ёфт, ба Маликаи ҷаҳонии балет! Дареғу афсӯс, ки Маликаи сеҳрофарин ҳамагӣ чил сол умр дид. Бар асари бемории бедаво соли 1982 аз олам гузашт. Барои вафоти ӯ на фақат тоҷикистониён, балки миллионҳо мухлиси ҳунараш дар тамоми ҷаҳон мотам гирифтанд. Маликаро бо пироҳани Жизели — нақши дӯстдоштааш ба хок супурданд. Аммо ситораи тобони ҳунараш дар фазои санъати тоҷик ҷовидона медурахшад.


14 Академик Ёқубова Муҳиба Муҳсиновна соли 1937 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо аҳли оилааш ба Тоҷикистон мекӯчад. Муҳиба ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро бо дипломи аъло хатм менамояд. Сипас дар аспирантура таҳсил намуда, фаъолияти худро дар Шуъбаи физиология ва биофизикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз менамояд. Олими ҷавон ба кушодани асрори барги сабз ва фотосинтез машғул шуд ва он ба кори якумриаш табдил ёфт. Ба туфайли талошҳои Ёқубова илми ҳаётшиносии тоҷик ба дастовардҳои калон ноил шуд ва корҳои анҷомдодаи ӯ на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки арсаи ҷаҳон таваҷҷуҳи аҳли илмро ҷалб намуданд. Дар асоси маводи ғании илмӣ ӯ рисолаи докторӣ навишт, ки Муҳиба Ёқубова (соли таваллуд 1937)


онро соли 1984 дар Шӯрои махсуси илмии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоя намуд. Соли 1985 унвони профессорро соҳиб гардид, соли 1991 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва соли 2007 узви ҳақиқии он интихоб шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти Муҳиба Ёқубова борҳо дар ҳамоишҳои байналмилалӣ дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Россия, Олмон, Булғория, Маҷористон, Италия, Шветсия, Австрия, Чехия, Словения, Ветнам, ИМА манзур гардидаанд. Беш аз 300 кори илмӣ дошта, муаллифи 7 монография ва 2 китоби таълимӣ мебошад. Нахустин китоби таълимӣ ба забони тоҷикӣ — «Дарсҳои хурди амалӣ дар биофизика» ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Соли 1995 бо ташаббуси М. Ёқубова Ассотсиатсияи «Занони олими Тоҷикистон» созмон ёфт, ки раисии онро худ ба уҳда дорад, ки барои ҳимояи манфиатҳои бонувони соҳаи илм корҳои зиёд анҷом медиҳад. Соли 2004-ум мавсуф ба унвони ҷаҳонии «Бонуи сол» сазовор гардид. Солҳои оҳир Муҳиба Ёқубова ташаббус нишон дода, доир ба тағйирёбии иқлим, таъсири инсон ба дигаргуншавии иқлим ҷамъомадҳо баргузор менамояд. Ба андешаи ин олими тоҷик ҳифзи табиат бояд аз кӯдакӣ омӯзонда шавад, зеро ҳифзи табиат ҳифзи инсон аст. 15


16 Ҳабиба Каримова намунаи барҷастаи шахсест, ки дар хонаводаи зиёӣ ба воя расидааст. Падараш Каримбойи конибодомӣ инсони донишманд ва китобдор буд. Модараш барои духтарон дар хонаи худ мактаб кушода, онҳоро таълим медод. Ин аст, ки Ҳабиба аз овони кӯдакӣ бо китобу дониш сару кор дошт. Дар 7-солагӣ волидон ӯро ба мактаби усули нав доданд. Дар 11-солагӣ ба омӯзишгоҳи муаллимӣ дохил шуд. Чунки дар солҳои 30-юми асри гузашта мактабҳо кам буданд, омӯзгор намерасид, одамон қариб ҳама бесавод буданд. Ҳабиба бо шавқу завқ ба таҳсил шурӯъ кард. Он замон барои босавод намудани мардум курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил мекарданд. Ҳабибаи донишҷӯйро ба чунин курсҳо ҷалб намуданд. Аксарияти шогирдон бонувон ва мардони миёнсол буда, бо кӯдакони худ ба дарс меомаданд. Ҳабибаи хурдсол ана дар ҳамин гуна мактаб Ҳабиба Каримова (1932–2015)


