The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 06:59:48

Гар Дил Кушод Бошад

8. If you are open

·17· Ҷӯра Ҳошимӣ


ДУШАНБЕ 2023 Гар дил кушод бошад Ҷӯра Ҳошимӣ


·2·


·3· Як баччаи бахил буд. Аз вай дилам хиҷил буд. Вай ҳаммаҳали мо буд. Номаш чӣ буд? Сано буд! Рӯзе вай аз сари роҳ Як қуттӣ ёфт ногоҳ. Онро кашида омад. Зуд аз дараш даромад. — Ин хонадони ман,— гуфт, — Танҳо аз они ман, — гуфт. Наздаш чу ёри дерин Омад давида Сангин — Чун бо ту ошноям, Шояд ки ман дароям?


·4· Гуфто Сано ба Сангин: — Не, чунки аз ман аст ин! Ин манзил аз ману бас, Раҳ нест бар дигар кас! Сангин зи пушти дар рафт, Озурдаву пакар рафт. Фирдавсу Дилбар омад, Асрору Анвар омад, Аммо ба мисли Сангин Рафтанд гашта ғамгин. Зеро Сано хурӯшон Накшод дар ба рӯшон. Дар манзилаш Сано монд, Танҳои бедаво монд.


·5·


·6·


·7· Танҳо даме чу бозид Ғамгин бигашту ёзид. Ёзиду гашт паҳлӯ, Паҳлӯ бигашт ҳар сӯ. Ҳолаш вале дигар шуд Ҳар лаҳзае батар* шуд. Танҳоӣ дар дилаш зад, Дар обу дар гилаш зад. Ғам дар дилаш фузун шуд, Аз қуттиаш бурун шуд. — Сангин! — бикард фарёд, — Зуд о, ки кардамат ёд! — Гӯ, баччаҳо биёянд, Бар хонаам дароянд! * Батар — бадтар.


·8· Сангин давида омад, Парвин расида омад. Фирдавсу Дилбар омад, Асрору Анвар омад. Сонӣ Судоба омад, Вай дар ароба омад. Аз пас Расояк омад, Дар даст асояк омад. Сарвар чу оча омад, Дар бар ду зоча омад. Ҳатто ду сагча омад, Сето пушакча омад. Қуттӣ яке калон шуд, Чун кохи кӯдакон шуд.


·9·


·10· Чун ҷо кушодатар шуд, Дилҳо кушодатар шуд. Ин ҷост ҷойи бозӣ, Шодиву сарфарозӣ. Ҳоло Сано, ки шод аст, Беҳад дилаш кушод аст. Гар дил кушод бошад, Манзил кушод бошад! Дар гирду пеш ҳолӣ* Бисёр ҷойӣ холӣ. Ҳар кас расида ояд, Гӯ, марҳабо, дарояд! Ин ҷо варо хуш ояд, Бешак, дилаш кушояд! * Ҳолӣ — ҳоло.


·11·


·12· Шево саҳар мехезад, Шодона бармехезад. Дар лабҳояш гулханда, Гулхандааш зебанда. Шево


·13· Як духтари хушҳол аст, Бозигари футбол аст. Вай гар дучарха ронад, Одам ҳайрон мемонад.


·14· Мехоҳад ин духтарҷон Рӯзе парад бар кайҳон. Доим баҳояш аълост. Дасташ ҳамеша болост.


·15· Бо ҷону дил мехонад. Неку бадро медонад. Аз донишаш менозад, Бар мактабаш метозад.


Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60х84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1. Адади нашр 8302 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. Ҷӯра Ҳошимӣ Гар дил кушод бошад Кошона Муҳабатова Абдуҷаббор Алиев, Саидраҳмон Саидов Владимир Казберович Заҳина Назарова, Фаросат Олимова ТБК 84 Тоҷик 7-4 + 83.8 + 82.3 (2тоҷик) Ҳ-85 ISBN 978-99985-887-8-3 Рассом: Ҳайати таҳрир: Тарроҳ: Мушовирон:


Дар китоб қиссае дар бораи писарак Сано оварда шудааст. Сараввал писарак мехоҳад, ки дар танҳоӣ бозӣ кунад. Вале бе дӯстонаш зуд дилгир мешавад. Шумо бо ҳиссиёту хислатҳои гуногуни кӯдакон аз ин қисса (шодмонӣ, ғамгинӣ, бахилӣ) шинос хоҳед шуд. КИТОБ РОЙГОН ДАСТРАС КАРДА МЕШАВАД. © Ҷӯра Ҳошимӣ, 2023.


Click to View FlipBook Version