The words you are searching are inside this book. To get more targeted content, please make full-text search by clicking here.
Discover the best professional documents and content resources in AnyFlip Document Base.
Search
Published by ltausaid, 2024-02-09 06:26:18

Начоти Мохиен

Начоти Мохиен

25 Муродалӣ Собир


Муродалӣ Собир Ҳикоя Душанбе — 2023


2


3 НА ОТИ МО ИЁН Шодӣ дар шаҳр зиндагӣ мекунад, аммо деҳаро хеле дӯст медорад. Он ҷо ҷӯраҳояш бисёранд. Падараш рӯзе ба Шодӣ гуфт: — Омода шав, таътилат, ки сар шуд, ба деҳа меравем. Дар хонаи бобоят таътилро мегузаронӣ. Шодӣ аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид, охир ӯ ба деҳа меравад! Бигзор падар дучарха нахарад, лекин ба деҳа ӯро барад. Зудтар таътил фаро расаду Шодӣ ба деҳа раваду дар ҳавлии бобояш давутоз кунад, барои парандаҳо лонача соз кунад, фарёд занаду момоҷавобакро овоз кунад.


4


5 Бо Алопари бобо даводаву паропар кунад, Алопарро гарангу шалпар кунад. Як пора нонро дар оби чашма тар карда хӯрад, рӯи сабза шинаду ба хӯрдан сар кунад. Рӯзи сафар фаро расид. Падар Шодиро ба хонаи бобо, ба деҳаи Чашмасор бурд. Аз назди деҳа дарёча мегузашт. Шодии беқарор бо ҷӯраҳо ба соҳили дарёча рафт. Оби он софу пок. Дарёча шӯху пурталотум. Канори дарёча кӯле буд. Обаш хеле кам, лойолуд, дар он партовҳо дармонда. Дар кӯли лойолуду бадбӯй моҳичаҳои бисёре беқарорӣ мекарданд, роҳи халосӣ меҷустанд.


6


7 Шодӣ аҳволи моҳичаҳоро диду дӯстонашро ба наздаш хонд: — Бачаҳо, тез ба ин ҷо биёед, тез! Бачаҳо ба сӯйи Шодӣ давиданд. Шодӣ ба моҳичаҳо ишора кард. — Чӣ шуд? — гуфт яке аз рафиқон,— моҳичаро бори аввал мебинӣ? Инро гуфта ба кӯл сангеро ҳаво дод. Моҳиҳо ба ҳар тараф пароканда шуданд. Бачаҳо завқ карда механдиданд. Вале чеҳраи Шодӣ ғамгин буд, ба хандаи онҳо табассуме ҳам накард. Дилаш ба моҳичаҳо сӯхт. Ӯ бо қаҳр ба он писар дод зад: — Чаро моҳичаҳоро тарсондӣ? Писар норозиёна ба Шодӣ гуфт:


8 ·8·


9 — Чӣ ин қадар дод мезанӣ? Аздусар аз камобӣ ҳама моҳиҳо нест мешаванд. Шодӣ ба фикр фурӯ рафт. Нохост фикре ба сараш омад. — Ёфтам, ёфтам! — фарёд зад ӯ. Ҷӯраҳо бо ҳайрат пурсиданд: — Чӣ ёфтӣ? — Мо моҳичаҳоро наҷот дода метавонем,— посух дод Шодӣ. — Чӣ тавр? Намешавад.— нобоварона гуфт яке аз дӯстон. — Мешавад, ман медонам, мешавад!ҷавоб дод Шодӣ. — Агар якҷоя шавем, наҷот дода метавонем,— гуфт Шодӣ.