ба кори омӯзгорӣ сар кард. Ҳатто қадаш ба тахтаи синф намерасид. Барои ҳамин шогирде барояш чорпояе сохта, то омӯзгор болои он баромада, дар тахта нависад. Соли 1937 Ҳабибаи 14-сола омӯзишгоҳро хатм кард. Баъд дар мактаби худаш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шуд. Дар 19-солагӣ муовин ва дар 26-солагӣ мудири мактаб таъйин гардид. Ин мудирият 43 сол давом кард. Ҳабиба Каримова мактаби худро ба таълимгоҳи намунавӣ дар Тоҷикистон табдил дод. Дар ин мактаб шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик, ба мисли сиёсатмадор Абдулаҳад Қаҳҳоров, академик Ниёзмуҳаммадов, адабиётшиносон Шарифҷон Ҳусейнзода, Ҳилол Каримов, Муллоҷон Фозилов, ҳунарпешагони шуҳратманд Комил Ёрматов ва Лутфӣ Зоҳидова таълим гирифтаанд. Ин бонуи сарсупурдаи касби омӯзгорӣ ба унвони баланди Қаҳрамони меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ расидааст. 17


18 Зебуннисо Рустамова замоне номи Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд, ки дар бисёр гӯшаҳои олам на ме донистанд, ки давлате бо ҳамин ном вуҷуд дорад. Зеро он замон Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ надошт. Зебуннисо ба варзиши камонварӣ аз овони мактабхонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Душанбе оғоз кард. Қобилияти ӯ дар замони кӯтоҳе ошкор шуд ва бори нахуст аз номи Тоҷикистон Зебуннисо Рустамова (соли таваллуд 1955)


19 дар мусобиқаи камонварон дар шаҳри Тулаи Россия иштирок намуд. Маҳз дар ҳамин ҷо роҳи ӯ ба олами бузурги варзиш кушода шуд. Соли 1975 барои ин бонуи камонвар ва миллати тоҷик соли таърихӣ шуд. Рустамова дар шаҳри Интер лакени Шветсария дар риштаи камонварӣ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон гашт. Пас аз ин, дар Бозиҳои олимпии Монреал (соли 1976) медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ҳайати дастаи Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1975) дар Интерлакен, соли 1985 дар Сеул, соли 1987 дар Сидней мақоми чемпиони ҷаҳонро сазовор шуд. Соли 1977 дар Австралия медали нуқраи чемпионати ҷаҳонро ба даст овард. Соли 1976 дар Копенгаген, соли 1985 дар Измир, соли 1986 дар Париж ба мақоми чемпионии Аврупо ноил гашт. Дар гузоштани рекорди варзишӣ ҳам маҳорату истеъдоди нотакрор доштанашро ба субут расонд. Вай 20 карат рекордсменкаи Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон дар соҳаи камонварист. 15 карат чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар чемпионатҳои ҷаҳон сазовори се медали тило, ду медали биринҷӣ шудааст. Дар Бозиҳои «Дружба-84» дар Чехославакия, ки ба Бозиҳои олимпии Лос- Анҷелес ба таври алтернативӣ доир гардида буданд, сазовори медали нуқра гардидааст. Кумитаи миллии олимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Зебуннисо Рустамова гузошта шудааст.


