The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 07:12:54

Нони Нозанин

11. Nozanin's naan

29 НОНИ НОЗАНИН Азизи Азиз


НОНИ НОЗАНИН Азизи Азиз Душанбе 2023


ТБК 84 Тоҷик 7-5 + 83.8 + 36.99 А37 Сатҳи 1.1. Азизи Азиз. A37 Нони нозанин / Рас. К. Муҳабатова/ “Нашриёти муосир”. — Душанбе, 2023. 28 саҳ. ISBN 978-99985-888-1-3 © А. Азиз, 2023 Кошона Муҳабатова Абдуҷаббор Алиев, Саидраҳмон Саидов Владимир Казберович Муҳиддин Зиёиён, Фаросат Олимова Рассом: Ҳайати таҳрир: Тарроҳ: Мушовирон:


3 ГУРБАИ ГУШНА Гурба гушна буд. Гурба ба хона омад. Хола дар хона набуд. Гурба дар ток хурма дид. Дар хурма шир буд. Гурба ба ток баромад. Аз хурма шир нӯшид. Сари гурба дар хурма дармонд...


4


5 Гурба аз паси муш давид. Муш ба кӯза даромад. Гурба дар назди кӯза интизор шуд. Муш дар кӯза хоб кард. Гурба низ хоб кард. Муш аз кӯза баромад. Ба мушхона даромад. Гурба хоб аст… МУШ ВА КӮЗА


6 Дар иди Наврӯз хола, курта дӯзад ба Лола. Куртаи ранга-ранга, гулакаш танга-танга. Пӯшад Лола рӯзи ид, шод шавад он ки дид. КУРТАИ РАНГА


7


8 Нонвой гандумро орд кард. Ордро хамир кард. Хамирро нон кард. Нонро Азим хӯрд. Нон бомазза буд. ХӮША


9 МУШАК Мушак, мушак, Дав-дав, Сари замин Рав-рав. Нола накун Зор-зор, Зираю мош Ор-ор. ОРУ Оруи ало, Нашин сари миз, Аз хони мо рав, Накун визу виз. Нахӯр ин асал, Нахӯр ин мавиз, Асалу мавиз Аз они Азиз.


10 ХУРӮСАК Хурӯсак хона дорад, Хурӯсак шона дорад. Аз хона бадар шавад, Шона задан сар шавад. Шонаи ӯ дар сараш, Шонаи болу параш. Шона гирад аз сараш, Шона занад ӯ бараш. Хушрӯ шавад хурӯсак, Хушрӯ давад хурӯсак. Ин сӯ равад хурӯсак, Он сӯ равад хурӯсак. Боби тамошо бувад, Боби таманно бувад.


11


12 ЛОЛА Лола шона дорад. Лола мӯ шона дорад. Лола ду кокул дорад. Кокули дароз дорад. Лола ба кокул гул зад. Гули садбарг зад. Лола хушрӯ буд, Лола хушрӯтар шуд.


13


14 ГУЛДОН Лола гули овард. Наргис гули овард. Садбарг гули овард. Бобуна гули овард. Лола ба гулдон монд. Наргис ба гулдон монд. Садбарг ба гулдон монд. Бобуна ба гулдон монд. Гулдони хушрӯ шуд. Хонаи хушбӯ шуд!


15 ХОРПУШТ зодрӯз дорад. Ба хонаи хорпушт омад. Бум овард. Ба хонаи хорпушт омад. Санҷоб овард. Ба хонаи хорпушт омад. Мор овард. Ба хонаи хорпушт омад. Сангпушт овард. Ба хонаи хорпушт омад. Муш овард. Ба хонаи хорпушт омад. Заргӯш овард. шоду хурсанд шуд.


16 ОРУ ВА ОЛУ Ору ба гул нишаст. Ору ба гули наргис нишаст. Азиз оруро задан хост. Ору тарсиду парид. Аммо Азизро газид. Лаби Азиз варам кард. Азизро ба духтур бурданд. Духтур пурсид: — Лаби туро занбӯр газид? Азиз посух дод: — Не, олу газид…


17


18 МӮР Мӯр дона дид. Дона калон буд. Дона вазнин буд. Мӯр нисфи донаро хӯрд. Дона хурд шуд. Дона сабук шуд. Мӯр донаро хона бурд.