10


11 Бачаҳо ба ҳамдигар нигаристанд. Анӯша якум шуда савол дод. — Чӣ тавр? — Аз хонаҳо сатилҳоро биёред,— гуфт Шодӣ. — Баъд чӣ? — Моҳиҳоро ба сатил гирифта, ба дарё сар медиҳем. Ин фикри Шодӣ ба ҳама писанд омад. Онҳо ба хонаҳои худ давон рафтанд. Бачаҳо дӯстона ба кор часпиданд. Онҳо моҳичаҳоро аз кӯл дошта ба дарё мерехтанд. Моҳиҳо дар оби софи дарё ҷони тоза гирифтанд. Дарё мавҷ мезаду софии об


12


13 чашмони одамро мерабуд. Пулакчаҳои моҳичаҳо дар дарёча ҷило медоданд. Бачаҳо аз тамошои онҳо сер намешуданд. Моҳичаҳо думчаю болчаҳои худро меафшонданд, гӯё ба бачаҳо изҳори сипос мекарданд. Ҷӯраҳо аз хурсандӣ ҷастухез мекарданд. Яке аз бачаҳо гуфт: — Офарин, Шодӣ, кори хуб кардӣ! — Ман як пешниҳод дорам,— гуфт Шодӣ,— биёед, пагоҳ кӯлро тоза мекунем. Шояд ягон рӯз обаш пур шаваду боз моҳиҳо дар он шино кунанд. Бачаҳо ба фикри дӯсти шаҳриашон розӣ шуданд.


14 МЕ МОНОНИ БОБОИ САФАР Усто Сафарро на фақат дар деҳаи Хами Шол, дар деҳаҳои гирду атроф ҳам хуб мешиносанд. Вай устои кандакору чӯбтарош аст. Барои кӯдакон аз чӯб аспаку хирсак, мошинчаю бодбарак, ҳатто ҳуштак месозад. Бепул, албатта. Ба ивази ҳақ мудом як чиз талаб мекунад: — Салом диҳед, салом доданро фаромӯш накунед!


15


16 Духтури деҳа амаки Самандар мегӯяд, ки бозичаҳои чӯбини усто Сафар аз аспаку хирсаку лухтакҳои резинию пластмасӣ ҳазор бор беҳтаранд. Охир бозичаҳои чӯбин зарар надоранд. Тобистони соли гузашта бобои Сафар дар пеши дарвозаи ҳавлиаш меҳмонхонае бунёд кард. Албатта, хурду калони деҳа ба ҳашар омад. Меҳмонхонаи болору вассааш пурнақшу нигор ва дару тирезааш кандакоришуда ҳамаро ба ҳайрат овард. Як рӯз аз кадоме шунида, ё аз куҷое хабар ёфта, ду сайёҳи хоричӣ омаданд. Сайёҳҳо даруну беруни меҳмонхонаро


17 хуб суратгирӣ карда рафтанд. Бобои Сафар ба онҳо гуфт, ки тобистони соли дигар омада сурат гиранд, беҳтар мешавад, чунки хона ҳанӯз буд нашудааст, кори майда-­чуйдааш зиёд аст, аввали баҳор давом хоҳад дод, лоақал пардоз бояд дод. Вале сайёҳҳо аз тамошои меҳмонхонаи нимкола ҳам ангушти ҳайрат газида рафтанд. Фасли сармо сипарӣ шуд. Баробари фаро расидани ҷашни Наврӯз бобои Сафар боз тешаю арраю искана ба даст гирифт.


18 — Аввали тобистон бурёкӯбон мекунем,— гуфт пирамард ба ёру шиносу зану фарзандонаш. Аммо як бегоҳ, вақте ки бобои Сафар ҳама кори меҳмонхонаро анҷом дода, ба қавле нуқта гузошта, сари дастархон нишаст, ҳамсараш холаи Хадича аз берун даромада, гуфт: — Мӯйсафед, ба меҳмонхонаи навамон ду меҳмон даромада, баҳузур нишастаанд. — Чӣ хел ду меҳмон? — ҳайрон шуд усто ва озод сари по шуд.— Аз деҳа, ё аз дур?