Мавзуна Чориева (Соли таваллуд 1992) «Ман ба сӯи орзуи худ дувоздаҳ сол рафтам. Ҳар рӯз даҳҳо мушт мехӯрдам, аммо боварамро лаҳзае аз даст намедодам». Ин сухани варзишгари машҳури тоҷик Мавзуна Чориева аст, ки соли 2012 дар сабқати ҷаҳонии мушзтанӣ дар Чин қаҳрамони ҷаҳон гардид. Чориева нахустин занест, ки аз Тоҷикистон ба чунин мартабаи олӣ дар соҳаи варзиш расидааст. Муштҷанг дар Шарқ варзиши мардона ҳисоб мешуд. Вале Мавзуна ин тасаввурро ғалат баровард. Вай аз айёми мактабхонии худ ба муштзанӣ иштиёқи зиёд пайдо кард. Азбаски дар зодгоҳаш—шаҳри Кӯлоб, духтарон ба ин намуди варзиш машғул намешуданд, Мавзуна маҷбур буд бо писарбачаҳо қувва биозмояд. Дар ин кор падараш ҳамеша ёру мададгори вай буд. Баракси атрофиён, падар ба варзиш машғул шудани духтарашро боиси ифтихор медонист.


Бо дастгирии падари равшанфикри худ Мавзуна барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳон (Синхуандао, Чин, соли 2012), медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ (Лондон, 2012), медали биринҷии сабқати Осиё (Остона, Қазоқистон 2010 ва Уланчаб, Қазоқистон 2015) гардид ва шарафи Ватани худро дар наз ди оламиён ҳимоят кард. Дар солҳои охири фаъолияташ Мавзуна гурӯҳи духтарона ташкил намуда, ҳамчун мураббӣ машқ додани онҳоро ба уҳдаи худ гирифт. Дар чунин муҳит Мавзуна Чориева аз як гӯшаи дурдасти кишвари кӯҳистонӣ ба арсаи олам баромад ва нишон дод, ки духтари тоҷик имрӯз ҳам сазовори номи Томирису Гур до фариду Мардондухту Зай наб бибӣ ва даҳҳо занони диловару размовар мебошад.


Мундариҷа София Тӯйбоева ......................... 4 Туҳфа Фозилова ......................... 6 Озода Тошмуҳаммадова ........... 8 Инъомҷон Қурбонова............... 10 Малика Собирова..................... 12 Муҳиба Ёқубова ....................... 14 Ҳабиба Каримова ..................... 16 Зебуннисо Рустамова............... 18 Мавзуна Чориева ..................... 20


КОИДАҲОИ МУНОСИБАТ БО КИТОБ 1. Китобро ҳамеша тоза нигоҳ доред. 2. Саҳифаҳои китобро надаронед. 3. Дар китоб нанависед, расм накашед. 4. Китобро қат накунед, ки саҳифаҳояш канда нашаванд. 5. Ҳангоми хӯрдани таом китоб нахонед, то китоб доғдор нашавад. 6. Дар байни саҳифаҳо қалам нагузоред, ки муқоваи китоб ҷудо нагардад. 7. Аз борону барф китобро эҳтиёт кунед, ки он тар нашавад. 8. Бо дастони тоза саҳифаҳои китобро варақ занед. 9. Китобро ба ҳар кунҷу канор напартоед. 10. Барои зуд ёфтани саҳифаи даркорӣ онро қат накунед. Аз нишонакҳо барои китоб истифода баред. Ёддошт ба хонанда


Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1,5. Адади нашр 8302 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. Абдуҷаббор Алиев, Саидраҳмон Саидов Владимир Казберович Заҳина Назарова, Фаросат Олимова Ҳайати таҳрир: Тарроҳ: Мушовирон: Ато Мирхоҷа Занони номвари тоҷик


Дар Тоҷикистони азизамон занҳои маъруфу машҳур бисёранд, ки ба халқу Ватан хидмати арзанда кардаанд. Дар ин китоб дар бораи дастовардҳои якчанд занони маъруфи Тоҷикистон, ки ҳаёташон басо ибратбахш аст, маълумоти мухтасар оварда шудааст.


Click to View FlipBook Version