19 Модари Нозанин нон пухт. Нозанин барои Лола нон овард. Нон аз орди гандум буд. Нон сурхи нозанин буд. Нон хушбӯ ва хушрӯ буд. Нони хушмазза ба Лола хуш омад. НОНИ НОЗАНИН


20 МУШУ ГУРБА Муш аз сӯрох берун шуд. Гурба мушро дид. Муш гурбаро надид. Муш аз назди гурба тохта гузашт. Гурба шод шуд. Гурба пеш давид. Аммо муш ба сӯрохи дигар даромад… Гурбаи гӯл гаранг монд. Охир, мушхона ду сӯрох дошт!


21 НИҲОЛИ ХУБОН Бобо дар боғ ниҳол шинонд. Хубон ба бобо гуфт: — Бобо, мехоҳам ниҳол шинонам. Бобо хурсанд шуд. Ба Хубон ниҳол дод. Хубон ниҳол шинонд ва пурсид: — Бобо, ин кадом ниҳол аст? — Ин ниҳоли ту, ниҳоли Хубон,— ҷавоб дод бобо. Хубон ниҳолро нигоҳубин кард. Ду сол гузашт. Ниҳол дарахт шуд. Соли сеюм ғарқи гул гашт, ғӯра баст, мева дод. Ин дарахти зардолу буд, зардолуи қандак. Аммо ҳама онро ниҳоли Хубон мегӯянд.


22


23 АЙНАК Бобо ба Далер қанд дод. Далер ба бобо гуфт: — Раҳмат, бобо! Акнун айнаки худро диҳед. Бобо пурсид: — Айнакро чӣ мекунӣ? Далер гуфт: — Бо айнак қанд мехӯрам. Бобо ҳайрон шуда пурсид: — Магар қандро бо айнак мехӯранд? Далер ҷавоб дод: — Шумо гуфтед, ки айнак ҳар чизро калон мекунад.


24 БАҲОР ОМАД Гулнор аз бобо пурсид: — Бобо, барф об шуд. Акнун баҳор омад? — Баҳор ҳоло дур аст, — гуфт бобо. Чанд рӯз гузашт. Гулнор боз аз бобо пурсид: — Бобо, бойчечак шукуфт. Акнун баҳор омад? — Баҳор ба роҳ баромад,— гуфт бобо. Боз чанд рӯз гузашт. Гулнор боз аз бобо пурсид:


25 — Бобо, ман пӯстинчаамро кашидам. Акнун баҳор омад? — Баҳор дар роҳ аст, — гуфт бобо. Боз чанд рӯз гузашт. Гулнор боз аз бобо пурсид: — Бобо, ана, борон борид! Акнун баҳор омад? — Баҳор наздик шуд, — гуфт бобо. Боз чанд рӯз гузашт. Гулнор боз аз бобо пурсид: — Бобо, сабза дамид. Акнун баҳор омад?


26 — Баҳор дар остона аст, — гуфт бобо. Боз чанд рӯз гузашт. Гулнор боз аз бобо пурсид: — Бобо, зардолу гул кард. Акнун баҳор омад? — Баҳор ба пушти дар омад, — гуфт бобо. Боз чанд рӯз гузашт. Гулнор боз аз бобо пурсид: — Бобо, Наврӯзи оламафрӯз расид! Акнун баҳор омад? — Бале, духтарам, — ҷавоб дод бобо. — Баҳор омад! Баҳори нав муборак бод!


27 ДӮСТИ ҲАҚИҚӢ Пас аз дарс Лайло худро бетоб ҳис кард. Базӯр аз ҷой хест. Чанд атса зад. Саврӣ гуфт: – Ту зуком шудӣ. Зуд ба духтур рав. Анӯш маслиҳат дод: — Дар хона лимӯчой нӯш. Анвар огоҳ кард: — Даҳону биниятро пӯш. Шаҳбоз ҳам маслиҳати хуб дод: — Дар ҳавои хунук нагард. Саид маслиҳат надод ва огоҳ накард. Саид китобдони Лайлоро гирифт. Ӯро то хона ҳамроҳӣ кард.


28 КАБК ВА ГУРБА Буд набуд, як буд. дар таги лона дошт. Дар шаш дона буд. шаш бист рӯз пахш карда хобид. Аз шаш шаш баромад. шод шуд. Какар-какар садо кард. садои ӯро шунида омад. аз дур шуд. дар нишасту садо кард. ба он сӯ давид. париду ба бутта нишаст. ба он сӯ давид. гурбаро аз дур бурд. гум кард.


Китоб ройгон дастрас карда мешавад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60x84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1,75. Адади нашр 8302 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Зарнисор, 3. Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.


Click to View FlipBook Version