19 — Намедонам, худатон рафта бинед,— ҷавоб дод холаи Хадича. — О нагуфтӣ, ки ба хона дароянд. Меҳмонхона на палос дораду на кӯрпача… Бобо гумон кард, ки сайёҳони хориҷӣ боз омада бошанд. Ӯ шитобон ба меҳмонхона рафт. Холаи Хадича аз пасаш шуд. Аммо он ҷо касе набуд. Усто ҳайрон шуд. — Канӣ меҳмон? Ҳеҷ кас нест-ку? — тааҷҷуб кард усто. — Дурусттар нигоҳ кунед,— таъкид кард ҷиддӣ холаи Хадича.— Ду меҳмони бахосияти хушқадам омадагӣ.


20 Бобои Сафар пиндошт, ки ҳамсараш аз заъфи пирӣ баҳудаю беҳуда ҳар чӣ мегуфтагӣ шудааст. Аммо холаи Хадича бо завқ хандида ба шифти хона нигоҳ кард: — Ана, меҳмонҳо! Бобои усто Сафар ба сақфи хона нигаристу ду парастуи дӯстрӯро дид, ки рӯйи мехе паҳлӯйи ҳам нишаста буданд. Чеҳраи усто якбора шукуфт. Дар лабонаш табассум дамид. — Э рост гуфтӣ, кампир,— гуфт ӯ ва ба парастуҳо рӯ оварда дуо кард: — Қадаматон неку хуш бод, меҳмонони азиз. Хуш омадед! — Баъд ба холаи Хадича рӯ оварду давом дод: — Саҳл


21


22 буд, ки бемор шудӣ гуфта, духтур даъват кунам. — Парасту ба ҳар хона намедарояд,— гуфт холаи Хадича. — Дуруст, ба ҳар хона намедарояд,— розӣ шуд усто.— Лекин агар дарояд, як олам хушию хубӣ ҳадя меорад. Аввал ин ки мурғакони хушрӯянд, тамошо мекунӣ. Дуюм, хушхонанд, субҳидам аз ғучуросашон бедор шуда, хеле гӯш медиҳӣ. Сеюм, озодаанд, ба фарши хона як зарра ифлосӣ намепартоянд. Чорум, парастуҳоро дида, ба одами хуб будану хонаи хуб доштанат боварат меояд. Боз, кӯдакон ба парандаҳо одат мекунанд,


онҳоро дӯст медоранд, заҳматкаш буданашонро дида, панд мегиранд… Эҳ, кадом як хубии парастуро гӯям!? — ниҳоят хитоб кард усто Сафар. Пиру кампир шоду мамнун аз меҳмонхона берун шуданд. Пардаи шом фуромада буд, атроф торик мешуд. Аммо дар дили усто Сафару холаи Хадича субҳи пурсафо медамид…


НАҶОТИ МОҲИЁН Ҳ и к о я Муродалӣ Собир Кошона Муҳабатова Абдуҷаббор Алиев, Саидраҳмон Саидов Владимир Казберович Фаросат Олимова Рассом: Ҳайати таҳрир: Тарроҳ: Мушовир: Ба чопаш 22.12.2023 имзо шуд. Формати 60×84/16. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 1,5. Адади нашр 8302 нусха. Дар «Нашриёти муосир» чоп шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Зарнисор, 3. ISBN 978-99985-887-1-4 Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад. ТБК 84Тоҷик7-4+83.8+28.693.32 С-67 Сатҳи 3.1.


28 Китоби мазкур аз ҳикояҳои «Наҷоти моҳиён» ва «Меҳмонони Бобои Сафар» иборат аст. Ҳикояи аввал аз саргузашти писараки шаҳрӣ нақл мекунад, ки ба деҳа меравад. Ин писарак барои ҳифзи табиат, аз ҷумла нигаҳдории моҳиҳо дар оби тозаи кӯлу дарёҳо корҳои хуб ба сомон мерасонад. Китоб ройгон дастрас карда мешавад. © М. Собир, 2023


Click to View FlipBook Version